26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 243

Омбудсмен рост мегӯяд ё худи зиндониён?

0

Умед Бобозода, омбудсмени тоҷик дар маҳбас бо рӯзноманигорони зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ ҳамагӣ 15 дақиқа суҳбат кардааст. 

Мулоқоти Бобозода бо рӯзноманигорони зиндонӣ рӯзи 5-уми июли соли ҷорӣ дар маҳбаси маъруф ба “Якум Советский” -и шаҳри Душанбе, дар доираи мониторингу санҷишҳои идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон сурат гирифтааст.

Умед Бобозода рӯзи 25-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфтааст, ки “ин се рӯзноманигор аз вазъи будубошу дигар ҳолати нигаҳдорӣ дар маҳбас розӣ буда, танҳо аз санади ҳукмашон изҳори норозигӣ намуданд”.

Ин дар ҳолест, ки аксар пайвандони зиндониёни сиёсӣ аз шароити бад ва нигаҳдории наздиконашон дар маҳбасҳо борҳо шикоят мекунанд. 

Пештар моҳи декабри соли гузашта бародари рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ дар Фейсбук навишта буд, ки “саломатиии бародараш хуб нест”.

Инчунин Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ дар моҳи декабри соли гузашта баъди вохӯрӣ бо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфта буд, ин ду рӯзноманигор, бахусус Далери Имомалӣ бояд аз ташхиси сил гузаранд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба Умед Бобозода менависад, ки баъди шунидани шикояти се рӯзноманигор, ваколатдор ба онҳо тавсияҳое додааст. 

Мо тавсия додем, ки шумо метавонистед ба мо муроҷиат кунед ва дар мурофиаҳои судии шумо нафари мо ширкат кунад. Аз ин ҳуқуқи худ истифода набурданд, албатта. Вале мо тавсия додем, ки ба мо хаттӣ пешниҳод кунед аризаҳоятонро, мо метавонем тибқи тобеият парвандаҳои онҳоро барои бознигарӣ ба мақомоти судӣ равон кунем. Вайҳо розӣ шуданд, мо интизор ҳастем, ки пешниҳод кунанд,”- мегӯяд ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол Бобозода гуфтааст, ки ниҳодаш мониторинги зиндонҳоро идома хоҳад дод. Вале маълум нест, аз ҳоли дигар рӯзноманигорону фаъолон, аз қабили Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева ва Хуршед Фозилов бо хабар мешавад ё на.

Дар як соли охир мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳомоти сохтаву бофта 8 рӯзноманигорро аз 7 то 21 сол равонаи зиндон карданд. Мурофиаи аксари онҳо дар боздоштгоҳ паси дарҳои баста баргузор шуд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ин рӯзноманигоронро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, аммо мақомоти кишвар ҳамеша ин талаби созмонҳоро нодида мегирад.  

Вокуниши ВКД ба расонаҳо дар бораи муттаҳам будани кормандони БДА

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия талош кардааст, ки пеш аз ба анҷом расидани таҳқиқ ва тафтиши парвандаи марги 6 нафар мусофирон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони БДА-ро сафед кунад.

Вазорати корҳои дохилӣ дар ин иттилоияи худ номи шаш нафар мусофироне, ки 21-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ рух дода буд, мегӯяд: “Дар натиҷаи ин садама худи ронанда ва 5 нафар мусофиронаш ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Менгиқулов Ҷӯрабек Очилдиевич, соли таваллудаш 1979, Менгиқулов Ҳусейн Ҷӯрабекович, соли таваллудаш 2004, сокинони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.”

Пеш аз ин Azdo tv ва бархе дигар аз расонаҳо дар Тоҷикистон бо такя ба манобеи мухталиф хабар дода буданд, ки тамоми 7 нафар мусофирон пас аз садама, ки мошини онҳо ба рӯдхона афтода, ғарқ шуда буд, ҷон бохтанд. Бархе аз шоҳидони ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд, ки ҷасади 4 нафарро пайдо карда, ҷустуҷӯи дигарон идома дорад.

