15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 275

Дурӯғҳои намояндагони Тоҷикистон дар нишасти СММ

0

Намояндагони Тоҷикистон рӯзҳои 20-21-уми апрели соли ҷорӣ дар назди Созмони Миллали Муттаҳид дар масъалаи таъмини баробари мардум ва маҳви табъизи нажодӣ дар Тоҷикистон гузориш доданд.

Гуфта мешавад, меҳвари баҳси ин нишаст дар бораи чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи таъмини баробари мардум ва маҳви табъизи нажодӣ дар чанд соли ахир буд.

Дар ин ҷаласа Тоҷикистонро вазири адлия Музаффар Ашуриён, муовини вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшоҳзода (Бузмаков), Омбудсмени тоҷик Умед Бобозода, вазири меҳнат Ҳасанзода Гулнора, Зариф Ализода ва ғайраҳо намояндагӣ карданд.  

Дар гузорише, ки ҳукумати Тоҷикистон қаблан ба СММ пешниҳод карда буд, гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир “дар Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ барои таъмини баробарии мардум новобаста аз ҷинс, нажод, миллату қавм ва дину мазҳаб фароҳам шудааст ва ҳама дар назди қонун баробаранд.” Аммо, ба гуфтаи коршиносон, ҳолати имрӯзаи кишвар баёнгари акси ин иддаои ҳукумат буда, ҳуқуқи инсон риоят намешавад. 

Инчунин дар гузориши чаҳордаҳсаҳифагии ҳукумати Тоҷикистон ҳеч ишорае дар бораи мардуми Бадахшон нашудааст.

Гуфта мешавад, дар ин иҷлосияи СММ вазъи помириҳо мавзӯи асосӣ буд ва нозирони ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон дар бораи воқеаҳои охири ВМКБ ва дигар масъалаҳо тавзеҳ хостанд.

Коршиноси СММ хонум Ал-Миснад аз намояндагони Тоҷикистон пурсид, ки чаро дар бораи вазъи помириҳо чизе намегӯянд? Ӯ ҳамчунин аз онҳо дар барои тадобири ҳукумат дар мавриди ҳимояти помириҳо аз табъизи миллӣ низ пурсид, ки то ҷое ҷавобҳо қонеъкунанда набуданд.

Инчунин ӯ гуфт, ки гузоришҳо нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон озодии дин ва эътиқод, ба вежа нисбат ба бархе аз гурӯҳҳои мусалмониро шадидан маҳдуд мекунад.

Хонум Ал-Миснад дар бораи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пурсид ва гуфт, ки бо СММ танҳо 2-3 намоянда аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон суҳбат доштанд, ки онҳо ҳам дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд ва аз намояндагони Тоҷикистон хост, ки дар бораи барҳамдиҳии созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар солҳои 2022 ва 2023 маълумот пешниҳод кунад.  

Инчунин коршиносони дигари СММ аз намояндагони Тоҷикистон дар бораи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолон, ки аксари онҳо зиндонӣ ва кушта шудаанд, пурсиданд. Гюн Кут, узви Кумитаи маҳви табъизи нажодии СММ гуфт, ки хушунат аз сӯи нерӯҳои амниятӣ сурат гирифтааст ва аз намояндагони Тоҷикистон пурсид, ки оё ҷинояткорон тафтиш шуда, нисбаташон ягон ҳукм содир шудааст?

Вазири адлия Музаффар Ашуриён, ки раҳбари ҳайати Тоҷикистон буд изҳор дошт, ки ҳукумат ақалияти миллиеро бо номи “помирӣ” намешиносанд. Ба иддаои ӯ, ҳамаи тадқиқоти илмӣ бар он далолат мекунанд, ки сокинони Бадахшон худро ақалият намеҳисобанд.

Музаффар Ашуриён таъкид кард, ки помириҳо “тоҷикони асил ҳастанд ва ин ҷойи баҳс нест”. 

Рӯзноманигори шинохта Рустами Ҷонӣ мегӯяд, ки ҳукумат талош дорад, дар Тоҷикистон дигар помирӣ намонад. “Бо ин вазир сиёсати саркубгаронаи ҳукуматро алайҳи помириҳо исбот кард. Дигар ҷои баҳс намонд, ки ҳукумат талош мекунад, помирӣ намонад. Ин дар ҳолест, ки аксари мардуми Бадахшон худро помирӣ меҳисобанд ва бо ин ном онҳоро дар Тоҷикистон мешиносанд”., менависад Рустмаи Ҷонӣ.

