Хона блог саҳифа 295

Ғарқ шудани ду ноболиғ дар ВМКБ

0

Рӯзи гузашта ду писарбачаи ноболиғ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми бозӣ ба дарё афтода, ғарқ шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки асри рӯзи 4 июли соли ҷорӣ ду писарбачаи ноболиғ, ки яке 14 сол ва дигарӣ 12 сол доштаанд, ҳангоми бозии футбол тӯпашон ба дарё меафтад. Ин ду писарбача барои гирифтани тӯп худро ба дарё меандозанд ва талош мекунанд онро бигиранд, аммо худашон ғарқ мешаванд.

Тибқи иттилои КҲФ, писарбачаи 14-сола сокини деҳаи Вамари ҷамоати деҳоти Рӯшон буда ва писарбачаи 12-сола меҳмон аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд будааст.

Гуфта мешавад, барои ёфтани ҷасади ноболиғон гурӯҳи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ба ҷойи ҳодиса рафтанд, вале то ҳол ҷасадҳоро пайдо накардаанд. Кумита мегӯяд, аз субҳи имрӯз низ корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтаанд.

Изҳори нигаронии СММ аз ҳукми зиндони фаъолон дар Тоҷикистон

0

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид бо нашри эъломияе аз ҳукмҳои пайиҳами ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Дар ин эъломия, ки рӯзи 4-уми июл нашр шудааст, коршиносони СММ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки барои беҳтар кардани вазъи ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорону фаъолони зиндонӣ ба аҳдҳои худ вафо кунад.

Коршиносон ба ҳукумати кишвар хотиррасон кардаанд, ки ҷиноят эълон кардани кори осоиштаи ҳомиёни ҳуқуқ ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқии инсон мувофиқат намекунад. 

Инчунин дар ин эъломия таъкид мешавад, ки омехта кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон амали бисёр хатарнок аст.

Коршиносон аз парвандаи хабарнигорону блогерон, фаъолонони маданӣ ва вакилони дифоъ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров ва Фаромӯз Иргашов ёдовар шуда, мегӯянд, ки аз ин 9 нафар 8 нафар ба ифротгароӣ ва терроризм айбдор шудаанд. 

Дар идома коршиносони СММ аз суиистифодаи қонуни “мубориза бар зидди терроризм” барои пахши садоҳои интиқодӣ дар Тоҷикистон изҳори нигарони ҷиддӣ кардаанд.

Ба гуфтаи намояндагони СММ, Далер Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маҳз барои бозтоби масоили иҷтимоӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шудаанд. 

Дар эъломия аз саркӯби эътирозгарон дар Бадахшон ёдовар шуда, гуфта мешавад, ки мақомоти тоҷик нафаронеро, ки аз ҳуқуқи эътирозгарон ҳимоя мекарданд, мисли Улфатоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромӯз Иргашо ва Хушом Ғулом дар моҳи майи соли 2022 боздошт карданд. 

Коршиносони СММ мегӯянд, ки нафарони дар боло зикршуда ғайриодилона муҳокима шуданд, чун панҷ нафар ба вакили мудофеъ дастрасӣ надоштанду парвандаи чанд тани онҳо муҳри махфӣ дошт ва мурофиаи аксарият паси дарҳои баста гузашт.

Дар охир онҳо аз шароити боздошти ҳамаи ин ҳомиёни ҳуқуқи башар ва саломатии онҳо нигаронӣ намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки маҳбусони сиёсиро бо хидматрасонии муносиби тиббӣ, аз ҷумла муолиҷаи тиббӣ ва доруворӣ таъмин кунанд. 

Коршиносони СММ ва дигар ниҳодҳои ин созмон бори аввал нест, ки аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар гузашта ин созмон ва даҳҳо созмони дигар аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии беқайду шарти маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла аъзои ҲНИТ, адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва дигаронро талаб карда буданд. Аммо мақомоти кишвар тавсияву талаби созмонҳоро дар аксар ҳолат нодида мегирад ва онҳоро риоя намекунад. 

