16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 365

Боздошти вазири маориф ва илми Қирғизистон

0

Вазири маориф ва илми Қирғизистон бо гирифтани пора дар ҳаҷми калон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии ин кишвар боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Интерфакс, 28-уми сентябри соли 2022, Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дода, ки Алмазбек Бейшеналиев, вазири маориф ва илми Қирғизистон ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби мақомот боздошт гардидааст.

Ба қавли манбаъ, вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмазбек Бейшеналиев ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷм 11 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст афтодааст.

Гуфта мешавад, Алмазбек Бейшеналиев баҳори имсол ба курсии Вазорати маориф ва илми Қирғизистон таъйин шуда буд. Боздошти вазири маориф ва илми Қирғизистон тавассути нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилӣ сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, алайҳи вазири маориф ва илм парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Эмомалӣ Раҳмон аз “Шаҳрванди фахрии пойтахти Қирғизистон” маҳрум мешавад

0

Шӯрои шаҳри Бишкек талош дорад Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро аз унвони “Шаҳрванди фахрии пойтахти Қирғизистон” маҳрум кунад.

Тавре раиси Шӯрои шаҳри Бишкек Куваничбек Конгантиев ба расонаҳои қирғизӣ хабар додааст, вакилон талош доранд ин инвонро аз Эмомалӣ Раҳмон бекор кунанд, вале тибқи қонунҳои мавҷуда ҳоло ин корро карда наметавонанд. “Вакилон метавонанд шаҳрвандро мукофотпулӣ таъйин кунанд, аммо ӯро аз ин унвон маҳрум карда наметавонанд.”, мегӯяд Конгантиев.

Вале раиси Шӯрои шаҳри Бишкек мегӯяд, ин масъаларо дар ҷаласаи баъдӣ бо вакилон баррасӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки соли 1999 дар замони президент будани Аскар Акаев раиси онвақтаи шаҳри Бишкек Феликс Қулов ба раисҷумҳури Тоҷикистон нишони сарисинагии “Шаҳрванди фахрии пойтахти Қирғизистон”-ро тақдим карда буд.

Ин қарори Шӯрои шаҳри Бишкек дар ҳоле гирифта мешавад, ки ахиран дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр задухӯрдҳои мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа беш аз сад нафар аз тараф кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Дар пайи ин даргириҳо агарчи рӯзи 25-уми сентябр байни Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар созишномаҳои дуҷониба ба даст омад, вале рӯзи 28-уми сентябр вакили парлумони Қирғизистон Султонбой Айҷигитов иддао кард, ки ҳама созишномаҳо бо Тоҷикистон бекор карда шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ин созишномаҳои дутарафа зери фишору таҳдидҳои низомӣ сурат гирифтаанд ва ҳукми қонунӣ надоранд.

Се рӯзи нишасти САҲА бе ҳузури намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон гузашт

0

Рӯзи севуми нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава бидуни ҳузури намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон хотима ёфт.

Нишасти навбатии САҲА, ки “Озодиҳои асосӣ” ном дошт ва мавзуъҳои “Озодии дин ё эътиқод”, “Озодии ҷамъомадҳо ва иттиҳодияҳо”  “Ҳомиёни ҳуқуқи инсон” ва “Озодии ҳаракат”-ро дар бар мегирифт, ки дар он намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон – шохаи мухолифони тоҷик Темур Варқӣ суханронӣ намуда, аз кишварҳои озод даъват намуд, ки бо қурбониёни саркӯби диктаторҳо Раҳмон ва Путин ҳамраъйӣ кунанд.

Темур Варқӣ ба ҷойи холии намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ишора карда гуфт, ки “Дар ин толор бояд вакилони ба истилоҳ порлумон паси лавҳаи расмии “Тоҷикистон” нишинанд. Онҳо аслан касеро намояндагӣ намекунанд. Онҳоро касе интихоб намекунад, балки аз ҷониби фиребгари ғайриқонунӣ (нелегитимным самозванцем) таъйин карда мешавад. Онҳо фазои холӣ (пустое место) ва рамзӣ ҳастанд, ки ҳеҷ касро намояндагӣ намекунанд. Ва аз ин рӯ, дар ин конфронс ин ҷой холӣ аст. Ман бовар дорам, ки он бо одамони арзанда пур мешавад”.

