18.8 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 312

Шамсиддини Саид: Хатари аз байн рафтани писарам вуҷуд дорад

0

Имрӯз, 28-уми январи соли 2023 тоҷикони муқими Аврупо дар назди Идораи муҳоҷират дар шаҳри Дортмунди Олмон гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд.

Гуфта мешавад, ин тазоҳуротро ҳамкорон ва дӯстони олмонии Абудллоҳи Шамсиддин барои ҳимоят аз ӯ ва бо ҳузури даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистони муқими кишварҳои аврупоӣ роҳандозӣ кардаанд.

Тазоҳурот дар назди Идораи муҳоҷират дар шаҳри Дортмунди Олмон барпо шуда, иштироккунандагон аз Ҳукумати кишвар талаб доранд, ҷои буду боши Абдуллоҳи Шамсиддинро, ки 10 рӯз мешавад ба Душанбе истирдод шудааст, вале то ҳол макони нигаҳдории ӯ маълум нест, эълон кунад.

Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ ва падари Абдуллоҳ мегӯяд, мо имрӯз аз ҳукумати Омлон, ки Абдуллоҳро ба Тоҷикистон истирдод карданд талаб дорем, ки чаро барои истирдоди ӯ пофишорӣ карданд ва аз ҳукумати Тоҷикистон талаб дорем, ки дар куҷо будани фарзанди моро хабар диҳад.

Ӯ мегӯд: “Гарчи Абдуллоҳ, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 18 солро буд карда буд ва омад берун, ӯ ҳамчун як хурдсол буд ва ҳеч гуноҳу ҷинояте дар унҷо содир накардааст. Агар дар инҷо ҳар коре кардааст, бояд дар назди ҳукумати Олмон ва ниҳодҳои он ҷавоб бигӯяд. Аммо чаро ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан сафорати Тоҷикистон бо исрор ҷиҳати интиқоли ӯ кӯшиш мекарданд ва ғоибона номаи бозгашти ӯро доданд. Дар сурате, ки Абдуллоҳ чандин маротиба ҳам ҳузурӣ ва ҳам бо нома ва ҳам бо телефон ба сафорати Тоҷикистон дар Омлон муроҷиат кардааст, вале сафорати Тоҷикистон, ки масъулияти бевоситаи онҳо анҷом додани ин кор аст, ин корро анҷом надоданд. Ва ин нишонаи он аст, ки онҳо дар чорчӯбаи кадом барномае тавонистанд, ҳатто олмониҳоро мутақоид кунанд барои бозгардондани ӯ.”

Шамсиддини Саид, узви фаъоли ҲНИТ

Шамсиддини Саид дар идомаи суҳбаташ мегӯяд: “Аз ин рӯ, мо дар инҷо ҳам болои ҷониби Омлон даъво дорем, ки чаро Абдуллоҳро ба Тоҷикистон фиристонданд ва ҳам болои ҳукумати Тоҷикистон, ки чаро инқадар исрор доштанд барои бозгардондани ӯ?”

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки пеш аз ин даҳҳо ҷавони тоҷик аз Аврупо, Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон истирдод шуда ва пас аз чанде бо ба дӯш гирифтани гуноҳони зиёде ба ҳар ҳол дар наворҳо суҳбат мекарданд ва аз худ дарак медоданд. Аз ин рӯ, “умед дорем мо ҳам ҳарчи зудтар фарзандамонро зинда бубинем, вале хатари ин ки ӯ аз байн рафта бошад, вуҷуд дорад, вале умедворем, ки хабарҳои хубе дошта бошем.”

Модари Абдуллоҳи Шамсиддин

Модари Абдуллоҳ низ дар ин тазоҳурот ширкат карда, ба расонаҳо гуфт, ки 10 рӯз мешавад аз вазъияти писараш хабар надорад ва ин чиз ӯро ҳамчун модар сахт нигарон кардааст. Ӯ аз Ҳукумати кишвар талаб дорад, ҳарчи тезтар макони писарашро бигӯяд. Модари Абдуллоҳ инчунин аз Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дархост кард, ки дар қазияи фарзандаш бепарво надошанд, зеро ба гуфтаи ӯ, писараш Абдуллоҳ бемории тангнафасӣ (астма) дорад.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон 18-уми январи соли ҷорӣ Абдуллоҳи Шамсиддинро ба далели хато пешниҳод кардани ҳувияташ ӯро тариқи хатсайри Дюсселдорф-Истанбул-Душанбе ба кишвар истирдод кард. То имрӯз аз истирдодаш 10 рӯз мегузарад, вале бо вуҷуди борҳо талаб кардани хонаводааш, мақомоти тоҷик дар куҷо будани Абдуллоҳ хабар намедиҳанд.