Идомаи боздошти муҳоҷирон дар Русия

0

Дар пайи як амалиёти мақомоти интизомии Русия чанд тан аз муҳоҷирони корӣ дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт шуданд.

Шабакаи телеграммии “Многонационал” бо нашри чанд аксу навор аз идомаи “рейд”-у боздошти муҳоҷирон дар шаҳраки Котленики хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои амниятӣ дар асоси шикояти сокинони руси ин шаҳрак нуқтаҳои кору хоби муҳоҷиронро тафтиш карданд.

Дар наворҳои нашркардаи ин шабака дида мешавад, ки кормандони ОМОН қаҳвахонаи “Бек-бургер” ва хобгоҳи “Белая дача”-и шаҳраки Котелникро тафтиш доранд. Қисме аз муҳоҷирон дастҳо пушти сар дар замин хобидаанд, қисми дигарро ба мошин савор карда ба шуъбаи пулис бурданианд.

То ҳол маълум нест, ки миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё не.

Шабакаи телеграммии “Многонационал” менависад, ки дар натиҷаи ин “рейд” даҳҳо муҳоҷири хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доштанд, муайян карда шудааст ва чунин рейдҳо мунтазам идома хоҳанд ёфт.

Чанд моҳи ахир аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия аз ҷониби мақомоти ин кишвар тафтишу бозҷӯӣ ё “рейд”-и густурдаи муҳоҷирон идома дорад. Ва яке аз аввалин рейди густарда дар соли ҷорӣ дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав пас аз шикояти сокинони маҳаллии он ба Президенти Русия оғоз гардид.

То ин муддат наворҳои зиёде нашр шуда, ки дар онҳо дида мешавад, мақомоти интизомии ин кишвар муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт намуда, ба боздоштгоҳҳо мебаранд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти рус ҳам шаб ва ҳам рӯз ҷойи кор ва макони истиқомати онҳоро тафтиш намуда, чӣ аснод дошта бошанд чи на, ҳамаро якҷоя боздошт мекунанд. Вале, ба гуфтаи муҳоҷирон, касе ҳуҷҷатҳои лозимаро дошта бошад, озод мекунанд, аммо онҳое, ки ҳуҷҷат надоранд боздошту ихроҷ мешаванд ва ҳатто табқи хабарҳои тасдиқнашуда, муҳоҷирони боздоштшударо ба ҷанги Украина ҷалб кардаанд.

Намояндаи Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо кист?

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 3-юми июли соли ҷорӣ бо чанд фармоне намонядагони худ дар хориҷ аз кишварро таъйин кард.

Аз ҷумла, бо як фармон Эмомалӣ Раҳмон Ҳусейнзода Музафар Маҳмуродро сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо таъйин кард. Ӯ дар ин симат Эркин Раҳматуллозодаро, ки моҳи майи соли ҷорӣ бознишаста шуда буд, иваз кард.

Ҳусейнзода Музафар то рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар охири моҳи май танҳо сафири Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия таъйин кард ва инак намояндаи Тоҷикистон дар назди ИА.

Ҳусейнзода 48 сол дошта, пеш аз ин ӯ ҳамчунин дар вазифаи сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва сафири Тоҷикистон дар Малайзия низ кор кардааст.

Маскав аз пешгирии ҳамлаҳои паҳподӣ хабар дод

0

Артиши Русия 4-уми июли соли ҷорӣ аз сарнагун кардани 5 паҳпод, ки гуфта мешавад, Маскавро ҳадаф гирифта буданд, хабар дод.

Бар асари ҳамлаи паҳподӣ фурӯдгоҳи Внукови шаҳри Маскав се соат аз кор монд ва пас аз ин муддат дубора фаъолияти худро аз сар гирифт.

Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе гуфт, ҳадафи ин ҳамла биноҳое дар қаламрави вилояти Маскав ва Маскави Нав буд ва ин ҳамла талафоти ҷонӣ надошт.

Ҳамзамон шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низ ба расонаҳо гуфт, ки “имрӯз талоши навбатии ҳамла ба ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ дар Маскави Нав ва вилояти Маскав сурат гирифт. Ва ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надорад.”

