18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 283

ШВКД милисахона аст ё ҳаромхона?

0

Нодира Назарӣ, як корманди бахши Фарҳанги шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд иддао карда, ки як шабонарӯз дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ мавриди таҳқиру тавҳин ва шиканҷа қарор гирифтааст.

Нодира Назарӣ, акс аз Фейсбук
Нодира Назарӣ бо нашри сил-сила паёмоҳо дар саҳфаи расмиаш дар Фейсбук иддао карда, Наргис Разоқова, мудири бахши фарҳанги шаҳри Истиқлол аз болои ӯ ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ шикоят карда, як рӯз пеш аз сафари Президенти Тоҷикистон ба ин шаҳр мавриди тақҳиру тавҳин ва шиканҷа қарор гирифтааст.

Ин бонуи тоҷик, ки дар байни бархе адибони кишвар ҳамчун шоира низ ёд мешавад, меафзояд, баъд аз сабти ин шикоят, як нафар аз кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ӯро “маҷбуран бо дурӯғе, ки шуморо амнияти ҷумҳурӣ Фаррух даъват карда, бояд равед, ки шумо, пагоҳ назди президент шеъри худро мехонед”, гирифта бураданд.

Вай дар идома мегӯяд, бо маслиҳати дуҷониба, мудири бахши фарҳанг Наргис Разоқова ва сардори ШВКД, Авазхон Азиззода, як шабонарӯз ғайриқонунӣ мавриди таҳқиру таънаҳои сардор қарор гирифта ва Орипов Амирхон, корманди ин шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ низ дар ин муддат бо мушт ба пушти сараш зада, ҷароҳати иллати майнаи сар бардоштааст.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз кормандони давлатӣ ҳукумати шаҳри Истиқлол кору фаъолият мекунад, қиссаи шиканҷа шуданашро аз он ҷо оғоз карда, ки бархе кормандони тоҷиктабору узбектаборро ба бемасъулиятӣ муттаҳам карда, гуфтааст, ки қурбони падидаи миллатгароӣ шудааст.

Гуфта мешавад, пас аз расонаӣ кардани ин рафтори мақомоти корҳои дохилӣ, хонум Нодира Назарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мавриди таъқиб ва таҳдид қарор гирифт ва дар ибтидо ҷасурона мегуфт, “ман манқурт нестам!!! Ҳуқуқ дорам, ки оиди нобаробарӣ садо диҳам, косаи сабрам лабрез шуд!!!

Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба вилояти Суғд рӯзи 30-уми марти соли ҷорӣ ба шаҳри Истиқлол низ сафар карда буд ва агар ин иддаоҳои хонум Нодира Назарӣ дуруст бошад, пас ӯ рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ мавриди озору азият ва шиканҷаи ҷисмонӣ қарор гирифтааст.

Ба назар мерасад, баъдтар тобу тавони шиддати фишорҳои мақомот ва дигар кормандони ҳукумати шаҳрро тоб наоварда, хеле аз арзу шикоятҳо ва даъвоҳи худро аз саҳфааш пок кардааст. Бо ин вуҷуд, ҳамоно ҳам иддао дорад, ки пас аз шиканҷа шудан дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ барои чанд муддат дар бемористон бистарӣ шудааст.

Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ба Толибон таҳвил дода шуд?

0

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикитсон ба Толибон таҳвил дода шуд.

Бино ба иттилои бархе расонаҳои Афғонистон, дипломатҳои Толибон Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшони Тоҷикистон ба дасти дипломатҳои Толибон таҳвил дода шудааст.

Расонаи “Яқин Нюс”-и Афғонистон, ба нақл аз як манбаи дипломатии худ хабар дода, ки “дар идомаи раванди конторли намояндагиҳои сиёсии Афғонистон тавассути Иморати исломии Афғонистон мудирият Консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистон низ ба давлати Иморати исломии Афғонистон супурда шуд.”

Пеш аз ин як тан аз собиқ дипломатҳои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар суҳбат ба Azda tv дидори ҳайати Толибон аз Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғро тавзеҳ дода гуфта буд, ки “ин хабар дуруст аст. Қонсули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ 8 моҳ пеш дар Дубай ба Толибон байъат карда буд ва эълони омодагӣ барои таслими Қунсулгариро карда буд ва танҳо мунтазири иҷозаи Тоҷикистон буданд.”