Дар идома ӯ қайд мекунад, ки “Ба ин чиз тадқиқоти зиёде ва гузоришҳои созмонҳои байналмиллалӣ далолат мекунад. Аз ҳама далели қавӣ дар баробари идаъои ҳукумат ин буд, ки кулли коршиносони СММ дар гуфтори худ дар бораи помириҳо, чун дар бораи миллати алоҳида сӯҳбат мекарданд”.

Генерал Абдураҳмон Аламшоҳзода низ дар ин нишаст зимни суханронияш аз “гуруҳҳои ҷиноятӣ” дар Бадахшон ва аз ҷониби “созмонҳои мамнӯи дар хориҷбуда” маблағгузорӣ шуданашон гуфт. Ба иддао ӯ, раҳбарони ин гурӯҳҳо бо ҳаракатҳои созмонҳои террористе, ки дар Афғонистон вуҷуд доранд, аз ҷумла “Ал Қоида”, “Ансоруллоҳ”, “ДИИШ” ва ғайраҳо дар тамос буда, ҷиноятҳои зиёде содир карда, даст ба тазоҳурот задаанд. 

Аламшоҳзода гуфт, ки мақомот танҳо бо ҳадафи “ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон”, боздошти “танҳо раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятӣ” ва “мусодираи силоҳу маводҳои нашъаовар”  даст ба амалиёти низомӣ зад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин амалиёт ягон сокини оддӣ зарар надидааст. Инчунин нафароне, ки бо хоҳиши худ таслим шуданд, ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд. Аммо хабару гузоришҳо ва боздошту кушта шудани даҳҳо нафар дар Бадахшон акси гуфтаҳои Аламшоҳзодаро нишон медиҳад. 

Аламшоҳзода дар охир “Комиссияи 44”-ро, ки бо пешниҳоди ҳукумат барои муколама ва бурдани тафтиши қатли Гулбиддин Зиёбеков таъсис ёфта буд, гурӯҳи терористӣ эълон кард. Инчунин ӯ Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Эргашев ва дигаронро гуноҳкор дониста, афзуд, ки “барои ҷияноятҳояшон” зиндонӣ шудаанд. 

Дар ҳоле Бузмаков фаъолони помириро ҷинояткор меномад, ки созмонҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ онҳоро бегуноҳ медонад ва озодиашонро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд. 

Инчунин дар ин нишаст намояндагони дигари Тоҷикистон ба суолҳои коршиносон посух доданд. Аммо аксари посухҳо коршиносони СММ-ро қонеъ накард. 

Аз ҷумла, хонум Ал-Миснад, коршиноси СММ гуфт, ки намояндагони Тоҷикистон ба пурсишҳои ӯ посухи дақиқ надоданд, балки маълумоти умумӣ пешниҳод кард. 

Ахбори зиду нақиз дар бораи фирори президент аз зиндон

0

Пас аз шиддат гирифтани даргириҳо дар пойтахти Судон, ахбори зидду нақизе дар бораи фирори бархе зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла президенти собиқ Умар Башир дар расонаҳо нашр шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои арабӣ, пас аз шиддат гирифтани диргириҳо ва шуълвар шудани оташ ҷанг дар байни генералҳои судонӣ, ки бар асари онҳо зиндони Купери Хартум осеб дида, бархе аз зиндониён тавонистаанд фирор кунанд.

Ба қавли “Ал-Арабия”, мақомоти зиндонбонӣ дар Судон гуфтаанд, ки пас аз шиддат гирифтани ҷангҳо, халалдор шудани хидматрасониҳои комуналӣ, аз ҷумла шабакаҳои обтақсимкунӣ ва мавриди ҳамла қарор гирифтани амлоки ҷамъиятӣ ва хусусӣ онҳо маҷбур шудаанд, ки қисме аз зиндониёнро раҳо кунанд, то тавонанд ба ҷойҳои амнтаре панаҳ бирбаранд, аммо зиндониёни зиёсӣ ҳамоно ҳам дар маҳбас нигаҳдорӣ мешаванд.

