13.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 303

Эътирозҳои оммавӣ дар шаҳрҳои Исроил

0

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи душанбе дар шаҳрҳои Исроил садҳо ҳазор нафар алайҳи қонуни “ислоҳоти давлат дар бораи додгоҳҳо” ба кӯчаҳо баромада, даст ба эътироз заданд.

Расонаҳои исроилӣ шумораи эътирозгаронро беш аз як миллион нафар мегӯянд. Гуфта мешавад, эътирозгарон гирдиҳамоии бузургро баъд аз зуҳри рӯзи душанбе, 13-уми феврали соли ҷорӣ дар муқобили парлумони Исроил шуруъ карданд.

Чанде пеш Ҳукумати Бинёмин Натанёҳу тариқи парлумон дар қонуни додгоҳҳо ислоҳот ворид кард. Тибқи ин ислоҳот, “қарорҳои додгоҳи олиро метавон бо раъйи аксарият дар парлумон бекор кард ва инчунин сиёсатмадорон бояд дар таъйини додрасҳо нуфузи бештар дошта бошанд.”

Аммо мардум ба ин ислоҳот эътироз карданд ва мегӯянд, ки бархе аз чеҳраҳои муҳими давлати кунунӣ, аз ҷумла шахси нахуствазир, Бинёмин Натанёҳу ба қаллобӣ ва пулшӯӣ муттаҳаманд ва алайҳи онҳо парвандаи фасоди молӣ боз шудааст. Ва давлати Натанёҳу мехоҳад бо ворид кардани ин ислоҳот таҳқиқот дар бораи худ ва аъзои ҳукуматашро бекор кунад.

Эътирозгарон мегӯянд, ислоҳот дар низоми додгоҳии давлат, демократия ва ҳокимияти қонунро дар ин кишвар зери хатар меандозад.

Давлати кунунии Исроил бо раҳбарии Натанёҳу, ифротӣ ва мазҳабитарин кобинаи давлат дар торихи ин кишвар дониста мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди мушкилоти дохилӣ ва эътирозот алайҳи давлати Натанёҳу нерӯҳои исроилӣ ба Каронаи Бохтарӣ юриш бурда, бо силоҳҳои вазнин баъзе нуқтаҳои шаҳри Ғаззаро бомборон карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, танҳо дар давоми як моҳи гузашта наздик ба 50 нафар аз сокинони осоиштаи фаластинӣ, аз ҷумла кӯдакону пиронсолон дар ҳамлаҳои нерӯҳои исроилӣ кушта шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳамлаҳои интиҳории фаластиниҳо низ дасти кам 10 исроилӣ кушша шудааст.

UNICEF: 7 миллион кӯдак дар заминларзаҳо осеб дидааст

0

Сомзмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки бар асари заминларзаҳои шадиди Туркия ва Сурия 7 миллион кӯдак дар ин минтақа осеб дидааст.

Бино ба иттилои шабакаи “Алҷазира”, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) гуфтааст, ки бар асари заминларзаҳои 6-уми феврали соли 2023 ва пасларзаҳои он ҳудуди 7 миллион кӯдак осеб дидааст.

Ба қавли манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо дар Туркия ҳудуди 4,5 миллион кӯдак ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ва дар Сурия 2,5 миллион кӯдаки дигар ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон аз даҳшати заминларзаҳо аз нигоҳи равонӣ осеб дидаанд ва ба дармон ниёз доранд.

ЮНИСЕФ дар бораи теъдоди кӯдакони қурбонишуда дар Сурия ва ё Туркия омори дақиқеро пешниҳод накардааст, вале коршиносон мегӯянд, ки теъдоди кӯдакони ҷонбохта ва ҷароҳатбардошта ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад. Дар бораи кӯдакони беному нишон зери оворҳо ва вайронаҳо ба ҷо монда ҳоло чизе гуфта барвақт аст.

Гуфта мешавад, тибқи охирин оморҳои расмӣ аз Туркия ва Сурия теъдоди ҷонбохтагони ҳодисаҳои ахир аз марзи 37 ҳазор нафар убур кардааст, вале ҳамоно умедҳо барои наҷоти дигарон вуҷуд дорад.

Вақте ин хабар таҳия мешуд, аз Туркия хабар расид, ки мардеро пас 202 соат аз зери вайронаҳо зинда берун бароварданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тукрия ҳам эълон кардааст, ки дар ҳоли ҳозир 249 ҳазор нафар аз гурӯҳҳои наҷот ва ризокорон дар ҷойҳои ҳодиса машғули корҳои ҷустуҷӯи қурбониён ва наҷоти боқимондаҳо мебошанд.

