18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 21

Доналд Трамп аз эҳтимоли қатъи кумакҳои ИМА ба Укранина гуфт

0

Доналд Трамп, рӯзи 9-уми декабр дар як мусоҳиба бо нашрияи Politic ишора кард, ки мумкин аст Вашингтон ҳимояи худ аз Украинаро қатъ кунад.

Ӯ гуфтааст, ки Украина бояд пешниҳоди ӯро дар бораи вогузор кардани бахше аз хокаш ба Русия баррасӣ кунад. Ба гуфтаи Трамп, “Русия дар ҷанг дасти боло дорад” ва Владимир Зеленский бояд барои хотимаи ҷанг “ҳамкорӣ кунад”.

Ин изҳороти Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи душанбе, 8-уми декабр дар Лондон бо раҳбарони Бритониё, Фаронса ва Олмон мулоқот анҷом дод.

Гуфта мешавад, ин дидор бо иштироки Кир Стармер, Эммануэл Макрон ва Фридрих Мерц сурат гирифта, ҷонибҳо ба як мавқеи муштараки амниятӣ расиданд ва роҳҳои нави дипломатиро барои пешбурди сулҳ дар Украина баррасӣ карданд.

Зеленский баъд аз мулоқот эълон кард, ки Киев дар наздиктарин фурсат фарзияи ниҳоии “нақшаи навшудаи сулҳ”-ро ба ИМА пешниҳод мекунад. Ӯ гуфт, ки ин нақша бояд заминаи ягонаи дипломатӣ байни Киев, Вашингтон ва муттаҳидони аврупоӣ бошад.

Раисҷумҳури Украина шоми душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки қисмҳои “зидди украинӣ”-и мавҷуда дар тарҳи аввали пешниҳодшуда аз ҷониби Амрико дар моҳи ноябр ҳазф шудаанд. Ӯ ҳамзамон иқрор кард, ки ҳанӯз дар бораи супурдани хоки Украина нигарониҳо вуҷуд доранд ва роҳи ҳалли нав пайдо нашудааст. Амрико пешниҳод кардааст, ки Украина ҳамаи нерӯҳои худро аз минтақаҳои шарқии ин кишвар, ки Русия мехоҳад тасарруф кунад, берун барорад. Гуфта мешавад, Русия ҳоло 75 дарсади Донбассро дар даст дорад, вале натавонистааст, ки тамоми онро тасарруф кунад.

Раҳбарони аврупоӣ гуфтанд, ки музокирот “самаранок” буд ва Аврупо омода аст, дастгирии худро ба Украина идома диҳад.

СПАД ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ медиҳад

0

Рӯзҳои наздик Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон таҷҳизоти нави низомӣ медиҳад. Дар ин бора муовини Дабири кулли СПАД Валерий Семериков хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, рӯйхат ва ҳаҷми техникаҳои низомие, ки бояд ба Тоҷикистон дода шаванд, аллакай мувофиқа шудаанд ва ҳоло кишварҳои узв муҳокима доранд, ки барнома аз кадом манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, додани ин таҷҳизоти низомӣ аз ҷониби кишварҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон ва дар чорчӯби татбиқи “Нақшаи панҷсолаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон” сурат мегирад, ки онро СПАД бо мақсади тақвияти амният дар минтақа иҷро мекунад.

Дар хабар дақиқ гуфта нашудааст, ин техникаҳои низомие, ки бояд ба Тоҷикистон дода шаванд, аз чӣ иборатанд. Вале ба назари коршиносон, ин техникаҳо метавонад аслиҳа ва таҷҳизоти марбути ҳифзи амният ва тақвияти марз бошанд.

Қаблан ҳам Тоҷикистон борҳо аз СПАД барои тақвияти амният ва ҳифзи марз бо Афғонистон дархости кумак карда буд. Агарчи муносибатҳои дипломатии Душанбе бо Толибон каме нармтар шудааст, вале ҳанӯз ҳамлаҳо аз марзи Афғонистон ба сӯи Тоҷикистон сурат мегирад, ки ин ҳамлаҳо Тоҷикистонро сахт нигарон кардааст.

