19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 250

Вокуниши Вайсиддин Одинаев ба иттиҳомоти мақомот дар ҳаққи Далери Имомалӣ

0

Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик дар вокуниш ба пайванд додани исми ӯ дар парвандаи журналист Далери Имомалӣ инҳукми додгоҳро “як қатли сиёсӣ” хондааст.

24-уми ноябри соли 2022 Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии Тоҷикистон, ки муқими яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупост, бо нашри як

Коллаж аз “Азия-Плюс”

Ҳамзамон худи Далери Имомалӣ дар номааш, ки чанд рӯзи пеш аз дохили зиндон берун омад ва дар расонаҳо нашр шуд, менависад:

“Тамоми баҳси ин модда сари ҳамагӣ 10 (даҳ) ҷумлае меравад, ки дар мессенҷер суҳбати катбӣ шудааст. Ин суҳбат аз тарафи ман бо як блогери фаъол сурат гирифтааст, ки то замони тафтишот ман намедонистам, ки ӯ аъзои гуруҳи мамнуи “24” аст. Зеро дар рафти суҳбати мо умуман аз ин гуруҳ чизе ёд нашудааст. Дар акси саҳифаи ӯ низ ягон нишона аз ин гуруҳ набуд. Мазмуни асосии суҳбати мо сари он аст, ки асри 21 асри технолоҷӣ аст ва бояд ҳама гуна эътирозу шикоят ва гирдиҳамоӣ дар интернет бошад. Мардумро дигар кӯча даъват накунем.

Маҳз ҳамин мантиқи суҳбат гуё ба гуфти коршиносони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров К. ва Махатов Ботир муҳтавои ифротгароӣ доштааст. Агар ман медонистам, ки ҳамсуҳбати мо Вайсиддин Одинаев аъзои “24” аст, ҳеҷ гоҳ суҳбати катбӣ намекардам. Ин суҳбат ҳамагӣ як маротиба аст.”

Шодии мардум аз бурди тими миллии Эрон дар Қатар

0

Мунтахаби миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар мубоқили мунтахаби миллии Уэлс ғолиб омад ва ин пирӯзӣ шодии мардумро ба ҳамроҳ дошт.

Рӯзбеҳ Чашмӣ, бозингари Эрон вақти гол задан..

Имрӯз, 25-уми ноябри соли 2022 мунтахаби миллии футболи Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар муқобили тими миллии мунтахаби футболи Уэлс дар Қатар ба ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозӣ дар байни эрониҳо, новобаста аз мувофиқ ва ё мухолиф будан бо низоми ҷумҳурии исломӣ, ки дар ин шабу рӯз нишебу фарозҳои зиёдеро бо ҳам таҷриба мекунанд, як навъ иттиҳодеро ба вуҷуд оварда, дида мешавад, ки ҳама бо ҳам бо рақсу пойкӯбӣ аз он истиқбол мекунанд.

Дар саҳфаҳои Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ дида мешавад, ки дар баробари эрониҳо тоҷикистониҳои зиёде низ бо вуҷуди мухолиф ва мувофиқ будан бо низоми ҷумҳурии исломӣ аз ин бурди тими миллии Эрон бо шеваҳои мухталиф хушҳолӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ин пирӯзии мунтахаби миллии футболи Эрон дар дуввумин даври бозиҳои худ дар Қатар он ҳам дар муқобили яке аз тимҳои қавии кишварҳои ғарбӣ ғолибияти боарзиш маҳсуб мешуд.

Инглистон дар даври нахусти ин бозиҳо Эронро ба ҳисоби 6:2 шикаст дода буд ва акнун мухлисони мунтахаби миллии футболи Эрон ин голҳоро, ки дар дақиқаҳои охири бозӣ дар муқобили Уэлс дарвозаро рахна карда, ба ҳадаф расиданд, натанҳо пирӯзӣ, балки ба навъе тоза кардани қисме аз аламҳои Инглистон ҳам медонанд.

Ин бозии тими Эрон ва Уэлс, ки дар даври дувуми гурӯҳи В анҷом шуд, дар варзишгоҳи “Аҳмад бен Алӣ”-и шаҳри Ар-Райёни Қатар баргузор гашт.

Рӯзи панҷуми Ҷоми ҷаҳон-2022

0

Дар рӯзи панҷуми Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар 4 бозӣ дар гурӯҳҳои “G” ва “H” баргузор шуд.

Бозии аввал миёни мунтахабҳои Швейтсария ва Камерун сурат гирифт. Ин бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Швейтсария анҷом ёфт. Голи ягонаро дар ин бозӣ дар нимаи дуввум дар дақиқаи 48 ҳамлагар Брил Эмболо ба ҳадаф расонд.