Чаҳор паҳпод тавассути дифои ҳавоӣ ва як паҳподи дигар бо ҷанги электронӣ нобуд карда шуд.“, омадааст дар хабари Вазорати дифои Руся.

Аммо расонаи ТАСС хабар дод, ки яке аз паҳподҳо дар як иншооти низомӣ, дар ҳудуди Кубинкаи наздикии Маскав афтода ва пораҳои яке дигар ба як бинои ёрирасон дар як деҳае дар Маскави Нав афтода, сӯхтор ба вуҷуд омадааст.

Мақомоти низомии Русия мегӯнд, ин ҳамлаҳо аз ҷониби Украина партоп шудаанд. Вале то ҳанӯз мақомоти Укриана инро тасдиқ ва ё рад накардаанд.

Литсейи Оқохон низ давлатӣ шуд

0

Литсейи Оқохон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ давлатӣ шуд. 

Имрӯз, 4-уми июл кормандони собиқи Литсейи Оқохон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки идораи маорифи вилоят рӯзи 30-юми июн дари литсейро муҳр зада, хабар додаанд, ки ҳамаи омӯзгорон аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷойи ин литсей мактаби хонандагони боистеъдод таъсис ёфта, зери назари Вазорати маорифи кишвар амал хоҳад кард.

Пас аз ин қарори мақомот беш аз 120 омӯзгор ва чандин корманди ду боғчаи кӯдаконаи зери идораи Литсейи Оқохон бекор мондаанд. 

То ҳол назари мақомот дар бораи баста шудани ин литсей дастраси расонаҳо нашудааст. 

Литсейи Оқохон соли 1998 бо ҳузури Шоҳзода Карим Оқохон ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон боз шуда буд. Дар он дар як вақт 1200 нафар хонанда таҳсил намуда, дар он ба ҷуз забони тоҷикӣ, бо забонҳои англисӣ ва русӣ ба хонандагон тадрис сешуд.

Гуфта мешавад, бештари хатмкунандагони ин литсей ба донишгоҳҳои байналхалқӣ дохил мешуданд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳам натиҷаҳои хубро ба даст меоварданд.

Литсейи Оқохон ягона муассисае нест, ки фаъолияташ қатъ ва ба моликияти давлат зам мешавад. Пештар аз ин меҳмонхонаи “Серена”-и Шабакаи Оқохон (AKFED), дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ давлатӣ шуда буд. 

Инчунин гуфта мешавад, ки мақомоти вилоят мехоҳанд Маркази тиббии вобаста ба Шабакаи Оқохон дар Хоруғро низ давлатӣ кунанд.

Мақомот соли гузашта Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғро, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, низ ба моликияти давлатӣ табдил доданд.

Марги 11 нафар дар як садамаи мудҳиш дар Файзобод

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 4-уми июли соли ҷорӣ аз як ҳодисаи маргбори садамаи ду мошин хабар дод, ки дасти кам 11 нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодиса шоми 2-уми июл дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод рух дода, дар байни ҳалокшудагон дасти кам 5 нафарашон ноболиғон ва ё кӯдакони аз 2 то 16-сола будаанд.

ВКД мегӯяд, дар ин ҳодиса, ронандаи мошини “Опел-Астра”, матааллиқ ба Ибодзода Маҳмадсодиқи Маҳмадюсуфи 20-сола, сокини ноҳияи Файзобод, “ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод ба самти муқобили роҳ баромада, ба атомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи, Шарипов Бобоҷон Икромович, соли таваллудаш 2004, сокини ҳамин ноҳия, бархурдааст.”

