12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 385

Посухи Тоҷикистон ба вокуниши Русия

0

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар вокуниш ба гуфтаҳои дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки муносиботи мо стратегӣ аст.

23-юми августи соли 2022 дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар посух ба нигарониҳои дабри Шӯрои амнияти Русия ба “

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия

Пас аз ин вокуниши Патрушев расонаҳо ва бархе дигар аз фаъолони сиёсии Русия ҳам баргузории тамринҳои муштараки низомӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, муносибатҳои Тоҷикистону Русияро зери суол қарор дода буданд.

Вокуниши дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҳоле расонаӣ шуд, ки чанд саот қабл аз он дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон ҳам хабар дод, ки сарони Тоҷикистону Русия телефонӣ суҳбат карданд.

Котиботи Президенти Тоҷикистон ин суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путинро “суҳбати дӯстона” арзёбӣ карда, таъкид кард, ки тарафҳо “ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чорчӯби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.”

Пеш аз ин сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, “Ҳамкории минтақавӣ як тамрини солонаест, ки ба таҳкими амалиёти бисёрмиллӣ барои таъмини субот, мубориза бо терроризм, рушди ҳамкорӣ ва тавонмандиҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ, ИМА ва дигар кишварҳои иштироккунанда нигаронида шудааст.”

Ба гуфтаи баъзе таҳлилгарони масоили сиёсӣ, чунин ба назар мерасад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия пас аз баргузории тамринҳои муштарак зери унвони “Ҳамкории минтақавӣ 22” дар шаҳри Душанбе хадшадор шудааст ва акунун кор то ҷое расида, ки на танҳо мақомоти поёнӣ дар сатҳи ҳамтоёни худ масъаларо ба баррасӣ мегиранд, балки Эмомалӣ Раҳмон ҳам маҷбур шуда, ки шахсан худаш дар ин бора бо Владимир Путин гап занад ва котиботаш ҳам онро “суҳбати дӯстона” тавсиф намоянд.

Гуфта мешавад, тамринҳои муштараки нирӯҳои амрикоӣ бо ҳамтоёнашон аз бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ, Муғулистон ва Покистон соли 2004 оғоз шуда, ба истиснои давраи дусолаи ҳамагирии коронавирус ба сурати мунтазам солона дар яке аз кишварҳои ширкаткунанда баргузор мешаванд.

Афзоиши воридоти ангишти Русия ба Чин дар пасманзари таҳримҳои Ғарб

0

Бино ба гузориши “Reuters” дар моҳи ҷорӣ воридоти ангиш аз Русия ба Ҷумҳурии мадумии Чин 14% афзоиш ёфтааст, ки ин баландтарин нишондод дар 5 соли ахир гуфта мешавад.

Манбаъ аз Хадамоти гумруки Чин хабар медиҳад, ки ин кишвар дар моҳи гузашта аз Русия 7,42 миллион тонна ангишт ворид кардааст. Ин баландтарин омри моҳона аз замони оғози оморигирӣ дар соли 2017 мебошад. Ин дар ҳолест, ки омори моҳи июли соли 2021 6,49 миллон тоннаро ташкил медод.

Пас аз ҳамлаи низомии Русия ба хоки Украина кишварҳои ғарбӣ барои ин ки Русияро водор кунанд, то ба ин ҷанг хотима диҳад, таҳримҳои зиёдеро ҷорӣ карданд, аз ҷумла аз хариди ангишти ин кишвар даст кашиданд. Гуфта мешавад, ин таҳримҳо Русияро водор кардааст, ки харидороне чун Чин ва Ҳиндустонро пайдо карда, барояшон маҳсулоти худро арзонтар бифурӯшад.

Тибқи гузоришҳо, дар охири моҳи июли соли ҷорӣ як тонна ангишти Русия бо сифати гармидиҳии 5500 килокалория (ккалория) тақрибан бо нархи 150 доллар ба фурӯш рафт, дар ҳоле ки бо ҳамин сифат ангишт дар бандари Нюкасли Австралия беш аз 210 доллар барои як тонна нархгузорӣ шудааст.

Русия барои камтар кардани таъсири таҳримҳои Ғарб талош дорад шарикони наве дар соҳаҳои иқтисодӣ ва низомӣ пайдо кунад. Дар ин робита моҳҳои ахир наздикшавии Русия бо Чин, Ҳиндустон, Эрон ва дигар кишварҳои Осиё мушоҳида мешавад.  

