27.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 252

Заминларзаи шадид дар Индонезия ҷони беш аз 160 касро гирифт

0

Дар натиҷаи заминларазаи шадид дар ҷазираи Яваи Индонезия дасти кам 162 нафар кушта ва беш аз 700 нафари дигар захмӣ шудааст.

Ба гузориши расонаҳо, заминлараза рӯзи душанбе, 21-уми ноябр рух дода, ба 5,6 дараҷаи рихтер баробар буд.

Гуфта мешавад, ба сабаби вайрону валангор шудани хонаҳо ва роҳҳои бузурги мошингард имдодрасонҳо сари вақт ба ҷойҳои ҳодиса расида наметавонанд ва ин боиси афзоиши шумори кушаташудаҳо мегардад.

Индонезия аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ дар ҳалқаи вулқонии минтақаи Уқёнуси Ором ҷойгир аст, ки зад-зуд заминларзаҳои шадид харобиоварро мушоҳида мекунад. Аз ҳама харобиовартарин заминларза дар ин кишвар соли 2004 дар ҷазираи Суматра рух дод, ки қудрати он 9,1 дараҷаи рихтерро ташкил дод ва дар натиҷа сунамиро ба вуҷуд овард, ки 14 кишварро фаро гирифт ва тақрибан ҷони 226 ҳазор нафарро гирифт, ки нисфи онҳо шаҳрвандони Индонезия буданд.

Рӯзи дуввуми Ҷоми ҷаҳон-2022

0

Дар рӯзи дуввуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки дар давлати Қатар ҷараён дорад, 3 бозии дигар баргузор гардид.

Ин рӯз бо пирӯзии бузурги тими Англия бар Эрон бо ҳисоби 6:2 оғоз шуд.

Бозигарони мунтахаби Эрон вақте суруди миллиашон садо медод аз замзама кардани он худдорӣ карданд. Ба гузориши баъзе аз расонаҳо, бо ин роҳ бозигарон пуштибонии худ аз эътирозгарони дохили кишварашонро нишон доданд.

Ҳамчунин футболбозони тими миллии Англия бо зону задан аз ҳаракати Black Lives Matter (харакати чамъиятии зидди нажодпарастӣ ва зӯроварӣ ба муқобили сиёҳпустон,) пуштибонӣ карданд.

Аллакай дар дақиқаи ҳаштуми ин бозӣ, Эрон аз дарвозабони асосии худ Алиризо Бейранванд маҳрум шуд. Дарвозабони эронӣ бо ҳимоятгар Маҷид Ҳусейнӣ рӯ ба рӯ бархӯрд ва аз ҳуш рафт. Пзишкон ба ӯ бештар аз даҳ дақиқа ёрӣ расонданд. Дар натиҷа Алиризо бозиро идома дода натавонист ва ба ҷои ӯ Ҳусейн Ҳусейнӣ вориди майдон шуд.

Бар асари осеби Бейранванд довар Рафаэл Клаус ба қисми аввали бозӣ 14 дақиқа илова кард ва ин қисми вохӯрӣ бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Ба қисми дуюми вохӯрӣ даҳ дақиқаи дигар илова карда шуд.

Дар натиҷа дастаи Эрон аз дастаи Англия 6 бар 2 мағлуб шуд. Ҳарду голи мунтахаби Эронро Меҳдӣ Таремӣ (якеаш аз пеналтӣ) ба нишон расонд.

Карлуш Кейруш, мураббии мунтахаби Эрон пас аз ин бозӣ аз бозигаронаш ҳимоят ва рафтори мухлисонашро танқид кард.

Карлуш Кейруш, мураббии мунтахаби Эрон

“Шумо дидед, ки имрӯз чӣ шуд. Чаро онҳо [мухлисҳо] ба ин ҷо омаданду моро дастгирӣ накарданд? Агар дар хона мемонданд, хеле беҳтар мебуд. Мо ба онҳо ниёз надорем. Бозигарон ҳама чизро эҳсос мекунанд ” гуфт Карлуш.

Пас аз як соат аз анҷоми бозии тимҳои Эрон ва Англия бозии Сенегал ва Ҳолланд оғоз шуд. Ин бозӣ ба фоидаи Ҳолланд бо ҳисоби 2:0 анҷом шуд. Дар дақиқаи 84 ва 99 Коди Гакпо ва Дэви Классен гол заданд.

Инчунин бозии дигар миёни мунтахабҳои ИМА ва Уэлс баргузор гардида, ҳарду тим ба дарвозаҳои якдигар як голӣ заданд. Дар дақиқаи 36-ум ҳисобро аз Амрико Тимоти Веаи 22-сола боз кард. Тимоти Веа ҳамлагари дастаи “Лилл”-и Фаронса буда, писари барандаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 1995 ва президенти феълии Либерия Ҷорҷ Веа мебошад.

Дар дақиқаи 81-ум Гарет Бэйл аз Уэлс пеналтиро ба ҳадаф расонда, ҳисобро баробар кард.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар далати Қатар аз 20-уми ноябр оғоз шуда, финали қаҳрамонӣ рӯзи 18-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки дорои 80 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон аст, баргузор хоҳад шуд.

Дар аввалин бозии Ҷоми ҷаҳон 2022 дастаи мунтахаби Қатар, ки мизбони ин бозиҳост аз тими Эквадор бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Раҳмон бо Наришкин масоили аминятиро баррасӣ кард

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22-уми ноябр бо Директори Хадамоти разведкаи берунии Русия Сергей Наришкин дар Душанбе масоили амниятиро баррасӣ кард.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Тавре Хадамоти матбуоти Президент хабар дод, ҷонибҳо масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар “самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ“-ро таъкид карданд.

Инчунин гуфта мешавад, Раҳмон бо Наришкин муқовимат бо хатарҳоеро баррасӣ карданд, ки ба “тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд“.

Раҳмон бо намояндаи Русия дар ҳоле таҳкими ҳамкорӣ дар масоили амниятӣ вобаста ба “терроризм” ва “идеологияи тундгароии динӣ”-ро баррасӣ мекунад, ки давоми 6-7 соли ахир шаҳрвнадони зиёде бо ин иттиҳомот бо дархости мақомоти тоҷик аз Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардиданд. Ба хусус дар ин ҷанд моҳи ахир ин раванд шиддат гирифтааст. Пайвандони онҳо борҳо иттиҳомоти эълоншудаи мақомотро рад карда, онро ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва динии назидконашон рабт додаанд.

