15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 395

Мулоқоти Сиридоҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои покистониаш

0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Тошканд бо Вазири корҳои хориҷии Покистон мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дирӯз, 28-уми июли соли 2022 “дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳуто Зардорӣ баргузор гардид.”

Ба иттилои манбаъ, “зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карданд.”

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби ниҳодҳои бисёрҷониба, аз ҷумла СҲШ табодули афкор анҷом доданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Покистон тайи сӣ соли ахири равобити хуби диполаматӣ доранд ва барои муҳкам кардани ин равобит даҳҳо созишнома ва тавофуқномаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф байни ду кишвар ба имзо расидааст.

Бародари Алим Шерзамонов ба 18 соли зиндон маҳкум шуд

0

Мақомоти қудратии Тоҷикистон Муслим Шерзамонов, бародари сиёсатмадори тоҷик ва муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон Алим Шерзамоновро ба 18 соли зиндон маҳкум карданд.

Муслим Шерзамонов

Дар ин бора рӯзи ҷумъа, 29-уми июли соли ҷорӣ расонаи телеграмии “Pamir Daily News”, ки бештар хабарҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пӯшиш медиҳад, бо такя ба манобеаш аз шаҳри Хоруғи ин вилоят хабар дод.

Гуфта мешавад, мақомот Муслим Шерзамоновро дар ташкили ошӯбҳо дар Рӯшону Хоруғ муттаҳам кардаанд, вале худи Шерзамонов ин иттиҳомотро рад мекунад.

Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои амниятӣ манзили Шерзамоновро кофтукоб карданд, дар аввал чизе пайдо накарданд, аммо баъдтар хабар нашр шуд, ки аз хонаи ӯ гӯё як дона автомати Калашников пайдо шудааст.

Муслим Шерзамонов 12-уми июни соли ҷорӣ дар пайи як амалиёти махсус боздошт шуд. Он рӯз мақомот Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, ду раҳбари мардумии Бадахшон ва сокинони шаҳри Хоруғро, ки гӯё худро ба мақомот таслим накарданд, куштанд. Ва дар пайи куштани ин ду нафар чандин сокини дигари Бадахшонро бо иттиҳоми “шахсони наздик ба онҳо” боздошт карданд.

Алим Шерзамонов дар суҳбат бо Azda tv боздошти бародараш Муслим Шерзамоновро таъйид кард гуфта буд, ки аз баски бо пайвандонаш тамос надорад, аз ҷузъиёти бештари ин ҳодиса огоҳ нест. Аммо муовини раиси ПМТ боздошти бародарашро “қасос гирифтан мақомот аз худи ӯ” номида буд.

Раҳмон: масъулон бояд захираи дусолаи ҳар як оиларо назорат кунанд

0

Президенти Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар дастур дода, ки “барои ду сол захира кардани маҳсулоти ниёзи аввалро дар ҳар як оила шахсан назорат намоянд.”

28-уми июли соли 2022 Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳузури Президет Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Ҳукумат ва раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба қавли Президенти Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ “суръати рушд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 банди фоизӣ кам шудааст, ки асосан аз ҳисоби саноати истихроҷ 41,7 банди фоизӣ ва саноати коркард 2,4 банди фоизӣ ба вуҷуд омадааст.” Вале “дар нимсолаи якуми соли 2022 рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 107,2 фоизро ташкил кардааст.”

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ гуфт, “дар аксари кишварҳои ҷаҳон захира кардани маводи ғизоӣ, манъ ё маҳдуд намудани содироти маҳсулоти ниёзи аввал, ҳолатҳои камчинӣ ва болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба мушоҳида мерасанд, ки чунин вазъ ба бозори истеъмолии Тоҷикистон низ таъсир расонида истодааст.”

Дар ин маҷлис раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони ҳукумат дастур гирифтанд, ки барои замистони дарпешистода омода шаванд ва “дар навбати аввал, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва ҳамзамон бо ин, барои ду сол захира кардани маҳсулоти ниёзи аввалро дар ҳар як оила шахсан назорат намоянд ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар ҷояш ва сари вақт бартараф созанд.”