Темур Варқӣ, рӯзноманигор 

Дар идома ӯ аз ҷанги солҳои 90 дар Тоҷикистон ёдовар шуда, онро амалиёти вежаи Русия номид, “30-умин солгарди пирӯзии амалиёти вежаи Русия дар Тоҷикистон наздик мешавад, ки онро бо дастури Ситоди генералии Вазорати дифои Русия таҳти фармондеҳи полковники ГРУ Квачков анҷом доданд.

Онҳо барои сарнагун кардани ҳукумати нахустини эътилофӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷангро оғоз карда, 200 000 нафарро куштанд ва Эмомалӣ Раҳмонро, ки 28 сол боз худро раисҷумҳури Тоҷикистон мехонад, ба ҳокимият шинонданд”.

Инчунин дар рӯзи аввали ин нишаст намояндагони ҳайатҳои расмии кишварҳо суханронӣ карданд. Намояндагони Русия, Белорус ва Тоҷикистон дар нишасти имсолаи САҲА бо сабабҳои номаълум ширкат надоштанд.

Мавзуи рӯзи дуюм, ки “Ниҳодҳои демократӣ” ном дошт, мухолифини тоҷик низ дар он фаъол буданд. Аз ҷумла, дар ин рӯз раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ суханронӣ намуда, дар бораи ҳаводиси ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт. Ба гуфтаи ӯ, мақомот зимни саркӯби эътирозҳои осоишта тақрибан 50 сокини маҳаллиро ба ҳалокат расонда, садҳо тан аз фаъолон, аз ҷумла дастикам 10 журналист ва блогер дастгир шуданд ва ё рӯ ба фирор оварданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ

Кабирӣ ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ интиқод карда, гуфт, ки ҳукуматҳои Русия, Беларус ва Тоҷикистон “ҷомеаи шаҳрвандиро нобуд карданд”, вале ҷомеаи байнулмилалӣ “барои муколамаву ҳамкорӣ” бо онҳо вақти зиёде сарф намуд.

“Ва дар натиҷа мо он чизеро дорем, ки имрӯз дар Русия, Белорус, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои шабеҳ мебинем. Набояд фаромӯш кард, ки ҳукуматҳои саркӯбгар ва дарозумр аллакай таҷриба ҳосил кардаанд, ки чӣ тавр гуфтугӯ бо кишварҳои демократиро ба як раванди тӯлонӣ ва “гуфтугӯ дар бораи ҳеч” табдил бидиҳанд ва дар охир бештарин фоидаро барои таҳкими ҳокимияти худ ба даст биёранд. Ва дар натиҷаи ин муколамаҳои доимӣ дар бораи “ҳуқуқи башар, демократиякунонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” на танҳо вазъ беҳтар нашуд, балки дар мисоли кишвари мо, ба маротиб бадтар ҳам шуд”, – таъкид кард раҳбари ПМТ.

Ҷамшед Ёров раиси “Бунёди Бузургмеҳр Ёров” гуфт, адвокатура ҳамчун ниҳоди ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон комилан торумор шудааст ва имрӯз дар ҷумҳурӣ “нақши адвокатура танҳо бо машруият бахшидан ба ҷараёни тафтишот ва судури ҳукмҳо маҳдуд карда шудааст”.

Алим Шерзамонов ва Ҷамшед Ёров

Ҳамзамон, Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ аз Кунгураи озодандешони тоҷик дар ин нишаст суханронӣ намуда, масъалаи иваз нашудани ҳукуматҳоро дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то имрӯз, ки 30 сол мешавад Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад, матраҳ кард. Шерзамон гуфт, низоми ҷаҳонӣ бояд чунон тағйир дода шавад, ки дар арсаи байналмилалӣ дигар касе бо президентҳое, ки беш аз 20 сол дар сари қудратанд, ҳатто салом накунад.

