Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шудааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафтааст.

Субҳи имрӯз, 03-уми октябри соли 2022 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи камтар аз 3 соат аз 2 мактаб ва 3 хоҷагии деҳқонӣ дидан кардааст.
Ба қавли манбаъ, субҳи имрӯз соати 8:30 сафари
Ҳамзамон соати 8:55 дақиқаи субҳи имрӯз Хадамоти матуботи Президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, ки “Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Ислом” ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ” оғоз бахшидааст. Инчунин соати 10:30 дақиқаи имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки “Эмомалӣ Раҳмон аз боғи ангури навъи “Шоҳона”-и Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур, ки ҳоло бомаром идома дорад, шинос шуданд.” Дар ҳамин ҳол соати 11:12 дақиқаи имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки “Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонов бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92 ба номи Камолиддин Мадумаровро ба истифода доданд.” Бо ин вуҷуд, соати 11:17 дақиқаи субҳи имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон панҷумин хабари худро аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода нашр карда, гуфтааст, вай “бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии “Ватан” шинос шуданд.” Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ин панҷ хабаре, ки аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода дар зарфи 167 дақиқа нашр кардааст, дар тамоми ин хабарҳо як ҷумлаӣ дар аввали матлабҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он рафт ва як ҷумлаӣ дар охири онҳо дар хусуси таҳсин ва супоришҳояш гуфтааст ва дигар тамоми маълумоти дарҷ гардида дар бораи ин ду мактаб ва се хоҷагии деҳқонӣ мебошанд. Ҷолиб он, ки масофа байни ин панҷ объекти мавриди назар, ки Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз ба он ҷойҳо сафар кардааст, наздик нест. Тамоми онҳо дар минтақаҳои алоҳидае дар шаҳри Турсунзода қарор доранд. Рафтан аз як мавзеъ ба дигаре, он ҳам дар шаҳри Турсунзода вақт мехоҳад. Аммо тавре, ки дар ин матлабҳои панҷгона Хадамоти матуботи Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷойҳо рафта, дар он ҷойҳо дар маросимҳои вижае низ ширкат карда ва дастуру супоришҳое ҳам додааст, ба таваҷҷуҳ ба барриси замони ин рӯйдодҳо мантиқан сиҳат доштани бахше аз гуфтаҳои котиботи Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус зери шубҳа қарор мегиранд. Бо ин вуҷуд, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ки то ҳол тибқи корҳои маъмулиаш даҳҳо аксу наворҳо аз сафарҳо, нишастҳо ва мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон нашр мекард, вале имрӯз бар хилофи ин қоидаҳои кории худ то замони таҳияи ин матлаб танҳо чанд аксе аз ифтитоҳи бинои мактабе дар саҳфаи фейсбукиаш нашр карда, вале дигар ҳеч аксу наворе аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода то ҳол нашр накардааст. Гуфта мешавад, ин хабарҳо дар ҳоле нашр мешаванд, ки ҳафтаи гузашта раҳбари ҳаракати сиёсии “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев пас аз 11 рӯзи бедарак шудани Эмомалӣ Раҳмон аз саҳнаҳои сиёсӣ хабар дода буд, ки Президенти Тоҷикистон бемор шудааст. Аммо он замон бархе манобеи Azdo tv дар Ҳукумати Тоҷикистон хабари бемор будани онро рад карда буданд, вале бо ин ҳол баъд аз чанд рӯзи дигар, бархе аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо ва низ бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон ва Узбекистон ҳам гуфта буданд, ки Президенти Тоҷикистон вафот кардааст. Вуҷуди ин ҳама зиду нақизҳо ва берабтиҳо дар матолиби нашр кардани Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ва овозаҳои таъйид нашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ акнун ин суолро дар зеҳнҳо барҷаста мекунад, ки оё имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зиндаву саломат аст ва имрӯз ба шаҳри Турсунзода рафт ё нарафт? Амруллоҳи Низом, махсус барои Azdo tv
Ба гузориши мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ин вилоят нақшаи даъвати сарбозон дар як рӯз пас аз эълони он иҷро шудаст.