Маҳмурод Одинаев аз роҳ рафтан мондааст

0

Вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раиси ҲСДТ дар маҳбас вахим шудааст.

Зубайда Ҳакимова, ҳамсари Маҳмурод Одинаев мегӯяд, ки аз рӯзи 3 то 7-уми феврали соли ҷорӣ ҳамроҳи кӯдаконаш ба зиндон барои дидани шавҳараш рафта буданд. Ба гуфтаи Ҳакимова, вазъи саломатии шавҳараш бад буда, дучори фишори хун, бемории дил шудааст, аз баста шудани роҳи пешобдон (аденома) азият мекашад ва бидуни асобағал роҳ гашта наметавонад.

Ҳамсари Маҳмурод Одинаев рӯзи 13-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта, ки ду сол пеш, вақте аз ҳоли шавҳараш хабар гирифта буд, роҳ гашта наметавонист ва аз бемории дилу фишори хун шикоят мекард ва то ҳол дар ӯ беҳбудие дида намешавад.

Дар идома Зубайда Ҳакимова гуфта, ки шавҳараш пештар дар беморхонаи маҳбас бистарӣ будааст, аммо вазъи саломатияш бетағйир боқимонда, боз ба утоқи маҳбас овардаанд.

Маҳмурод Одинаев дар аввали моҳи феврал нома навишта, аз масъулони маҳбаси Ваҳдат ва Раёсати зиндонҳо хоста будааст, ки ӯро дар бемористон ҷой кунанд. Пайвандону наздиконаш низ аз мақомот талаб доранд, ки вазъи ин зиндонии сиёсӣ ногувор нашуда, ба муолиҷаи ҷиддӣ ниёз дорад ва ӯро бояд дар бемористони маҳбас бистарӣ кунанд.

Ёдовар мешаем, ки моҳи декабри соли 2020 Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ аз тарафи мақомот дастгир ва бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагун сохтани ҳокимияти конистутсионӣ гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Дертар мақомот дар моҳи сентябри соли 2021 Маҳмурод Одинаевро шомили афв карда, аз 14 соли ҳукми зиндони ӯ 3 солашро кам кардаанд. Аммо худи Одинаев афвро напазируфта хостори раҳоияш шуда буд.

Маҳмурод Одинаев 20-уми ноябри соли 2020 ва баъди дархости гирдиҳамоӣ нопадид шуд. Ӯро баъд аз ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Пеш аз боздошти Одинаев писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ боздошт шуда буд. Мақомот Шайхмуслиҳиддинро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “кӯшиши таҷовуз ба номус” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев ӯ ва писарашро бегуноҳ медонанд ва боздошти онҳоро фармоишӣ ва ба хотири фаъолиятҳои сиёсии Одинаев арзёбӣ мекунанд.

Мизоҷон: Мегафон Тоҷикистон ба мардум хиёнат мекунад

0

Хидматрасонии ширкати “Мегафон Тоҷикистон” дар кишвар дар пойинтарин сатҳи худ расида, муштариён кори ӯро хиёнат ба мардум арзёбӣ мекунанд.

Имрӯз, 14-уми феврали соли 2023 даҳҳо нафар аз муштариёни ширкати “Мегафон Тоҷикистон” дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон шикоят карда, мегӯянд, суръати Интернеташ аз “сангпушт сусттар” ду рӯзи ахир телефонӣ ҳам суҳбат карда намешавад.

Пеш аз ин низ даҳҳо нафар аз муштариён дар бораи пулдуздии ширкати “Мегафон Тоҷикистон” аз суратҳисобҳои мизоҷони худ шикоят карда буданд ва ин раванд ҳамоно ҳам кам нашудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба паст будани хидматрасониҳои интернетӣ, алоқаи мобилӣ ва дуздидани пулҳои муштариён аз суратҳисобҳояшон даҳҳо нафар аз собиқ муштариён дигар мизоҷони ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”-ро тарғиб доранд, ки онро таҳрим карда, ба дигар ширкатҳо пайваст шаванд.

Корбаре бо номи Зулайхо Боймуратова мегӯяд: Роҳи ҳалаш ба дигар компания гузаштан, дигар хел намефаҳманд. Дидан, ки ҳамма рафсод ягон беҳбудӣ мекунанд. Инчунин,

Гуфта мешавад, ин ширкат 3-уми сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон бо номи Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “ТТ мобайл” сабти ном шуд, 5-уми октябри ҳамон сол кори худро бо сатндарти GSM бо диапазони 900/1800 МГс оғоз кард. Баъдтар фаъолиятҳои тиҷоратии худро зери унвони “Мегафон-Тоҷикитсон” ба роҳ монд.

