13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 288

Тазоҳуроти мухолифони Тоҷик дар Олмон

0

Мухолифин ва фаъолони сиёсии муқими Аврупо эълон кардаанд, рӯзи 25 март дар Берлин алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард. Аз тоҷикони муқими Аврупо даъват шудааст дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кунанд.

Дар ин эълон омадааст:

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон диктатори Тоҷикистон ба кишварҳои демократӣ сафар намуда, ин кишварҳоро ҳомии сиёсати саркӯбгаронаи ҳукумати хонаводагии худаш муаррифӣ карда, саркӯбҳои худро машрӯъ ва табиӣ ҷилва диҳад.
Қатли оми мардуми Бадахшон, зиндонӣ кардани фаъолони сиёсиву ҳуқуқӣ ва ба солҳои тулонӣ маҳкум шудани хабарнигорон дар чанд моҳи охир, ҳама далели худкомагӣ ва саркӯбгарии ҳукумати Раҳмон ҳастанд. Сафари ӯ ба Аврупо маънои машрӯъият бахшидан ба густариш додани ин амалҳо ҳастанд.
Бинобар ин, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Аврупо барои эътироз ба ин сафари Раҳмон ва ҳамчунин эътироз ба истирдоди мухолифини режими Раҳмон ба Тоҷикистон даъват менамоем, ки ба гирдиҳамоии мо дар Берлини Олмон бипайванданд.

Замон: 25. 03. 2023
Макон: Шаҳри Берлин

Боздошти як тоҷик дар Русия бо иттиҳоми маблағгузорӣ ба терроризм

0

Дар шаҳри Қазони Русия як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми маблағгузорӣ ба терроризм боздошт шудааст. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии ин шаҳр қарор дорад.

Акс аз Интернет
Бино ба маълумоти мақомоти тафтишотии шаҳри Қазони Ҷумҳурии Татаристон як ҷавони 22-солаи шаҳрванди Тоҷикистон дар гузаронидани маблағ тариқи бонк ба миқдори 550 рубли русӣ ба ҳисоби гурӯҳҳои террористӣ гумонбар мешавад.

Муфаттишони Кумитаи тафтишотии Тотористон мегӯянд, ин ҷавон гӯё тавассути Сбербанк се маротиба ба маблағи умумии 550 рубли русӣ интиқол додааст. Гуфта мешавад, ки ин пул барои “маблағгузории фаъолияти аъзои созмони террористии ДИИШ” фиристода шудааст.

Аз ин ҷавони тоҷик Кенҷаев С.Х. ном бурда мешавад ва тибқи иттилои расонаҳо, ӯ ҳоло аз ҷониби мақомоти амниятии шаҳри Қазон боздошт шуда, дар боздоштгоҳ рақами 1-и Тотористон қарор дорад.

Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, нисбати Кенҷаев парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (кӯмак ба фаъолияти террористӣ) аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Тотористон боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Аммо то ҳол назари худи ин ҷавони тоҷик дастраси расонаҳо нашудааст.

Интиқоди Вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз Эмомалӣ Раҳмон

0

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико қарор дорад, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар як гузориши вежае Тоҷикистонро кишари худкома номид.

Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ки дар ба вазъи ҳуқуқи инсон бахшида шудааст, Тоҷикистон ва дар раъси он Эмомалӣ Раҳмоноро ба поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон айбдор кард. Дар гузориш омада, ки Тоҷикистон як давлати худкома аст, ки аз соли 1992 ба ин сӯ аз лиҳози сиёсӣ таҳти нуфузи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдоронаш қарор дорад. Қонуни асосии кишвар системаи сиёсии бисёрҳизбиро пешбинӣ мекунад, аммо ҳукумат монеи гуногунандешии сиёсист.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки моҳи апрели соли 2020 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари калонии Президент Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллӣ шуд, амалан ба шахси дувуми ҷумҳурӣ ва вориси тахти падар табдил ёфт.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, интихоботи порлумонӣ дар моҳи марти соли 2020 ва интихоботи президентӣ дар моҳи октябри соли 2020 на озод ва на одилона буданд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Раҳмон дар интихоботҳо аз байни чанд рақиб пирӯз шуд ва ба ин мақом расид. Вале созмонҳои байнулмилалӣ ҳеч як интихоботҳои Тоҷикистонро озоду одилона ва шаффофу демократӣ нашумурдаанд.

