11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 200

Дар ҳар 26 дақиқа як нафар Тоҷикистонро тарк мекунад

0

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи муҳоҷирати шаҳрвандонашон ба дигар кишварҳо Тоҷикистону Узбекистон пешсафанд.

Бино ба гузориши созмони байналмилалии мустақили тиҷоратии WorldPopulationReview, дар давоми ҳар 26 дақиқа 1 нафар ва дар як шабонарӯз 55 нафар Тоҷикистонро тарк мекунанд.

Дар гузориши ин созмон гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн 223 ҳазору 236 нафар расида, дар як рӯз 703 нафар таваллуд мешавад ва 130 кас мефавтад.

Ба гуфтаи коршиносони WorldPopulationReview, соли 2035 аҳолиии кишвар ба 12,4 млн нафар баробар мешавад.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистону Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷирати шаҳрвандонашон омори якхела доранд. Тибқи оморҳои ин созмон, Узбекистонро низ ҳамарӯза 55 ва ҳар 26 дақиқа 1 нафар тарк мекунад.

Аммо теъдоди аҳолии ин кишвар ба 35 млн 384 ҳазору 614 нафар баробар буда, дар 1 шабонарӯз таваллуди 2067 тифли навзод ва 580 ҳолати маргу мир ба қайд гирифта шудааст.

Сокинони дигар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ кишварҳои худро камтар тарк мекунанд, аз ҷумла дар як шабонарӯз Қирғизистонро 27 нафар ва Туркманистонро 11 нафар тарк мекунанд.

Гуфта мешавад, Қирғизистон 6 млну 779 ҳазору 345 нафар аҳолӣ дошта, дар ин кишвар дар 1 шабонарӯз сатҳи таваллуд ба 417 нафар ва маргу мир ба 104 кас баробар аст.

Туркманистон бо доштани 6 млн 551 ҳазору 314 нафар аҳолӣ, дар як шабонарӯз 358 тифли навзод таваллуд шуда, 118 нафар мемиранд.

Дар ин гузориш омори муҳоҷират дар Қазоқистон, ки 19 млну 696 ҳазору 134 нафар аҳолӣ дорад, оварда нашудааст. Аммо дар ин кишвар сатҳи таваллуд ба 1082 нафар ва маргу мир ба 501 нафар дар як рӯз баробар аст.

Коршиносон сабаби зиёд будани омори муҳоҷират дар Тоҷикистонро ба набуди шароити хуби зиндагӣ ва набуди ҷойи кор рабт медиҳанд.

Ҳушдори Австралия ба шаҳрвандонаш дар бораи сафар ба Афғонистон

0

Вазорати корҳои хориҷии Австралия ба шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, ки аз сафар ба Афғонистон ва бахусус, пойтахти ин кишвар шаҳри Кобул худдорӣ кунанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 5-уми декабри соли 2023 Вазорати корҳои хориҷии Австралия ба шаҳрвандонаш ҳушдор дода гуфтааст, ки ба Афғонистон сафар накунанд, зеро хатари ҳамлаҳои террористӣ вуҷуд дорад.

Ин вазорат гуфтааст, ки “хатари ҳамлаҳои террористии мудовим ва бисёр зиёд” дар Афғонистони таҳти султаи Толибон вуҷуд дорад.

Дар иттилоияи ин вазорат таъкид шуда, ки “террористҳо ба ҳадаф қарор додани хориҷиҳо, созмонҳои ғайри давлатӣ ва амалиётҳои башардӯстона идома медиҳанд. Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла австралиягиҳо низ бо таҳдиди одамрабоӣ ё боздошт мувоҷиҳ ҳастанд.”

Гуфта мешавад, кишвари Австралия яке аз муттаҳидони Амрико дар ҷанги 20-солаи ИМА ва НАТО алайҳи Толибон буд. Пеш аз ин бархе сарбозони ин кишвар ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон муттаҳам шуда буданд.

Аммо акнун Австариля пас аз дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ҳеч ниҳоди амалкунандае, ки дипломатҳояш дар он ҷо фаъолият кунанд, надорад. Толибон ҳам то ҳол дар ин бора вокунише накардаанд.

Дар Женева аз ҳуқуқи поймолшудаи помириҳо гуфтанд

0

1-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Женева Иҷлосияи 16-уми Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи ақаллиятҳо баргузор гардид. 

Дар ин нишаст Аслиддин Шерзамонов, фаъоли мадании Бадахшон аз СММ хост, ки барои таҳқиқи рафтори нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кумисюни байнулмилалии мустақил таъсис диҳанд.

Ин фаъоли зодаи Бадахшон гуфт, ки дар ҳодисаҳои хунини Роштқалъа, Хоруғ ва Рӯшон беш аз сад кас маҷруҳ шуда, даҳҳо нафари дигар кушта шудаанд. 

Инчунин ӯ таъкид кард, ки беш аз ду ҳазор зодаи Бадахшон дар хориҷ аз кишвар паноҷҳӯ ҳастанд, аммо даҳҳо нафари дигар дар Тоҷикистону Русия дастгир ва дар мурофиаҳои паси дарҳои баста ба муддати дурудароз равонаи зиндон гардиданд. 

Аслиддин Шерзамонов зимни суханронияш гуфт, ки дар миёни боздоштшудаҳо ҳомиёни ҳуқуқи башар, фаъолон, пешвоёни ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигорон низ ҳастанд. 

Шерзамонов мегӯяд, ки помириҳо аз соли 2008 зери саркӯб монда, кушторҳо таҳқиқ нашудаанд ва боздоштшудаҳо аз муносибати бераҳмона азият мекашанд. 

Ба гуфтаи ин фаъоли помирӣ, ҷомеаи шаҳрвандии як замон фаъоли ВМКБ ҳоло дар банди тарсу ҳарос монда, наметавонад дар бораи қонуншикании мақомот гузориш диҳад, чун  зиёда аз 200 созмони ғайридавлатӣ, ки дар пайванд ба ҳуқуқи инсон, баробарии ҷинсӣ, таҳсил ва тавонмандсозии иқтисод кор мекарданд, маҷбур баста шуданд. 

Дар охир Аслиддин Шерзамонов раҳоии фаврӣ ва беқайду шарти пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодии ВМКБ ва эътирофи расмии помириҳо ҳамчун ақаллияти мустақил бо ҳуқуқу озодии комил талаб кард. 

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи “мубориза бо ҷинояткорӣ” дар соли 2021 дар Роштқалъаву Хоруғ се кас ва дар Рӯшону Хоруғ дар соли 2022 камаш 34 сокини маҳаллиро ба қатл расонданд. 

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханроние мардуми бегуноҳро узви гурӯҳҳои ҷиноӣ номид ва тасдиқ кард, ки фармони амалиётро шахсан худи ӯ додааст. 

Дар ҳоле мақомот, фаъолони боздоштшуда ва кушташудаи помириро ҷинояткор меномад, ки наздиконашон мегӯянд, ки ин афрод силоҳ надоштанд ва танҳо барои ибрози андеша ва эътироз ба кӯчаҳо баромада буданд.

Инчунин борҳо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ мақомоти Тоҷикистонро барои бархурд бо помириҳо танқид карда, озодии беқайду шарти фаъолони боздоштшударо аз зиндон ва таҳқиқи рафтори нерӯҳои амниятиву ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро талаб карда буданд. 

Фирдавси “электрошокер” боздошт шуд

0

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде, ки навраси ноболиғеро дар ноҳияи Синои пойтахт шиканҷа карда буд, хабар дод.

Рӯзи сешанбе, 5-уми декабри соли 2023 Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде, ки навраси ноболиғеро бо “электрошокер” шиканҷа ва латтукӯб карда буд, хабар дод.

Ба қавли манбаъ, “аз ҷониби кормандони милитсия вобаста ба ин ҳодиса Қудратуллозода Фирдавс Қудратулло, соли таваллудаш 2005, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Биниҳисорак-75/2, дастгир гардид.”

Ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе, ҳангоми санҷиш муайян шуда, ки “писарбачаи ноболиғ Ҷалолов Асрор Қурбонович, соли таваллудаш 2008, истиқоматкунандаи ноҳияи И.Сомонӣ буда, бинобар сабаби он, ки қаблан дар назди дӯстонаш чанд маротиба шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавсро дашномҳои қабеҳ додааст, номбурда ӯро дар назди мактаби миёнаи умумии № 70 интизор мешавад.”

Ҳамчунин дар идома гуфта мешавад, ки Фирдавс Қудратуллозода ноболиғ Асрор Ҷалоловро “барои суҳбат ба болои боми биноҳои “Қайроққум”-и пойтахт даъват намудааст, ки дар онҷо байни онҳо муноқишаи лафзӣ ба амал омада, дар натиҷа шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавс ноболиғ Ҷалолов Асрорро латукӯб намуда, чанд маротиба бо таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) ба баданаш задааст.”

