9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 184

Дар Русия тоҷиконро барои иштирок дар ҷанги Украина маҷбур мекунан

0

Бархе муҳоҷирони тоҷики муқими Русия аз он шикоят доранд, ки мақомоти кишвар онҳоро маҷбур доранд то барои рафтан ба ҷанги Украина шартнома банданд.

Як сабти садоӣ аз раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Самараи Русия бо номи Суннатулло ба дасти Azda tv расид, ки дар он номбурда ба муҳоҷирон хабар медиҳад, ки мақомоти вилояти Самара ӯро даъват карда, таҳдид кардаанд онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд бояд то рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ дар комиссариятҳои ҳарбӣ барои рафтан ба ҷанги Украина сабти ном кунанд ва шартнома бибанданд. Ӯ мегӯяд, нафароне, ки то 5 фарзанд доранд аз рафтан ба ҷанг маъофанд, аммо аон поён маҷбурӣ аст. Ва агар онҳое, ки шарҳвандӣ доранду бо хоҳиши худ сабти ном намекунанд, барои умурбод аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Суннатулло, мақомоти вилояти Самара гуфтаанд, ки ҳатто онҳое, ки шаҳрвандӣ ҳам надошта бошанд ташвиқ кунед то биёянд ҳамчун довталаб сабти ном кунанд. Агар онҳо барои ҷанг рафтан шартнома бибанданд, барояшон шарвандии Русия дода мешавад.

Раиси ҷамъияти тоҷикони Самара ҳамчунин мегӯяд, ки ин супориши қатъӣ аст ва шухӣ нест бояд онро ҷиддӣ гирифт. Ӯ ҳамчунин гуфт, чунин навъи супориши қатъии мақомоти вилояти Самара ба диаспораҳои қирғизу узбекҳо ҳам дода шуда, ки ҳаммиллатони худро барои рафтан ба ҷанги Украина ташвиқ кунанд.

Ҳамзамон як муҳоҷири дигар аз шаҳри Уфаи Русия ба Azda tv гуфт, ки дар шаҳри мо ҳоло маҷбур надоранд, вале чанд маротиба ба масҷиди ҷумъа омданд ва мардумро барои рафтан ба ҷанг ташвиқ карданд, ки ба ҷанг равед бароятон шаҳрвандӣ дода мешавад ва ҳамчунин маблағи зиёде ба хонаводаҳоятон низ медиҳем.

Аммо як муҳоҷири дигар гуфт, ки мақомоти низомии шаҳри Свердловский ба масҷидҳо рафта, хеле бо тундӣ ҳарф заданд, ки чаро ченчену қафқозиҳо мусалмонанд ба ҷанг мераванд, вале шумо тоҷикону узбекон ва қирғизҳо хеле кам меравед.

Мақомоти Русия борҳо гуфтаанд, ки қасди ҷалби сарбозон ва ё басиҷи навро надоранд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, аз ҳар тараф онҳоро таҳдид мекунанд, ки дар аввалҳои моҳи март мақомти Русия “рейд”-и умумиро барои ҷалби сарбозон аз ҳисоби муҳоҷирон оғоз мекунанд.

Масъалаи сарбозгирии иҷборӣ аз ҳисоби уҳоҷирони Осиёи Миёна дар Русия аз оғози ҷанги ин кишвра бо Украина гузориш шуда буд. Ва чандин нафар аз тоҷикони бешаҳрвандӣ низ дар ин ҷанг кушта шудаанд. Агарчи қонуниҳои ҷории Тоҷикистон иштироки шаҳрвандонашро дар ҷангҳои хориҷ аз кишвар ҷиноят медонад, вале мақомоти расмии дар Душанбе ба сарбозгирии иҷбории русҳо аз ҳисоби тоҷикистониён вокунише намекунад.

Толибон: Нерӯи барқро тариқи пешпардохт аз Тоҷикистон мехарем

0

Ширкати “Бришно”-и Афғонистон эълон кардааст, ки аз ин пас нерӯи барқро аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла аз Тоҷикистон тариқи пешпардохт мехарад.

Бино ба иттилои расмӣ, Ҳикматуллоҳ Майванд, сухангӯи ширкати барқрасони “Бришно”-и Афғонистон гуфтааст, ки Толибон тавонистаанд дар соли 2023 қарзҳои нерӯи барқи воридотӣ аз кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистон ва Эронро, маҷмуан беш аз 627 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, пардохт кунанд.