Аз ҷумла, дар гузориш қайд шуда, ки ҳама сохторҳои қудратӣ ва Хадамоти гумрук мустақим ба президент итоат мекунанд ва кормандони амниятӣ ба қонуншикании зиёд даст мезананд.

Дар гузориш масъалаи боздошту ҳабс ва кушторҳои худсарона, шиканҷа ва муносибати бераҳмона, шароити сахти зиндонҳо, ҳабсҳои сиёсӣ, маҳдудиятҳои ҷиддии озодии баёну дин, таҳдид ба журналистон, нотавонии мардум барои бо роҳи интихобот дигар кардани ҳукумат, коррупсия дар идораҳои давлатӣ, таъқиби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари дохилӣ ва байналмилалӣ ва кори кӯдаконро аз мушкилҳои вобаста ба ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон низ номбар шудааст.

Дар гузориш дар робита ба нақзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намуна саркӯби озодандешон, қатли зодагони Бадахшон, боздошту зиндонӣ кардани Фаромуз Иршагев, Улфатхоним Мамадшоева, Шоҳида Маҳмадҷонова ва Муслим Шерзамонов, шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар боздоштгоҳ, дуздида ва ба Тоҷикистон оварда шудани Амриддин Аловатшоев, Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, таъқиби пайвандони аъзои “Гурӯҳи 24”, ҲНИТ ва ПМТ, инчунин саркӯби озодии баён, аз ҷумла фишор болои Анора Саркорова, ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва Настоящее время ва аз боздошту зиндони шудани Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ғайра оварда шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико таъкид карда, ки Тоҷикистон барои муайяну санҷиш ва таъқибу муҷозоти мансабдорон барои фасод ё нақзи ҳуқуқи инсон чора намебинад.

Ин бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои ҳомии ҳуқуқ ва созмонҳои байнамилалӣ мавриди интиқод қарор мегирад. Аммо мақомоти кишвар, ба хусус КДАМ дар муддати 31 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба танқиду тавсияҳо эътибор надода, ҳамоно фишорро болои аҳолӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва дар умум нақзи ҳуқуқи инсонро бештар кардааст.

Кушта ва захмӣ шудани беш аз 220 нафар бар асари заминларзаи дирӯза

0

Бар асари заминларзаи сахте, ки шаби 21-уми марти соли ҷорӣ рух дод, дар Афғонистон ва Покистон беш 220 нафари кушта ва захмӣ шуданд.

Билол Каримӣ, муовини сухангӯи ҳукумати сарпарасти Толибон дар Афғонистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфта, ки бар асари заминларзаи сахте, ки шаби гузашта рух дод, дар ин кишвар 4 нафар ба ҳалокат расида, 70 нафари дигар бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол гузоришҳо расида, ки дар Покистон бар асари ин заминларза 9 нафар зери овораҳои фурӯрехта монда, ҷон бохтаанд ва беш аз 150 нафар дигар захмӣ шудааст. Мақомоти ин кишвар қувваи зиаминларзаро 6,8 дараҷаи Рихтер гуфтанд.

Ин заминларза дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон ва Қирғизистон эҳсос шудааст, аммо талафоте сабт нашудааст.

Ба иттилои сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ, шиддатнокии ин заминларза дар марказаш 7 бал ва дар ҳудуди кишвари мо 5 балро ташкил дод ва хушбахтона талафоти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 21:50 ба вақти Тоҷикистон заминларзаи сахте рух дод, ки ҳама сокинонро ба даҳшат овард.

Заминларзаи сахте Тоҷикистонро такон дод

0

Шоми 21-уми марти соли ҷорӣ заминларзаи сахте бахши азими Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва бархе навоҳии вилояти Хатлонро такон дод.

Корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоии аз аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, Ҳисору Ёвон, Рашту Кӯлоб ва дигар навоҳӣ гузориш доданд, ки замин сахт ҷунбидааст.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ вуқӯи заминларзаро тасдиқ карда гуфт, ки “марзкази заминларза дар ҳудуди Афғонистон буда, дар марказ қувваи заминларза аз 7 бал зиёд ва дар шаҳри Душанбе 5 балро ташкил дод.”

То ҳол хисороти молӣ ва ҷонӣ бар асари ин заминларза дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Таҳдиди Медведев ба Додгоҳи Лоҳа (ГААГА)

0

Собиқ президенти Русия бо нашри як огоҳӣ таҳдид карда, ки акнун имкони ҳамлаи мушакӣ ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ вуҷуд дорад.

Бино ба иттилои расонаҳо, Дмитри Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия бо нашри як огоҳӣ гуфтааст, ки “истифодаи ҷарроҳӣ (тавассути мушаки) “Оникс”-и гиперсадоиро аз як киштии Русия дар баҳри Шимолӣ ба бинои Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ тасаввур кардан комилан имконпазир аст.”

Ин таҳдиди муовини раиси Шӯрои амнияти Русия пас аз эълони зери пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтани Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, маъруф ба Додгоҳи Лоҳа (ГААГА) садо медиҳад. Додгоҳи мазкур Путинро бо иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои ҷангӣ ва бадарғаву интиқоли ғайриқонунии сокинон, аз ҷумла кӯдакони украинӣ аз манотиқи ишғолии Украина ба Русия таҳти таъқиб қарор додааст.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ҳукми зери пайгард қарор додани путинро ҳамроҳ бо Мария Алексеевна Лвова-Белова, Ваколатдор ҳуқуқи кӯдакон дар назди Дастгоҳи Президенти Русия аз 22-уми феврали соли ҷорӣ содир карда буд.

HRW Олмонро барои ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин интиқод кард

0

Cозмони Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нашри изҳороте аз мақомоти Олмон талаб кард, ки қазияи ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддинро таҳқиқ намуда, барои раҳоияш ба мақомоти Тоҷикистон фишор орад.

Бино ба навиштаи HRW бо гузашти ду моҳ аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин, як фаъоли мухолифини тоҷики муқими Олмон ба Тоҷикистон, то ҳол дар куҷо будани ӯ дақиқ маълум нест, ҳарчанд тибқи гузоришҳои ғайрирасмӣ, ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи адвлатии амнияти миллӣ дар Душанбе аст.

Дар изҳороти ин созмони байналмилалӣ, ки рӯзи 20-уми март нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон фаъолони мухолифин, ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон бо иттиҳомоти ангезаҳояшон сиёсӣ ба зиндон андохта шуда, дар зиндонҳо аз шиканҷа фаровон истифода мешавад.

Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар HRW мегӯяд, мақомоти Олмон хатари ба бадрафторӣ ва бо шиканҷа рӯбарӯ шудани фаъоли ҲНИТ Абдуллоҳи Шамсиддинро медонистанд, вале боз ҳам ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд.

Бино ба гуфтаи ӯ, Вазорати хориҷаи Олмон чанде пеш хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҳукми қонун ва низоми мустақили додгоҳӣ вуҷуд надорад. Ин вазорат мавридҳои шиканҷа дар зиндонҳо ва дар маҳбас қарор додани тарафдорони ҲНИТ-ро низ зикр карда буд.

Ҳамчунин Ҳю Виллиамсон мепурсад, ки “чаро мақомоти Олмон ӯро ихроҷ карданд? Он ҳам бар хилофи қонунгузории байналмилалӣ, ки ихроҷи маҷбурии инсон ба кишварҳоеро, ки ба ӯ хатари шиканҷ ва дигар навъҳои бадрафторӣ таҳдид мекунад, манъ кардааст? Чунин ихроҷҳоро қонунан боз чандин созишномаи дигаре, ки Олмон имзо кардааст, манъ мекунанд”.