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи куҷо кор кардан ё собиқаи кор доштани Фирдавс Қудратуллозода ҳеч маълумоте иро накардаанд, аммо дар хабар таъкид шудааст, ки “вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.”

Гуфта мешавад, навори шиканҷа ва латтукӯби ин наврас мавҷи вокунишҳои тундеро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда, корбарон аз мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои расмӣ талаб карда буданд, ки қазияро пайгирӣ ва омили ин ҷиноятро боздошт ва ӯро “ба ашадди муҷозот” гирифтор намоянд, то барои дигар ибрат шавад.

Бо вуҷуди он ки Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи боздошти омили ин ҷиноят хабар дода, навраси ноболиғи ҷабрдидаро ба додани “дашномҳои қабеҳ” муттаҳам кардааст, то замони нашри ин матлаб, назари ҷониби ҷабрдида ва ё наздикону пайвандон ва адвокати вай дар расонаҳо нашр шудааст.

Аз сӯи дигар, бархе коршиносон бар ин боваранд, ки эҳтимол меравад мақомоти корҳои дохилӣ бо муттаҳам кардани ҷабрдида Асрор Ҷалолов, ки гӯиё “дашномҳои қабеҳ” дода бошад, қасди сабуктар кардани ҷазо барои Фирдвас Қудратуллозодаро дар сар доранд.

Дар авҷи ҷанг парвандаи фасоди молии Натанёҳу аз сар гирифта шуд

0
TOPSHOT - Israeli Prime Minister Benjamin Netanyahu gestures as he speaks during a meeting of the right-wing bloc at the Knesset (Israeli parliament) in Jerusalem on November 20, 2019. (Photo by GALI TIBBON / AFP) (Photo by GALI TIBBON/AFP via Getty Images)

Дар ҳоле, ки артиши Исроил ин шабу рӯзҳо Ғаззаро бомборон дорад ва ҷанг шиддат гирифтааст, додгоҳе дар Исроил парвандаи фасоди молии Бинёмин Натанёҳу, нахусвазири ин кишварро аз сар гиирфтааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, парвандаи фасоди молии Натанёҳу аз рӯзи душанбе дигарбора оғоз шудааст. Гуфта мешавад, ин парванда ба далели ҳамлаи ҲАМОС рӯзи 7-уми октябр ба минтақаи шаҳракнишинони Исроил ба таъхир гузошта шуда буд.

Бинёмин Натанёҳу, раҳбари ҳизби растгарои Ликуди Исроил ва нахуствазири ин кишвар ба ришвагирӣ ва хиёнат дар амонат муттаҳам аст, аммо худи ӯ ин иттиҳомотро рад мекунад. Гуфта мешавад, Натанёҳу байни солҳои 2007 – 2016 пружаеро барои бархе сармоядорон дар ивази гирифтани пора пеш бурда, ки тавассути он сармоядорони исроилӣ ва шахсони наздик ба худаш соҳиби маблағҳои ҳангуфт шудаанд.

Аммо бархе аъзои ҳизбаш ин қарори додгоҳро интиқод намуда, гуфтаанд, ки ҳоло замони баррасии ин парванда нест ва Натанёҳу бояд машғули ҳаллу фасли ҷанг бо ҲАМОС бошад.

Ба гуфтаи коршиносон, зоҳиран байни шахси Натанёҳу ва аъзои ҳукуматаш танишҳои пасипардаии зиёде вуҷуд дорад, ки дар чанд рӯзи ахир кам кам ин даргириҳо аз худ дарак медиҳанд. Аз ҷумла, байни аъзои Ситоди ҷанги Исроил, ки худи Натанёҳу онро идора мекунад, ба гуфтаи расонаҳо, нофаҳмиҳои зиёде ба миён омадааст.

Гуфта мешавад, пас аз оне, ки додгоҳи Исроил алайҳи Натанёҳу парвандаи фасоди молӣ боз кард, ӯ мехост бо қабули қонуне салоҳияти додгоҳҳоро кам кунад ва идомаи тафтиши парвандаашро бигирад. Аммо дар натиҷа мардуми зиёде даст ба тазоҳуроти густарда заданд, ки моҳҳо тӯл кашид ва алайҳи ин қарори ҳукумати Натанёҳу эътироз карданд. Дар ниҳоят Натанёҳу маҷбур шуд аз ин қабули ин қарор даст бикашад.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Исроил аз 7-уми октябри соли ҷорӣ, пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба шаҳракнишинони Исроил ҳуҷуми ҳавоӣ, дарёӣ ва заминиро ба Ғазза оғоз кард. Бомборонҳои шадиди артиши ин кишвар болои Ғазза то имрӯз ҳудуди 16 ҳазор кушта ва беш аз 40 ҳазор захмӣ баҷо гузошт.