Дар ҳамин ҳол аксари созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ борҳо аз чунин амалкарди мақомоти тоҷик интиқод кардаанд. Ба иддаои онҳо, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо баҳонаи “мубориза бо терроризм” ва “ифротгароии динӣ” нафарони зиёдеро, ки аз ҳукуматдории ӯ норозиянд, боздошт ва бидуни муҳокимаҳои одилона зиндонӣ мекунад.

Ҳунарманди маъруфи эронӣ (Зулайхо) боздошт шуд

0

Катоюн Риёҳӣ, бозигари синамо ва телевизиони Эрон, ки дар серёли “Юсуф паёмбар” нақши Зулайхоро бозида буд, аз ҷониби нерӯҳои амниятии ин кишвар боздошт шудааст.

Тавре расонаҳои давлатии Эрон шоми якшанбе хабар доданд, хонум Риёҳӣ қаблан дар ҷустуҷӯ қарор дошта, шоми якшанбе дар шаҳристони Обики вилояти Қазвин аз дохили вилои худ боздошт шудааст.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Форс“-и Эрон, мақомоти додгоҳии Қазвин хонум Риёҳиро ба “интишори матолиби таҳрикомез дар ҷиҳати ҳимоят аз эътирозгарони хиёбонӣ” муттаҳам кардаанд.  

Мақомоти додгоҳии Қазвин гуфтаанд, ки хонум Риёҳӣ пас аз изҳори назар ва интишори матолибаш дар ҳимоят аз эътирозгарон дар шабакаҳои маҷозӣ ба додгоҳ даъват шуда буд, аммо ӯ ҳозир нашуд. Бинобар ин, ӯро дастгир карданд.

Ин ҳунарманди эронӣ аз оғози эътирозоти хиёбонӣ ҳимояти худро аз мардум эълон кард ва чанде пас бо ҳимоят аз эътирозгарон ҳиҷобашро низ бардошт.

Ӯ моҳе пеш дар мусоҳиба бо телевизиони “Эрон интернешнл” бори дигар ҳимояти худро аз мардум таъкид кард ва афзуд, ки ӯ ҳиҷобашро кашф накардааст, балки ҳиҷ вақт ба ҳиҷоб набудааст. Ӯ гуфт: “Солҳост, ки моро бо ҳиҷоб нишон медиҳанд, вале ин ҳақиқат надорад, ман ҳич вақт ба ҳиҷоб набудам“.

Ин ҳунарманди эронӣ пас аз нашри серёли “Юсуф паёмбар” дар Тоҷикистон низ маъруф шуд. Ва мардум ӯро бо номи Зулайхо – нақше, ки бозидааст, пештар мешиносанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз сафири Украина нусхаи эътимоднома гирифт

0

Тоҷикистон дар сафи кишварҳое қарор гирифта, ки дар ҳолати бурузи заъфҳои Русия мехоҳанд пила-пила вобастгиҳои худ аз Кремлинро камтар кунанд.

Имрӯз, 21-уми ноябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон худаш дар қасри Миллат аз сафири навтаъйин, фавқулъода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома гирифт.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйин, фавқулъода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Сириҷоддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кившар ва муовини ӯро ҳам ба қасри Миллат даъват карда, дар ҳузури сафирони кишварҳои ғарбӣ ҳамсӯйии худ бо Украинаро ба намоиш гузошт.

Вақте Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сафирони Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ нахуст нусхаи эътимодномаи сафири Украинаро қабул кард, ин маъноро дорад, ки вай гуфтан мехоҳад, ҳар чанд ба хотири нараҷондани Русия то ҳол дар қазияи Украина хомӯш аст, вале бо ин вуҷуд, Киев барои Душанбе хеле аҳамият дорад ва ҷойгоҳи Украина дар Тоҷикистон бузугтар аз хеле давлатҳои дигар аст.

Ин эъломи ҳамсӯйӣ, қаробат ва ё дилсӯзӣ бо Украина дар замоне аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар малаи ом ва пеши дурбинҳои расонаҳо баргузор мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз 8 моҳ аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина то кунун ошкоро ва ба сурати расмӣ дар бораи ин ҳамлаҳои хунин ва даҳшатбор мавзеъгирӣ накардааст.

Аз сӯи дигар, ин кори Эмомалӣ Раҳмон ин паёмро ҳам метавонад дар худ дошта бошад, ки вай ба Кремлин гуфтан мехоҳад, вақте Маскав наметавонад ба хостаҳои Душанбе посухи мусбат диҳад, дасти тоҷикистониҳо ҳам баста нест, ба хотири ба даст овардани манофеи дӯстони аврупоияш метавонад аз корди Украина ҳам хеле хуб истифода кунад.

Гуфта мешавад, ҳар чанд дар зоҳир муносибатҳои Тоҷикистону Русия хеле хуб арзёбӣ мешавад, аммо пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз сафири Украина ҳамон суҳбатҳои ду моҳ пеши ӯро дар Самарқанд бо Владимир Путин ба ёд меорад, ки бо гилояҳои зиёде гуфта буд, ки Маскав дар рӯйкарди муносибатҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон таҷдид назар кунад ва ӯро бояд эҳтиром намояд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Тошиев: Мо бо Тоҷикистон забон ёфта истодаем

0

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи шанбе, 19-уми ноябр гуфт, ки аллакай бо ҷониби Тоҷикистон дар мавриди баҳсҳои марзӣ ба баъзе тавофуқот даст ёфтаанд.

Ба гузориши расонаҳои қирғизӣ, раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҷузъиёти сафараш ба Тоҷикистон ва чӣ гуна пеш рафтани раванди музокироти ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории нуқтаҳои баҳсбарангези марзи давлатӣ гуфтааст.

Тошиев раванди музокирот бо ҷониби Тоҷикистонро “хуб” арзёбӣ карда, мегӯяд, ки дар дидори ахираш бо намояндагони тоҷикистонӣ дар Душанбе ба баъзе масъалаҳое тавофуқ ҳосил шуда, ки қаблан мушкил буд.

“Мо кӯшиш дорем, ки масъаларо ҳал кунем. Агар пештар мо ин корро карда наметавонистему хама дар мавқеи худ истодагарӣ мекард ва таслим намешуд, акнун мо барои ҳалли масъалаҳо забон ёфта истодаем. Ҳоло ба гузашт кардан омодаем. Мо ба онҳо пешниҳод мекунем, ки шумо ин заминро гиред ва мо онро мегирем.”, – мегӯяд Тошиев.

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки дар ояндаи наздик аз Тоҷикистон як ҳайати бузурги корӣ ба Қирғизистон мераванд.