Ҳамзамон мақомоти шаҳри Исфара низ хабар додаанд, ки дар як рӯз нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш комилан иҷро шудааст.
Гуфта мешавад, дар водии Рашт низ нақшаи даъвати наваскарон ба артиш аз 100% ҳам бештар иҷро шудааст. Тавре “Ховар” хабар медиҳад, даъвати тирамоҳии сарбозон ба артиш дар рӯзи аввал, яъне 1-уми октябр “дар ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 101%, Нуробод 101% ва Рашт зиёда аз 100 фоиз”-ро ташкил кардааст.

Дар даъвати баҳории сарбозон ба артиш низ чунин хабарҳо нашр шуд, ки баъзе навоҳии кишвар, аз ҷумла ВМКБ дар як рӯз нақшаи даъватро иҷро карданд. Аммо баъдтар дар шабкаҳо наворҳое нашр шуд, ки нишон медод, бо вуҷуди иҷро шудани нақшаи даъват дар ноҳияҳои кишвар боз ҳам “Облава” идома дорад.
Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми даъвати наваскарон ба артиш анъанаи сарбозшикор ё худ “Облава” оғоз мешавад. Солҳои ахир чунин ба назар мерасад, ки барои ин гурӯҳ салоҳиятҳои хеле васеъ дода шудааст, ки ҳатто хонаҳои мардум шаб ё рӯз бидуни пурсиш ворид мешаванд ва ё ҳатто аз донишгоҳҳо донишҷӯёнро боздошт карда, зӯран ба артиш мебаранд. Бо вуҷуди ин ҳама қонуншиканиҳои маъмурони низомӣ, Ҳукумат вуҷуди чунин хилофкориҳоро инкор мекунад ва омода нест пеши онро бигирад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони пешакии расиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даъвати сарбозон ба артииш аз 1-уми октябри соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар оғоз ёфт.
Буҳрони имрӯза дар Русия оқибатҳое метавонад дошта бошад, ки дар низоми қудратҳои минтақа ва ҳатто ҷаҳон тағйироти бузурге ворид кунад.

Агарчи бояд дар назар дошт, ки Русия имкон дорад дар ин ҷанг ғолиб шавад ва Украинаро қисман ё пурра ба тасарруфи худ дарорад, ба назари мо ин ҳолат аз воқеият дур буда, дар ояндаи дарозмуддат имконияти воқеъ шуданаш 10% ҳам нест. Гумони ғолиб бар он аст, ки Русия мағлуб мешавад. Аз ҷумлаи сенориёҳои мағлубшавии Русия, ки дар оянда метавонад ҷой дошта бошад, ба таври зер аст:
1.Мағлуб шудани Русия дар ҷанги Украина ва фурӯпошии он.
Дар ҷанг мағлуб шудани Русия ба назари ҷомеаи ҷаҳонӣ аллакай ба як воқеият мубаддал шудааст. Тамоми ҷаҳон – ба ҷуз чанд кишвар, тарафдори Украина шуда, кишварро бо маблағҳои зарурӣ, дастгирии дипломатикӣ ва аслиҳаи замонавӣ таъмин карда истодаанд. Эълон кардани “басиҷ” дар Русия низ ба он ишора мекунад, ки мағлуб шудани артиши рус дар ин кишвар наздик аст ва бо талафоти бешуморе дучор шудааст. Русия акнун қувваҳои охирини худро ҷамъ карда, зарбаи охирини худро омода карда истодааст. Дар ҳолати ноком шудани ин нақша мағлубияти комили Русия аз воқеият дур нест.
