16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 195

Толибон: Тоҷикистон аз вуруди террористҳо ба Афғонистон ҷилавгирӣ кунад

0

Вазири дифои ҳукумати муваққати Толибон дар Кобул аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз вуруди террористҳо ба хоки Афғонистони ҷилавгирӣ кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, Муҳаммадяъқуб Муҷоҳид, вазири дифои ҳукумати муваққати Толибон 31-уми декабри соли 2023 дар Кобул ба расонаҳо гуфт, ки тайи ду соли гузашта даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистонро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вазири дифои Иморати исломӣ, ин даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Покистон дар ҳангоми амалиётҳои махсуси нерӯҳои амниятии Толибон бар зидди гурӯҳҳои “шароратафкан” дар хоки Афғонистон боздошт шудаанд.

Пеш аз ин ҳам Толибон чандин бор эълом карда буданд, ки бархе шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар сафи шохаи низомии ДИИШ-Хуросон дар Афғонистон алайҳи Толибон меҷанганд, кушта ва дар амалиётҳои махсус боздошт кардаанд.

Инчунин чанд моҳ пеш як филми мустанаде ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида буд, ки дар он нишон дода мешуд, чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба доми ДИИШ уфтода, бо роҳҳои мухталиф ба Афғонистон рафта буданд, аз ҷониби нерӯҳои амниятии Толибон боздошт гардида, дар бораи дар куҷо ва чӣ гуна ба доми диишиҳои уфтодани худро нақл мекарданд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ ба ин иттиҳомот ва иддаоҳои Толибон то замони нашри ин матлаб вокунише накардаанд. Аммо дар гузашта, ҳам мақомоти Тоҷикистон ва ҳам бархе мақомоти Русия борҳо эълон карда буданд, ки хатари ворид шудани нерӯҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон амнияти кишвар ва минтақаро таҳдид мекунад.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ҳам ахиран эълон кард, ки тайи як соли ахир Тоҷикистон ҳудуди 75 адад дидбонгоҳҳои сарҳадии ҷадидеро дар тӯли марзҳои муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон сохта, ба истифода додааст. Аммо, ҳоло вазири дифои Толибон мегӯяд, ки Тоҷикистон бояд контрули марзҳои заминӣ ва ҳавоии худро сахттар кунад, то террористҳо ба хоки Афғонистон ворид шуда натавонанд.

Қонуншикании Эмомалӣ Раҳмон?

0

Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин рӯзи соли 2024 бо судури Амре даст ба қонуншиканӣ задааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 1-уми январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо судури се амре дар бораи баргузор кардани 3 озмуни ҷумҳурияӣ фармони қаблии худро дар бораи “қабули пардохтҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шаванд”-ро зери по кард.

Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ бо судури амрҳои алоҳида аз Вазорати молияи кишвар хостааст, ки 12 440000 (дувоздаҳ миллиону чор саду чил ҳазор)-ро аз ҳисоби “маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2024 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври нақд ҷудо намояд.”

Ин дар ҳолест, ки 22-уми июни соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо судури Фармоне гуфта буд, ки шуруъ аз 1-уми августи соли 2023 “пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули
маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад.”

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин Фармони Эмомалӣ аз 22-уми июни соли 2023 гуфта шудааст, ки “аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ карда шавад.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар сатҳи кишварҳои дунё яке аз кишварҳои фасодзадатир шинохта мешавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо дар суханрониҳои худ вуҷуди фасод дар ҳукуматшро эътироф ва омилони онро мазаммат кардааст.

Вай дар охирин паёми солонааш ба парламент, ки чанд рӯзе пеш садо дода буд, аз аъзои ҳукумат ва дигар раҳбарону мансабдорони давлатӣ гила карда гуфт: “Мо, роҳбарон аз боло то поён ҳама фақат фикри нафси бади худро мекунем!”

88 рӯзи ҷанг дар Ғазза ва ақибнишинии артиши Исроил

0

Бо ворид шудани ҷанг дар Ғазза ба рӯзи 88-ум Исроил ҳамлаҳои ҳавоии худро дар ин минтақа шиддат бахшидааст. Мақомоти фаластинӣ аз вазъи асафбори инсонӣ дар Ғазза ҳушдор медиҳанд.

Мақомоти фаластинӣ дар Ғазза мегӯянд, аз оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил бар Навори Ғазза то имрӯз 22 ҳазору 185 фаластинӣ ҷони худро аз даст дода ва беш аз 57 ҳазор нафари дигар захмҳои гуногун бардоштаанд. Мақомот мегӯянд, 70 дарсади кушташудаҳоро кӯдакону занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.

Вазорати беҳдошти Фаластин ва ҳамзамон созмонҳои кумакрасонии байналмилалӣ бо нигаронӣ хабар доданд, ки ба сабаби бомборонҳои зиёди артиши Исроил қисми зиёди бемористонҳои Ғазза пурра аз фаъолият бозмондаанд ва ҳатто беморони гурда ва саратон беназорати табибон мондаанд.

Дар баробари ин артиши Исроил низ аз кушта шудани чанде аз афсарони баландмақомаш хабар дод ва дар маҷмуъ то имрӯз 507 сарбозу афсари исроилӣ дар Ғазза кушта шудаанд. Ҳамчунин Исроил аз захмӣ шудани 2234 сарбоз иттилоъ дода ва вазъи саломатии 355 сарбозашро бисёр хатарнок эълон кардааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Исроил мегӯянд, 29 нафар аз сарбозони артиши ин кишвар ҳангоми амалиётҳо дар Ғазза бо тири ҳамсафони худ кушта шудаанд.

Аммо аз ҷониби дигар, дақиқаҳои аввали шаби 1-уми январи соли 2024 гурӯҳи Қассом – шохаи низомии ҲАМОС Телабиб, пойтахти Исроилро мушакборон кард. Қассом дар охирин нашрияи худ хабар дод, ки давоми 48 соати ахир танҳо дар кӯчаҳои Туффоҳ ва Дараҷ беш аз 20 сарбози исроилиро ба қатл расонида, 26 тонку худравҳои низомиро ба таври куллӣ ва ё ҷузъӣ аз байн бурдааст.

Дар ҳоле, ки се моҳ боз ҷанг дар Ғазза идома дорад, Исроил аз ақибнишинии чандин гардонҳои худ хабар дод, аз ҷумла сарбони Исроил субҳи рӯзи сешанбе, 2-уми январ аз минтақаҳои Шайх Ризвон (шимол), Мухайяму Шотиъ (ғарб), Шуҷоъия, Туффоҳ ва Зайтун (шарқ)-и Ғазза ақибнишинӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл Исроил аз ақибнишинии 5 гардони худ аз минтақаҳои ҷанг низ хабар дода буд.

Пас аз ақибнишинии сарбозони исроилӣ наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, ки сокинон минтақаи Шайх Ризвон пас аз берун рафтани нерӯҳои Исроил хонаҳо ва кӯчаҳоро ба навор гирифтаанд, ки дар онҳо дида мешавад, ҳаҷми харобиҳо хеле бузург аст. Тақрибан ҳеч хонае обод намондааст. Дар ин наворҳо дида мешавад, ҷасади беҷони даҳҳо тан аз сокинон дар кӯчаҳо хобида аст.

Сафарҳои Раҳмон дар соли 2023 ба хориҷ аз кишвар ва бурду бохтҳои дипломатии ӯ

0

Сафари пур аз сарусадои Раҳмон ба Олмон, лағви низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон ва наздикшавии мавқеъҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро метавон аз руйдодҳои мутафовити сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 арзёбӣ кард.