Тазоҳуроти тоҷикон дар Олмон

0

Ҷамъе аз фаъолони сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Олмон ҳамроҳ бо намояндагони ҷомеаи маданӣ дар ин кишвар тазоҳурот мекунанд.

Акси марбута аз бойгонӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv,  субҳи 28-уми январи соли 2023 даҳҳо нафар аз тоҷикони муқими Олмон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори он ҳамроҳ бо фаъолони олмонӣ як тазоҳуроти бузурге баргузор мекунанд.

Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин ҳамоиши эътирозӣ, ҳадаф аз баргузории он додхоҳӣ дар бораи ихроҷи писари фаъоли сиёсии тоҷик Шамсиддини Сайид, Абдуллоҳи Шамсиддин мебошад.

Гуфта мешавад, мақомоти олмонӣ рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд, вале бо гузашти 10 рӯз ҳанӯз расман ҳеч иттилое дар бораи дар куҷо будан ва дар чӣ шароите қарор доштани ӯ надодаанд.

Боз як ҷавон ва варзишгари бадахшонӣ зиндонӣ шуд

0

Мақомоти Тоҷикистон варзишгар ва зодаи ноҳияи Рӯшони Вилояти Ммухтори Кӯҳистони Бадахшон Олимшо Муъминовро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, мурофиаи додгоҳии Муъминови 34-сола пушти дарҳои баста дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ӯро бар асоси моддаи 187 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор донистаанд.

Олимшо Муъминов номзад ба устодии варзиши навъи волейбол, қаҳрамони Душанбе (2009-2010) ва барандаи медали нуқраи қаҳрамонии волейболи Тоҷикистон (2009-2010) мебошад.

Олимшо Муъминов иштирокчии тазоҳуроти осоиштаи сокинони шаҳраки Вамар, маркази маъмурии ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд ва пас аз ҳодисаҳои охир ба Нижний Новгороди Русия рафта, дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ кор мекард.

Ба гуфтаи дӯстону пайвандонаш Олимшоро рӯзи 29-уми ноябри соли 2022 ба идораи ширкати сохтмонӣ, ки дар он ҷо кор мекард, даъват мекунанд. Олимшо Муъминов ба идораи ширкат рафта, ғайб мезанад. Варзишгар дигар бо наздиконаш тамос нагирифтааст ва пас аз чанд вақт маълум шуд, ки ӯ дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Олимшо Муъминов аввалин шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки дар Русия рабуда ва иҷборан ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Муҷозоти мулло Абдулҳаннон аз ҷониби ВКД

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, қаҳрамони навори баҳсбаренгез дар шабакаҳои иҷтимоӣ мулло Абдулҳаннонро пас аз боздошт муҷозот кардааст.

ВКД-и Тоҷикистон рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” боздошт ва муҷозот шудани сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва имомхатиби масҷиди ин минтақа Абдулҳаннон Усмоновро тасдиқ намуда, мегӯяд, “нисбат ба Абдулҳаннон Усмонов барои маҳдуд кардани ҳуқуқи бародарзодааш Абубакр Усмонов ва зоҳир кардани беэҳтиромӣ нисбат ба ҷомиа аз ҷониби РВКД вилояти Хатлон чораҳои маъмурӣ андешида шуд”.

Вале дар ахбори ВКД дақиқ гуфта нашудааст, ки ин рӯҳонӣ ва имомхатиби масҷид Абдулҳаннонро мақомот чӣ навъи ҷазо барояш татбиқ кардаанд.  