Ин дипломати собиқи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон таъкид карда буд, ки “маъмулан кишварҳо зомини амнияти сафоратҳо ҳастанд ва дар таъйин ва тағйироти дохилӣ ҳаққӣ дахолат надоранд ва (мавзӯҳо) бояд байни худи соҳибони сафорат ҳал шавад. Агар сафир Ағбар низ бо Толиб байъат кунад, шароити интиқол фароҳам мешавад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон ва дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон то чанд моҳе пеш аз минбарҳои баланд алайҳи Толибон мавзеъгирӣ мекарданд, вале дасти кам дар ин 6 моҳи ахир шиддати ин мавзеъгириҳо ба сурати ошкор ва аланӣ камтар шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон на дар бораи дидорҳои ахири Толибон аз Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ва на таҳвил гирифтани он ҳеч вокунише накардааст.

Созмонҳои байналмилалӣ озодии Манучеҳр Холиқназаровро талаб доранд

0

Ҳафт созмони байналмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайду шарти зиндонии сиёсӣ ва адвокати шинохта Манучеҳр Холиқназаровро талаб доранд.

Имрӯз, 3-уми апрели соли 2023 созмонҳои “International Partnership for Human Rights” (IPHR), “World Organisation against Torture” (OMCT), “Human Rights Watch” (HRW), “Helsinki Foundation for Human Rights” (HFHR), “Norwegian Helsinki Committee” (NHC), “Frontline Defenders”, “International Federation for Human Rights” (FIDH) ва “Freedom Now” бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки иттиҳомоти сохтаро алайҳи адвокати зодаи Бадахшон Манучеҳр Холиқназаров ва ҳомиёни дигари ҳуқуқ бекор намоянд.

Дар ин баёния Бриҷит Дюфур, мудири Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи Башар гуфтааст, ки Манучеҳр Холиқназаров ҳомии барҷастаи ҳуқуқи башар ва муборизи зидди беадолатӣ буда, зиндонӣ карданаш амали шармовар аст.

Хонум Дюфур таъкид мекунад, ки “ҳар рӯзе, ки ӯ паси панҷара мегузаронад, баёнгари боз ҳам бадтар шудани вазъи ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон аст.”

Дар идома баёния Гералд Стаберок, дабири кулли Созмони байнулмилалии зидди шиканҷа гуфтааст, “Манучеҳр Холиқназаров ва ҳамкоронаш аз Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир солҳои дароз ба ҷабрдидагон мадад расонда, ба таври осоишта ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва дастрасиро ба адолат дар ВМКБ таъмин мекарданд.”

Дар баёнияи инчунин, дабири кулли Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ Берит Линдеман мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон бо бастани созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ эълон кардани кори ҳомиёни ҳуқуқи башар, маъракаи худро барои аз байн бурдан ва хомӯш кардани ҳама гуна садоҳои интиқодӣ дар кишвар идома медиҳанд.

Ин созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки ба ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷозат дода шавад, ки бидуни мамониат кор кунанд ва ҳама иттиҳомоти қалбакӣ алайҳи Холиқназаров ва дигар ҳомиёни ҳуқуқро лағв кунанд.

Манучеҳр Холиқназаров моҳи майи соли 2022, дар пасманзари ҳодисаҳои ахири Бадахшон боздошт ва моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳомоти сохта яъне ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ ба 16 сол зиндон маҳкум шуд.

Холиқназоров то замони боздошташ мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир буд ва моҳи ноябри соли 2021 ба “Комиссияи 44”, ки  дар ҳамкорӣ бо муфаттишони Додситонии кул кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва беназмиҳоро дар маркази ВМКБ таҳқиқ мекарданд, пайваста буд. Ҳоло аксари аъзои ин комиссия бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон гаштаанд.

Изоҳороти ПМТ дар бораи зиндониёни бемор

0

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот дар бораи хеле бад вазъи саломатии бархе маҳбусони сиёсӣ талаб карда, ки “зиндониёни бемори аз сини 60 боло ҳарчӣ зудтар озод карда шаванд.”

Имрӯз, 3-уми апрели соли 2023, Паймони Миллии Тоҷикистон, иттиҳоди муташакил аз чанд созмони мухолифин вазъи саломатии бархе зиндониёни сиёсии кишварро вахим арзёбӣ карда, талаб кардааст, ки мақомоти масъул ҳар чи зудтар ба доди онҳо бирасанд.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки “Паймони Миллии Тоҷикистон аз вазъияти ахири зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои кишвар шадидан нигарон буда, масъулияти ҷони онҳоро бар уҳдаи мақомоти аввали кишвар медонад.”

