Бино ба иттилои расмӣ, 26-уми июни соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Ян Боргсарони, Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот, бар иловаи баррасии ҳамкориҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо инчунин ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Малта низ суҳбат карданд.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо дар рафти мулоқот дар бораи “роҳҳои густариши робитаҳои Тоҷикистону Малта дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ сайёҳӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ҳам аз мавзуъҳои суҳбат буд.”
Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо бо Ян Боргсарони, Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта хабар додааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуда, ки: “Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, тағйирёбии иқлим, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят мубодилаи афкор намуданд.”
Таҳқиқоти журналистии муштараки Azda TV бо Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) боз як чеҳраи пинҳонеро аз мақомдорони олуда ба фасоди Тоҷикистон ошкор кард.
Дар ин матлаб шумо аз як корманди давлатие, ки чандон маоши зиёд надорад ва зоҳиран ба маоши муқаррарии давлатӣ зиндагӣ мекунад, вале соҳиби хонаҳои бодабдаба дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз он шудааст, ошно мешавед.
Суолҳое, ки зеҳни аксари тоҷикистониёнро дар робита ба даромади мақомдорони давлатӣ машғул сохтааст, ин аст, ки як корманди оддӣ ва ҳатто мақоми баландпояе, ки зиндагияш танҳо аз ҳисоби маоши давлатӣ аст, чӣ гуна метавонад чандин хонаву истироҳатгоҳ ва ҳатто дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хона бихарад ва манбаи ин дороиҳо аз куҷо аст?
Azda TV дар ин таҳқиқоти журналистии муштараки худ бо OCCRP, парда аз чеҳраи яке аз чунин мақомдорон бардоштааст, ки манбаи дороиҳояш шубҳанок менамояд.
МАТНИ КОМИЛИ ТАҲҚИҚОТ
Таҳқиқи имрӯзаи Azda TV дар бораи яке аз унсурҳои муҳими мошини саркӯбгари Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ дар мақомоти қудратии кишвар бо маоши ночиз зиёда аз сӣ сол кор кардааст, вале тавонистааст дар Душанбе чор хона, дар ҷануби кишвар як ҳавлӣ ва аз ҳама муҳимаш, хонаи фохире дар яке аз маҳаллаҳои пурҳашамати Дубайро соҳиб шавад. Имрӯз мо дар бораи сардори Бюрои миллии марказии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳриёр Назриев суҳбат мекунем.
Аз рӯи ҳисоби мо, барои харидани танҳо як хонаи 120-ҳазордоллара дар Дубай корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоби миёна бояд на кам аз 40 сол фаъолият кунад. Вале тавре мебинем, сардори бюрои Интерполи Тоҷикистон танҳо бо маош кифоят намекунад.
Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, Нахуствазири Покистон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.
Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 2-уми июли соли 2024 Нахуствазири Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф дар раъси як ҳайати расмӣ бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ба қавли Спутник-Тоҷикистон, ин сафари Нахуствазири Покистон бо даъвати расмии ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад. Ва қарор аст, дар рафти ин сафар Муҳаммад Шаҳбоз Шариф бо мақомоти олии Тоҷикистон ва аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот ва гуфугӯ кунад.
Гуфта мешавад, муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Покистон зиёда аз се даҳсола аст, ки идома дорад ва дар ҳоли ҳозир иқтисоди Тоҷикистон вобастгиҳое зиёде аз Покистон дорад. Зеро Тоҷикистон дору, шакар ва хеле аз маҳсулоти мевагӣ ва кишоварзие ба мисли картошкаву пиёз ва ғайраи худро бо нархи хеле арзонтар қисман аз Покистон ворид мекунад. Покистон ҳам қасд дорад аз Тоҷикистон ба кишвари худаш обу барқ ворид кунад.