ҶСП “ТТ мобайл” – муассисаи муштараки Русияву Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ва саҳҳомони он Оператори Миллӣ – ҶСК “Тоҷиктелеком” (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Оператори нахустини умумирусиягии алоқаи мобилӣ – ҶСО “МегаФон” (Федератсияи Россия) мебошанд.

Чаро корхонаву вазоратҳои бузурги Тоҷикистон пули барқро намедиҳанд?

0

Дар Тоҷикистон вазорату ширкатҳои бузурге вуҷуд дорад, ки миллонҳо сомонӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” қарздоранд ва солҳост маблағи қарзи худро пардохт намекунанд.

Дар ин бора имрӯз, 13-уми феврали соли ҷорӣ мудири ҶСК “Шабакаҳои тақсими барқ” Ивайло Стоянов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод. Стоянов дар ин нишаст рӯйхати вазорату идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои бузурги истеҳсолии кишварро муаррифӣ кард, ки миллонҳо сомонӣ ҳаққи истифодаи барқро пардохт накардаанд.

Намояндаи ин ширкат хабар дод, ки ҳаҷми умумии қарзи барқи корхонаву ширкатҳо дар Тоҷикистон дар ду соли ахир ба 534 миллион сомонӣ (52 миллион доллар) баробар шудааст.

Раҳбари ширкати “Шабакаҳои тақсими барқ” гуфт, ки бархе аз корхонаҳо ва вазорату идораҳои кишвар ба таври муназзам пули нерӯи барқро сари вақт ва пурра намепардозанд.

Корхонаҳое, ки аз ҳама бештар аз “Барқи тоҷик” қарздоронд, ин ширкати алюминийи “Талко” мебошад, ки ба қавли ӯ, тайи ду соли ахир ба маблағи беш аз 97,6 миллион сомонӣ пули барқро пардохт накардааст. Қарзи ширкати мазкур аз нерӯи барқ ​​бо назардошти солҳои гузашта ба 487 миллион сомонӣ расидааст.

Инчунин ба гуфтаи Стоянов, аз ҷумлаи қарздорони асосии дигар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст, ки тӯли ду соли ахир қарзи ин идораи давлатӣ ба 172 миллион сомонӣ ва дар маҷмуъ 460 миллион сомонӣ (ҳудуди 46 миллион доллар) пули барқро пардохт накардааст.

Раҳбари ширкати “Шабакаҳои тақсими барқ” дар ин нишаст гуфт, ки дар ду соли гузашта қарзи аҳолӣ дар назди “Барқи тоҷик” афзоиш ёфта, ба 139 миллион сомонӣ расидааст. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ қарзи сокинони кишвар аз истифодаи нерӯи барқ ба 1,5 миллиард сомонӣ наздик шудааст.

Карзи умумии тамоми истеъмолкунандагон дар давоми тамоми солхо аллакай кариб 3,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин омор маълум мешавад, ки аз қарзи умумии истифодаи нерӯи барқ танҳо як корхонаву як идораи давлатӣ наздикӣ 30 дарсади қарзҳоро ташкил медиҳанд.  

Қарзи “Талко” аз “Барқи тоҷик” ба ним миллард сомонӣ наздик шуд

0

Танҳо як корхонаи зери раҳбарии додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Асадуллозода аз ширкати “Барқи тоҷик” наздик ба ним миллиард сомонӣ қарздор аст.

Имрӯз, 13-уми феврали соли 2023 масъулини ширкати фаръии “Барқи тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар нишасти матбуотии худ ба хабарнигорон гуфтанд, ки аз қарзи ширкати алюминийи тоҷик бо номи “Талко” наздик ба 500 миллион сомонӣ мерасад.

Ба гуфтаи масъулони “Барқи тоҷик” танҳо дар соли 2022 қарзи ширкати “Талко” ба 97 миллиону 600 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Қарзҳои ин ширкат аз солҳои гузашт бошад, 389 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар маҷмуъ қарзҳои ин ширкат ба 487 миллион сомонӣ баробар шуда, дар феҳристи қарздорон дар ҷои аввал қарор дорад.  

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик” нерӯи барқро бо нархи аз ҳама арзон дар сатҳи ҷумҳурӣ ба “Талко” мефурӯшад, аммо бо ин вуҷуд, ин ширкат, ки вобастаи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон асту аксари кулли фоидаи онро ҳам на давлат, балки ба ҷайби додарарӯси Президенти Тоҷикистон ворез мешавад, касе ҷуръати онро надорад, ки пули қарзашро бигирад.