Аммо бархе расонаҳои маҳалӣ бо нашри наворҳои фирори зиндониён гуфтаанд, пас аз оне, ки бахше аз биноҳои зиндони Купер мавриди ҳамлаҳои мушакӣ қарор гирифтанд, хеле аз зиндониёни сиёсӣ, аз он ҷумла президенти барканоршудаи ин кишвар Умар ал-Башир низ тавониста, фирор кунанд.

Гуфта мешавад, ҷанги қудрат байни генералҳои Судон замоне шиддат гирифт, ки дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ раиси Шӯрои раҳбарии интиқолӣ, ки ҳамзамон раиси Қувваҳои мусаллаҳи Судонро бар уҳда дорад, тасмим гирифта буд, ки Нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилӣ бо раҳбарии муовинаш дар Шӯрои раҳбарии интиқолӣ генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлу, маъруф ба Ҳамидтиро ба артиш мулҳақ карда, амалан генерал ӯро халъи силоҳ кунад, аммо ҷонибҳо ба тавофуқ нарисаданд ва кори онҳо сангаргирӣ алайҳи як дигар ва ба оғози набардҳои хунин мунҷар шуд.

Рустами Эмомалӣ президент мешавад

0

Писарбузурги Эмомалӣ Раҳмон, ки номзади ягонаи мақоми президентӣ аст, баъд аз як ҳафта расман ба ин вазифа интихоб ва сипас корро оғоз хоҳад кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар интихоботи қарибулвуқӯи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ(CAFA), ки қарор аст, 2-уми майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, номзади ягонаи он Рустами Эмомалӣ, пирасбузурги Эмомалӣ Раҳмон бидуни рақиб президенти он интихоб хоҳад шуд.

Дар рафти ин интихобот номзадҳо ба мақоми ноиби президенти CAFA низ аз кишварҳои Афғонистон Муҳаммад Юсуф Коргар, аз Туркманистон Арсалан Айназаров ва аз Узбекистон Равшан Ирматов интихоб хоҳанд шуд. Президент ва муовинони ӯ барои солҳои 2023-2027 ба муддати чор сол интихоб мешаванд.

Гуфта мешавад, Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ(CAFA), яке аз панҷ Ассотсиатсияҳои минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. CAFA моҳи июни соли 2014 таъсис ёфта ва сипас дар соли 2015 аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Осиё ACF тасдиқ шуд. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистону Туркманистон ва Афғонистон узви он мебошанд.

Чаро низоми “дедовшина” дар Тоҷикистон роҳи ҳал надорад?

0

Наворе дар шакабаҳои иҷтимоии давр мезанад, ки дар он лату кӯби наваскарон аз ҷониби сарбозони дигар намоиш дода мешавад. Корбарон ба ин навор вокунишҳои гуногун доранд.

Маълум нест ин навор кай ва аз кадом пойгоҳи низомии Тоҷикистон сабт шудааст, вале дида мешавад, ки як гурӯҳ сарбозони қаблан ба артишрафта, чанд наваскарро ба девор рост монда бераҳмона лату кӯб мекунанд.

Корбарон тахмин мезананд, ки бино ба навъи либосашон онҳо сарбозони Нерӯҳои марзбонии кишвар ҳастанд ва он тобеи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст, ки раҳбарияш ба дӯши Саимумин Ятимов мебошад.

Яке аз корбарон мегӯяд, “Артиш чунин аст, мебаранд то мурдан мезананд. Ин навор гувоҳи ин гуфтаҳост ва воқеияти ҳол ҳамин аст.” Ҳамчунин дигаре навишта, ки “Кӣ мехоҳад баъди ин навор фарзанди худашро равонаи хидмат кунад?

Корбаре бо номи Шейма Шейма менависад, ки “Фарзандонамро хеч вақт намемонам хизмат кунан.”

Аммо то ҳол Вазорати мудофиа ва ё дигар ниҳодҳои марбута ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Дар вокуниш ба ин навор корбарони зиёде мепурсанд, ки чаро мақомот 20 сол боз наметавонанд низоми “дедовшина” ё худ калонсолорӣ дар артишро аз байн баранд? Ба гуфтаи аксари онҳо, чунин бадрафториҳо, ки аз замони “облава” шудани сарбоз шурӯъ мешавад ва то дохили артишу ҳатто баъд аз он ҳам идома меёбад, хонаводаҳоро нигарон карда, дигар касе намехоҳад фарзандашро барои ҳимояи Ватан фиристад.

