19.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 256

Раҳмонов ба Рустам чӣ мерос мегузорад?

0

Эмомалӣ Раҳмон муддати 30 сол аст, ки дар Тоҷикистон зимоми қудратро мустаҳкам дар даст гирифтааст. Имсол ӯ 70-сола шуд. Дар ин синну сол аксари сиёсатмадорон ҳар қадар боғайрат ҳам бошанд, хаста мешаванд ва ба истироҳат мераванд.

Бо назардошти он ки вақтҳои охир зуд-зуд дар реҷаи кории худ таваққуф мекунад, зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон низ каме хаста шудааст.

Бинобар ин, ахиран дар Тоҷикистон сарусадоҳо дар мавриди интиқоли қудрат зиёд шудааст. Кӣ ҷойнишини Раҳмон мешавад, аллакай барои ҳама маълум аст.

Дар ин барнома мо тасмим гирифтем, ки ҳукуматдории сӣ соли ахири Эмомалӣ Раҳмонро хулоса намоем. Мо дар бораи комёбиҳои ӯ сӯҳбат намекунем. Бигузор дастгоҳҳои таблиғотии давлатӣ дар бораи онҳо сӯҳбат кунанд. Мо дар бораи он сӯҳбат хоҳем кард, ки раисиҷумҳури солхӯрда барои мардуми Тоҷикистон чӣ мушкилоте ба мерос хоҳад гузошт.

Ҷойнишини белаёқату ношоиста.

Аввалин ва шояд муҳимтарин суоле, ки ба зеҳни ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон меояд, ин аст, ки оё писари эркаи як диктатори солхӯрда метавонад аз уҳдаи идораи кишвар барояд? Ӯ то кадом дараҷа дар ин масъала лаёқат дорад? Ҳама дар Тоҷикистон мефаҳманд, ки ҳеҷ интихоботе ҷой нахоҳад дошт ва қудрат ба шакли подшоҳӣ интиқол хоҳад ёфт.

Дар ҳақиқат тарси мардуми тоҷик беасос нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки Рустами Эмомалӣ дар куҷо ва ба чӣ шакле таҳсил кардааст, кӣ ва бо кадом роҳ ӯро ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ пешбарӣ кардааст ва дар паси муваффақиятҳои бардурӯғи ӯ дар ободонии пойтахт, ҳоло шаҳрдори пойтахт аст, кӣ истодааст. Ҳама медонанд, ки ин ҳама натиҷаи амалиёти қаблан тарҳрезишудаи падараш бо номи «ҷойнишин» мебошад. Аммо агар шахсе, ки дар ҷамъият ҳатто ду ҷумла сухан гуфта наметавонад, аз уҳдаи идораи як давлат чӣ гуна мебарояд?

Ҳама медонанд, ки ӯ ягон донишгоҳи Тоҷикистонро хатм накардааст, ҳеҷ вақт донишҷӯи Академияи хоҷагии халқ ва хидмати давлатии Русия набудааст, кӯшиши дохил кардани ӯ ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба нокомӣ дучор шудааст, дар Амрико ба омӯзиши забони англисӣ муваффақ нашудааст ва ӯ ҳеҷ гоҳ Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро хатм накардааст. Дарки ин масъала мардуми Тоҷикистонро ба даҳшат меафканад.

Гурӯҳҳои бузурги хешовандони Эмомали Раҳмон

Масъалаи дигаре, ки ҳамаро нигарон кардааст, ин аст, ки гурӯҳҳои бузургу қудратманди хешовандони Эмомалӣ Раҳмон пас аз рафтани ӯ чӣ гуна рафтор хоҳанд кард? Ҳанӯз дар замони ҳукуматдории Раҳмон хешовандони ӯ, ки соҳиби имкониятҳои молии бузурге ҳастанд ва дар сохторҳои давлатӣ одамҳои худро доранд, ба гурӯҳҳо тақсим шуданду барои идораи минтақаҳои кишвар ва ба даст даровардани сарватҳои табиии Тоҷикистон байни худ муборизаи беамоне мебаранд. Айни ҳол Эмомалӣ Раҳмон байни онҳо нақши як довареро мебозад. Аммо вақте Рустами Эмомалӣ, ки дар асл сардори яке аз гурӯҳҳои рақобаткунанда мебошад, ҷойнишини ӯ гардад, чӣ мешавад?

