23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 239

Тоҷикистон мизбони нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад

0

Тоҷикистон барои баргузории панҷумин Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе омода мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, тайи рӯзҳои 9-10-уми августи соли 2023 намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душнабе ҷамъ шуда, дар бораи “Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” бо ҳам маслиҳат карданд.

Ба қавли сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тайи ин ду рӯз “лоиҳаҳои рӯзномаи Вохӯрии машваратӣ, Изҳороти муштараки сарони давлатҳо ва дигар санадҳое, ки баимзорасонии онҳо аз натиҷаи саммити Душанбе дар назар аст, баррасӣ шуданд.”

Гуфта мешавад, Вохӯрии панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Инчунин дар ин рӯзҳо беш 12 чорбании ҳошиявии дигар аз он ҷумла “баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал низ ба нақша гирифта шудааст.”

Занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Русия

0

Дар пайи занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар шаҳри Всеволожски вилояти Ленингради Русия ду зодаи Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, шоми 7-уми августи соли ҷорӣ дар Пугаревои Всеволожск миёни муҳоҷирон занозании оммавӣ рух додааст.

Баъд аз расидани иттилоъ дар бораи занозанӣ, кормандони мақомот ба ҷойи ҳодиса рафтаанд, аммо пеш аз он, ки мақомоти полис ба ҷои ҳодиса ҳозир шаванд, занозании онҳо ба охир расидааст. Пулис 40 нафар аз “иштирокчиён”-и ин занозаниро боздошт карда, аз онҳо 4 дона “гилза ва ду корд мусодира кардааст.

Дар натиҷаи ин занозанӣ, бо ҷароҳатҳои гуногун, аз ҷумла захми корд шаҳрванди 36-солаи Федератсияи Русия Абулазибек ва ду шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасани 33-cола ва Рузимуроди 30-сола дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса тибқи қисми 2 моддаи 111 (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) -и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

То ҳол ҳеч гуна иттилои расмӣ дар бораи сабабҳои сар задани ин занозании гурӯҳӣ, назари боздоштшудаҳо дар ин бора ва чанд тан аз зодагони Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса боздоштшуда аст, маълум нест.

Имрон Хон барои 5 сол аз фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум шуд

0

Нахуствазири собиқи Покистон Имрон Хон барои 5 сол аз фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Кумитаи Интихоботи Покистон пас аз он, ки додгоҳе Нахуствазири собиқи Покистонро ба 3 соли зиндон маҳеки кард, Имрон Хонро барои 5 сол аз фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум кард.

Дар баёнияе, ки Кумитаи интихоботи Покистон нашр кардааст, таъкид шудааст: “Имрон Хон барои як давраи панҷсола радди салоҳият шудааст.”

Тибқи қонунгузории Покистон ҳар фарде, ки аз ҷониби додгоҳ маҳкум шавад, наметавонад бар асоси муддате, ки Кумитаи интихобот муайян кардааст, ба ҳеч як аз маснадҳои давлатӣ номзад шавад. Панҷ сол радди салоҳият шудан ин ҳадди аксари муддатесте, ки барои фарди маҳкумшуда, муайян карда мешавад.

Имрон Хон дар охирин суханронии худ барои ҳаводоронаш хитоб ба ҳукуматдорони Покистон гуфта буд, ҳар чӣ қадар фишор болои ҳаводоранашро ҳам зиёд кунанд, агар имсол ва ё соли оянда интихобот баргузор шуд, хоҳ ӯ дар озодӣ бошад ва хоҳ дар зиндон Ҳизби Таҳрики Инсоф, ки раҳбараш аст, пирӯз хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дирӯз, 8-уми моҳи ҷорӣ додгоҳе дар Покистон Нахуствазири собиқи Покистонро бо иттиҳоми аз ҷиноятҳои иқтисодӣ ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард ва баъд қироат шудани ҳалномаи суд судиҷрочиён билофосила ӯро аз манзили зисташ боздошт ва боздоштгоҳе дар наздикии пойтахти ин кишвар, шаҳри Исломобод интиқол додаанд.