Бино ба иттилои ВКД, мулло Абдулҳаннон вақте мешунавад, ки аз хонаи бародараш Абдулманнон Усмонов садои мусиқӣ ва базми тӯёна меояд, ба ғазаб омада ба хонаи бародараш меравад ва домод, писари бародараш Абубакр Усмоновро барои даъвати навозандагон ва ташкили рақсу бозӣ дар тӯйи домодиаш таҳқиру дашном мекунад. Инчунин ӯ бо лаҳни дурушту пурдашном меҳмонони тӯйро, ки 60 то 70 нафар буданд, аз хонаи тӯйдор пеш кардааст.

Пештар гуфта мешуд, ки домод писари Абдулҳаннон Усмонов аст.

Абдулҳаннон Усмонов дар баёноташ гуфтааст, ки аз пеш писари бародарашро огоҳ карда буд, ки тӯяшро бидуни мусиқию рақсу бозӣ, дар чорчӯби тӯйи исломӣ барпо кунад, вале домод ба ин таъкиди ӯ гӯш надодааст.

Дар наворе, ки ВКД нашр кардааст, мулло Абдулҳаннон Усмонов мегӯяд, ки аз ин амали бародарзодааш асабӣ шуда, худро идора карда натавонистааст ва базми тӯёнаро вайрон кардааст. Ӯ дар идома бахшиш пурсида гуфт, ки “як хато кардем. Умед аст, ки хатои мо ислоҳ мешавад”.

Навори дашноми рӯҳонӣ ба меҳмонони тӯй ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ тарафадор ва зидди ин амал тақсим карда буд.

Ҳамла ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон

0

Субҳи имрӯз бар асари як ҳамлаи мусаллаҳона ба сафорати Озарбойҷон дар пойтахти Эрон як нафар кушта ва ду каси дигар захмӣ шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломии Эрон “Ирно”, субҳи имрӯз, 27-уми январи соли 2023 як фарди мусаллаҳ бо автомати “Калашников” вориди бинои сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон шуда, ба кормандони он ҳамла кардааст.

Дар наворҳое, ки аз ин ҳодиса ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, нишон дода мешавад, ки марди ҳамлакунанда бо ворид шудан аз дарвоза ба самти кормандон оташ мекушояд. Ду нафар аз маҳҳали ҳодиса фирор кардан мехоҳанд, вале ҳамлакунанда онҳоро дунбол карда ба рӯяшон тир холӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол як тан аз посбонҳои сафорат дасти холӣ ба самти вай медавад ва мехоҳад силоҳро аз дасташ бигирад, вале муваффақ намешавад.

Ба қавли ББС, Президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиев, ҳамла ба сафорати кишвараш дар Теҳронро як амали “террористӣ” хонда ва ба шиддат онро маҳкум кардааст. Ӯ гуфта: “Мо хостори фавран ба ҳодиса расидагӣ ва муҷозоти террористҳо ҳастем.

Гуфта мешавад, дар пайи ҳодисаи мазкур Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон сафири Эрон дар кишварашро эҳзор кардааст.

Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин ҳамларо маҳкум карда, ба хонавода ва мардуми Озарбойҷон изҳори ҳамдардӣ кардааст. Ба гуфтаи Канъонӣ, “натиҷаи баррасиҳои аввалия ва дастгоҳҳои зирабт ҳокӣ аз ангезаи шахсӣ дар пушти ин иқдом аст. Ба ин хотир, бо таваҷҷуҳ ба вуруди фаврии дастгоҳҳо ва ниҳодҳои зирабти интизомӣ, амниятӣ ва қазоӣ тавсия мегардад расонаҳо аз интишори ахбори ғайри мувассақ ва гумоназаниҳо дар ин робита иҷтиноб намоянд.”

Аз сӯи дигар Мавлуд Човушоғлу, Вазири корҳои хориҷии Туркия дар саҳфаи Теввитриаш бо маҳкум кардани ин ҳамла онро як амали “хоинона” арзёбӣ карда, гуфтааст: “Ба бародари шаҳидамон раҳмату мағфират, ба пайвандонаш ва мардуми Озарбойҷон тасаллият ва ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорам. Озарбойҷон ҳеҷ гоҳ танҳо нест.” Инчунин Русия ҳам дар вокуниш ба ин ҳодиса гуфтааст, ки мо аз ҳамла ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон “шок” шудем.