Набудани як сохтори давлатии фаъол

Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Эмомалӣ Раҳмон шохаи ҳокимияти худро бар зарари ду шохаи дигар – ҳокимияти судӣ ва қонунгузор тақвият дод. Имрӯз ин шохаҳои ҳокимият дар кишвар амалан вуҷуд надоранд. Низоми давлатӣ пурра дар асоси идораи дастӣ фаъолият мекунад. Дастгоҳи давлатӣ, ки ҳамаи онро идора мекунад, ниҳоят фасодзада ва белаёқат аст.

Ҳокимияти иҷроияи кишвар комилан ба иродаи Президент ва оилаи ӯ тобеъ буда, амалан барои манфиатҳои моливу иқтисодии хешовандони Эмомалӣ Раҳмон хидмат мекунад.

Иқтисоди заиф ва аз тарафи хешовандони Президент монополияшуда

Ҳукумати ношоиста, белаёқат ва фасодзада наметавонад иқтисоди хубе бунёд кунад. Аслан дар Тоҷикистон иқтисоде вуҷуд надорад. Дар кишвар танҳо ширкатҳои монополие вуҷуд доранд, ки ба хешовандони Президент тааллуқ доранд ва аз ҳисоби муомилоти молӣ, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, воридоти маҳсулот, бо роҳи ҳавоӣ мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, фурӯши ашёи хоми табиӣ, истихроҷи тилло ва хидматрасониҳои телекоммуникатсионӣ даромад доранд.

Як далели оддӣ дар ин бора ин аст, ки Тоҷикистон худро ҳатто бо ғизои истеъмол мекардааш, таъмин карда наметавонад. Тавре ожонсии радабандии амрикоии Стандарт Энд Пурс (Standard & Poor’s) гузориш медиҳад, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Зиёда аз сеяки воридоти кишвар ба орд, равғани растанӣ ва шакар рост меояд.

Аммо дар баробари ин, Эмомали Рахмон бо овози баланд назди мардум мегӯяд, ки ҳукумати ӯ ҳадафи стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқавориро иҷро кардааст.

Сатҳи баланди бекорӣ

Аз сабаби набудани иқтисодиёти фаъол дар кишвар мушкилии бузурги бекорӣ ба миён омадааст. Қисми бузурги қувваи кории кишвар дар ҷустуҷӯи кор ба Русия ва Қазоқистон ҳиҷрат мекунанд. Тибқи гузоришҳои мухталиф, шумораи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди се миллион нафарро ташкил медиҳад.

«Фирори мағзҳо» ва таназзули низоми маориф

Мушкилии дигаре, ки фоҷиабортарин дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, босуръат кам шудани мутахассисон аст. Мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб ва маориф ба таври оммавӣ кишварро тарк мекунанд. Аз ин сабаб дар кишвар норасоии кадрӣ мушоҳида мешавад ва соҳаҳои мазкур ба таназзул дучор мешаванд. Дар асоси маълумоти расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз ду ҳазор мутахассисони соҳаи тиб кишварро барои ҳамеша тарк кардаанд. Ҳамзамон Созмони Миллали Муттаҳид аз сатҳи ниҳоят пасти таълим дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.

Масъалаҳои ҳалнашудаи сарҳадӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойнишини худ мушкилиҳои ҳалнашудаи сарҳадиро мерос хоҳад гузошт. Дар ду соли охир ин мушкилӣ боиси ду муноқишаи хунин бо Қирғизистон шудааст, ки боиси марги даҳҳо низомӣ ва сокинони ҳарду кишвар шуд. Раванд чунин аст, ки ҳар як муноқишаи навбатӣ шадидтар, бузургҳаҷмтар ва ҳалли он мушкилтар шуда истодааст.

