15.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 394

Тақдими 5 млн воя ваксини зидди COVID-19-и Чин ба Тоҷикистон

0

Ҷумҳурии мардуми Чин ба Тоҷикистон 5 миллион воя ваксини зидди COVID-19 тақдим кард. Тақдими ин миқдор ваксина 1-уми августи соли ҷорӣ бо ҳузури вазирони хориҷии ду кишвар сурат гирифт.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Тавре Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, дирӯз вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро бо вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе мулоқот кард.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили муҳимми ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чинро дар соҳаҳои гуногун баҳсу баррасӣ карданд.

Гуфтанист, пас аз мулоқот вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин дар маросими ифтитоҳи Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи “Лю Бан” ва инчунин дар маросими супоридани расмии 5 млн. воя ваксинаи зидди Ковид-19 ширкат карданд.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷаи Чин дирӯз бо Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот дошт, ки дар он мулоқот низ дар масъалаи тақдими ваксинаҳо гуфтугӯ сурат гирифта буд.

Ду сарбоз барои қатли ҳамхизматашон равонаи зиндон шуданд

0

Сардори гурӯҳи кофтуковӣ ва сарбози қатории дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод” барои марги як сарбози дигар равонаи зиндон шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Додситони кулли Тоҷикистон, дар натиҷаи беназоратии капитан Довутиев Фарход Сайфиддинович, ки сардори гурӯҳи кофтуковиро дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод” бар уҳда доштааст, сарбози қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон Шералиевич, бо истифода аз силоҳи хизматиаш (АК-74) бе ягон сабаб қасдан аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сари ҳамхизматаш Қурбонзода К.С як тир холӣ кардааст, ки дар натиҷа номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар робита ба ин ҳодиса додситони ҳарбӣ нисбати Довутиев Ф. С ва сарбози қаторӣ Исоев М.Ш. парвандаи ҷиноятӣ боз кард ва парванда пас аз баррасӣ ва такмил ба додгоҳ фиристода шудааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд 5-уми майи соли 2022 Довутиевро бо моддаи 392 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, барои як сол равонаи зиндон кард. Исоев Муҳаммадҷон, ки дар қатли ҳамхизматаш даст дошт, бо моддаи 104 қисми 1-и КҶ Чумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ва ӯ ин муддатро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт паси сар хоҳад кард.

Афғонистон аз ширкати “Барқи тоҷик” $28 млн қарздор аст

0

Қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар назди ширкати “Барқи тоҷик” ба 28 миллион доллар расидааст. Дар ин бора Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод.

Имрӯз, 2-уми август раҳбари “Барқи тоҷик” зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин қарз ба далели мушкилоти интиқоли пул аз суратҳисобҳои ширкати “Брешно” дар бонкҳои Афғонистон ба вуҷуд омадааст. Гуфтанист, ин мушкилот баъд аз дубора ба қудрат расидани Толибон ва таҳрими бонкҳои Афғонистон пайдо шуд.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки ҳоло роҳбарияти ширкати “Брешно” барои рафъи ин мушкилот талош доранд.

Дар идома ӯ қайд кард, ки моҳи июли соли ҷорӣ ширкати “Брешно” ба суратҳисоби ширкати “Барқи тоҷик” 2 миллион доллар интиқол дода, “қарз марҳила ба марҳила баргардонида мешавад.”

Маҳмадумар Асозода мегӯяд, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистон бе мушкилот идома дорад ва дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба ин кишвар 734 млн кВт соат барқ интиқол ёфтааст.

Тибқи шартномае, ки миёни ширкатҳои  “Брешно” ва “Барқи тоҷик” баста шудаааст, Афғонистон барои ҳар киловатт-соат нерӯи барқи Тоҷикистон 4,67 сент пардохт мекунад.

Бо вуҷуди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи барқ ба ин кишвар ба шумор меравад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз мунтақидони ашаддии ҳукумати Толибон мебошад.

Ба ҷуз аз Афғонистон, Узбекистон аз муштариёни барқи Тоҷикистон буда, дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба ин кишвар 321,2 млн. кВт.соат барқ содир шудааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, қарзҳои кредитории худи ширкати “Барқи тоҷик” дар соли 2021 наздики 32,3 млрд сомониро ташкил медод.