Сафари Эмомаӣ Раҳмон ба Олмон

Раҳмон дар соли 2023 як сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин ва як сафари расмӣ ба Русия, ин ду кишвари таъсиргузор ва аз шарикони муҳимми давлати Тоҷикистон ҳам дошт, вале ҳодисае, ки дар ҷараёни сафари кории вай дар Олмон иттифоқ афтод, дар тамоми муддати сивучандсолаи ҳукумати вай назир ва собиқа надорад. Ин ба он маъно нест, ки дар ин сафари худ Раҳмон қарордодҳои ҷалби сармояи чандмиллиардӣ ба имзо расонида бошад ва ё тавониста бошад филиали ягон корхонаи маъруфи Олмон, масалан Мерседесро дар Тоҷикистон бикшояд, на, аз ин гуна корҳо хату хабаре ҳеҷ гоҳ набуд ва баъид аст, ки бишавад. Ин сафар аз он ҷиҳат беназир ва бесобиқа аст, ки мошини ҳеҷ яке аз руасои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ не, маҳз мошине, ки Эмомалӣ Раҳмонро мебурд, мавриди ҳамлаи мухолифини сиёсии вай қарор гирифт. Шуморе аз мухолифини Раҳмон ба тарафи мошини ӯ тухм партоб карданд ва ин тухмҳо ҳам дурусту дақиқ дар шишаи нишастгоҳи Раҳмон дар мошин бархурд. Раҳмон дар давоми беш аз сӣ соли ҳокимияташ ба инчунин истиқболу бо чунин ҳолат рӯбарӯ нашуда буд ва афзун бар ин чопу нашри ин рухдоди ҳаяҷонангез дар матбуоти Олмон ва дигар кишварҳои олам ва махсусан интишори наворҳои тасвирии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ин раисҷумҳури худкомаро мавриди муҳокима ва мазаммати ҷаҳониён қарор дод. 

Раҳмон ҳеҷ мунтазир набуд, ки кор то ба чунин ҳолат пеш меравад. Вале, ба вузуҳ пай бурд ва дарк кард, ки ончи ки дар кишвар ба худ ва оилаи худ мартабаи фавқулоддаӣ, фарозаминӣ, абарраҳбарӣ, мунтаҳо «асосгузор»-у «пешво» дода ва ҳокимияту раёсати худро дахлнопазиру абадӣ тасвиру тарсим мекард, пучу бепоя аст. Мухолифин бо ҳамин як дона тухм ҳола аз рӯи ин ҳама афсонаву латифаҳо барканданд ва сатру сипари дахлнопазириҳои маснуиву тақаллубиро тикапора карданд. Ба вай ба унвони як диктотур, ки ҳокимият ва раёсати давлатро тӯли беш аз сӣ сол дуздидаву мардумонашро то ба Урупо гурезаву овора кардааст, бархурду муносибат карда шуд. Ин ҳамлаву зарбаи ногаҳонии мухолифин дар сартосари олам Раҳмонро шармсору сарафканда кард. Вале, табъан ки ҳавохоҳону лабайкзанони ӯро наметавонист бетараф бигзорад.

Масалан, Абдулло Раҳнамо ин ҳодисаро накӯҳиш ва маҳкум кард ва гуфт, ки Раҳмон дар ҳар куҷо берун аз Тоҷикистон давлатро намояндагӣ мекунад ва набоядам ин иттифоқ рух медод. Ва ё Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия ҳам мавқеъе шабеҳ ба Раҳнаморо гирифта, тухмафкании мухолифин ба сару сурати Раҳмонро амали хилоф бар фарҳанги тоҷикӣ маънидод кардааст: «Албатта ин кор (бо тухм задани мошини президент) ба аксари кулли шиносҳои ман хуш наомадааст. Гуфтанд, ки дар фарҳанги мо ин чиз нест, ақалан барои синну сол бояд як нафарро ҳурмат кард. Тухмзанӣ ҳам аз ҷумла амалҳое аст, ки дар фарҳанги мо макруҳ аст».

Аммо аз ғулғула ва тарокуме, ки дар фазои маҷозӣ ба роҳ андохт, маълум буд, ки ҳаводорӣ ва ҳаводорон аз ин амали мухолифин бамаротиб бештар аст. Ва ин беҷиҳат нест. Чунки, аз ҳақ набигзарем, Раҳмон ва ҳузури тӯлонии вай, ки аз се даҳа ҳам гузашт, бисёр ҳам дилбазан шудааст. Ва ба назар мерасад аз партоби тухм аксарияти мардум эҳсоси қаноат ва ризоият кардаанд. 

 Ва, аммо Фарҳод Одинаев, яке аз фаъолони ҷомеаи маданӣ ба ин назари Абдулло Давлатов розӣ нест ва дар ҳамин суҳбати расонаияш ба ҷаноби Давлатов чунин посух медиҳад:

«Бо як шеваи беадабона меоянд хонаи нафаре мисли Раҳматуллои Раҷаб, ки худаш дар зиндон аст. Хона ва оилаи ӯро тухмшаппак мекунанд, касе инро намегӯяд, ки ин кори дуруст нест ва ин ба фарҳанги тоҷикӣ рост намеояд. Дар назди хонаи фаъолони сиёсӣ митинг мегузаронанд. Вале якбор, ки тухм ба мошини президент расид, ҳамаи онҳоро сахт расидааст ва барои ҳамааш ин фарҳанги бегона шудааст. Агар ин фарҳанги бегона аст, мо аз шумо ёд гирифтем. Ҷавоб ҳамон тавре мешавад, ки шумо интизоред. Намешавад, ки як нафар, як гурӯҳ фақат сухан занаду шумо дар иваз латукӯб кунед. Мо сухан мекунем, шумо дар иваз хешу табори моро боздошт карда мебаред ва латукӯб мекунед. Ин яктараф намешавад .Интизор бошед, ки аз тарафи дигар бархӯрд ҳамон хеле мешавад, ки худатон бархӯрд мекунед».

ВК. Инки аз ин мусофирати худ Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон чи манфиат бардошту чи дастоварде дошт, чизе гуфтан душвор аст, чун ҳама чиз зери ҳамин ҳодисаи пурсарусадои тухмзанӣ хира ва нонамоён шуд.

Сафар Арабистони Саудӣ

Ҳоло, ки аз «сарусадо»-и ин сафари хориҷии Раҳмон гуфтем, аз як «сарусадо»-дигари марбут ба як сафари дигари хориҷии Раҳмон ҳам мебояд, як –ду ҷумла ёдовар шавем.

Сухан дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ меравад. Аммо масъалае, ки ин сафарро бештар дар сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоӣ кашонд ва баҳсомез шуд, Халиҷи Араб ном бурдани Халиҷи Форс буд. Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар ба нашри як хабар ин минтақаеро, ки таърихан Халиҷи Форс ном дорад, Халиҷи Араб навишт. 

Бо ин кори худ сомонаи расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонро дар балои азим гирифтор кард. Маълум буд, ки ин таъбир огоҳона ва ба хотири хуш омадан ба кишвари мизбон истифода карда шуд, аммо вокунишҳои хашмолуд ба он аз тарафи равшанфикрони тоҷик ба ҳадде сахту зананда буд, ки ин сомона маҷбур шуд, онро пок кунад.

