9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 155

Ҳукми зиндони Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев дар Русия

0

Додгоҳи Басмании шаҳри Маскав мухолифони тоҷик, Муҳаммадиқбол Садрддинов ва Шарофиддин Гадоевро дар ғайбашон ба зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои расонаи русии “Mediazona”, мурофиаи додгоҳи ин мухолифони тоҷик дар охирҳои моҳи май баргузор шуда, нисбаташон бо бандҳои “б” ва “г”-и қисми 2 моддаи 207.3 Кодекси ҷиноии Русия, яъне “паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия” парванда боз шудааст.

Сабаби боз шудани парванда нисбати Гадоев ва Садриддинов маълум нест, аммо ҳарду мухолифи режими Раҳмонов дар Русия дар пайгард қарор доранд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” буда, дар Фаронса зиндагӣ мекунад. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати ӯ бо иттҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парванда боз карда, аз мақомоти Фаронса истирдоди ин мухолифро ба Душанбе талаб карда буд. Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин иттиҳомро “беасос” хонда, онро интиқоми мақомоти тоҷик барои фаъолиятҳои сиёсиаш медонад.

Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ” дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки дар бораи қазияи Украина, таҳлили ҷанг ё пешрафти артиши Украина зиёд суҳбат накардааст ва дар боз шудани парванда нисбаташ дар Русия мақомоти Тоҷикистон талош кардаанд ва мехоҳанд муҳоҷирони тоҷики дар Русия буда дигар бо ӯ ҳамкорӣ накунанд.

Мудири пойгоҳи “Ислоҳ” мегӯяд, ки қарори Додгоҳи Басманний ба фаъолияти ӯ таъсире надхоҳад расонд ва ба даъватҳояш барои нафиристодани тоҷикон ба ҷанги Украина идома хоҳад дод.

Аммо Шарофиддин Гадоев раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, аз қасди мақомоти Русия барои боз кардани парванда бар зиддаш ҳанӯз моҳи августи соли 2023 хабар ёфта буд. Он замон кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) ҳамроҳ бо корманди шуъбаи маҳаллии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба манзили Шарофиддин Гадоев дар ноҳияи Фархор рафта, модарашро дар бораи ӯ бозҷӯӣ кардаанд.

Гадоев мегӯяд, ки боз шудани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ дар Русия ба сафараш ба Украина дар моҳи ноябри соли 2022 ва мавқеъгирии сиёсиаш нисбат ба таҷовузи Русия ба хоки Украина рабт дорад.

“Мо ҳамеша таҷовуз ва қатлу кушторҳое, ки Русия дар қаламрави Украина анҷом медиҳад, маҳкум мекунем ва аз мардум, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардаем ва мекунем, ки ҳеҷгоҳ бо артиши Русия қарордод набанданд ва шарики ҷиноятҳои зиддибашарӣ нагарданд” – гуфт Гадоев.

Ёдовар мешавем, Шарофиддин Гадоев, ки паноҳандагии Ҳолландро дорад, дар соли 2019 вақти сафар ба Маскав рабуда ва иҷборан ба Душанбе фиристода шуда буд. Ӯ тавонист бо пуштибонии Вазорати хориҷии Ҳолланд ва Вазорати хориҷии Олмон ба Аврупо баргардонида шавад. Баъд аз баргашташ Гадоев ба расонаҳо гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву маҷбур карда буданд, ки дар наворҳои таблиғотии Ҳукумат гап занад.

Бемористонҳо дар Ғазза дар остонаи фурӯпошӣ

0

Бемористонҳо ва марказҳои табобатӣ дар Навори Ғазза дар ҳоли фурӯпошӣ қарор доранд. Ба иттилои расонаҳо, камбуди шароити табобатӣ вазъи мардумро бадтар кардааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза рӯзи 30-уми июн бо нашри изҳороте эълом кард, ки бемористонҳо ва марказҳои табобатӣ дар Навори Ғазза ба эҳтимоли зиёд давоми 48 соати оянда ба далели камбуди маводи сӯхт пурра аз кор бозмонанд.