“Афроди огоҳ аз ин қазия гуфтаанд, ки гӯё Олмон аз Тоҷикистон замонат гирифтааст, ки дар сурати баргардонданаш, нисбат ба Абдуллоҳи Шамсиддин бадрафторӣ нахоҳанд кард. Вале дар чунин кишвари дар масъалаи шиканҷа бадноме чун Тоҷикистон чунин замонатҳо на дар амал ва на аз рӯи қонун ягон қурбе надоранд”- омадааст дар баёнияи HRW.
HRW дар аз мақомоти Олмон талаб кардааст, ки қазияи ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддинро таҳқиқ кунад ва муайян кунад, ки ӯро барои чӣ ба кишваре фиристодаанд, ки дар он ҷо хатари истифодаи шиканҷа вуҷуд дорад ва ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварад, то ин фаъоли тоҷикро раҳо кунанд ё сабаби боздошташро рӯшан созанд.

Пештар аз ин, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва “Афви байнмлмилалӣ” бо нашри изҳоротҳои алоҳида аз мақомоти Тоҷикистон озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро талаб карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо аз мақомоти расмии Тоҷикистон хоста шуд, ки макони буду боши ӯро эълон кунанд. Аммо мақомоти тоҷик то кунун хомӯшанд, касе аз ӯ ҳарфе намезанад. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд.

Бино ба иттилооти ғайрирасмӣ, ҳоло ин фаъоли сиёсии тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, вале мақомоти КДАМ инро на рад мекунанд ва на таъйид.

Пирӯзии муштзанҳои тоҷик ба рақибони узбеки худ

0

Дар мусобиқоти “Шоми Бокс” дар шаҳри Душанбе муштзанҳои тоҷик бар ҳамтоёни узбекистонии худ ғолиб омаданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 20-уми марти соли 2023 дар мусобиқоти “Шоми Бокс” муштзанҳои тоҷикистонӣ ба ҳисоби 5 бар 2 алайҳи муштзанҳои узбекистонӣ пирӯз шуданд.

Дар ин мусобиқот, ки телевизони Варзиш ба сурати мустақим онро нашр мекард, дида мешуд, ки аз ду ҷониб 7 нафарӣ барои рақобатҳо интихоб шуда буданд ва ҳар як қувваозмоии варзишкорон се “равнд”-иро дар бар мегирифт.

Муштзанҳо дар вазнҳои мухталиф ворид майдон шуданд. Аз ҷумлаи касоне, ки пирӯзи насиби онҳо шуд, Баҳодур Усмонов, варзишкори тоҷик дар вазни  63,5 кг, Шаббос Негматуллоев зери  вазни  80 кг, Парвиз  Каримов дар  вазни  86 кг, Давлат Болтаев дар вазни 92 кг  ва Муҳаммад Аброриддинов  зери вазни +92 кг иштирок ва ғолиби майдон эълон шуданд.

Дар нахустин даври ин мусобиқот пирӯзӣ насиби варзишкори узбекистонӣ шуд ва дар даври дуввум ҳам ғалаба насиби варзишкори тоҷик ва ҳамин тариқ ин бозиҳои дӯстона ба ҳисоби 5 бар 2 ба нафъи Тоҷикистон анҷом шуд.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқот, ки наздик ба 2 суотау 20 дақиқа давом ёфт, ғолибонро бо 5 ҳазор долларӣ ва мағлубонро ҳам бо 2 ҳозор 500 долларӣ қадрдонӣ карданд.

Шикояти Пирмуҳаммадзода аз шароити бади зиндони Хуҷанд

0

Рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар мулоқот бо пайвандонаш аз шароити бади маҳбаси шаҳри Хуҷанд шикоят карда, хостааст, ки ӯро ба ҷойи дигар бибаранд.

Мулоқоти ин зиндонии сиёсӣ бо пайвандонаш рӯзи 17-уми март дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд, ки ӯро аввали ҳамин моҳ ба онҷо интиқол дода буданд, сурат гирифтааст.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода дар суҳбат ба Радиои Озолӣ гуфтааст, ки ба сабаби вазъияти бади зиндон бемории менингит (варами майнаи сар)-и бародараш Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хуруҷ карда, лоғар шудааст.