Дар анҷумани САҲА ба намояндагӣ аз занони тоҷик, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудааст, бону Мадинаи Ҳикматулло аз Маркази ҳуқуқи башар дар Вена суханронӣ намуда, аз парвандаҳои Улфатхоним Мамадшоева ва Шоҳида Мамадҷонова ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон занони фаъол бераҳмона саркӯб карда мешаванд.

Инчунин Муаззама Қодирова, ҳуқуқшиноси тоҷик дар суханрониаш аз ҳукумати Тоҷикистон, ба хусус аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват намуд, ки аз таъқиб, дуздӣ ва куштани тоҷикон даст кашида, сохтани парвандаҳои ҷиноиро нисбати шахсони бегуноҳ бас кунанд ва қонунҳову Конститутсияро риоя намоянд.

Ҳусейн Ашӯров ва Муаззама Қодиров

Дар ин нишасти САҲА аз мухолифини тоҷик Ҳусейн Ашӯров, муовини раиси “Гурӯҳи 24” низ суханронӣ кард. Ӯ дар суҳбаташ аз интихоботҳо гуфт ва таъкид кард, ки интихобот дар бархе аз кишварҳои ба ном демократӣ ба “саҳнасозӣ” табдил ёфтааст ва шаффофу тибқи меъёр доир намешавад.

Ҳусейн Ашӯров интихоботи президентии соли 2020 дар Тоҷикистонро мисол оварда гуфт, ки “дар ин интихобот ҳарчанд ба ҷуз аз Раҳмонов 4 номзади дигар иштирок карданд, вале онҳо номзадҳои алтернативӣ набуданд. Танҳо як нафар: Фаромарз Иргашев аз Бадахшон кӯшиш кард, ки номзадии худро пешниҳод кунад, вале ӯро ба интихобот роҳ надоданд. Дар ҳоли ҳозир Фаромарз Иргашев дар зиндон қарор дорад”.

Ёдовар мешавем, ки нишасти солонаи САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава рӯзи 26-ми сентябри соли 2022 шуруъ шуда, то 7-уми октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Ин нишаст ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшва баргузор мегардад, аммо ба сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 солҳои 2020 ва 2021 баргузор нашуд.

Дар нишасти САҲА вобаста ба ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра барои ду ҳафта аз ҷониби кишварҳои узви ин созмон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсу баррасӣ мешавад.

Маскав аз пирӯзияш дар ҳамапурсии минтақаҳои Украина хабар дод

0

Натиҷаҳои пешакии ҳамапурсӣ барои пайвастан ба Руся дар минтақаҳои Запороже, Херсон ва Луганску Донетск дар ҷануб ва шарқи Украина нишон медиҳад, ки аксари интихобкунандагон раъйи мусбат додаанд.

Акс аз гузориши “РИА Новости”

Ба гузориши расонаҳои русӣ, Комиссияи интихоботие, ки дар Запароже таъсис дода шуда буд, рӯзи сешанбе хабар дод, ки тибқи натиҷаи шумориши оро 97,81 дарсади мардум барои пайвастани ин минтақа ба Русия раъйи мусбат додаанд.

Ҳамзамон мудирияти дастнишондаи Маскав дар минтақаи ишғолии Херсон низ мегӯянд, пас аз шумориши тамоми оро маълум шуда, ки 96,75 дарсади раъйдиҳандагон ба пайвастани ин минтақа ба Русия раъйи мусбат додаанд.

Инчунин ба гуфтаи масъулони Комиссияи интихоботӣ, дар минтақаи ҷудоихоҳи Луганск 97,93 дарсад ва дар минтақаи Донетск 98, 69 дарсади раъйдиҳандагон аз пайвастан ба Русия ҷонибдорӣ кардаанд.

Аммо пас аз эълони ин хабар Киев ва кишварҳои ғарбӣ вокуниш нишон дода онро ғайриқонунӣ хонданд.

Дабири кулли НАТО Столтенберг Йенс рӯзи сешанбе эълон кард, ки ҳамапурсиҳои “сохтагӣ”-и Русия дар минтақаҳои Украина ғайриқонунӣ буда ва нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст. Дабири кулли НАТО аз пуштибонии қавии худ аз ҳукумати Киев хабар дод.