Корбурди номи Халиҷи Араб ба ҷои Халиҷи Форс дар сомонаи расмии Презиленти Тоҷикистон аз он ҷиҳат ҳам ҷанҷолбарангез гардид, ки таври маълум ду кишвари Арабистони Саудӣ ва Эрон дар ин минтақа даъвои нуфуз мекунанд ва равобити пуртаниш доранд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки дар ин авохир Тоҷикистон муносибати худ бо Эронро дигар карда ва талош дорад ҳарчи бештар муносибатҳои сиёсиву иқтисоди худро бо ин кишвар тақвият бубахшад. Дар мавриди чаро ночор ва ногузир шудааст бо Эрон, ки ҳамин ду-се соли пеш ҳатто барои узвияти он ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мухолифат кард ва онро худи Раҳмон «кишвари дар нохунак дӯст» садо зад, инҷо чизе намегӯем. Вале инки водор ва ночор шуд ҳатто низоми бидуни раводид бо ин кишвари исломиро ба роҳ андозад, нишон медиҳад, ки бар ҳамкорӣ ва равоби беҳтар ба Эрони исломӣ ниёзманд аст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар соли ҷорӣ ҳамчунин Арабистони Саудӣ ҳам эълон кард, ки барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 100 миллион доллар қарз медиҳад. Қарордод дар бораи эътои ин қарз 4-уми декабри соли 2023 байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Рушди Саудӣ Созишномаи ба имзо расид. Дуруст дар ҳамон рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Султон Абдурраҳмон ал-Маршад, раиси Фонди Рушди Саудӣ дар Душанбе мулоқот кард. Аммо расонаҳои расмӣ навиштанд, ки мувофақа дар бораи ин қарз ҳанӯз дар сафари Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ба даст омада буд. Ин сафари Раҳмон ба Арабистони Саудӣ 10 ноябр бо ҳадафи ширкат дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сурат гирифта буд. Ин бори дувум буд, ки Раҳмон ба Арабистони Саудӣ дар соли 2023 сафар кард. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 июли имсол дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс ширкат ва бо валиаҳди ин кишвар Муҳаммад бин Салмон дидору мулоқт дошт. Бинобар навиштаи вебсайти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот ба зарурати “тақвияти муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс” таъкид гардид. Дар зимн, ин ҳамон сафаре буд, ки вебсайти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо бурдани номи Халиҷи Араб ба ҷои Халиҷи Форс баҳсу кашокашҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард.

Сафар ба Чин

Ин дуруст аст, ки Раҳмон ва давлати он аз ҳар кишвари дигар бештар пойбанд ва вобастаи Русия ва Чин аст. Махсусан кишвари абарқудрати Чин бештари тарҳҳои иқтисодии ҳукумати Раҳмонро сармоягузорӣ мекунад. Сафари давлатии Раҳмон ба Чин 16-уми моҳи майи соли 2023 иттифоқ афтод. Дар ҷараёни ин сафар боз ҳам масъала кумак ва қарзҳои калони ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон авлавият касб кард. Ин сафар дар шабурӯзҳое иттифоқ афтод, ки дар Пекин ҳамоиши саммити якуми «Осиёи Марказӣ-Чин» баргузор гардид. Дар ҷараёни ин сафар Бонки осиёии сармоягузориҳои Чин эълом кард, ки барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон  500 миллион доллар қарзи имтиёзнок тахсис додааст.

Бинобар навиштаи расонаҳо, Раҳмон дар мулоқот бо муовини президенти Чин Ҳан Жен аз идомаи пешрафт дар равобити Тоҷикистону Чин ситоиш кардааст. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон сиёсати “Чини воҳид”-ро дастгирӣ мекунад.

Сомонаи Президенти Тоҷикистон навишт, ки дар мулоқот бо сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян аз “сатҳи сифатан нави” шарикии стратегии ду кишвар ситоиш шудааст. Дар хабар омадааст, ки додугирифтҳои тиҷоратии миёни Чину Тоҷикистон соли 2022 то 40 дарсад афзудааст.  

Зимнан, Чин на танҳо дар бахши иқтисод, ҳамчунин дар арсаҳои амниятиву низомӣ ба Тоҷикистон ба маблағи даҳҳо миллион доллар кумак ва дар Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз чанд сол ба ин тараф як пойгоҳи ҳарбии худро ташкил кардааст.

Сафар ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Соли ҷорӣ ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз кишварҳои дигари арабӣ Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафари корӣ анҷом дод. Бинбар хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, «ҳадаф аз ин сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Дубай иштирок “дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим” буд.

Дар ин авохир Раҳмон ба тавсифи шабакаҳои телевизионии кишвар «бо ташаббусҳои глобалии сатҳи ҷаҳонӣ дар робита ба тағйирёбии иқлим ва махсусан ҳифзу ҳимояти пиряхҳо» баромада номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бурда истодааст. Вале, ба ин тарафи масъала, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари дорои пиряхҳои бузург ва манбаи оби пок то ба ҳол барои сокинонаш наметавонад оби ошомиданӣ ва полезиро таъмин кунад ва ба иллати танқиси об ҳамасола ҳазорон гектар мазореъи кишти кишварзон талаф меёбад, шабакаҳои телевизионӣ ва коршиносони ҳаводори Раҳмон ҳарф намезананд. 

Сафар ба кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмонов дар соли ҷорӣ ба Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам сафари корӣ анҷом дод. Бинобар навиштаи расонаҳо, миёни кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соли гузашта 1,4 миллиард долларро табодули молу коло сурат гирифтааст. 

Қазоқистон муҳимтарин воридкунандаи ғаллаву орд, равған ва сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамчунин баъд аз Русия дуюмин кишваре аст, ки шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистон гази табииро асосан аз Қазоқистон ворид мекунад. Аммо натиҷаи сафари Раҳмон ба Қазоқистон ин шуд, ки баҳои гази табиӣ дар кишвар 100% боло рафт ва ҳоло Тоҷикистон талош дорад аз кишварҳои дигар газии табиӣ арзон ворид кунад.

Аммо ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон мушкилоти баҳси марзиро дар ҳоли ҳаллу фасл кардан қарор доранд. Дар охирин мулоқоте, ки сарони ҳайатҳои дуҷониби музокиротии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карданд, изҳор доштанд, ки иродаи роҳбарони ҳарду кишвар барои ҳалли ин мушкилот, ки ҷангу хусмату хунрезӣ ҳам дошт, корҳо барои таъйин ва аломатгузории хутути марз пеш меравад. Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи октябр дар шаҳри Бишкек дидор карда буданд. Бинобар  навиштаи расонаҳо, дар ин мулоқот тавофуқи усулӣ барои ҳалли мушкилоти марзӣ ҳосил шуда буд, ки баъдан ҳайатҳои ҳарду тараф санадеро бо номи Протокли 44 имзо ва эълон карданд. Гуфта мешуд, ки роҳ барои аз байн бурдани ихтилофот дар масоили марзӣ амалан ҳал шуд. Аммо, он замон расонаҳои Қирғизистон навиштанд, ки Тоҷикистон аз даъвои марзӣ даст кашид, иддае, ки то кунун ҷониби Тоҷикистон такзиб накардааст.

Сафар ба Русия 

Натоиҷи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав, ки 21-уми ноябр сурат гирифт, аз тарафи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Раҳмон мусбат тавсиф шуд. Путин Раҳмонро дӯсти худ хонд ва гуфт, ки Русия ҳамоно ба унвони шарики стратегии Тоҷикистон дар ҷойи аввали сармоягузорони ин кишвар қарор дорад. Вай гуфт, ки мизони табодули молу коло миёни ду кишвар дар соли гузашта ба 1 миллиарду 600 миллион доллар расид, ки дар қиёс ба солҳои пешина бештар аст.