Ин футбобози 25-сола голи задаашро ба дарвозаи Камерун ҷашн нагирифт. Чун худи Эмболо зодаи шаҳри Яунде пойтахти Камерун мебошад. Ӯ дар хурдӣ ҳамроҳи волидонаш аввал ба Фаронса, баъд ба Швейтсария ҳиҷрат кардааст.

Вохӯрии дуввум миёни мунтахбҳои Уругвай ва Кореяи Ҷанубӣ сурат гирфта, ҳарду тим ягон тӯб ба ҳадаф нарасонданд ва бозӣ мусовӣ 0:0 анҷом ёфт. Гуфта мешавад дар мунтахаби Уругвай футболбозони шинохтае мисли Луис Суарез, Диего Годин, Федерико Валверде, Кавани, Дарвин Нунез ва Роналд Араухо бозӣ мекунанд.

Бозии сеюм миёни мунтахабҳои Португалия ва Гана бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи дастаи Протугалияи анҷом ёфт.

Дар нимаи дуввуми бозӣ дар дақиқаи 65 тӯбро аз пеналти капитани португалиҳо, ҳамлагар Криштиану Роналдо ба нишон расонда, ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 73-ум ҳамлагари Гана Андре Айю гол зада, ҳисобро баробар кард. Футболбозони португалӣ Жоау Феликс ва Рафаэл Леау дар дақиқаҳои 78 ва 80 ду тӯби дигар ва дар дақиқаи 89-уми бозӣ футболбози Гана Осман Бокар тӯбро ба ҳадаф расонданд.

Бозии чорум миёни тимҳои Бразилия ва Сербия сурат гирифта, ҳисоби бозиро дар дақиқаи 62-ум Ришарлисон ҳамлагарӣ бразилӣ боз кард. Пас аз чанд дақиқа ӯ тӯби дуввумро ҳам ба дарвозаи Сербия ба ҳадаф расонд. Мухлисон ва коршиносони соҳаи футбол голи дуввуми Ришарлисонро ба дарвозаи Сербия зеботарин голи даври якуми бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2022 номиданд.

Як рӯз пеш 4 бозӣ дигар дар гурӯҳҳои “E” ва “F” сурат гирифта, Испания Костарикоро бо ҳисоби 7:0 ва Белгия Канадаро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.

Бозӣ миёни мунтахаби Марокко ва финалисти Ҷоми ҷаҳон-2018 Хорватия мусовӣ 0:0 анҷом ёфт.  

Аммо қаҳрамони чоркарати футболти ҷаҳон, мунтахаби Германия аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Мухлисони футбол шикасти дастаи Германияро аз Ҷопон ба шикасти Аргентина аз Арабистони Саудӣ монанд карда, онро ғайриинтизор номиданд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар давлати Қатар аз 20-уми ноябр оғоз шуда, финали қаҳрамонӣ рӯзи 18-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки дорои 80 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон аст, баргузор хоҳад шуд.

Солрӯзи оғози қатлҳои ом дар Бадахшон

0

Аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, фаъоли ҷомеаи маданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки тавассути кормандони мақомоти амниятӣ кушта шуд, як сол гузашт.

Акс аз саҳфаи Помир Нюс

Имрӯз, 25-уми ноябри соли 2022 аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, ки ба дунболи он мақомоти қудратии Тоҷикистон дар чанд марҳила наздик ба 50 нафар аз додхоҳону эътирозгарони бесилоҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро куштанд, як сол пур мешавад.

25-уми ноябри соли 2021 кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистон барои дастгир кардани Гулбиддин Зиёбеков ба деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ рафта, ин фаъоли ҷомеаи маданиро аввал аз хонааш боздошт, баъдан дар пушти хона шиканҷа ва дар роҳ то маркази вилоят ӯро ба зарби чанд тир ба қатл расонида буданд.

Далели мақомоти амниятӣ барои боздошти Гулбиддин Зиёбеков он буда,ки дар соли 2019 ёрдамчии прокурори ин ноҳия Абдусаллом Абирозодаро, тиқби эътирофти худи ӯ, ки дар наворе сабт шудааст, ба “духтарбозӣ” муттаҳам будааст, ва чанд нафар аз ҷавонони маҳаллӣ, аз он ҷумла Гулбиддин Зиёбеков ба сурати “ғайриқонунӣ” Абирзодаро боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Пас аз қатли Гулбиддин Зиёбеков модараш ҷасади ӯро гирифта ба Хоруғ, маркази ин вилоят бурд ва аз мақомот хост, ки қотилони писарашро боздошт ва дар панҷаи қонун бисупоранд.