Он замон Радиои Озодӣ ҳам бо нашри як гузориш аз қавли яке аз шоҳидони ин ҳодиса кормандони БДА-ро дар ин ҳодиса муттаҳам карда, гуфт: “мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд ба садама дучор шудааст.

Дар навори нашршудае, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокунишҳоро ба вуҷуд оварда, то ҳол идома дорад, дида мешавад, ки афроди зиёде барои кумак ба онҳо дар дохили рӯдхона ва соҳили он ҷамъ шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҳам гуфтааст, ки ҷасади 4 нафар аз ин мусофирон пайдо шуда, ҷустуҷӯйи дигарон идома дорад.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои дохилӣ дар аксар маврид павайста талош мекунад, ки кормандони муттаҳами худашро ба ҷиноят “бегуноҳ” муаррифӣ кунад. Дар ин парванда ҳам бо вуҷуди он, ки “аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад”, вале бо сӯиистифода аз ваколатҳои худ дар рафти тафтишот халал ворид карда, талош кардааст, ки қурбониёни ин ҳодисаро муҷрим ва кормандони худашро бегуноҳ муаррифӣ кунад.

Рейди муҳоҷирон дар шаҳру ноҳияҳои Русия

0

Чанд рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои Русия тафтишу боздошт ва истирдоди муҳоҷирон дигарбора авҷ гирифтааст.

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия ин дафъа дар вилоятҳои Ростов ва Маскав даст ба тафтишу боздошти муҳоҷирон заданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД дар вилояти Ростов, дар натиҷаи санҷиши полис дар ноҳияи Оқсой дар анбори “Озон” беш аз 108 қонуншиканӣ дар бораи муҳоҷират ошкор гардидааст.

Дар ҷараёни ин “рейд” пулис даҳҳо муҳоҷири кориро боздошт карда, тасмим гирифтааст, ки 64 тани онҳоро аз Русия ихроҷ кунад.

Гуфта мешавад, корфармоёнеро, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро барои кор дар анбор истифода кардаанд, низ муҷозоти маъмурӣ интизор аст.

Боздоштҳои дастаҷамъии муҳоҷирон дар дигар шаҳрҳои Русия низ идома дорад. Аз ҷумла, кормандони ОМОН ду рӯзи охир дар шаҳри Балашихаи Вилояти Маскав дар тарабхонаҳову кӯчаҳо “рейд” гузарондаанд.

Дар наворҳои тозае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки қисме аз муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд, қисми дигар дастҳо пушти сар ру ба девол истодаанд ва қисмеро кормандони ОМОН ба мошинҳо савор карда, бо худ бурданианд.

Ба иттилои корбарони шабаҳои иҷтимоӣ, дар “рейд”-ҳои ахир дар Балашиха аксар ронандаҳои таксӣ боздошт шудаанд. Ва тафтиши ронандагони таксӣ баъди он шуруъ шудааст аст, ки як ронандаи таксии зодаи Узбекистон, мусофири русашро латту кӯб карда, ба қатл мерасонад. 

Ҳамзамон дар ин тафтишҳои охир блогери шинохта ва рӯҳонии ҷавони тоҷик Қорӣ Салоҳ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад, низ боздошт шудааст. Дар ин бора шабакаи ютубии “SALOH HIJAMA” бо нашри наворе аз рейди ронандаҳои таксӣ хабар додааст. 

То ҳол дақиқ маълум нест, ки миёни боздоштшудаҳо ва истирдодшудаҳо чанд зодаи Тоҷикистон аст. 

Чанд моҳи охир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ва тафтишу боздошти онҳо тавассути мақомоти амниятӣ авҷ гирифта, даҳҳо гурӯҳҳои зиддимуҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушода шудаааст.