Гуфтугӯи сарони Тоҷикистону Русия дар бораи Афғонистон

0

Сарони Тоҷикистону Русия зимни як тамоси телефонӣ вазъияти Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои АМИТ “

Акс аз сомонаи сафорати ИМА дар Душанбе

Бо ин ҳол, ҳар чанд мақомоти Тоҷикистон расман ва аз тариқи расонаҳо ба нигарониҳои ҷониби Русия вокуниш нишон надодаанд, аммо бархе расонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла рӯзномаи минтақавии “Пайк” дар вилояти Хатлон дар радди онҳо матлаберо бо ду забон русӣ ва тоҷикӣ ба нашр расонида буд.

Гуфта мешавад, хашми русҳо дар матолиб ва вокунишҳояшон дар расонаҳо нисбат ба гузаронидани машқҳои муштараки низомии нерӯҳои амрикоӣ ва тоҷикистонӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар сари он аст, ки чаро Тоҷикистон дар бахши низомӣ бо Амрико ҳамкорӣ мекунад, дар ҳоле Русияро шарики стратегии худ медонад?

Дар Тоҷикистон воридот ду баробар аз содирот бештар аст

0

Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳудуди 4,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 16,5% бештар аст.

Тибқи оморҳои расмӣ, содироти маҳсулот тақрибан 1,4 миллиард доллар ва молҳои воридотии ҷумҳурӣ қариб 2,8 миллиард долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми содирот нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2021 1,9 дарсад ва воридот 25,2 дарсад афзудааст.

Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ бо 101 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ дошта, шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (22% аз савдои хориҷӣ), Қазоқистон (19%) ва Чин (18%) мебошанд.

Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Қазоқистон (21,2% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (18%), Туркия (9,1%) ва Узбекистон (8,7%) маҳсулот содир кардааст.

Воридот дар ин давра асосан аз Русия (30,9% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (18,8%), Қазоқистон (17,8%) ва Узбекистон (7,1%) сурат гирифтааст.

HRW аз мақомоти Тоҷикистон хост боздошти бадахшониҳоро бас кунад

0

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон даъват карда, ки боздоштҳои ғайриқонунии сокинони Бадахшонро қатъ кунад.

Созмони байналмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башари (Human Rights Watch) имрӯз, 23-уми август бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба боздоштҳои ғайриқонунӣ ва муҳокимаҳои ноодилонаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) хотима бахшад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин таҷриба хотима гузоранд ва барои таъмини муҳоикмаҳои одилона ба аҳдномаҳои байналмилалии худ пойбанд бошанд.

Бино ба иттилои ин созмон, мақомоти Тоҷикистон дар пайи саркӯби эътирозгарон дар моҳи май беш аз 200 нафар аз сокинону зодагони Бадахшон, аз ҷумла дастикам 90 тан аз фаъолонро дастгир карданд ва онҳо аз ҳаққи дастрасӣ ба адвокат ва дигар ҳуқуқи худ ба мурофиаи одилона маҳрум карда шудаанд.

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Осиёи Марказӣ дар Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд: “Бидуни адвокат айбдоршавандаҳо наметавонанд ба муҳокимаи одилонаи парвандаҳояшон дар додгоҳҳо ноил шаванд ва ба хатари зиёди шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ рӯбарӯ ҳастанд.”

Дар изҳороти Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфта мешавад, ки Тоҷикистон соли 1999 ба Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пайвастааст ва ин паймон кафолат медиҳад, ки ҳар айбдоршаванда ҳуқуқи мурофиаи одилонаи парвандааш, дастрасӣ ба адвокат ва вақти кофӣ барои омӯзиши иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда ва ҷамъоварии далелҳо барои ҳимоят аз худашро бояд дошта бошад.

Дар пайи гирдиҳамоии моҳи майи соли ҷорӣ дар ВМКБ, ки боиси марги даҳҳо нафар шуд, мақомоти интизомӣ даҳҳо нафар, аз ҷумла фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро бо иттиҳоми барангехтани ин тазоҳурот боздошт карданд, ки иддае аз онҳо аллакай ҳукми тӯлонии зиндон гирифтаанд. Инчунин то ҳол нафарони зиёде аз зодагони Бадахшон, ки дар Русия қарор доранд, бо баҳонаҳои гуногун боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда истодаанд.

Боздоштшудаҳо ва наздикони онҳо мегӯянд, ки иттиҳомоти мақомот ягон асос надоранд.

Задухӯрди мусаллаҳона миёни Толибон ва марзбонони узбек

0

Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Узбекистон гурӯҳе аз силоҳбадастони афғон 21-уми август ғайриқонунӣ марзи Узбекистонро убур када, ҷониби марзбонони узбек тир кушоданд.

