14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 396

Камбуди 382 мошини ёрии таъҷилии тибби дар Тоҷикистон

0

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои тиббӣ 382 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ намерасад.

Имрӯз, 27-уми июли соли 2022, Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар посух ба хабарнигорон гуфт, айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар 748 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 160 адади онҳо таъмирталаб ҳастанд.

Ба қавли Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 588 мошини ёрии таъҷилие, ки дар муассисаҳои тиббии кишвар хидматрасонӣ мекунанд, 58% талаботи кишварро ташкил медиҳанд ва дар ҳолати аз таъмир хориҷ шудани 160 адади дигари онҳо боз ҳам 382 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ намерасад.

Ба таъкиди Ҷамолиддин Абдуллозода, “имрӯз агар дар Тоҷикистон 10 миллион аҳолӣ вуҷуд дошта бошад, бояд як миллион мошини ёрии таъҷилӣ хидматрасонӣ кунад.”

Гуфтанист, раҳбарияти Вазорати тандурустӣ умедвора аст, ки агар мисли ду соли гузашта, ки 196 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тиббии кишвар тақсим карда шуд, ин раванд дар солҳои оянда низ идома ёбад, мушкили норасоии мошинҳои ёрии таъҷилӣ бартараф хоҳад шуд.

Норасоии 4300 табиб ва ҳамшираҳои тиб дар Тоҷикистон

0

Вазорти тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки айни замон дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ 4300 нафар табиб ва ҳамшираҳои тиб намерасад, вале ин мушкил ҳалшаванда аст.

Имрӯз, 27-уми июли соли 2022 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотиаш гуфт, айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар 2960 табиб ва 1340 ҳамшираҳои тиб намерасад.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода дар соли ҷорӣ 2188 нафар донишгоҳҳои давлатии тиббӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаанд ва онҳо тибқи роҳхат ба кор фиристода мешаванд.

Инчунин дар ҳамин сол аз ҷамъи 14615 нафаре, ки колеҷҳои тиббиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ хатам кардаанд, 3466 нафари онҳо ба таври буҷавӣ дар колеҷҳо дарс хондаанд. Агар инҳо тибқи роҳхат ба муассисаҳои дар онҳо кормандони миёнаи тиб намерасад, бираванд, мушкили норасоии ҳамшераҳои тиб бартараф мегардад.  

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар бораи иллатҳои муҳоҷирати табибон аз Тоҷикистон гуфт, ки таҳияи барномаҳои махсуси кишварҳои ҳамсоя, додани имтиёзҳо, такмили ихтисос ва ғайра аз омилҳои асосии муҳоҷирати табибон аст.

Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид кард, ки Вазорати тандурустӣ омори дақиқеро дар ин хусус надорад, то муайян кунад, ки тамоми кормандони тиббие, ки Тоҷикистонро тарк карда, муҳоҷир шудаанд, ҳама барои кор дар муассисаҳои тиббӣ рафтаанд ё қисме аз онҳо ба корҳои дигаре низ машғул ҳастнад.

Гуфта мешавад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳоле норасонии 4300 нафар кормандони соҳаи тиб дар муассисаҳои тиббии кишварро як амри маъмулӣ медонад, ки чанд рӯзе пеш сардори Раёсати тандурустии вилоят Хатлон гуфта буд, ки “дар вилояти Хатлон як табиб аст, ки сӯхтагиҳоро табобат мекунад.”

Вокуниши раиси ҲНИТ ба изҳороти ахири додситони кулли Русия

0

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо навиштае дар Твиттер ба изҳороти ахири додситони кулли Русия дар мавриди “террористӣ хондани ҲНИТ” вокуниш кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо нашри паёми кӯтоҳе дар Твиттер гуфтааст:

“Русия ҳамчун кафили раванди сулҳи тоҷикон бо террористӣ хондани ҲНИТ – як тарафи сулҳ, иштибоҳ мекунад. Ин иқдом метавонад ба ифротишавии гурӯҳҳои муътадил, афзоиши руҳияи зидирусиягӣ ва аз байн бурдани эътимод ба гуфтушунид ва роҳҳалҳои мусолаҳатомези мушкилоти Тоҷикистон анҷомад.”

Ду рӯз пеш Игор Краснов, додситони кулли Русия зимни як сафари корӣ ба Тоҷикистон, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки Додситонии кулли Федератсияи Русия бо дархосте ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Русия ташкилоти “террористӣ” шинохта шавад.