Байден аз кушта шудани раҳбари “Ал-Қоида” хабар дод

0

Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи душанбе эълом кард, ки дар як ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон, Айман Завоҳирӣ, раҳбари “Ал-Қоида” кушта шудааст.

Ӯ бо эълони ин хабар гуфт, ки “ҳоло адолат барқарор шуд ва ин раҳбари террорист дигар вуҷуд надорад”. Аммо Толибон бо таъйиди ин ҳамла онро маҳкум карданд.

Байден гуфт, ки дастгоҳҳои иттилоотии Амрико пештар паноҳгоҳи Завоҳириро пайдо карда буданд ва ӯ шахсан барои аз байн бурдани Завоҳирӣ, пас аз пайдо шудани дақиқи макони будубошаш, дастури аз байн бурданашро додааст.

Айман Аз-Завоҳирӣ

Гуфта мешавад, Айман Завоҳирӣ баъд аз кушта шудани Усома бин Лодин дар соли 2011 раҳбарии “Ал-Қоида”-ро ба дӯш гирифт. Ва ӯро яке аз тарроҳони ҳамала ва “мағзҳои амалиётӣ” дар ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар Амрико медонанд.

Амрико баъд аз кушта шудани Айман Завоҳирӣ ба Толибон ҳушдор дод, ки тавофуқи Давҳаро нақз карданд.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷаи Амрико дар суханроние рӯзи сешанбе гуфт, Толибон бо паноҳ додани Айман Завоҳирӣ дар Афғонистон тавофуқномаи Давҳаро ба шиддат нақз карданд.

Аммо Толибон бо маҳкум кардани ин ҳамла Амрикоро ба нақзи тавофуқномаи Давҳа муттаҳам карданд.

Дар ҳамин ҳол Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон бо навиштае гуфт, ин ҳамларо “ба ҳар далиле, ки анҷом шуда бошад”, маҳкум мекунад ва онро “нақзи ошкори усули байналмилалӣ ва мувофиқатномаи Давҳа” медоанд.

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Чин

0

Имрӯз, 1-уми августи соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро мулоқот кард.

Акс аз сомонаи Президенти Тоҷикистон

Тавре расонаи ҳукуматии “Ховар” хабар дод, “дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд.”

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат Чинро дар ҳама ҷонибҳо шарики стратегӣ хонда ҳавасмандии худро дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама самтҳо бо ин кишвари иброз доштааст.

“Тибқи омор, дар нимаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ҳаштоду ду дарсад афзоиш ёфта, беш аз нуздаҳ дарсад аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад”, таъкид мешавад дар хабар.

Дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Чин масъалаҳои муборизаи муштараки ду шарики стратегӣ бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ баррасӣ шуданд.

Одиназода иттиҳоми “ифротгароӣ”-ро дар додгоҳ эътироф кард

0

Абдусалом Одиназода, олими биохимики 54-солаи тоҷик 1 августи соли 2022 дар додгоҳи ҳавзаи Австралияи Ғарбӣ иттиҳоми “ташвиқ ба ҳамлаҳои террористӣ”-ро эътироф кардааст.

Дар ин бора сомонаи маҳаллии “The West Australian” хабар медиҳад. Гуфта мешавад, бо эътирофи ин иттиҳом ин олими тоҷикро то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин пойгоҳи хабарӣ Абдусалом Одиназодаро “яке аз хатарноктарин одамон дар аёлати Австралияи Ғарбӣ” номида ва хабар дода, ки намояндаи додситонӣ ба додгоҳ гуфтааст, дар ивази ин эътирофи гуноҳ ҳайати тафтишот ду иттиҳоми дигари марбут ба терроризмро аз парвандаи Одиназода бардоштанд.

Эътирофи гуноҳ имкон медиҳад, ки парвандаи олими тоҷик ба сурати сареътар баррасӣ шавад. Ва интизор меравад, ҳукми Одиназода то поёни моҳи ҷорӣ эълон шавад. Ба ӯ бар асоси қонунҳои Австралия то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти Австралия аз моҳи феврали соли 2020 дар пайи ошкор кардани сабтҳои видеоии ӯ бо мазмуни “ташвиқ ба ҳамлаҳои террористӣ ва ифротӣ дар Тоҷикистон” оғоз карданд. Моҳи апрели соли 2020 пулис манзили ӯро дар шаҳри Перт дар ғарби Австралия кофтукоб карда, чанд василаи электронии ӯро мусодира кард. Манзили Одиназода бори дигар рӯзи 22 декабр, дар пайи ҳабси ӯ мавриди кофтукоб қарор гирифт.