Роналду ба Тоҷикистон наомад

0

Ҳамлагари шинохтаи пуртуғолӣ ва бозигари бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Душанбе наомад. 

Қарор буд ин бозигари шинохтаи ҷаҳонӣ барои бозӣ бо дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон рӯзи 4-уми декабр ба Душанбе биёяд, аммо ӯ ташриф наовард.

Гуфта мешавад, имрӯз футболбозони бошгоҳи “Ал-Наср”-ро ҳаводорони тоҷикистонияшон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд.

Дар ҳайати “Ал-Наср” ситораҳои ҷаҳонии футбол, ба мисли Талиска, Садио Мане, Марсело Брозович ва дигарон бозӣ мекунанд, ки ҳама ба ҷуз Криштиано Роналду ба Тоҷикистон омаданд. 

Сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол” Рустам Ҳакимов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “ба иттилои маъмурияти бошгоҳи “Ал-Наср”, капитани даста ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду, ки дар бозӣ муқобили “Персеполис”-и Эрон осеб дидааст ва феълан табобат мегирад, ба бозӣ бо “Истиқлол” ба Душанбе наомад.”

Криштино Роналду дар ҳоле ба Душанбе ташриф наовард, ки мухлисони футбол дар Тоҷикистон аз ҳама бештар мунтазири ӯ буданд ва мақомоти тоҷик ҳам бо истифода аз номи ӯ аксар чиптаҳо барои бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср”-ро бо нархҳои гарон (аз 100 то 3000 сомонӣ) фурӯхтаанд. 

Гуфта мешавад, бозӣ миёни “Истиқлол” ва “Ал-Наср” фардо, 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.

Бояд қайд кард, ки ин бозӣ чизеро иваз намекунад, чун дар гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 13 имтиёз ба плей-офф роҳ ёфтааст, аммо “Истиқлол” аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум шудааст.

Бозии якуми ин ду бошгоҳ дар доираи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 рӯзи 2-юми октябр дар варзишгоҳи “Ал-Аввал Парк”-и шаҳри Риёз баргузор ва бо ҳисоби 3:1 ба нафъи “Ал-Наср” хотима ёфта буд.

Арабистон $100 миллион ба Тоҷикистон қарз медиҳад

0

Фонди Саудии Рушд барои идомаи сохтмони тарҳи Нергуҳои барқи обии “Роғун” 100 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон қарз медиҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 4-уми декабри соли 2023 байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд Созишномаи қаризие ба маблағи 100 миллион долллари амрикоӣ ба имзо расид.

Тоҷикистон ин қарро барои харҷ кардан дар идомаи корҳои сохтмони тарҳи Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз фонди мазкур талаб кардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд: “Ҳадафи асосии созишнома ин иштирок дар маблағгузории сохтмони иншооти НБО «Роғун» ҷиҳати таъмини нерӯи барқи барқароршаванда барои афзоиши истеҳсоли «нерӯи сабз» ва пешбурди «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон мебошад.”

Фонди Саудии Рушд низ дар саҳфаи X-и худ дар шарҳи ин хабар гуфта, ки раҳбари ин фонд дар шаҳри Душанбе Созишномаи қаризиеро бо вазири молияи Тоҷикистон имзо кардааст, ки он “як ташаббуси муҳимест, ки амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва обро тақвият бахшида, рушди устуворро дар кишвар фароҳам меорад.”

Гуфта мешавад, Вазорати молияи Тоҷикистон арзиши умумии ин қарзро 100 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ карда, таъкид мекунад, ки “пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ мегардад.”

Созишномаи қарзиро вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад дар бинои Вазорати молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расониданд.

Вокунишҳо ба шиканҷаи навраси ноболиғе дар Душанбе

0
Коллаж аз сомонаи "Бомдод"

Сабти навори шиканҷаи навраси ноболиғе дар шаҳри Душанбе мавҷи вокунишҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, вале мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 2-уми декбари соли 2023 дар ноҳияи Синои пойтахт, марди миёнасоле навраси ноболиғеро дар болои боми яке биноҳои баландошёна тавассути “электрошокер” мавриди шиканҷа ва озору азият қарор додааст.