Дар оянда муноқишаи нав метавонад комилан аз зери назорат берун шавад ва боис шавад, ки Тоҷикистон на танҳо адади сершумори шаҳрвандон ва низомиён, балки заминҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳимро аз даст диҳад.
Дар пасманзари таҳдидҳои беруна, Эмомалӣ Раҳмон натавонист як артиши қавӣ ва боэътимоде созад. Ҳимояи кишвар амалан ба маҳорати ҷангиёни собиқи Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ва Фронти халқӣ, ки маҳорати ҷангӣ ва таҷрибаи амалӣ доранд, вобаста аст.Артиши имрӯзаи Тоҷикистон ба таври кофӣ муҷаҳҳаз нест, аслиҳаи замонавӣ надорад, комилан фасодзада аст ва дар муноқишаҳои ахир бо Қирғизистон натавонистааст дар муқобили паҳподҳои туркӣ, аз тарафи артиши Қирғизистон истифода шуд, коре карда бошад.

Қарзи давлатӣ

Хатари дигари муҳиме, ки на танҳо ба соҳибихтиёрӣ, балки ба давлатдории Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин қарзи бузурги давлатии кишвар аст. Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 3 миллиарду 700 миллион доллар буда, ба 46 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Ҳамзамон 60 дарсади қарзи давлатии Тоҷикистон, ё қариб 2 миллиард доллар ба Чин рост меояд. Дар робита бо ин, аксари коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки Пекин метавонад бар ивази қарз заминҳои кишварро талаб кунад.

Поймолшавии ҳуқуқи инсон

Яке аз мушкилоти умдаи мавҷуда дар Тоҷикистон ин поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. Тоҷикистон бо сардории Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 7-8 соли ахир дар шохиси радабандии созмонҳои ҳуқуқӣ аз ҳама зинаҳои поёнтарро касб мекунад. Солона даҳҳо озодандешу диндоронро бо баҳонаи “мубориза бо терроризм” ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад. Аҳолии Тоҷикистон соли 2022 аз ҳама давраи сахттарини поймолшавии ҳуқуқи инсонро дар таърихи ин кишвар таҷриба карданд. Худи ҳамин сол бо баҳонаҳои мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро даҳҳо нафар дар Бадахшон кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошту зиндонӣ шуданд. Ҳатто онҳое, ки берун аз Тоҷикистон қарор доштанд ва каму беш қатли оми Эмомалӣ Раҳмонро дар Бадахшон интиқод карданд, даҳҳо нафарашон аз Русия дуздида шуда ба Тоҷикистон оварда шуданд ва ба солҳои тӯлонӣ пушти панҷараи зиндон рафтанд. Рӯзноманигороне, ки аз камбудиҳои ҳукумат бо ҷуръатона мегуфтанд, ҳама зиндонӣ шуданд. Аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ борҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон раҳоии бечуну чарои онҳоро дархост карданд, вале хостаи худи Раҳмон болотар аз ҳама меистад, ки ба ин хостаҳо посухе надоданд.

Акнун дар ҳоле, ки аҳолии Тоҷикистон ба шиддат аз Раҳмонов ва хонаводааш нафрат пайдо кардаанд, оё Рустам метавонад ин нафратро аз дили сокинон бартараф кунад ва ё ӯ низ дар зулму истибдод пайравӣ падараш мешавад?

Хулоса

Тавре мебинед, дар сурати интиқоли қудрат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойнишини ояндааш мушкилоти зиёдеро ба мерос хоҳад гузошт. Бархе аз ин мушкилиҳоро раисҷумҳури феълӣ ҳал накардааст, бархе дигарро худаш ба миён овардааст. Аммо ҳоло суол инҷост, ки оё Рустами Эмомалӣ чолишҳоеро, ки кишвар дар оянда дучор хоҳад шуд, дарк мекунад ва барои ҳалли онҳо талош хоҳад кард? Оё ӯ лаёқати инро дорад?

Роҳандозии ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавии Тоҷикистон ва Сурия

0

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавии худ бо Сурияро роҳандозӣ кунад.

Бино ба иттилои сомонави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 13-уми ноябри соли ҷорӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт бо вазири корҳои дохилии Сурия дар Димшиқ мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо ба хотири баргардонидани шаҳрвандони ҷомондаи Тоҷикистон дар зиндонҳо ва урдугоҳҳои Сурия ба кишварамон бо ҳам суҳбат карда, бар идомаи ҳамкории сохторҳо таъкид кардаанд.

