15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 337

Рӯзи сеюми Ҷоми ҷаҳон-2022

0

Рӯзи сеюми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бо шикасти ғайримунтазири мунтахаби Аргентина аз мунтахаби Арабистони Саудӣ оғоз ёфт.

Дар рӯзи сеюми Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар 4 бозӣ дар гурӯҳҳои “С” ва “D” баргузор шуд. Бозии аввал миёни мунтахабҳои Аргентина ва Арабистони Саудӣ сурат гирифт. Аргентина, ки яке аз дастаҳои қавӣ ва беҳтарини ин қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад, аз саудиҳо ба ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Дар нимаи аввали бозӣ тӯбро аз пеналти капитани аргентиниҳо, ҳамлагар Лионел Месси ба нишон расонда, ҳисобро боз кард. Дар давоми бозӣ ба футболбозони Аргентина муяссар шуд, ки се тӯби дигарро ба нишон расонанд, аммо гол ҳисобида нашуданд, чун доварон ҳолати офсайд ё вайрон кардани қоидаи бозиро ба қайд гирифтанд.

Дар нимаи дуюми бозӣ, футболбозони  Арабистони Саудӣ Ал-Шеҳрӣ Солеҳ (дақиқаи 49) ва Ал-Доссарӣ Салим (дақиқаи 53) ду голро ба самар расонида, Аргентинаро шикаст доданд.

Дар ҷараёни бозӣ сардовар ба шаш бозигари саудиҳо корти зард нишон дод.

Гуфта мешавад мунтахаби Аргентина пеш аз ин дар 36 бозии гузашта бохт надошт ва яке аз дастаҳои бартари Ҷоми ҷаҳон 2022 ба шумор меравад. Шикасти Аргентина барои мухлисони футбол ғайриинтизор буд.

Лозим ба зикр аст, ки Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдулазиз 23-уми ноябрро барои шаҳрвандонаш ҳамчун “таҷлил аз пирӯзии футболбозон” дар ин кишвар рӯзи истироҳат эълон кард.

Вохӯрии дуюм миёни мунтахабҳои Дания ва Тунис бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар ин бозӣ футболбозони даниягӣ бар тунисиҳо бартарӣ дошта, 61 дарсад тӯбро дар пои худ дошта бар сӯи дарвозаи Тунис 6 бор заданд, аммо бозигарони Тунис низ бозии хуб нишон дода, нагузоштанд даниягиҳо ҳисобро боз кунанд.

Бозии сеюм миёни мунтахабҳои Мексика ва Лаҳистон низ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Лаҳистониҳо метавонистанд дар ин бозӣ пирӯз шаванд, аммо дарвозабони мексикоӣ Гилермо Очоа дар дақиқаи 58-ум пеналтии задаи ҳамлагари “Барселона” ва капитани дастаи мунтахабаи Лаҳистон Роберт Левандовскиро гардонд.

Бозии чорум миёни тимҳои Фаронса ва Австралия сурат гирифта, дар дақиқаи 9-ум бозӣ австролиёӣ Гудвин тӯбро ба нишон расонд ва ҳисобро боз кард.

Аммо аз дастаи мунтахаби Фаронса Рабё дар дақиқаи 27, Жиру дар дақиқаҳои 32 ва 71 ва Мбаппе дар дақиқаи 68 ба дарвозаи Австралия гол зада, ба мунтахаби Фаронса пирӯзӣ оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои гузашта Англия Эронро бо ҳисоби 6:2, Ҳолланд Сенегалро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, мизбони Ҷоми ҷаҳон-2022 аз Эквадор бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Танҳо бозии Амрико ва Уэлс мусовӣ 1:1 ба охир расид.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 зодаи Бадахшонро ба ҳукми абад маҳкум кард

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22-юми ноябри соли ҷорӣ панҷ зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ҳукми абад ва чанд тани дигарро ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Толиб Аёмбеков, Шерҷонов Наҷмиддин, Ниёзшо Гулобов ва Мунаввар Шанбиев

Бино ба иттилои Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, Толиб Аёмбеков, Наҷмиддин Шерҷонов, Имумназар Шоширинов, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобов ҳукми абад гирифтаанд.