Ширкати “Талко” чанд корхонаҳои дигаре низ дорад, ки ҳама бо шарофати наздик будан ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон аз пардохти ҳаққи нерӯи барқи истифодашуда, андозҳо ва дигар молиёт сарпечӣ мекунанд.

Ду сол пеш низ баҳси қарздор будани “Талко” дар расонаҳои Тоҷикистон доғ шуда буд. Он замон низ “Барқи тоҷик” ширкати “Талко”-ро дар раъси рӯйхати бузургтарин қарздорон ворид карда буд ва ҳаҷми қарзашро 40 миллион доллар эълон кард. Аммо маълум мешавад, ки бо гузашти 2 сол на танҳо “Талко” қарзашро пардохт накарда, балки қарзаш бештар шудааст.

Барқи тоҷик намедонад “лимит” кай бардошта мешавад

0

“Лимит”-и барқ дар Тоҷикистон то “боридану борону бештар захира шудани об” давом мекунад.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дақиқ намедонад “лимит”-и барқ дар минтақаҳои кишвар то кай давом мекунад.

Ба гуфтаи Асозода додани барқ ба сокинон бидуни маҳдудият ба вазъи обу ҳаво ва ҳаҷми борону захира шудани об бастагӣ дорад.

Пештар аз ин, 1-уми феврали соли 2023 фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бекор кардани “лимит”-и барқ, ки рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ содир шуда буд, аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” бекор карда шуда буд.

Дар робита ба бекор кардани фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки “дар январи соли ҷорӣ вобаста ба сардиҳои бениҳоят зиёд дастур дода шуд, ки барқ ба таври шабонарӯзи ба аҳолии мамлакат таъмин карда шавад. Чун албатта сардӣ бениҳоят зиёд буд, дар ин рӯзҳои сардӣ мардум бо барқ таъмин карда шуд. Аммо вобаста ба он, ки ҳаво сард буд, истифдабарии барқ дар дохили кившар бениҳоят боло рафт…”

Маҳмадумар Асозода дар идома афзуд, ки бо беҳтар гардидани резиши об, норасоие, ки аз ҳисоби истифодаи аз ҳад зиёд ба миён омад, рӯйпуш карда мешавад ва мардум ба пуррагӣ бо барқ таъмин мегарданд. Яъне, то он замон дар ин сардии зимистон сокинон бе барқ хоҳанд буд.

Аммо сокинон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ба ҳадди кофӣ барқ истеҳсол мешавад, вале мақомдорон онро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Узбекистон мефурӯшад.

Ҳатто Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар зимни нишасти хабарии ниҳодаш гуфта буд, ки дар соли 2022 “Тоҷикистон 21 миллиарду 399,5 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти  низоми энергетикии мамлакат мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар дар ин сармои шадид аз бебарқӣ шикоят мекунанд. Субҳи имрӯз як манбаъ аз шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ба Azda tv гуфт, ки то рафт “лимит” бештар мешавад. “Ҳоло дар як шабонарӯз ҳамагӣ 5 соат барқ дорему халос, 2 сат субҳ ва 3 соат аз тарафи бегоҳ барқ дода мешавад.”

Камбуди барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки аз замони ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, давоми 30 сол то ҳол ҳалли худро пайдо накардааст. Аммо фурӯши он ба хориҷи кишвар бемушкилие идома дорад.

Шумори қурбониёни заминларза аз 36 ҳазор гузашт

0

Аз заминларзаи мудҳиши Туркия ва Сурия ва кишварҳои минтақа, ки дар натиҷа миллионҳо нафар зарар дидаанд, як ҳафта гузашт ва ҳамоно умедҳо барои наҷоти мардум вуҷуд дорад.

Созмони Милал моро хор кард

Имрӯз, 13-уми феврали соли 2023 гузоришҳои мақомоти Туркия ва Сурия аз он ҳикоят доранд, ки теъдоди қурбониёни ҳодисаҳои заминларзаҳои ахир аз марзи 36 ҳазор нафар убур кардааст.

Бар асоси ин омор теъдоди қурбониён дар Туркия зиёда аз 31 ҳазору 643 нафар ва ин теъдод дар Сурия беш аз 4 ҳазору 500 нафарро ташкил медиҳад. Аммо “Марсад“, созмони ҳуқуқи инсон дар Сурия мегӯяд, ки теъдоди қурбониёни ин кишвар ба беш 5 ҳазору 200 нафар расидааст. Шумори маҷруҳони Тукрия ва Сурия низ дар ҳоли афзоиш буда, аз марзи 90 ҳазор нафар убур кардааст.