Раиси КДАМ-и Қирғизистон мегӯяд, ки пас аз омадани ҳайати Тоҷикистон созишномаҳоро имзо мекунанд ва сипас он дар “Жогорку Кенеш” (парлумони Қирғизстон) баррасӣ мешаваду дар ниҳоят президентҳо онро имзо хоҳанд кард.

Ёдовра мешавем, ки чанде пеш президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ гуфта буд, ки дар бораи Чоркӯча байни кишварҳо созишномае ба имзо расидааст.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон аз ҷузъиёти гуфтушуниди ахири ҳайатҳои кории ду кишвар дар мавриди баҳсҳои марзӣ чизе ба хабарнигорон шарҳ надодаанд.

Кушодашавии Ҷоми ҷаҳон-2022 ва шикасти мизбон дар бозии аввал

0

Шаби 20-уми ноябр маросими кушодашавии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар варзишгоҳи “Ал-Байт”-и Қатар баргузор гардид.

Гуфта мешавад ин аввалин Ҷоми ҷаҳонии футбол дар таърихи як кишвари арабӣ ва исломӣ аст ва дар он бо вуҷуди ихтилофоти байни якдигар аксари раҳбарони кишварҳои исломӣ ҳузур пайдо карданд.

Дар кушодашавии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар баробари амири Қатар, шайх Тамим ибн Ҳамд ибни Халифа ва падараш Ҳамд ибн Халифа ва раиси FIFA Ҷанни Инфантино, инчунин Муҳаммад ибн Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, Абдуллоҳ II ибн Ҳусейн подшоҳи Урдун, Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср, Абдулмаҷид Таббун, раисҷумҳури Алҷазоир, президенти Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва раиси Ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ширкат доштанд.

Дар маросими кушодашавӣ қорӣ ва варзишгари маъюб Ғоним Мифтоҳ дар ҳузури ҳунарманди шинохтаи Ҳоливуд Морган Фриман аз Қуръон оятеро тиловат кард.

Яке аз ангезаҳои асосии ин маросим, нишон додани ягонагии тамоми мардум, сарфи назар аз тафовути ранги пӯст, фарҳанг ва ғайра буд.

Инчунин дар ин маросим намоишу рақсҳову мусиқиҳои зиёде нишон дода шуда, Чон Ҷон Гук, сарояндаи гурӯҳи BTS мусиқии зиндаро иҷро карда, дар идомаи Фаҳд Алкабисӣ хонандаи қатарӣ ҳам ба ӯ пайваст ва таронаеро бо ҳам хонданд.

Дар охир амири Қатар суханронии кӯтоҳе карда, ҳозиринро хушомад гуфт.

Тамошобинон ва иштирокдорони ин маросим мегӯянд, ки дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол ин зеботарин маросими кушодашавӣ буд.

Дар аввалин бозии Ҷоми ҷаҳон 2022, ки баъд аз маросими кушодашавӣ шуруъ шуд, дар он дастаи мунтахаби Қатар, ки мизбони ин бозиҳост аз тими Эквадор бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Гуфта мешавад, бори аввал аст, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол моҳҳои ноябр – декабр доир мегардад.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Финали қаҳрамонӣ рӯзи 18-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки дорои 80 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон аст, баргузор хоҳад шуд.

Сафирони Чад, Аргентина ва Мексика нусхаи эътимоднома супориданд

0

Сафирони ҷумҳуриҳои Чад, Аргентина ва Шататҳои Муттаҳидаи Мексика дар Тоҷикистон нусхаҳои эътимодномаҳои худро ба муовини вазирони корҳои хориҷӣ тақдим карданд.

Дар акс Музаффар Ҳусейнзода ва cафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Чад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Москва) Маҳамуд Адам Бечир

Имрӯз, 21-уми ноябри соли 2022 сафирони ҷумҳуриҳои

Дар акс Музаффар Ҳусейнзода ва сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Леополдо Франсиско Саҳорес

Гуфта мешавад, кишварҳои Чад ва Штатҳои Муттаҳидаи Мексика дар Тоҷикистон сафорат надоранд, аммо қароргоҳи сафири Чад дар Маскав ва Штатҳои Муттаҳидаи Мексика дар Теҳрон мебошад.

Тоқаев бори дигар президенти Қазоқистон интихоб шуд

0

Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар интихоботи пешазмуҳлати президентии Қазоқистон, ки рӯзи 20-уми ноябр баргузор гашт, бори дигар президенти ин кишвар интихоб шуд.

Акс аз сомона “tengrinews.kz”

Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон натиҷаҳои пешакии овоздиҳии интихоботи президентии пешазмуҳлати ин кишварро, ки рӯзи 20 ноябр баргузор шуд, эълон кард. Тибқи он, президенти кунунии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо пирӯзии мутлақ, яъне ба даст овардани 81,31 дарсади раъй овоздиҳандагон боз президенти ин кишвар инхоб гардид.

Дар ин интихоб 6 нафар бо шумули худи Тоқаев иштирок карданд. Ба гуфтаи коршиносон рақибони Тоқаев чеҳраҳои чандон маъруфе набуданд ва ҳеч кадоме ҳадди ақал 3,50 дарсади овозҳоро ба даст оварда натавонист.

Аз байни рақибони Тоқаев аз ҳама бештар Жигули Дайрабоев – 3,42 %-и овозҳоро ба даст овард. Ва дигарон бошанд, ба монанди Каракат Абден – 2,60%, Майрам Кажикен – 2,12 %, Нурлан Ауесбаев – 2,22%, Салтанат Турсинбекова – 2,12%-и овози интихобкунандагонро ба даст оварданд.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро барои бори дигар ба президентӣ интихоб шуданаш шодбош гуфт. Раҳмон дар барқияи шодбошияш бори дигар президент интихоб шудани Тоқаверо “далели нуфузи баланди сиёсӣ” ва “дастгирии мардум аз роҳи пешгирифта”-и ӯ унвон кард.

Аммо баъзе таҳлилгарон бар ин борваранд, ки рӯ ба диктатура овардани ҳокимон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ одатан аз онҷо шуруъ мешавад, ки дар интихобтҳои президентӣ рақибони президенти феълӣ шахсони ғайримаъруфе ҳастанд, ки дар интихобот ҳатто 5 дарсади овозҳоро ба даст оварда наметавонанд.

Аз дастори Толибон то “галстук”-и Раҳмон

0

Байати нерӯҳои дигар бо Мулло Умар – бунёдгузори Толибон ба тарзе буд, ки то замони зинда будани ӯ имкони шикастани байат вуҷуд надошт. Ин гуна як “байат” байни мансабдорони тоҷик бо Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 низ ба вуҷуд омад.

