17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 273

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия

0

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Русия барои баррасии ҳамкориҳои мухталифи худ дар шаҳри Душанбе гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои расмӣ, 27-уми апрели соли 2023, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси Ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия Денис Мантуров мулоқот кард.

Дар ин мулоқот, ки дар пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт, “масоили мухталифи шарикии стратегии ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.”

Ба қавли Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон “ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои кишварҳоро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус саноат ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ, ҳамкории фаъол тавассути таъсиси паркҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима карданд.”

Пеш аз ин мулоқот муовини раиси Ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия Денис Мантуров бо вазирони саноати кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷъӣ мулоқот карда буд.

Гуфта мешавад, 25-уми апрели соли ҷорӣ ин мақомдори рус ба Тоҷикистон сафар карда буд ва тайи ду рӯз нишасти ҷаласаи 21-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, раҳбарӣ мекард. Денис Мантуров бирун аз протоколҳои расмӣ дар охирин лаҳзаҳои сафари худ ба Тоҷикистон ба хоҳиши Эмомалӣ Раҳмон бо вай мулоқот кардааст.

Пайвандони Саидумар Саидов 10 рӯз мешавад ӯро надидаанд

0

Бо гузашти беш аз 10 рӯзи боздошти Саидов Саидумар мақомот ба наздиконаш иҷозаи мулоқот бо ӯро надодаанд.

Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ ва тағои Саидумари 31-сола дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки хоҳараш 10 рӯз мешавад муфаттиши парвандаи Саидумарро пайдо карда наметавонад. 

Ба гуфтаи Шамсиддини Саид, муфаттиши парванда на хоҳарашро қабул мекунаду на иҷозаи мулоқот бо фарзандашро медиҳад. Ва муфаттиш Маҳмудзода Фарҳод ном дорад, ки парвандаи Саидов Саидумарро пеш мебарад.

Пайвандони Саидумар Саидов танҳо ду дафъа барои ӯ ба Боздоштгоҳи шаҳри Бохтар либосу хӯрок бурданд.

Ин узви аршади ҲНИТ қайд кард, ки то ҳол мақомот телофонҳо ва паспортҳоеро, ки баъд аз кофтукоби ғайриқонунии хонаи хоҳараш бо худ бурданд, барнагардонидаанд. 

Ёдовар мешавем, ки мақомоти шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Кӯшонинён рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ Саидов Саидумар, хоҳарзодаи Шамсиддини Саидро даъват карда, пас аз чанд соати бозпурсӣ дар бораи тағояш ӯро боздошт ва алайҳаш мувофиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз карданд. 

Бино ба иттилои манбаъ, Саидов Саидумар, ки оиладор ва интизори таваллуди аввалин фарзандаш буд, ба он муттаҳам мешавад, ки гӯё бо худи Шамсидддини Саид дар иртибот будааст, аммо Шамсиддини Саид мегӯяд, наздиконаш “аз тарси фишори мақомот ҳеч иртиботе бо ман надоштанд.”

Ин узви аршади ҲНИТ таъкид мекунад, ки боздошти хоҳарзодааш идомаи фишорҳои мақомот боло ӯст. “Пас аз ҳукми 7 соли зиндон ба Абдуллоҳи писарам боздошти хоҳарзодаамро идомаи фишорҳо болои хеш ҳисоб менамоям.”

Ёдовар мешавем, ки мақомоти тоҷик пас аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддини, писари Шамсиддини Саид аз Олмон ба Тоҷикистон 29-уми марти соли ҷорӣ ӯро бо моддаи 307 қисм 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, 7 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Худи Абдуллоҳ ва пайвандонаш иттиҳомоти мақомотро сохта медонанд ва онро қабул надоранд. Фаъолон ва созмонҳои байналмилалӣ зиндони шудани Абдуллоҳро ба фаъолиятҳои падараш рабт медиҳанд ва борҳо озодии ӯро аз мақомот талаб карда буданд. 

Сардори амнияти шаҳри Хоруғ кушта шуд. Марз ноором аст?

0

Бино ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шаби 28-уми апрели соли 2023, тақрибан соати 1:30 байни марзбонони тоҷик ва як гурӯҳи мусаллаҳ, ки аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуданд, задухӯрд ба амал омад.

Тавре АМИТ “ХОВАР” бо такя ба Маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, муҳоҷимони мусаллаҳ қочоқбарони маводди мухаддир буда, аз 8 нафар иборат буданд, ки чанде аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ин гуӯруҳ бо “роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и Отряди сарҳадии «Хоруғ»  убур намуданд.”