Дар ин додхоҳӣ ҷавонони зиёде аз ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ иштирок карданд. Дар рӯзҳои 26 ва 27-уми ноябри соли 2021 доманаи ин гирдиҳамойӣ дар шаҳри Хоруғ васеътар ва сипас дар феҳристи хостаҳои онҳо барчидани постгоҳҳои ғайриқонунии мақомот дар дохили шаҳр ҳам илова шуд.

Аммо мақомот ба ҷои посух гуфтан ба ин ҷиноят, алайҳи ин додхоҳон тир холӣ карданд ва дар натиҷа Тутишо Амришоев ва Гулназар Муродбеков ҳам бо тири мақомот кушта ва чандин каси дигаре ҳам захмӣ шуданд. Мардум аз тарси қатли ом нашудан, пароканда ва оҳиста-оҳиста майдонро холӣ карданд.

Модари Гулбиддин Зиёбеков ҳам бидуни он ки қотилони писарашро ёбад ва дар панҷаи қонун бисупорад, ноумед ҷасади беҷони писарашро гирифта дубора ба зодгоҳаш деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа баргашт ва ҳамонҷо ӯро ба хок супорид. Ворисони Тутишо Амришоев ва Гулназар Муродбеков ҳам ҷигарбандони худро бурда ба хок супориданд.

Бо ин вуҷуд, ворисон ва наздикону пайвандони ин шаҳидоне, ки бо тири мақомот ба ноҳақ кушта шудаанд, хуни онҳоро фаромӯш накарданд ва борҳо аз мақомоти олии Тоҷикистон, аз он ҷумла Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва раиси Дастгоҳи Президенти Тоҷискитон Озода Раҳмон ва ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам додхоҳӣ карданд, вале ин ҳама талошҳо бенатиҷа поён ёфт.

Аз сӯи дигар, мақомоти Тоҷикистон ҳам бо дарки ин додхоҳиҳо, ки ҳар сари чанд вақт ин мавзӯъро аз нав зинда мекард, нороҳат буданд ва барои хомӯш кардани ин садоҳои ҳақ ва ҳуқуқталабӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшакашӣ мекарданд.

Гуфта мешавад, мақомоти кишвар барои амалӣ кардани ин нақшаҳои худ баҳона меҷустанд. Аввал хостанд дар моҳи январ, нашуд, моҳи февралро интихоб карданд, муваффақ нашуданд, дар моҳи март ва апрел вазъиятро хеле мураккаб ва нигаронкунанда карданд ва мунтаҳо моҳи майи соли ҷориро барои анҷоми террори додхоҳон, ки мақомот онҳоро террорист ҳам гуфтанд, вақтро мувофиқтар ёфтанд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ мақомот то тавонистанд, албатта бо супориши бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мардумозорӣ карданд. Заданду шиканҷа намуданду захмиҳои зиёдеро ба ҷо гузоштанд ва то тавонистанд афроди мехостаашонро куштанд. Бо ин вуҷуд, ҳанӯз ҳам теъдоди дақиқи захмиҳо, боздоштшудаҳо ва онҳое, ки аз ин вилоят ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, маълум нест.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Зеленский: Мо Қримро бо ҳар роҳе бошад, бозпас мегирем

0

Расиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар изҳороте гуфт, бо вуҷуди афзоиши зарбаҳои мушакии Русия, кишвараш тасмим гирифтааст, тамоми қаламравҳои аз дастрафтааш, аз ҷумла Қримро бозпас гирад.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Украина

Зеленский рӯзи 24-уми ноябр дар мусоҳиба бо “Financial Times” таъкид кард, ки дар марҳилаи аввал талош мекунад баргардонидани Қрим бо роҳи мусолиматомез ва ғайринизомӣ сурат бигирад, вале дар акси ҳол бо роҳҳои низомӣ ҳам омодааст ин корро анҷом диҳад.

Ӯ гуфт: “Ман мефаҳмам, ки ҳама дар бораи ин ки вазъият дар Қрим чӣ мешавад, нигаронанд. Агар касе омода бошад, ки ба мо роҳи ба таври ғайринизомии бозпас гардондани Қримро ба хоки Украина пешниход кунад, ман хам тарафдори он хоҳам шуд.”