Пас аз ғасби қудрат аз тарафи Толибон ифрот дар дин, қавмпарастӣ, нақзи ҳуқуқи ғайрипаштунҳои маскуни Афғонистон, барҳам задани дастовардҳои сиёсию иқтисодии ин кишвар дар бист соли ахир мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо ва ҷомеаи маданӣ қарор гирифт. Воқеан, баррасии вогузории давлати Афғонистон ба Толибон, ки зоҳиран ба дасти Ашраф Ғанӣ ва ризоияти Амрико сурат гирифт, зоеаи бузурге барои ин миллат аст, аммо ин куллан мавзуи  ҷудост.

Ба сиёсати бузург ҳамроҳ шудани Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар ҷаҳон ба унвони чеҳраи матраҳ дар ҷодаи озодию истиқлол шинохта мешавад, умедҳоеро барои шикасти дубораи Толибон зинда кардааст. Ин таҳаввул дар фазои маҷозии Тоҷикистон аз назари миллӣ матраҳ аст. Аммо ҷолиб ин аст, ки дар зимни баррасии ин мавзуъ гоҳо Ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар баробари нерӯҳои озодихоҳ қарор мегирад ва то ҷое масун ҷилва меёбад, ки агар интиқоде аз он шавад, муаллифи интиқод ба бархӯрдҳои ҷиддии лафзӣ, барчаспзаниҳое аз қабили “хоин” ва “хоини миллат” рӯ ба рӯ мешавад. Ҳол он ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин сӯ амалҳои ба мисли аъмоли Толибонро камтар анҷом надода. Гуфтан ё навиштан аз ин аъмол ҳаргиз ба маънии ҷонибдорӣ аз Толибон ва зидди Аҳмад Масъуд будан нест, балки Аҳмад Масъуд бо Ҳукумати Тоҷикистон қиёснопазир аст. Баръакс, Ҳукумати Тоҷикистон шабоҳатҳое бо Толибон дорад, танҳо бо ин фарқ, ки яке дар дунявият ифрот карда, дигаре дар дин. Дар Тоҷикистон ҷанг нест, ифрот афроди кушта ба дунбол надорад, балки дар кишвар саркӯби озодию шикастани рӯҳия ва ҷуръати як миллат будаву ҳаст, ки кулли мавонеъро барои ғуломсозии як ҷомеа аз миён хоҳад бардошт.

Ғасби қудрат

Соли 1994 Толибон ба манзури таъмини амният дар Афғонистон ва халъи силоҳи гурӯҳҳое, ки амнияти ин кишварро зери суол мебурданд, ба фаъолият шуруъ кард. Аммо худ барои мардум мушкиле сохт, ки ҳич низоме дар Афғонистон насохта.

Ваҳид Мужда, муаллифи китоби “Афғонистон ва панҷ соли султаи Толибон” бо ёдоварӣ аз дидори Салмон Умарӣ, сафири вақти Арабистони Саудӣ бо Мулло Ҳасан Охунд, муовини Шӯрои сарпарасти Афғонистон (замони ҳукумати Толибон) ба ин маънӣ менависад, ки пуштибонҳои Толибон зидди ба қудрат расидани он буданд. Сафир Мулло Ҳасанро мепурсад: “Оё қарори мову Шумо ҳамин буд, ки Шумо вориди Кобул шавед? Оё қарор ҳамин буд, ки Шумо дар Кобул ҳукумат бисозед?…”. Дар шарҳи ин суолот Ваҳид Мужда менависад, “чунин ба назар мерасад, ки Толибон қабл аз вуруд ба Кобул ба баъзе аз кишварҳо ва СММ итминон дода буданд, ки худ қасди ташкили ҳукуматро надоранд, балки иҷоза хоҳанд дод, то дар он ҷо ҳукумате ба қоидаи васеъ ташкил гардад”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба гунае ба ҳамин шева сари кор омад. Соли 1992, баъди ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ дар Тоҷикистон Фронти халқӣ созмон ёфт. Муассисони Фронти халқӣ, ки дар баҳори соли 1992 мардуми Кӯлобро бо ваъдаи барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ ба майдон оварда буданд, баъди таъсиси Фронт, дар моҳи ноябри соли 1992 барқарории ҳукумати конститутсиониро “фаромӯш” карданд. Манзур аз барқарор кардани “ҳукумати конститутсионӣ” ба мансаб баргадонидани Сафаралӣ Кенҷаев буд. Албатта, пас аз ташкили Ҳукумати Муросои Миллӣ мафҳуми “ҳукумати конститутсионӣ” васеътар шуд.

Гузашта аз ин дар банди 4-и “Оиннома”-и Фронти халқӣ гуфта мешуд, ки “масъалаи аз вазифа сабукдӯш кардани раиси ҷумҳур ба он тарзе, ки роҳбарони оппозитсия гузоштааст, хилофии раъйи мардум аст… Аз ин ҷо лозим аст, ки ҳама гуна тазйиқу фишор ва зӯроварӣ ба кори раиси ҷумҳур ва инчунин Шӯрои Олӣ бас карда шавад”. “Оиннома”-и Фронти халқӣ 6 октябри соли 1992, баъди истеъфои маҷбурии раисҷумҳури Тоҷикистон аз тарафи мухолифин дар фурӯдгоҳи Душанбе иншо шудааст. Манзури ин банд, албатта, шевае аз истеъфост, ки дар нисбати Раҳмон Набиев аз ҷониби мухолифин истифода шуд. Аммо расо ду моҳу 10 рӯз пас аз истеъфои раисҷумҳур дар Хуҷанд иҷлосияи Шӯрои Олӣ ба кори худ оғоз кард. Раҳмон Набиев умедвор буд, ки Фронти халқӣ ӯро ба мансаб бармегардонад, аммо тайи ин иҷлос на танҳо ӯро ба мансаб барнагардонданд, балки шакли идории перизендиро дар Тоҷикистон ба шакли идории парлумонӣ иваз карданд. Аз хотироти се иштирокчии иҷлосияи 16 Ҳикматуллоҳ Насриддинов, Абдулмаҷид Достиев ва Ҳабибуллоҳ Табаров бармеояд, ки Раҳмон Набиев ба ҳич ваҷҳе намехост истеъфо диҳад, аммо нафароне, ки барои “розӣ кардан”-и Раҳмон Набиев рафта буданд, ӯро итиминон доданд, ки бояд истеъфо диҳад. Пас аз истеъфои ӯ, ба гуфтаи Ҳабибуллоҳ Табаров, бо ризоияти Сангак Сафаров Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шӯрои Олӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмонов ба қудрат расид ва оши оштиро ҳам хӯрданд, аммо оташи ҷанг дар Тоҷикистон хомӯш нашуд.