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон дар ҳоле раисони шаҳру ноҳияҳои кишварро дастур дода, то захираи дусолаи мардумро шахсан назорат кунанд, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли орд, ки аз ниёзҳои аввалияи мардум аст, дар Тоҷикистон 35% кам шудааст.

Шикояти созмонҳои ҳуқуқӣ аз болои Муҳаммад бин Салмон ба додгоҳ

0

Ду созмони ҳуқуқи башарӣ ҳамзамон бо сафари расмии валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ба Фаронса алайҳи ӯ ба додгоҳе дар Порис шикояти қонунӣ карданд.

Гуфта мешавад, ин ду созмони ҳуқуқи башарӣ дар шикояти худ ба додгоҳ иддао кардаанд, ки Муҳаммад бин Салмон дар қатли рӯзноманигорои маъруф Ҷамол Хошуқчи дар соли 2018 мустақим даст дорад ва бояд дар додгоҳ посухгӯ бошад.

Шикояти созмонҳои ҳуқуқӣ бо ибтикори гурӯҳи ҳуқуқи башарии “Down”, ки мақарраш дар Амрикост, ба додгоҳи ироа шудааст.

Муҳаммад бин Салмон дирӯз, 28-уми июл бо як сафари расмӣ вориди Фарнса шуд ва бо Эммануэел Макрон расиҷумҳури ин кишвар дидор дошт.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ, ки худ шаҳрванди Арабистони Саудӣ буд, яке аз мунтақидони сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар ба ҳисоб мерафт ва соли 2018 дар дохили сафоратхонаи Арабистон дар Анқараи Туркия бо як ваҳшоният кушта шуд. Пас аз қатли ӯ аксари таҳлилгарон ва созмонҳои ҳуқуқӣ аз даст доштани Муҳаммад бин Салмон дар ин ҷиноят хабар доданд. Аммо валиаҳди Саудӣ даст доштанашро дар куштори ин рӯзноманигор рад мекунад.

Раиси ҲНИТ ба Афғонистон рафтанист

0

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон барои таҳким ва тақвияти муборизаҳояш орзуи ба Афғонистон рафтанро дорад.

27-уми июли соли 2022 раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳамзамон раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки шоми дирӯз бо шабакаи “Ислоҳ тв” суҳбат мекард, гуфт, ки Русияву Эрон ва Тукрия нахостанд, ки вай дар он кишварҳо бимонад ва таъкид кард: “Агар имрӯз Афғонистон ба ман иҷозат бидиҳад, ман дар Афғонистон меистам.”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, меафзояд, “ҳар чӣ қадар ба ватану кишварам наздиктар бошам, ҳамон қадар барои мо, барои муборизаи мо беҳтар аст. Аммо чӣ кунем, ки ҳама кишварҳои исломӣ, ҳама кишварҳои минтақа ва ҳама кишварҳое, ки доду бедод мезананд, дифоъ аз мустазъафин, аз ислому аз мубориза инҳо дарро ба рӯи мо бастанд ва ҳамин Аврупо монд.”

Пеш аз ин раҳбари ПМТ бо як паёми кӯтоҳе дар Твиттер навишт, ки

“Русия ҳамчун кафили сулҳи тоҷикон бо фишори Раҳмон эълон кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз ҷонибҳои сулҳро ба зудӣ шомили созмонҳои терорристӣ мекунад. Эрон, кафили дигар ва мизбони чандин даври музокирот дар баробари хиёнатҳои Раҳмон ба сулҳ ҳеч гоҳ вокуниши расмӣ накард.”

Гуфта мешавад, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар ҳоле барои самарабахш гардидани муборизаҳояш орзуи ба Афғонистон рафтанро мекунад, ки аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон Ҳукумати Тоҷикистон пайваста алайҳи Аморати исломии Толибон мавзеъгирӣ карда, ба яке аз пойгоҳҳои нерӯҳои зиддитолибонӣ дар минтақа табдил шудааст.