Боздошти ду нафар бо иттиҳоми фиреби мардум дар либоси пулис

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавоне хабар дод, ки бо пӯшидани либоси пулис худро ҳамчун кормандони мақомоти бозрасӣ муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандон маблағҳои зиёд мегирифтаанд.

ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аз боздоштшудагон Шарифзода Абдуҷаббор ва Ҷурахонов Ҷумахон ном бурда, мегӯяд, онҳо дар пайи санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудаанд.

Бар асоси маълумоти пешакии тафтишот, гумонбарон бо роҳи фиреб ва суистифода аз боварии шаҳрвандон маблағҳои пулӣ ба даст овардаанд. Мақомот мегӯянд, чунин амалҳо “обрӯ ва эътимоди ҷомеаро нисбат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ коста мегардонанд”.

ВКД мегӯяд, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, айни замон нисбати онҳо тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.

Дар пайи боздошти гумонбарон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон хостаанд, ки “агар мавриди фиреби ин ду нафар қарор гирифта бошанд ё маълумоти иловагӣ дошта бошанд”, ба мақомоти пулис муроҷиат намоянд.

Коршиносон ва мунтақидон бар ин назаранд, ки афзоиши ҳолатҳои бардурӯғ худро мансабдор, бахусус корманди пулис ва нозирони роҳ ё кормандони мақомоти амниятӣ муаррифӣ кардан, худ нишонаи амиқи фасоди густурда дар ин ниҳодҳост. Ба гуфтаи онҳо, вақте одамон медонанд, ки дар баъзе бахшҳои сохторҳои қудратӣ “пораситонӣ бо баҳонаҳои гуногун” ба як амали маъмул табдил ёфтааст, баъзе ашхоси тамаъҷӯ низ аз ин вазъият сӯистифода карда, худро корманди давлатӣ нишон медиҳанд, то пули муфт ба даст оваранд.

Ин гурӯҳи мунтақидон таъкид мекунанд, ки чунин қазияҳо ҳушдорест барои мақомоти масъул, то мубориза бо фасод ва назорати доимӣ дар ниҳодҳои қудратиро шиддат бахшанд ва роҳро ба чунин сӯистифодаҳои хатарнок бубанданд.

Ҳамлаҳои хакерӣ ба корбарони Apple ва Google дар Тоҷикистон

0

Ширкатҳои “Apple” ва “Google” ба корбаронашон дар чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, огоҳинома дар бораи хатари ҳамлаҳои ҳадафмандонаи киберӣ фиристодаанд.

Хабаргузории “Ройтерз” навишта, ки ширкати Apple огоҳиномаро рӯзи 2-уми декабр ба корбаронаш дар 150 кишвари дунё фиристодааст, аммо ин ширкат на шумораи корбарони мавридиди ҳадаф қароргирифтаро эълон кардаасту на аз ташкилкунандагони эҳтимолии ҳамлаҳои хакерӣ ном бурдааст.

Дар ҳамин ҳол ширкати “Google” бо нашри изҳороте гуфта, ки ҳамлаҳои хакерӣ бо истифода аз нармафзори ҷосусии “Intellexa” анҷом дода шудаанд ва садҳо ҳисоб дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Покистон, Қазоқистон, Ангола, Миср, Узбекистон, Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон зери ҳадаф қарор гирифтаанд.

Google таъкид кардааст, ки “Intellexa” — гурӯҳи хусусии тиҷоратӣ дар соҳаи киберҷосусӣ буда, новобаста аз таҳримҳои ИМА “маҳдудиятҳоро давр зада, фаъолияташро идома дода истодааст.”

“Intellexa” соли 2019 аз ҷониби Тал Дилин, собиқ афсари истихбороти низомии Исроил таъсис ёфта, ба таҳияи абзорҳои пайгирӣ ва вуруди махфӣ ба дастгоҳҳо машғул аст.