Кор то ҷое расида, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия овезаҳое дар деворҳо ва маконҳои умумӣ насб шуд ва аз муҳоҷирон даъват мешавад, ки Русияро тарк кунанд ва ба хонаҳояшон баргарданд.

Чанде пеш муҳоҷире аз шаҳри Новосибирск ба Azda.tv акси як овезаеро ирсол карда буд, ки дар он чунин навишта шудааст: “Муҳоҷир, хабари хуш! Марзҳо бозанд. Ту метавонӣ ба хонаат баргардӣ ва ба иқтисодиёти кишварат кумак кунӣ!“.

Пештар аз ин, даҳҳо тан аз сокинони шаҳри Котелники дар чанд муроҷиати видеоӣ ба президенти Русия Владимир Путин аз “қонуншиканӣ” ва зиёд шудани муҳоҷирон дар ин шаҳр шикоят карда, хоста буданд, ки пеши роҳи вуруди муҳоҷиронро ба Русия бояд бигирад. 

Инчунин чанд вакили парлумон ва мақомдорони рус бар зидди муҳоҷирон изҳорот дода, хоста буданд, ки барои муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ виза ҷорӣ шавад, вуруди онҳо ба кишвар манъ ва ё ба ҷанг бурда шаванд. 

Баъд аз ин муроҷиатҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои Русия “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон оғоз шуд. 

То ин муддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд. Инчунин, дар баъзе наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд ва аз ҷониби мақомоти рус нисбати онҳо таҳқир ва рафтори номуносиб сурат мегирад. 

Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав бо нашри изҳороте амали афсарони ОМОН-ро дар вақти “рейд”-ҳо “ваҳшиёна” номида, онро тафтиши таҳқиромез номид ва онро аз рӯи усулаш бештар на ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, балки ба амалиёти боздошти ҷинояткорони махсусан хавфнок монанд карда буд. 

Нерӯҳои Горди миллӣ президентро боздошт карданд

0

Бахше аз низомиёни Ҷумҳурии Нигер кудето ташкил карда, раисҷумҳури феълии ин кишварро сарнагун ва қудратро ба даст гирифтан мехоҳанд.

Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба манобеи амниятӣ дар Нигер хабар дод, ки рӯзи 26-уми июли соли ҷорӣ раисҷумҳури ин кишвар Муҳаммад Бозум ҳамроҳ бо чанд вазиру масъулинаш аз ҷониби нерӯҳои Горди миллии ин кишвар дар дохили қасри раёсатҷумҳурӣ боздошт шуданд.

Гуфта мешавад, сарбозони Горди миллӣ, ки вазифаи ҳимояти президентро бар дӯш дорад, субҳи рӯзи чоршанбе ба ин кор даст заданд. Расонаҳо ин иқдомро кудетои низомиён барои ғасби ҳокимият номидаанд.

Гуфта мешавад, Горди миллӣ президент Муҳаммад Бозумро маҷбур сохтаанд, истеъфояшро расман эълон кунад. Гурӯҳе аз низомиёне, ки даст ба ин кудето заданд, пас аз боздошти раисҷумҳур дар телевизиони миллии ин кишвар зоҳир шуда, барканории Муҳаммад Бозумро эълон карданд. Ин гурӯҳи низомиён сабаби даст ба кудето заданашонро дар вазъи ногуворӣ амниятӣ, иқтисодӣ ва “натвонистани идораи дуруст давлат” арзёбӣ карданд.

