Дар рӯзи истиқлоли давлатии Украин танҳо дар як ҳамлаи мушакии Русия ба ин кишвар 22 нафар, аз ҷумла як кӯдак кушта шудааст.
Акс аз ББС
Дирӯз, 24-уми август Украина иди истиқлоли худро ҷашн мегирифт. Бино ба иттилои ББС, дар ин рӯз бар асари як ҳамлаи мушакии Русия ба як истгоҳи роҳи оҳан дар Украина 22 нафар кушта шудаанд.
Мақомоти Украина мегӯянд, ки дар ин ҳамла ба шаҳраки кӯчаки Чаплин, бо шумули панҷ сарнишини як мошин, ки ҳамаи онҳо сӯхта, ҳалок шудаанд, як навраси 11-сола низ кушта шудааст.
Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ дар бораи ин ҳамла хабар дод. Аммо то ҳол Русия дар ин бора изҳори назар накардааст, вале қаблан ҳадаф қарор гирифтани сохторҳои ғайринизомиро рад карда буд.
Гуфта мешавад, аз оғози робитаҳои Тоҷикистону Туркия 30 сол гузашта ва дар ин муддат ротибатаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратӣ байни ду кишвар афзудааст. Тоҷикистон аксар аз Туркия молу колоҳои тиҷоратӣ ворид мекунад ва Туркия ҳам аз Тоҷикистон маводи хом, аз ҷумла алюминий ва нахи пахта мехарад.