Имрон Хон яке аз маҳбубтарин чеҳраҳои сиёсӣ дар ин кишвар аст, ки бо вуҷуди фишорҳои зиёди мақомот ба пайравонаш то рафт теъдоди ҳаводорони ӯ зиёд мешаванд. Ҳаводорони Имрон бо баргузории як иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери унвони “Имрон Хонро раҳо кунед” мардумро барои баргузории тазоҳуротҳои густарда дар шаҳру ноҳияҳои худ дар 10-уми августи соли ҷорӣ даъват доранд.

Тақвияти марзҳои Лаҳистон бо Беларус

0
Акс аз Интернет
Polska, listopad 2021 rok Straz Graniczna na granicy polsko bialoruskiej. Fot. materialy prasowe Strazy Granicznej

Мақомоти Лаҳистон тасмим гирифтаанд, ки ба хотири кам кардани хатарҳо ва пешгирӣ намудан аз таҳдидҳои хориҷӣ марзҳои муштараки худ бо Беларусро тақвият бахшанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти лаҳистонӣ дар мувофиқа бо Вазорати дифои кишвар қасд доранд, ки марзҳои муштараки худ бо Беларусро бо ирсоли ҳудуди 2 ҳазор афсар ва сарбози иловагӣ тақвият бахшанд.

Пеш аз ин Хадамоти марзбонии Лаҳистон иттилоъ дода буд, ки дар чанд моҳи ахир вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз тариқи марзҳои Беларус ба хоки ин кишвар зиёд шудааст. Афзоиши вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон, ки аксари онҳо аз кишварҳои Ховари Миёна, Шимоли Африқо, Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо мебошанд, онҳоро нигарон кардааст.

Гуфта мешавад, аз замони оғози ҷанги Украина дар 24-уми феврали соли 2023 ва ҳамлаҳои Русия алайҳи он кишвар рӯз то рӯз муносибати кишварҳои Русия ва Баларус бо Лаҳистон, ки яке аз муттаҳидони Украина аст, сардтар мешавад.

Инчунин, пас аз он, ки гурӯҳи низомии “Вагнер” дар моҳи гузашта аз хоки Русия ба қаламрави Баларус табъид шуд, нигаронии мақомоти лаҳистонӣ афзоиш ёфт. Борҳо мақомоти баландпояи ин кишвар аз тариқи расонаҳо изҳори нигаронӣ карда гуфтанд, ки вуҷуди зархаридони “Вагнер” дар чанд километрии марзҳои ин кишвар метавонад амнияти онҳоро халалдор кунад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Роғун рафт

0

Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар ҷиҳати боздид аз корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи Оби Бақии “Роғун” ба шаҳри Роғун сафар кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 9-уми августи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати ҳукуматаш ба шаҳри Роғун рафтааст.

Дар рафти ин сафар нахуст аз рафти “корҳои азнавсозии роҳи мошингарди “Роғун-Обигарм-Нуробод” ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб” дидан кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон сипас ба Неругоҳи барқи обии Роғун рафта бо хеле аз ширкатҳои сохтонӣ, ҷараёни корҳо дар майдончаҳои “Сойи оби шӯр”-у “Бинои технологӣ” ва корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун ва сохтмончиёни он дидору гуфтугӯ кардааст.

Гуфта мешавад, ҳар чанд мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон дар бораи вазъи саломатии президент то ҳол ба расонаҳо чизе нагуфтаанд, аммо дар хеле аз ин аксу наворҳои нашршуда аз рафти сафараш ба шаҳри Роғун ва таҳаррукоти корвони ҳамроҳонаш дида мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмони 71-сола хеле хаставу афгор менамояд.

