Пас аз оғози “таксишикор” ва барчидани мошинҳое, ки бароришашон то соли 2016 аст ва дар шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул буданд, натанҳо эътирози таксиронҳову сокинони пойтахт, меҳмонон, сайёҳон, балки аз мубаллиғони режими Эмомалӣ Раҳмонро ҳам ба бор овардааст.
Дар ҷамъи касоне, ки ин эътирозҳоро бо шеваҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ ва аз он ҷонибдорӣ мекунанд, иддае аз таблиғгарони сафи пеши ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ба мисли
Валидимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи чоршанбе дар як суханронии телевонӣ гуфт, эҳтимол ҷанг дар Украина тӯлонӣ шавад.
Путин, ки ҳечгоҳ дар мавриди идома ёфтани ҷанг дар Украина ибрози назар накарда буд, ин бор аз тӯлонӣ шудани ҷангу аз афзоиши таҳдиди оғози ҷанги ҳастаӣ низ ёдовар шуд.
Ӯ мегӯяд, барои расидан ба аҳдофаш маҷбур аст то муддати тӯлонитаре бо Украина биҷангад. Владимир Путин афзуд, ки айни замон барои басиҷи дигарбораи сарбозони захиравӣ ба артиш зарурате намебинад. Вале дар оянда шояд ин фармонро бори дигар содир кунад.
Раисҷумҳури Русия зимни суханронияш аз афзоиши эҳтимоли сар задани як ҷанги ҳастаӣ низ ёдовар шуд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, артиши Русия бесабаб таҳдид ба истифода аз силоҳи ҳастаиро нахоҳад кард.
Владимир Путин таъкид кард, ки “мо маънои силоҳи ҳастаиро медонем ва девона нашудаем, ки онро монанди теғ дар дастамон гирифта, гирди дунё бидавем.“
Изҳороти ахири Путин дар бораи ҷанги ҳастаӣ дар ҳолест, ки чандест мақомоти кишварҳои ғарбӣ аз коҳиши таҳдидҳои ӯ дар бораи истифодаи ин силоҳи сангин мегуянд. Ва пештар борҳо аз ҷониби Русия ҳушдор дода шуда буд, ки дар ҳолати зарурат ин кишвар дар ҷанг бо Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард.