Хона блог саҳифа 311

Имзои санадҳои ҷадид байни Тоҷикистону Чин

0

Мақомоти олии Тоҷикистону Чин дар ҳузури сарони давлатҳо вилояти Хатлону ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбеву шаҳри Хуҷандро бо ҳамтоёни чиниашон шинос карданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуори Президенти Тоҷикистон дар рафти имзои санадҳои ҷадиде, ки дар ҳузури сарони кишварҳо ба имзо расид, тибқи созишнома “байни ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Вейнани вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин санади “истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ” ба имзо расид.

Инчунин байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин як ёддошти тафоҳуме дар бораи истиқрори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расидаву “байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин” ҳам як “созишнома дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои табодули дӯстона” ба имзо расидааст.

Бар асоси ҳамин гузоришҳои расмӣ, барои 12 сол “байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-202” як “нақшаи чорабинӣ роҷеъ ба амалигардонии Созишнома оид ба истиқрори бародаршаҳрӣ” ба имзо расидааст.

Ҳамзамон дар байни ин санадҳои муҳиме байни мақомоти олии ду кишвар ба имзо расида, 12 адади онҳоро созишномаҳо ташкил медиҳанд, ки муҳимтарини онҳо “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ” мебошад.

Гуфта мешавад, дар байни ин санадҳои расмие, ки мақомоти расмӣ теъдоди онҳоро дар маҷмӯъ 25 адад мегӯянд, ва 13-тои онҳо ҳам дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба имзо расидааст, 9-тои онҳоро санадҳои мавсум ба “ёддошти тафоҳум” ташкил медиҳад, ки аз нигоҳи амалӣ ҳеч касе наметавонад ҷониби дигарро барои иҷро накардани муқаррароти онҳо ба кӯтоҳӣ кардан дар иҷрои уҳдадориҳои худ муттаҳам кунад.

Баррасии ҳамкориҳои Олмону Тоҷикистон

0

Мақомоти олии кишварҳои Олмону Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ҳолоти кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои худро дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 17-уми майи соли 2023 дар шаҳри Берлин “даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир шуданд.”

Ба қавли манбаъ, дар ин машваратҳои сиёсӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Олмонро ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон Маттиас Люттенберг раҳбарӣ мекард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар рафти ин музокирот “мусоҳибон вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Олмонро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва амниятӣ табодули афкори созанда анҷом доданд.”

Гуфта мешавад, ин машваратҳои сиёсӣ дар пойтахти Олмон дар ҳоле баргузор гардидаанд, ки тирамоҳи соли 2022 Имомуддин Сатторов, Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар бораи шахсияти фаъоли сиёсӣ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мақомоти Олмон иттилоотӣ нодуруст пешниҳод карда буд.

Сипас мақомоти Олмон ба сухани ӯ бовар карда, Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Баъд аз ихроҷ мақомоти Тоҷикистон ин фаъоли сиёсиро дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт ва баъд аз он ба 7 соли зиндон маҳкум карданд. Дирӯз, 17-уми майи соли ҷорӣ низ ҳамкорон ва дӯстони олмонии Абдуллоҳи Шамсиддин бо ҳузури бархе пайвандонаш 15-умин тазоҳуроти эътирозии худро барои озодӣ ва бозпас гардонданӣ ӯ дар Олмон баргузор карданд.

Тоҷикистон борҳо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва дар раъси онҳо Олмонро муттаҳам ба он кардааст, ки мухолифони Эмомалӣ Раҳмонро пазироӣ ва ба онҳо паноҳгоҳӣ сиёсӣ додааст, аммо дақиқ нест, ки оё ҳайатҳои Тоҷикистону Олмон дирӯз ҳам вақте дар бораи ҳамкориҳои амниятӣ машварат мекарданд, дар бораи парвандаи Абдуллоҳи Шамсиддин, ки Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов иттилооти ғалат пешниҳод карда буд, низ суҳбат карданд ва ё хайр?

Лату кӯби бераҳмонаи як ҷавони тоҷик дар Русия

0

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ки дида мешавад, чанд ҷавони рус як ҷавони дигарро бераҳмона лату кӯб мекунанд.