Маҳсули аз ҳама маъруфи ин гурӯҳ “Predator” – нармафзори ҷосусиест, ки ба ҳамлагарон имкон медиҳад назорати пурра бар дастгоҳи қурбониро ба даст оранд ва он тавассути пайвандакҳои зараровар ё ҳатто рекламаи онлайн насб мешавад.

Вақте “Predator” дар дастгоҳ насб мешавад, он ба ба мессенҷерҳо, аз ҷумла WhatsApp ва Signal дастрасӣ пайдо карда, камера ва микрофони телефонро идора карда метаваонад. Ҳамчунин ин нарафзор ҷойро муайян карда, метавонад маълумотҳоро аз ҳофиза ва паролҳоро низ ба даст орад.

Мутахассисони соҳа барои бо ин мушкил рӯ ба рӯ нашудан ба корбарон тавсия медиҳанд, ки ҳамеша версияи “OS” ва барномаҳои дастгоҳҳои худро навсозӣ намуда, аз пайвандакҳо ношинос ва рекламаҳои онлайнӣн дурӣ ҷӯянд ва ҳамзамон аз ҳимояи “2FA” истифода баранд.

Гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои ҳадафмандонаи хакерӣ бо истифода аз “Predator” дар гузашта бештар нисбати рӯзноманигорон, фаъолони ҷамъиятӣ, сиёсатмадорон ва соҳибкорон сурат гирифта буд, вале ҳоло корбарони оддӣ низ метавонанд дар минтақаи хатар қарор гиранд.

Боздошти чанде аз фарзандони шахсони шинохта аз марказҳои дилхӯшӣ

0
Screenshot

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чанде аз фарзандони чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон аз марказҳои дилхушии пойтахт боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 7-уми декабр чанд ҷавон, аз ҷумла писарони шахсони шинохта, барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази дилхушии “Dream” боздошт гардиданд.

Дар миёни боздоштшудагон Сироҷов Шердил (писари молики собиқи маҷмааи “Ҷал Ҷам”), Аюбов Ҷовидон (писари овозхони шинохта Зафар Аюбӣ), Алиев Мануҷеҳр ва Ҳабибов Муқимҷон номбар мешаванд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, як нафари дигар писари як тоҷири маъруф низ боздошт шудааст, аммо номаш зикр нашудааст.

Гуфта мешавад, ки ин афрод ба сабаби муноқиша ва фанҷол боздошт шудаанд ва муноқишаи онҳо дар дохили маркази дихушии “Dream” оромии ҷамъиятиро халалдор карда, нороҳатии дигар шаҳрвандонро ба миён овардааст. Тибқи маълумоти мақомот, Сироҷов Шердил қаблан низ дар чунин қазияҳо даст доштааст.

Додгоҳ барои Шердил Сироҷов 10 шабонарӯз ва барои дигарон 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кардааст. Ҳамзамон, маводҳо барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ низ омода шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ин ҳодиса бори дигар масъалаи рафтори баъзе фарзандони шахсиятҳои маъруфро зери суол мебарад. Ин бори аввал нест, ки писарони шахсиятҳои маъруф ва ҷеҳраҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар сархати расонаҳо қарор мегирад.

Ба бовари мардум, аксари фарзандони шахсиятҳо маъруф аз доштани пул ва шуҳрат волидайнашон суистифода карда, дар ҷомеа даст ба бетартибӣ мезананд.

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон боз ҳам гарон шуд

0

Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гарон шудани нархи гӯшт дар мағозаҳои пойтахт шикоят мекунанд.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук навиштаанд, ки дар мағозаи “Пайкар” як килои гӯшти лаҳм 219,90 сомонӣ (ҳудуди 31 доллари амрикоӣ) нархгузорӣ шудааст.