Ба назари бархе аз муаррихон, Русия қасд дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо шаш моҳ бояд раиси Шӯрои Олӣ бошад, аммо баъди аввалин сафари раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон ба Русия дар ибтидои соли 1993 Кремл тасмимашро иваз кард.

Гузашта аз ин агар Толибон баъди сари қудрат расидан Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба Иморати Исломии Афғонистон табдил доданд, парлумони Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон шакли раёсатҷумҳурии кишварро барҳам зад, вале ду сол баъд, соли 1994 боз сохти раёсатҷумҳурӣ ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвар баргардонд.

Ба назари Ваҳид Мужда, байати нерӯҳои дигар бо Мулло Умар, бунёдгузори Толибон ба тарзе буд, ки то замони зинда будани ӯ имкони шикастани байат вуҷуд надошт. Ин гуна як “байат” бо Эмомалӣ Раҳмон дертар ба вуҷуд омад. Моҳи декабри соли 2015 парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро тасвиб кард. Ин қонун ба ҳадде раисҷумҳурро масун кард, ки тибқи муқаррароти он, Эмомалӣ Раҳмон метавонад то охирин нафас сарвари як кишвар бошад. Қонуни мазкур на танҳо раисҷумҳурро, балки тамоми аҳли байти ӯро масун кард.

Моҳи июли соли 2016 парлумон дар зимни як тағйире дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” мақомоти давлатиро муваззаф кард, ки пас аз нишастан ба курсии мансаб ба номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд кунанд. Пас аз ин тағйир дар қонунгузории Тоҷикистон ановине, мисли “Раисҷумҳур Худо шуд” дар сархатти ахбори сойтҳои Эрону Афғонистон қарор гирифт.

Рӯёрӯӣ бо дархостҳои “хоҷаҳои хориҷӣ”

Баъди мамнуъ кардани фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ибораи “хоҷаи хориҷӣ” дар расонаҳои давлатӣ ба истилоҳи забоншиносон, забонзада шуд. Ҳол он ки ҳам Толибон ва ҳам Эмомалӣ Раҳмон бар маҳзи кумаки “хоҷаҳои хориҷӣ” ҳукумат дарёфт кардаанд. Аммо аҷиб ин аст, ки Толибон дар ин маврид нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷуръати бештар нишон додааст.

Соли 1996, вақте Толибон ба қудрат расиду Усома бин Лодан таҳти ҳимояи ин гурӯҳ қарор гирифт, Арабистони Саудӣ ва Амрико, ду хоҷаи аслии Толибон тақозо намуданд, ки ин гурӯҳ Усома ибни Лоданро ба онҳо таҳвил диҳад. Аммо Толибон ин дархости хоҷаҳояшро рад кард. Маҳз ин сарпечии гурӯҳ аз дархости Амрико ва Арабистони Саудӣ боис шуд, ки НАТО вориди Афғонистон шавад.

Покистон, дигаре аз “хоҷаҳои хориҷӣ”-и Толибон бо сари қудрат овардани ин гурӯҳ ду ҳадафи умдаро дунбол мекард: аввалан, мехост, ки хатти Дюрандро Толибон ба расмият бишносад ва дуюм, ҳадафи таъсиси конфедератсияро дошт, ки Афғонистонро дар ҳайати он дидан мехост. Вале вақте аз Толибон хост, ки хатти Дюрандро ба расмият бишносад, ин ҳаракат ба далели ин ки давлати он машрияти байналмилалӣ надорад, яъне ҷомеаи онро ба расмият нашинохтааст, хоҳиши Покистонро рад кард. Бо пеш гирифтани сиёсати паштугароӣ Толибон ҳамчунин ҳадафи ташкили конфедератсия бо Покистонро нақше бар об кард.

Аммо иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷиҳати бархӯрд бо “хоҷаҳои хориҷияш” аҷиб будааст. Соли 2011 парлумони Тоҷикистон протоколи таъйини хатти марзии миёни Тоҷикистону Чинро тасивиб кард, ки бар асоси он, 1142 километри мураббаъ аз хоки кишвар муталлиқ ба Чин шуд. Мақомоти Тоҷикистон бо “пирӯзии дипломатия” эълон кардани ин муомила гуфтанд, ки масоили баҳсӣ дар мавриди марз бо Чинро, ки бозмонда аз даврони шӯравӣ буд, ҳал кардаанд. Аммо мухолифони ҳукумат иддао мекарданд, ки Чин бар ивази қарзаш аз хоки Тоҷикистон ба ҳудуди худ изофа кардааст. Чун Ҳукумати Тоҷикистон, ки тавзеҳи комиле аз ин масъала ироа накардааст, хеле мушкил аст хулоса кардан, ки кӣ дуруст мегӯяд: ҳукумат ё мухолифонаш.

5-уми октябри соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро имзо карданд. Пас аз имзо шудани ин созишнома аз ҷониби ду раисҷумҳур баҳсҳое дар расонаҳо дар бораи зери суол рафтани истиқлоли Тоҷикистон бо ба иҷора додани замин барои пойгоҳи Русия матраҳ шуданд. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии вақти Тоҷикистон гуфта буд, ки “имрӯз ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад, ки хоки Тоҷикистон ройгон барои пойгоҳи низомии кишвари хориҷие дода шавад. Агар касе дар хориҷ пойгоҳи низомӣ ё ҷузъе аз онро дошта бошад, бояд бидонад, ки дар хоки он кишвар аст ва ин ҳама қимат дорад”. Аммо чун интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 наздик шуд, ҳама сиёсатмадорони ҳукумат “ба даҳон об гирифтанд”. Масалан, Суҳроб Шарифов, намояндаи парлумон низ дар як мусоҳибааш бо расонаҳо мантиқан чунин гуфта буд, ки набояд заминро ройгон дар ихтиёри пойгоҳи низомии Русия қарор дод, зеро дар ҳолати хароб шудани равобити Русия бо қудрате амнияти Тоҷикистон зери хатар қарор мегирад. Аммо ӯ низ баъди тасвиби созишнома мавқеашро дар ин бора тағйир дод ва гуфт: “Қабули ин созишнома ба манфиатҳои давлатӣ ва миллии мо ҷавобгӯй аст”.