Мақомоти Узбекистон мегӯяд, муҳоҷимон ба қаламрави ҷазираи Арал-Пайғамбари вилояти Сурхондарёи Узбекистон ворид шуда, бо марзбонони узбекистонӣ даруфтоданд. Ва дар натиҷа ҳамаи муҳоҷимон (иборат аз 24 силоҳбадаст) дастгир шуда, ҳувияти онҳо мушаххас мешавад.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории афғонии “ToloNews” муҳоҷимонро “нерӯҳои Толибон” гуфтааст. Ва масъулони баландпояи Толибон ҳам ин ҳамларо тасдиқ карданд, вале ҷузъиёти бештаре надоданд.  

Тавре расонаҳои узбекистонӣ хабар медиҳанд, ҳадафи ин ҳамлаи шаҳрвандони Афғонистон ба марзи Узбекистон ҷамъоварӣ ва қочоқи ғайриқонунии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки он дар манотиқи марзии Узбакистон зиёд мерӯяд.

Гуфта мешавад, ҳоло ҳудуди ҷазираи Арал-Пайгамбар пурра зери назорати нерӯҳои марзбонии Узбакистон қарор дорад.

Ҳамкориҳо байни Душанбеву Бишкек беҳтар мешавад

0

Шуморе аз масъулони Душанбе ва Бишкек дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими равобит дар пойтахти Тоҷикистон ба гуфтугӯ нишастанд.

Дирӯз, 22-юми августи соли 2022 вохурии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири фавқулъода ва мухтори Қирғизистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқоти Содиқ Имомӣ бо Эрлан Абдилдаев “масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.”

Ба қавли манбаъ, дар рафти мулоқот “ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.”

Гуфта мешавад, муносибатҳои дуҷонибаи Душанбеву Бишкек тайи ду соли ахир ба сабаби низоъҳои ба такрори марзӣ хеле сард шуда, Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи Тоҷикистон бастааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, яке аз иллатҳои асосии сард шудани равобити дуҷониба байни кишварҳо қочоқи маводи сӯхт, молу колоҳои тиҷоратӣ тавассути афроди вобаста ба хонавода ва домодҳои Эмомалӣ Раҳмон боиси нофаҳмиҳо ва ташдиди низоъҳо гардида буд, вале дар ин ду моҳи охир дидору мулоқотҳои масъулини боломақоми ду кишвар дар сатҳҳои мухталиф зиёдтар шуд, ки аз оғози фасли ҷадиде дар равобити ду кишвар дарак медиҳад.

Имрон Хон дар нақзи қонуни “зидди терроризм” айбдор мешавад

0

Рӯзи 22-уми августи соли ҷорӣ пулиси Покистон собиқ сарвазири ин кишвар Имрон Хонро ба нақзи қонуни “зидди терроризм” айбдор кард.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон дар як суханронияш рӯзи шанбе аз боздошт ва шканҷа шудани яке аз дастёрони наздикаш Шаҳбоз Гилл вокуниш нишон дода, мақомоти додгустарӣ ва пулисро дар шиканҷаи ӯ гунаҳкор карда, гуфтааст, ки алайҳи онҳо шикоят хоҳад кард.

Ӯ дар суханронии рӯзи шанбеаш дар хитоб ба пулис ва мақомоти додгустарии кшвараш гуфта, ки “Шумо ҳам омода бошед, зеро мо алайҳи шумо иқдом хоҳем кард. Шумо бояд хиҷолат бикашед“.

Мақомоти қудратии Покистон ин хитоби Имрон Хонро ҳамчун таҳдид ба мақомҳои давлатӣ арзёбӣ карда, ӯро ба нақзи қонуни “зидди терроризм” айбдор ва нисбаташ парванда карданд.

Гуфта мешавад, ин парванда ба эҳтимоли зиёд ба боздошт ва зиндонӣ шудни собиқ сарвазири Покистон меанҷомад.

Бино ба гузоришҳо, пас аз эълони боз шудани парванда айлаҳ Имрон Хон ҷонибдоронаш хонаи ӯро иҳота карданд, то аз боздошти ӯ пешгирӣ кунанд. Онҳо гуфтаанд, дар сурати боздошти оқои Хон Исломобод – пойтахти Покистонро ба тасарруфи худ хоҳанд даровард.

