Бо ин вуҷуд, ҳангоми муқоисаи аксҳои нашр шуда, кас шубҳа мекунад, ки ҳар ду ҷониб, яъне ҳам мақомоти эронӣ ва ҳам ДИИШ дар бораи як нафар суҳбат мекунанд, зеро дар аксҳое, ки онҳо нашр кардаанд, шакл, симо ва ҳатто мӯйи сару риши ин афрод аз ҳам фарқ мекунад.
Дар шаҳри Любертси Русия як зан, ки корманди пулис будааст, аз ҷониби як муҳоҷири меҳнатӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ҳамлагарро шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд.
Ба гузориши шабакаи телеграмии “Многонационал” аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон ба ин зани пулис аз ҳам ҳамла шуда ва ҳам кушиш таҷовуз сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, пулиси минтақа гумонбаршударо боздошт кардааст ва маълум шуда, ки ӯ зодаи Тоҷикистон буда 26 сол доштааст.
Ҷузъиёти ин хабар аз манобеи расмӣ нашр нашудааст. Назари боздоштшуда низ дар ин маврид дастраси расонаҳо нест. Ва маълум ҳам нест, ки ангезаи ин ҳамла чӣ будааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1992 то ин ҷониб ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак карда, 10 000 сарбоз ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омӯзонидааст.
Дар 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ИМА барои барномаҳои рушду кумак ба соҳаи амният, рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маориф 1,8 миллиард доллар кумак намудааст.
Ҳатто созмонҳои ҳуқуқи башарӣ низ борҳо дар гузоришҳои худ таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон бо баҳонаи “мубориза бо терроризм” фишорро болои равшанфикрон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва мазҳабиён аз ҳади зиёд кардааст.
Ва ахиран шоҳиди он будем, ки мақомоти кишвар рӯзноманигороне чун Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигаронро бо баҳонаҳои ҳамкорӣ бо гуруӯҳҳои мамнуъ ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд, ки ҳам худи онҳо ва ҳам наздиконашон ин иттиҳомотро рад мекунанд.
Аз сӯи дигар тибқи оморҳои ғайрирасмӣ аксари онҳое, ки бо хариду фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон даст доранд, ё корманди яке аз ниҳодҳои қудратӣ мебошанд ва ё як ҳамкор ва пуштибони қавие дар сафи мақомоти қудратӣ доранд ва дар ҳар ду сурат мушкили асосӣ бар мегардад ба интихоби кадрҳо ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои аз ҳад зиёд, ки дар ҳар ду ҳолат муқассир Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср аз омодагии кумакҳои молии ин бонк ба Тоҷикистон хабар дод.
8-уми ноябри соли 2022 Раиси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “омода аст тарҳҳои марбут ба истиқлолияти энергетикӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва инфрасохтори устувори Тоҷикистонро дастгирӣ кунад.” Дар ин бора Жужанна Харгитай, директори фондҳои муштараки маблағгузории ИА ва воситаҳои молиявии БАТР дар ҳисоби твиттриашхабар дод.