Норасоии наздик ба се ҳазор корманди соҳаи тиб дар Тоҷикистон

0
Акс аз Интернет

Вазири тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки айни замон дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон наздик ба се ҳазор табиб ва ҳамшераи тиббӣ намерасад.

Имрӯз, 9-уми августи соли 2023 Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, айни замон дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон 2 ҳазору 298 табиб ва 575 нафар ҳамшираҳои тиб намерасанд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон дар бораи норасоии кадрҳои ин соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 49 табиб, 35 ҳамшираи тиб, дар вилояти Хатлон 788 табиб, дар вилояти Суғд 579 табиб, 54 ҳамшираи тиб ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 412 табиб ва 219 ҳамшираи тиб намерасанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид кард, ки сол гузашта 546 табиб ва 1 ҳазору 187 корманди миёнаи тиббӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар доштанд ва 6 моҳи соли 2023 бошад, 70 табиб ва 343 нафар ҳамшираи тиб тарки Тоҷикистон карда, ба муҳоҷират рафтаанд. Инчунин дар ҳамин шашмоҳа 70 табиб ва 51 ҳамшираи тиб аз хориҷ ба Тоҷикистон омада, дар соҳаи тандурустӣ кор мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 5 ҳазору 116 муассисаи тиббӣ амал мекунад. Биноҳои 243 адади онҳо таъмирталаб мебошанд. Инчунин биноҳои 133 адади дигари ин муассисаҳои тандурустӣ, ки аксари онҳо дар ноҳияҳо қарор доранд, дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, фаъолияти онҳо дар ҷойҳои ғайри муқаррарӣ таъйин карда шудааст.

Душанбеи беоб: шаҳри зебо ё пешобхона?

0

Беш аз ду даҳсола Эмомалӣ Раҳмон даъвои таъмини мардуми ҷаҳон бо “оби тоза”-ро дорад, вале писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе сокинони пойтахтро бо об таъмин карда наметавонад.

Имрӯз, 8-уми августи соли 2023, журналист Маҳмадулло Мақсадулло бо интиқод аз беобӣ дар пойтахт гуфтааст: Аз ошёнаҳои боло ҳатто пешобашонро дар “баклажка” ҳавола мекунандее.”

Ба гуфтаи ин сокини пойтахт, онҳое, ки аз биноҳои баландошиёна “пешобашонро дар “баклажка” гирифта ба замин ҳавола мекунанд, “боз беибо даъво доранд, ки об надорем, хона бӯй мегирад???”

Маҳмадулло Мақасадулло дар идома таъкид мекунад, “шаҳратон ҳамин аст, чӣ афсус мехӯред? Гӯё аз моҳ фаромадаеду шаҳратонро намедонед?? Чунин ҳодисаҳо дар ноҳияи Сино, ба қавле дар “хонаҳои нави марзи қӯчаи гардиши Яккачинор аз самти Моҳи нав ба самти (ба) истилоҳ, Профсоюз” рух медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол бархе корбарон бо таъйиди чунин ҳодисаҳо дар пойтахти Тоҷикистон мегӯянд: “Дигар ҷойи ҳайрат нест, ҳар кор мекунанд!” Ва”Ояндаи шаҳри зебо дар рӯзҳои беобӣ чунин мешавад…”-у агар “гирду атрофи хонаҳоро бинед, ҳама чизро мебинед, ҳатто “моча и кал”-и фарзандҳояшон…”

Дар раванд Кумитаи ҳолатҳои фавқулъоддаи Тоҷикистон ҳам бо дарки масъулият аз ин ҳолатҳои пешомада дар пойтахт нигаронӣ карда гуфтааст: “Ин ваҳшоният бояд пешгирӣ шавад!”

Гуфта мешавад, аз замоне, ки раҳбарии пойтахт ба дасти Рустами Эмомалӣ, писарбузурги Эмомалӣ Раҳмон уфтодааст, мушкилоти шаҳри Душанбе, аз он ҷумла таъмини об, сари вақт кашонида бурдани партовҳо ва дар умум риояи назофат дар шаҳр хеле камтар шудааст.