Инчунин Ҳамза Муродов, Оқил ва Аноятшо Айёмбековҳо, бародарони яке аз раҳбарони ғайрирасмии ВМКБ Толиб Аёмбеков ба муҳлати 30 сол ва бародарзодааш Мамадамон Аёмбеков барои 10 сол равонаи зиндон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар дод, ки Мамадалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков (соли 2019 дастгиру муҳокима шуда буд) дар умум ба 22 сол зиндон, Иноятшо Иноятшоев, сокини маҳалаи “Хлебзавод”-и шаҳри Хоруғ ба 15 сол, Умед Шоиширинов, бародари хурдии Имум Шоиширинов ба 30 сол ва Муяссар Соҳибназаров, сокини маҳаллаи “Гулакен” ба 30 сол зиндон маҳкум шудаанд.

То ҳол маълум нест, ки мурофиаи додгоҳии ин зодагони Бадахшон дар куҷо ва дар чӣ шароите баргузор шудааст ва онҳоро мақомот ба кадом моддаҳо айбдор кардаанд. Одатан ин гуна мурофиаҳо дар боздоштгоҳ пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Гуфта мешавад, мақомот Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродовро соли 2013 дар куштори генерал Абдулло Назаров гунаҳкор дониста, ба муҳлати 17 ва 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда буданд ва ҳарду муддати 11 сол аст, ки дар зиндон қарор доранд. Маълум нест чаро мақомот ба муҳлати зиндони онҳо боз чанд солии дигар илова кард.

Пештар аз ин Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писари 33-солаи Толиб Аёмбеков, рӯзи 5-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби додгоҳи вилоятӣ ба ҳукми абад маҳкум шуда буд.

Додгоҳ ҳукми Ғуломалиро пушти дарҳои баста эълон карда, ӯро бо 5 моддаи Кодекси ҷиноиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “куштор” (қатли генерали КДАМ Абдулло Назаров дар соли 2012), “авбошӣ”, “нигоҳ доштани силоҳ” ва “муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо” гунаҳкор донистааст.

Ғуломалӣ ва Ҳасаналӣ (писарони Толиб Аёмбеков)

Кормандони КДАМ-и вилоят Ғуломалиро рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ ҳамроҳи бародари хурдиаш Ҳасаналӣ боздошт кардаанд.

Додгоҳи вилоятӣ баъди як ҳафтаи боздошт, Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-солара ба айбҳои “авбошӣ” ва “нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ғуломалӣ ва Ҳасаналӣ Абдураҳмоновҳо дар рафти мурофиаҳо иттиҳомоти нисбаташон эълоншударо рад карда, гуфтаанд, ки ин ҷиноятҳоро содир накардаанд.

Наздиконашон боздошт ва ҳукми додгоҳро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд ва онро ба идомаи саркӯбҳои мақомоти тоҷик алайҳи мардуми Бадахшон рабт додаанд.

Бародари Ниёзшо Гулобов, Азим Гулобов

Инчунин додгоҳ бародари Ниёзшо Гулобов, Азим Гулобовро ба узвият дар созмони ҷиноӣ ва қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир гунаҳкор дониста, ба 18 соли зиндон маҳкум карда буд. Худи Азим Гулобов дар додгоҳ ин иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо рад кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин ҳукмҳои тӯлонӣ алайҳи зодагони Бадахшонро мисли ҳамеша шарҳ намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки мақомот раҳбарони мардумии Бадахшон – Толиб Аёмбеков, Шанбиев Мунаввар, Гулобов Ниёзшо ва дигаронро рӯзҳои 11-12-уми июн боздошт карда, онҳоро “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ” номида буд.