Ба иттилои Маркази матбуоти КДАМ, дар ин амалиёт 3 нафар аз қочоқбарон дастгир шуданд, ки ҳарсе шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Аз ҷумла, “Домуллоҷонов Эмин Амирович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Саидманзаров Нидо Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1993, зодаи деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон, сокини шаҳри Хуҷанд ва Саидмурсалов Наврас Саидмусоевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.”

Аз қочоқбарон “45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи «героин», 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир,  1 адад дурбини махсуси назорати шабона, 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд.”

Гуфта мешавад, дар ин даргирӣ байни муҳоҷимони мусаллаҳ ва нерӯҳои марзбонии тоҷик “як нафар хидматчии ҳарбӣ” кушта шудааст. Аммо аз нафари кушташуда ном бурда нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар дод, ки дар ин задухӯрд Раҷабзода Комрон, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ кушта шудааст.

Рӯстами Ҷонӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки бештар ахбори Бадахшонро пайгирӣ ва нашр мекунад, лаҳзае пеш дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод, ки “Дигар сарчашмаҳо сабаби қатли сардори амнияти шаҳри Хоруғро ҷанҷол бо ҳамкорон гуфтаанд.

.

Ҷузъиёти тоза дар бораи ҷангҷӯёне, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданд

0

Бино ба иттилои як манбаи огоҳ аз ҷои ҳодиса, дар он задухӯрди мусаллаҳонаи рӯзи 26-уми апрел на 2 кас, балки дасти кам 7-8 нафар аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуда буданд. Аммо манобеи дигар шумораи онҳоро аз 10 нафар ҳам бештар гуфтанд.

Ин манбаъ, ки нахост номаш фош шавад, дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ҷангҷӯён дар ин сӯи дарё қасди ҷобаҷо шуданро доштаанд, аммо дар ин миён бо сабабҳои номалум нисфи онҳо ба он тарафи об бозмегарданд ва ду нафар дар хоки Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ба иттилои манбаъ, пас аз оне, ки нону хӯроки онҳо ба охир мерасад, бо мақсади дарёфти хӯрока ба кӯча байни аҳолӣ мебароянд ва аз мардуми маҳал нон мехоҳанд. Дар натича касе аз мардуми маҳал пулисро хабар кардааст ва пас аз он нерӯҳои вежа эъзом мешаванд ва якеро дар болои сақфи хона ё мактаб, ё масҷид дигареро дар кӯҳ мекушанд.

Дар ҳамин ҳол як манбаи дигар гуфт, ки он аксҳое, ки гӯё ҷангҷӯён бо балон аз дарё гузашта бошанд, сохтагӣ ва кори дасти мақомот аст. “Зеро мақомоти тоҷик аз дарё гузаштани онҳоро дар рӯзҳои аввал умуман хабар надоштанд, танҳо баъд аз чанд рӯз вақте, ки маводи хӯрокашон тамом шуду аз гуруснагӣ дархости нон карданд, сипас мақомот аз вуҷуди онҳо хабардор шуданд.”

Наворе дар шабакаҳои иҷтомӣ нашр шуда, ки дида мешавад, нерӯҳои вежа аз як навҷавон дар бораи он ҷангҷӯён мепурсанд. Он ҷавони сокини маҳаллӣ мегӯяд, онҳо аз ӯ нон хоста буданд ва ва барояшон нон додааст. Эътирофи ин чавон дар навор низ тайид гуфтаҳои манобеи мо мебошад, ки ҷангчӯён аз сокинони маҳал дархости нон карданд.

16 ҳазор гектар заминҳои партов дар Хатлон

0

Танҳо дар вилояти Хатлон беш аз 16 ҳазор гектар заминҳои партовие вуҷуд дорад, ки беш аз 90 дарсади онҳоро заминҳои обӣ ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Хадамати матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми апрели соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар муқобили садҳо нафар аз раҳбарон, фаъолони вилояти Хатлон ва аъзои ҳукумат гуфт: Дар вилоят қариб 16 ҳазор гектар заминҳои партов, аз ҷумла 14,4 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуданд, ки чунин вазъ хеле нигаронкунанда мебошад.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, “вилояти Хатлон дар ҳавзаи ду дарёи бузург – Вахш ва Панҷ қарор дорад”, ва “дар вилоят имконияти зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов, бахусус заминҳои обии бекорхобида мавҷуд мебошад”, вале андозбандии беҳудаи мақомот боис шуда, ҳазорҳо гектар заминҳои обӣ ва лалмӣ ба шӯразор ва партов табдил шуда, аз истифода хориҷа шаванд.