Дар ҳолати мағлуб шудани Русия ва заиф шудани ҳукумати марказӣ, дур нест, ки ҷумҳуриятҳо ва минтақаҳои Русия мустақил шуданро баррасӣ кунанд. Дар қаламрави Русия имрӯз 22 ҷумҳурӣ, 4 минтақаи худмухтор, 1 вилояти худмухтор, 85 субъекти федеративӣ ва 46 вилоят вуҷуд дорад. Русия бори аввал нест, ки бо ҷудоихоҳӣ (сепаратизм) дучор мешавад. Солҳои навадум, ки он вақт низ ҳукумати марказӣ заиф шуда буду Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, ҷумҳуриҳои Русия, аз қабили Доғистону дигар ҷумҳириҳои Қафқоз барои ҷудо шудан талош карда буданд. Чеченистон ҳатто аз муддате истиқлолияти худро эълон карда буд. Рӯҳияи ҷудоихоҳӣ дар ҷумҳуриҳои Ингушетия, Тува, Тотористон, Бошқирдистон, Якутия ва Бурятия низ хеле қавӣ буданд. Ҳатто дар минтақаҳои аксаран руснишине чун вилоятҳои Калининград ва Кемерово, минтақаи Урал ва Шарқи Дур даъвоҳои ҷудоихоҳӣ хеле қавӣ буданд. Вале минбаъд бо қавӣ шудани ҳукумати марказӣ ва сиёсати диктотуриву саркӯбкунандаи Путин чунин даъвоҳову талошҳо бераҳмона пахш карда шуданд.
Соли 2019 минтақаи Урал, хусусан дар Екатеринбург – яке аз бузургтарин шаҳрҳои Русия, мардум дар пайи гирдиҳамоиҳои мардумӣ бар зидди ҳукумати марказӣ мақомотро маҷбур карданд қарори вайрон кардани боғи марказии шаҳрро бекор кунанд. Боғ боқӣ монд, ҳамчунин нафрат ба ҳукумати марказӣ рӯҳияи ҷудоихоҳиро тақвият бахшид.
Соли 2020 дар минтақаи Шарқи Дур дар пасманзари дастгир шудани раиси дӯстдоштаи мардум Сергей Фургал рӯҳияи ҷудоихоҳии мардум боз ҳам бештар шуд.
Таҷрибаи пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ пас аз ҷанги ин кишвар бо Афғонистон нишон медиҳад, ки ҷанги ноҳақи ҳукумати марказӣ бо кишвари мустақили дигар ҳамеша норизогии мардуми Русияро зиёд карда, ба заиф шудани ҳукумати марказӣ ва қувват гирифтани қувваҳои марказгурез оварда мерасонад.
Дар пасманзари эълони “басиҷ”, яъне маҷбуран ба ҷанг бурдани мардону ҷавонон, қувваҳои марказгурез аллакай дар Доғистону баъзе ҷумҳуриҳои Қафқоз ва дигар субъектҳои федеративӣ зуҳур карда, сар боло карда истодаанд.
2.Инқилоби мардумӣ дар Русия
Сенориёи мантиқии дигар метавонад инқилоби мардумӣ бошад. Тақвият ёфтани рӯҳияи инқилобӣ ва тағйири ҳукумат дар пасманзари эълони басиҷи нерӯҳо аз воқеият дур нест. Зеро маҷбуран ба ҷанг бурдани мардону ҷавонон, ки тибқи даъвои мақомот 300 ҳазор низомӣ, вале тибқи пешгӯии баъзе коршиносон то ба 1 миллион мерасад, ба ҳамин миқдор хонавода бевосита таъсир хоҳад расонд. Албатта, норозигии мардумӣ оммавӣ хоҳад шуд ва оқибати онро пешгӯӣ кардан душвор аст. Дуруст аст, ки қаблан эътирози мардумӣ дар пайи боздошти Навалний дар Русия ноком шуд, вале имрӯз се нуқтаи муҳиме ҳаст, ки он замон набуд:
1. Таҳримҳои шадидтарин дар дунё, ки ададашон наздик ба 10 ҳазор расидааст. Барои мисол, кишваре, ки қаблан ба таҳримҳои шадид гирифтор шуда буд, Эрон аст, ки шумораашон ба 3750 мерасад.