Гуфта мешавад, нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалаъа дар 25-11-2021 оғоз шуда буд ва то аввали моҳи июни соли 2022 идома кард.

Дар ин муддат чанд дафъа сокинони маҳаллӣ барои додхоҳӣ ба назди мақомот рафтанд ва эътироз карданд, вале аз ҷониби силоҳбадастони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мавриди ҳамла ва ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Мақомот ин эътирози осоиштаи сокинонро баҳона намуда, даст ба “амалиёти махсус” зада, ки дар натиҷа даҳҳо сокини оддӣ ва чанд тан аз раҳбарони мардумии ин вилоятро ба тарзи ваҳшиёна ба қатл расонданд.

Инчунин даҳҳо зоддаи ин вилоят бо ҳукмҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд ва инчунин нафарони зиёди дигарро аз Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда, ҳамаи онҳоро равонаи зиндон карданд.

Додгоҳи Душанбе шикояти ду рӯзноманигори зиндониро баррасӣ мекунад

0

Шикояти ду рӯзноманигори тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро аз болои ҳукми додгоҳ, ки якумиро ба 10 ва дуюмӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум кара буд, додгоҳи шаҳри Душанбе баррасӣ мекунад.

Саъдулло Қаюмзода, вакили мудофеи Далери Имомалӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “имрӯз, 22-уми ноябр маводи парвандаро аз Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристанд. Ҳафтаи оянда мурофиаро таъин мекунанд.”

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ гуфтааст, ки  “додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ин ҳафта парвандаро ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристад.”

Маълум нест Додгоҳи шаҳри Душанбе чӣ тасмим мегирад. Аммо дар аксар ҳолатҳо ҳукм бетағйир боқӣ монда мешавад. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки зиндониёни сиёсӣ аз бурдани шикоят ба зинаҳои болоӣ даст кашида буданд.

Гуфта мешавад, дар сурати бетағйир мондан, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба иҷро медарояд ва ду рӯзноманигорро аз боздоштгоҳ ба зиндон хоҳанд бурд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар пайи як амалиёти махсуси мақомот ҳамроҳи чанд рӯзноманиги дигар боздошт шуда буданд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябр ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гурӯҳҳои мамнуъ айбдор ва ба 7, 5 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот Далери Имомалиро 17-уми октябри соли ҷорӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон карданд. Ин ду рӯзноманигори шинохта иттиҳомоти мақомотро рад карда буданд. Ҳатто созмонҳое, ки ба узвият дар онҳо муттаҳам мешаванд, аз ҷумла ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” ҳамкорӣ бо ин рӯзноманигоронро рад карданд.

Ҳамсарони Абдуллоҳ ва Далер ба Президент нома навишта, хостори озодии наздиконашон шуда буданд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус шуморе аз рӯзноманигорон ва блогероне, ки каму беш аз мушкилоти мардум мегуфтанд ва камбуди фаъолияти масъулонро фош мекарданд, боздошту бо баҳонаҳои сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Дар пайи зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.

Заминларзаи шадид дар Индонезия ҷони беш аз 160 касро гирифт

0

Дар натиҷаи заминларазаи шадид дар ҷазираи Яваи Индонезия дасти кам 162 нафар кушта ва беш аз 700 нафари дигар захмӣ шудааст.

Ба гузориши расонаҳо, заминлараза рӯзи душанбе, 21-уми ноябр рух дода, ба 5,6 дараҷаи рихтер баробар буд.

Гуфта мешавад, ба сабаби вайрону валангор шудани хонаҳо ва роҳҳои бузурги мошингард имдодрасонҳо сари вақт ба ҷойҳои ҳодиса расида наметавонанд ва ин боиси афзоиши шумори кушаташудаҳо мегардад.