, ки аз поёни соли 2020 дар ҳабс қарор дорад, рӯзи 1 августи соли 2022 дар додгоҳи ҳавзаи Австралияи Ғарбӣ иттиҳоми даъватҳо ба ҳамлаҳои ифротиро ба гардан гирифт.

Абдусалом Одиназода 22 декабри соли 2020 пас аз тафтишоти чандмоҳа аз ҷониби полиси федеролии Австралия (AFP) ва Созмони иктишофи амнияти Австралия (ASIO) боздошт шуд.

Худи ҳамон сол расонаҳои австралиёӣ хабар дода буданд, ки додгоҳи ин кишвар бар зидди Одиназода бо 4 моддаи ҷиноии “таблиғи терроризм” айб эълон кардааст.

Одиназода дар асл зодаи ҷамоати Сурхи Исфараи Тоҷикистон буда, дар Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор кардааст. Ӯ ҳамчунин соли 2015 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон низ ба шогирдон дарс гуфтааст.

Одиназода аз донишмандони муваффақи соҳаи биохимик буда, дар ин ришта таҳқиқоти зиёде дорад, ки дар чандин сомонаҳои расмӣ ва маҷаллаҳои муътабар ба нашр расидаанд.

Ин донишманди тоҷик то рӯзи боздошташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва ҳамеша аз амалкарди ҳукумат ва мухолифон интиқод мекард. Ӯ вақтҳои охир бо пайравони мазҳаби Исмоилия баҳсҳои гармеро оғоз карда буд.

Ораз ва Рамзӣ аз Русия нопадид ва дар Тоҷикистон пайдо шуданд

0

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо фаъолони зодаи Бадахшон, ки рӯзи 29-уми июл соли 2022 аз фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав нопадид шуда буданд, дар навори видеоие хабар доданд, ки дар Тоҷикистон дар назди мақомот қарор доранд.

Дар ин видео, ки рӯзи 31-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоии наздик ба мақомоти тоҷик нашр шуд, онҳо мегӯянд, ки “ихтиёрӣ” ба Ватан баргаштаанд, то ба суолҳои мақомот дар робита ба ҳодисаҳои шаҳри Хоруғ посух диҳанд.

Ораз Вазирбеков дар ин видео мегӯяд “ман омода ҳастам, ки ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб диҳам ва агар гунаҳгор нестам, озод мешавам ва гашта меравам”.

То ҳол маълум нест, ки Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо таҳти чӣ шароите ин наворро сабт кардаанд ва дар назди кадом ниҳоди интизомии кишвар қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков, рӯзи 1-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш аз Екатеринбург ба Маскав бармегашт, вале дигар аз фурӯдгоҳ берун нашуд.

Ҳамсари Ораз Вазирбеков мегӯяд, ки баъди нишастани ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи Маскав бо шавҳараш суҳбат доштааст, аммо вақте дубора баъд аз 20 дақиқа ба ӯ занг мезанад, дигар Ораз телефонашро намебардорад. Хонум Отамбекова таъкид мекунад, ки шавҳараш нияти ба Тоҷикистон рафтанро надошт ва борҳо таъкид карда буд, ки агар рӯзе дар Тоҷикистон пайдо шуд, бояд ҳама донад, ки ба хоҳиши худаш барнагаштааст.

Наздикони Рамзӣ Вазирбеков низ бар ин боваранд, ки ӯ ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст ва навори нашршуда аз онҳо саҳнасозии мақомот аст.

Онҳо дар гузашта чанд маротиба гуфта буданд, ки ҷонашон дар хатар аст ва агар рӯзе дар Тоҷикистон пайдо шуданд, бояд ҳама донанд, ки дуздида ва маҷбурӣ ба Тоҷикистон бурда шудаанд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо фаъолони бадахшонӣ ҳастанд, ки дар шабаҳои иҷтимоӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар ВМКБ ошкоро мегуфтанд. Онҳо шаҳрвандии Русияро доранд.

То ҳол мақомоти Русия дар бораи чӣ тавр шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон пайдо шудаанд, чизе нагуфтаанд.