Корбарони зиёде ба ин нархи гӯшт вокуниш нишон дода, мепурсанд, ки чаро мақомот нархи гӯштро дар мағозаҳои бузург назорат намекунад. Аз ҷумла, як корбар бо номи Иззатманд Салмониён менависад: “Гӯштфурӯшонро ку барои нархи баланд ҷарима ё танбеҳ медиҳанд, соҳибони мағозаҳо гӯштро аз куҷо мегирифта бошанд ва оё онҳо ҳам масъул ҳастанд?”

Корбарони дигаре низ ҷонибдори ин гаронкунӣ ҳастанд ва дар посух ба ин навишта мегӯянд: “Пул надорӣ нахар, ҳастанд одамони гӯштхар.”

Бархе дигар боварашон намеяд аз ин нархи баланд ва мепурсанд, ки шояд ин нархи умумии гӯшти бурида ва ҷудокарда бошад, ки вазнаш аз ду кило бештар аст. Вале корбарони дигар ба ин шубҳаҳо посух дода, мегӯянд: “Навиштаҷотро бубинед, нарх барои як кило навишта шудааст.”

Ин гуна гарон шудани гӯшт дар бозорҳои пойтахт аҳолиро нигарон кардааст. Дар ҳоле ки то имрӯз нархи гӯшти устухондор дар бозорҳои кишвар аз 90 то 115 ва гӯшти лаҳм то 145 сомонӣ арзиш дошт.

Мақомоти додситонӣ ва пулиси шаҳри Душанбе охири моҳи ноябр дар бозорҳои бузурги пойтахт, аз ҷумла бозори “Фаровон”, “Меҳргон”, “Саховат” ва ғайра санҷиш гузаронида, тақрибан 120 гӯштфурӯшро аз 3500 сомонӣ то 7500 сомонӣ ҷарима карда буданд. Ҳамзамон дар ҳамин санҷиш 5-6 қассоби дигарро, ки ба гӯштфурӯшӣ машғул буданд, маҳз бо иттиҳомӣ “гаронфурӯшӣ” 5-рӯзӣ ба зиндон андохтанд.

Талоши блогерони наздик ба Ҳукумат барои камранг нишон додани бебарқӣ дар Тоҷикистон

0

Бо шиддат ёфтани маҳдудияти барқ дар тамоми Тоҷикистон, чанде аз блогерони наздик ба Ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ талош доранд, ки ин мушкилро ба “боришоти ками борон” ва “буҳрони камобӣ” рабт дода, норозигии афзояндаи мардумро коҳиш диҳанд.

Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон низ дар саҳифаҳои худ дар Фейсбук навориеро нашр кардааст, ки дар он маҳдудияти шадиди барқ ба тағйироти иқлимӣ ва сатҳи поини об дар обанборҳо марбут дониста мешавад. Яке аз ин блогерон ҳатто шикоятҳои мардум аз бебарқиро “фитна” номида, мегӯяд: “Баъзе истифодабарандагони интернет ва ба ном блогерон, вақте барқ хомӯш мешавад, сторис мегузоред ва фитна мекунед. Мо худамон дорем худро паст мезанем. Дар чунин ҳолатҳо бояд сабр кунем”.

Дар ин наврои видеоӣ як нафар, ки гуфта мешавад аз мутахасисони НБО Норак аст, иброз медорад, ки сатҳи об дар обанбор нисбат ба соли гузашта се метр камтар аст. Ба гуфтаи ӯ, обро “барои рӯзҳои вазнин” захира мекунанд ва “дар сурати зиёд шудани боришот, вазъ беҳтар мешавад”.

Ин навори видеоӣ баҳси доғеро дар байни корбарон бабор оварда, аксарият камобиро “баҳона”-и мақомдорон медонанд.