Тоҷикистон бо талошҳои Зубайдулло Зубайдзода пеш аз ин ҳам дар солҳои 2019 ва 2022 зиёда аз 350 нафар аз занону кӯдакони тоҷикистонӣ, ки дар замони ҳузури ДИИШ дар Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои ин кишварҳо банд монда буданд, ба Ватан бозгардонда буд.

Гуфта мешавда, Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт дар мулоқот бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун дар бораи тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ва дар бораи мубориза бо терроризму экстримзим гуфтугӯ карданд.

18,6 соли зиндон барои куштани хушдоман

0

Додгоҳи вилояти Хатлон сокини деҳаи ҷамоати деҳоти Ғалаободи ноҳияи Хуросон Бегматова Миҷгонаро бо иттиҳоми куштани хушдоманаш ба 18 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Акс аз гузориши Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон

Тавре Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда 2-уми майи соли 2022 бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ ва баҳсу ҷанҷолҳои бардавом бо хушдоманаш Бобокалонова Гулбаҳор, ӯро шаб дар ҷойгаҳи хобаш бо курпа буғӣ карда мекушад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷиноят Бегматова танҳо набуда, ӯро дугонааш Нурмаҳмадзода Мадина, як ҳамсояаашон будааст, низ ҳамроҳӣ кардааст.

“Баъд аз содир кардани куштори Бобокалонова Г.А., Бегматова М.С. бо Нурмаҳмадзода М. ба ҳуҷраи дигари хушдоманаш, ки дараш қулф буд, тариқи тиреза ворид шуда, аз дохили он маблағи 220 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” бо арзиши 250 сомонӣ, як ҷуфт пойафзоли занона бо арзиши 25 сомонӣ, ва 2 ҷуфт куртаю поҷомаи Бобокалонова Г.А.-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.”, омадааст дар хабар.

Додситони ноҳияи Хуросон нисбати Бегматова бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард ва Додгоҳи вилояти Хатлон охири моҳи сентябр ӯро ба 18 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт.

Додгоҳ ҳамчунин дугонаи ӯ Нурмаҳмадзодаро бо ҳамин моддаҳо (104 қисми 2 бандҳои “е, з” ва 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста, ба муддати 17 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт.

Назари наздикон ва вакилони дифои маҳкумшудаҳо то ҳол маълум нест.

Омодагии Эмомалӣ Раҳмон ба солрӯзи ба қудрат расиданаш дар Суғд

0

Президенти Тоҷикитсон барои хушгузаронии солрӯзи кудето алайҳи Ҳукумати муросои миллӣ ва ба даст гирифтани зимоми қудрат дар Тоҷикистон ба вилояти Суғд рафтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 13-уми ноябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард, то чанд рӯз пеш аз баргузории маросими ҷашнии вобаста ба иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар кохи Арбоб омодагӣ бигирад.

Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 1992Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Ҳукумати вилояти Кулоб дар натиҷаи овоздиҳии вакилон дар шаҳри Душанбе не, балки дар қасри Арбоби Хуҷанд Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ва баъд аз он салоҳиятҳои раисиҷумҳур ҳам ба вай дода шуда буд.

Иҷолияи XVI Шурои Олии ҶТ расман аз 26-уми ноябри соли 1992 ба кори худ оғоз кард ва 2-уми декбари ҳамон сол ба кори худ поён дод. Дар рафти ҳамон иҷлосия президенти вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ва Раиси Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаровро аз вазифаҳояшон барканор карданд.

Дар он иҷлосия аслан Раҳмон Набиев ҳузур надошт. Барои ҷалби ризоияташ барои истеъфо нахуст ба хонааш рафтанд, вақте муваффақ нашуданд, рӯзи дигар ӯро рафта оварданд. Себор дар минбар боло баромад, вале истеъфо надод ва ба гуфтаи Ҳабибулло Табаров: “Ниҳоят дар охир як коғазро хонданд, ки гуё ариза дода бошад, ки майлаш, ман истеъфо медиҳам. Ва бо ҳамин ҷавоб доданд.”

Пас аз баргузоруии иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд ва такя задан ба маснади раёсати Шӯрои олӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои таъйиди қудрат мустақим ба Душанбе сафар накард, балки ба Узбекистон назди Ислом Каримов рафт.