Сокинони шимолу ғарбии Сурия, ки аз ҳама зиёдтар зарар дидаву он минтақа зери назорати озодихоҳони ин кишвар қарор дорад, бо сарчапа тасвир кардани парчами Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ки Созмони Милал моро хор кард.

Аз сӯи дигар, намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид низ дар Сурия мегӯяд, ки онҳо ҳақ доранд дар бораи ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин қазоват бикунунд. Дар ин минтақа зиёда аз 4 миллион нафар ба сурати фаврӣ ба кумакҳои аввалия ниёз доранд. Ҳазорҳо нафар аз сокинони ин минтақа бесарпаноҳ монда, дар ин рӯзҳои сард рӯи замин мехобанд. На хаймае доранд, ки сарашонро паноҳ кунанд ва на обу ноне, ки ишмакҳояшон сер шавад.

Кумакҳои СММ баъд 6 рӯз аз гузашти ин ҳодиса ба Сурия расиданд. Имрӯз ҳам Созмони Милал дар бораи ирсоли кумакҳо ва бардоштани таҳримҳои иқтисодӣ аз ин кишвар ташкили ҷаласа дорад ва интизор меравад, ки ба як натиҷаи мусбате даст ёбанд.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди ин ҳама шароити душвор ҳамоно ҳама умедҳо барои наҷоти мардумони зери оворҳо ва вайронаҳо ба ҷо монда идома дорад ва дар ин лаҳзаҳое, ки ин матлаб таҳия мешуд, хабар расид, ки гурӯҳҳои наҷот баъд 176 соат як пиразанро ҳамроҳи духтар ва наберааш зинда аз зери вайронаҳо берун бароварданд.

Наздик ба 550 медали варзишкорони тоҷик дар як сол

0

Варзишкорони Тоҷикистон бо иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар соли гузашта наздик ба 550 медал оварданд.

Бино ба иттилои расмӣ, варзишкорони Тоҷикистон дар соли 2022 “дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба 64 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 548 медал оварданд.

Ба гуфтаи мақомоти кишвар, соли гузашта 650 нафар варзишгар, аз ин шумора 34 бонувон дар мусобиқаҳо иштирок карда, 150 медали тилло, 162 нуқра ва 236 биринҷӣ ба бойгонии варзиши кишвар ворид карданд.

Гуфта мешавад, ин дастовардҳои варзишкорони Тоҷикистон “нисбат ба соли 2021 150 медал бештар (47 тилло зиёд, 41 нуқра ва 62 биринҷӣ) мебошад.”

Инчунин барои ташвиқ ва тарғиби варзишкорон Вазорати молияи кишвар аз ҳисоби буҷаи ихтисосдодаи Фонди президент ба “35 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд”, 568 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо кардааст. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50000 сомонӣ аст.

Гурӯҳи имдоди Тоҷикистон боз як кӯдакро зинда аз зери овораҳо наҷот дод

0

Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, гурӯҳи имдоди Тоҷикистон як кӯдаки 3-соларо аз зери овораҳо пас аз гузашти 158 соати заминларза зинда берун баровард.

Гуфта мешавад, тими наҷоти Тоҷикистон, ки 51 нафар ҳастанд, рӯзи 12-уми феврали соли ҷорӣ аз зери овараҳои валангоргашта аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия, тавонистанд зинда берун бикашанд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, пас аз берун баровардани писарбачаи 3-сола ӯро барои муойина ба дасти тими табибон супорида шуд ва ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Дар наворе, ки расонаи “Анадолу” нашр кард, ки дида мешавад, ки пас аз зинда берун баровардани ин тифл атрофиён шодӣ мекунанд ва ашки чашмони худро пок мекунанд.

Расонаҳои туркӣ мегӯянд, гурӯҳи наҷоти Тоҷикистон бо гузашти ҳафт рӯз аз зилзилаи маргбор, талош доранд то касоне, ки зери овораҳо гир афтодаанд, наҷот диҳад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе, 11-уми феврал Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки гурӯҳи наҷоти кишвар дар шаҳри Қаҳрамонмараш як тифли 6-моҳаро ҳамроҳи падараш аз зери оворҳои ба ҷо монда аз заминларза зинда берун бароварданд.

Тибқи оморҳои расмӣ, то имрӯз омори кушташудагон дар зери овораҳои зилзила дар Туркия ба 29 ҳазору 605 нафар ва дар Сурия ин омор ба 4 ҳазору 500 нафар расид.