Инчунин дар робита ба ин мавзеъгириҳои Тоҷикистон Гулбуддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон ҳам чанде пеш ба Толибон “тавсия” карда буд, ки барои “маҳор кардани чолишҳо” Афғонистон ҳам метавонад ба мухолифини Эмомалӣ Раҳмон паноҳгоҳ диҳад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Амрико Русияро кишвари ҳомии терроризм эълон карданист

0

Амрико бо тасвиби қатъномае қасд дорад барои ҳимоят аз Украина ва дар инзиво қарор додан Русияро дар листи кишварҳои ҳомии терорризм ворид кунад.

Бино ба иттилои расонаҳо, 27-уми июли соли 2022, Маҷлиси Санои Амрико низ бо тасвиби қатъномае аз вазири хориҷаи ин кишвар хост, ки Русияро барои ҳамлаҳояш ба Чиченистону Гурҷистон, Сурия ва Украина, ки дар онҳо занону кӯдакони зиёде кушта шудаанд, дар қатори кишварҳои ҳомии терроризм қарор диҳад.

Пеш аз ин, Маҷлиси намояндагони Амрико барои ҳимоят аз Украина ва дар инзиво қарор додани Русия чунин тарҳоеро рӯи даст гирифтааст ва хонум Нэнси Плюси аз ҳомиёни қабули ин тарҳ аст.

Дар ҳоле ин тарҳҳо аз ҷониби Маҷлиси Санои Амрико рӯи даст гирифта шудаанд, ки анҷоми чунин иқдомоти ҷиддӣ танҳо дар доираи салоҳияти Вазорати умури хориҷии Амрикост, на Сано ва ё Маҷлиси намояндагони он.

Гуфта мешавад, дар ҳолати тасвиби ин қатънома Русия пас аз кишварҳои Эрону Сурия, Кӯба ва Кореаи Шимолӣ, панҷумин кишваре хоҳад буд, ки дар феҳристи кишварҳои ҳомии терорризми Вазорати умури хориҷаи Амрико қарор мегирад.

Дар Тоҷикистон боз як фаъоли ҷомеа зиндонӣ шуд

0

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъоли шабакаҳои иҷтиомӣ Шодрӯз Аҳроров, маъруф ба номи “Абдулло”-ро бо иттиҳоми “даъват ба ифротгароӣ аз тариқи интернет” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, Шодрӯз Аҳророви 35-сола дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд. Моҳи марти соли ҷорӣ ба хотири риоя накардани қоидаҳои будубоши Русия аз ин кишвар ихроҷ шуд ва пас аз 4 рӯз мақомоти тоҷик ӯро аз хонааш боздошт карданд.

Ба гуфтаи баъзе огоҳони умур, зоҳиран Шодрӯзро мақомоти тоҷик ба сабаби он ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва баъзе камбудиҳои мақомдорони тоҷикро интиқод мекард, равонаи зиндон кардаанд.

Гуфта мешавад, додситонӣ бо айби “даъват ба ифротгароӣ аз тариқи интернет” барои Шодрӯз 7 соли зиндон талаб карда буд, аммо додгоҳ маъюб будани ҳамсару фарзанди ӯро ба инобат гирифта, аз ҳукми талабшуда як сол кам кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Шодрӯз Аҳроров пеш аз истирдодаш ба Тоҷикистон тариқи нома аз мақомоти қудратии Русия хоҳиш карда, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд, чун фаъоли ҷомеаи маданист ва дар Тоҷикистон ӯро зиндонӣ мекунанд.

Бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро зиндонӣ мекунад. Давоми як соли ахир мақомоти интизомии кишвар даҳҳо фаъоли ҷомеа ва рӯзноманигорону озодандешонро бо иттиҳомоти гуногун равонаи зиндон кардааст. Танҳо давоми ду моҳи ахир 7 рӯзноманигори фаъол ба монанди Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигарон бо айбҳои “ифротгароӣ” ва ё ҳамкорӣ бо ҲНИТ муттаҳам ва боздошт шудаанд.