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро дар дохили кишвар аз соли 2015 мамнуъ эълон акарда, раҳбарони сатҳи болоии ҳизбро аз ҳукми абад то солҳои дароз зиндонӣ кард. Аз он замон то ҳоло, бо вуҷуди талоши зиёди мақомоти тоҷик, ҳеч кишваре ҲНИТ-ро ҳамчун гурӯҳи “террористӣ” эътироф накарда буд.

Боздошти як тоҷик дар Русия бо гумони куштори бераҳмона

0

Як ҷавони 27-солаи тоҷик дар шаҳри Новосибирски Русия бо гумони куштани як ҷавондухтари 17-сола боздошт шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, шоми сешанбе ин ҷавони тоҷик бар асари рашк духтари 17-соларо дар кӯча дастикам бо 15 зарби корд куштааст. Ва ҷасади духтар бо захмҳои зиёди корд шоми сешанбе дар кӯчаи Лесочная дар ноҳияи Советскии Новосибирск пайдо карданд.

Куштор дар навори сабти як мошини роҳгузар сабт шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст. Дар он навор ба вузуҳ дида мешавад, ки марди муҳоҷим дар даст корд дорад ва дар кӯча аз паси ҷавондухтар медавад ва ӯро ба замин меандозаду бо корд чанд зарба мезанад.

Пулиси минтақавӣ дар шарҳи ин қазия мегӯяд, “муноқиша шоми сешанбе бар асари рашк сар зада, дар аввал байни гумонбар ва ҷабрдида муноқишаи лафзӣ рух медҳад. Сипас  ҷавони 27-сола бо корд ба духтар ҳуҷум карда, дастикам дар бадани ӯ 15 зарба мезанад, ки ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар ин робита ба гумони куштор парванда боз шуда, таҳқиқот идома дорад.”

Гумонбар пас аз ҳодиса фирор мекунад, вале пулис ӯро аз ноҳияи Ленин боздошт кард. Ба гуфтаи пулиси маҳаллӣ, боздошшуда қасди тарки Русияро доштааст.

Mash Siberia дар телеграм-канали худ хабар дода, ки “ҳамлаи дирӯза ба духтари 17-сола дар Новосибирск аввалин ҳодисаи Хушнуд нест. Қаблан ӯро барои содир кардани ҷинояти мушобеҳ муҳокима мекарданд – он вақт ҷабрдидаро раҳгузарон наҷот дода буданд.”

Ба иттилои манбаъ, ҷавони боздоштшудаи тоҷик Ҳамроев Хушнуд ном дошта, борҳо дар кӯчаҳо ба ҷони духтар таҳдид карда ва ҳатто боре чанд корд ҳам задааст, ки духтар дар беморхона бистарӣ шудааст. Ва соли 2020 бо гумони таҳдид ба куштор ба ҷони ин духтар боздошт ва ба муддати як сол маҳкум шуда буд.

Гуфта мешавад, ҷавон дар аввал духтарро дӯст дошта, аз ӯ хостгорӣ намудааст, вале ӯ дархости ҷавонро рад кард. Сипас Хушнуд аз пайи ҷони духтар афтода ва шоми дирӯз ӯро куштааст.

Суҳбати телефонии сарони Тоҷикистону Қирғизистон

0

Сарони Тоҷикистону Қирғизистон дар суҳбати телефонии худ дар бораи “ҷанбаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба” гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми июли сооли 2022, Эмомалӣ Раҳмон, Презединти Тоҷикистон бо Содир Ҷабборов, Президенти Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, “дар рафти суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд.”

Инчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода, изҳори умедворӣ карданд, ки “саъю талошҳои муштарак”-и онҳо барои барқарории муносибатҳо натиҷа медиҳад.

Гуфтанист, Хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон ҳам бо нашри ин хабар таъкид карда, ки “сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи фаъоли сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягӣ ва бародарии наздики ду давлат ва ду халқ нигаронида шудааст, идома диҳанд.”

Ҳалок шудани 84 нафар давоми шаш моҳ дар обҳои кишвар

0

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 6 моҳи гузашта 84 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шуда ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора имрӯз, 26-уми июл раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш хабар дод.

Раҳбари кумита мегӯяд, бо вуҷуди огоҳӣ додани зиёд ба шаҳрвандон, мутаассифона, боз ҳам одамон дар обҳои кишвар ғарқ шуда ҳалок мешаванд.