Индонезия аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ дар ҳалқаи вулқонии минтақаи Уқёнуси Ором ҷойгир аст, ки зад-зуд заминларзаҳои шадид харобиоварро мушоҳида мекунад. Аз ҳама харобиовартарин заминларза дар ин кишвар соли 2004 дар ҷазираи Суматра рух дод, ки қудрати он 9,1 дараҷаи рихтерро ташкил дод ва дар натиҷа сунамиро ба вуҷуд овард, ки 14 кишварро фаро гирифт ва тақрибан ҷони 226 ҳазор нафарро гирифт, ки нисфи онҳо шаҳрвандони Индонезия буданд.

Рӯзи дуввуми Ҷоми ҷаҳон-2022

0

Дар рӯзи дуввуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки дар давлати Қатар ҷараён дорад, 3 бозии дигар баргузор гардид.

Ин рӯз бо пирӯзии бузурги тими Англия бар Эрон бо ҳисоби 6:2 оғоз шуд.

Бозигарони мунтахаби Эрон вақте суруди миллиашон садо медод аз замзама кардани он худдорӣ карданд. Ба гузориши баъзе аз расонаҳо, бо ин роҳ бозигарон пуштибонии худ аз эътирозгарони дохили кишварашонро нишон доданд.

Ҳамчунин футболбозони тими миллии Англия бо зону задан аз ҳаракати Black Lives Matter (харакати чамъиятии зидди нажодпарастӣ ва зӯроварӣ ба муқобили сиёҳпустон,) пуштибонӣ карданд.

Аллакай дар дақиқаи ҳаштуми ин бозӣ, Эрон аз дарвозабони асосии худ Алиризо Бейранванд маҳрум шуд. Дарвозабони эронӣ бо ҳимоятгар Маҷид Ҳусейнӣ рӯ ба рӯ бархӯрд ва аз ҳуш рафт. Пзишкон ба ӯ бештар аз даҳ дақиқа ёрӣ расонданд. Дар натиҷа Алиризо бозиро идома дода натавонист ва ба ҷои ӯ Ҳусейн Ҳусейнӣ вориди майдон шуд.

Бар асари осеби Бейранванд довар Рафаэл Клаус ба қисми аввали бозӣ 14 дақиқа илова кард ва ин қисми вохӯрӣ бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Ба қисми дуюми вохӯрӣ даҳ дақиқаи дигар илова карда шуд.

Дар натиҷа дастаи Эрон аз дастаи Англия 6 бар 2 мағлуб шуд. Ҳарду голи мунтахаби Эронро Меҳдӣ Таремӣ (якеаш аз пеналтӣ) ба нишон расонд.

Карлуш Кейруш, мураббии мунтахаби Эрон пас аз ин бозӣ аз бозигаронаш ҳимоят ва рафтори мухлисонашро танқид кард.

Карлуш Кейруш, мураббии мунтахаби Эрон

“Шумо дидед, ки имрӯз чӣ шуд. Чаро онҳо [мухлисҳо] ба ин ҷо омаданду моро дастгирӣ накарданд? Агар дар хона мемонданд, хеле беҳтар мебуд. Мо ба онҳо ниёз надорем. Бозигарон ҳама чизро эҳсос мекунанд ” гуфт Карлуш.

Пас аз як соат аз анҷоми бозии тимҳои Эрон ва Англия бозии Сенегал ва Ҳолланд оғоз шуд. Ин бозӣ ба фоидаи Ҳолланд бо ҳисоби 2:0 анҷом шуд. Дар дақиқаи 84 ва 99 Коди Гакпо ва Дэви Классен гол заданд.

Инчунин бозии дигар миёни мунтахабҳои ИМА ва Уэлс баргузор гардида, ҳарду тим ба дарвозаҳои якдигар як голӣ заданд. Дар дақиқаи 36-ум ҳисобро аз Амрико Тимоти Веаи 22-сола боз кард. Тимоти Веа ҳамлагари дастаи “Лилл”-и Фаронса буда, писари барандаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 1995 ва президенти феълии Либерия Ҷорҷ Веа мебошад.