 Раҳмон дар сухани муқаддамавии худ ошкоро ишора кард, ки ҳоло ҳам дар доираи сиёсатҳои Русия қарор дорад. Вай гуфт: «Ман хеле хушҳолам, ки дар Маскав ҳастам, пазмон шудам, ташаккур барои меҳмондорӣ. Шодам, ки боз Шуморо мебинам.”

 Раҳмон аз тақвияти ҳамкориҳои махсусан ниҳодҳои интизомии Русия бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Вай гуфт, ки миёни ин ниҳодҳо дар мубориза бо терроризм, ҳамкории мусбат дар ҷараён аст. Албатта, ин суҳбат дар худ ишораҳо дошт. Ишораи Раҳмон дар мубориза бо терроризм ин буд, ки мақомоти интизомии Русия оқибат Дилшод Саидмуродов мулаққаб ба Дилшоди СБ-ро, ки мақомот ӯро роҳбари гурӯҳи қотилони Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси Ориёнбонк мешиносанд, таслими Тоҷикистон карданд. Агарчи русҳо дар оғоз барои кадом мулоҳизот ва шояд ҳам муомилаҳое аз истирдоди вай ба Тоҷикистон сар боз зада буданд.  

 Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ дониста мешаванд. Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст ва ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд. Маблағҳои мефиристодаи ҳамин муҳоҷирон аст, ки суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

 Вале маҳз муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, аз беҳимоятарин қишри коргарони хориҷӣ дар ин кишвар дониста мешаванд, ки вобаста ба тағйирёбии муносибатҳои байни раҳбарон ё ҳукуматҳои ду кишвар мавриди фишору азият қарор мегиранд. Мунтақидон Русияро барои ваъдахилофиҳояш дар иҷрои тарҳҳои иқтисодию саноатӣ дар Тоҷикистон интиқод мекунанд. Агар дар солҳои гузашта Путин шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русияро 1 миллиону 200 ҳазор гуфта буд, ин бор ҳудуди 1 миллион гуфт ва ваъда супорид, ки шароити буду боши онҳоро содатар хоҳад кард. Аммо маълум нашуд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин масъалаи ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ва ё ба ҷанги Украина фиристодани онҳоро баррасӣ кард ё хайр?

 Ба навиштаи хабаргузории Спутники Русия, аз соли 1999 ин 29-умин сафари расмӣ ва кории Раҳмон ба Русия аст.

Равобити хориҷӣ 

  Аммо дар арзёбии умури байналмилалӣ ва сиёсатҳои хориҷии давлати Тоҷикистон инро ҳам бояд мутазаккир бишавем, ки Амрико ширкати тоҷикии «Кафолати Комил»-ро барои давр задани санксия-таҳримоти ҷоришуда алайҳи Русия муқассир хонд. Қаблан низ  шуморе аз ширкатҳои тоҷикистонӣ ба айни иттиҳом айбдор дониста шуда буданд. Дар баробари ин ширкат ҳамчунин ширкате дигаре бо номи «Истиқлолият 20» ба он гумонзад мешавад, ки дар моҳҳои июл ва сентябри соли 2022 тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бархе қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳоро ба Русия фиристодаанд.Ахиран Вазорати молияи Амрико хабар дод, ки ба сабаби содироти маҳсулоти зери таҳрим ба Русия нисбат ба ширкати “Кафолати Комил” аз Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кард. Ба навиштаи расонаҳо, дар  Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ҶДММ “Кафолати Комил” соли 2018 таъсис шуда, самти фаъолияташ бинокорист. Қароргоҳи ширкат ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нишон дода шудааст.

  Амрико дар ҳоле ин ширкатҳои тоҷикиро таҳти таҳрим қарор медиҳад, ки соли ҷорӣ Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии ИМА бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугуҳо анҷом дод. Мулоқоти Ҷо Байден бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи 19 сентябр дар Ню-Йорк ба вуқуъ пайваст. Ин мулоқот дар қолаби «С5+1» баргузор гардид. Кохи Сафед хабар дод, ки Ҷо Байден дар ин мулоқот дар баробари масоили дигар, ба ҳимояти давомдори кишвараш аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолиятҳои тавонмандсозии иқтисодии занон таъкид кард. Расонаҳо аз қавли Ҷо Байден навиштанд, ки вай ин мулоқоти худро «лаҳзаи таърихӣ» унвон кардааст: “Фикр мекунам, ки ин як лаҳзаи таърихӣ аст. Мо бар пояи робитаҳои наздики Осиёи Миёна ва ИМА, ки солҳои тӯлонӣ идома дорад, ҳамкорӣ мекунем, ки ба ӯҳдадориҳои муштараки мо ба истиқлолият ва тамомияти арзӣ, асос ёфтааст“. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки  Эмомалӣ Раҳмон хостори ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, нақлиёт ва обу энержӣ шудааст. Мулоқоти раиси ҷумҳурии Амрико бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароите сурат гирифт, ки Амрико бо ду шарики калидии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия бар сари ҷанг дар Украина ва бо Чин барои тасмимҳояш дар мавриди Тайван мухолифат дорад. Амрико аз ҷумлаи кишварҳои аслиест, ки Русияро барои ҷангаш дар Украина таҳрим кардааст ва дигар кишварҳоро низ барои анҷоми ин амал ташвиқ мекунад. Ва аз намунаи ин таҳримҳо, чуноне дидем дар Тоҷикистон низ Амрико ҷорӣ кард ва алайҳи ду ширкате, ки гуфта мешавад барои Русия молу ашё дастрас кардаанд, муҷозот таъин кард. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик дар як суҳбати расонаияш мегӯяд, маҳз мухолифатҳои Амрико бо Русия минтақаи Осиёи Марказиро барои Амрико муҳимтар кард:«Амрико кӯшиш мекунад, ки таҳрими Русия ҷиддитар шавад ва ягон роҳи расидани молу маҳсулот ба ин кишвар боқӣ намонад. Дар марҳилаи имрӯза Амрико намехоҳад, ки кишварҳои собиқ Шӯравӣ зери таъсири Русия боқӣ монанд, ҳам бо сабабҳои иқтисодӣ ҳам бо сабабҳои сиёсӣ. Талош доранд, ки ҳарчӣ бештар Русияро ба чолиш кашанд ва ин кишвар аз ҷанг даст кашад».

Маълум аст, ки Амрико баъди ба даст овардани истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Маскав солона ба ин кишварҳо садҳо миллион долkар кумак мекунад. Аммо ҳамзамон Амрико дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои нақзи ҳуқуқи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад. Аз ин ҷиҳат бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки баъид аст, ки « ин вохӯрӣ сиёсатҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро тағйир диҳад.» Ва Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои минтақа ҳанӯз тамосҳои қавӣ бо Русия дорад ва гумон аст, ки мавқеаш ба якборагӣ дигар шавад, «вале барои Тоҷикистон муҳим аст, ки Амрико бо ӯ мавзӯъ барои гуфтугӯю муҳокима дорад,»-гуфтааст, Темур Умаров коршинос аз маркази Корнегӣ

 Мусаллам аст, ки Русия аз тақарруби кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико ва кишварҳои аврупоӣ нороҳат мешавад. Зеро Русия ин минтақаро наздики 150 сол аст таҳти нуфузи худ нигоҳ медорад. «Ин вохӯрӣ ҳатман дар як доираи муайян асабонияти Русияро ба бор хоҳад овард. Фикр мекунам чунин вокунишҳо аз рӯи мантиқ нестанд, чун ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА аҳамияти хос дорад ва ба Чину Русия мустақим дахолате надорад,» гуфтааст, коршиноси узбек Фарҳод Камолов.