10 декабр соли 1992 баталиони махсуси (ки бо кумаки бевоситаи Узбекистон бо зиреҳпушхову дигар аслиҳа мусаллаҳ шуда буд) вазири корҳои дохилии ҶТ Ёқуб Салимов якҷоя бо дастаҳои “Фронти халқии Тоҷикистон” ба Душанбе дохил шуда пойтахтро ишғол карданд.

Он замон нерӯҳои мухолифин ба хотири хароб нашудани шаҳри Душанбе ва кушта нашудани сокинони пойтахт ба самти ноҳияи Кофарниҳон, ҳозира шаҳри Ваҳдат ва сипас ба водии Рашт ақабнишинӣ карданд ва бо ҳамин оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуълавар шуд ва 5 сол давом кард.

Аз сӯи дигар дар ҳамон шабу рӯз дар маркази вилояти Қурғонтеппа, ба хусус дар ноҳияҳои Вахш ва Колхозобод (Ҷалолиддини Румӣ) ба баъдтар дар ноҳияҳои Қумсангир, Ҷиликӯл, Шаҳритус ва Қубодиён шиддати ҷангҳо байни нерӯҳои мансуб ба фронти халқӣ бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз пуштибони Двизияи 201 Русия низ бархурдор буд, зиёдтар мешуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон ибтидо, ки ба сурати ғайриқонунӣ ба сари қудрат расид, дар замони баргузории интихоботи президентӣ дар соли 1994 низ дар муқобили Абдумалик Абдуллоҷонов мағлуб шуда буд, вале бо дасткории раъйи мардум қудраташро ҳифз кард ва дар давраҳои баъдӣ ҳам аз ҳамон равишҳои ғайриқонунӣ истифода карда, ҳукуматашро то ҳол идома медиҳад. Вай дар ҳеч интихоботҳои президентие амалан ҳеч гоҳ пирӯзи майдонҳо набудааст.

Эзоҳ, дар ин матлаб бархе маълумот, факту рақамҳо аз Википедия ва сомонаи Радиои Озодӣ истифода шудааст

Амруллоҳи Низомӣ, махсус барои Azda tv

Киҳо ва бо кадом сабаб аз шаҳрвандии Русия маҳрум мешаванд?

0

Зодагони Осиёи Марказиро ба хотири паҳн кардани хабарҳои “интиқодӣ ва фейкӣ” дар бораи артиши ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва иштирок дар “созмонҳои номатлуб” аз шаҳрвандии Русия маҳрум мекунанд.

Тибқи тағйироту иловаҳои пешниҳодкардаи раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба лоиҳаи қонун дар бораи шаҳрвандӣ, шахсе метавонад аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карда шавад, ки агар ӯ “ба содир намудани амалҳое даст занад, ки ба амнияти Русия хатар эҷод мекунанд”.

Ҳамчунин дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, нафароне, ки ба

фаъолият дар созмонҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ ё байналмилалӣ, ки дар қаламрави Русия мамнуъ эълон шудаанд;

дидаву дониста паҳн кардани маълумоти бурдурӯғ дар бораи фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳи Русия;

даъватҳои оммавӣ барои анҷоми амалҳое, ки ба вайрон кардани тамомияти арзии Русия равона шудаанд.

Тибқи ин фармон ҳар шахсе, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст, вале ба амалҳои болозикр даст мезананд, аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешаванд.

Инчунин барои таҳқири парчам ва нишони кишвар, гирифтан ва додани пора, ғоратгарӣ, азобу шиканҷа, роҳзанӣ, рабудани одам, тамаъҷӯӣ, авбошӣ, вандализм, ошӯби мусаллаҳона, суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ, даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ маҳрум кардан аз шаҳрвнадии додашуда пешбинӣ шудааст.

Тибқи ин санад, тасмим дар бораи лағви шаҳрвандӣ метавонад “новобаста аз замони анҷом ва санаи ошкор шудани амалҳое, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунад” гирифта шавад. Мақоме, ки далели ҷиноятро муайян мекунад, Хадамоти федеролии амнияти Русия мебошад.

Тағйироту иловаҳо аллакай ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст. Интизор меравад, ки ислоҳоти пешниҳодкардаи Путин то охири соли ҷорӣ қабул шавад.