Чанде қабл аз тасвиби созишнома расонаҳои Русия навишта буданд, Тоҷикистон барои ҳар соли тамдиди ҳузури пойгоҳ 308 миллион доллар талаб кардааст. Вале бо вуҷуди ин гуна мавзеъгириҳо соли 2013 Тоҷикистон на танҳо то соли 2042 заминро бепул дар ихтиёри пойгоҳи низомӣ гузошт, балки масуниятҳое ба низомиёни он дод, ки шояд баробар ба масунияти дипломатҳо бошад. Зимнан, муҳтавои созишномаи Тоҷикистону Русия расонаӣ нашуд, зеро мақомоти кишвар хавф доштанд, ки агар ҷузъиёти созишнома расонаӣ шавад, ба бархӯрди ҷиддии мардум рӯ ба рӯ мешаванд, ки чунин як рӯйкард ба нуфузи Эмомалӣ Раҳмон дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 латма ворид мекунад. Албатта, ройгон тамдид шудани ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон низ ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ рабт дошт.

Кумакҳое, ки дар ивази тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия Душанбе аз Маскав гирифт, амалан таъсире дар зиндагии тоҷикон надоранд. Барои мисол, суҳулатҳое, ки баъди имзои созишнома Русия ба муҳоҷирин дод, соли 2015, баъди ташкили Иттиҳоди Иқтисоди Авруосиё амалан аз байн рафтанд. Як миллион тонна сӯзишворие, ки дар сол Русия барои Тоҷикистон бидуни аворизи гумрукӣ медиҳад, заррае дар поин рафтани қимати сӯзишворӣ таъсир надорад.

Амният ва фасоди идорӣ

Толибон, ки бо ҳадафи таъмини амният ва халъи силоҳи дигар гурӯҳҳои ба назари он, ғайримуҷоз аз ҳузури хеш дарак дод, минбаъд низ дар ҷиҳати таъмини ин муваззафоти хеш талош кард. Аммо муаллифи “Афғонистон ва панҷ соли султаи Толибон” менависад, ин гурӯҳ на дар ҳама нуқоти Афғонистон муваффақ ба барқарории амният шуд. Ба қавли ӯ, Толибон танҳо дар шаҳру вилоёти нисбатан кӯчактари Афғонистон тавонист амниятро барқарор кунад, аммо дар зинм низоми “андиволӣ”-ро ҷорӣ кар, ки баъдан боиси фасоду дуздӣ ва соири ҷиноёт шуд.

Низоми “андиволӣ”-е, ки муаллиф тасвир мекунад, ин аст, ки ҳар нафаре масъулияти амнияту назми минтақаеро ба уҳда мегирифт, нафарҳои ба худаш содиқро ба мансаб мегуморид, ки дар баъзе аз маконҳо боиси фасоду дуздӣ мешуданд. Ин навъ аз раҳбарӣ шабоҳати зиёде ба ҳукумати хешутаборӣ дар Тоҷикистон дорад.

То чанд соли пеш маҳал дар таъини нафаре ба мансабе нақши муҳим дошт. Аммо ин раванд рӯ ба таназзул ниҳод, зеро Ҳукумати Тоҷикистон бинобар маҳалгароияш зиёд интиқод шуд. Бинобар ин, феълан раванди тозае дар кишвар ҳукмрон аст, ки бештар бар асоси садоқат ба раисҷумҳур поягузорӣ шудааст. Садоқат ба раҳбар аз нишонаҳои кишварҳои авторитарист, ки агар раҳбар мардумро ба ҷар тела диҳад ҳам, содиқинаш мегӯянд: “Дуруст аст!”. Ин “садоқат” дар Тоҷикистон ба ҳаддест, ки иддае аз мансабдорон бо ба фурӯш гузоштани навомиси худ фикр мекунанд, агар пешво намебуд, заноҳояшон ақим мемонданд. Аз ин рӯст, ки ҳар нафаре ба мақоме дар Тоҷикистон мерасад, мушкили он ниҳод ё ноҳия ҳал намешавад, балки амиқтар мегардад ва ҳиҷрат рӯ ба фузунӣ меорад.

Иддаои дигари Эмомалӣ Раҳмон вуҷуди сулҳу амният дар кишвар аст. Вуҷуди сулҳу амният дар кишвар, воқеан қобили эътироф аст. Аммо ин суҳлу амният дар ағлаби маворид аз ҷониби раисҷумҳур ғалат тафсир мешавад, ки навъе аз миннатгузорӣ болои як миллат аст. Агар ин сулҳу амният аз тариқи усулҳои демократӣ, бо таваҷҷуҳ ба манофеи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мардум фароҳам мешуд, шояд Эмомалӣ Раҳмон ҳаққе дошт, ки миннатгузор бошад. Аммо ин ҳама амнияту субот бар пояи тарс дар Тоҷикистон барқарор аст, ки зиллати камтаре аз ҷанг надорад. Ба ёд биёред воқеаҳои тобистони соли 2012-и Хоруғро.

Зимнан худи “террор” маънии тарсро дорад, на куштанро. Куштан дар “террор” ҳамчун васила барои эҷоди тарс анҷом мешавад. Агар Толибон куштанро васила қарор додаанд, то тарсу ваҳшатро ба вуҷуд оранд, Ҳукумати Тоҷикистон ваҳшатро бидуни куштор, аз тариқи дастгоҳи амниятии худ амалӣ мекунад. Агар иддае аз шаҳрвандони Афғонистон аз тарси кушта шудан ба дасти толиб бар боли ҳавопаймо нишастанд, то аз кишварашон фирор кунанд, миллионҳо тоҷик ҳамсола бо қарз чандин баробар гарон аз арзиши аслӣ аз ширкатҳои билетфурӯшии фарзандони Раҳмон билет мехаранд, то кишварашонро тарк кунанд. Гӯё инро касе намебинад. Ҳол он ки онҳоро мисли афғонистониҳо урупоиҳо, амрикоиҳову канадагиҳо пешвоз намегиранд, балки зиндагии шоқа эшонро дар Қазоқистону Русия мунтазир асту “кӯшк”-ҳояшон вагони сард ё утоқи дунафарие, ки даҳ кас онро иҷора мегирад. Ин қишр ҳатто ҳаққи ибрози андеша надорад. Агар назаре баён кунад, ё террорист унвон мешавад ё ифротгаро. Чаро инро намебинед?

Қозиҳои даврони Толибон бар мабнои фасоде, ки дар он замон авҷ гирифт, маошу зиндагии беҳтаре аз дигарон доштанд. Ин хусусият дар Тоҷикистон ҳам ба мушоҳида мерасад. Бар маҳзи ин аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба дороиҳои мақомоти ин ниҳод бештар аст. Ин таваҷҷуҳро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо на аз тариқи адолате, ки бояд риоят кунанд, касб кардаанд, балки дороии онҳо ва фасоде, ки доранд, эшонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода. Ҳатто таҳсил дар риштаҳои ҳуқуқшиносӣ хеле гарон аст ва ин ҳам танҳо ба он хотир аст, ки ин мақомот даромади  бештаре аз соири мақомот доранд. Агар ин даромад бо роҳи қонунӣ буд, ҳич эроде дар ин замина вуҷуд надошт, аммо мутаассифона, чунин нест.