  Ба навиштаи расонаҳо, дар ин нишаст Ҷо Байден президенти Амрико ваъдаи бештари ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро додааст. Кишварҳои минтақа аз Русия барои ҳамкории ҷиддӣ накардан ҳамеша гила мекунанд. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон дар чунин шароит талош хоҳанд кард, ки барои манфиаташон бо ҳар кишвар ҳамкорӣ кунанд, бо вуҷуде, ки Чину Русия инро қабул надоранд. Аз ин ҷиҳат ба ақидаи ин коршинос «Русияро хуш намеояд, вале коре карда наметавонад. Аммо Алим Шерзамонов, намояндаи мухолифини тоҷик дар Аврупо ҳамкориҳои кишварҳои абарқудрат бо Тоҷикистонро таъсиргузор намедонад:

“Ягона натиҷаи чашмрас ва эҳсосшаванда муносибатҳо байни Чин ва Тоҷикистон аст. Он ҳам бештар ҷанбаи дуҷониба дорад. Форматҳои боқимонаи С5+1 бо Амрико, Аврупо ва Русия бошад, барои Тоҷикистон ба ҷуз нишаст ба хотири нишасте чизи дигаре нестанд. Шояд Қазоқистон ва Узбекистон аз ин нишастҳо баҳрае бурда бошанд, чун соҳиби иқтисоданд. Гарчанд дар он ҷо ҳам муносибатҳои бевоситаи Ғарб назаррасанд,”—гуфтаст ҷаноби Шерзамонов.

Ва, аммо, ҳамчуноне дар оғози матлаб ёдовар шудем ҳеҷ сафари хориҷии Раҳмон давоми беш аз сӣ соли фаъолияташ ба мисли сафари ӯ ба Олмон шурангезу пургуфтугу набуд. Мухолифини сиёсии Раҳмон аз “Гурӯҳи 24” ва Паймони миллии Тоҷикистон, ки мақомот онҳоро вориди листи созмонҳои мамнуъа ва террористӣ кардааст дар кишварҳои аврупоӣ қабл аз ин сафари ӯ ҳам тазоҳурот доир карда буданд. Аммо ин бор тазоҳуроти онҳо ва бахусус партоби тухм ба мошини ҳомили Эмомалӣ Раҳмон ин сафари хориҷии Раҳмонро барои мардум ва шахсан худи ӯ сахт хотирмон кард.

Сорбон Азимӣ, махсус барои Azda tv

Бурду бохтҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2023

0

Мавзӯъҳои асосии иқтисодӣ дар соли 2023 низ ҳамон мавзӯъҳои кӯҳна боқӣ монданд ва ҳама “пешрафтҳо” ва бурду бохтҳо ба ҳамин чанд ҷанба, ки иқтисоди Тоҷикистон ё ба он вобаста аст ва ё аз он умед дорад, бастагӣ доштанд.

Чанд соли охир ба манбаъи асосии даромади кишвар – пули муҳоҷирони корӣ чанд манбаъи дигар илова шудааст, аммо ҳамоно муҳоҷирон гардонандаи аслии мошини иқтисоди кишвар боқӣ мемонанд. Албатта, кӯшиши мақомот ҳам барои камтар нишон додани саҳми муҳоҷирон бетаъсир набуд.

Дар ҳамин ҳол, бо фарқ аз пули муҳоҷирон, ки намешавад мустақиман барои иҷрои нақшаи буҷа ё пардохти қарзҳои давлатӣ истифода бурд, манобеъи дигар тавонистаанд дар ин ду самт таъсир гузоранд. То ҷое, ки соли равон нақшаи даромади буҷа барзиёд иҷро ва қарзи хориҷии кишвар ҳам камтар шудааст. 

Мавзӯъи дигари иқтисодӣ, ки ҳамеша дар сархати расонаҳо ва баҳсҳои ҳукумат қарор дорад, “сохтмони аср” дар кишвар, яъне Нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун” ва дар радифи он норасоии ҳамешагии барқ дар кишвар аст, ки имсол ҳам гарм боқӣ монд.

Тилло ҷои пули муҳоҷир…

Чаҳор соли охир тавозуни содироту воридоти Тоҷикистон тағйироти мусбатеро шоҳид буд ва ҳатто бори аввал дар таърихи кишвар дар соли 2021 содирот аз воридот пешӣ гирифт. Дар ҳоле, ки ҳамеша тавозун се бар як ба нафъи воридот буд. Ин “ҷаҳиш” мадюни захоири тиллои кишвар аст, ки ҳукумат маҷбур шуд онро ба фурӯш гузорад. Дар натиҷа Суис ду сол шарики иқтисодии рақами дувуми Тоҷикистон гардид ва ҳаҷми фурӯши тилло ба як миллиард доллар ё сеяки буҷаи кишвар наздик шуд. Сабаби аслии даст ба фурӯши захоир задани ҳукумат дар ин солҳо албатта, коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон буд, ки ба он пандемии вируси коруно ва баъдан шурӯъи ҳамлаи Русия ба Укроин боис шуд. 

Аммо соли ҷорӣ фурӯши тилло, ки аз он расман “содироти металлҳои гаронарзиш” ном бурда мешавад, тақрибан қатъ шуд ва тибқи додаҳои Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми содирот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 350 баробар камтар шудааст: $500 ҳазор дар муқобили $175 млн. Ин дар ҳолест, ки соли 2022 нуқтаи авҷи фурӯши тилло набуд ва агар ин нишондиҳанда бо ҳамин давраи соли 2020 муқоиса шавад, фарқ бештар аз 800 баробар мешавад. Он замон кишвар ба маблағи беш аз $400 млн тилло содир карда буд.

Бо вуҷуди фурӯши тилло ба хориҷ, кишвар дар соли 2022 тавониста буд ҳаҷми захоирашро 4 тонна афзоиш диҳад ва тибқи иддаои Бонки миллӣ, соли гузашта ин захоир бештар аз стандарти кифоияти байналмиллалӣ буданд. Ҳамчунин тибқи додаи Бонки ҷаҳонӣ, захираи тиллову арзии кишвар ба маблағи $3,8 млрд афзоиш ёфта буд. Қатъи фурӯши тилло дар соли ҷорӣ бо гумони ғолиб ҳаҷми ба маротиб бештари онро ба хазинаи кишвар илова кардааст, ҳарчанд ҳанӯз омори расмӣ дар ин бора нашр нашудааст.  

Метавон гуфт, соли ҷорӣ дар бахши коркард ва захирасозии тилло барои кишвар тиллоӣ буда, чун бар замми афзоиши ҳаҷми захоири он, 10 кони нави тилло кашф шуда ва қимати тилло ҳам дар чанд ҳафтаи охир 20 дарсад боло рафт. 

…ва пули муҳоҷир ҷои тилло

Сабаби қатъи содироти тилло аз ҷониби Тоҷикистонро Бонки ҷаҳонӣ афзоиши воридоти арз аз ҷанд манбаъ ном бурдааст, ки самти асосии он албатта, пули муҳоҷирон аст. 