Ҳамчунин дар хабари ВКД гуфта мешавад, дар ин ҳодиса 11 нафар, аз ҷумла “худи ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, Шарипов Б.И. ва мусофирони автомашинаи мазкур Шарипова Зуҳро Икромовна, соли таваллудаш 2006, хурдсол Шарипова Хатича, соли таваллудаш 2018, Давлатов Субҳон Толибҷонович, соли таваллудаш 1998, Абдараҳмонзода Талабшои Дилшод, соли таваллудаш 2007, Бобоев Бахтовар Идибегович, соли таваллудаш 2001, сокинони ноҳияи Файзобод ва мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Негматова Марзия, соли таваллудаш 1959, хурдсол Ҳалимов Аюбҷон Маҳмадович, соли таваллудаш 2017, Негматова Бибиробия Валиевна, соли таваллудаш 1997, Шарипова Шаҳло Шарафовна, соли таваллудаш 2007 ва хурдсол Шарипов Абдусалом Шарафович, соли таваллудаш 2021, сокинони шаҳри Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин ҳодиса 4 нафари дигар, аз ҷумла ронандаи мошини “Опел-Астра”, Ибодзода М. ва мусофирони ҳамин мошин “Негматова Бунавша Валиевна, соли таваллудаш 1985, ноболиғ Шарипов Шоҳин Шарифович, соли таваллудаш 2011 ва Хурдсол Ҳалимов Аҳмад Маҳмадович, соли таваллудаш 2019, сокинони шаҳри Ваҳдат” бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ҳодисаи мазкур яке аз мудҳиштарин ва маргбортарин садамаҳои байни роҳӣ дар тоҷикистон ба шумор меравад.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дода, ки давоми рӯзҳои 2-юм ва 3-юми
июли соли ҷорӣ низ дар шаҳри Хуҷанд ду нафар – падару писари ноболиғ ва дар ноҳияи Хуросон як ҷавони ноболиғи 15-сола бар асари чунин садамаҳо ба ҳалокат расидаанд.

Дар робита ба ҳодисаҳои мазкур Вазорати корҳои дохила парванда боз карда, таҳқиқотро шурӯъ кардааст.

Милисаи тоҷик Рустам Ашӯров дар Молдова даргузашт

0

Рустам Ашӯров, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон шаби 3-уми июли соли ҷорӣ дар бемористоне дар Молдова даргузашт. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Молдова субҳи имрӯз хабар дод.

Номбурда шоми 30-юми июн дар фурӯдгоҳи Кишинёв, замоне ки ба ӯ иҷозаи убур аз марзи ин кишварро надоданд, аз камари муовини сардори Нерӯҳои марзбонии Молдова дар фурӯдгоҳ Сергей Мунтияну туфангчашро гирфта, ӯ ва як маъмури бахши амниятиро кушт ва бар асари тирҳои ҷавобӣ Ашӯров захмӣ шуда, давоми се рӯз дар як бемористони ин кишвар дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.

Рустам Ашӯровро дар Тоҷикистон дар ҷинояти рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” гунаҳкор медонанд ва алайҳаш парванда боз шуда буд.

Вазорати дохилаи Молдова ба хабарнигорон гуфт, ки “Мо муайян кардем, ки Рустам Ашӯров собиқ корманди милисаи Тоҷикистон буда ва дар ин сохтор 7 сол кор кардааст.” Инчунин гуфта мешавад, Ашӯров бо иттиҳоми ғоратгарӣ аз вазифа ронда шуда ва зиндонӣ ҳам шудааст.

Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи гузашта аз вахим будани вазъи саломатии Ашӯров гузориш дода буаданд. Вале аксари ҷомеаи тоҷик зинда мондани ӯро орзу мекард, то сирри рабудан ва эҳтимоли ҷинояти қатли занҷираии муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев фош шавад. Вале Ашӯров ин сирро бо худ ба хок бурд.

Номи Рустам Ашӯров дар пайи рабуда шудани муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмон дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба гумони даст доштан дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев 4 нафар аз собиқ афсарони ниҳодҳои қудратиро боздошт кардаанд.

Радиои Озодӣ аз манобеи худ дар ниҳодҳои интизомӣ ва наздик ба тафтишот хабар дод, ки собиқ афсарон “ҳамроҳ бо ҷинояткорони собиқадор ин одамрабоиро анҷом додаанд”.

Ба иттилои манбаъ, яке аз боздоштшудагон афсари собиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва Ожонси мубориза бо фасод будааст. “Ва як манбаи наздик ба хонаводаи Шуҳрат Исматуллоев мегӯяд, бо гумони ширкат дар ин ҷиноят як додситони собиқ низ боздошт шудааст.”