Гуфта мешавад, обу ҳаво ва иқлими вилояти Хатлон ҳамчун калонтарин вилояти кишвар имконияти онро дорад, ки солона то 3-4 маротиба мардум аз заминҳои кишварзӣ ҳосил бигиранд, вале сиёсатҳои ғалати ҳукумат боис шуда, аксар нерӯи корӣ ва бахусус деҳқонони кишвар кор дар заминҳои худро канор гузошта, барои дарёфти ризқу рӯзии беҳтар ба муҳоҷирати корӣ сафар кардаанд.

Ҳамлаи Эмомалӣ Раҳмон ба зоирони Ҳаҷҷи Умра

0
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон, ки дар ҳамла ба арзишҳои исломӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ барои сокинони кишвар дар сад соли ахир дар минтақа ҳамто надорад, бори дигар аз мусалмонони кишвар интиқод кард.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 27-уми апрели соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳаш, ноҳияи Данғара, ки онро ба пойтахти кишвар табдил додан мехоҳад, дар рӯ ба рӯи садҳо нафар аз раҳбарону фаъолони вилояти Хатлон ва аъзои ҳукуматаш гуфт, чанд бор ҳаҷ рафтан “ғайр аз таассуб ва тақлид номи дигар надорад.”

Ӯ таъкид кард, ки “вақтҳои охир сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи умра дар байни сокинони баъзе минтақаҳои кишвар ба як маъракаи ҳатмӣ ва ҳатто ба мусобиқаи оилавию авлодӣ ва як намуди саёҳату тиҷорат табдил ёфтааст.”

Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба дуздӣ кардани маблағҳои буҷетӣ, ғорат кардани дороиҳои миллат ва сарфу харҷҳои беҳудааш ҳамроҳ бо дигар ҳамҳизибонаш шуҳрат дорад, меафзояд: “Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо, шахсоне, ки ба зиёрат мераванд ва ҳатто тифлону кӯдаконро низ ҳамроҳ мебаранд, фикр намекунанд, ки одобу русуми ҳаҷравӣ аз чӣ иборат аст, шароити манзили зист ва зиндагии аҳли оила, фарзандон ва наздикону пайвандонашон дар чӣ ҳол қарор дорад.”

Зоирон ба фарзандони худ нишон медиҳанд, ки ҳар рафтан ба ҳар масҷиде, аз он ҷумла ба Масҷиди Ҳаром ва ё Масҷиди Набавӣ рафтану дар ҷамъи ҳазорҳо нафар, ки аз гӯшаҳои мухталифи дунё ба зиёрати Хонаи Худо ва равзаи мубораки Паёмбари исломи мераванд, тавре Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ҳамҳизибонаш мегӯянд, ҷиноят не, балки айни ибодат аст! Ҳаҷравон ба фарзандони ноболиғи худ мефаҳмонанд, бандаи Худо бошанд ва на бардаи Эмомалӣ Раҳмон.

Гилаи асосии Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сафари зоирон ба Ҳаҷҷи Умра дар он аст, ки бо вуҷуд содир шудани фармонҳои расмӣ ва ғайрирасмии собиқ коммунист ва ҳоло раиси ҳизби ҳоким ва қонунгузории ҳукуматаш, ки таълими дин ва ба хусус Қуръонро ҷиноят, рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷиду ибодатгоҳҳоро манъ кардаасту зиёрати хонаи Худоро ҳам дар мавсими ҳаҷҷи фарзӣ барои мусалмонони то 45-сола маҳдуд кардааст, мардум ҳоло ҳам пойбанд ба арзишҳои исломӣ буда, ҳатто фарзандони хурдсоли худро ҳам ба зиёрати хонаи Худо, ё ҳамон ҳаҷҷи умра мебаранд.

Ба иборати дигар, Эмомалӣ Раҳмон бо ин интиқодҳояш гуфтан мехоҳад, зоирони маросими Ҳаҷҷи Умра ба фарзандони зери 18-солаи худ амалан ин дарсҳоро мефаҳмонанд, ки агар дар Тоҷикистон ҳукуматдорон намоз хондани онҳоро дар масҷидҳо ҷиноят донанд, ин мушкили худ ҳукуматдорон бо дину диндорон аст, ки дониниста ҳуқуқҳои фардӣ ва мазҳабии мусалмононро поймол мекунанд.