Корбарон дар шарҳи ин ҳодиса навиштаанд, ки он ҷавоне, ки зери лату кӯби бераҳмона қарор гирифтааст, шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар шаҳри Волгогради Русия дар як мағозаи хӯрокворӣ кор мекард. Ӯ мебинад, ки ин се ҷавони рус аз мағоза дуздӣ мекунанд, хоҳиш мекунад, ки ин корро накунанд. Ҳангоми ба берун баромадан, ҷавонони рус якбора ба ин ҷавони тоҷик ҳамла карда, ӯро лату кӯб мекунанд.

Дар навор дида мешавад, ки ҷавонон рус он ҷавони тоҷикро бо болғача дар қисмати пушту зонуҳояш сахт мезананд, ки дигар аз гаштан мемонад. Корбарон навиштаанд, ки онҳо қасдан ба пову зонуҳои ҷавони тоҷик задаанд, ки ӯро маъюб кунанд ва дигар роҳ рафта натавонад.

То ҳол маълум нест, вазъи саломатии ин ҷавони тоҷик чӣ гуна аст. Ва ҳамчунин вокунише аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ин навор нашр нашудааст.

Вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст

0

Комиссия Амрико дар умури озодиҳои байналмилалии динӣ (USCIRF) дар гузориши ахираш вазъи озодиҳои динӣ ва диндоронро дар Тоҷикистон ва Туркманистон ба ғоят нигаронкунанда хонд.

Гузоришгарони USCIRF ахиран гузориши солонаи худро дар бораи риояи ҳуқуқҳои динӣ дар ҷаҳон нашр карданд. Хулосаи умумии аксари коршиносони ин комиссияи амрикоӣ ин аст, ки дар давоми як соли охир вазъи озодии дин ва эътиқодҳои дигар дар ҷаҳон ба таври ҷиддӣ бад шудааст.

Комиссия ба Вазорати хориҷаи Амрико тавсия додааст, ки 17 кишварро аз лиҳози озодиҳои мазҳабӣ ба унвони “давлатҳои мавриди нигаронии хос” шомил кунад, ки Тоҷикистон ва Туркманистон ҷузъи онҳо ҳастанд.

Ба гуфтаи Комиссия Амрико дар умури озодиҳои динӣ, мақомоти ҳарду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба “нақзи муназзам”-и ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ ва эътиқодӣ даст мезананд. Гузоришгарони Комиссияи мазкур вазъи озодии эътиқодро дар ин ду кишвари диктотурӣ “тоқатфарсо” ва ҳатто “даҳшатнок” гуфтаанд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам Туркманистон фаъолияти созмонҳои динӣ, рӯҳониён ва ҳатто гирифтани таълимоти динӣ ва либоспӯширо назорат мекунанд.

Эмомалӣ раҳмон ва Сардор Бердимуҳаммадов (қаблан падараш Қурбоқулӣ Бердимуҳаммадов), ки раҳбарони ин ду кишвар ҳастанд, ба беэҳтиромӣ нисбат ба дин ва ҳуқуқи занон муттаҳам мешаванд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, ҳоло барои Амрико фурсате пеш омада, ки метавонад бо баҳона ҳуқуқу озодиҳои динӣ болои ин ҳукуматҳои диктотурӣ, ки амалҳои онҳо дар қиболи дину диндорон ғайриқобили қабул аст, фишор биёрад. Амрико бо роҳи ҷорӣ кардани таҳримҳои лозима алайҳи ниҳодҳои давлатӣ ва мансабдорон, масдуд кардани ҳисобҳои бонкии онҳо ва манъи вурудашон ба ИМА болои ин ду кишвар метавонад фишори худро бештар кунад.

15-умин тазоҳуроти олмониҳо барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

0

Дирӯз, 17-уми майи соли ҷорӣ ҷамъе аз фаъолони олмонӣ бо талаби озодии зиндонии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди парлумони минтақавӣ дар Дюсселдорф ҷамъ омада, шиорпартоӣ карданд. 

Дар ин тазоҳурот фаъолони ҳуқуқибашарии Олмон, ҳамкорони собиқи Абдуллоҳ, фаъолони тоҷик ва дӯстону пайвандонаш, аз ҷумла падараш Шамсиддини Саид, узви аршади Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ширкат доштанд.  