Ба назари огаҳони умур дуздида ва ба Тоҷикистон бурда шудани Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо аз ҷониби ниҳодҳои интизомии кишвар идомаи саркӯби озодандешӣ дар Тоҷикистон мебошад ва онҳое, ки аз Ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунанд, бояд дарҳол Русияро тарк ва ба ҷоёи амнтаре паноҳ баранд, чун мисли Ораз ва Рамзӣ Вазиребковҳо, Иззат Амон, Амриддин Аловатшоев, Мақсуд Иброҳимов ва чандин фаъоли дигар ихроҷ ё дуздида ба Тоҷикистон бурда, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мешаванд.

Зубайдуллоҳи Розиқ аз утоқи ҷаримавӣ озод карда шуд

0

Зубайдуллоҳи Розиқ, зиндонии сиёсии 80-сола ва собиқ узви раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз утоқи ҷаримавӣ (ШИЗО) ба утоқи маъмулӣ гузаронида шудааст.

Дар ин бора имрӯз 1-уми августи соли ҷорӣ Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Бобозода Умед дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ин масъули ҳуқуқи инсон дар кишвар гуфт, ки пас аз нашри хабарҳо дар мавриди ба утоқи ҷаримавӣ гузаронидани Зубайдуллоҳи Розиқ бо сабаби риоя накардани тартиботи дохилии маҳбасхона ба муассисаи ислоҳие, ки ӯ дар онҷо ҳаст тамос гирифтанд, масъулони зиндон гуфтанд, ки айни ҳол ӯ аз ШИЗО озод карда шуда, ба утоқи маъмулӣ гузаронида шудааст.

Аммо ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нагуфт, ки Зубайдуллоҳи Розиқ, пирамарди 80-сола бо кадом ҷурм ба утоқи ҷаримавӣ интиқол дода шуд.

Пойгоҳи ПАЁМ бо нашри хабаре гуфта буд, ки Зубайдуллоҳи Розиқро “барои хондани намози шаб” ба утоқи ҷаримавӣ андохтаанд.

Дар ҳамин ҳол Зубайдуллоҳзода Ҳисом, писари Зубайдуллоҳи Розиқ дар суҳбат бо Azda tv озодии падарашро аз утоқи ҷаримавӣ таъйид карда, гуфт: “падарамро аз утоқи ҷаримавӣ раҳо кардаанд, вале саломатияш хуб нест. Хонавода имрӯз давоҳои лозимаро барояш бурданд“.

Аз ин пештар ҳам наздикони Зубайдуллоҳи Розиқ нигарони саломатии ӯ буданд. Гуфта мешуд, чун утоқи ҷаримавӣ, ки хеле шароити вазнин дорад, таҳаммул кардани чунин шароит барои як пирамард хеле душвор аст.

Зубайдуллоҳи Розиқ ҳамроҳи дигар аъзоёни аршади ҲНИТ сентябри соли 2015 боздошт ва соли 2016 бо иттиҳомоти гуногун барои 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Иттиҳометое, ки худи ва пайвандонаш ба куллӣ рад мекунанд.

Ба қадри Далер ва “далерон” бояд расид!

0

Раҳмонуф ва пайравонаш бояд донанд, ки рӯзе мерасаду ҳамватанон қадри ҳама Далеронро гиромӣ дошта, дар ивази чор нафар чил ҳазор нафар ба мубориза бархеста, қасоси ҳама озодихоҳонро аз “ҷаноб” ва пайравонаш меситонанд.

Ҳар нафаре дар ҳаёти худ борҳо дар чунин ҳолатҳо гирифтор шудааст, ҷое, ки бояд ҳарф мезад, хомӯш истод, ҳаққашро талаб мекард, сокит монд, замони дифоъ аз худ ва наздиконаш ақибнишинӣ намуд, лаҳзаи исрору истодагарӣ бетарафиро пеша кард. Ҳолатҳои зикршударо ба ибораи дигар тарс мегӯянд ва ин хоси ҳар инсон буда, дар нафаре кам ва дигаре зиёдтар намоён мегардад.