Президенти Тоҷикистон, ки худро ғамхори мардум нишон додан мехоҳад, илова мекунад: Такроран таъкид менамоям, ки ҳамватанонамон, қабл аз сафари ҳаҷ як лаҳза дар сари ин масъалаҳо ва вазъи ҷаҳони имрӯза андеша карда, маблағи бо заҳмати зиёд бадастовардаашонро барои таълиму тарбияи фарзандон, бартарафсозии камбудиҳои рӯзгор, беҳтар кардани шароити зиндагии худ, кумак ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо сарф намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон фаромӯш кардааст, агар тамоми маблағҳои харҷкардаи сокинони кишварамон тайи 5 соли гузашта дар маросими Ҳаҷҷи Фарзӣ ва дигар вақтҳо, ки ба зиёрати Хонаи Худо рафтаанд, дуруст ҳисобу китоб карда шаванд, 92 миллион доллар, муодили 1 миллиарду 4 миллиону 128 ҳазору 800 сомонӣ тибқи қурби имрӯза, ки Бонки миллӣ таъйин кардааст, пуле, ки аз буҷети давлатӣ ғорат кардаву барои худаш ҳавопаймои шахсӣ харидааст, намешаванд.

Ҷолиб он аст, ки дар ин маҷлиси ҳукуматӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, раҳбарони бархе иттиҳодияҳои динӣ ва ба ном домуллоҳои нимаҳукуматӣ ҳам ҳузур доштанд, вале ҳеч касе аз онҳо ба худ иҷозат надод, ки хеста аз ҷояш бигӯяд, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми хароҷоти ҳамин сафари ноҷои ахири худатон ҳам, ки бо ҳузури беш аз 800 нафар сурат мегирад, агар дуруст ҳисобу китоб карда шаванд, зиёдтар аз ҳаҷми тамоми маблағҳоест, ки сокинони кишвар тайи як соли ахир ба Ҳаҷҷи Умра сафар кардаанд.

Содатар карда гӯем, вақте президент ба худаш иҷозат медиҳад, ки ин ҳама хароҷоти ноҷо ва беҳудаи сафарашро бо пули пардохтҳои мардум, ки ба давлат молиёт ва андозҳо додаанд, гузаронад, вай ҳам бояд ин иҷозатро ба соҳибони пул (мардум) бидиҳад, то ки бо маблағҳои ҷамъоварикардаи худашон хоҳанд ба зиёрати Хонаи Худояшон бираванд ва ё ба сайру саёҳат ба кишварҳои дигар.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda tv

Корвони беш аз 80 нафарии Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон

0
Корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон
default

Эмомалӣ Раҳмон, ки ин шабу рӯзҳо дар сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарор дорад, дар рикоби худ беш аз 80 нафарро ҳамроҳ дорад.

Хадамоти матбуоти Презединети Тоҷикистон, ки ҷараёни ин сафарҳоро пайгирӣ ва бахше аз рӯйдоҳои муҳимми онро иттилоърасонӣ мекунад, мегӯяд, корвони Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафарҳояш дасти кам 18 мошинҳои гаронқимат, ки аксари онҳо дорои 7 ҷои нишаст мебошанд, ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамзамон як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилӣ дар суҳбат ба Azda.tv гуфт, ки дар аксари ин “ҷипҳо” беш аз 4 нафарӣ нишаста, дар идомаи сафарҳо Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар байни онҳо теъдоде аз муҳофизони шахсии Президенти Тоҷикистон ҳам ҳузур доранд.

Ба гуфтаи ӯ, бар иловаи ҳузури ин ҳама муҳофизону раҳбароне, ки мошини президентро дар роҳҳо аз пешу пушт ҳамроҳӣ мекунанд, беш аз 600 нафари дигар ҳам аз кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар ниҳодҳо дар ду тарафи роҳҳо ва шаҳраку деҳаҳо дар ҳамагуна шароит соатҳо рост истода, амниятро таъмин мекунанд.

Гуфта мешавад, дар чунин сафарҳо аксар вақт ҳамагуна хароҷоти хӯрду хурок, таъмин кардан ба ҷои хоб ва ғайра ба дӯши ҳокимиятҳои маҳаллӣ бор карда мешавад ва ин ҳокимиятҳои маҳаллӣ низ бори гарони ин масъулиятҳоро ба шонаи мардум мепартоянд ва онҳоро маҷбур мекунанд, ки аз ҳайати Эмомалӣ пазироӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон як зиндонии эрониро авф кард

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар як зиндонии шаҳрванди Эронро, ки дар Тоҷикистон зиндонӣ буд, авф кард, ки ӯ имрӯз ба ватанаш баргашт.

Дар ин бора Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳисоби твиттераш хабар дод.