Бо фарқ аз пешбинии аксари институтҳои байналмилалӣ, солҳои 2022 ва 2023 иқтисоди Русия ба ҷои рукуд пешрафт кард ва муҳоҷирон дар ин кишвар даромади чашмгире доштанд. Дар натиҷа интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ, аз ҷумла Тоҷикистон афзоиши қобили таваҷҷӯҳе дошт. Бонки марказии Русия дар оморе, ки дар ин ду сол ироа кард, аз зикри пулҳое, ки ба Тоҷикистон интиқол шуданд, худдорӣ кард ва Тоҷикистон ягона кишваре буд, ки дар омор зикр нашуд. Ҳарчанд ҳамеша дар рӯйхати кишварҳои қабулкунандаи арз аз Русия дар мавқеъи дувум ё савум қарор дошт. Сабаби зикр нашудани Тоҷикистон дар омори БМ Русия маълум нест, аммо коршиносон ба ин назаранд, ки ин худдорӣ бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ва далелашон ҳам ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша кӯшидаанд саҳми пули муҳоҷирон дар иқтисоди кишварро камтар нишон диҳанд. 

Бо ин вуҷуд, Бонки ҷаҳонӣ ин рақамро ифшо карда ва нимаи соли ҷорӣ эълон кард, ки соли гузашта муҳоҷирон ба Тоҷикистон маблағи рекордии $5,2 млрд доллар интиқол додаанд, ки баробар ба 49 дарсади Маҷмӯъи маҳсулоти дохили кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки қаблан худи Бонки ҷаҳонӣ ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷиронро ҳудуди 30 дарсади ММД медонист. Омори имсола ҳанӯз нашр нашуда, аммо пешбинӣ мешавад ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон нисбат ба соли гузашта бештар хоҳад буд. Далели аслии ин пешбинӣ ҳам қатъи тақрибан комили содироти тилло аст, ки 4 соли охир анҷом мешуд. 

Даромади беш аз нақшаи буҷа

Соли дувум аст қисми даромади буҷаи Тоҷикистон барзиёд иҷро мешавад, ки дар таърихи кишвар бесобиқа аст. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи буҷа ҳудуди 1 миллиард сомонӣ ё тақрибан $92 млн барзиёд иҷро шуд. Пешбинӣ мешавад дар нимсолаи дувум ҳам нақша барзиёд иҷро шавад, аммо бо чанд далел на дар сатҳи нимсолаи аввал.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта мақомоти кишвар дар молиёт чанд сабукӣ дода буданд, аз ҷумла андоз аз арзиши изофашуда (ААИ) аз 18 ба 15 дарсад коҳиш дода шуд. Мутахассисон пешбинӣ мекарданд ин сабукӣ метавонад иҷрои нақшаи даромади буҷаро камтар кунад, аммо вазъ баръакси пешбинии онҳо шуд.

Институтҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ сабаби барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷаро пеш аз ҳама дар афзоиши истихроҷи маъодини зеризаминӣ ва лағви бархе аз имтиёзҳо дар молиёт мебинанд.  Ҳамчунин афзоиши интиқоли ҳаҷми рекордии пул боиси афзоиши талабот дар бозори дохилӣ шудааст, ки дар натиҷа ҷамъоварии андоз низ бештар гаштааст.

…ва идомаи имтиёздиҳӣ ба ширкатҳои хонаводагӣ

Ба коҳиши бархе имтиёзҳо дар молиёт вобаста донистани афзоиши даромади буҷа аз ҷониби Бонки молӣ дар ҳолест, ки анъанаи имтиёздиҳӣ ба ширкатҳои “худӣ”, яъне мутааллиқ ба бастагони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон идома доштааст. 

Барои мисол, ширкати “Сомон Эйр” мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон дар пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ имтиёз ба даст овардааст. Ин ширкат бо қарори ҳукумат ва тасдиқи парлумон аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ зимни воридсозии ҳавопаймоҳо, муҳаррики онҳо ва сӯзишвориву равғанҳо барои тайёраҳо озод шудааст. Гуфтанист, зарари буҷа аз напардохтани ААИ аз воридсозии танҳо як ҳавопаймо метавонад то 20 миллион доллар бошад (ҳавопаймоҳое, ки “Сомон Эйр” истифода мебарад, аз 90 то 160 миллион доллар қимат доранд).

Ба ҷуз “Сомон Эйр” чанд ширкати дигари мутааллиқ ба хонаводаи раисҷумҳур, аз ҷумла “Авесто Гурӯҳ” (моликаш Рустами Эмомалӣ) дар чанд самт, монанди воридоти мошинҳои барқӣ, “Сифат Фарма” (моликаш Парвинаи Эмомалӣ) ва ғайра имтиёз дар пардохти андозҳои асосӣ ба даст оварданд.

Пешбинии афзоиши қарзи хориҷӣ,.. 

Бо вуҷуди ин ки бинобар чанд омили дар боло зикршуда қарзи дохилии ҳукумати кишвар ҳудуди 100 миллион доллар коҳиш ёфт, мақомот пешбинӣ мекунанд, ки соли оянда қарзи хориҷии кишвар $140 млн афзоиш ёфта, ба $4,1 млрд бирасад. Ҳукумат қасд дорад ҳудуди $300 млн қарзи нав ҷалб карда ва каме бештар аз $250 млн қарзҳои кӯҳнаро пардохт кунад. 

Институтҳои байналмиллалӣ борҳо аз Тоҷикистон хостаанд сиёсати қарзгириашро бозбинӣ кунад, чун ҳаҷми бузурги қарзҳои давлатӣ яке аз хатарҳои асосӣ барои иқтисодӣ кишвар дар миёнамуддат боқӣ мемонанд.

…қарзу грантҳо наздики $2 млрд,..

Дар ҳамин ҳол, соли ҷорӣ ҳукумат тавонистааст ваъдаи грантҳои бузург дар ҳаҷми наздик ба $2 млрд дарёфт кунад. Бузургтарини онҳоро Бонки Авруосиёи Рушд, Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Зерсохторӣ (БОСЗ) ва Бонки Исломии Рушд (БИР) ваъда кардаанд. 

Қарор аст Бонки Авруосиёи Рушд (БАОР) байни солҳои 2023-2026 барои иҷрои пружаҳои авлавиятдор ба Тоҷикистон $650 млн ҷудо кунад.

Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Зерсохторӣ, ки аз бонкҳои чинист, ба сохтмони “Роғун” таваҷҷӯҳ карда ва ваъдаи қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми ним млрд долларро додааст. Бо вуҷуди ин ки қарз имтиёзнок гуфта шуда, ҳеҷ ҷонибе аз шартҳои он гузорише ироа накардааст. 

Бонки Исломии Рушд ҳам мисли БАОР ваъдаи грант барои иҷрои пружаҳои авлавиятдор дода, ки ҳаҷми он $450 млн гуфта мешавад. Ҳаҷми умумии танҳо ҳамин се қарзу грантҳои бузург ба $1,6 млрд мерасад, ки ғайр аз инҳо ҳукумати Тоҷикистон ваъдаи чанд қарзу гранти дигарро дарёфт кардааст. 

…ва таваҷҷӯҳ ба НОБ “Роғун”

Чин ягона кишваре набуда, ки ба сохтмони НБО “Роғун” таваҷҷӯҳ кардааст. Бар замми қарзи ниммилиардаи Чин ба “сохтмони аср”-и Тоҷикистон, Фонди рушди Арабистони саудӣ низ қарор аст $100 млн “қарзи имтиёзнок” диҳад. Дар ҳамин ҳол, шурути ин қарз низ ифшо намешаванд.

Бонки Авруосиёи Рушд низ тасмим гирифтааст барои сохтмони НБО “Роғун” 

$130 млн ҷудо намояд.  Ҳамчунин мақомоти кишвар бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо, Хазинаи рушди Абу Дабӣ, Хазинаи рушди Кувайт ва ғайра барои сармоягузорӣ дар Роғун гуфтушунид анҷом медиҳанд. 