Аммо Мҳаммад Бозум рӯзи панҷшанбе дар як паёме, ки аз дохили қасри раёсатҷумҳурӣ дар Ниамей пойтахти Нигер ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, чунин таъкид мекунад: “он дастовардҳое, ки бо як душворӣ ба даст омадааст, ҳамватаноне, ки ба озодӣ ва демократия бовар доранд, аз онҳо ҳимоят хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи “Ал-Ҷазира” хабар дод, ки вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҳасумӣ Масъуду худашро раисҷумҳури муваққати Нигер эълон кардааст. Ӯ дар суҳбат бо “Франс 24” иброз дошта, ки “Раисҷумҳури қонунӣ ва мунтахаб худи Муҳаммад Бозум аст ва вазъи саломатияш ҳоло хуб мебошад.” Ӯ ин кудеторо ноком хонда, афзуда, ки “ҳаракати дирӯза кудето буд, ки хушбахтона дар он ҳамаи артиш ширкат накард.”

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, дар назди қасри раёсатҷумҳур барои озодии Бозум ва тарафдорӣ аз ӯ тазоҳурот карданд. Эътирозгарон озодии фаврии расиҷумҳурро талаб доранд.

Дар ин кишвар бо фармони бархе аз фармондеҳони низомӣ аз шаби гузашта ҳолати фавқулодда эълон шуда, марзҳояш муваққатан баста ва корхонаҳои давлатӣ низ аз кор мондаанд.

Гуфта мешавад, аз соли 2020 баъд аз давлати Чад ва Молӣ Нигер сеюмин давлатест дар Африқо, ки низомиён алайҳи ҳукуматҳо кудето мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Бозум, расиҷумҳури боздоштшудаи Нигер соли 2021 пас аз пирӯзияш дар интихоботи президентӣ қудратро ба даст гирифта буд. Ӯ дар ин кишвар аз аввалин президентҳое маҳсуб мешавад, ки бидуни инқилоб ба қудрат расидааст.

Дар шаш моҳ 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуд

0

Тибқи омори нави Вазорати корҳои дохилии Русия, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Гуфта мешавад, ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазор нафар бештар аст. Ҳамчунин тоҷикистониҳо дар омори семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо беш аз 44 ҳазор нафар аз дигар миллатҳо пешсаф буданд.

Бино ба иттилоиин ниҳод, ҳоло 128 ҳазору 156 нафар аз шаҳрвнадони Тоҷикистон иҷозаи иқомати ин кишварро доранд, ки чанде пас онҳо низ шаҳрвандии Русияро ба даст хоҳанд овард.

Гуфта мешавад, дар гирифтани шаҳрвандии Русия тоҷикистониён мисли солҳои қаблӣ аз дигар миллатҳо пешсафанд. Пас аз он шаҳрвандони Украина дар ҷои дувум қарор доранд, ки шуморашон ба 39 ҳазор расида. Дар мақоми сеюм Арманистон бо 18 ҳазор нафар, сипас Қазоқистон – 13 ҳазору 876 нафар, Қирғизистон – 10 ҳазору 500 нафар, Узбекистон – 9 ҳазору 340 нафар, Озарбойҷон – 7 ҳазору 457 нафар шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия бо нашри ин омори нав мегӯяд, соли 2022 дар маҷмуъ қариб 287 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ шиносномаи кишварашро ба даст оварданд, аммо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аллакай ин омор наздик ба 205 ҳазор нафар расидааст.

Коршиносони тоҷик пешсаф будани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар гирифтани шиносномаи Русия нишони дар ҳолати бад қарор доштани иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Як иқтисоддони тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад, ба Azda tv гуфт, “Омили аслӣ ва аввалии ин қадар зиёд талош намудани шаҳрвнадони Тоҷикистон барои дарёфти шиносномаи Русия ин вазъи ногувори иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Агарчи кишвари мо дар Осиёси Марказӣ аз ҳама хурдтар аст, вале шароити баъди иқтисод мардумро маҷбур сохтааст, ки барои пайдо кардани як луқмаи нони беозор ба ҳар коре розӣ шаванд.