Дар Тоҷикистон низоми бадрафторӣ дар артиш аз замони таъсиси он то кунун, яъне аз соли 1993 то имрӯз идома дорад. Ҳамасола мақомоти комиссариятҳои ҳарбӣ дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз дохили хонаҳои хоб ҷавононро маҷбуран боздошта ва ба артиш мебаранд. Ба сабаби ин гуна бадрафториҳо дар артиш солона даҳҳо сарбоз маъюб ва ё кушта мешавад ва касе ҳам ҷавобгар нест.

Ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон?

0

Бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон теъдоде аз ду тараф кушта ва захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои манобеи Azda.tv аз ҷойи ҳодиса, дар марзҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистон миёни сарбозони тоҷик ва чанд ҷангҷӯе, ки дар манотиқи назди сарҳадии Афғонистон ҳузур доранд, задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи як афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, ки нахост номаш фош шавад, дар охирин рӯзи Рамазон чанд нафар аз ҷангҷӯёни тоҷики муқими Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуда, сӯйи марзбонони тоҷик тир кушодаанд. Миёни ҷонибҳо задухӯрд сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол Тоҷиддин Суруш, рӯзноманигори афғон дар ҳисоби твиттераш хабар додааст, ки “21-уми апрели соли ҷорӣ як ҷангҷӯи Ансоруллоҳ ва 2 узви Толибон аз минтақаи Дарвози Бадахшон мехостанд вориди Тоҷикистон шаванд, аммо дар ин ҳолат бо марзбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, як нафари онҳо захмӣ шудааст ва онҳо аз роҳи худ баргаштаанд”. 

https://twitter.com/TajudenSoroush/status/1650164619103592450?cxt=HHwWhICz6cz-x-YtAAAA

Як корбари дигари афғон бо номи Сайид Орфан Барзгар дар ҳисоби твиттераш аз ворид шудани як гурӯҳи ҷангҷӯён ба қаламрави Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба навиштаи ӯ “чанд рӯз пеш як гурӯҳи чаҳорнафарии террористҳои тоҷик аз вилояти Бадахшони Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд. Рӯзҳои ахир марзбонони тоҷик ба таври ҷиддӣ дар ҷустуҷӯи ин афроданд”.

Дар ҳамин ҳол як манбаи дигари Azda.tv хабар дод, ки мақомот амалиёти ҷустуҷӯиро бар иловаи ВМКБ дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳам оғоз кардаанд. Яку якбора зиёд шудани пулис ва сарбозон дар баъзе аз деҳаву кӯчаҳо сокинони кишварро нигарон кардааст. 

Гуфта мешавад, раҳбари “Ҷамоати Ансоруллоҳ” Муҳаммад Шарипов маъруф ба Маҳдӣ Арсалон зодаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод мебошад.

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро то ҳол расман шарҳ надодаанд, Azda.tv дар такя ба дигар манбаъҳо ҷузъиёти ҷадиди ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад.

Бо пайдо шудани иттилои нав хабар такмил мешавад.

Боздошти хоҳарзодаи Шамсиддини Саид

0

Мақомоти ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) хоҳарзодаи Шамсиддини Саид – узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боздошт ва бар зиддаш бо моддаи 307 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш фарзандаш, Абдуллоҳи Шамсиддинро мақомоти тоҷик барои як “лайк” зери кадом посте дар Фейсбук барои 7 сол маҳкум ба зиндон карда буданд.

Рӯзи 22-уми апрел Шамсиддин Саид дар тамос бо Azda tv боздошти хоҳарзодааш Саидов Саидумари 31-соларо тасдиқ карда, гуфт, ки мақомоти шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Кӯшонинён рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ ӯро даъват карда, “пас аз чанд соати бозпурсӣ дар бораи ман” боздошт ва алайҳаш мувофиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз карданд. “Кушишҳои модараш барои дидор бо фарзандаш натиҷа надодааст.”