Корбаре бо номи Сафаралӣ Саторов навиштаст: “Ҳамааш афсона. Агар ба гуфти мутахассисони соҳаи барқ гӯш кунем, онҳо фақат як баҳона доранд: имсол нисбат ба соли гузашта об дар обанбор 3–4 метр камтар аст. Агар ҳаминро ба 10 сол гузашта ҷамъ кунем, бояд ҳоло обанбор 30–40 метр камобӣ медошт. Ягон баҳонаи дигар ёбед, барқчиён.”

Корбари дигаре менависад: “Агар хона гарм бошад, барқ дигар зарур нест, ба торикӣ дигар одат кардаем. Ман фикр мекунам, агар як шаб коргарони барқро ба ошёнаи 11 фиристем, барқро хомӯш карда, дар он ҷо бихобанд, намедонам чӣ мегуфта бошанд ва киро ҳақорат мекарда бошанд.”

Истифода барандаи дигар бо номи Хуршед Зарифзодам аз бе адолатӣ дар маҳдудияти барқ ишора карда менависад: “Лимит бояд барои ҳама яксон бошад. Дар хонаи раисону мансабдорон барқ ҳаст, вале дар хонаи деҳқон муъалиму духтур барқ нест.”

Сокинони биноҳои баландошёна мегӯянд, ки қатъи барқ ҳаёти онҳоро ба мушкил рӯбарӯ кардааст, зеро бе барқ истифода аз лифт, дастрасӣ ба оби тоза ва бисёр нигоҳубини рӯзмарра номумкин мешавад. Дар ҳамин ҳол, талоши ҷонибдорони Ҳукумат барои вобаста кардани лимити барқ ба камборишӣ ва мушкилоти иқлимӣ, дар шароити афзоиши норозигии мардум, баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумат бори аввал расман маҳдудияти барқро дар саросари кишвар тасдиқ карда, ба сокинон бо тариқи паёмак нома фиристонд. Солиёни зиёд мардум дар фасли зимистон бо камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешуданд, аммо имсол ҳатто шаҳрҳои бузург ва пойтахт ҳам аз хомӯш шудани барқ бе насиб намондан.

Аз бебарқӣ арӯсу домод ҷон бохтанд

0

Шаби 5 ба 6-уми декабри соли ҷорӣ дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт домоду арӯс бар асари дуди ангишт заҳролуд шуда, ҷон бохтанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш навишта, ки домод 25-сола ва арӯс 18-сола буда, ҳамагӣ ду моҳ пеш оиладор шуда буданд.

Ба гуфтаи манбаъ, шаби 5-уми декабр ҳаво сард мешавад ва зану шавҳар барои гарм кардани хона аз ангишт истифода бурда, аз дудаш заҳролуд мешаванд. Наздикони домод аз ин ҳодиса дер, яъне субҳи 6-уми декабр огоҳ мешаванд ва онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистн ба сабаби дуди ангишт ба ҳалокат расидани ин зану шавҳари ҷавонро имрӯз бо нашри изҳороте расман тасдиқ кард.

Бояд гуфт, ҳамасола бо оғози сардиҳо дар тирамоҳу зимистон барқ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба сокинон бо реҷаи муайян дода мешавад ва дар пайи ин бебарқӣ ва сардии ҳаво аҳолии кишвар маҷбур мешаванд, хонаҳои худро бо бухориҳо гарм кунанд ва аз ангишт истифода карданд.

Ва ин боиси даҳҳо ҳолати заҳролуд шудан ва ё марги сокинон бар асари дуди ангишт ва сӯхтори хонаҳо гаштааст. Аз ҷумла, шаш сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт соли гузашта ҷон бохта буданд. Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола буданд.

Собянин аз норасоии ним миллион коргар дар Маскав гуфт

0

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ғайримчашмдошт аз вуҷуди муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳимоят кард.

Собянин дар пахши зиндаи яке аз шабакаҳои русӣ гуфт, ки муҳоҷиронро аксар онҳое интиқод мекунанд, ки худ омода нестанд кори вазнин, аз ҷумла тоза кардан, сохтмон ва дигар корҳои ҷисмиеро, ки кӯшиши зиёд мехоҳанд, иҷро кунанд.