Дар дақиқаи 81-ум Гарет Бэйл аз Уэлс пеналтиро ба ҳадаф расонда, ҳисобро баробар кард.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар далати Қатар аз 20-уми ноябр оғоз шуда, финали қаҳрамонӣ рӯзи 18-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки дорои 80 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон аст, баргузор хоҳад шуд.

Дар аввалин бозии Ҷоми ҷаҳон 2022 дастаи мунтахаби Қатар, ки мизбони ин бозиҳост аз тими Эквадор бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Раҳмон бо Наришкин масоили аминятиро баррасӣ кард

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22-уми ноябр бо Директори Хадамоти разведкаи берунии Русия Сергей Наришкин дар Душанбе масоили амниятиро баррасӣ кард.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Тавре Хадамоти матбуоти Президент хабар дод, ҷонибҳо масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар “самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ“-ро таъкид карданд.

Инчунин гуфта мешавад, Раҳмон бо Наришкин муқовимат бо хатарҳоеро баррасӣ карданд, ки ба “тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд“.

Раҳмон бо намояндаи Русия дар ҳоле таҳкими ҳамкорӣ дар масоили амниятӣ вобаста ба “терроризм” ва “идеологияи тундгароии динӣ”-ро баррасӣ мекунад, ки давоми 6-7 соли ахир шаҳрвнадони зиёде бо ин иттиҳомот бо дархости мақомоти тоҷик аз Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардиданд. Ба хусус дар ин ҷанд моҳи ахир ин раванд шиддат гирифтааст. Пайвандони онҳо борҳо иттиҳомоти эълоншудаи мақомотро рад карда, онро ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва динии назидконашон рабт додаанд.

Дар ҳамин ҳол аксари созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ борҳо аз чунин амалкарди мақомоти тоҷик интиқод кардаанд. Ба иддаои онҳо, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо баҳонаи “мубориза бо терроризм” ва “ифротгароии динӣ” нафарони зиёдеро, ки аз ҳукуматдории ӯ норозиянд, боздошт ва бидуни муҳокимаҳои одилона зиндонӣ мекунад.

Ҳунарманди маъруфи эронӣ (Зулайхо) боздошт шуд

0

Катоюн Риёҳӣ, бозигари синамо ва телевизиони Эрон, ки дар серёли “Юсуф паёмбар” нақши Зулайхоро бозида буд, аз ҷониби нерӯҳои амниятии ин кишвар боздошт шудааст.

Тавре расонаҳои давлатии Эрон шоми якшанбе хабар доданд, хонум Риёҳӣ қаблан дар ҷустуҷӯ қарор дошта, шоми якшанбе дар шаҳристони Обики вилояти Қазвин аз дохили вилои худ боздошт шудааст.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Форс“-и Эрон, мақомоти додгоҳии Қазвин хонум Риёҳиро ба “интишори матолиби таҳрикомез дар ҷиҳати ҳимоят аз эътирозгарони хиёбонӣ” муттаҳам кардаанд.  

Мақомоти додгоҳии Қазвин гуфтаанд, ки хонум Риёҳӣ пас аз изҳори назар ва интишори матолибаш дар ҳимоят аз эътирозгарон дар шабакаҳои маҷозӣ ба додгоҳ даъват шуда буд, аммо ӯ ҳозир нашуд. Бинобар ин, ӯро дастгир карданд.

Ин ҳунарманди эронӣ аз оғози эътирозоти хиёбонӣ ҳимояти худро аз мардум эълон кард ва чанде пас бо ҳимоят аз эътирозгарон ҳиҷобашро низ бардошт.

Ӯ моҳе пеш дар мусоҳиба бо телевизиони “Эрон интернешнл” бори дигар ҳимояти худро аз мардум таъкид кард ва афзуд, ки ӯ ҳиҷобашро кашф накардааст, балки ҳиҷ вақт ба ҳиҷоб набудааст. Ӯ гуфт: “Солҳост, ки моро бо ҳиҷоб нишон медиҳанд, вале ин ҳақиқат надорад, ман ҳич вақт ба ҳиҷоб набудам“.