Эрон мегӯянд, ки марди ҳамлакунанда дар маҳалли ҳодиса боздошт шудааст ва тибқи эътирофоти ибтидоӣ, вай гуфтааст, ки ҳамсараш моҳи апрели соли ҷорӣ ба сафорати Озарбойҷон омада дигар ба хона барнагаштааст. Ба ин хотир аз пеш силоҳро омода карда, ба қасди бозпас гардондани ҳамсараш ба сафорат ҳамла кардааст.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз, соати 08:00 ба вақти Теҳрон ва 08:30 ба вақти Боку марде бо мошин омада дами дарвозаи сафорати Озарбойҷон дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон истод мешавад ва ин марди мусаллаҳ бо калашников вориди бино мешавад. Бар асари ин ҳамлаи мусаллаҳона сардори горди нирӯҳои муҳофизи сафорат Ризвоноғлу Аскаров кушта ва ду тани дигар аз ҳамкоронаш захмӣ шудаанд.

Раҳмон Бердимуҳаммадовро ба Тоҷикистон даъват кард

0

Имрӯз, 27-уми январи соли 2023 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президет, ин суҳбат дар чорчӯби 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар доир шуда, президентҳо якдигарро ба ин муносибат табрик карданд.

Президентҳо “раванди тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд.”, омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ниҳояти ин суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов барои анҷоми сафари расмӣ ва боздид аз Тоҷикистон даъват кард.

Додситонӣ фаъолони помириро ҷинояткор номид

0

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳукми чанд тан аз фаъолони зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки соли гузашта боздошт ва бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон гардида буданд, “шарҳ” дод.

“Вокуниш”-и додситонӣ имрӯз, 26-уми январ дар сомонаи расмиаш нашр шуда, дар он гуфта мешавад, ки хабару мақолаҳои “иғвоангез” дар расонаҳои “мухолифони сиёсии дар кишварҳои Аврупо қарордошта” дар бораи Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев, Музаффар Муборакшоён, Хурсанд Мамадшоев, Манучеҳр Холиқназаров ва Хушрӯз Ҷумъаев бо “мақсади халалдор намудани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суботу амнияти миллӣ” нашр мешаванд.

Ба иддаои Додситонӣ, ин фаъолони помирӣ “мусичаи бегуноҳ” набуда, “роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятӣ” мебошанд ва мувофиқи “ҷиноятҳояшон” ҷазо гирифтаанд.

Инчунин дар идома, Додситонии кулли кишва иттиҳомоти ин фаъолонро дарзикр карда, мегӯяд, Додгоҳи Олии Тоҷикистон онҳоро дар содир кардани ҷиноятҳо гунаҳкор дониста, дар натиҷа, “Иргашов Ф.И. ва Муборакшоён М.Т. аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои 29 солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ, ба Мамадшоева У.М. аз рӯи маҷмуи ҷиноятҳо ҷазои 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, ба Холиқназаров М.С. ва Мамадшоев Х.М. аз рӯи маҷмуи ҷиноятҳо ҷазои 16 солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ва ба Ҷумъаев Х.Ғ. ҷазои 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ” маҳкум шудаанд.

Ин изҳороти додситонӣ ва ҷинояткор эълон намудани чанд тан аз фаъолони помирӣ дар ҳолест, ки худи фаъолон ва наздикони онҳо иттиҳомоти мақомотро сохта номида, онро ба фаъолиятҳояшон рабт медиҳанд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ низ ин фаъолонро бегуноҳ медонанд ва озодии онҳоро аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд.

CPJ: соли 2022 маргбортарин сол барои рӯзноманигорон

0

Дар соли 2022 дар саросари ҷаҳон беш аз 67 рӯзноманигор ва дигар кормандони расонаҳо кушта шуданд, ки ин баландтарин омор аз соли 2018 ба ҳисоб меравад.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ), рӯзи 24-уми январ бо нашри гузорише эълон кард, ки назар ба соли 2021 дар соли 2022, 50 дарсад бештар рӯзноманигорон кушта шуд ва шумораи умумии онҳо ба 67 нафар расидааст.

CPJ мегӯяд, ки 35 нафари ин кормандони расонаҳо дар Украина, Мексика ва Ҳаитӣ кушта шудаанд. Аз ыумла таъкид мешавад, ки дар соли 2022 дар Ҳаитӣ дастикам панҷ хабарнигор, аз сӯи дастаҳои мусаллаҳ, ки амалан назорати пойтахти он кишварро дар даст доранд, ба қатл расиданд ва ду нафари онҳо аз тири пулис кушта шудаанд.