Тазоҳуркунандагон дар даст шиору дархостҳои мухталифе доштанд, ки хулосаи тамоми онҳо раҳоии Абдуллоҳи Шамсиддин аз зиндон ва баргардондани ӯ ба Олмон буд. 

Ин 15-умин тазоҳуротест, ки барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, ки мақомоти Тоҷикистон охири моҳи марти соли ҷорӣ ӯро бо иттиҳоми ифротгароӣ барои 7 сол аз озодӣ маҳрум кард, баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Дертар 29-уми марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо моддаи 307 қисм 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва пайвандонаш сабаби аслии боздошт ва ҳукми зиндони Абдуллоҳро ба фаъолиятҳои сиёсии падараш рабт медиҳанд. 

Абдуллоҳи Шамсиддин дар ҳоле ба зиндон маҳкум шуд, ки аз замони ихроҷаш аз Олмон ба Тоҷикистон  мақомоти кишвар расман нисбати ин фаъоли тоҷик айб эълон накарда буданд ва то ҳол ҳеч ниҳоди қудратии кишвар дар боздошт нигоҳ доштани ӯро намегӯянд. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам Додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карда буднд. 

Гуфта мешавад, бар иловаи эътирозҳои пайдарпайи мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ, инчунин борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон раҳоии Абдуллоҳро талаб карда ва ҳамзамон аз мақомоти Олмон хостаанд, ки барои баргардони ӯ талош кунад. 

Вакили дифоъ аз ҳимояи Бузургмеҳр Ёров даст кашид

0

Вакили дифои зиндонии сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҷониби давлат таъйин гардида буд, аз ҳимояи ӯ даст кашид. Дар ин бора Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” ба Azda.tv хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, сабаби даст кашидани вакили дифои Бузургмеҳр Ёров аз ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ ва ё дар умум даст кашидани дигар ҳомиёни ҳуқуқ аз чунин парвандаҳои пурсарусадо нисбати маҳбусони сиёсӣ, ин ба хотири бехатарӣ ва ташвиш аз ояндаашон аст.

Чунки агар ин адвокатҳо аз ҷиҳати қонунӣ зерҳимояашонро ҳаматарафа ҳимоя кунанд ба рӯйхати сиёҳи Вазорати адлия дароварда мешаванд ва гузаштани “переаттестация” барояшон мушкил мешавад.” – мегӯяд раиси Бунёди “Бузургмеҳр”.

Дар идома Ҷамшед Ёров зикр кард, ки адвокатҳое, ки фаъолона аз маҳбусони сиёсӣ ҳимоя мекунанд, дар Тоҷикистон зери нишони мақомоти қудратӣ қарор гирифта, тафтиши амалҳояшон оғоз мегардад ва телефонҳояшон пинҳонӣ гуш карда мешавад ва ё аз кор ронда мешаванд, ё дар бадтарин сурат, мисли Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов равонаи зиндон мегарданд.

Ҷамшед Ёров мегӯяд, ки вақте пайвандонаш аз оғози парвандаи чорум нисбати Бузургмеҳр Ёров огоҳӣ ёфтанд, барои ёфтани вакили дифоъ талоши зиёде карданд, аммо ҳеч адвокат ва ташкилоте аз тарси фишори мақомоти Тоҷикистон омода набуд, ҳимояи ин маҳбуси сиёсиро бар уҳда гирад.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (парвандаи чорумро) бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузарониданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.  

Ин адвокати зиндонӣ дар номаи худ навишт, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Дар номаи Бузургмеҳр Ёров аз тафтишот хоста шудааст, ки ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Аммо мақомот ин дархости Бузургмеҳр Ёровро ба инобат нагирифтанд. 

Гуфта мешавад, аллакай тафтишоти парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров ба охир расида, он ба Додгоҳ фиристода шудааст.

Ҷамшед Ёров парвандаи нав нисбати бародарашро сиёсӣ номида гуфт, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмонов ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Боздошти як пизишк бо гумони даст доштан дар марги духтари ноболиғ

0

Пас аз 37 рӯзи марги Севинч Шукуроваи 17-сола – сокини пойтахт як пизишк бо гумони даст доштан дар марги ӯ боздошт шудааст. 

Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ бо нашри иттилоияе дар саҳифаи фейсбукиаш аз боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноятӣ (моддаи 129 қисми 2-и КҶ) нисбати духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич хабар дод.

Гуфта мешавад, Ҳоҷиев Абдурасул ба номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги Севинч Шукуроваи 17-сола шудааст, гумонбар аст. 

Дар иттилоияи Додситонӣ гуфта мешавад, ки аз рӯзи марги Шукурова Севинч, яъне 8-уми апрели соли 2023 ҳодисаи фавти ин ноболиғ аз ҷониби Додситонии ноҳияи И.Сомонӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ташхиси комиссионии суди-тиббӣ таъйин гаштааст. 

Додситонӣ менависад, ки пас аз гузаронидани ташхиси комиссионии судӣ-тиббӣ, хулосаи коршиносон 16 майи соли 2023 омода ва ба Додситонӣ пешниҳод гардид. Тибқи хулосаи комиссия сабаби марги ноболиғ Шукурова С. пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории “Лидаза”, ки аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич бе зарурият таъйин ва гузаронида шудааст, мебошад. 

Додситонии шаҳри Душанбе дар ҳоле аз боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати духтури гумонбар дар марги Севинчи 17-сола хабар медиҳад, ки Шоира Зуҳурова, модари ин ноболиғ борҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси Дастгоҳи Президент Озода Раҳмон муроҷиат карда, хостори ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани табиб Расул (Абдурасул) Ҳоҷиев барои марги духтараш шуда буд. 

Инчунин Зуҳурова гуфта буд, ки хомӯшии Додситонии ноҳияи И.Сомонӣ ӯро ба ташвиш овардааст ва метарсад, ки гунаҳкорон тамоми кӯшишро ба харҷ дода, аз масъулият гурехта, ин парвандаро хомӯш кунанд.

Шавкат Мирзиёев бори дигар президент шуданист

0

Ситоди марказии интихоботи Узбекистон ному насаби номзадҳои мақоми президентӣ дар интихоботи пешорӯии ин кишварро эълон кард.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 16-уми майи соли 2023, Ситоди марказии интихоботи Узбекистон бо ташкили як ҷаласа эълон кард, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи ин кишвар 5 ҳизби сиёсӣ вориди рақобатҳои сиёсӣ мешаванд.

Ба қавли манбаъ, “пас аз ҷаласаи навбатии Ситоди марказии интихобот оид ба интихоботи президенти Ҷумҳурии Узбекистон, ба намояндагони ваколатдори ҳизбҳо шаҳодатномаҳо дар бораи иҷозати ҳизбҳои сиёсӣ барои иштирок дар интихобот, инчунин намунаи варақаҳои барои имзои зикршуда супорида шуданд.”

Инчунин гуфта мешавад, Шавкат Мирзиёев, президенти амалкунандаи ин кишвар низ яке аз номзадҳои мақоми президентӣ дар ин интихоботи ғайрнавбатӣ мебошад. Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Ҳизби либерол-демократи Узбакистон вориди ин сабқатҳои интихоботӣ мешавад.

Робахон Маҳмудова, номзад аз Ҳизби сотсиал-демократ “Адолат” (мувоини якуми раиси Додгоҳи олии Узбекистон аст), Улуғбек Иноятов, номзад аз Ҳизби Халқӣ-Демократӣ, Абдушукур Ҳамзаев, номзад аз Шӯрои раҳбарии Ҳизби экологӣ вориди майдон шудаанд, вале дар бораи номзади Ҳизби демократ Миллий тикланиш чизе гуфта нашудааст.

Гуфта мешавад, пеш аз ин ба рӯзи 8-уми майи соли ҷорӣ Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо судури фармоне эълон карда буд, ки ба наздикӣ интихоботи президентии ғайринавбатро дар кишвар баргузор карданист, аммо замони дақиқи ин интихоботро эълон накарда буд.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки дар кишварҳои ғайридемократӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шудани интихоботҳои ғайринавбатӣ ва он ҳам дар давраи дувуми президентии як нафар ба эҳтимоли хеле қавӣ роҳ кушодан ба сӯи диктатура ва қабзаи қудрат аз тарафи президентҳои амалкунанда мебошад.