Ин ҳунарманди эронӣ пас аз нашри серёли “Юсуф паёмбар” дар Тоҷикистон низ маъруф шуд. Ва мардум ӯро бо номи Зулайхо – нақше, ки бозидааст, пештар мешиносанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз сафири Украина нусхаи эътимоднома гирифт

0

Тоҷикистон дар сафи кишварҳое қарор гирифта, ки дар ҳолати бурузи заъфҳои Русия мехоҳанд пила-пила вобастгиҳои худ аз Кремлинро камтар кунанд.

Имрӯз, 21-уми ноябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон худаш дар қасри Миллат аз сафири навтаъйин, фавқулъода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома гирифт.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйин, фавқулъода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Сириҷоддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кившар ва муовини ӯро ҳам ба қасри Миллат даъват карда, дар ҳузури сафирони кишварҳои ғарбӣ ҳамсӯйии худ бо Украинаро ба намоиш гузошт.

Вақте Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сафирони Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ нахуст нусхаи эътимодномаи сафири Украинаро қабул кард, ин маъноро дорад, ки вай гуфтан мехоҳад, ҳар чанд ба хотири нараҷондани Русия то ҳол дар қазияи Украина хомӯш аст, вале бо ин вуҷуд, Киев барои Душанбе хеле аҳамият дорад ва ҷойгоҳи Украина дар Тоҷикистон бузугтар аз хеле давлатҳои дигар аст.

Ин эъломи ҳамсӯйӣ, қаробат ва ё дилсӯзӣ бо Украина дар замоне аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар малаи ом ва пеши дурбинҳои расонаҳо баргузор мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо гузашти беш аз 8 моҳ аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина то кунун ошкоро ва ба сурати расмӣ дар бораи ин ҳамлаҳои хунин ва даҳшатбор мавзеъгирӣ накардааст.

Аз сӯи дигар, ин кори Эмомалӣ Раҳмон ин паёмро ҳам метавонад дар худ дошта бошад, ки вай ба Кремлин гуфтан мехоҳад, вақте Маскав наметавонад ба хостаҳои Душанбе посухи мусбат диҳад, дасти тоҷикистониҳо ҳам баста нест, ба хотири ба даст овардани манофеи дӯстони аврупоияш метавонад аз корди Украина ҳам хеле хуб истифода кунад.

Гуфта мешавад, ҳар чанд дар зоҳир муносибатҳои Тоҷикистону Русия хеле хуб арзёбӣ мешавад, аммо пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз сафири Украина ҳамон суҳбатҳои ду моҳ пеши ӯро дар Самарқанд бо Владимир Путин ба ёд меорад, ки бо гилояҳои зиёде гуфта буд, ки Маскав дар рӯйкарди муносибатҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон таҷдид назар кунад ва ӯро бояд эҳтиром намояд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Тошиев: Мо бо Тоҷикистон забон ёфта истодаем

0

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи шанбе, 19-уми ноябр гуфт, ки аллакай бо ҷониби Тоҷикистон дар мавриди баҳсҳои марзӣ ба баъзе тавофуқот даст ёфтаанд.

Ба гузориши расонаҳои қирғизӣ, раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҷузъиёти сафараш ба Тоҷикистон ва чӣ гуна пеш рафтани раванди музокироти ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории нуқтаҳои баҳсбарангези марзи давлатӣ гуфтааст.

Тошиев раванди музокирот бо ҷониби Тоҷикистонро “хуб” арзёбӣ карда, мегӯяд, ки дар дидори ахираш бо намояндагони тоҷикистонӣ дар Душанбе ба баъзе масъалаҳое тавофуқ ҳосил шуда, ки қаблан мушкил буд.