Ӯ дар идома афзуд, ки “Тоҷикиони мо на танҳо дар Русия барои гирифтани шиноснома дар сафи пешанд, балки дар баробари кишварҳои ҳамсоя шояд мо дар муҳоҷират ба дигар кишварҳо ва фирори мағзҳо аз дохили кишвар пешсаф бошем. Чун, ҳоло дар аксар бемористонҳои Русия тоҷикон ҳатто дар мансабҳои болоӣ кор мекунанд. Ҳамаи ин бармегардад ба авзои ногувори иқтисодӣ дар кишвар ва вуҷуди ришварву муносибати ноҷури ҳукуматдорон бо мардумдар.”

Нигаронии сокинон аз ҳолати садамавии мактабе дар ноҳияи Ёвон

0

Сокинони яке аз деҳаҳои Ёвон бо ирсоли наворе аз вазъи садамавии қисме аз мактаби худ шикоят карда мегӯянд, ин ҳолат метавонад фарзандони онҳоро зери хатар қарор диҳад.

Имрӯз, 26-уми июли соли 2023, ҷамъе аз сокинони деҳаи Обимукии ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо ирсоли аксу наворҳое ба Azda.tv гуфтанд, як бахши мактаби деҳа, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, вале мақомоти дахлдор чора намебинанд.

Ба гуфтаи сокинон, имрӯз аксари мардум интизор доштанд, ки вақте раиси ноҳия барои дидани корҳои таъмиру тармим ва асфалтпӯш кардани роҳии асосӣ ба деҳа омада буд, ба мактаб низ рафта, аз ҳолати садамавии он низ аз наздик шинос мешавад ва чора меандешад, вале ӯ дониста ба ин мактаб нарафт, балки ҳамроҳ бо хабарнигорон ба мактаби ҳамсоядеҳа рафта, барои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон аксу навор гирифтааст.

Ба таъкиди онҳо, мушкили дигар сокинони ин деҳаи аксар узбектарбор дар он аст, ки то чанд соли пеш дар ин ҷамоат ягона мактаби узбекӣ мактаби онҳо буд, вале мақомот бо баҳонаи он, ки “китобҳои дарсӣ намерасад” ва таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ба мушкил рӯбарӯ шудааст, ба ин хоти соли хониши 2016-2017 забони таълимӣ дар ин мактабро пурра ба забони давлатӣ-тоҷикӣ тағйир доданд.

Бо ин ҳол, дар ҳоли ҳозир, агар як бахши мушкили асосӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бахше аз биноҳои мактаб, ки солҳои 50-уми асри гузашта сохта шудааст, бошад, бахши дигар ва бузургтари ин мушкил дар он аст, ки аксар хонандаҳо дарсҳоро дуруст аз худ карда наметавонанд. Зеро на омӯзгорон, ки аксари онҳо низ узбектабор ҳастанд, забони тоҷикиро дуруст медонанд ва на хонандаҳо, ки қариб куллӣ онҳо дар асл узбектабор ҳастанд ва забони муоширати онҳо низ тоҷикӣ не, балки дар хонаву мактаб ва ҷомеа, ҳатто дар вақти дарсҳо байни худашон узбекӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон яке аз бузургтарин ҷамоатҳои ин ноҳия дар вилояти Хатлон буда, ҳудуди 32 ҳазор аҳолӣ дорад, ки он аз 11 деҳа иборат аст. Деҳаи Обимукӣ дар 15 километрии маркази ноҳия қарор дошта, беш аз 5 ҳазору 500 нафар аҳолӣ дорад. Шуғли асосии мардум деҳқонӣ ва чорводорӣ ба ҳисоб меравад.

Тарси Раҳмону Шоҳиён аз эълони инқилоб

0

Прокуратураи генералии Тоҷикистон пас аз 9 сол аз оғози фаъолият як гурӯҳ аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро муҷрим эълон кард.

Бино ба иттилои расмӣ, 25-июли соли 2023 Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як иттилоя гуфт, ки фаъолияти гурӯҳи фейсбукии “Новый Таджикистан 2” ва аъзоёни он дар қаламрави кишварро мамнуъ кард.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар меафзояд: “Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2023 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2”  ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.”