Дар ҳамн ҳол Ҳизби Таҳрик ва инсофи Покистон, ки муаассисаш худи оқои Имрон Хон аст, дар як изҳороте ба мақомот ҳушдор дода, ки дар сурати боздошти ӯ эътирозҳои саросариро дар тамоми Покистон роҳандозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон дар ҷаласаи пралумон 9-уми моҳи апрели соли ҷорӣ дар пайи раъйи адами эътимод аз мансабаш барканор шуд. Ва то ҳол танишҳое байни ӯ ва мақомоти қудратии Покистон барои баргузории интихоботи шаффоф идома дорад.

Анҷоми таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ

0

Таҳқиқи парвандаи блогер ва рӯзноманигори шинохта Далери Имомалӣ ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар дод.

Гуфта мешавад, мақомот Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ гумонбар медонад. Аммо худи ӯ танҳо ду иттиҳоми аввалро қисман қабул карда, пайравӣ аз созмонҳои мамнуъро рад кардааст.

Мақомоти тафтишотӣ ва вакили мудофеи ӯ бо баҳонаи махфӣ будани парванда ҷузъиёти парвандаро намегӯянд.

Пештар аз ин хабари ба додгоҳ фиристода шудани парвандаи рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҳамроҳи Далери Имомалӣ боздошт шуда буд, дар расонаҳо нашр шуд.

Мақомот Ғурбатиро ба се моддаи Кодекси ҷиноӣ , аз ҷумла “таҳқири намояндаи ҳокимият (330 қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328 қисми 1), иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307 иловаи 3 қисми 2) гумонбар меҳисобад. Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳама иттиҳомоти мақомотро пурра рад кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба дасти онҳо расидаааст ва гуфтаанд, ки замони оғози мурофиа то ҳол маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июн соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шуд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ асри ҳамон рӯз аз сӯи масъулини Додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват ва баъдан боздошт гардид ва сипас ҳар ду барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон пас аз ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фишор болои хабарнигорон ва блогерони мунтақид аз ҳукуматро афзоиш дода, дар давоми камтар аз ду моҳи ахир 7 хабарнигору блогери кишварро боздошт ва равонаи зиндон карданд.

Пас аз боздошти рӯзноманигорон ва фаъолони маданӣ, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигаронро фавран озод кунад. Аммо мақомот талаби созмонҳои ҳуқуқиро мисли ҳамеша нодида мегирад.

Лоиҳаи “CASA-1000″дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист

0

Файзалӣ Самиев, мудири бахши Тоҷикистонии лоиҳа энержии “CASA-1000” гуфт, ки то поёни соли 2022 бунёди лоиҳаи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон ба итмом мерасад.

Тавре “Авеста” хабар дод, Самие охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт: То охири сол мо нақша дорем, ки бунёди тамоми хатҳои барқро (дар доираи лоиҳаи CASA-1000) дар қаламрави кишварамон ба анҷом расонем“. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки тақрибан тамоми корҳои сохтмонӣ лоиҳа дар ҳудуди Тоҷикистон анҷом ёфта, аз 5 то 7% корҳо боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои сохтмон пурра аз кишварҳои аврупоӣ, Шветсия, Русия, Чин, Ҳиндустон ва Туркия харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ оварда шуда, аллакай 70% онҳо насб шудааст.

Самиев афзуд, ки то анҷоми насби бахше аз таҷҳизот ва ба кор андохтану озмоишҳо муддати кам мондааст, бидуни омодагии кишварҳои ширкаткунанда анҷом ва амалишавии ин тарҳ ғайриимкон аст.

“Айни замон лоиҳа дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон амалӣ мешавад, вале дар Афғонистон бо сабаби авзои сиёсӣ ва тағйири қудрат, ки дар моҳи августи соли 2021 сурат гирифт, корҳо барои анҷоми лоиҳа боздошта шудааст”, – гуфт дод Самиев.

Ба гуфтаи Самиев, бунёди ин лоиҳа дар Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон аз 50 то 60 дарсад анҷом ёфтааст. Кишварҳои иштироккунанда дар ин лоиҳа Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.

Гуфта мешавад, дарозии умумии хатҳои барқ ​​дар Тоҷикистон 280 километр, Афғонистон – 570 километр, Қирғизистон – 450 километр буда, як қисми ками он ба қаламрави Покистон рост меояд.

Ёдовар мешавем, дарозии умумии хатҳои лоиҳа 1227 километрро ташкил дода, арзиши кулли лоиҳа 1 миллиарду 86 миллион долларро ташкил медиҳад. Барои ин лоиҳа аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағ ҷудо шудааст.