Бино ба иттилои манбаъ, Саидов Саидумар, ки оиладор ва интизори таваллуди аввалин фарзандаш буд, ба он муттаҳам мешавад, ки гӯё бо худи Шамсидддини Саид дар иртибот будааст, аммо Шамсиддини Саид мегӯяд, наздиконаш “аз тарси фишори мақомот ҳеч иртиботе бо ман надоштанд.”

“Пас аз боздошти Саидумар кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия, Ҳусензода Сафар ва Қурбонзода Бурихон бе ягон иҷозати расмӣ хонаи зисти хоҳарамро кофтӯкоб намуда, телефонҳо ва паспортҳои модару писарро бо худ бурдаанд.”, – мегӯяд Шамсиддини Саид.

Ин узви аршади ҲНИТ таъкид мекунад, ки боздошти хоҳарзодааш идомаи фишорҳои мақомот боло ӯст. “Пас аз ҳукми 7 соли зиндон ба Абдуллоҳи писарам боздошти хоҳарзодаамро идомаи фишорҳо болои хеш ҳисоб менамоям.”

Гуфта мешавад, муфаттиш Маҳмудзода Фарҳод парвандаи Саидов Саидумарро пеш мебарад.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти тоҷик пас аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддини, писари Шамсиддини Саид аз Олмон ба Тоҷикистон 29-уми марти соли ҷорӣ ӯро бо моддаи 307 қисм 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, 7 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Иди саиди Фитр муборак ҳамватанони азиз!

0

Аксар кишварҳои дунё 21-уми апрели соли ҷорӣ Иди Фитрро ҷашн мегиранд, аз ҷумла ин иди бузург дар Тоҷикистони азизи мо низ рӯзи ҷумъа, 21-уми апрел эълон шудааст.  

Ба ин муносибат, ҳайати эҷодии Azda tv фарорасии Иди саиди Фитрро барои тамоми мусалмонои дунё, бахусус ҳамдиёрони азиз, ки дар ҳар гӯшаву канори олам ҳастанд, табрику таҳният гуфта, барои якояки азизон аз Худованди Мутаол тани сиҳату рӯзгори хӯшро таманно дорад.

Ва умеди онро дорем, ки Худованди Меҳрубон рӯза ва тоату ибодатҳои мову шуморо мавриди қабули хеш қарор дода, аз камбуду хатоҳои мо гузашта бошад.

Ҳамаше дасти пуру хонаи обод дошта бошед ва дар ҳалқаи хонадону ёру дӯстон зиндагии босаодатро бароятон хоҳонем!

Идатон муборак ҳамдиёрони азиз!

Гузоришгари СММ: Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи дин мутобиқ нестанд

0

Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури озодии дин ва эътиқод хонум Нозила Қонеъ дар поёни сафари 10-рӯзааш ба Тоҷикистон сиёсатҳо ва қонунҳои кишварро дар бораи дин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ надонист.

Тавре “Азия-Плюс” иттилоъ дод, Гузоришгари вежаи СММ дар умури озодии дин ва эътиқод дар поёни сафараш ба Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел дар толори Намояндагии СММ дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир кард.

Хонум Нозила Қонеъ дар ин нишаст гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд дар сиёсатҳо ва қонунҳои худ дар бораи дин ва эътиқод таҷдиди назар кунад ва онҳоро мутобиқ созад.

Ҳамзамон ин намояндаи СММ аз монеагузориҳо барои рафтани занону кӯдакон ва наврасони то 18-сола ба масҷид интиқод карда, гуфтааст: “Эҳтиром ба озодии дин ва эътиқод бояд ки дар фаъолияти оммавӣ низ ба чашм намоён бошад ва бояд ба ҳама, аз ҷумла занон, ақалиятҳои динӣ ва эътиқодӣ ва кӯдакону ҷавонон дахл дошта бошад. Ба онҳо бояд иҷозат дода шавад, ки аз ин озодӣ дар якҷоягӣ бо дигарон бархурдор шаванд”.

Ӯ ҳамчунин афзуда, ки “дар робита ба манъи ба масҷид рафтани ҷавонони то синни 18 мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дар сурати ба масҷид рафтан, онҳо аз таҳсил канор мемонанд, оид ба Қонуни танзим мегуфтанд, ки он барои сарфакорӣ ҷорӣ шудааст ё оид ба манъи ибодати занон дар масоҷид мегуфтанд, ки ин хилофи мазҳаби Ҳанафӣ аст.”