Рустами Эмомалӣ, шарҳдори Душанбе ва писарбузурги Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама шароит ва имконоте дар даст дорад, агар ирода ва амал кунад, метавонад, ин ҳама мушкилоти камобӣ, сари вақт холӣ кардани партовгоҳҳо аз партовҳо ва мушкилоти нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахт бартараф кунад, аммо ба гуфтаи кобар Ҳомид Хостихудоев: “Имон, ки заиф шуд аз ин бадттарашро интизорем. Ҳангоми кубри оби магистралиро маҳкам кардан, дар салафан р… партофтаншро ҳам дидем.”

Қатъи фаъолияти панҷ созмон дар Бадахшон

0

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи ахир панҷ созмони иҷтимоиро бо қарори суд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барҳам додаанд.

Имрӯз, 8-уми августи соли 2023, муовини Вазорати адлия Асадулло Ҳакимзода гуфт, ки дар пайи санҷиши беш аз 140 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Бадахшон, бо қарори додгоҳ фаъолияти созмонҳои “Номус ва инсоф”, “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”, “Панҷ”, “Ҷавонони ноҳияи Ишкошим” ва “Клуби гуштини шайдон” қатъ шуданд.

Ба иддаои Ҳакимзода, ин созмонҳо “бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд ва сармоягузорӣ мешуданд”, аммо фаъолони мадании Бадахшон идааои мақомотро рад мекунанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ, Радиои Озодӣ хабареро нашр карда буд, ки дар он аз фишори мақомот болои созмонҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд. Он замон бархе намояндагони ҷомеаи маданӣ гуфта буданд, мақомот болояшон фишор оварда истодаанд, ки ихтиёрӣ созмонҳои иҷтимоии худро муфлис эълон карда, барҳам диҳанд. Ба гуфтаи онҳо дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ сокинони минтақа кор мекарданд ва бахши дигари мардум ба воситаи ин созмонҳо ёрӣ мегирифтанд.

Аммо мақомот он замон низ гуфта буданд, ки “танҳо фаъолияти созмонҳое бас (қатъ) шуд, ки бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштанд”.

Фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ пас аз ҳодисаҳои хунин дар ин вилоят шиддат гирифта, даҳҳо тан аз фаъолони зодаи Бадахшон бо иттиҳомоти сохтаи мақомот равонаи зиндон гардиданд.

Манучеҳр Холиқназаров ва Улфатхоним Мамадшоева раҳбарони созмонҳои барҳамхурдаи “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир” ва “Номус ва инсоф” низ дар пайи саркӯби мақомот дар Бадахшон бо иттиҳомҳои сохта ба 16 ва 21 сол зиндон шуданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон озодии фаъолони зиндониро талаб карданд, аммо мақомот мисли ҳамеша талабу тавсияи ин созмонҳоро нодида мегиранд.

Гунаҳкори фоҷеаи Кӯлоб кист: Ронанда ё ҳукуматдорон?

0
Коллаж аз саҳфаи Рустами Ҷонӣ

Гузоришҳо аз шаҳри Кӯлоб ҳикоят аз он мекунанд, вазъияти саломатии панҷ нафар аз маҷрӯҳони ҳодисаи маргбори шоми 6-уми августи соли ҷорӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад.

7-уми августи соли 2023 Орзӯ Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб ба расонаҳо гуфт, вазъияти саломатии панҷ нафар аз маҷрӯҳон дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Ба қавли Орзӯ Ҳамидиён, дар пайи фоҷеаи маргбори шоми 6-уми моҳи ҷорӣ “ҳудуди 10 нафар аз дунё гушзаштанд, панҷ нафар дар ҳолати вазнин, панҷ нафари дигар дар ҳолати миёнаи вазнин ва 2 нафари дигар дар шакли нисбатан сабӯктар дар хона табобат гирифта истодаанд.