Ба қавли сухангӯи ширкати барқрасони “Бришно”, қисми зиёде аз ин қарзҳои пардохтшуда аз замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ боқӣ монда буд ва дар замони ҳукумати Толибон ба далели маҳдуд шудани доду гирифтҳои бонкӣ падохти онҳо бо мушкил рӯбарӯ шуд.

Ҳикматуллоҳ Майванд дар бораи он ки имкони арзон шудани баҳои нерӯи барқ дар Афғонистон вуҷуд дорад ё не, мегӯяд, “Бале, дар сурати зиёд шудани тавлидоти дохилӣ ин имкон вуҷуд дорад, ки қимати нерӯи барқ дар Афғонистон арзонтар шавад.”

Пеш аз ин бархе расонаҳои Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки дар соли 2023 Толибон 110,4 миллион доллар қарзҳои ширкати “Бришно”-и Афғонистонро ба Тоҷикистон падохт кардаанд. Аммо акнун Толибон мегӯянд, ки аз ин пас нерӯи барқи воридотии Тоҷикистонро тариқи пешпардохт мехаранд.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо вуҷуди доштани сафир дар Афғонистон ва консули Толибон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минбарҳои баланди дихилӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ бар зидди Толибон ҳарф мезанад ва иддао мекунад, ки ҳукумати Иморати исломиро қабул надорад, вале доду гирифт ва тиҷоратҳои калонро пинҳонӣ бо онҳо анҷом медиҳад.

Тағйироти кадрӣ дар агнентии зиддифасод

0

Президенти Тоҷикистон бо анҷоми як иқдом баъзе раҳбарони калидии агентии зиддифасодро аз мансабҳояшон барканор кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 7-уми феврали соли 2024, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон (маъруф ба агентии зиддифасод) ва сардорони раёсатҳои онро аз вазифаҳои ишғолкардаашон барканор кардааст.

Ба қавли манбаъ, ба курсиҳои муовини якум, муовин директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо прзедент “сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сардорони баъзе аз раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҳисоби кадрҳои кордону варзида ва ҷавону ояндадор” таъйин гардидаанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи сабабҳои озод кардани муовини якум ва муовини директори Агентии зидди фасод гуфтааст, ки онҳо “ба кори дигар” гузаштанд, аммо маълум нест ба кадом кор гузаштаанд.

19-уми январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амр карда буд, ки “Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ бо супориши Президенти мамлакат аз мақомот озод карда шаванд.”

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гузашта вақте ин ҳама раҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар сатҳи шаҳру вилоятҳо таъйин карда буд, ҳамаро кордону поквиҷдон, ҷавону ояндадор гуфта ба мардум муаррифӣ карда буд.

Аммо имсол дар ҷаласаи Шӯрои амният ҳамаи онҳоро ба доштани “сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбати иҷрои вазифаҳои хидматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот” муттаҳам карда буд.

Ин ҳама таърифу тавсиф ва иттиҳомоти Эмомалӣ Раҳмон нисбати мансабдорони наву куҳна дар ҳоле сурат мегирад, ки январи соли ҷорӣ созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” бо нашри як гузориш дар бораи вуҷуд доштани фасод дар сатҳи давлатҳои дунё Тоҷикистонро дар мақоми 162 қарор дода, онро дар 20-гонаи фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон қарор дод.

Бар асоси гузоришҳои солонаи ин созмон, фасод дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта дар сатҳи ҳукумат ва мақомоти он бештар реша давондаааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, соли 2023 сиёҳтарин саҳфа дар робита ба рушду реша давондани фасод дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз афзоиши нархи гандуму коҳиши нархи орд гуфт

0

Воридоти гандум ба Тоҷикистон дар соли 2023 нисбат ба соли қаблӣ 2,8% камтар ворид гашт, ки дар натиҷа нархи он дар бозорҳо беш аз 17% гарон шуд. Аммо нархи орд 19,5% коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора имрӯз, 7-уми феврал Қурбонзода Сафаралӣ, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистосн зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Қурбонзода гуфт, ки дар соли 2023 аз хориҷи ҷумҳурӣ миқдори 1 миллиону 23,6 ҳазор тонна гандум ба маблағи 288,7 миллион доллар, бо нархи миёнаи 282 доллар барои як тонна ворид карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин омор нишон медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 28,1 ҳазор тонна, яъне 2,8% камтар ворид шуда, вале нархи он 49 доллар афзоиш ёфтааст.

Муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, истеҳсоли гандум дар дохили кишвар давоми соли 2023 860,8 ҳазор тонна будааст, ки он нисбат ба соли қабдӣ 145,5 ҳазор тонна ё 20,3% зиёд мебошад.

Аммо бархе корбарон мепурсанд, ки агар омори пешниҳоднамудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дақиқ бошад, пас чаро бо вуҷуди беш аз 20 дарсад афзоиш ёфтани истеҳсоли гандум дар дохили кишвар боз ҳам нархи он дар бозорҳо арзон нашуд?

Қурбонзода дар мавриди воридоти орд низ гузориш дода гуфт, ки дар соли 2023 ба кишвар 53,7 ҳазор тонна орд ба маблағи 17,2 миллион доллар бо нархи миёнаи 303 доллар ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59 доллар ё 19,5% коҳиш ёфтааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, аз ҳаҷми умумии гандуму орди воридгардида ба Тоҷикистон 93,4% ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 6,6% ба Русия рост меояд.

Истеҳсоли орд дар дохили кишвар бошад соли гузашта 605,6 ҳазор тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 ҳазор тонна ё 1,2% зиёд мебошад. Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи яклухти як халта орди навъи якумро дар корхонаҳои ордбарорӣ 260-270 ва дар бозорҳо бошад аз 280 то 290 сомонӣ гуфт.

Аммо сокинони кишвар мегӯянд, нархи як халтаи орду гандум дар бозорҳои кишвар аз нархи муайяннамудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ гаронтар аст, вале касе онро назорат намекунад.

Назарсанҷӣ: 85% сокинон зидди тахриби чойхонаи “Роҳат”

0

Натиҷаи як назарпурсӣ дар байни корбарони тоҷик муайян кард, ки 85 дарсади райъдиҳандаҳо хоҳони тахриб накардани чойхонаи “Роҳат” дар шаҳри Душанбе мебошанд.

Ин назарсанҷӣ имрӯз, 6-уми феврал дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки яке аз фаъолтарин гурӯҳҳои фейсбукии тоҷикӣ мебошад, гузаронида шудааст.

Дар ин назарсанҷӣ, ки то вақти омода кардани матлаб 476 нафар иштирок кардааст, 407 нафар, ки 85% овоздиҳандагонро дар бар мегирад, ҷонибдори онанд, ки чойхонаи “Роҳат” набояд тахриб карда шавад ва ҳамагӣ 15% аз раъйдиҳандагон гуфтаанд, ки “розӣ ҳастанд” чойхонаи “Роҳат” тахриб карда шавад.

Дар байни касоне, ки мегӯянд, ки ин чойхонаи машҳури пойтахт аз байн бурда шавад, сафи ҷонибдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст ва ба гуфтаи Алим Шерзамонов онҳо дар ин масъала аз “зиракии чиёсӣ” кор гирифтаанд.

Дар робита ба тарҳи тахриби чойхонаи “Роҳат”, ки ба гуфтаи мақомот, бар асоси нақшаи асосӣ ё ҳамон “генплан”-и Душанбе бояд тахриб карда шавад, вокунишҳои зиёде вуҷуд дорад. Корбаре ҳам бо номи Абдусамад Ҳабиб мегӯяд: “Ин бино барои кулли тоҷикони асил таърихию мондагор аст. Аз падару бобоёни мо ёдгорӣ ягона аст”. Ва хонум Санифа Идрис ҳам таъкид карда, ки ин чойхона “набояд аз байн бурда шавад.”

Ҳамзамон як корбари дигар бо номи Муртазоалӣ Муродов менависад: “Чойхонаи Роҳат як саҳифаи таърихи миллат аст, ҳам маҷмӯаи таърихӣ. Бо чойхонаи РОҲАТ чандин бузургони миллат алоқаманданд. Аз ҷумла М. Турсунзода, Лоиқ, Гулназар , А. Муҳаммадҷонов ва даҳҳову садҳои дигар. Чойхонаи Роҳат бо рушди Душанбе, бо номи Душанбе сахт алоқаманд аст. Онҳо радифи ҳамдигаранд. Фақат душмани халқи тоҷик ва таъриху тамаддуни он метавонад ин чойхонаро вайрон кунад. Ҳазорҳо тоҷикистонӣ хотирае аз Роҳат дорад. Он бояд ҳамчун бинои таърихӣ ҳифз шавад!”