Нафаре, ки аз тарс ҳаққашро талаб намекунад, баъд аз муддате пушаймон шуда, маломатомез ба худаш мегӯяд, агар каме боҷасорат рафтор мекардам, шояд ба хостаҳоям мерасидам. Яъне, барои ҷасур будан ва ба мақсадҳо ноил шудан каме устувор будан лозим аст. Бузурге мегӯяд: “Шуҷоъ ва далер нафарест, ки дар ҳолати тарс каме зиёдтар аз дигарон истодагарӣ менамояд”.

Шуҷоат дар асл  сифати волоест, ки ахлоқ ва қадри инсонро комил намуда, дар пешрафти зиндагии ҳар фард ва ҷомеаи башарӣ нақши муҳимеро мебозад. Нафарони шуҷоъ зиндагии боиззату шарафмандонаро ба худ ва атрофиёнашон раво медонанд ва баръакси онҳо бешарафоне мисли “пешво” ва пайравонаш зиндагии ғуломонаро ихтиёр намуда, дигарҳоро мисли худ чоплусу хидматгору хоҷадор дидан мехоҳанд.

Ҷасорати инсонҳо аз ҳолати физикӣ дида, ба ҳолати равонии инсонҳо вобастагии зиёд дорад. Таърих ҳам гувоҳ аст, ки муборизони озодихоҳе, мисли Маҳатма Ганди ва Нелсон Мандела, ки дар тағйири ҳаёти ҳамватанонашон саҳми арзанда дошта, номашонро дар лавҳаи таърихи миллати хеш ва дигар миллатҳо навишта кардаанд, нафарони варзишӣ набуда, балки шахсиятҳои озодтабиат, қавиирода ва боварибахш ба ояндаи нек буданд.

Бояд гуфт, ки таърихи миллати мо ҳам аз озодихоҳони шуҷоатманд холи нест ва роҳи муборизаи онҳо илҳомбахши ҷасорату ҷавонмардии ҳар як шаҳрванд шуда метавонад.

Барои асоснок кардани навишатаҳо ба умқи таърих нарафта, назар ба шуҷоату ҷавонмардии Далеру далерони ҳамсафаш намоем, бамавриду ибратпазир хоҳад буд. Ин чор тан рузноманигори далер дар Ватан кореро анҷом доданд, ки дар чанд соли охир қариб ба гӯшаи  фаромушӣ расида буд. Мардуми зери тарсу шиканҷа қарор гирифта ҳеҷ бовар карда наметавонистанд, ки дар Тоҷикистон сухани ҳақ гуфта шавад ва шахси ҳақталаб дар амну озодӣ бимонад. Чунки дар мудати сӣ соли ҳукумати Раҳмонуф ҳама ҷавонмардону ҳақталабони миллат аз дасти ин режем, кушта шудаанд ё паси панҷара рафтанд ё тарки Ватан намудаанд.
Бинобар ин, дар ибтидо ба амлакардаи онҳо ба шубҳа нигариста, журналистонро нафарони ҳукуматӣ, тарғибгари “Рустами пасво” ва ҷамкунандагони лайкҳои блогерӣ ном мегирифтанд. Локин бо мурури замон ин ҷавонмардон аз тоифаи озодагон будани худро исбот намуда, қолаби тарсу ноумедиро шикастанд. Рӯзноманигорони шуҷоъ дар доираи қонунҳои мавҷуда масъулияти касбӣ ва шаҳрвандиашонро анҷом дода, аз камбудиҳои рӯзмараи сокинон ва каромату баробарҳуқуқии шаҳрвандон ва бемасулиятии мансабдорон суханҳо мегуфтанд.

Дар ҷомеаи мо, ки ҳақгӯӣ ва ҳақталабӣ хислати хело нодир ба шумор меравад, амалкарди ин ҷавонмардон ба зудӣ дар байни ҷомеа паҳн гардида, тарафдори зиёдеро пайдо кард. Дастовардҳо ва корнамоиҳои Далеру Абдуллоҳ ва Абдусаттору Завқибек ба ҳамагон возеҳ аст, локин ин ҷо ба яке аз хизматҳои пурарзиши эшон ва дигар муборизони зиндонӣ ишора менамоем. Ин ҳам бошад бедор кардани арзишҳои хоси миллатамон мебошад, ки доим аз тарафи режими Раҳмонуф буғӣ карда мешавад, то ба нобудӣ расонида шавад. Арзишҳои бедоршудаи миллат:  

  1. Муаллим, диндор ва худопарсат, на бедуну бесаводу пешвопараст;
  2. Озодихоҳ, сарбаланду шуҷоъ, на ғуломтабиату нохалафу сарпаст;
  3. Ҳақталаб, ҳақгӯй, бошараф, на чоплус, тарсу ва бешараф;
  4. Таърихсоз, соҳибватан, бофарҳанг, на таърихсӯзи беватани бефарҳанг;
  5. Ворисони ҳақиқии Бухорӣ, Сино ва оли Сомонии тоҷдор, на ворисони “пешво” ва пасвоёни дигар.