Баъзе коршиносони мустақил мегӯянд, хавфи он меравад, ки Русия бо қонунигардонии масоили мазкур, муборизаи беамонеро нисбати муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш мегирад. Ва бо ин баҳона даҳҳо ва шояд садҳо нафарро бо туҳматҳои гуногун, бахусус “пайравӣ аз гурӯҳҳои мамнуъ” аз шаҳрвандӣ маҳрум ва худи онҳоро равонаи зиндона кунад.

Боздошти 46 нафар бо гумони даст доштан дар таркиши Истанбул

0

Вазорати корҳои дохилии Туркия субҳи рӯзи душанбе аз боздошти 46 нафар бо гумони даст доштан дар таркиши дирӯза дар Истанбул хабар дод.

Мақомоти Туркия субҳи рӯзи душанбе хабар дод, ки як занеро бо номи Аҳлом Ал-Башир бо иттиҳоми гумонбари аслии ҳодисаи таркиш дар кӯчаи Истиқлоли Истанбул боздошт карда, аз паси ӯ 46 нафари дигарро низ боздошт гардидааст. Гуфта мешавад, ин зани боздоштшуда дар ҷосозӣ кардани маводи мунфаҷира дар кӯчаи Истиқлол, ки макони сайёҳӣ ва серодам аст, даст дорад.

Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу гуфт, “тафтишҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки шибҳи низомиёни курд дар ин кор даст доранд”.

Дар ҳамин ҳол

Гумонбар дар таркиши Истанбул

Вазорати корҳои дохилаи Туркия мегӯяд, гумонбар нафарест, ки назди нерӯҳои силоҳбадасти Ҳизби коргари Курдистон маъруф ба (PKK) тамрин дида ва фармонро мутсақим аз Айн-ул-Араби Сурия мегирифтааст.

Ҳамчунин расонаҳои туркӣ хабар медиҳанд, ки ҳамроҳи ин зан 46 нафари дигарро низ бо гумони ҳамкорӣ ва даст доштан дар ин таркиш боздошт кардаанд ва ҳоло тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми ноябр дар кӯчаи Истиқлоли Истанбул, макони сайёҳӣ ва серодаме бо номи Тақсим таркиш ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа 6 нафар кушта ва 81 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳолати 2 нафар аз маҷруҳон “хатарнок” гуфта мешавад.

Дар пайи ин ҳамлаи террористӣ аксари кишварҳои дунё бо ирсоли паёми таслият ва ҳамдардӣ ба раисҷумҳури Турикя Раҷаб Тайиб Эрдуғон ин амалро маҳкум карданд.

Зеленский: Нерӯҳои вежаи мо вориди Херсон шуданд.

0

Нерӯҳои низомии Украина имрӯз ҷумъа, 11-уми ноябр пас аз ақибнишинии нерӯҳои Русия вориди Херсон шуданд. Владимир Зеленский дар як суханронияш имрӯз гуфт, “мо ин минтақаро пурра бармегардонем.”

Акс аз Интернет

Ин минтақаи ҷанубии Украина дар аввали даргирҳо ба дасти нерӯҳои Русия суқут карда буд, аммо имрӯз қисман дигарбора ба дасти нерӯҳои украинӣ баргашт.

Зеленский дар суханронии имрӯзааш таъкид кард, ки Украина ҳама минтақаҳои аз дастрафтаашро бармегардонад. “Ҳатто шаҳр аз ҳузури душманон комилан пок нагардида  буд, ки худи сокинони Херсон аллакай рамзҳои Русия ва ҳама гуна осори ишғолгарон дар ин шаҳрро аз кӯчаву биноҳо дур карданд”, – гуфт Зеленский.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шуда, ки дида мешавад, мардум аз вуруди низомиёни Украина ба ин минтақа ба гармӣ истиқбол мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Кремлин эълон кард, ки бо вуҷуди ақибнишинии артиши Русия ин минтақа ҳамоно “хоки Русия боқӣ мемонад”. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи ҷумъа баён дошт, ки Русия аз ин амалаш “пушаймон нест” ва дар масъалаи ҳамапурсии моҳи сентябр “ҳеч тағйире сурат нахоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ Русия бо гузарондани ҳамапурсӣ чор минтақаи Украина, аз ҷумла Херсонро шомили хоки худ карда буд, ки онро Киев ва кишварҳои ғарбӣ напазируфтанд.