Бино ба иттилои CPJ аз 15 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳое, ки дар Украина кушта шудаанд, 13 тани онҳо ҳангоми ҷамъоварии иттилоъ ва ё гузориш додан кушта шудаанд.

CPJ дар истинод ба рӯзноманигорон менависанд, ки низомиҳои Русия кормандони расонаҳоро барқасдона ба ҳадаф мегиранд.

Дар ин гузориш Амрикои Лотинӣ хатарноктарин минтақа барои рӯзноманигорон дар соли 2022 дониста шуда, дар маҷмуъ 30 рӯзноманигор ва корманди расонаҳо дар ин минтақа давоми сол кушта шудаанд.

Аз ин шумора дар соли гузашта танҳо дар Мексика 13 хабарнигор ва корманди расонаҳои хабарӣ ба қатл расиданд. Иттиҳоди хабарнигорони Мексика ин рақамро 15 нафар эълон карда, мегӯяд, соли 2022 барои кормандони расонаҳо дар ин кишвар маргбортарин сол тайи се даҳаи ахир будааст.

Сабаби афзоиши қатли хабарнигорон дар Мексика вуҷуди мафияи маводи мухаддир, фасоди сиёсӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва нотавонӣ дар шиносоӣ ва муҷозоти омилони ин кушторҳо гуфта шудааст.

Гуфта мешавад, аксари рӯзноманигороне, ки дар Амрикои Лотинӣ кушта шудаанд, ҳамаи онҳо ба инъикоси мавзуҳое аз қабили ҷинояткорӣ, фасодкорӣ, хушунати гуруҳҳои ҷиноӣ ва мушкилоти муҳитзистӣ машғул буданд.

Соли 2022 барои рӯзноманигорони тоҷик низ соли баде буд. Мақомодорони тоҷик соли гузашта беш аз 7 рӯзноманигору блогерро боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Эътирофи мақомоти Олмон дар бораи ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин

0

Мақомоти Олмон расман иттилоъ доданд, ки фаъоли сиёсии Тоҷикистон Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Аммо нагуфтанд, ҳоло ӯ дар куҷост?

Шамсиддини Саид, фаъоли сиёсӣ ва яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як суҳбати кӯтоҳ имрӯз ба Azda tv гуфт, пас аз дархости онҳо мақомоти Олмон расман иттилоъ доданд, ки писараш Абдуллоҳи Шамсиддинро рӯзи 18-уми январи соли 2023 ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Ба қавли ин фаъоли сиёсии Тоҷикистон бо гузашти беш аз 9 шабонарӯз то ҳол на ҷониби мақомоти олмонӣ ва на ҷониби мақомоти тоҷикистон дар бораи сарнавишти писараш Абдуллоҳи Шамсиддин ҳеч иттилое надодаанд ва нагуфтаанд, ки вай дар куҷо ва дар чӣ шароите қарор дорад?

Аз сӯи дигар, раҳбари ҷунбиши “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев, ихроҷи ин писари фаъоли сиёсии Тоҷикистонро аз Олмони демократӣ ба Тоҷикистони “демократӣ” як лаккаи нанг дониста гуфтааст, “номи ин амал ҷинояти башарӣ ва хиёнат бар демукросӣ ва ҳуқуқи инсон аст.”

Раҳбари ҷунбиши “Ватандор” таъкид карда, ки намедонам давлатмардонӣ олмонӣ дар робита ба ин қазия чӣ эҳсосе доранд, аммо “агар Олмон Абдуллоҳро барнагардонад, ин амал чун як доғи сиёҳ ба ҳамеша бар пешонааш хоҳад монд.

Гуфта мешавад, Паймони миллии Тоҷикистон ва Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки то кунун дар чунин қазияҳо фаъол буданд, дар бораи парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин то ҳол расман ба расонаҳо чизе нагуфтаанд. Аммо бо ин вуҷуд, интизор меравад, рӯзҳои наздик ҷамъе аз мухолифон дар якҷоягӣ бо дигар гурӯҳҳо иқдомҳоеро дар ин бора рӯи даст бигиранд.