Ин чеҳраҳои шинохта, ки беш аз як моҳ аст дар боздошт қарор доранд, парвандаашон муҳри махфӣ дорад ва пайвандону виколони дифоашон ҳаққи суҳбат дар бораи рафти тафтишот бо рӯзноманигоронро надоранд.
Мақомоти Тоҷикистон низ сабаби боздошти аксари онҳоро то ҳол расман шарҳ надодаанд.
Ин боздоштҳои густардаи чеҳраҳои шинохта дар пайи боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон, ки 12-уми июни соли ҷорӣ дастгир шуд, сурат гирифт. Мақомот Усмонзодаро бо иттиҳоми ғасби ҳокимият дастгир карда буд ва Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон низ вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.
Додгоҳ паси дарҳои баста баргузор шуд ва намояндагони расонаҳоро дар он роҳ надоданд. Якчанд ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА ва Кумитаи байналмилалии ҳифзи рӯзноманигорон ва чанде дигар аз чунин созмонҳои ҳуқуқӣ, озодии фаврии Далери Имомалиро талаб карданд, аммо ҳукумати Тоҷикистон ба ин даъватҳо то ҳол ҷавоб надодааст.
Дар мактубе, ки Далери Имомалӣ аз Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба президенти Тоҷикистон навишт, ӯ ҷузъиёти парвандаашро фош кард. Ӯ аз президент хоҳиш кард, ки ба парвандааш ва парвандаҳои дигар ҳамкасбонаш бетараф набошад. Далери Имомалӣ навишт, ки ҳукми додгоҳро қабул надорад, зеро таҳқиқоти парванда ва ҳукми додгоҳ пур аз “дурӯғ, туҳмат ва далелҳои зиддунақиз” буданд. Ӯ изҳор дошт, ки ҳеҷгоҳ узви “Гурӯҳи 24” набуд.
Дар охири мактуб ӯ аз он ҳушдор дод, ки дар сурати нашри ҳар видео бо иштироки ӯ ва ҳамроҳонаш, аз ҷумла Абдулло Гурбатӣ, Завкибек Сайдамини ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, мардум ба он бовар накунанд, зеро видеоҳо таҳти фишори равонӣ ва ғайриқонунӣ сабт шудаанд.
Таваллудат муборак Далери Имомалӣ!
Орзуманди рӯзҳое ҳастем, ки шуморо дар озодӣ бубинам! Ҳар як қадами шумо ба сӯи адолат ва ҳақиқат барои ҳамаи мо илҳомбахш аст. Орзуманди он ҳастам, ки ормонҳоятон амалӣ шаванд ва миллат бо қаҳрамонҳое чун шумо фахр кунад.
Бо эҳтиром ва дуоҳои беҳтарин, Муҳаммадшарифи Абдуллоҳ
Ба гуфтаи сокинон, пештар партовҳоро дар як хафта як ё ду бор аз пеши хонаҳои истиқоматӣ ва партовгоҳои шаҳр тоза мекарданд, аммо ҳоло дар ин гармии ҳаво дар як моҳ як ё ду бор тоза мекунанд, ки ин боиси касалиҳои сироятӣ ва хатар ба саломатии сокинони шаҳр мебошад.
Гуфта мешавад, раҳбарии шаҳрдории Душанберо Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2017 бар дӯш дорад ва сокинони шаҳр аз мудирияти ӯ ба шиддат интиқод карда, мегӯянд, ки наметавонад мушкилоти шаҳрро бартараф кунад.