Инчунин Абдуллоҳи Умариён гуфта, ки “ҳеҷ як бинои нав бо “шукӯҳу ҳашамати нав” ҷои “Роҳат”-ро гирифта наметавонад. Чойхонаи “Роҳат” шаҳодатномаи шаҳри Душанбест. Таърих аст. Ёдгорӣ аст. “Роҳат”-ро ба ҳоли худаш гузоред!”

Гуфта мешавад, 5-уми феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар Низом Мирзозода дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз тахриби чойхонаи “Роҳат” пуштибонӣ карда гуфту буд: “Агар мо як чойхонаи дигар бо номи чойхонаи “Роҳат” созем, бо ҳамин меъморӣ, бо ҳамин нақшу нигори миллӣ ва аз ин зебову озода гардонем, чӣ зарар дорад? Магар хубтар нест? Бинои ҳукуматро ба истифода диҳем дар пасманзар (фон)-и ҳамон бино чойхонаи “Роҳат” чӣ хел мешавад? Сухан гуфтан ва эрод гирифтан осон аст, лекин дурандеш будан лозим аст.”

Боздошти директор бо муҳосиби “Сипар Ком”

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 5-уми феврали соли ҷорӣ аз боздошти директори ширкати “Сипар Ком” Саттаров А.У. ва сармусоҳиби ин ширкат Муминов Ҳ.Б. хабар дод.

Ин ниҳод мегӯяд, ки раҳбарони ин ширкати хонасозӣ бо роҳи сохтакорӣ ва нодуруст нишон додани маълумоти корияшон аз супоридани андози давлатӣ сарпечӣ карда, даромади муфтро ба фоидаи шахсияшон масраф кардаанд.

Чунончи, номбурдагон аз 01 апрели соли 2021 то 01 сентябри соли 2023 бар хилофи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохти андозҳо, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина бо роҳи пешниҳод кардани делоратсияҳои носаҳеҳ ба Нозироти андози ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ҷамъ ба маблағи 8 877 911 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи 13 389 927 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намудаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонаашон ба давлат зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расониданд.“, омадааст дар хабари Агентӣ.

Бино ба иттилои Агентии зидди фасод, бар зидди Сатторов ва Муминов бо моддаи 292 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти парванда идома дорад.

Ин моддаи Қонуни ҷиноии кишвар барои муттаҳам аз 65,6 то 105 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё зиндонӣ шудан ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин андоза ҷазо пешбинӣ кардааст.

Аммо таҳқиқи Azda tv нишон дод, ки ҶДММ “Сипар Ком” аз 1-уми июли соли 2010 дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабти ном шудааст. Дар асноди расмӣ муассиси ин ширкат Хоҷаев Далер Фарухович ва директори он Ниязов Ҳайдаралӣ Сафарович гуфта мешавад. Ҳадаралӣ писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Сафар Ниязов аст. Ба номи ӯ ҳамчунин чанд ширкати дигар дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Бухоро 40, Варзрб 21 ва Варзоб 9 сабти ном шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки директори асосии ширкати “Сипар Ком” Сатторов аст, ки ҳоло боздошт шудааст ва ё то кунун худи Ниязов Ҳадаралӣ ҳамчун дирктори асосӣ боқӣ мондааст.

Боздошти зиёда аз 200 кг маводи мухаддир

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздоште гурӯҳе хабар додааст, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми беш аз 200 кг муттаҳам мешеванд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 6-уми феврали соли 2024, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як гузориши видеоӣ аз боздошти гурӯҳе хабар дода, ки дар интиқоли 208 кг маводи нашъадор даст доштаанд.