Мақомҳои Вазорати беҳдошти Фаластин аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ хостаанд, то барои таъмини маводи сӯхт ва фаъол кардани генераторҳо ба таври сареъ мудохила кунанд, то ҳарчи зудтар кумакҳо бирасанд, дар акси ҳол мушкилоти мардум вахим хоҳад шуд.

Расонаҳо навиштаанд, ки беморон дар бемористонҳои Ғазза бо даво ва шароити муносиб таъмин нестанд, ҳатто дар чанд бемористони андаке, ки боқӣ мондаанд, дар натиҷаи камбуди таҷҳизоти беҳдоштӣ ва маводи сӯхт беморон ба уфунатҳои гуногун гирифтор шуда, ҷон медиҳанд.

“Дар ҳоле, ки бархе беморон аз инфиҷорҳои вазнине ҷон ба саломат мебаранд, вале чун маҷруҳ мешаванд ва барои табобат дар бемористон бистарӣ мешаванд, дар натиҷаи камбуди лавозими тиббӣ ҷон медиҳанд.”, мегӯяд яке аз масъулини Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Маҳдудиятҳои ҷорӣ аз ҷониби артиши Исроил болои мардуми Ғазза бар иловаи камбуди шадиди маводи ғизоӣ камбуди таҷҳизоти пзишкиро дар ин борика бештар кардааст. Табибон гуфтаанд, ҳатто ҳеч маводи заруире барои шикастабандӣ ва ҷобаҷокунии устахонҳои шикаста, ки аксари захмиён бо ҳамин иллат оварда мешаванд, дар бемористонҳо боқӣ намондааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомҳои баландпояи СММ ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ аз ин пештар борҳо ҳушдор дода буданд, ки манъи воридоти кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Исроил ба Навори Ғазза ин минтақаро ба қаҳтии шадид рӯбарӯ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 269 рӯз мешавад дар Навори Ғазза ҷанг идома дорад. Гуфта мешавад, дар 24 соати гузашта артиши Исроил чандин хонаҳора бомборон кардааст, ки дар натиҷа 43 нафар ҷон бохта, 111 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанг то имрӯз дар натиҷаи бомборонҳои бевақфаи артиши Исроил болои мардуми Ғазза наздики 38 ҳазор нафар ҷон бохта, беш аз 87 ҳазор нафар дигар захмӣ шудааст.

Пайдо шудани панҷ сокини гумшудаи Язғулом дар боздоштгои Хоруғ

0

Панҷ сокини Язғулом, ки чанде пеш дар фурӯдгоҳи Кӯлоб нопадид шуда буданд, дар боздошгоҳи шаҳри Хоруғ қарор доранд.

Наздикони яке аз боздоштшудаҳо ба Радио Озодӣ гуфааст, мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба модари Абдулвосит ва Садриддин Маҳбубшоевҳо – ду нафар аз боздоштшудаҳо хабардода, гуфтаанд, ки рӯзи душанбе 1-куми июл барои мулоқоти фарзандонашон биёянд.

Ин панҷ сокини Язғулом дар рӯзи 14-уми июн дар ошхонаи тоҷикии ЛАЗЗАТ аз тарафи пулиси Маскав боздошт ва рӯзи 19-уми июн тариқи хатсайри МАСКАВ-КӮЛОБ ба Тоҷикистон фиристоданд, аммо дар фурӯдгоҳи Кӯлоб аз онҳо хабаре набуд.

Ҳоло маълум нест, ки ин панҷ нафар ба чӣ гумонбар дониста мешаванд, мақомот расман дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Нимаи моҳи майи имсол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 30 сокини Ванҷро бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Ансоруллоҳ” боздошт кард. Наздикони боздоштшудаҳо ин иттиҳомро рад кардаанд.