Дар ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи Ҷанин ҳашт фаластинӣ кушта шуд

0

Субҳи рӯзи душанбе, 3-юми июл нерӯҳои исроилӣ чанд мавзеъеро дар урдугоҳи Ҷанин дар Каронаи Бохтарӣ мавриди ҳадаф қарор доданд.

Вазорати тандурустии Фаластин аз кушта шудани 8 фаластинӣ ва 27 захмӣ хабар дод, ки вазъи саломатии дасти кам 8 нафари захмиён вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, шурӯъ аз бомдоди имрӯз байни нерӯҳои исроилӣ ва муқовимати фаластинӣ даргириҳо оғоз шуда буд ва ҳоло ин задухӯрд то миёни шаҳри Ҷанин расидааст.

Артиши Исроил субҳи имрӯз сабаби ин ҳамлаашро “Иқдоми густарда алайҳи терроризм дар Каронаи Бохтарӣ” унвон кард. Аммо нерӯҳои муқовимати ҷиҳодии фаластинӣ ин иқдоми Исроилро ҳамла барои ишғоли заминҳои Фаластин арзёбӣ карда, мегӯянд, “то охирин нафас ва гулула меҷангем” ва аз ҳама шохаҳои гурӯҳҳои ҷиҳодии Фаластин даъват карда, ки дар муқобили ишғоли Исроил муттаҳид бошанд.

Дар пайи ин ҳодиса субҳи имрӯз Вазорати корҳои хориҷаи Қатар бо нашри изҳороте навишт, ки кишвараш ҳамлаи Исроил бар шаҳраки Ҷанинро, ки боиси кушта шудани чанд нафари бегуноҳ гардида, “бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунад.”

Вазорати хориҷаи Қатар ҳамчунин ин ҳамлаи Исроилро тавтиаи нави ин кишвар дониста, аз мақомоти Исроил таваққуфи фаврии ин ҳамларо талаб кардааст.

Ҳамзамон кишвари Имороти Муттаҳидаи Араб низ бо нашри изҳороте ҳамлаи нерӯҳои исроилиро маҳкум карда, таваққуфи фаврии онро аз мақомоти Исроил хостааст.

Боздошти беш аз 2 ҳазор эътирозгар дар Фаронса

0

Мақомоти Фаронса аз оғози эътирозҳои хиёбонӣ дар ин кишвар, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта шурӯъ шуд, беш аз 2 ҳазор нафарро боздошт кардаанд.

Расонаи “France24” аз қавли Вазорати дохилаи ин кишвар субҳи имрӯз хабар дод, ки мақомоти интизомӣ танҳо рӯзи душанбе дар пайи ин эътирозҳо 157 нафарро боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, Эммануэл Макрон, расиҷумҳури Фаронса рӯзи якшанбе, 2-юми июл бо аъзои аршади кобинаи худ дидор карда, масъалаи ҳалли эътирозҳоро ба миён гузоштааст. Макрон дар ин ҷаласа Вазорати дохила ва Додгустарии кишварашро дастур дода, ки тамоми иқдомоти лозимро барои барқарории назм дар ин кишвар анҷом диҳанд.

Эътирозоти хиёбонӣ дар Фаронса рӯзи сешанбеи гузашта, дар пайи кушта шудани як навҷавони 17-сола бо номи Ноил М. дар Нантер наздикии шаҳри Порис тавассути пулис оғоз шуд.

Ба иттилои расонаҳо, аксари эътирозгаронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бархе расонаҳои фаронсавӣ навиштаанд, ки ҳукумат бар ивази ин ки эътирозгаронро муттаҳам кунад, ба масъалаи миллатгароии кормандони пулис таваҷҷуҳ кунад, чун ин омил боиси кушта шудани ҷавону ин эътирозҳои гусатарда шудааст.

Тибқи гузориши расонаҳо, мақомоти Фаронса барои пароканда кардани мардум ва дур сохтани эътирозгарон дар ҳама шаҳрҳои ин кишвар ҳудуди 45 ҳазор нерӯҳи амниятӣ эъзом кардаанд.