Ҳамчунин Петер Стано, сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи сешанбе эълом кард, ки баргузории ҳамапурсӣ дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои пайвастан ба Русия ғайриқонунӣ аст ва ҳама афроде, ки дар созмондиҳии он ширкат доштанд, шомили таҳрим мешаванд.

Дар ҳамин ҳол хадамоти истихборотии Бритониё иттилоъ медиҳанд, ки қарор аст рӯзи ҷумъаи оянда Владимир Путин, расиҷумҳури Русия дар Кремлин суханронӣ кунад ва интизор меравад, ки пайвастани ин минтақаҳои Украинаро ба Русия расман эълон кунад.

Эълони 50 ҳазор сомонӣ ҷоиза барои пайдо кардани фирории зиндон

0

Мақомоти Тоҷикистон барои пайдо кардани маълумот дар бораи як зиндонии фирорӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷоиза таъйин кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон бо нашри акси ин маҳбуси фирорӣ дар бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ва низ баъзе ҷойҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки “50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ барои дарёфти ахборот нисбати фирорӣ Саидов Аҳмадбек Амробекович” таъйин кардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар таъкид мекунанд, ки “шахсоне, ки оид ба маҳалли буду боши фирорӣ Саидов А.А. ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо рақамҳои 227-65-69, 557-58-00-10, 550-25-30-03, 918-80-44-00 хабар медиҳанд, бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешава(н)д.”

Гуфта мешавад, ин маҳбуси зиндонӣ дар оғози моҳи августи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд ва ба қавли Радио Озодӣ “Аҳмадбек Саидови 35-сола шаби 18 ба 19-уми августи имсол аз як боздоштгоҳи Душанбе фирор кардааст.”

Тағйири номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

0

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тағйири ном мекунад.

Акс аз манбаъҳои боз

27-уми сентябри соли 2022 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ин донишкада пешниҳод кард, ки “номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.”

Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода мешавад, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.”

Гуфта мешавад, Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон соли 1979 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир дар ин Донишкада аз рӯи 41 ихтисос 11 забони хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Ин Донишкада аз оғоз то кунун зиёда аз 14 ҳазору 200 нафар хатмкунанда доштааст.

Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо Котиби давлатии ИМА

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттиҳидаи Амрико (ИМА) мулоқот карда, масъалаҳои марзӣ бо Афғонистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар раъси як ҳайати баландпояи кишвар бо Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар шаҳри Ню-Йорк дидору гуфтугӯ карданд.

Ба қавли манбаъ, дар ин дидор “муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имкониятҳои васеъ барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор намуданд.”

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин мулоқот вазъи кунунии Афғонистон, ҳолати кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мавзуъҳои барои ҳар ду ҷониб муҳимро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Пайвастани собиқ фармондеҳони ҷиҳодии Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимат

0

Фармондеҳи собиқи ҷиҳодии Афғонистон Абдулқаюми Ахгар имрӯз, 28-уми сентябри соли 2022 бо 300 сарбозаш аз ҷониби Тоҷикистон вориди Бадахшони Афғонистон шуд.

Тавре “

Дар ин бора расонаҳои Афғонистон рӯзи шанбеи гузашта хабар доданд, ки як фармондеҳи Толибон бо 150 нерӯяш аз ҳаракати Толибон ҷудо шуда ба Ҷабҳаи муқовимат пайвастааст.

Гуфта мешавад, пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон мардуми Бадахшон як ҷабҳаи муқовимат бар зидди толибон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд таъсис доданд. Давоми бештар аз як сол нерӯҳои ин ҷабҳа бо Толибон меҷангданд. Аммо дар ин чанд моҳи ахир даргириҳо шиддат гирифтааст.

Ба гузориши “Ҳашти субҳ“-и Афғонистон дар як моҳи гузашта даргириҳо байни Толибон ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат шиддат гирифта, “танҳо дар як моҳи гузашта 22 даргирӣ миёни афроди мусаллаҳи ду тараф дар чаҳор вилояти кишвар рух додааст.”