Дар ин навор, ки ба сурати густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дида мешавад, ки навраси ноболиғе мавриди шиканҷа қарор гирифта, гиряву зорӣ ва тавалло дорад, ки ӯро мавриди шиканҷа қарор надиҳанд, вале ба ин нигоҳ накарда, вайро азият мекунанд.

Расонаҳо аз ин марде, ки ноболиғро шиканҷа мекунад, “Фирдавс ном” мебаранд, ки лақаби вай “Давсик” будааст. Инчунин гуфта мешавад, ки он писари ноболиғ хонандаи синфи 9 буда, ӯро “ба яке аз қабатҳои болоии як бинои сохтмонаш ҳанӯз ниматамом, маъруф ба “биноҳои зард”, дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бурда, дар тӯли тақрибан 2 соат бо электрошокер ва мушту лагат ӯро азобу уқубат ва шиканҷа додааст.”

Ин ҳолати риққатборе, ки на ҳар кас тавони то охир дидани он наворро дорад, мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, корбарон аз мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои расмӣ талаб доранд, ки қазияро пайгирӣ ва омили ин ҷиноятро боздошт ва ӯро “ба ашадди муҷозот” гирифтор намоянд, то барои дигар ибрат шавад.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз 48 соат аз нашри ин ведео ҳамоно мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои расмӣ дар ин бора ҳеч гуна иттилое нашр накардаанд. Инчунин бархе корбарон Фирдавс – марде, ки он нобилиғро шиканҷа мекунад, корманди яке аз мақомоти Тоҷикистон ном мебаранд.

Дар таҷрибаи беш аз даҳ соли ахир Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ин амр маъмул аст, ки вақте яке аз кормандони ин ниҳодҳо даст ба ҷиноят, хушунат ва ё шиканҷаи сокинон задаву сабти навори онҳо расонаӣ шуда бошад, дар аксар маврид мақомот хомӯш ва қазияҳоро сари вақт шарҳ надодаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистон

0

Масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 4-уми декабри соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо Султон Абдурраҳмон ал-Маршад, раиси Фонди Рушди Саудӣ дар Қасри миллат мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин мулоқот ҷонибҳо дар робита ба “масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушд” суҳбат карданд.

Инчунин дар ҷараёни ин мулоқот ҳар ду ҷониб ба тавсеаи ҳамкориҳо таъкид карда, гуфтанд, ки татбиқи тарҳҳое дар “соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об” аз бахшҳои муҳим дар оянда хоҳанд буд.

Гуфта мешавад, дар чанд соли ахир Ҳукумати Тоҷикистон ба баҳонаи таъмири нерӯгуҳҳои барқӣ-обӣ ва бахусус сохтмони Неругоҳи “Роғун” тавонистааст, ки сармояҳои зиёдеро ба кишвар ҷалб кунад, аммо бо сабаби зиёд будани фасод дар ҳукумати кишвар маълум кардани иттиллот аз дигар манбаъҳои озод дар бораи пулҳои харҷшуда дар ин тарҳҳо мушкил аст.

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар Тоҷикистон

0

Рӯзи 1-уми декабри соли ҷорӣ раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон мулоқот карданд.

“Ховар” дар истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо дар чорчӯби ҳайатҳои кории ҳукуматҳои ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории марз мулоқот намуда, натиҷаи нишастро “мусбат” арзёбӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин мулоқоти навбатӣ “зарурати фаъол гардонидани раванди ба охир расонидани таъйини гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда таъкид намуданд.”

Маълум нест дақиқан, ҳайатҳои кории топографаии ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории марз ба чӣ тавофуқоте даст ёфтанд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти ин наштсҳоро на ҳоло ва на аз рафти нишастҳои қаблии ин гурӯҳи корӣ ба расонаҳо шарҳ надодааст.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон ба расонаҳо каму беш аз раванди музокирот ва тавофуқоти ҳосилшуда иттилоъ медиҳад. Аз ҷумла, мақомоти Қирғизистон борҳо гуфтаанд, ки ба эҳтимоли зиёд то поёни соли 2023 масоили баҳсии марзро бо Тоҷикистон ҳал хоҳанд кард ва ба мувофиқаи ниҳоӣ хоҳанд расид.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст. Давоми 2-3 соли ахир борҳо байни сокинони марзии ду кишвар бар сари нуқтаҳои аломатгузоринашудаи марз даргириҳо рух дод, ки дар натҷиа ин муноқишаҳо аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷо гузошт.