Ӯ дар идома таъкид кард, ки агар талоши миёнаравҳо тасмими барҳам додани ишғоли Русияро дар бар нагирад ва Қрим ҳамчун қисме аз хоки Русия боқӣ бимонад, пас ҳеҷ кас набояд вақти худро барои ин кор беҳуда сарф кунад.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз, 25-уми ноябр Кремлин дар вокуниш ба ин гуфтаҳои Зеленский баён дошт, “изҳороти Зеленский дар мавриди баргардонидани Қрим баёнгари он аст, ки Киев омода нест мушкилоти мавҷударо бо роҳи ғайри низомӣ ҳал кунад.”

Ёдовар мешавем, ки Русия соли 2014 дар ҳамлаи мушобеҳ ба ҳамлаҳои имсолааш ба Қрими Украина ҳуҷум кард ва пас аз ишғоли он бо аҳолияш барои ба хоки Русия пайваст шудан ҳамапурсӣ гузаронд. Сипас Қримро ҷузъи хоки худ эълон кард. Аммо то ҳол Созмони Миллали Муттаҳид ва аксар кишварҳо онро расман ҷузъи хоки Русия эътироф накардаанд.

Нишасти изтирории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар бораи вазъияти Эрон

0

Рӯзи панҷшанбе, 24-уми ноябри соли равон Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳаид (СММ) нишасти изтирорие дар бораи вазъияти охири Эрон баргузор кард.

Дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ қарор шуд, ки барои таҳқиқи ҷараёни эътирозҳо ва сабабҳои кушта ва саркӯб шудани одамон аз оғоз то имрӯз гурӯҳи корие ташкил карда шавад ва таҳқиқро оғоз кунад.

Ба иттилои бархе расонаҳо ва созмонҳои ҳуқуқӣ, дар эътирозоти хиёбонии Эрон аз рӯзи оғози он (17-уми сентябри соли ҷорӣ) то имрӯз наздики 450 нафар кушта шуда, ки дар байни онҳо 63 кӯдак ва 57 нерӯи амниятӣ низ ҳаст ва ҳамчунин беш аз 18 ҳазор нафари дигар боздошт шудааст.

Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вежаи ҳуқуқи башари СММ дар умури Эрон дар нишасти изтирорӣ аз мақомоти ин кишвар хостори таваққуфи фаврии эълон ҳукмҳои сангин ва эъдом алайҳи муътаризони боздоштшуда шуд.

“Раҳбарони Ҷумҳури исломӣ дар ҳеч мавриде ҳозир нестанд бо муътаризон гуфтугӯ кунанд ва онҳоро бо барчаспҳое аз қабили “душман” ва “омили хориҷӣ” рондаанд”, мегӯяд Ҷовид Раҳмон.

Аммо мақомоти Эрон саркӯби эътирозгаронро такзиб мекунад. Ба иддаои мақомот, эътирозҳои мардумӣ бо пуштибонии “хориҷиҳо” ва “иғтишошгарони” дохилӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол Хадиҷа Каримӣ, намояндаи Эрон дар СММ ташкили ҷаласаи изтирории Шӯрои ҳуқуқи башарро “фиребкорона” хонд ва афзуд, ки кишварҳое, ки нигарони ҳуқуқи башар дар Эрон ҳастанд, аз роҳи таҳрим ва ҳимояти гурӯҳҳои террористӣ ҳуқуқи мардуми Эронро нақз кардаанд.

Парлумони Аврупо Русияро ҳомии терроризм эътироф кард

0

Парлумони Аврупо рӯзи чаҳоршанбе, 23-уми ноябри соли ҷорӣ қатъномаеро дар бораи эътироф кардани Русия ба унвони кишвари ҳомии терроризм қабул кард.

Тавре маркази матбуоти парлумои Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳад, дар қабули қатънома 494 вакил пуштибонӣ карданд, 58 вакил мухолиф раъйи доданд ва 44 нафари дигар бетараф монданд.

Дар ин қатънома порлумони Аврупо Русияро ба далели “ҳамлаҳои гусатрда ба манотиқи аҳолинишин ва нобуд сохтани зерсохторҳои муҳими энержии Украина”, ки дар натиҷа ҳазорон нафар кушта шудаанд, ҳомии терроризм хондааст.

Дар қатъномаи Иттиҳоди Аврупо оварда шуда, ки Русия ба хотири даст задан ба кушторҳои одамони бегуноҳ, шиканҷа, одамрабоӣ ва таҷовуз ба номуси занон дар манотиқи ишғол кардааш, таҷовузгар аст. Ба хусус аз куштори оммавӣ дар Буча, Ирпен, Изюм ва Лиман, инчунин ҳамлаҳо ба театри Мариупол ва истгоҳи роҳи оҳани Краматорск низ ёдовар шудааст.