Ҷолиб аст, ки баъди таваҷҷӯҳи ниҳодҳои байналмиллалӣ, ҳукумати Тоҷикистон маблағи бунёди НБО “Роғун”-ро якбора боло бурд. Соли 2008, вақте сохтмони НБО дубора шурӯъ шуд, қимати ин сохтмон $3 млрд эълон шуда буд. Соли 2016 маблағи нав эълон шуд: $3,9 млрд. Нимаи соли 2022 Вазорати энержӣ эълон кард, ки ҳаҷми маблағи зарурӣ барои НБО “Роғун” $5 млрд аст. Ҳоло ҳукумат ҳаҷми онро ба $6 млрд боло бурдааст.  

“Зарба”-и тилло ба тавозуни тиҷорати хориҷӣ…

Пас аз “муваффақияти беназир”-и иқтисоди кишвар, яъне коҳиши фарқи бузурги воридоту содирот, имсол ин тавозун ба шакли қадима баргашт. Яъне, фарқ байни содирот ва воридот дубора наздики се баробар шуд. 

Сабаби аслии аз даст додани “муваффақият”-и бесобиқа, қатъи фурӯши захоири тиллои кишвар буд ва Суис ҳам дар рӯйхати шарикони тиҷории Тоҷикистон ба даҳгонаи дувум фаромад.  

Дар ҳамин ҳол, тилло ягона сабабгори барқарории тавозуни манфии қаблӣ набудааст. Содироти алюминий, пахта ва мева низ дар соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. 

…ва таварруми болову мавқеъи поён дар радабандиҳо

Пули миллии кишвар – сомонӣ дар соли ҷорӣ 7 дарсади қимати худро аз даст дод ва таваррум низ ҳудуди ҳамин миқдор ҳисоб шудааст.

Тоҷикистон дар радабандии озодиҳои иқтисодӣ дар мавқеъи қаблии 146-ум боқӣ монд ва дар радабандиҳои дигари иқтисодӣ низ тақрибан ҳеҷ ҷойивазкуние надошт. Даромади миёнаи аҳолии кишвар то ҳанӯз аз сабади истеъмолӣ камтар аст ва болоравии музди меҳнат то ҳол таваррумро дарёб накардааст. 

Дар як тирандозӣ дар Прага 14 нафар кушта шуд

0

Бар асари як тирандозӣ дар шаҳри Прагаи давлати Чехия 14 нафар кушта шуда, 24 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамлагар донишҷӯи бахши фалсафаи Донишгоҳи Карли Чехия буда, ҳамларо баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе, 21-уми декабр дар дохили ҳамин факултет анҷом додааст. Худи ӯ низ дар натиҷаи задухурд бо пулис кушта шудааст.

Бино ба иттилои пулиси ин кишвар, ҳамлагар Дэвид Козак ном дошта, 24-сола буд ва зодаи шаҳри Кладно будааст ва ин шаҳр 30 километр дуртар аз шаҳри Прага ҷойгир аст.

Пулиси Чехия мегӯяд, ҳамлагар бо худ силоҳ мегардонд ва онро қонунӣ сабти ном карда буд. Пас аз ин ҳодиса, пулис Дэвид Козакро дар қатли падари худаш гунаҳкор меддонист. Гуфта мешавад, чанд рӯз пеш аз ҳамлаи Донишгоҳи Карл дар шаҳри Кладно ҷасади падари Козакро пайдо карданд, ки бо тири туфанг кушта шуда буд.

Мақомоти Чехия ин ҳамларо “фоҷеаи даҳшатнок” хонданд. Аз ҷумла, вазири корҳои дохилии ин кишвар Вит Ракусан дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта, ки “ин тирандозӣ ба терроризми байналмилалӣ ҳеч рабте надорад”. Ӯ ҳамчунин қайд карда, ки аз амали ин ҷавон дар ҳолати шок қарор доранд, зеро “таҳқиқоти пулис нишон дод, ки оила Дэвид хеле оилаи табиӣ ва ором будаанд ва ин писар чӣ гуна ба ин иқдом даст задааст, ҳама дар ҳайратанд.”

То ҳол ангезаи асосии ин ҳамла маълум нашудааст, танҳо гуфта мешавад, ки ин ҷавони донишҷӯ бо худ қонунӣ силоҳ мегардонд.

Ба чунин кушторҳои дастаҷамъӣ даст задани ҷавонон дар бархе кишварҳо солҳои ахир афзоиш ёфтааст. Мутахассисони равоншиносӣ сабаби чунин амалҳои ҷиноиро аз ҷониби ҷавонон дар таъсири филмҳо ва бетаваҷҷуҳи волидайни дар тарбияти кӯдакон онҳо медонанд.

Газ дар Тоҷикистон каме арзон шуд, роҳкиро чӣ?

0

Аз субҳи имрӯз, 20-уми декабр нархи гази моеъ, ки аз ҳама серистифодатарин навъи сӯзишвории мошинҳо ба ҳисоб меравад, дар баъзе шаҳру навоҳии Тоҷикистон каме арзон шудааст.

Бино ба иттилои “Sputnik Тоҷикистон”, нархи ин навъи сӯзишворӣ 50 то 80 дирам арзон шудааст. То имрӯз он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 7,5 ва 7,8 сомонӣ фурӯхта мешуд ва ҳоло то 7 сомонӣ поён фаромадааст.

Баъзе масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гуфтаанд, ки дар давоми ҳафтаи ҷорӣ нархи яклухти ин сӯзишворӣ каме арзон шуд ва аз ин рӯ нархи чаканаи он низ поён фаромад.

Мурод Ӯрунов, яке аз роҳбарони ширкатҳои таъминоти сӯзишвории нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо “Sputnik Тоҷикистон” гуфта, ки “Ҳар кило гази моеъро ширкатҳои яклухтфурӯши бо қимати камтар аз 12 сомонӣ дастрас карда истодаанд. Пештар нархи яклухти он то ба 13 сомонӣ баланд шуда буд. Ҳар қадаре, ки нархи яклухти бор арзон дастрас шавад, фурӯши чакана ҳамон қадар поён мешавад”.

Бо вуҷуди арзон шудани ин навъи серистеъмоли сӯзишворӣ, ҳамоно дар қиёс ба соли гузашта хеле гарон боқӣ мемонад. Ҳоло нархи гази моеъ агар 7 сомонӣ шуда бошад, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта нархи он то 5,5 сомонӣ буд. Аммо бензин бошад, ҳоло дар тоблуҳои бензинфурӯшӣ нархи як литр бензини навъи АИ 92 10,6 сомонӣ аст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ин бензин аз 7 то 8,10 сомонӣ арзиш дошт. Ва навъи АИ 95, ки ҳоло 11 сомонӣ нарх дорад, соли гузашта 7,8 то 8,50 фурӯхта мешуд ва аммо сӯзишвории дизелӣ, ки ҳоло арзиши он 11 сомонӣ аст, имсол низ арзон нашуда, қариб ба ҳамон нархи соли гузашта боқӣ мондааст.

Аз замоне ки нархи гази моеъ дар кишвар гарон шуд, роҳкиро барои мусофиркашонӣ низ боло бурда шуд. Далели гарон кардани роҳкироро соҳибони мошинҳо ба гарон шудани газ рабт медоданд. Аммо ҳоло, ки газ каме арзон шудааст, корбарон мепурсанд, ки “газ арзон шуд, роҳкиро чӣ?” Вале то ҳол ҳеч тағйироте ба мақсади арзоншавӣ дар нархи роҳкироҳо дида нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон моҳи августи соли ҷорӣ дар нишасти матбуотие гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 207,8 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 83,7 миллион доллар ва бо нархи миёнаи 403 доллар барои 1 тонна ба кишвар ворид карда шудааст. Он замон гуфта мешуд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 доллар ё 22% коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои мақомоти расмии кишвар, аз миқдори умумии гази моеъи воридгашта ба Тоҷикистон 73,5% ба Қазоқистон, 24,7% ба Русия ва 1,9% аз Узбекистон рост меояд.

