23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 286

Лукашенко озими Тоҷикистон шуд

0

Александ Лукашенко, Президенти Беларус дар раъси як ҳайъати баландпояи кишвараш бо сафари расмӣ озими Тоҷикистон шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Беларус, субҳи имрӯз, 11-уми октябри соли 2022, Презиедети Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон сафар кард.

Сафари дурӯзаи раисҷумҳури Беларус ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари ахираш ба Маскав акнун омодагии рафтан ба Остонаро дорад ва дар бораи он ки имрӯз дар Душанбе кӣ ва ё кудом меҳмони олиқадреро пазироӣ мекунад, то замони таҳияи ин хабар расман ҳеч гуна шарҳу тафсиле надодаанд.

Ва инчунин маълум нест дар ин сафар раҳбарони ду кишвар кадом масоили муҳимро баррасӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, дар ин чанд рӯзи ахири сафарҳои бархе аз сарони кишварҳои пасошӯравӣ ва зиёрату дидорбинии ҳамтоёни худашон ба мисли “чойгашт” дар бархе деҳот табдил ёфтааст, ки ҳар гоҳе хостанд бо сабаб ва бесабаб баҳонае ёфта ҷое ҷамъ мешаванд.

Раҳмон ба Қазоқистон меравад

0

Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ барои ширкат дар се нишасти минтақавӣ дар раъси ҳайате ба шаҳри Остонаи Қазоқистон меравад.

Имрӯз, 11-уми октябри соли 2022, Хадамоти матбуоти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 12-уми октябри соли 2022 дар раъси як ҳайати баландпоя барои ширкат ба ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) озими Қазиқистон хоҳад шуд.

Ба қавли манбаъ, Президенти Тоҷикистон 12-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Остона нахуст дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви “Машварати ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё” иштирок мекунад.

Инчунин дар ҳошияи ин сафарҳои дурӯзаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ дар пойтахти Қазоқистон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, 4 рӯз пеш аз ин низ сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба баҳонаи баргузории як ҷаласаи ғайрирасмии худ ба Маскав рафта, Владимир Путинро ба зодрӯзаш табрик карда буданд. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати зодрӯзи Президенти Русия ба ӯ тарбузу харбӯза ва каду туҳфа кард.

Ҳайати Қирғизистон вориди Душанбе шуд

0

Имрӯз 11-уми октябр ҳайти кории Қирғизистон барои музокира бо ҷониби Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзҳои муштарак вориди Душанбе шуд.

Ба иттилои расонаҳои давлатӣ, кори ҳайатҳои ҳукматии Тоҷикистону Қирғизистон 4 рӯз идома карда, рӯи таъйин ва аломатгузории марзҳо гуфтугӯ хоҳанд кард.

Чанд соли ахир дар манотиқи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳои зиёд сурат мегирад, ки бори охир рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ сурат гирифт, ки яке аз муноқишаҳои хунинтарин дар таърихи ҳамсоядории ин кишвар ҳисоб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва то кунун бештар аз 500 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Аксар муноқишаҳои марзӣ дар минтақаҳои номуайяншуда сурат мегиранд, ки то кунун боиси марги даҳҳо нафар аз ду тараф гашта ва харобиҳои бешуморе ба ҷо гузоштааст.

Қирғизистон аз иштирок дар размоиши СПАД даст кашид

0

Размоиши нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз 10-ум то 21-уми октябр дар мавзеи “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар ин размоиши навбатии САПД 1000 сарбоз бо 300 таҷҳизоти низомӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Арманистон ширкат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ҳадафи аслии ин тамринҳои низомӣ дар ҳоли омодабошӣ қарор додани нерӯҳои низомии кишварҳои узви СПАД ҳангоми ворид шудан ва ё ҳуҷуми гурӯҳҳои мусаллаҳ ба яке аз қаламрави ин кишварҳо мебошад.

Аммо баракси дафъаҳои қаблӣ, ин бор Қирғизистон аз иштирок дар ин размоиш даст кашидааст. Иллати даст кашидани ин кишвар аз иштирок дар размоиши мазкур ба муноқишаҳои марзии рӯзҳои 14-17-сентябр бо Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар он аз ду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуд.

Қарор буд ин размоиш дар Қирғизистон гузаронида шавад, вале мақомоти ин кишвар ҳузури низомиёни СПАД-ро дар кишвари худ нахост ва вақте тасмим он шуд, ки ин размоиш дар Тоҷикистон гузаронида шавад, ҷониби Қирғизистон аз иштирок дар он даст кашид.