“Мо кӯшиш дорем, ки масъаларо ҳал кунем. Агар пештар мо ин корро карда наметавонистему хама дар мавқеи худ истодагарӣ мекард ва таслим намешуд, акнун мо барои ҳалли масъалаҳо забон ёфта истодаем. Ҳоло ба гузашт кардан омодаем. Мо ба онҳо пешниҳод мекунем, ки шумо ин заминро гиред ва мо онро мегирем.”, – мегӯяд Тошиев.

Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки дар ояндаи наздик аз Тоҷикистон як ҳайати бузурги корӣ ба Қирғизистон мераванд.

Раиси КДАМ-и Қирғизистон мегӯяд, ки пас аз омадани ҳайати Тоҷикистон созишномаҳоро имзо мекунанд ва сипас он дар “Жогорку Кенеш” (парлумони Қирғизстон) баррасӣ мешаваду дар ниҳоят президентҳо онро имзо хоҳанд кард.

Ёдовра мешавем, ки чанде пеш президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ гуфта буд, ки дар бораи Чоркӯча байни кишварҳо созишномае ба имзо расидааст.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон аз ҷузъиёти гуфтушуниди ахири ҳайатҳои кории ду кишвар дар мавриди баҳсҳои марзӣ чизе ба хабарнигорон шарҳ надодаанд.

Кушодашавии Ҷоми ҷаҳон-2022 ва шикасти мизбон дар бозии аввал

0

Шаби 20-уми ноябр маросими кушодашавии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар варзишгоҳи “Ал-Байт”-и Қатар баргузор гардид.

Гуфта мешавад ин аввалин Ҷоми ҷаҳонии футбол дар таърихи як кишвари арабӣ ва исломӣ аст ва дар он бо вуҷуди ихтилофоти байни якдигар аксари раҳбарони кишварҳои исломӣ ҳузур пайдо карданд.

Дар кушодашавии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар баробари амири Қатар, шайх Тамим ибн Ҳамд ибни Халифа ва падараш Ҳамд ибн Халифа ва раиси FIFA Ҷанни Инфантино, инчунин Муҳаммад ибн Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, Абдуллоҳ II ибн Ҳусейн подшоҳи Урдун, Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср, Абдулмаҷид Таббун, раисҷумҳури Алҷазоир, президенти Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва раиси Ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ширкат доштанд.

Дар маросими кушодашавӣ қорӣ ва варзишгари маъюб Ғоним Мифтоҳ дар ҳузури ҳунарманди шинохтаи Ҳоливуд Морган Фриман аз Қуръон оятеро тиловат кард.

Яке аз ангезаҳои асосии ин маросим, нишон додани ягонагии тамоми мардум, сарфи назар аз тафовути ранги пӯст, фарҳанг ва ғайра буд.

Инчунин дар ин маросим намоишу рақсҳову мусиқиҳои зиёде нишон дода шуда, Чон Ҷон Гук, сарояндаи гурӯҳи BTS мусиқии зиндаро иҷро карда, дар идомаи Фаҳд Алкабисӣ хонандаи қатарӣ ҳам ба ӯ пайваст ва таронаеро бо ҳам хонданд.

Дар охир амири Қатар суханронии кӯтоҳе карда, ҳозиринро хушомад гуфт.

Тамошобинон ва иштирокдорони ин маросим мегӯянд, ки дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол ин зеботарин маросими кушодашавӣ буд.

Дар аввалин бозии Ҷоми ҷаҳон 2022, ки баъд аз маросими кушодашавӣ шуруъ шуд, дар он дастаи мунтахаби Қатар, ки мизбони ин бозиҳост аз тими Эквадор бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Гуфта мешавад, бори аввал аст, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол моҳҳои ноябр – декабр доир мегардад.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Финали қаҳрамонӣ рӯзи 18-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки дорои 80 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон аст, баргузор хоҳад шуд.