Ҳамзамон Паймони Миллии Тоҷикистон талаб мекунад, ки:

Омбудсмен аз зиндонҳои кишвар дидан намуда аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ наздикон ва ҷомеаи кишвар ва хабарнигоронро огоҳ намояд.
Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, Созмони Афви Байналмилалӣ ва Созмони Пизишкони Бидуни Марз аз вазъияти зиндониёни сиёсӣ хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои тиббии фаврӣ расонанд. Раиси идораи зиндонҳо Мансурҷон Умаров қазияро баррасӣ намуда аз тариқи расонаҳо шарҳи расмӣ пешниҳод намояд.
Зиндониёни бемори аз сини 60 боло ҳарчӣ зудтар озод карда шаванд.
Гуфта мешавад, тайи чанд рӯзи ахир дасти кам дар бораи 4 зиндонии сиёсӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Маҳмурод Одинаев, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд хабару гузоришҳое нашр шуда, ки ба гуфтаи наздикону пайвандони онҳо вазъи саломатиашон хеле нигаронкунанда аст. Паймони Миллии Тоҷикистон ҳам таъкид карда, ки “хабарҳои дигаре, низ вуҷуд дорад, ки вазъи саломатии аксарияти зиндониёни сиёсӣ бисёр бад ва шароиташон нигаронкунанда аст.

Боз шудани парвандаи қаллобӣ нисбати корманди давлатӣ

0

Нисбати як корманди Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреби мардум парванда боз шудааст.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Пулотов Музаффар Маъмурович, ки ба ҳайси мутахассиси шуъбаи барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Истаравшан кор мекард, барои тартиб додани ҳуҷҷатҳои хона аз як шаҳрванди ҳамин шаҳр маблағи зиёде ҳамчун пора гирифта, ба манфиати шахсияш сарф кардааст.

Дар хабари Агентӣ гуфта мешавад, ки Пулотов “зимни фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан, ҷиҳати гирифтани шаҳодатномаи истифодабарии замин ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонии дороиҳо ба манзили номбурда маблағи 33000  сомониро бо роҳи фиреб гирифта, тасарруф намуда, ба охирин зарари калони моддӣ расонидааст.”
Аз ҷониби Агентии зидди фасоди Тоҷикистон нисбати Пулотов Музаффар бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, аллакай таҳқиқи парванда ба охир расида ва он ба додгоҳ фиристода шудааст.

Масъалаи порагирӣ ва фасод дар байни кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки рӯз то рӯз рушд меёбад. То ҳол Ҳукумат бо барномаҳои давлатияш натавониста пеши роҳи фасодзадагии мақомот, бахусус идораҳои марбут ба тақсими замину молиётро бигирад.

Поёни таҳқиқи марги Розиқов ва ирсоли парвандааш ба додгоҳ

0

Таҳқиқи марги Абдуқаҳҳор Розиқов, ки шаби 2-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милиса боздошт ва дар шароити мармуз ҷон бохта буд, ба охир расидааст.

Парвандаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов ҳафтаи пеш ба анҷом расида, ба додгоҳ фиристода шудааст. Додситонии минтақа ва Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ин хабарро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд, аммо аз ҷузъиёти ин парванда чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 2-юми январи соли ҷорӣ кормандони ШВКД-и шаҳри Кӯлоб сокини ин шаҳр Абдуқаҳҳор Розиқови 37-соларо аз хонаи истиқоматиаш боздошт карда, дертар ҷасадашро ба сардхонаи шаҳр супориданд.

Наздикону пайвандонаш дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буданд, ки Розиқов дар натиҷаи шиканҷаи мақомот ба ҳалокат расидааст, ҷун дар баданаш осори шиканҷа дида мешуд.

Яке аз наздикони Абдуқаҳҳор дар тамос бо Azda tv бидуни зикри номаш гуфта буд, ки марҳумро дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб барои имзо гузоштан зери кадом парвандаи ҷиноятие маҷбур мекунанд, вале ӯ имзо намегузорад. Аз ин рӯ, ӯро 4 ё 5 нафар аз кормандони милиса дар барқ мемонанд ва то дами марг шиканҷаи сахт мекунанд. Пас аз ҷон бохтан онҳо бо мақсади рӯпӯш кардани ин ҷинояташон ӯро ба беморхона ва аз онҷо ба сардхона бурда, худ фирор кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқовро истеъмоли зиёди “маводи сахттаъсири навъи амфетамин (кристалл)” гуфта буд, аммо наздиконаш инро рад мекунанд.

Пас аз хабари кушта шудани Розиқов даҳҳо нафар аз сокинони Кӯлоб ва пайвандони ӯ ду маротиба бо талаби адолатхоҳӣ дар назди сардхона ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҷамъ омада буданд. Бори аввал онҳо аз мақомот хоста буданд, ки гумонбарон боздошт ва ҷазо дода шаванд. Шоҳидон мегӯянд, ки мақомоти шаҳри Кӯлоб ба дасти се маъмури милиса завлона зада, ба мардум нишон дода буданд, то онҳо пароканда шаванд.