Ба қавли манбаъ, дар вақти пайгирии раванди боздошти аъзои ин гурӯҳ аз мошини Иззатзода Умар Ҳурматулло як туфангча бо ду тирдон ва дар маҷмӯъ 72 тир низ дарёфт ва мусодира шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ Умар Иззатзодаи 39-соларо дар ин гузориш ба он муттаҳам мекунад, ки вай дар ҳамкорӣ бо бархе қочоқбарони маводи мухаддири Афғонистон маводи мухаддирро ба Тоҷикистон интиқол дода, онҳоро тариқи паёмрасонҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар паҳн мекардааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Умар Иззатзода, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аст. Вай дар ҳамкорӣ бо дӯстонаш аз Афғонистон маводи нашъадорро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид карда, сипас бо дигар аъзои гурӯҳ онро дар байни мардум паҳн мекардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле аз боздошти ин гурӯҳ хабар додааст, ки моҳи январи соли ҷорӣ Эмомаӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ҳама раҳбарони мақомоти қудратӣ ва интизомии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро ба анҷоми ҷиноятҳои мухталиф муттаҳам карда, аз визафа барканор карда буд.

Гуфта мешавад, нигоҳубин, ҳифозат ва назорати сарҳадоти давлатии кишвар ба уҳдаи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо раҳбарии Саймумин Ятимов аст. Саймумин Ятимов зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин қочоқбарону паҳнкунандаҳои маводи мухаддир, ки дар ҳафтаи авввали моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шудаанд, маводи мухадирро аз Афғонистон ба ноҳияи Фархор ва сипас ба ноҳияи Данғара интиқол дода, баъд аз он дар дигар минтақаҳои кишвар паҳн мекардаанд.

Чойхонаи “Роҳат” тахриб мешавад?

0

Ба эҳтимоли зиёд яке аз қадимтарин биноҳои шаҳри Душанбе маъруф ба чойхонаи “Роҳат” тахриб мешавад.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар Низом Мирзозода 5-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз тахриби чойхонаи “Роҳат” пуштибонӣ карда, гуфтааст, ки ба монанди он иншооти нав сохта шавад.

Мирзозода дар суҳбат бо рӯзноманигорон аз чойхонаи “Наврӯз” мисол оварда, пурсидааст, ки он чӣ камбуд дорад? Инчунин ӯ гуфтааст, ки ин чойхонаи “Наврӯз” дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой муъҷизаи меъморӣ эълон шудааст.

“Агар мо як чойхонаи дигар бо номи чойхонаи “Роҳат” созем, бо ҳамин меъморӣ, бо ҳамин нақшу нигори миллӣ ва аз ин зебову озода гардонем, чӣ зарар дорад? Магар хубтар нест? Бинои ҳукуматро ба истифода диҳем дар пасманзар (фон)-и ҳамон бино чойхонаи “Роҳат” чӣ хел мешавад? Сухан гуфтан ва эрод гирифтан осон аст, лекин дурандеш будан лозим аст” – гуфтааст раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар дар ҳоле аз тахриби яке аз қадимтарин биноҳои кишвар пуштибонӣ карда, ки раиси пешинаи ин кумита Маҳмадсаид Зувайдзода 21-уми июли соли 2022 дар нишасти хабарие гуфта буд, ки мувофиқи “Нақшаи умумии бозсозии шаҳри Душанбе” тахриби чойхона дар назар нест.

Бояд гуфт, баҳси вайрон кардан ё мондани чойхонаи “Роҳат”, ки соли 1958 сохта шудааст, ҳадди ақал ҳафт сол боз идома дорад ва мақомот то ҳол таърихи мушаххаси тахриби онро эълон намекунанд.

Тахриби осори боқимонда аз замони Тоҷикистони Шӯравӣ тайи даҳ соли ахир суръати бештаре касб карда, мақомот то ҳол чанд бинои қадимии Душанбе, ба мисли биноҳои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ, Театри ба номи “Маяковский” ва Кохи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.

Дар пайи аз нав сохтани бинои ҳукумати Тоҷикистон як қисмати чойхонаи “Роҳат” тахриб шуд, аммо қисмати асосии он ҳанӯз боқӣ мондааст ва ба эҳтимоли зиёд Театри ба номи “Абулқосим Лоҳутӣ” низ дар оянда тахриб мешавад.

Инчунин чанде пеш дар шаҳри Душанбе кӯчондани ёдгории меъмории маъруф ба номи “Танка” ба “Боғи Ғалаба” оғоз ёфт.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳукумат талош дорад, ки тамоми осор ва нишонаҳои таърихиро аз шаҳри Душанбе аз байн барад ва ба ин тариқ ба наслҳои баъдӣ нишон диҳад, ки бунёдгузори Душанбеи навин Эмомалӣ Раҳмон аст.