Мувофиқи иттилои расонаҳо, дар як моҳи ахир ҳудуди 15 сокини Ванҷ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Гуфта мешавад, аксари боздоштшудаҳо бо ифротгароӣ муттаҳам мешаванд.

Мусодираи хонаи падарии Бобоевҳо

0

Мақомот хонаи падарии Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар ноҳияи Восеъ мусодира намуда, ба як каси дигар додаанд.

Сайидисҳоқ Бобоев, фаъоли сиёсӣ ва бародари Абдусаттор Бобоев дар саҳфаи фейсбукиаш навиштааст, ки “замини наздиҳавлигии моро, ки падару бобоямон ба мо ба ирс гузошта буданд, мақомоти ҳокимияти ноҳияи Восеъ ба зӯр ғасб карда истодаанду аз вазъити ногувору мушкилоти сиёсиамон сӯиистифода намуда, заминҳоямонро ба номи дигарон ҳуҷҷат намуда, фурӯхтаанд”.

Ин хона дар деҳаи Хоҷақайнари ҷамоати Кадӯчии ноҳияи Восеъ ҷойгир буда, модари хонавода қабл аз марг ин хонаро ба фарзандонаш, Абдусаттор Бобоев, Абдушукур Бобоев ва Моҳира Бобоева ба мерос гузошта будааст.

Бино ба гуфтаи Сайидисҳоқ Бобоев, пас аз баста шудани ҲНИТ ва хориҷ шудани бародарону хоҳараш аз кишвар, дар хонаи падариашон писарамакашон зиндагӣ мекардааст, аммо мақомот ахиран ӯро хабардор кардаанд, ки хонаро холӣ кунад, чунки хона ба каси дигар дода мешавад ва соҳиби нави хона ба наздикӣ кӯчида омада, ба сохтмони хонаи худаш дар ин ҷо оғоз мекунад.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон сабаби мусодираи хонаи Бобоевҳоро шарҳ надодаанд, аммо Сайидисҳоқ Бобоев мегӯяд, мақомот барои фаъолиятҳои сиёсии ӯ ва бародараш Абдусаттор Бобоев, бахусус дар Кумитаи наҷоти зиндониёни сиёсӣ, бо мусодираи хонаи падариашон аз онҳо интиқом гирифта истодаанд.

Абдусаттор Бобоев дар вокуниш ба ин хабар дар саҳфаи фейсбукиаш аз мақомоти ноҳияи Восеъ хостааст, то хонаводаи онҳоро аз ягона мероси боқимонда аз волидонашон маҳрум накунанд ва аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ хост, то аз ҳаққи онҳо дифоъ кунанд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон фишор болои пайвандони мухолифонро бештар кардаанд.

Пештар аз ин мақомоти ноҳияи Зафаробод замини сухангӯи Паймони миллии Тоҷикистон Салим Султонзодаро, ки дар он бародараш хона сохтаасту зиндагӣ мекунад, мусодира карда буданд.

Дар пасманзари ин фишорҳо Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, як нома ба роҳбарияти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Иттиҳодияи Аврупо фиристад ва аз қазияҳои мазкур ҳамчун гаравгон истифода бурдан, фишор ва шиканҷаи наздикони мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла мусодираи амволи шахсӣ, қатъи таъмини барқу об, фишор болои хонаводаҳо, бахусус болои пиронсолон ва кӯдакони ноболиғ, мусодираи воситаҳои нақлиёт, биноҳои истиқоматӣ ва дигар моликият аз ҷониби мақомоти расмии Тоҷикистон шикоят фиристад.

Интихоботи зудҳангом дар Эрон

0

Имрӯз ҷумъа, 28-уми июн дар Эрон интихобот призидентӣ оғоз шуд. Шаш нафар номзадҳо аз тарафи Шӯрои нигаҳбонии ин кишвар барои интихобот сабти ном шудабуданд.

Ду нафар аз номзадҳо, Алиризо Зоконӣ ва Амирҳусейн Қозизода як рӯз қабл аз оғози интихобот номзадии худро пас гирифтанд.