Қобили зикр аст, ки режими Раҳмонуф дар сурати ҳар озодандеш ва ҳақталаб хатари аз байн рафтани қудрати хонаводагиашро мебинад ва барои хомӯш кардани шӯълаи ҷасорати шаҳрвандон ба гуфтаи худаш “чораҳои зарурӣ ва безарар гардонӣ”-ро ба кор мебарад. Аз маҳбубияту фаъолиятҳои ин рӯзноманигорон ҳам “пешво”ва чоплусонаш эҳсоси бедории миллат намуданд ва дар таърихи 15 июн Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва рузҳои 8-9 июл Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ба монанди муборизони қаблӣ бо туҳматҳои сохта дастгиру шиканҷа намуда, равонаи зиндон карданд.

Локин Раҳмонуф ва пайравонаш бояд донанд, ки дар ин миллат аз сари нав озодихоҳӣ ва ҷасорат ба ҷӯш омадаст ва бо итминони комил гуфта метавонем, рӯзе мерасаду ҳамватанон қадри ҳама Далеронро гиромӣ дошта, дар ивази чор нафар чил ҳазор нафар ба мубориза бархеста, қасоси ҳама озодихоҳону бошарафонро аз “ҷаноб” ва пайравонаш меситонанд ва оқибат решаи зулму ситам аз ин сарзамин барчида мешавад. Ба гуфтаи шоир:

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад;
Агар сӯзад шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.

Ҳамватани гиромӣ, барои он ки ба мақсад бирасем ва зиндагонии бокаромат дошта бошем, каме ҷасорат лозим аст, то битавонем даври роҳбаре ҷамъ шавем, ки аз арзишҳои миллӣ ва динӣ бархурдор буда, соҳиби шуҷоати маънавӣ ва фикрӣ бошад, инчунин дар сарнагун кардани режими Раҳмонуф иродаи қавӣ ва нақшаҳои стратегиро доро бошад ва умедворем, ки миллати мо аз чунин роҳбарон кам нестанд. Фақат каме ҷасорат лозим!

Салмон Саидзода

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Ҳалокати 8 муҳоҷир бар асари сӯхтори хобгоҳе дар Маскав

0

Шоми 28-уми июли соли 2022 дар хобгоҳе дар кӯчаи Алма-Атинская, ҷануби Маскав сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷаи ин ҳодиса 8 муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, то ҳол маълум нест муҳоҷирони ҳалокшуда шаҳрвандони кадом кишвар будаанд. Аммо, ба гуфтаи манбаъ, муайян кардани ҳувияти онҳо идома дорад.

Дар шарҳи ин қазия гуфта мешавад, сӯхтор дар ҳудуди 100 метри мураббаъ дар ошёнаи якуми хобгоҳе, ки дар кӯчаи Алма-Атинская, хонаи 7, бинои 2 ҷойгир буд, рух додааст.

Ба иттилои як манбаъ аз Хадамоти таъҷилӣ, “дар ин ҳодиса ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд, ки ҳамаи фавтидагон муҳоҷир буда, айни замон шаҳрвандии онҳо муайян карда мешавад. Як нафар наҷот дода шуда, 200 нафари дигарро аз бино берун карданд. Сӯхтор соати 00:47 хомӯш карда шудааст.”

Иллати сӯхтор дар ин хобгоҳро “расиши ноқилҳои барқ” гуфтанд. Низ гуфта мешавад, бо сабаби дер хабардор кардани сӯхторнишонон ва талоши мустақилона барои хомӯш кардани он боиси теъдоди зиёди қурбониҳо шудааст.

Бино ба далели марги одамон дар натиҷаи сӯхтор Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия аз рӯи аломатҳои ҷиноят мувофиқи қисми 3-и моддаи 238-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (Хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахсон шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро оғоз кардааст.