Шоми ҳамон рӯз сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ пеш аз анҷоми таҳқиқот хабар дод, ки ин ҳодиса ба сабаби “аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта” аст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳам бо интишори як изҳори тасаллияти “истисноӣ” дар бораи сабабҳои ин ҳодиса гуфт: Автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд.

Сайёфи Мизроб, сардабири газетаи СССР ва аз мубаллиғони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо нашри як гузориши видеоӣ аз ҷои ҳодиса гуфт, ки ин мошини боркаш 90 тонна молу маҳсулот доштааст. 50 тонна дар дохили худаш ва 40 тоннаи дигар дар “прицепаш”. Ӯ таъкид мекунад, бар асари 11 мошини сабукрав ва се манзили истиқоматӣ вайрон шудаанд.

Ин қадар бори гарон ҳамл кардани мошинҳои борбар ва он ҳам мутааллиқ ба яке аз ширкатҳои мансуб ба домоди Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифта, ки ба гуфтаи журналист Рустами Ҷонӣ: “Моҳи апрели соли 2023 ҳукумат қарор баровард, ки мошинҳои (борбар) аз 40 тон бештар бор ҳамлу нақл накунанд.”

Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони ПМТ дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, “мошини боркаше, ки дар шаҳри Кӯлоб ба садама дучор шуд ва боиси марг ва ҷароҳати сокинон гардид соли 2011 аз ҷониби ширкати “Голд тур транс”-и мутааллиқ ба худи ӯ ва Умаралӣ Қувватов аз Чин харидорӣ шуда буд ва тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ муҳлати истифодаи боркашонӣ аз ин мошин панҷ сол муқаррар шудааст”.

Шарофиддин Гадоев меафзояд, ки баъд аз мусодира шудани молу мулки мутааллиқ ба ӯ ва Умаралӣ Қувватов, ҳоло ин мошинҳои боркаш ба ширкати ҶДММ “Кафолат Воридоту Содирот”-и Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хидмат мекунанд. 

Ба гуфтаи ӯ, ронандаи ба садама дучоршуда пеш аз роҳ баромадан масъулини ширкатро хабардор карда буд, ки “колодкиҳо”-и мошин 35% қобили истифода ҳастанд, аммо масъулини ширкат ба вай гуфтаанд, ки “як сафари дигар анҷом деҳ баъд мушкилатро бартараф хоҳем кард”.  Мошин дар ҳолати садамавӣ ба сафар баромадааст.

Инчунин Шарофиддин Гадоев дар идомаи суҳбаташ таъкид кард, ки дар китобчаи техникии ин мошинҳо қайд гардидааст, ки танҳо 18,5 тонна бор бардошта метавонанд, аммо ширкатҳои мутааллиқ ба домоди раисҷумҳур дар ин мошинҳо як баробар бештар, яъне 36-40 тонна бор ҳамл мекунанд то даромади бештар ба даст оранд ва ин боиси аз кор мондани системаи бехатарии бе инҳам фарсудаи мошинҳои куҳна мегардад. 

Ба гуфтаи Шарофиддин Гадоев мошинҳои боркаш набояд бо чунин ҳолати техникӣ ба роҳ бароянд, аммо чун нуқтаҳои ташхиси техникии мошинҳо ба мисли ширкати “Рушди Рохнавард”, ки ба Шамсулло Соҳибов тааллуқ дорад, ба мошинҳои мутааллиқ ба дигар ширкатҳояш иҷоза медиҳад, ки бар хилофи қонунгузории Тоҷикистон ва қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ корҳои ҳамлу нақлро анҷом диҳанд.

Дар ҳамин ҳол раҳбари ҳаракати “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев бо зери суол бурдани ҳама сабабу иллатҳои дар боло овардашуда бо нашри як матлаб мегӯяд:”Оё метавонад пахш кардани мардум амали пешопеш тарҳрезишуда бошад? Ронандаи норозӣ аз сиёсатҳо ва бозиҳо, хастагӣ ва ноҳаққиҳо барои интиқом ба камикадзе – интиҳорӣ бадал гардад?!”