Дастор ва нектоӣ

То соли 2005 дар Тоҷикистон доманаи озодӣ густурдатар буд. Касе бо либоси касе коре надошт. Дар роҳу истгоҳ ба назар мерасид, ки донишҷӯйдухтарони Донишгоҳи исломии Имом Тирмизӣ бо риояи сатру ҳиҷоб ба дарс мераванд. Риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳам духтарони ҳиҷобпӯши зиёд дошт, агарчи дар дигар риштаҳо ҳам донишҷӯёни ҳиҷобпӯш таҳсил мекарданд.

Маҳдудият дар ин росто аз соли 2006 оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин сол буд, ки қазияи ба дарсу имтиҳон роҳ наёфтани як духтари донишҷӯй дар Донишкадаи забонҳо ба номи Сотим Улуғзодаи Тоҷикистон расонаӣ шуд. Ин дақиқан ҳамон замоне буд, ки писаронро маҷбур мекарданд, то бо галстук (ба қавли афғонистониҳо нектоӣ) ба дарс ҳозир шаванд. 5-6 сол баъд аз оғози ин раванд маҳдудиятҳои шадиде дар ҷиҳати тарзи пӯшидани либоси донишҷӯён ҷорӣ шуд, ба ҳадде, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон акси намунае аз либосҳои духтарону писаронро дар донишгоҳҳо насб кард. Ҳатто барои пойафзол (каблук)-и духатарони донишҷӯй андоза муқаррар карданд.

Акнун ин масъала ба макотиби миёна ҳам дахл дорад. Агарчи дар донишгоҳҳо танҳо дастур медиҳанд, аммо мудирони бахшҳои маорифи ноҳия макотиби миёнаро бозор кардаанд. Магар дар сомонаи радиои “Озодӣ” чанд матлабе дар ин хусус нашр нашуд? Ҳатто радиои “Тоҷикистон” ҳам чунин як гузоришеро пахш кард, ки гуфта мешуд, мудири маорифи ноҳияи Панҷ духтарони донишомӯзро маҷбур кардааст, ки аз тариқи муаллимҳояшон либоси мактабӣ харидорӣ намоянд. Агар духтаре, ки ин корро накунад, 15 сомонӣ ҷарима мешуд.

Албатта, либоси ягонаи мактаби танҳо хоси талабҳои Тоҷикистон нест. Дар дигар кишварҳо ҳам ин таҷриба ҳаст. Бинобар ин таъйини либоси ягона барои хонандаҳои мактаб ҷойи нигаронӣ надорад, аммо нигаронкунанда он аст, ки либосро мудири бахши Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон мефурӯшад. Магар демократия ҳамин аст? Чӣ гуна демократия аст, ки талаба дар харидани либосаш озод нест?

Бояд гуфт, масъалаи галстук барои донишҷӯён ба ҳадде зарурӣ шуд, ки ҳатто авлотар аз дониши онҳо барои ҳукумат аст. Ширкат дар дарсҳои донишгоҳҳо барои донишҷӯёни бидуни галстук мамнуъ шуд, ҳатто коруфтодаҳое, ки барои зарурате ба донишгоҳҳо мерафтанд, бидуни галстук наметавонистанд вориди донишгоҳ шаванд. Ифрот дар ин замина аз ҳад гузашт, ки гурӯҳе аз донишҷӯён дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сагеро галстук бастанд. Ин воқеаро марҳум Худойназар Асозода, ки ректори ҳамин донишгоҳ буд, тайи як мусоҳибааш мутазаккир шудааст.

Иқдомоти мақомоти Тоҷикистон дар ин замина рафтори Толибон дар солҳои аввали ҳукуматашонро дар азҳон ҷилвагар месозад: “…вақте ки Муттақӣ ба ҳайси вазири таълим ва тарбият мансуб гардид, тарҳи иҷборӣ шудани юниформ, ки дар он ба сар кардани дастор комилан зарурӣ ва иҷборӣ талаққӣ карда мешуд, на танҳо дар мавриди шогирдони мадориси давлатӣ, балки дар мавриди курсҳои шахсӣ низ иҷборӣ шуд (Ваҳид Мужда, “Афғонистон ва панҷ соли султаи Толибон”, саҳ.112). Аммо бо фарқ аз Толибон иқдоми мақомоти Тоҷикистон олуда ба фасод аст.

Дину дунё дар тазоданд?

Мусалламан Толибон ҳар кореро, ки рӯи даст бигиранд, онро аз номи дин мегӯянд. Режими Раҳмон баръакси Толибон ҳамаи иқдомашро “либос”-и демократӣ мепӯшонад.

Солҳои 70-уми асри гузашта замони тавсеаи андешаҳои ғайридинӣ дар Афғонистон масдуд мешуд. Баландтарин қуллаи бархӯрди дидгоҳҳои диниву дунявӣ дар Афғонистон ба ҷанге печид, ки даҳ сол домани ин кишварро гирифта буд ва бар асари он заминаи фоҷеаҳои имрӯзи Афғонистон гузошта шуд. Бахусус заминаи терроризми динӣ дар ҳамон солҳо гузошта шуд. Мардуми зиёде аз Афғонистон, ки ба Покистон ҳиҷрат карданд, ба навиштаи бархе аз манобеъ, аксаран зери андешаи ду мактаби покистонӣ қарор гирифтанд.

Ба навиштаи Ваҳид Мужда, дар поёни ҳукумати Довудхон дар Афғонистон ду танзим дар Покистон дар рақобат буданд. Яке аз ин танзимҳо Ҷамъияти уламои исломии Покистон буд ва дигаре Ҷамъияти исломии Покистон. Дар оғози муборизаҳои зиддидовудӣ дар Афғонистон таъсири Ҷамъияти исломии Покистон бо раҳбарии Абуаъло Мавдудӣ болои мухолифини Довуд бештар буд, аммо баъдтар нуфузи Ҷамъияти исломии Покистон, ки онро Мавлавӣ Фазлурраҳмон сарварӣ мекард, болои муҳоҷирини Афғонистон афзуд. Ҷамъияти исломӣ нисбат ба Ҷамъияти уламои исломӣ муътадилтар буд. Муҷоҳидоне, ки гароиш ба Ҷамъияти исломии Покистон доштанд, аз ҷониби дастпарвардаҳои Ҷамъияти уламои исломӣ барои бархӯрдҳои нисбатан муътадилашон бо низоми дастнишондаи шӯравӣ дар Афғонистон интиқод мешуданд.