Генерал-полковники адлияи Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон ин қарори таъҷилии худро дар бораи “ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез” эълони кардани “Новый Таджикистан 2” баъд аз 8 сол ва 3 рӯз аз оғози фаъолияти он ба сурати фаврӣ қабул ва расонаӣ карданд.

Ин қарори опретавии генералҳои адлияи Тоҷикистон дар Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ дар бораи фош кардани ҳувияти аъзоёни ин гурӯҳ ба мисли “Suhrob Zafar, Умар Боев, Абдулло Ҳикматов, Парвиз Раҳимзода, Parviz Ashurov, Кундузхон Мамадалиева, Ховар Муродов, Курбонали Орипов, Сергей Булычёв, Немат Бегов, Grup-24, Қурбоналӣ Х. Қурбоналӣ, Фируз Мумин, Эмир Бахаддин, Изатулло Додобоев, Салмон Султонзода, Хикматулло Баходиров, Mansur Naimov, Хоҷа Абузар, Алихон Аюбхонович” аз як эълони “занги хатар” гирифта шудааст.

Муаллифи ин эълони “занги хатар”-ро Эҳсон Одинаев – Сарафрози Оламафрӯз, фаъоли пуркори тоҷик, ки соли 2015 аз Русия нопадид шуд ва ҳамвандону пайвандонаш мақомоти Тоҷикистон дар рабудани ӯ муттаҳам мекунанд, 22-юми июли соли 2014 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр карда буд.

Эҳсон Одинаев дар он эълони худ пас аз зикри корнамоиҳои Додоҷон Атовуллоев, раҳабари ҳаракати “Ватандор” гуфта буд: Дар (радиоканали) Zello канали нав бо номи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2” кушода шудагӣ. ДАРОЕД, ДАР БОРАИ МИТИНГ ҲАРФ БИЗАНЕД. РӮЗҲОИ НАЗДИК МО АЗ ИНТЕРНЕТУ РАДИО БЕРУН МЕБАРОЕМ ВА ҚУВВАИ ХУДРО, ТИФОҚИИ ХУДРО, ТОҶИК БУДАНИ ХУДРО БА ҚАРЛУҚИ ДУЗД ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НИШОН МЕДИҲЕМ.”

Ин дар ҳолест, ки 22-юми июли соли ҷорӣ Додоҷон Атовуллоев бо нашри нусхаи ин эълони “занги хатар” дар саҳфаи фейсбукиаш аз Эҳсон Одинаев ёд карда гуфта буд: “Муборизи навҷавон ва бебоке, ки 8 сол аз ин пеш дар Русия мақомоти Тоҷикистон дуздиданд ва то ҳанӯз аз ӯ хабаре нест. Куҷоӣ, додари азиз?! Куҷоӣ, Юсуфи гумгашта?!”

Салмон Султонзода, фаъоли сиёсии тоҷик дар вокуниш ба ин навиштааст: “Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2023 дар бораи экстремистӣ ва иғвоангез эълон кардани саҳифаҳои иҷтимоии дар боло зикршуда қадами навбатии мақомоти Тоҷикистон дар роҳи фишор болои расонаҳо ва афроди мустақил ва манъи дастрасии мардум ба хабарҳои алтернативӣ мебошад.

Мо истифода аз ҳуқуқи инсонӣ ва конститутсионии худ фаъолияти худро дар шабакаҳои маҷозӣ бо риояи қонунҳои байналмилалӣ давом медиҳем.

Фаъолияти мо баҳри барқарории адолат ва волоияти қонун дар Тоҷикистони азиз буд, ҳаст ва мемонад!”