RSF хостори раҳоии хабарнигорони зиндонӣ шуд

0

Созмони Гузоришгарони бидуни марз бо нашри баёнияе парвандаи рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷикро “қалбакӣ” хонда, хостори раҳоии онҳо шуд.

27-уми июли соли 2022, созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders (RSF) дар баёния худ гуфт, боздошти хабарнигорони тоҷик Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Сайидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода “бар асоси иттиҳомоти бардурӯғ” сурат гирифтааст.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз бо маҳкум кардани боздошти ин хабарнигорон аз Тоҷикистон хостааст, ки истифодаи чунин усулҳоро барои тарсонидани расонаҳо қатъ кунад.

Жанна Кавелиер, роҳбари дафтари RSF дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, “Мақомоти Тоҷикистон бояд аз иттиҳомоти бардурӯғ барои хомӯш кардани хабарнигорони интиқодгар аз ҳукумат даст кашанд ва афроди боздоштшударо раҳо кунанд.”

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон пас аз ҳодисаҳои майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фишор болои хабарнигорон ва блогерони мунтақид аз ҳукуматро афзоиш дода, дар давоми камтар аз ду моҳи ахир 7 хабарнигору блогери кишварро боздошт ва равонаи зиндон карданд.

Афзоиши камсобиқаи вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон

0

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар 2,9 баробар зиёд шудааст.

Имрӯз, 28-уми июли соли 2022 Камолиддин Муминзод, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 363 ҳазору 89 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун сайёҳ вориди Тоҷикистон шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давраи ҳисоботӣ нисбат ба соли гузашта дар маҷмӯъ 238 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ зиёдтар ба Тоҷикистон сафар кардааст, ки 2,9 баробарро ташкил медиҳанд. Инчунин дар ин давраи ҳисоботӣ теъдоди касоне ки аз кишварҳои хориҷи дур барои сайёҳат ба Тоҷикистон сафар кардаанд, 22,1 ҳазор нафарро ташкил додаанд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон меафзояд, ки аз ҷамъи шаҳрвандони хориҷие, ки барои сайёҳат дар ин давраи ҳисоботӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, 244 ҳазор нафари онҳоро шаҳрвандони давлатҳои собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, айни замони дар Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад, ки 49 адади онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 41-то дар вилояти Суғд, 18 адад дар вилояти Хатлон, 116 адад дар шаҳри Душанбе ва 18 ширкати сайёҳӣ низ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ амал мекунанд.

Имзои санадҳои ҳамкорӣ байни Додситониҳои кулли Тоҷикистону Русия

0

Рӯзи 26-уми июли соли ҷорӣ байни Додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Русия санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва истирдоди шаҳрвандон то солҳои 2024 ва 2025 ба имзо расид.

Акс аз сомонаи Додситони кулли Тоҷикистон

Тавре маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, зимни сафари Краснов Игор додситони кулли Русия ба Тоҷикистон рӯзҳои 25 ва 26-уми июли соли ҷорӣ ва мулоқот бо Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон санадҳои ҳамкорие ба имзо расид.

Дар хабари Додситонӣ гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳҳои мухталифи ҳамкориро дар самти пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният дар самти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳон, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории идеологияҳои гуногуни динӣ- родикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд баррасӣ намуданд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар самтҳои “тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, масъалаҳои истирдод ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа” мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Игор Краснов дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми июл гуфт, ки Додситонии кулли Русия бо дархосте ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Русия ташкилоти “террористӣ” шинохта шавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, пеш аз имзои ин санадҳои ҳамкории нав байни Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи амният ва боздошту истирдоди тоҷикистониён ҳамкории зич вуҷуд дошт. Ба назари онҳо, аз ин ба баъд Тоҷикистон боздошти шаҳрвандони худро, ки каме дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтаранд, бо иттиҳоми “наҳзатӣ” ва ё дигар гурӯҳҳои мамнуъ будан бештар хоҳад кард.