Дар қатънома ҳамчунин қайд гардида, ки Русия принсипҳои Оинномаи СММ-ро нақз карда, дар Мариупол буҳрони башардӯстона ба вуҷуд оварда, 95%-и шаҳрро тахриб кардааст, дастрасии шаҳрвнадонро ба обу газ, барқ, интернет, инчунин дастрасӣ ба хидматрасониҳоро барои мардум ба куллӣ масдуд кардааст.

Бо ин далоил парлумони Иттиҳоди Аврупо Русияро кишвари сарпараси терроризм унвон карда, аз давлатҳои узви он хоста, ки дар баробари “ҳамлаҳои Русия ба Украина” мавқеъҳои ҷиддитаре бигиранд.

Зақибек Саидаминӣ тафтишу муҳокимаи парвандаашро яктарафа номид

0

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо навиштани шикояти касатсионӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бекор кунанд.

Бино ба иттилои “

Коллаж аз “Азия- Плюс”

Ин рӯзноманигори зиндонӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки бо назардошти мавҷуд будани духӯрагиҳои зиёд дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ, омодаи ҳамкорӣ будани ман бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи гуруъӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бозбинӣ ва бекор карда шавад.

Саидаминӣ илова кардааст, ки тамоми далелҳои айбдоркунанда тахмин ва нусхаи навиштаи муфаттиш буд.

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ 8-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат боздошт шуд.

Баъдан 3-уми ноябри соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ин рӯзноманигори тоҷикро барои 7 сол равонаи зиндон кард. Ӯ дар суханони охиринаш ҳама иттиҳомоти эълошударо рад карда буд.

Гуфта мешавад, мақомот ӯро дар ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” муттаҳам мекунад. Аммо худи ӯ борҳо ин иттиҳомотро рад кардааст.

Ҳамзамон ҲНИТ ва ҳам “Гурӯҳи 24” низ бо интишори баёнияҳое иттиҳомоти эълоншуда алйҳи Саидаминиро, ки ҳамкорӣ бо ин гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат гуфта мешавад, рад карда, онро парвандаи сохтаи дасти мақомот номида буданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон, Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигарро боздошт карданд.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт.

Танҳогузории Путин дар Ереван

0

Танҳогузории Президенти Русия дар расми аксбардории дастаҷамъии сарони давлатҳои узви СААД дар Ереван хабарсоз шуд.

23-уми ноябри соли 2022, дар Ереван, пойтахти Арманистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрони амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд.

Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфта, ки нишон медиҳад дар расми аксбардории сарони давлатҳои узви ин созмон Нахуствазири Арманистон ва Президенти Тоҷикистон аз Президенти Русия фосила гирифта, Владимир Путинро танҳо мегузоранд.

Дар ин навор дида мешавад, ки Никол Пашинян, ки аз самти рости Президенти Русия истодааст аз ҷои худ фосила гирифта, дур будани худ аз Владимир Путинро ба намоиш мегузорад ва инчунин Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паҳлӯи чапи ӯ қарор гирифтааст, ба тарафи Дабири кулли ин созмон рӯ гардонда, бо вай гап мезанад ва дар ҳамин ҳолат Валадимир Путин танҳо мемонад.

Гуфта мешавад, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд таъсис ёфта ва дар он Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, ва Араманистон узв буданд. Беларус ҳам баъдтар ба ин созмон пайваст, вале Узбекистон бори ахир соли 2012 аз ин созмон хориҷ шуд ва дигар ба он ҳамроҳ нашуд.

Пулиси Иланский як шаҳрванди Тоҷикистонро меҷӯяд

0

Пулиси шаҳри Иланскии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи молу маҳсулоти стратегии муҳим дар ҷустуҷӯ қарор додааст.

Пулис аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Даврон Ҳайдаров ном бурда, ба гуфтаи мақомот, ин муҳоҷири 39-солаи тоҷик ба додгоҳ ҳозир нашуда, худро пинҳон кардааст.

Мақомоти пулиси шаҳри Иланский ӯро ба интиқоли ғайриқонунии молу захираҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим айбдор кардаанд. Аммо то ҳол назари худи ин шаҳрванди Тоҷикистон ва ё аз наздиконаш дастраси расонаҳо нашудааст.

Гуфта мешавад, пулис аксҳои Даврон Ҳайдаровро дар истгоҳҳои шаҳр паҳн карда, аз шаҳрвандон хостааст, дар бораи ӯ ва макони будубошаш иттилое дошта бошанд, ба пулис хабар диҳанд.