2. Пас аз ҷанг заифии моддӣ ва маънавии ҳукумати марказии Русия хеле шадид хоҳад шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ низ пас аз ҷанги Афғонистон пош хӯрд, бори он ки ҷанг барояш вазнинӣ карда буд. Хисороти моддиву ҷониву маънавии ҷанг бо Украина хеле вазнинтар аз ҷанг дар Афғонистон хоҳад шуд. Нобуд шудани ҳазорҳо танку тӯп, ҳавопаймоҳои ҷанги ва бесарнишонҳо, марги наздик ба 60 ҳазор низомии рус, фирори зиёда аз 400 ҳазор “ақл” то замони эълони басиҷи нерӯҳо ба аритш далели ин гуфтаҳо мебошад.
3. Норозигии мардумӣ, ки ҳоло оммавӣ шудааст, зеро садҳо ҳазор ва ҳатто зиёда аз 1 миллион оиларо шомил мешавад, дар ин сатҳ ва миқёс дар таърихи навини Русия бесобиқа аст.
Шояд суоле дар зеҳни хонанда ба миён биояд, ки чӣ гуна Русия мағлуб мешавад, ки дар пахши инқилобҳо аллакай таҷрибадор шудааст, чун эътирозҳои мардумиро дар Белорусу Қазоқистон пахш карда буд, ҷавоб чунин мешавад, ки аввалан, Русия бештари қувваи худро ба Украина масраф карда истодааст, бинобар ин дар ду фронт мубориза барояш хеле душвор хоҳад шуд. Сониян, пахши эътирозҳои Белоруси аҳолияш 10-милиона ва Қазоқистони 15-милиона бо эътирози оммавии Русияи 145-милиона муқоисашаванда нест.
3.Кудатои дохилиҳукуматӣ дар Русия
Албатта, ҳамаи мақомдорони Русия хеле равшан дида истодаанд, ки чунин ҳолат ба манфиати онҳо ва фарзандонашон нест. Аксари мақомдорони Русия ба кишваҳои ғарбӣ нигоҳи мусбат доранд. Фарзандони аксари онҳо дар Аврупову Амрико таҳсил мекунанд, худи онҳо дар ин кишварҳо хонаву ҳавлӣ ва ҳатто тиҷорат доранд, ба истироҳат ва харид ба ин кишварҳо мераванд, дар бонкҳои ин кишварҳо маблағҳои худро нигоҳ медоранд ва ғайра. Бинобар ин, дур нест, ки ҷамъе аз онҳо ҳамфикр шуда, кудатое ба роҳ монанду Путинро аз вазифа гиранд ва ё ба ҳабси хонагӣ, ё зиндон равона кунанд. Дар таърихи навини Русия соли 1991 кудатое шуда буд. Он вақт мақомдорони баландмартаба мақоми давлатие бо номи Кумитаи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода (Государственный комитет по чрезвычайному положению) ташкил карда, худро зимомдори Иттиҳоди Шӯравӣ эълон карда буданд. Он вақт кудато ноком шуд. Иштирокчиёни ин кудато ягон ҷазое нагирифтанд. Суд то соли 1993 давом ёфта, баъдан ҳамаи онҳоро шомили авф кард.
Давом дорад…
Муҳаммад Раззоқӣ
Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.
Мақомоти Русия бо тарс додани баъзе аз муҳоҷирони Тоҷикистон аз онҳо хостаанд, ки ё омодаи рафтан ба ҷанг дар Украина шаванд ва ё истирдод ба Тоҷикистон.

Ирмӯз, 30-уми сентябри соли 2022 Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паёмони Миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаҳои Созмони Амният ва Ҳакории Аврупо аз бархе мақомоти Русия дар робита ба қасди эъзоми муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба ҷанг дар Украина интиқод кард.
Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон гуфт, иддае аз муҳоҷирони Тоҷикистон, ки муқими Русия ҳастанд, ба ӯ муроҷиат карда гуфтаанд, мақомоти Русия онҳоро даъват карда таъкид намудаанд, ки номи онҳо дар “феҳристи ҷинояткорон”-и Тоҷикистон аст, бояд истирдод шаванд.
Аммо мақомоти Русия ба онҳо пешниҳод карда гуфтаанд, ки “агар он муҳоҷирони тоҷик тибқи шартнома барои рафтан ба ҷанги Русия бо Украина розӣ шаванд, онҳоро истирдод нахоҳанд кард.”
Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, дар байни касоне, ки бо чунин мазмун ба онҳо муроҷиат кардаанд, на танҳо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои мухолифин ҳузур доранд, балки дигарон ҳам ҳастанд.
Гуфта мешавад, пас аз оғози эълони фармони “басиҷи умумӣ”, ки ахиран аз ҷониби Владимир Путин дар Русия имзо шуд, на танҳо муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки худи русҳо ва шаҳрвандони Русияро низ хеле сахт нигарон кардааст. Инчунин ин фармон боиси он шуда, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Русия аз кишвар фирор кунанд.
Айни ҳол дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон барқ рӯзона қатъ карда мешавад. Аммо масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани “лимит”-ро рад мекунанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухаргӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқро дар кишвар рад карда, таъкид намуда, ки ҳатто қатъи барқ дар моҳҳои оянда ҳам дар назар нест.
Аммо чандест сокинони баъзе навоҳии кишвар рӯзона аз 4 то 6 соат қатъ шудани барқ шикоят доранд. Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтаанд, ки “дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.”
Ҳамасола бо омадани фасли тирамоҳ ва пеш аз оғози сардиҳои зимистон дар тамоми Тоҷикистон, ба ҷуз пойтахту марказҳои шаҳру ноҳияҳо барқ қатъ шуда, лимити саросарӣ ҷорӣ мешавад. Вале чанд соли ахир, ба хусус пас аз ба кор даромадани ду чархаи нерӯгоҳи обӣ барқии “Роғун” мақамомти кишвар бо вуҷуди он ки барқро дар ҷумҳурӣ қатъ мекунанд, расман ҷорӣ шудани лимитро рад уврда, ҳамеша посухашон ба расонаҳо ин аст, ки “дар истгоҳҳои барқӣ корҳои таъмирӣ ҷараён дорад.”
Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҳангоми суханрониҳояш таъкид карда, ки қатъи барқ дар сармоҳои сахти зимистон барои тоҷикистониён ба “афсона” мубаддал мешавад. Вале солҳост, қатъи барқ дар Тоҷикистон ҳамоно ҷорист ва қатъ шудани барқ на ба афсона, балки ба воқеият ҳам мубаддал нагаштааст.
Президенти Тоҷикистон бо барканарии собиқ раиси ширкати “Тоҷик-Эйр” раиси ҷадидеро дар ин курсӣ таъйин кард.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон 29-уми сентябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон бо судури як қароре гуфт: “Исматуллозода Дилшод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» озод карда шавад.”
Ҳамзамон раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури қарори дигаре Шодмонзода Парвиз Абдураҳимро директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” таъйин кард.
Гуфта мешавад, Дилшод Исматуллозода 22-уми январи соли 2019 бо як қарори Эмомалӣ Раҳмон ба курсии директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” такя зада буд ва пеш аз он вай ҳамчун муовини раиси Дастгоҳи иҷрои Президенти Тоҷикистон ифои вазифа мекард.