Ин рӯзноманигори зиндонӣ ба пайвандонаш гуфтааст, ки дар як утоқи зиндон тақрибан 60 маҳбусро нигоҳ медоранд ва обе, ки барои маҳбусҳо меоранд, қобили истифода нест.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода мегӯяд, ки баъд аз мулоқоти наздикон бо бародараш дар зиндон ба сардори Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлия, Мансур Умаров нома навишта, хостааст, ки ӯро ба маҳбасҳои наздик ба Душанбе биоранд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки аз шароити тоқатфарсои зиндонҳои кишвар ва азобу шиканҷа дар он маҳбусон шикоят мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама мушкилот мақомоти зиндонҳо дар пайи ислоҳи он нестанд.

Аз ин пештар, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи октябри соли гузашта аз дохили зиндон бо навиштани номае гуфта буд, ки зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтааст.

Ӯ дар ин номаи худ, ки дастӣ навишта шудааст, гуфта буд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.”

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, аз ҷумлаи рӯзноманигоронест, ки пас аз саркӯби хабарнигорон дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот боздошт ва бо иттиҳомоти сохта (ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ) барои 7 сол равонаи зиндон гардид.

Дар Дарвоз сатрпӯшонро ба Наврӯз роҳ надоданд

0

Дар маросими баргузории ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон бонувони ҳиҷобпӯшро роҳ надоданд.

Имрӯз, 21-уми марти соли 2023 дар бузургтарин варзишгоҳи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раҳбарияти ноҳия ва дигар мақомоти расмӣ ҷашни Наврӯз баргузор шуд.

Аммо бар аксу наворҳое, ки манобеи Azda tv аз рафти баргузории ин ҷашни миллӣ фиристоданд, дида мешавад, ки Зарина Мирзоева, раиси кор бо занони ноҳия ҳамроҳ бо чанд нафари дигар аз кормандони мақомоти қудратӣ хоҳарону модарони ҳиҷобпӯшро ба ин ҷашн роҳ намедиҳанд.

Ба гуфтаи чанд тан аз иштирокчинёни ин ҷашнвора, ки дар сатҳи ноҳия баргузор шуд, хонум Зарина Мирзоев, раиси кор бо занон ва оила ҳамроҳ бо муовини раиси ноҳия Почобибӣ Абдуллозода “аз сатрканони рақами як дар ноҳияи Дарвоз дониста мешаванд.”

Инчунин мақомот пеш аз баргузории ин ҷашнвора аз тамоми хонандагони мактабҳо хоста буданд, ки барои ҷолибтар шудани намоишгоҳи наврӯзӣ дастовезе аз хонаҳои худ биоранд ва вақте ин фармони онҳо тибқи хостаашон анҷом нашуд, талаби худро бо маҷбурӣ сари мардум иҷро карданд.

Ҷолиб он, ки дар аксу наворҳои ирсолшуда дида мешавад, ки мақомот ва ё дурустараш куматаи тадорукоти ин ҷашнвора ба хотири рангинтар кардани барномаҳои наврӯз дасти кам се гурӯҳ аз духтараконро ҳам маҷбур кардаанд, ки дар байни дигарон бо рӯймолҳои калони сафед дар сар дар ин маросим иштирок кунанд.

Ин ҷашнвораи наврӯзӣ дар бузургтарин варзишгоҳи ноҳияи Дарвоз воқеъ дар деҳаи Даштак багузор шуд ва мардумони зиёде аз ҳар гӯшаи ноҳия ба хотири иштирок дар ин маросим ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, маъракаи мубориза алайҳи бонувони ҳиҷобпӯш ҳанӯз солҳои 2006-2007 дар Тоҷикистон оғоз шуд ва дар солҳои 2012-2015 шиддати ин муборизаҳои мақомот афзоиш ёфт. Сипас дар солҳои 2016-2020 ҳам фарозу нишебҳои зиёдеро пушти сар кард ва инак аз оғози соли ҷорӣ аз нав дар гӯшаҳои мухталифи кишвар авҷ гирифтааст.