“Ба сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ дар рӯду кӯлҳои кишвар дар шаш моҳи охир 84 нафар (соли 2021 – 69) ба ҳалокат расиданд. Ҳафт нафари инҳо то 4-сола буданд, 15 нафар аз 5 то 10 сол доштанд, 24 нафар аз 11 то 16 – сола, 27 нафар аз 17 то 35 ва ёздаҳ нафари дигар болотар аз 35-сола буданд.”, афзуд Рустам Назарзода.

Инчунин раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар иброз дошт, ки дар қаламрави кишвар 1209 мавзеъҳои хатарнок муайян шудааст, ки ҳангоми селу офатҳои табиӣ ба ҷони наздик ба 400 нафар аз аҳолии кишвар таҳдид мекунад.

Ӯ гуфт: “дар ин шаш моҳи сипаришуда аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташхиси минтақаҳои осебпазир гузаронида шуд.Муайян гардид, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1209 мавзеъҳои хавфнок вуҷуд доранд, ки дар ҳудуди онҳо 72 ҳазору 629 хоҷагӣ ва 391 ҳазору 304  нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Вай ба он таъкид кард, ки қисми зиёди ин мавзеъҳо ба селҳо ва обхезиҳо осебпазиранд.”

Муҳочирони тоҷик дар Алтайи Русия аз ҳама бештаранд

0

Шабакаи телевизионии “Толк” дар як гузориши вежа хабар дод, ки адади муҳоҷирон дар кишвари Алтай якбора зиёд шудааст.

Олга Татарникова, сардори шӯъбаи ташкили бақайдгирии муҳоҷирати Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар кишвари Алтай гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ сеяки шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Федератсияи Русия ворид шудаанд.

Тибқи омори давлатӣ, адади бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Алтай аз Қазоқистон меоянд, вале аксари онҳо на барои фаъолияти меҳнатӣ, балки барои дидорбинӣ бо хешовандони худ сафар мекунанд.

“Ҷои аввалро байни муҳоҷирони меҳнатӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ ишғол мекунад. Ҳамчунин адади муҳоҷирони меҳнатӣ аз Узбакистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон зиёд аст.”, хабар медиҳад шабакаи телевизионии “Толк”.

Манбаъ ҳамчунин қайд мекунад, ки адади дақиқи муҳоҷиронро касе намедонад. Тибқи омори ғайрирасмӣ, соли 2013 дар кишвари Алтай 15-20 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекардаанд.

Тавре Сайдалӣ Хайлоев, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Диаспораи тоҷик” қайд кардааст, дар ин замона барои муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар Русия осон нест.

“Барои он ки муҳоҷири меҳнатӣ ин ҷо биёяд, бояд дар даст ҳадди ақал 50 ҳазор рубл дошта бошад, то битавонад иҷозатномаи иқомат ва иҷозатномаи кор бигирад ва ҳамчунин хонае барои зистан пайдо кунад. Дар дигар кишварҳо шароитии корӣ нисбат ба Русия осонтар аст. Масалан, Аврупо, Куриёи Ҷанубӣ ё Имороти Араб. Муҳоҷирони мо ба он ҷойҳо низ мераванд”, – гуфтааст роҳбари диаспораи тоҷик дар Алтай.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки муҳочирони тоҷик кишварҳои пешрафтаи Осиёро мавриди ҳадаф қарор додаанд, зеро омӯхтани забон, хоҳ куриёӣ бошад ва хоҳ русӣ, барояшон яксон аст. Онҳо инчунин бо мушкилиҳои дигаре дар Русия рӯ ба рӯ мешаванд, масалан, агар ҷои зист ва қайд фарқ кунад, муҳоҷирро метавонанд ихроҷ кунанд ва ҷарима банданд.

Тибқи омори расмӣ, сеяки кормандони соҳаи сохтмонро дар ин кишвар муҳочирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин панҷяки кормандони соҳаи савдо ва соҳаи маиширо муҳочирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин қайд шудааст, дар кишвари Алтай тақрибан 5000 нафар тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд ва боз 5000 нафар иҷозати истиқомати доимӣ (вид на жительство) доранд.

Русия ҲНИТ-ро гурӯҳи “террористӣ” эълон мекунад

0

Додситонии кулли Русия хостори ташкилоти “террористӣ” шинохта шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар медиҳанд.

Тавре расонаи “Коммерсантъ” бо истинод ба мақомоти назоратӣ хабар медиҳад, Игор Краснов, додситони кулли Русия дирӯз дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошта, ки Додситонии кулли Федератсияи Русия бо дархосте ба додгоҳ муроҷиат кардааст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ташкилоти “террористӣ” шинохта шавад.