Ширкати “Тоҷик Эйр” нахустин ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, ки моҳи майи соли 1930 ба кор оғоз кардааст, вале ба гуфтаи коршиносон, дар ин ду даҳсолаи ахир шикати “Сомон Эйр“-и Ҳасан Асадуллозода, додараруси Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷазираҳои офшорӣ сабти ном шудааст бо пуштибонии Ҳукумат ҷои пойи “Тоҷик Эйр“-ро танг карда, сабабгори қарздор шудани он гардидааст.
Субҳи рӯзи ҷумъа, 30-уми сентябри соли 2022 дар омӯзишгоҳи Коҷи шаҳри Кобул таркиши шадиде рух дод, ки дасти кам 23 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуд.

Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, ин таркиши бузург дар минтақаи ҳазоранишини Дашти Барчӣ, аз марбутоти ҳавзаи 13-уми амниятии шаҳри Кобул рух додааст.
Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, таркиш замоне рух дода, ки донишомӯзон барои супурдани як имтиҳони озмоишӣ дар як толори бузурги омӯзишгоҳи Коҷ ҷамъ омада буданд.
Холид Зидрон, сухангӯи пулиси Толибон гуфта, ки дар ин таркиш 19 нафар кушта шуда, ки 27 нафари дигар захмӣ шудаанд. Аммо расонаҳо аз манобеи худашон хабар доданд, ки дар таркиши мазкур наздик ба 100 нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар толоре, ки таркиш рух дод, маъмулан то 500 донишҷӯ ҷамъ меомад.
Гуфта мешавад, шахси муҳоҷим дар аввал нигаҳбононро гулулаборон карда, сипас дар байни анбуҳи донишҷӯён, ба хусус байни духтарон ворид шуда, худро таркондааст. Расонаҳо гуфтаанд, ки аксари қурбонинён духтарон ҳастанд.
То ҳол ҳеч гурӯҳи террористие масъулияти ин ҳамлаи маргборро ба дӯш нагирифтааст.
Гуфта мешавад, дар як моҳи ахир ин сеюмин тарккишест, ки қурбонии зиёд доштааст.
Мухолифони тоҷик дар рӯзи чоруми нишасти САҲА нисбат ба дигарон фаъолтар буда, аз кишварҳои ғарбӣ талаб карданд, ки барои пешгирӣ аз сиёсатҳои ғалати Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ фишор биёранд.

Рӯзи чоруми нишасти САҲА, ки “Таҳаммулпазирӣ ва бидуни табъиз” ном дошт дар он намояндагони мухолифон фаъол буда, панҷ нафар, аз ҷумла ду бонуи тоҷик суханронӣ карданд.
Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷик 8 соли зиндони низомаш пурзӯр талаб кардааст.

Ирмӯз, 29-уми сентябри соли 2022, бархе расонаҳои дохилӣ ба нақл аз масъулини Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳи Ғурбатӣ, хабарнигори ҷавони тоҷик пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.
Ба қавли ин манобеъ, ҷаласаи додгоҳии Абдуллоҳи Ғурбатӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор гардидааст.
Азия-Плюс мегӯяд, “пас аз анҷоми мурофиаи дуюм судя ва вакили дифои Абдуллоҳ аз шарҳи ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ намуданд. Дар мурофиаи аввал низ ба касе иҷозаи вуруд ба мурофиаро надода буданд. Танҳо ҳамсари Абдуллоҳ ҳамчун шоҳид ба мурофиа даъват гардид ва пас аз шоҳидӣ, толорро тарк намуд.”
Дар рафти ин муроифа рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва ҳимоятгари ӯ Абдураҳмон Шарифов иттиҳомоти пешниҳодаро рад кардаанд ва аз додрас хостаанд, ки барои қонеъ кардани онҳо шоҳидони иловагӣ ва наворҳои дурбинҳои мадорбастаи атрофи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансурро ҳамчун далел пешниҳод кунанд, вале додрас ин ҳамаро рад кардааст.
Қарор аст мурофиаи навбатӣ барои эълони ҳукми ниҳоии рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ 3-уми октябри соли ҷорӣ баргузор шавад.