Ба гузориши ин расона, дар ҷараёни ин даргириҳо ҳудуди 200 нафар а з нерӯи Толибон ва 80 нафар аз нерӯҳои Ҷабҳа кушта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Толибон пайваста ҷанг дар Афғонистонро поёнёфта эълон мекунанд ва хусусан даргириҳо дар Бадахшон ва дигар вилоятҳои ин кишвар бо нерӯҳои муқовиматро хабарҳои дурӯғи фейсбукӣ меноманд.

Вакили қирғиз: Протоколҳои бо Тоҷикистон имзошуда бекор карда шаванд!

0

Вакили парлумони Қирғизистон Султонбой Айҷигитов имрӯз, 28-уми сентябри соли 2022 зимни ҷаласаи парлумон талаб карда, ки ҳама протоколҳои бо Тоҷикистон имзошуда бекор карда шаванд.

Тавре расонаи “Kaktus.media” хабар медиҳад, ба гуфтаи ин вакили қирғиз, Тоҷикистон ошкоро ҷомеаи ҷаҳониро ба таҷовуз ва ғасби бузург аз пеш омода мекунад.

“Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пас аз имзои протоколи №42 гуфтааст, ки то замоне, ки талаботи протокол риоя мешавад, сулҳ байни ду кишвар пойдор хоҳад буд. Вай ҳамон ҳарфҳоро гуфт, ки соли 2021 замони имзои протоколи №39 гуфта буд”, – мегӯяд Султонбой.

Ин вакили парлумони Қирғизистон иддао карда, ки протоколҳои имзошуда бо Тоҷикистон зери фишор ва таҳдидҳои низомӣ сурат гирифтаанд ва ҳукми қонунӣ надоранд. Аз ин хотир бояд ҳамаи онҳо бекор карда шаванд.

“Моҳи феврал пешниҳод кардам, ки бо таъсиси як комиссия махсус ҳамаи протоколҳоро омӯзем. Онҳо бояд бекор карда шаванд. Қариб даҳ протокол аз расмиёти тасвиб нагузаштааст.” – мегӯяд ӯ.

Иддаои бекор кардани созишномаҳои сулҳи ду кишвар аз ҷониби вакили парлумони Қирғизистон дар ҳолест, ки пас аз даргириҳои ахири марзӣ дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар торихи 25-уми ҳамин моҳ протоколи хотима бахшидан ба муноқишаҳои марзиро имзо карданд.

Гуфта мешавад, мувофиқи созишномаҳои имзошудаи ахир, барои ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар оянда бояд 8 посгоҳҳои марзӣ аз ду ҷониб, ки ҳамвора боиси низоъ мешаванд, бардошта шаванд.

Ҳамдардии Раҳмон ба Путин. Хуни русҳо аз хуни тоҷикон рангинтар аст?

0

Президенти Тоҷикистон, ки пас аз баргузории нишастҳои Шӯрони Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба муддати 10 рӯз бедарак буд, имрӯз худ дарак дод.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 27-уми сентябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин “барқияи изҳори тасаллӣ” фиристод.

Дар ин барқияи изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

“Муҳтарам Владимир Владимирович,                                             Хабари фоҷеабори ҳамлаи ғайриинсонии мусаллаҳонаро дар яке аз мактабҳои шаҳри Ижевск, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар кӯдакон ва шаҳрвандони болиғи Федератсияи Русия гардид, бо андӯҳи амиқ дарёфтам.”

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои русияш таъкид мекунад: “Ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву тасаллиёти самимии ин ҷонибро изҳор менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем.”

Ин изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҳанӯз аз кушта ва захмӣ шудани беш аз 150 нафар, аз ҷумла занону кӯдакони натанҳо мактабхон, балки ширхӯр ва дар батни модар ва ҳанӯз ба дунё наомада, ки дар ҳодисаҳои назди марзӣ ҷон бохтану захмӣ гардиданд, 10 рӯз нагузаштааст. Вале Эмомалӣ Раҳмон расман ва аз тариқи расонаҳо ба онҳо ҳеч изҳори ҳамдардие накардааст.

Гуфта мешавад, дар таркиши мактабе дар шаҳри Ижевски Русия 17 нафар, аз ҷула 11 кӯдак кушта ва 23 тани дигар захмӣ шудааст, ки 21 нафари онҳоро низ ноболиғон ташкил медиҳанд.