Аммо баъд аз пароканда шудани мардум беш аз даҳ нафари онҳо аз ҷониби кормандони милиса боздошту бозпурсӣ шуда буданд.  

Дертар, чун маълум шуд, ки мақомот танҳо нисбати як нафар парванда боз карда ва ду нафари дигарро озод кардааст, рӯзи 30-уми январ бори дигар пайванони Розиқов ва дигар сокинони Кӯлоб назди ҳукумати ин минтақа ҷамъ омаданд. Ин дафъ онҳо аз мақомот таҳқиқи одилонаи марги Абдуқаҳҳор Розиқов ва ба ҷавобгари кашидани ҳамаи гумонбаронро хостанд.

Мақомот аз пайвандони Розиқов талаб карда буд, ки аз рафти тазоҳурот аксу навор нагиранд ва дар интернет паҳн накунанд, инчунин кормандони ВКД ва КДАМ онҳоро таъкид карда буданд, ки “дигар одами бисёр ҷамъ нашавед ва ҳар вақте омадед, ду-се нафар оед”.

Хабари марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо ва суолҳои зиёдеро ба бор овард. Баъзе аз корбарон қатли ин ҷавони зодаи Кӯлобро ба қатли ваҳшиёнаи сокини деҳаи Роштқалъаи ВКМБ Гулбиддин Зиёбеков, ки моҳи ноябри соли 2021 аз ҷониби кормандони мақомот cурат гирифта буд, монанд медонанд.

Нобоварии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон?

0

Арабистони Саудӣ дар моҳи мубораки Рамазон лоиҳаи “Сабади озӯқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барои соли 2023 оғоз кардааст.

Сафорати Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки ин кишвар дар моҳи мубораки Рамазон лоиҳаи “Сабади озӯқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023”-ро оғоз кардааст.

Дар касу наворҳое, ки дар ин иқдоми Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки дар ин сабад барои тақсим кардан ба оилаҳои ниёзманд як халта орд, 5 литр равғани растанӣ ва як қуттӣ пур аз дигар маводҳои хӯрока вуҷуд дорад.

Ин кумакҳоро Маркази имдод ва корҳои инсонии шоҳ Салмон дар ҳамкорӣ бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд тақсим мекунанд. Ин иқдом барои 2 ҳазору 760 оилаи ниёзманд, ки дар маҷмӯъ 13 ҳазору 800 нафарро ташкил медиҳанд, пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи бархе корбарон, Арабистони Саудӣ медонад, ки дар хеле мавридҳо мақомоти Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаро дуздида дар бозорҳо мефурӯшанд ва ба хотири пешгирӣ кардан аз ин дуздиҳо рӯи тамоми ин маҳсулоте, ки барои тақсим кардан омода шудаанд, таъкид шуда, ки “РОЙГОН ТАҚДИМ КАРДА ШУДА, ФУРӮХТА НАМЕШАВАД!”

$690 миллиони Амрико барои мубориза ба авторитаризм

0

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико эълом дошт, ки ҳукуматаш барои рушди демократия ва мубориза бо густариши авторитаризм дар ҷаҳон 690 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.

Раиси Кохи Сафед рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ дар Саммити байналмилалии демократия ваъда дод, ки ин маблағро барои мубориза бо фасод, пуштибонӣ аз интихоботи озод ва рушди технологияҳое, ки барои фаъолияти ҳукуматҳои демократӣ дар саросари ҷаҳон заруранд ва дастгирии расонаҳои мустақил равона хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар ин нишаст гуфт, ки демократия дар тамоми ҷаҳон мустаҳкамтар гашта истодааст.

“Ман мутмаинам, ки ин чолишҳои асосии замони мост ва имрӯз мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки демократия дар саросари ҷаҳон қавитар мешавад, на заифтар. Автократияҳо дар ҷаҳон заифтар мешаванд, на қавитар”, – гуфт президенти ИМА.
Аммо бисёриҳо гуфтаҳои Ҷо Байденро дар масъалаи қавитар шудани демократия дар ҷаҳон зери шубҳа мегузоранд.

Тибқи ҳисобҳои шуъбаи тафтишотии маҷаллаи бонуфузи бритониёии “The Economist” дар соли 2021 сатҳи демократия дар ҷаҳон башиддат поин рафта, дар соли 2022 дар ҳолати рукуд қарор дошт.