Раҳбари ҳаракати “Ватандор” таъкид мекунад, ки “дараҷаи норозигӣ, бадбинии ҳукумат, эътироз, нафрат, ғазаб дар Тоҷикистон ҳоло ба ҳадде расидааст, ки норозиён метавонанд ба ҳар амале даст зананд. «Аз чунин зиндагӣ мурдан беҳ!»- чунин суханонро ҳар рӯз мешунавам. Вай гапашро хулоса карда мегӯяд: “Ду мошин ҳоло дар рӯ ба рӯи ҳам қарор доранд. Мошини зулму ситами ҳукумат ва мошини нафрати миллати гушнаву овораву беҳуқуқ. Тормози кадоме аввал шуда мешиканад?!”

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои мухолифин ба мисли Паймони Миллии Тоҷикистон ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба ҷуз ибрози ҳамдардӣ ба пайвандон ва дархости шифо барои маҷрӯҳон дар бораи сабабу омилҳои он дигар чизе нагуфтаанд.

Аммо хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ваҷҳҳои овардаи Вазорати корҳои дохилӣ ва котиботи президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишварро ба навъе изҳороти “аҷулона” хонда гуфтаанд, ки ҳамаи онҳо ба хотири сарпӯш гузоштан ба асли ин фоҷиа ва дур задани афкори омма саросема вориди майдон шудаанд. Дар асл тамоми сардорони ниҳодҳои масъуле, ки ба сабаби бемасъулиятии онҳо ин ҳодиса рух додааст, ҳама бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мошини боркаш ва ё ҳамон “дулан”-е, ки шоми 6-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 11 худрав ва се хонаро зер карда, боиси марги ҳудуди 10 нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 14 нафари дигар шуда буд, мутаалиқ ба яке аз ширкатҳои зертобеи ширкати “Фароз” мебошад. Ширкати “Фароз” яке аз ширкатҳои домоди Эмомалӣ Раҳмон Шамсуллу Соҳибов аст.

Боздошти 13-умин омили рабудани муовини якуми Ҳасан Асадуллозода

0

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 13-умин нафаре, ки дар ҳодисаи рабудани Шуҳрат Исматуллоев даст дошт, дар хориҷ аз кишвар боздошт ва ба Тоҷикистон истиридод шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Бахтовар Сафарови 28-сола “як рӯз пас аз содир намудани ҷиноят” дар ҳаққи муовини якуми раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев 24-уми июни соли ҷорӣ кишварро тарк карда, ахиран дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон инитиқол дода шудааст.

Ба қавли манбаъ, дар робита ба “рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович” то ҳол беш аз даҳ нафар боздошт ва муваққат дар боздоштгоҳҳои кишвар қарор доранд.

Гуфта мешавад, Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки “дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ шахсияти роҳбар ва 15 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ муайян ва 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.”

Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали ҶСК “Ориёнбаон”, ки додарарӯси Президенти Тоҷикистон раҳбарии онро бар уҳда дорад, шоми 23-уми июни соли ҷорӣ дар назди манзили зисташ дар шаҳри Душанбе боздошт ва ба самти ноҳияи Варзоб интиқол дода шуд.

Бо вуҷуди он, ки мақомот, аз он ҷумла Прокуратураи генералии Тоҷикистон эълон кардааст, ки Шуҳрат Исматуллоел “рабуда ва кушта” шудааст, аммо бо гузашти наздик ба 50 шабонарӯз то ҳол ҷасади ӯро не аз оби рӯдхонаи Варзоб ва на аз ҷои дигаре дар хушкиҳо пайдо накардаанд. Ин амр дар бораи наҳваи содир шудани ин ҷиноят бархе ҳадсу гумонҳоеро байни мардум ба вуҷуд овардааст.