Туркия ба Миср паҳподҳои пешрафтаи ҷангӣ мефурӯшад

0

Раисҷумҳури Туркия баъди зиёда аз 10 сол бо сафари расмӣ ба Миср рафта, чандин қарордоҳоеро бо ҳамтои мисрияш имзо хоҳанд кард.

Бино ба иттилои расонаҳо, 14-уми феврали соли 2024 раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Миср сафар мекунад. Пеш аз ин сафар Анқара барои фурӯши паҳподҳои пешрафтаи ҷангии сохти Туркия ба Миср мувофиқат кардааст.

Равобити Анқара ва Қоҳира ба муддати даҳ сол сард буд. Барои созиш кардани ин ду кишвар нақши Қатар хеле назаррас буд. Ба расми ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол соли 2022 Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо Абдулфаттоҳ Сисӣ дар Қатар мулоқот карда буданд.

Аммо аз замоне ки ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар моҳи октябри соли гузашта оғоз шуд ва ин ҷанг то ҳол идома дорад, равобити Туркия ва Миср ба хотири пайдо кардани роҳҳои кумак кардан ба мардуми Ғазза ва дигар фаластиниҳои Каронаи Бохтарии Фаластин наздиктар шудааст.

Гуфта мешавад, Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ҳадоворони Ихвонулмуслимин буда, баъди баркаронии марҳум Муҳаммад Мурсӣ, президенти собиқи Миср тавассути Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти феълии ин кишвар дар соли 2013 равобити ду кишвар тира гардида, ба муддати беш аз 10 сол Эрдуғон ва Сисӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар накарда буданд.

Насби зиёда аз 6000 “радар”-ҳои худкор

0
Radar speed control camera on the road

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки зиёда аз 6 ҳазор радар (суръатёб)-ҳои худкорро дар роҳҳои пойтахт насб кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, шаҳрдории пойтахт эълон кардааст, ки барои кам кардани сафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 6 ҳазор радарҳои худкорро насб хоҳад кард.

Ба қавли манбаъ, лоиҳаи ин радарҳои худкор, ки насби онҳо чанд вақт пештар дар ҳудуди шаҳри Душанбе оғоз шудааст, барномаи тоза ва ҷузъи “Шаҳри ҳушманд” мебошанд ва онҳо ба лоиҳаи “Шаҳри бехатар”-и пойтахт рабте надоранд.

Хабаргузории “Азия-Плус” дар истинод ба манобеи худ гуфтааст, ин радарҳо “19 намуди қоидавайронкуниҳои ҳаркат дар роҳро ба қайд мегиранд. Ин қоидавайронкуниҳо аз набастани тасмаи бехатарӣ, таваққуф дар роҳи дуввуму сеюм, баромадан ба самти муқобил, халал расонидан ба дигар воситаҳои нақлиёт, таваққуф дар назди истигоҳҳо, ки ба нақлиёти ҷамъиятӣ монеъ эҷод мекунанд ва ғайра, иборат аст. Ҳоло танҳо корҳои насби таҷҳизот идома дорад. Вақте ҳамаи камераҳо насб шуд, баъд ба фаъолият оғоз мекунад. Шояд корҳои насбу пайвасткунӣ як сол ё зиёдтарро дар бар гирад.”

Бархе мардум дар Тоҷикистон дар вокуниш ба хабари насби радарҳо мегӯянд, ки ин тарҳ барои такондани ҷайби ронандаҳои камбағал дар назар гирифта шудааст, на фарзандону пайвандони мансабдорон, ки ҳар хеле хоҳанд дар роҳҳои шаҳри Душанбе мошин меронанд ва бо як ишора аз масъулин мехоҳанд, ки ҷаримаҳои онҳоро аз низоми “Шаҳри бехтар” пок намоянд.

Гуфта мешавад, лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд”, яке аз лоиҳаҳои шаҳрдории Душанбе аст, ки чандин барномаҳо, аз ҷумлу насби радарҳои худкорро дар як вақт амалӣ мекунад. Аммо то замони таҳияи ин матлаб, “Шаҳри ҳушманд” дар сомонаи интернетии худ ба сурати муфассал дар бораи ҷузиёти барномаи насби радарҳо чизе нагуфтааст.