Акнун се номзади усулгаро, Мустафо Пурмуҳаддӣ, Муҳаммадбоқири Қолибов, Сайиди Ҷалилӣ ва як номзади ислоҳталаб Масъуди Пизишкиён миёни ҳам рақобат мекунанд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Эрон баъд аз марги Иброҳим Раисӣ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем ки рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва вазири хориҷаи он Амир Абдуллоҳиён ва дигар ҳамроҳонашон дар садамаи чархбол ба ҳалокат расида буданд.

Муовини Саидҷаъфар Усмонзода низ боздошт шуд

0

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шудааст. Дар ин бора Радиои Озоди бо такия ба манобеи худ рӯзи 27-уми июн хабар дод.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Аҳмадшоҳ Комилзода аз 15-уми июн дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) нигаҳдорӣ мешавад.

Як манбаи дигар, ки наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон аст хабари боздошти Аҳмадшоҳ Комилзодаро тасдиқ карда, гуфтааст, рӯзи 16-уми июн хонаи Аҳмадшоҳ Комилзодаро кофтуков карда, компиютер, қайдҳо ва телфони дувуми ӯро бо худ бурдаанд.

Гуфта мешавад, бар зидди Аҳмадшоҳ Комилзода парвандаи ҷиноятӣ боз шуддаст, аммо мушаххас нест ӯ бо чӣ ҷурм муттаҳам дониста мешавад.

Боздоши Комилзода дар ҳоле сурат мегирад, ки 12-уми июни соли ҷорӣ Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ аз ҷониби мақомот бо иттиҳоми “кӯшиши ғасби ҳукумат” боздошт шуда буд.

Дар пайи боздошти Усмонзода мақомот чандин чеҳраҳои сиёсии дигарро низ боздошт кард, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро боздошту бозпурсӣ кард. Ва дар пайи ӯ мақомот Акбаршо Искандаровро низ ҳамроҳи ронандаи собиқаш боздошт кардаанд, аммо ронандаи ӯро баъди чанд рӯз ҷавоб додаанд.

Дар бораи сарнавишти худи Искандаров ва ба чӣ гумонбар ё айбдор шудани ӯ иттилои дақиқе дар даст нест, аммо манобеи “Бомдод” гуфтаанд, ки 14-уми июн мақомот хонаи ӯро, ки дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе воқеъ аст, кофтуков карда, “он рӯз чизи зиёд бароварда, бо худ бурданд”.

Пештар аз ин Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири шабакаи “Ислоҳ” ва Додоҷон Атовуллоев, раҳбари “Ватандор” аз боздошту бозпурсии беш аз 50 нафар собиқадорони Ҳукумат ва мухолифин, аз ҷумла собиқ вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов ва собиқ қумондони оппозитсия ва аъзои Ҳукумат Саламшо Муҳаббатов, полковник ва собиқ сардори гурӯҳи зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ ва ғайраҳо хабар дода буданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин боздошту бозпурсиҳои чеҳраҳои шинохтаи кишварро шарҳ надодаанд.

Аммо ин боздоштҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзодаро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Номаи бози Иттиҳоди олимони мусалмон ба Эмомалӣ Раҳмон

0

Раиси Иттиҳоди олмиони мусалмон Алӣ Қарадоғӣ ва Дабири кулли ин ниҳод Алӣ Муҳаммади Саллобӣ дар номаи бозе ба Эмомалӣ Раҳмон хостори бекор кардани қавонини зиддидинӣ шуданд.

Дар ин номаи боз раҳбарони Иттиҳоди олимони мусалмон аз мероси таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла сиёсатмадорон ва олимони ҷаҳонии фарзандони ин миллат, ки дар Ислом хидматҳои беназир кардаанд, ба монанди Исмоили Сомонӣ, Ибни Сино, Имом Бухорӣ Имом Тирмизӣ, Ҳокими Нишопурӣ ва дигар фақеҳони бузурги олами Ислом ёдовар шуда, аз Эмомалӣ мупурсанд, ки бо мубриза алайҳи арзишҳои динӣ ва исдори қавоинини зиддидинӣ чӣ гуна мешавад осори ин бузургони тоҷикро ҳифз кард.