Нишасти иқтисодии “Русия-ҷаҳони Ислом” дар Қазон

0

Рӯзҳои 18-19-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон нишасти иқтисодии “Русия – ҷаҳони Ислом: KazanForum 2023” баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин нишасти байналмилалӣ намояндагони 85 кишвари мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қирӯизистон, Афғонистон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Тунис, Туркия ва ғайра даъват шудаанд.

Аз Тоҷикистон дар ин нишасти иқтисодӣ ва исломӣ кӣ намояндагӣ мекунад, то ҳол номи онҳо расонаӣ нашудааст, аммо тибқи маъмул, дар чунин конфронсҳо раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода ва чанде аз масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ҳошияи ин нишаст, қарор аст сарони бузургтарин ожонсиҳои хабарии кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар якҷоягӣ бо ҳамкорони русии худ нишасти расонаии “Русия – ҷаҳони исломӣ: ҳамкориҳои расонаӣ барои рушди устувор ва шукуфоии иқтисодӣ” баргузор мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, нишасти байналмилалӣ ду рӯз (18-19-уми май) идома пайдо мекунад ва аз рафти он беш аз 60 хабарнигор аз 42 расонаи хориҷӣ ва аз 22 кишвари инъикос хоҳанд кард.

Намояндагони кишварҳои ҷаҳони Ислом дар ин нишаст дар мавриди иқтисод, тиҷорат ва фанновариҳо суханронӣ хоҳанд кард.

Чин: Зуҳури бемории ҷадиде, ки ба раҳбарон сироят намекунад

0

Дар Чин бемории гузарандаи ҷадиде пайдо шудааст, ки ба пиндори мақомоти ин кишвар ба ҷуз раҳбарони сатҳи олии кишварҳо ба ҳамаи дигар намояндаҳои ҳайатҳои расмӣ сироят хоҳад кард.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн, Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин ва бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян дар шаҳри Пекин мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар рафти ин вохӯрӣ “ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардида”, ва “масоили татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохториро баррасӣ карда, ҷиҳати рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, кишоварзӣ, тиҷорати электронӣ, сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.”

Котиботи расмии Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар рафти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ван Хунин “ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амниятро муҳокима карданд.”

Низ таъкид мешавад, ки Президенти Тоҷикитон ва Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин дар робита ба “ҳамкории парламентҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ” гуфтугӯ карданд.

Ҳамзамон дар рафти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян “масоили робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ муҳокима гардид.”

Ҷолиб он, ки дар ҳар се аз ин мулоқотҳо, ки ҷову макон ва дар толорҳои алоҳида баргузор гардидаанд, дар аксу наворҳои нашршуда аз ин мулоқотҳо дида мешавад, ки тамоми аъзои ҳайатҳои ширкаткунанда дар рӯи худ ниқоб (моск) пӯшидаанд, вале Эмомалӣ Раҳмону Ли Тсян, Хан Чжэн ва Ван Хунин гоҳе дар садри маҷлис ва гоҳе байни ҳайтаҳо бидуни ҳаргуна тарсу ҳарос аз сироятёбӣ ба ин гуна бемориҳои номаълум бидуни ниқоб нишаста, суҳбат мекунанд.

То замоне, ки ин матлаб таҳия мешуд на ҷониби мақомоти Чин, ки ҳамчун кишвари мизбон ба тамоми афроди ширкаткунанда дар ин дидорҳо дастур додаст, ки бояд ниқоб бипӯшанд ва на ҷониби мақомоти Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳайати меҳмонон дар он нишастҳо ҳузур доранд, ба сурати расмӣ ин қазияро ба расонаҳо шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, субҳи дирӯз Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Нишасти сарони кишварҳои “Чин+Осиёи Марказӣ” дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар тавассути ҳавопаймое, ки бо қимати 92 миллион доллар мудодили амрикоӣ, муодили беш аз 1 миллиарду 4 миллон сомонӣ, ки бо пули буҷаи давлат аз Мексика барои сафарҳои худаш харидааст, ба Чин сафар кард.