Ҳушдори Маскав ба Амрико ва Ғарб

0

Маскав ба Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ташдиди хатари ғайриқобили контрол ҳушдор дод. Дар ин бора Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷаи Русия “РИА Новости” гуфт.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба дахолати фазояндаи Амрико ва Аврупо дар даргириҳои Украина, Русия маҷбур мешавад ба иқдомоти мутақобили кофӣ, аз ҷумла номутаносиб ва бештар аз ҷашмдоштро андешад.

Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 10-уми октябр Русия шаҳрҳои Украина, ба хусус Киевро бомборон карда, аксари зерсохторҳои бузурги энержии Украинаро аз байн бурд ва дар натиҷа аз мардуми осоишта 10 нафар кушта ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.

Путин иддаъо кард, ки ин ҳамлаҳо ба хотири ҳамла ба пули Қрим аст, ки чанд рӯзи пеш тарконда шуд ва дар он хадамоти махсуси Украинаро муттаҳам кард.

Ёдовар мешавем, ки аз 24-уми феврали соли ҷорӣ Русия ҳамлаи густардаи худро зери номи “амалиёти махсус” ба Украина оғоз кард ва то имрӯз идома дорад. Дар пайи он садҳо ҳазор аз ду тараф кушта ва захмӣ ва миллионҳо нафар овора гаштаанд.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ барои пеши роҳи Русияро гирифтан аз шиддатёбии ҷанг болои Маскав таҳримҳои шадиди иқтисодиро ҷорӣ карданд. Аммо Маскав ҳамвора Амрико ва Ғарбро дар идома ёфтани ҷанг муттаҳам мекунад.

Маскав: Ҳамлаҳо ба Украина идома дорад

0

Ҷониби Маскав мегӯяд, ҳамлаҳои мушакии густарда ба шаҳрҳои гуногуни Украинаро дар рӯзҳои оянда низ идома хоҳад дод.

Дмитри Медведов, муовини Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, бахши аввали ҳамлаҳо ба Украина анҷом шуд, вале таъкид карда, ки ҳамлаҳои дигаре дар роҳ аст.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 10-уми октябр Русия ба шаҳрҳои Украина ҳамлаҳои густардае анҷом дода, зерсохторҳои муҳими энержии Укрианаро бомборон кард, ки дар натиҷа барқу об дар аксар шаҳрҳо қатъ шудааст.

Пулиси Украина мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии имрӯзаи Русия ба шаҳрҳо ва зерсохторҳои Украина 10 нафар кушта ва ҳудуди 60 нафар захмӣ шудааст.

Русия иддао дорад, ки ҳамлаҳои густардаи имрӯзааш ба Украина бар ивази ҳамла ба пули Қрим будааст, ки рӯзи шанбе тарконда шуд. Ба иддаои Путин, ин ҳамларо маҳз Хадамоти махсуси Украина анҷом додаанд.

Мурофиаи додгоҳии Саидаминӣ ба таъхир гузошта шуд

0

Мурофиаи аввали рӯзноманигори боздоштшуда Завқибек Саидаминӣ, ки бояд имрӯз, 10-уми октябр дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе баргузор мешуд, ба таъхир гузошта шуд.

Пайвандонаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки сабаби таъхири мурофиаи Завқибек Саидаминиро намедонанд ва додгоҳ низ қазияро шарҳ надодааст.

Пештар аз ин Ҳабиса Ятимова, модари ин рӯзноманигор дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки се моҳ боз писарашро надидааст ва намедонад дар чӣ шароит қарор дорад.

Гуфта мешавад, нисбати Завқибек Саидаминӣ бо моддаи 307 қисми 2 парванда боз шуда буд ва ӯро мақомот дар ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” гумонбар медонад. Худи ӯ борҳо ин иттиҳомотро рад карда буд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба 7.5 соли зиндон маҳкум шуд, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ ва чанд нафари дигарро боздошт карданд.

Мурофиаи аввали рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ, рӯзи 7-уми октябр баргузор шуда, мурофиаи навбатӣ ҳафтаи ҷорӣ қарор аст баргузор шавад.

Бино ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ, дар мурофиаи аввал аксари шоҳидон даъват ва пурсида шуданд.

Гуфта мешавад мақомот Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар медонад. Ин блогери шинохта дар бозпурсиҳо иттиҳомро қисман қабул кардааст.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт.

Путин: Ҳамлаҳои имрӯз ба Украина посух ба ҳамлаи се рӯзи пеш буд

0

Владимир Путин даст доштани артиши Русия дар ҳамлаҳои субҳи имрӯз ба пойтахти Украина ва дигар шаҳру ноҳияҳои атрофи онро тасдиқ кард.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, имрӯз, 10-уми октябри соли 2022, Владимир Путин, Президенти Русия ҳамлаҳои субҳи имрӯз ба Киев ва дигар шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахти Украинаро тасдиқ карда гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо дар посух ба ҳамлаҳои се рӯзи пеши Хадамоти махсуси Украина ба пули Қрим сурат гирифтаанд.