Дар нома хитоб ба президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “мо шуморо содиқона насиҳат мекунем, ки ин қонунҳое, ки содир шудаанд, ба мероси таърихӣ ва фарҳангӣ миллати тоҷик хидмат намекунанд.”

Дар нома “Манъи ҳиҷоб, гузоштани қоидаҳои сахт дар масҷидҳо, манъи гузоштани номҳое, ки асли арабӣ доранд, манъи либосҳои анъанавии исломӣ, манъи риш, манъи ворид шудан ба масҷид барои занон ва кӯдакони зери синни 18-сола, манъи шахсони аз 40-сола поён барои рафтан ба Ҳаҷ, манъи таҳсил дар донишгоҳҳои исломии берун аз Тоҷикистон, манъи воридоту содироти китобҳои исломӣ бидуни иҷозати расмӣ, инчунин манъи истифодаи баландгӯякҳо барои пахши азон ва манъи ташкилоти ҳизбҳои сиёсӣ исломӣ ва ғайра.”-ро ҳамчун қавонини зиддидинӣ зикр кардаанд.

Ҳамчунин раҳбарони Иттиҳоди олимони мусалмон дар номаи худ зимнан ишора мекунанд, ки Тоҷикистон бо баҳонаи “ҳифзи арзишҳои миллӣ” мубориза бурдан ба арзишҳои диниро, ки ҷузъи фарҳанги ин миллат гаштааст, асоси кори худ қарор додаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пас аз ҷонибдории вакилони парлумон имзо кард, ки акнун он ҳукми амалиро гиирфтааст.

Аксар коршиносон аз қабул шудани ин қонун, ки пеш аз ҳама пӯшидани ҳиҷоб барои занон ва “идгардак”-и кӯдаконро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад, изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд, қабули ин қонунҳо мушкилоти ҷомеи Тоҷикистонро дучанд мекунад.

Ин қонун, ки қаблан дар таҳрири нав аз ҷониби раиси Кумитаи дин Давлатзода Сулаймон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд, вокуниши ҷомеаи тоҷикро ба бор овард. Аз мардуми оддӣ то коршиносони сатҳҳои гуногун дар ин бора назар доданд ва аксар мегӯянд, ки танзими либоси шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти тоҷик мисли чанд соли қабл боз нафрати мардумро ба ҳукумат бештар карда, сафи мухолифонро зиёд хоҳад кард. Зеро, ба гуфтаи онҳо, “пешгирӣ аз тарғиби фарҳанги бегона” танҳо шакл ва либосҳои исломиро дар бар мегирад ва ба он навъ либосҳои нимурён, ки ба фарҳанги тоҷикӣ ҳеч наздикӣ надоранд, коре гирифта намешавад.

Боздошту бозпурсии мақомот аз занҳои ҳиҷобпӯш ва аз сари онҳо кашидани ҳиҷоб дар назди бемористонҳо ва бозорҳо вокуниши ҷомеаи тоҷикро бештар кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти кишвар мувофиқи моддаи 18-и тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” барои “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” ҷарима аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар пайи суръат гирифтани фишорҳо ҷамъи бузурге аз фаъолони динӣ ва маданӣ рӯзи ҷумъаи 31-майро “Рӯзи ҳиҷоб” эълон карда буданд ва аз мардону занони тоҷик хостанд, ки дар ин рӯз барои эътироз ба фишорҳои ҳукумати Тоҷикистон даст ба гирдиҳамоии хиёбонӣ бизананд ва аз ҳукумат бихоҳанд қавонини сахтгирона нисбати ҳиҷобу ришро бекор кунад.