Гуфта мешавад, гурӯҳи “Новый Таджикистан 2” ҳеч гоҳ сомона ва ё як гурӯҳи муташшакил набуд, балки дар давоми 9 соли фаъолият ҳамеша ҳамчун як номи рамзӣ дар сафҳаҳо ва ё гурӯҳҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисли радиоканали “Zello”, “Фейсбук”, “Ютюб“, “ОК” ва ғайра аз ҷониби иддае аз мухолифон ба раҳбари “Ватандор” аъзои “Гурӯҳи 24” ва дигарон ҳамчун як минбар барои тамос бо мардум истифода шудааст.

Аммо ин, ки чаро пас аз 9 сол онро “ташкилоти экстримистӣ ва иғвоангез” эълон карданд, эҳтимоли зиёд он аст, ки бознашри ҳамон эълони Эҳсон Одинаев тавассути Додоҷон Атовуллоев генералҳои масти адлияи Тоҷикистонро ошуфтахотир карда, носанҷида ин қарори худро ба ҷаъли “таърихи гузашта” қабул ва нашр карданд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Муомилаи 2 миллион долларии тоҷикони ДИИШ бо “криптовалюта”

0

Гурӯҳҳои марбут ба созмони террористии ДИИШ дар кишварҳои мухталифи Осиё барои маблағгузории амалиётҳои худ аз асъори рамзӣ (криптовалюта) фаъолона истифода кардаанд. 

Бино ба гузориши таҳлилгарони “TRM Labs”, дар 12 моҳи охир истифодаи асъори рақамӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористии марбут ба ДИИШ дар Тоҷикистон, Покистон, Индонезия ва Афғонистон афзоиш ёфта, муомилот бо ин навъи асъор ба беш аз 2,5 миллион доллар баробар шудааст. 

Дар гузориш гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои марбут ба ДИИШ аз Тоҷикистон асосан барои ҷалби ҷангҷӯён аз асъори рамзгузоришуда истифода мекардаанд. “TRM Labs” ба суратҳисобе даст ёфта, ки дар соли 2022 бо ҳадафи ҷалби ҷангҷӯён ҳудуди 2 миллион доллар бо ин навъи пули рамзӣ муомила доштааст. 

Гуфта мешавад, рӯзи 22 июни соли 2023 мақомоти Туркия Шамил Ҳукуматов, яке аз аъзои аршади ДИИШ ва зодаи Тоҷикистонро боздошт карданд, ки ба эҳтимоли зиёд дар ҷамъоварии маблағ барои ДИИШ тариқи “криптовалюта” гумонбар мешавад.

Гурӯҳҳои марбут ба ДИИШ аз Индонезия “криптовалюта”-ро барои расонидани кумаки моддӣ ба оилаҳои аъзои ДИИШ, ки дар урдугоҳҳои Сурия нигоҳ дошта мешаванд ва озод кардани онҳо аз урдугоҳҳо истифода мекардаанд. Бо ин баҳона ва бо истифода аз ин намвъи пул онҳо дар давоми соли 2022 беш аз 517 000 доллар ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар моҳи майи соли 2022 Дафтари назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА (OFAC) панҷ шаҳрванди Индонезияро барои мусоидат ба интиқоли “криптовалюта” аз Индонезия ба аъзои ДИИШ дар Сурия, таҳрим кард.

Аъзо ва тарафдорони ДИИШ аз Покистон “криптовалюта”-ро барои ҷамъоварии хайрия истифода мекардаанд. Онҳо дар 12 моҳи охир бо баҳонаи хайрия ва кумак ба наҷотёфтагони заминларзаи ахири Туркия, беш аз 40 000 доллар дар шакли асъори рақамӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар Афғонистон террористон барои дарёфти маблағ аз тарафдоронашон аз “криптовалюта” истифода мекардаанд. Шуъбаи ДИИШ дар Афғонистон дар давоми як соли ахир тавассути ҳамёнҳои гуногуни асъори рақамӣ тақрибан 10 000 доллар ба даст овардааст.