Пас аз тааррузи Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон мардуми зиёде дар Покистон паноҳанда шуданд. Аз он ки Иттиҳоди Шӯравӣ, як кишвари дунявӣ ба хоки Афғонистон таарруз карда буд, иддае таълиму тадриси диниро дурӣ аз ислом ва наздикӣ ба куфр медонистанд. Фарзандони иддаи дигаре аз муҳоҷирин имкони таҳсил дар макотиби дунявии Покистонро надоштанд. Илова бар ин замони мубориза алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойгоҳи рӯҳониён дар миёни ҷомеаи афғонистонии муҳоҷир боло рафт. Ба ҳамин далоил танзимҳои ҷиҳодии Афғонистон мадориси худро дар Покистон созмон доданд.

Ба навиштаи Ваҳид Мужда, Мавлавӣ Муҳаммаднабии Муҳаммадӣ, раиси Ҳаракати инқилобии Афғонистон дар зумраи онҳо буд. Ӯ яке аз сарварони ҷиҳодие аз Афғонистон буд, ки бештарин мадрасаҳоро барои муҳоҷирони Афғонистон дар Покистон таъсис дода, зери таъсири ғояҳои Ҷамъияти уламои исломии Покистон қарор гирифта буд.

Дар чунин як шароите заминаи таҳсили Толибон гузошта шуд. Ин гурӯҳ тақрибан беш аз 14 сол пас аз таъсиси ин мадорис арзи ҳастӣ кард. Толибон илми дунявиро сабаби фасоду гумроҳӣ медонад, бинобар ин ҳар кореро анҷом медиҳанд, онро дар доираи аҳкоми динӣ арзёбӣ менамоянд.

Пеш аз суқути давлати Кобул ба дасти Толибон як суҳбати видеоии Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури фирории Афғонистон ба интернет роҳ ёфт. Ӯ дар ҷамъе суҳбат мекард. Амруллоҳ Солеҳ дар ҳамон суҳбаташ ба ин маънӣ гуфт, ки Толибон дар баъзе маворид мардонро мавриди бозпурсӣ қарор медоданд, ки зери нофашон пок аст ё на. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе мавориди дигар Толибон агар зану мардеро дар роҳ ҳамроҳ медиданд, аз онҳо мадрак мехостанд, то маҳрам будани он ду нафарро исбот кунад.

Вақте ин наворро тамошо мекардам, “ҳисобот”-и сардори РВКД дар вилояти Хатлон дар соли 2016 ба ёдам расид, ки гуфта буд, дар соли 2015 нерӯҳои пулиси зердасти ӯ дар вилоят риши 13 ҳазор мардро тарошидаанду ҳиҷобҳои ду ҳазор занро мусодира кардаанд. Ҳамчунин гаштзаниҳо – “рейд”-ҳои пулиси Тоҷикистон алайҳи ришдорону сатрдорон низ пеши назарам ҷилвагар шуданд. Дар ҳоле ки ҳич заминаи қонуние барои баргузории чунин гаштзаниҳо набуд, мардуми мутадайин ё ҳар каси дигаре, ки бо сабабе риш мегузошт ё ҳиҷоб ба сар мекард, мавриди азият қарор мегирифт. Ҳарчанд дар ин замина қонуне вуҷуд надорад, вале амр ҳаст. Ба унвони мисол, дар поёни соли 2011 аз Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дастури  махсусе ирсол шуд, ки намоиши афроди ҳиҷобдор дар оинаи нилгунро мамнуъ мекард. Аз ҳамон замон то ҳол ТВ-ҳои Тоҷикистон ҳич зани ҳиҷобдореро ба унвони фарди аслии барнома намоиш надодаанд.

Гузашта аз ин 8 марти соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидораш бо занони фаъол аз пӯшиши исломӣ шадидан интиқод карда, онро омили ақибуфтодагӣ унвон кард, ки баъдан “андивол”-ҳояш даст ба кор, риштарошии мардон шуданд. Дар ҳоле ки Толибон таҳсил дар макотиби дунявиро гумроҳӣ медонад, Ҳукумати Тоҷикистон таҳсили диниро гумроҳӣ мешуморад. Баъд аз тақвияти ДОИШ дар Сурия ва Ироқ ва тавсеа ёфтани нуфузи ин гурӯҳи террористӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон то расонаҳои давлатӣ динро гунаҳкори аслӣ медонистанд. Аммо ҷолиб ин буд, ки аксари онҳое, ки бо изҳори пушаймонӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ афв мешуданду ба Тоҷикистон бармегаштанд, мегуфтанд, ки бо фиреби дарёфтии ҷойи кору маоши мувофиқ онҳоро ба он ҷо бурдаанд. Аз ин гуна изҳорот бармеояд, ки дар мулҳақ шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар Ироқу Сурия на танҳо дин, балки омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ низ нақш доштаанд, аммо ҳукумат, ки ба тахриби масоҷид даст зад, эътироф кардан намехоҳад, ки дар ҷазби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ бинобар фароҳам накардани шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақш доштааст.

Ба ҷойи хулоса

Ҳадаф аз чунин қиёс ҳаргиз ҷонибдорӣ аз Толибон нест. Баръакс, ҳадаф аз ин қиёс он аст, ки ифротгароӣ танҳо динӣ намешавад. Ифротгароии дунявӣ ҳам ҳаст. Намунаи боризаш дар мисоли Толибон ва Ҳукумати Тоҷикистон матраҳ шуд. Ҳич як аз ин ду навъ аз ифротгароӣ ба суди ҷомеа нест, балки афроди хосае аз он суд мегиранд. Ба ҳамон андозае, ки ифротгароии динӣ садди ташаккули як ҷомеа мешавад, ифротгароии дунявӣ ҳам ба ҳамон андоза хатар эҷод мекунад. Бинобар ин, бояд матлаб дуруст дарк шавад. Ҳаргиз ҷонибдори он нестам, ки бо андешаҳои толибӣ алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон қиём сурат бигирад, аммо дар баробари зулм хомӯш будан ҳам ба салоҳи кор нест.  Барои ҳамин ҳар қиёме мешавад, бояд алайҳи зулм бошад, новобаста аз он ки чӣ қисм зулм аст: динӣ ё дунявӣ.

Сорбон Азимӣ

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.