Ҳамзамон Владимир Путин барои тавҷеҳоти бештар ба ин ҳамлаҳои хунин баҳонаи дигареро низ пеш оварда гуфтааст, ки нерӯҳои украинӣ қасди ҳамла ба хати лулаи интиқоли гази Русия ба Туркияро доштанд, ба ин хотир артиши Русия барои пешгирӣ кардан аз он ба Уркиана ҳамла кардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ҳамлаҳои субҳи имрӯзи Русия ба пойтахти Украина ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он дасти 8 нафар кушта ва бешта 24 каси дигар захмӣ шудааст.

Русия аз замони оғози ҳамла ба Украина дар 24-уми феврали соли ҷорӣ ва ҷанг дар ин кишвар, ба гуфтаи мақомоти Украинӣ то кунун наздик ба 60 ҳазор нерӯҳои худро аз даст додааст. Аз сӯи дигар Русия низ иддао мекунад, ки дар ин муддат ҳазорҳо нафар аз нерӯҳои Украинаро кушта ва захмӣ кардааст.

Сафорати ИМА: Амрикоиҳо аз Украина хориҷ шавед

0

Сафортаи Иёлати Муттаҳидаи Амрико аз шаҳрвандони амрикоии муқими Ураиана хостааст, ки дар сурати амн будан аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Имрӯз, 10-уми октябри соли 2022, сафорати Амрико дар Киев, пойтахти Украина аз шаҳрвандои ИМА, ки дар хоки ин кишвар қарор доранд, хостааст, ки дар сурати амн будан ин кишварро такр кунанд.

Сафорати ИМА дар саҳфаи Твиттриаш гуфтааст, “идомаи ҳамлаҳои Русия дар Украина ба мардуми осоишта ва зерсохтори ғайринизомӣ таҳдидҳои мустақим дониста мешаванд. Сафорат аз шаҳрвандони ИМА даъват мекунад, ки дар маконҳои зисти худ ба ҷойҳои амн панаҳ бибиранд ва дар сурати бехтар будан бо истифода аз раҳҳо ва нақлиёти заминӣ Украинаро тарк кунанд.”

Гуфта мешавад, Русия дар посух ба таркишҳо дар пули Қрим, ки онро кори дасти Хадамоти махсуси Украина унвон кардааст, субҳи имрӯз шаҳри Киев, пойтахти Уркиана ва дигар шаҳру ноҳияҳои атрофи онро мавриди ҳамлаҳои густурда қарор дод, ки дар натиҷа 8 нафар кушта ва беш аз 24 каси дигар захмӣ шуда аст.

Блогери зодаи Бадахшон ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

0

Додгоҳи шаҳри Душанбе волонтёр ва блогери зодаи Бадахшон Комёр Мирзоевро ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора ба наздикони Комёри 34-сола вакили мудофеаш хабар додааст.

Пайвандони блогери зиндонӣ намедонанд, ки мурофиа кай ва дар куҷо баргузор шуда, Мирзоев маҳз ба чӣ гунаҳкор дониста мешавад. Мақомоти кишвар низ аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардаанд.

Бино ба навиштаи рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова, Комёр Мирзоев рӯзи 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар Маскав аз назди боздоштгоҳи муваққати Марино аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон рабуда шудааст. Гуфта мешавад, ӯро рӯзи 5-уми сентябр маъмурони интизомии Русия бо дархости Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба боздоштгоҳи муваққати Марино бурда бурданд.

Додситонии байниноҳиявии Лефортовои шаҳри Маскав Комёр Мирзоевро, ки мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор дода буд, раҳо карда буданд. Мақомоти Тоҷикистон ин блогери зодаи Бадахшонро ба иштирок дар ташкилоти ҷиноятӣ (моддаи 187 қисми 2) муттаҳам кардаанд.

Ба гуфтаи наздикони Мирзоев, блогерро тахминан соати 21:00-и рӯзи 7 сентябр пас аз хондани қарор дар бораи радди истирдоди ӯ аз боздоштгоҳи муваққат раҳо кардаанд, аммо ӯ онҷо рабуда ва ба Тоҷикистон бурда шудааст.

Комёр зодаи шаҳри Хоруғ буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Комчек Мирзоев маъруф аст. Ӯ чанд моҳи охир дар Маскав зиндагӣ мекард ва ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул набуд.

Гуфта мешавад, ӯ дар гирдиҳамоиҳои эътирозии моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ ширкат надошт ва инчунин дар бораи воқеаҳои ВМКБ ягон изҳороти сиёсӣ низ нашар накардааст

Пас аз ҳодисаҳои ахири Бадахшон, дар Русия даҳҳо тан аз зодагони ВМКБ рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.