Бино ба навиштаи ҷаноби Собирӣ, ин авф дар пайи дархости ӯ аз Раҳмон ва ба муносибати иди саиди Фитр сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Эрон имрӯз ба Ватанаш баргардонида шудааст.

Номи ин маҳбуси эронӣ дастрасӣ расонаҳо нест, аммо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кардааст, ки ин нафар ягона маҳбуси эронӣ буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешуд.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд соли охир мақомоти интизомии кишвар аз боздошту зиндонӣ кардани чанд шаҳрванди Эрон хабар дода буданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба муносибати Иди саиди Фитр як маҳбус, он ҳам шаҳрвандии Эронро авф кардааст, ки кишварҳои ҳамсоя ба фарқ аз ӯ садҳо зиндониро ба муносибати ин ид аз зиндонҳо озод карданд.

Блогерони тоҷик дар “чорчӯб” дароварда мешаванд?

0

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд он гурӯҳи ҷавононе, ки ба блогерӣ машғуланд ва наворҳояшон дар Ютуб бинандаи зиёд дорад, ба тарғибгарони сиёсати ҳукумат табдил диҳанд.

Рӯзи 26-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе Форуми ҷавонон дар мавзӯи “Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ” баргузор гардид, ки дар он даҳҳо блогери шинохтаи тоҷик ҳузур доштанд.

Намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи ҷавонон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Вазорати фарҳанг ва ғайра ширкат ва суханронӣ доштанд.

Мақомоти давлатӣ ҳангоми суханрониҳояшон бештар аз блогерон мехостанд, ки сиёсати ҳукуматро тарғиб намоянд, риш нагузоранд ва духтарҳо либоси миллӣ бипӯшанд.

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди риш гузоштани блогерон суханронӣ кард. Ӯ дар масъалаи ин ки чаро мақомоти тоҷик нисбати риши ҷавонон хеле ҳассос ҳастанд, гуфт: “Имрӯз риш ҳамчун омил ё нишона, ё пайғом ба ана ҳамон ақидаҳои хусусияти террористиву экстремистии ҳизбу ҳаракати дар кишвари мо мамнӯи Толибон ҳамингуна қабул мешавад.”

Раиси Кумитаи ҷавонон таъкид кард, ки риш гузоштани ҷавонон дар кишвар пайғом додан ба Толибон аст, ки “мо ақидаи шуморо қабул дорем”. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки риш “ба давлатдории миллии мо хатар эҷод мекунад”. Ва аз блогерон хост вақти ҳангоми таҳияи наворҳо дар ин бора аҳмияти ҷиддӣ бидиҳанд.

Дар ин мулоқот намояндагони ҳукумат аз тарзи гуфтору либоспӯшии баъзе блогерон интиқод карданд, вале бештар аз ҳама аз онҳо хостанд, ки “ба афкори гурӯҳҳои ифротӣ дода” нашаванд ва “зиракии сиёсиро” низ аз даст надиҳанд. Ва ҳамчунин таблиғгари масиоли миллӣ ва фарҳангӣ буда, ҳамзамон сиёсати давлатро низ тарғиб кунанд.

Гуфта мешавад, ба ҷуз кишварҳои диктотурӣ, амсоли Тоҷикистону Туркманистон ва ғайра, ҳеч кишвари дигаре фаъолияти блогеронро дар чорчӯби хостаҳои худ надароварда ва онҳоро тарғибгари сиёсати ҳукуматҳояшон накардаанд.

Табодули асирон байни Русия ва Украина

0

Вазоратҳои дифои Украина ва Русия аз тавофуқи ҷадиде байни ҳамдигар дар мавриди табадоули асирон хабар доданд.

Вазорати дифои Русия рӯзи 26 апрели соли ҷорӣ зимни нашри баёнияе гуфт, ки дар натиҷаи музокироти тарафайн 40 сарбози рус озод шуд.

Дар баёнияи ин ниҳод гуфта мешавад, ки сарбозони рус бо ҳавопаймои тобеи Вазорати дифоъ ба Маскав интиқол ёфта, зери назорати табибон қарор гирифтаанд.

Ҳаммзамон Вазорати дифои Украина низ аз чунин тавофуқе бо ҷониби Русия хабар дод. Дар баёнияи ин ниҳод омада, ки 44 нафар аз шаҳрвандони Украина, ки 2 нафари онҳо ғайринизомӣ будаанд, дар натиҷаи тавофуқи ахир озод шуданд.

Гуфта мешавад, ин табодули асирон бо ҳамкории раёсатҷумҳурӣ, ниҳодҳои амниятӣ ва Вазорати дифои Украина сурат гирифтааст.