Ва ахиран рӯзи ҷумъа, 31-уми май Анҷумани олимони мусалмон (мақарраш дар Истанбул), дар мавриди манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон изҳорот пахш карда, зимни нашри он, манъи ҳиҷоби занон дар Тоҷикистонро маҳкум ва қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита “мухолафати сареҳ бо шариати исломӣ” донист. Ин Анҷуман дар изҳороташ таъкид карда буд, ки мақомоти тоҷик бояд ин қарори худро бекор кунанд.

Изҳороти нави Бастрикин дар бораи муҳоҷирон

0

Дар Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷиреро дастгир кардаанд, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт карда, худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштаанд.

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 27-уми июни соли ҷорӣ дар як нишасти байнулмилалӣ дар Санкт-Петербург гуфт, ки аз ин шумора 10 ҳазор муҳоҷирро ба артиш ҷалб карда, ба ҷанг дар Украина фиристодаанд.

Раиси Кумитаи тафтишот нагуфт, ки дар миёни онҳо чанд зодаи Тоҷикистон аст, аммо ӯ таъкид кард, ки муҳоҷиронро барои он ба ҷанг дар Украина мефиристанд, ки “худашон Русияро оҳиста-оҳиста тарк кунанд”.

Инчунин ӯ илова кард, муҳоҷирон дастони кории хуб доранд ва дар ҷанг барои кофтани хандақҳо лозиманд.

Бояд гуфт, ки мақомоти интизомии Русия пайваста дар корхонаҳое, ки муҳоҷирони корӣ дар онҷо кор мекунанд, рейдҳо анҷом дода, ба онҳо даъватнома медиҳанд ё ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебаранд ва ба муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, ваъда медиҳанд, ки дар сурати имзои қарордод бо Вазорати дифоъ ба зудӣ шиносномаи Русияро хоҳанд дод.

Бастрикин зимни суханронияш дар нишасти байналмилалии Санкт-Петербург тасдиқ кард, ки ба масъалаи дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ гузоштани муҳоҷирон муфаттишони кумитаи зери раҳбарияш машғул ҳастанд.

Александр Бастрикин, ки ҳамчун як нафари муҳоҷирбадбин миёни хориҷиҳо шинохта шудааст, ин дафъа низ аз сахттар кардани қонуни муҳоҷирату қабули қонунҳои нав гуфт ва Думаи давлатии Русияро интиқод кард, ки “Государственна дура” кай қонунҳои хубро қабул мекунад”.

Танқиди Бастрикин аз порлумони Русия дар ҳоле аст, ки вакилони ин кишвар 18-уми июни соли ҷорӣ қонунеро қабул кардаанд, ки пулиси Русия метавонад шаҳрвандони хориҷие, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, бидуни қарори додгоҳ аз Русия ихроҷ кунанд.

Раиси Кумитаи тафтишот мегӯяд, ки сиёсати муҳоҷират дар Русия тағйиротро талаб мекунад ва ҳангоми ба кор қабул кардани муҳоҷирон бояд дар бораи масоили амнияти миллӣ андешида шавад.

Бастрикин инчунин идао кардааст, ки ҷиноят дар байни муҳоҷирон бештар шуда, пешниҳод кардааст, ки механизми муҳоҷирати дохилӣ бо истифода аз таҷрибаи замони шӯравӣ таҳия шавад.

Суханҳои зидди муҳоҷиронаи Бастрикин дар ҳоле саддо медиҳад, ки вазъи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, пас аз ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” дар Русия бадтар шудааст. Ҳатто муҳоҷирони тоҷик дар фурӯдгоҳҳо ва марзҳо соатҳо тафтишу бозпурсӣ мешаванд ва баъд аз интизориҳои зиёд ба онҳо ҳаққи вуруд ба хоки Русия дода намешавад.

Аз Амрико хостанд Тоҷикистонро таҳрим кунад

0

Комиссюни байналмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) аз мамнуъ эълон шудани ҳиҷоби занон ва “идгардак”-и кӯдакон дар Тоҷикистон интиқоди сахт кард.