Додситони кулли Русия, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфтааст, ниҳоди зери раҳбарияш дархости додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонро дар мавриди ба унвони террористӣ шинохтани якчанд ташкилотҳо ва ҳизбҳо дар Русия баррасӣ кардааст.

“Дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аллакай ба додгоҳ бо даъвои дахлдор муроҷиат кардаем”, – гуфтааст Игор Краснов ҳангоми вохӯрӣ бо Эмомали Раҳмон.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин бора хабар дод, ки “ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи  тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин  гурӯҳҳои “хуфта”-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд”.

Вале дар хабари Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро дар дохили кишвар аз соли 2015 мамнуъ эълон акарда, раҳбарони сатҳи болоии ҳизбро аз ҳукми абад то солҳои дароз зиндонӣ кард. Аз он замон то ҳоло, бо вуҷуди талоши зиёди мақомоти тоҷик, ҳеч кишваре ҲНИТ-ро террористӣ эътироф накарда буд.

Фоҷеа: Дар Кӯлоб 5 нафар зери хок монда ҳалок шуданд

0

Рӯзи 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб 5 нафар аз сокинони ин деҳа ҳангоми кандани теппа зери хок монда ҳамагӣ ҳалок шуданд.

Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, ин 5 нафар, ки як нафарашон марди болиғи 45-сола буда, боқи ҳама нобилиғ будаанд, мехостаанд хоки теппаро канда барои харгӯшоҳояшон хона бисозанд, ки нохост хоки кӯҳпора бар болояшон сарозер шудааст ва то наҷот додан ҳамагӣ ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун оварданд ва ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб интиқол доданд, вале мутаассифона, касе аз онҳо зинда намондааст.

“Танҳо яке марди болиғ буд, ки 45 сол дошт. Боқӣ ноболиғоне буданд, ки 12, 10, 9 ва 6 сол доштанд.”, омадааст дар хабари Кумита.

Ба иттилои манобеи Озодӣ, аз 5 нафари ҳалокшуда 3 нафарашон кӯдокони аз як хонавода будаанд.

42 зану 104 кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Тоҷикистон оварда мешаванд

0

Имрӯз 25-уми июли соли 2022 бо миёнаравии сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода аз урдугоҳҳои Сурия 42 зану 104 кӯдаки тоҷик ба дасти мақомоти тоҷик супурда шуд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Сурия, бо талоши сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои расмии марбутаи Сурия барои бозгардонии занону кӯдакони тоҷикистонӣ, ки дар урдугоҳҳои “Ал-Ҳавл” ва “Руҷ” нигаҳдорӣ мешаванд, санадҳои расмӣ ба имзо расид.

Зубайдзода баъд аз имзои санадҳои ҳамкорӣ барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “Сафорати Тоҷикистон дар давлати Кувайт барои баргардонидани занону кӯдакони шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, ки ҳоло дар урдугоҳҳои “Ал-Ҳавл” ва “Руҷ” нигаҳдорӣ мешаванд, талоши худро идома хоҳад дод.

Тибқи қарордодҳои ба имзорасида имрӯз, 25-уми июл 42 зан ва 104 кӯдак ба дасти мақомоти тоҷик супурда шуд, ки қарор аст рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда шаванд.

Бино ба гузориши Созмони Миллали Муттаҳид танҳо дар урдугоҳи “Ал-Ҳавл” 56 ҳазор зану кӯдак аз 51 кишвари дунё нигаҳдорӣ мешаванд. СММ ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз кишварҳои дунё талаб кардаанд, ки шаҳрвандони худро, ки дар ҳолати бисёр бади инсонӣ дар ин урдугоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ба кишварҳои худ ва ба зиндагии оддӣ баргандонанд.

Пас аз шикасти ДИИШ дар Сурия ҳазорҳо зан аз кишварҳои гуногуни дунё, ки шавҳарҳояшонро дар ҷанг аз даст доданд, дар урдугуҳҳои Ал-Ҳавл ва Руҷ дар шимолу шарқи Сурия бо фарзандонашон дар шароити бисёр бад нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз ин пештар низ ба мақомоти тоҷик муайяссар шуда буд чанде аз занону кӯдакони шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин урдугоҳҳо нигаҳдорӣ мешуданд, ба Ватан бозгардонанд. Аммо чанд занеро, ки аз кишварҳои ҷангзада бозгардонида буданд, барои солҳои гуногун зиндонӣ карданд.