Далелҳои пешкаш намудаи мақомоти тоҷик барои намояндаи СММ қонеъкунанда набудаанд, чуноне ки пештар ҳам ин далоил барои ҷомеаи мадании тоҷик ҳам мантиқӣ ба назар намерасиданд.

Гуфта мешавад, хонум Нозила дар ҷараёни сафараш бо намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи маданию рӯҳониён мулоқот гузарондааст. Ҳамчунин ӯ аз зиндони шаҳри Ваҳдат низ дидан карда, аз вазъи зиндониён огоҳ шудааст. Аммо маълум нест, ки бо зиндониёни сиёсӣ дар алоҳидагӣ суҳбате карда ва ё на. Гузоришгари вежаи СММ барои баҳо додани озодиҳои эътиқодии ақаллиятҳои мазҳабӣ ба ВМКБ низ сафар кардааст.

Мақмоти тоҷик солҳост, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароии динӣ тамоми озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқодиро аз мардум салб кардаанд. Ҳазорҳо ҷавон танҳо ба хотири риш доштан ва ё ҳиҷоб пӯшидан зиндонӣ шудаанд ва ё аз ҷои кору донишгоҳҳо ихроҷ шудаанд.

Бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ

0

Мақомоти Тоҷикистон ва Ироқ тасмим гирифтаанд, ки боқимонда зиндониҳо ва шаҳрвандоне, ки пас аз шикасти ДИИШ дар Ироқ банд мондаанд, ба Ватан баргардонанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки сафири Тоҷикистон дар Ироқ ҷаноби Зубайдулло Зубайдзода дар мулоқот бо мақомоти расмӣ дар Бағдод раванди бозгардонии шаҳрвандони кишварро баррасӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, 17-уми апрели соли 2023, сафири Тоҷикистон дар Ироқ (бо қароргох дар Кувайт) Зубайдулло Зубайдзода дар як ҷаласаи махсусе дар мавриди баргардонидани шаҳрвандони тоҷик аз ин кишвари арабӣ ба Ватан ширкат кардаст.

Инчунин Зубайдзода дар мулоқоти алоҳида низ бо мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим ал-Аъраҷӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти байни ду кишварро баррасӣ карда, перомуни вазъияти Ховари Миёна низ гуфтугӯ кардааст.

Гуфта мешавад, тайи чор соли ахир Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ ва дигар кишварҳо дар чанд маврид шаҳрвандони худро аз кишварҳои Ироқу Сурия ба Ватан баргардонида буд.

Боздошти додраси додгоҳи Бадахшон

0

Додраси Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳафтаи гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт шудааст. 

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Додситони кулли Тоҷикистон нисбати додрас Зафар Қодирзода бо иттиҳоми “гирифтани пора ва қаллобӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. 

Мақомот расман ҷузъиёти парвандаи ин додрасро шарҳ надодаанд, аммо ба навиштаи манбаъ, Қодирзода ҷиноятҳоро дар замони кораш дар шаҳри Ваҳдат ва ВМКБ содир кардааст.

Назари худи додраси боздоштшуда ва пайвандонаш дар ин бора дастраси расонаҳо нест. 

Инчунин то ҳол фармони барканории Зафар Қодирзода дар сомонаи Президенти Тоҷикистон нашр нашудааст ва бояд пеш аз боздошти ин додрас Эмомалӣ Раҳмон фармони барканориашро содир ва порлумони кишвар онро тасдиқ мекард.

Гуфта мешавад, Зафар Қодирзода, ки пеш дар Додгоҳи шаҳри Ваҳдат низ кор кардааст, моҳи декабри соли гузашта бо як фармони Президент додраси Додгоҳи ВМКБ таъйин гардида буд. 

Зафар Қодирзода аввалин додрасе нест, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора ва қаллобӣ боздошт мешавад. 

Ба гуфтаи таҳлилгарон, яке аз сабабҳои даст задани додрасҳо ва мансабдорони давлатӣ ба фасод дар кишвар он аст, ки худи онҳо бо ришва мансаб харидаанд ва ин кор онҳоро водор мекунад то ба фасодкорӣ ва ришваситонӣ дар ҳама соҳаҳо идома бидиҳанд.