Дар як баёнияе муовини мудири Комиссиюни USCIRF Эрик Уэланд рӯзи 26-уми июни соли ҷорӣ гуфт, Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз соли 2016 Тоҷикистонро дар қатори “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҷой додааст.

Ин ниҳоди амрикоӣ мегӯяд, Тоҷикистонро ба хотири поймол кардани ҳуқуқи диндорон борҳо дар ин феҳрист ҷой медиҳанд, вале ба ин нигоҳ накарда, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамоно дар фикри бештар маҳдуд кардани озодиҳои динӣ аст ва мушкилиро ислоҳ карданӣ нест.

Эрик Уэоанд дар рӯйхати “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҷой додани Тоҷикистонро нокифӣ дониста, гуфтааст, ки ин дар сурате таъсир мерасонад, ки ҳамроҳ бо таҳримҳои мақсаднок ва дигар воситаҳои фишор бошад.

Қаблан низ Комиссюни озодиҳои динии Амрико хоҳони ҷорӣ кардани таҳримҳои ҳадафмандона бар зидди баъзе идора ва мансабдорони Тоҷикистон ва он афроде, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, шуда буд.

Нигаронии Комиссюни озодиҳои динии Амрико пас аз қабул ва ба иҷро даромадани қонуни танзими ҷашну маросим, аст ки рӯзи 20-уми июн аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд. Тибқи ин қонун, “идгардак”-и кӯдакон ва “овардан, фурӯхтан, тарғиб ва пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ аст.

Бисёре аз коршиносон бар ин боваранд, ки ин қонун асосан бар зидди тарзи либоспӯшии занҳои мусалмоне равона шудааст, ки ҳиҷоби шаръиро риоят мекунанд.

Дар интернет видеоҳое мунташир шуданд, ки дида мешавад, мақомодорон дар кӯчаву бозорҳо занҳои ҳиҷобпӯшро бозмедоранд ва онҳоро маҷбур месозанд, ки руймолҳояшонро аз сарашон гиранд. Ин амали мақомт вокуниши тунди ҷомеаи тоҷикро ба бор овардааст.

Муҳоҷирони тоҷикро ба Русия роҳ надоданд

0

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро нагузоштаанд вориди хоки Русия шаванд.

Мақомоти Русия 80 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки рӯзи 24-уми июн соати 6-и субҳ аз Душанбе ба фурӯдгоҳи Внуковои Маскав парвоз карда буданд, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карданд.

Бино ба иттилои манобеи “Asia-Plus”, рӯзи 25-уми июн 40 муҳоҷири тоҷикро ба Душанбе баргардондаанд ва 40 нафари дигар то ҳол дар фурӯдгоҳи Внуково мунтазири парвоз ҳастанд.

Гуфта мешавад, ин муҳоҷирони тоҷик то се моҳ ҳаққи вуруд ба хоки Русияро надоранд.

Ба гуфтаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксар ҷавонон ҳастанд, занону кӯдакон ва мардони калонсол бо чунин монеа рӯ ба рӯ нашудаанд.

Инчунин ин ҷавонон гуфтаанд, ки бо вуҷуди надоштани мушкил дар ҳуҷҷатҳо онҳоро соатҳо бозпурсӣ карда, телефонҳояшонро тафтиш кардаанд.

Пештар аз ин, 14-уми июни соли ҷорӣ, мақомоти рус дар фурӯдгоҳи Внуково ба даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба ин кишварро надода буданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки се рӯз дар ин фурӯдгоҳ дармонда буданд, гуфтанд, ки аз онҳо дар бораи ҳодисаи “Крокус” пурсиданд ва телефонҳояшонро тафтиш кардаанд.

Мақомоти рус то ҳол сабаби роҳ надодани даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба хоки Русия шарҳ надодаанд.

Аммо гуфта мешавад, пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус” ва боздошти 12 зодаи Тоҷикистон, вазъи нохуби муҳоҷирони тоҷик дар Русия бадтар шудааст.