Мулоқоти сафири Эрон бо раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон

0

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён рӯзи чоршанбе, 20-уми моҳи декабр бо раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Рустам Мирзозода мулоқот кард.

Тавре маркази матбуоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод, дар ин мулқот ҷонибҳо дар мавриди таҳкими равобити ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва бахусус дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат гуфтугӯ кардаанд.

Гуфта мешавад, сафири Эрон дар ин дидор зимни ишора ба ҳамкориҳои додгоҳӣ байни тарафайн, муҳим будани ҳимояти дастгоҳҳои қазоии ду кишвар аз фаъолиятҳои мутақобили иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузориро дар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кардааст.

Ёдовра мешавем, ки пас аз ширкати Муҳиддин Кабирӣ дар нишасте дар Теҳрон соли 2016, равобити Тоҷикистону Эрон хеле тунд гашт. Аммо пас аз чанд сол дигарбора ин равобит аз сар гирифта шуд ва ҳоло он таҳким меёбад. Ҷонибҳо дар мулоқотҳои худ, бештар болои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва қазоӣ диққат медиҳанд.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, аз баски Эрон ҳамчун пуштибони ҲНИТ маҳсуб мешуд ва Тоҷикистон ин ҳизбро дар соли 2015 баст ва террористӣ эълон кард, акнун мақомоти тоҷик талош доранд бо роҳи таҳким бахшидани равобити дипломатӣ шартномаҳои бештаре дар соҳаи қазоӣ дошта бошанд, то Эрон нафароне, ки барои Тоҷикистон номатлубанд дар худ роҳ надиҳад ва ё онҳоро боздошт намуда ба Тоҷикистон истирдод кунад.

Охири моҳи ҷорӣ Раҳмон ба Русия сафар мекунад. Чаро?

0

Расонаҳои дохилии кишвар 20-уми декабри соли ҷорӣ бо такя ба Котиби матбуоти Президент хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар охири моҳи ҷорӣ ба Русия сафар карданист.

Гуфта мешавад, 26-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад ва қарор аст Раҳмон низ дар ин нишаст ширкат кунад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон ба расонаҳо гуфта, ки “Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз – 25-26-уми декабр дар пойтахти фарҳангии Русия хоҳад буд.”

Аммо то ҳол расонаҳои расмии давлатӣ дар бораи ин сафари онядаи раисҷумҳур ва барномаи он иттилооте нашр накардаанд. Ва дақиқан маълум нест Путин, ки камтар аз як моҳ пеш бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот карда буд, боз бо онҳо чӣ гуфтан мехоҳад. Танҳо дар расонаҳои русӣ ҳамин гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот “сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои мубрами рӯзмарраро дар фазои ғайрирасмӣ муҳокима хоҳанд кард.”

Эмомлӣ Раҳмон бори охир 21-уми ноябри соли ҷорӣ ба Русия сафар карда, бо Путин мулоқотҳои дуҷониба дошт. Коршиносон дар давоми як моҳ ду маротиба ба Русия сафар кардани Эмомалӣ Раҳмонро бесабаб намедонанд.

Ба иттилои расонаҳо, нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ҳар сол дар охири моҳи декабр баргузор мегардад. Ва соли гузашта низ рӯзҳои 26 ва 27-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Аммо, ба гуфтаи таҳлилгарон, агарчи ин нишаст ҳамасола анҷом мешавад, вале пас аз шуруи ҷанги Русия бо Украина ва таҳрим шудани ин кишвар аз ҷониби Амрико ва Ғарб, Путин ҳарчи бештар талош дорад, кишварҳои узви ИДМ-ро ба худ наздиктар кунад ва ин аст, ки давоми сол мулоқоти ӯ бо раҳбарони ин кишварҳо бештар шудааст.

Муҳлати ҳабси Ҷунайдулло Худоёров боз тамдид шуд

0

Додгоҳи минтақаи Ханти-Мансийски Русия муҳлати ҳабси фаъоли тоҷик Ҷунайдулло Худоёровро се моҳи дигар дароз кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мурофиа рӯзи 18-уми декабр баргузор шуда, додраси додгоҳ ба далелҳои ҷониби Тоҷикистон барои истирдоди Ҷунайдулло Худоёров ба кишвар қонеъ нашудааст ва дар натиҷа ҳабси пешакии ӯ тамдид карда шуд.

Гуфта мешавад, ин мурофиа бо пешниҳоди додситон гузаронида шудааст ва мавзуи асосӣ истирдоди фаъоли мадании тоыик ба Тоҷикистон буд. Назари додситон дар бораи тамдиди ҳабс ва истирдод нашудани Худоёров дастрас нест.

Аммо, вакили мудофеъ Хон-Герей Разов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бо қарори додгоҳ дар бораи дар боздошт мондани зерҳимояаш розӣ нестанд ва шикоят хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол Фарҳод Худоёров, фаъоли сиёсии тоҷик ва бародари Ҷунайдулло дар суҳбат бо Azda.tv парвандаи бародарашро сохта номида гуфт, ки ба ҳамин хотир додгоҳ дархости ҷониби Тоҷикистонро ба инобат нагирифта, муддати ҳабси Худоёровро барои се моҳи дигар дароз кард.

Дар идома Фарҳод Худоёров афзуд, ки умед дорад мақомоти Тоҷикистон аз даъвои беасосаш даст мекашаду бародарашро аз Русия истирод намекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷунайдулло Худоёров моҳи июни соли ҷорӣ бо талаби мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир шуд ва ҳафт моҳ боз дар Боздоштгоҳ қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи парвандаи Ҷунайдулло Худоёров чизе нагуфтаанд, аммо тибқи хабарҳо Раёсати корҳои дохилӣ дар Рашт, ӯро ба авбошӣ (моддаи 237, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонад.

Худаш моҳи июн дар наворе аз толори додгоҳ гуфт, бар асоси шикояти наздикони оилае боздошт шуд, ки фарзандашон ба куштани бародарзодаи ӯ, Алиризо Худоёров, гунаҳкор аст. Алиризо Худоёров соли 2021 дар як занозанӣ бо зарби корд ба ҳалокат расид. Ҳарчанд дар марги ӯ ду нафарро дастгиру зиндонӣ карданд, аммо баҳсу ҷанҷоли хонаводаҳо поён наёфт.

Фарҳод Худоёров бародари Ҷунайдулло низ дар суҳбат бо Azda.tv зимни ишора ба ин нукта афзуд, ки дар боз шудани парванда нисбати бародараш дар Тоҷикистон додситони ноҳияи Рашт Кишварзода Абдурашид, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода даст доранд. Алишери Насриддин, яке аз нафароне, ки дар қатли Алиризо даст доштаасту дар озодӣ қарор дорад, аз болои Ҷунайдулло ба мақомот шикоят бурдааст.

Гуфта мешавад, Ҷунайдулло Худоёров соли 2018 бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнуи “Салафия” ба панҷ сол зиндон маҳкум шуда буд ва соли 2019 бар асоси қонуни афв озод гашт. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро супоришӣ дониста буд.