Дар гузориш ҳамчунин зикр шудааст, ки аксари (92%) чунин муомилаҳои гурӯҳҳои марбут ба созмони террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” аз Тоҷикистон, Покистон, Индонезия ва Афғонистон бо истифода аз “stablecoin Tether” дар шабакаи “Tron” анҷом дода шудаанд. 

Мулоқоти сафири ИМА бо мақомоти Тоҷикистон

0

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон тайи як ҳафтаи ахир бо шуморе аз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла бо вазири корҳои хориҷӣ, раиси Бонки миллӣ ва раиси вилояти Суғд мулоқот кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 25-уми июли соли 2023 аз мулоқоти вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин бо cафири фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер хабар дода, афзуд, ки “ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ШМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Пеш аз ин 24-уми моҳи ҷорӣ сафорати ИМА хабар дода буд: “Сафири ИМА Мануэл Микаллер дар шаҳри Хуҷанд бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мулоқот намуд. Дар ин вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои судманди ИМА ва Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Суғд ва имкониятҳои нави рушд баррасӣ шуд.”

Сафири Амикор чанд рӯзи ахир дар чанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошт ва барои мисол рӯзи 18-уми июли соли ҷорӣ ҳамроҳ “бо Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Қозидавлат Қоимдод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз пойгоҳи обкашии таъмиршудаи Хоҷабақирғон-1 дидан намуда” буд.

Гуфта мешавад, Мануэл Микаллер дар ин вилоят бо даҳҳо аз нафар аз донишҷӯён аз шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Зафаробод дар ҳамоишҳои Марказҳои амрикоӣ мулоқот карда, “барои дастгирии барномаҳои ИМА дар вилояти Суғд” аз раиси вилоят “изҳори сипос” кард.

Маълум нест, ки оё Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин тарадудҳои зиёди сафири ИМА дар як ҳафта ахир дар вилояти Суғд “нигарон” шуда ва ба ҳамин хотир ин мулоқот бо ҳузури худи Сироҷиддин Муҳриддин сурат гирифта аст ва ё ин, ки дидори сафир бо вазир ва дигарон аз қабл барномарезӣ шуда буд?

Сокинони Панҷакент: Соҳили дарёи Зарфашонро мустаҳкам кунед, то мардум дар амон бошанд

0

Бархе сокинони шаҳри Панҷакент мегӯянд, ки агар сари вақт соҳилҳо мустаҳкам карда нашаванд, дарёи Зарафшон садҳо гектор заминҳои корами онҳоро шуста мебарад.

Имрӯз, 25-уми июли соли 2023 Azda.tv ба иттилооте даст ёфт, ки дарёи Зарафшон ба ҳисоби рӯзона даҳҳо адад хонаҳои мардум ва садҳо гектор аз заминҳои наздисоҳилии ин дарёро аз ду самт шуста мебарад.

Инчунин дар як наворе, ки аз деҳаи Озодагони ҷамоати деҳоти Ҳурмии шаҳри Панҷакент ба дасти идораи Azda tv расид, дида мешавад, дирӯз, 24-уми моҳи ҷорӣ оби дарёи Зарафашон зиёд шуда, дар натиыа чанд гектар заминҳои шоликоришудаи наздисоҳилии мардум аз ду тараф пурра зери об мондаанд.

Ба гуфтаи шикояткунандаҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Панҷакент хеле аз сокинони деҳоти наздисоҳилиро маҷбур доранд, ки барои мустаҳкам кардани соҳилҳо пул ҷамъ кунанд.

Аммо сокинон мегӯянд, ин пулҷамъкунӣ дар ҳолест, ки ҳукумати марказӣ солоно миллионҳо сомонӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷудо мекунад, вале дар амал дида мешавад, ки мақомот ва дигар ниҳодҳое, ки ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ машғул ҳастанд, сари вақт маблағҳои ҷудошударо дар ҷойҳои худ истифода намекунанд.