Инчунин ба гуфтаи созмони бонуфузи “Freedom House”, мақарраш дар Вашингтон, соли 17-ум аст, ки сатҳи озодиҳо дар ҷаҳон поин меравад.

Гуфта мешавад, Саммити байналмилалии демократия имсол таҳти раҳбарии Амрико, Коста-Рика, Ҳолланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Замбия бо иштироки 120 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

Ин дуввумин Саммити демократия аст ва саммити аввал дар соли 2021 баргузор гардида, дар он Байден эълом карда буд, ки барои ҳимоят аз волоияти қонун ва демократия дар ҷаҳон 400 миллион доллар ҷудо мекунад. Ба гуфтаи нозирон, ба далели шакли ғайрирасмии баргузории чорабинӣ пайгирии дақиқи масрафи ин маблағи гуфташуда мушкил аст.

Тасмими таъсиси Саммити байналмилалии демократия дар ҷараёни маъракаи интихоботии соли 2020 бо ҳадафи пайгирӣ кардани тамоюлҳои авторитарӣ дар ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои мубориза бо онҳо аз ҷониби Ҷо Байден ва шариконаш гирифта шуда буд.

Ифтори дӯстонаи тоҷикҳо ва қирғизҳо дар Маскав

0

Фаъолони тоҷик ва қирғиз бо баргузории як маросими ифтории муштарак дар шаҳри Маскав дӯстии ду миллати ҳамсояро ба намоиш гузоштанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, шоми 29-уми марти соли 2023, бархе диаспораҳои тоҷик ва қирғиз, ки муқими Русия ҳастанд, дар пойтахти ин кишвар маросими ифтори муштарак баргузор карданд.

Дар ин маросими мазҳабӣ, ки дар миёни хеле аз ҷомеаҳои исломӣ ба як фарҳанги маъмулӣ табдил шудааст, бар иловаи фаъолони ҷомеаи маданӣ, чанде аз кормандони сафоратхонаҳову консулгариҳои ду кишвар ва инчунин бархе рӯҳониён ҳам иштирок карданд.

Гуфта мешавад, ин маросими ифтори рамазонӣ байни намояндагони қишрҳои мухталифи ду кишвар дар хориҷ дар ҳоле дӯстии ду миллатро ба намоиш мегузорад, ки то ҳол муносибатҳои дипломатии ду кишвар ба ҳолати аввала барнагштааст.

Гарчанде музокирот барои ҳалли мушкилот ва таъйину аломатгузории нуқтаҳои баҳсноки марзӣ байни гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар идома дорад, вале ду соли ахир муноқишаҳо шиддат гирифта буд, то ҷое, ки ба задухӯрди мусаллаҳона ва куштори даҳҳо шаҳрванд аз ду тараф анҷомид.

Толибон: Шӯравӣ ва кишварҳои узви НАТО бояд муҳокима шаванд

0

Мақомоти Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, кишварҳое, ки дар Афғнистон даст ба ҷиноёти ҷангӣ задаанд, дар додгоҳҳои ҷиноии байналмилалӣ муҳокима шаванд.

Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирин ва авдаткунандагони Афғонистон зимни суханроние дар ҷамъи ҳамватанонаш мегӯяд, кишварҳое, ки дар чаҳор даҳаи охир дар Афғонистон даст ба ҷиноятҳои ҷангӣ задаанд ва афғонҳоро ба номҳои гуногун куштаанд, бояд ба додгоҳҳои ҷиноии ҷаҳонӣ муаррифӣ шаванд.

Ин мақомдори Толибон мегӯяд, “ҳанӯз ҳам бархе кишварҳо мекӯшанд ба Афғонистон мушкил эҷод кунанд.”

Ҳаққонӣ зимни суханронияш ҳукумати Шӯравӣ ва кишварҳои аъзои НАТО-ро гунаҳкоронии асосӣ номид. Ӯ гуфт: “Ҳукумати пешини Шӯравӣ ва тамоми ғуломони ӯ чи дар дохили кишвар ва чи дар берун аз кишвар ҳастанд, НАТО-и Амрико ба шумули кишварҳое, ки Афғонистонамонро вайрон карда, инҳо имрӯз масъули ин ҳастанд. Бояд ба афғонҳо ҳисоб бидиҳанд ва ба маҳкамаи байналмилалӣ кашонида шаванд.”

Сарпарасти Вазорати муҳоҷирони Афғонистон мегӯяд, агар ин кишварҳо ва ё ҳарки бошад ин бор даст ба таҷовуз бизананд, ба вокуниши сахте рӯбарӯ хоҳанд шуд.