Ӯ ба чунин коршиносони “норозӣ” машварат дод, ки бо маълумоти олӣ худашон ба даст ҷорӯб гирифта, кӯчаҳои Маскавро покиза кунанд.

Дар идома шаҳрдори Маскав таъкид кард, ки суханҳо дар бораи афзоиши шадиди шумораи муҳоҷирон асос надоранд. Ба гуфтаи Собянин аз соли 2018 шумораи коргарони хориҷӣ қариб тағйир наёфтааст. Камшавии муваққатӣ танҳо дар давраи пандемия мушоҳида шуда, пас аз он нишондиҳандаҳо ба ҳолати пештара баргаштанд.

Ӯ ҳамчунин аз коҳиши ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон хабар дода, гуфт, ки ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор ва дуздӣ дар солҳои охир чандин маротиба кам шудаанд.

Ҳамзамон Собянин таъкид карда, ки танҳо Маскав бо норасои ҷиддии коргар рӯ ба рӯ буда, тақрибан ним миллион коргар дар соҳаҳои гуногун намерасад ва бе муҳоҷирон иҷро кардани тамоми ҳаҷми кори пойтахт ғайриимкон аст.

Ҳимоят аз кори муҳоҷирон дар ҳоле аз забони шаҳрдори Маскав садо медиҳад, ки дар Русия сиёсатмадорони миллатгаро фазои муҳоҷирбадбиниро ба вуҷуд оварда, бо пешниҳоду қабули қонунҳои нав дар Думаи давлатӣ талош доранд кор ва шумораи онҳоро маҳдуд кунанд.

Ҳатто гурӯҳе аз сиёсатмадорони рус пешниҳод доранд, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки муҳоҷирон аз ин кишварҳо аксар корҳои сахт дар Русияро иҷро мекунанд, виза ҷорӣ карда шавад.

БАТР барои сарфаи нерӯи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро медиҳад

0

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ” ба Тоҷикистон 43 миллион евро кумак мекунад.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, рӯзи 4-уми декабри соли ҷорӣ дар ин ниҳод созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расид.

Гуфта мешавад, созишномаҳои мазкур аз ҷониби вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расонида шуданд.

Ба иттилои ин ниҳод, “арзиши умумии созишномаҳои мазкур 43,0 млн евроро ташкил дода, аз он 28,0 млн евро маблағҳои қарзӣ ва 15,0 млн евро маблағҳои грантии Фонди сармоягузории Осиё-Уқёнуси Ороми Иттиҳоди Аврупо мебошад.”

Ҳадафи асосии ин қарзҳо ва грантҳо кумак ба татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ” буда, дар чорчӯби он навсозии зерсохторҳои ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.

Вазорати молияи Тоҷикистон тафсилоти ин лоиҳаро нашр накардааст ва маълум нест, бо ин маблағ ғайр аз “навсозии зерсохторҳои ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ” боз барои кам кардани талафоти нерӯи барқ кадом корҳоро иҷро мекунанд.

Кумаки БАТР ба лоиҳаи мазкур дар ҳолест, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар ин шабу рӯзҳо маҳдудияти нерӯи барқ ба шиддат ҷорӣ шудааст ва ба мардум дар як шабонарӯз камтар аз 2-3 соат барқ дода мешавад. Ба гуфтаи сокинон, чунин маҳдудияти барқ собиқа надоштааст.

Қаблан ниҳодҳои тақсимоти барқ, бахусус масъулони “Барқи тоҷик” борҳо гуфта буданд, ки аҳолӣ аз барқ қарздор аст ва талафоти нерӯ аз ҷониби аҳолӣ зиёд ба чашм мехӯрад. Ба гуфтаи коршиносон, масъулон пайваста аҳолиро барои сарфаи нерӯи барқ тавсия медиҳанд, дар ҳоле ки барқ қариб ки вуҷуд надорад.