Пас аз гузарондани ҳамапурсӣ барои ҳамроҳ кардани Херсон ба хоки Русия, Амрико ва кишварҳои ғарбӣ таъкид карда буданд, ки ба Киев кумак хоҳанд кард, то минтақаҳои аз дастрафтаашро дигарбора озод кунад.

Сергей Хлан: Вазъ дар Херсон ба шиддат нигаронкунанда аст

0

Ба гузориши расонаҳои украинӣ, вазъияти башарӣ дар Херсон ба шиддат нигаронкунанда мебошад. Мардум на барқ доранд ва на обу ноне барои хӯрдан.

Рӯзи ҷумъа, 11-уми ноябр вакили Шӯрои вилоятии Херсон Сергей Хлан дар ҳузури хабарнигорон дар Киев гуфт: “Вазъи нону хӯрок хеле мушкил аст, сӯзишворӣ нест, қариб як ҳафта аст, ки барқ ​​нест. Корхонаи нонпазӣ, ки дар Херсон кор мекард, аз кор мондааст, зеро барои кор ба нерӯи барқ ​​ниёз дорад. Вазъияти башардӯстона воқеан душвор аст.”

Ӯ мегӯяд, ҳоло дар ин шаҳр “интернети мобилӣ пайдо мешавад, аммо он чунон заиф аст, ки танҳо паём фиристода мешавад, на бештар.”

Гуфта мешавад, шаби гузашта нерӯҳои Русия пас аз ақибнишинии нерӯҳояш аз ҷониби рости дарёи Днепр пули Антонов ва нерӯгоҳи обӣ барқии “Каховска”-ро тарконданд. Ба иттилои расонаҳо, қабл аз ин ҳам аксари зерсохторҳои барқӣ дар ин шаҳр аз ҷониби нерӯҳои Русия хароб карда шуда буданд, вале бо хароб кардани нерӯгоҳи мазкур мардуми зиёде бебарқу об мондаанд.

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 81,4% иҷро шудааст

0

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш то имрӯз, 11-уми ноябр 81,4 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Avestа.tj дар истинод ба сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон Фариддун Маҳмадализода хабар дод.

Ба гуфтаи Маҳмадализода нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар вилояти Суғд 70%, дар вилояти Хатлон 79%, дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ 93% ва дар шаҳри Душанбе 95% иҷро шудааст.

Гуфта мешавад комиссариатҳои ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар рӯзҳои аввали даъват ба хидмати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳӣ ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-уми ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва ҷавононе, ки солҳои таваллудашон 1995-2004 мебошад, ба артиш бурда мешаванд.  

Пештар сухангӯи Вазорати дифоъ аз зиёд шудани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва дар сари вақт иҷро шудани нақшаи даъват гуфта, онро ба корҳои фаҳмондадиҳии комиссияҳои даъватӣ рабт дода буд. Аммо хабару гузоришҳо аз дохили кишвар акси гуфтаҳои Маҳмадализодаро нишон дода, гуфта мешавад, ки сафи ҷавононе, ки ба артиш мераванд, кам шуда истодааст. Ҳатто мақомот маҷбур шудаанд барқро дар баъзе деҳаҳо қатъ кунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб кардаанд.

Инчунин, Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар мавсими тирамоҳии имсол 124 нафар аз фарзандони мансабдорон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуданд. Аммо миёни онҳо фарзандони мансабдорони калидӣ, ба монанди вазирону вакилон дар шаҳри Душанбе, ҳатто хешу табори онҳо вуҷуд надорад.

Шароити адои хидмат дар артиши Тоҷикистон хеле бад арзёбӣ мешавад. Яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон ин бадрафторӣ бо сарбозон ва кушта шудани ҷавонон бар асари лату кӯб дар қимсҳои низомии кишвар гуфта мешавад.

Солҳост, ки мақомоти Тоҷикистон барои пур кардани сафи артиши кишвар аз усули “облава” ё ҳамон сарбозшикор истифода намуда, ҷавононро аз хонаву кӯчаҳо ва ҳатто донишҷӯёнро аз назди донишгоҳҳо ва баъзе нафарони бемору маъюбро низ боздошт карда, зӯран ба артиш мебаранд.