14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 397

Нишасти Тошканд дар бораи авзои Афғонистон бо ҳузури Толибон

0

Имрӯз, 25-уми июли соли ҷорӣ дар пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд нишасте дар бораи авзои Афғонистон баъди ба сари қудрат омадани Толибон бо ҳузури 20 кишвари дунё оғоз шуд.

Дар ин нишаст ҳайати Толибон бо раҳбарии Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷии Афғонистон ширкат мекунанд. Ва ин нишаст ду рӯз, душанбе ва сешанбе идома мекунад.

Тавре расонаҳои узбекӣ хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ин нишаст “пайдо кардани роҳкорҳо ва пешниҳодот барои рӯйкардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъмини амнияту субот, бозсозии баъдиҷангӣ дар Афғонистон ва инчунин ҷалби ин кишвар дар раванди ҳамкориҳои минтақаӣ дар чорчӯби манофеи тамоми қавму миллатҳои Афғонистон ва ҷаҳон аст”.

Интизор меравад, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон нигарониҳои худро дар мавриди таҳдидҳое, ки аз ҷониби Толибон дарёфт мекунанд, бо онҳо дар ин нишаст дар миён бигузоранд.

Мақомоти Узбекистон таъкид кардаанд, ки ҳузури Толибон дар нишаст агарчи зарур аст, вале ба маънои ба расмият шинохтани ҳукумати онҳо нест.

Гуфта мешавад, пас аз ин нишаст, инчунин нишасти кишварҳои узви Созмони ШОНГҲОЙ низ баргузор мешавад ва қарор аст дар он низ гуфтугӯҳое дар умури Афғонистон бишавад.

Дар ҳамин ҳол баъзе гурӯҳҳои демократихоҳи Афғонистон аз ин нишаст ва даъвати Толибон ба Узбекистон интиқод кардаанд. Аз ҷумла Фавзия Куфӣ, узви собиқи ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон бо Толибон бо навиштае дар Твиттер аз ҳузури Толибон дар чунин нишастҳо интиқод карда мегӯяд: “Кишварҳо барои ҳимояти худ аз ифротгароии низоми ҷаҳонӣ ба Толибон ришвар медиҳанд.

Хонум Фавзия ҳамчунин ҳушдор дода, ки “Ҷалби ризоияти кӯтоҳмуддати як нерӯи низомӣ, бештар ба рушди ифротгароӣ дар минтақа кумак хоҳад кард.

Ба назари ин зани сиёсатмадори афғонистонӣ ҳузури Толибон дар нишасти Тошканд бидуни ҳузури дигар қавму миллатҳои Афғонистон ба мардуми ин кишвар кумак нахоҳад кард.

Бино ба таҳлили коршиносони масоили сиёсӣ ва минтақавӣ, буҳрони сиёсии Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя таъсири мустақим дорад ва аз ҳамин нигоҳ онҳо талош мекунанд бо ҳар шевае ин таъсирҳо ва хатаротро дур аз худ кунанд.

Сокини шумораи 10-ум миллионӣ дар Тоҷикистон таваллуд шуд

0

Рӯзи шанбе, 23-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе навзоде ба дунё омад, ки бо таваллуди ӯ шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид.

Акс аз АМИТ “Ховар”

Тавре АМИТ “Ховар” хабар дод, ин навзод писар буда, дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва номи ӯро Фирдавс гузоштаанд. Волидайни ин навзод аз оилаҳои ҷавон буда, Фирдавс аввалин фарзанди ин хондан маҳсуб мешавад.

“Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд.”, омадааст дар хабар.

Ба маълумоти манбаъ, бо таваллуд шудани ин навзод аз ҷониби шаҳрдори Душанбе ба ин хонадон як хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа карда шудааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон акнун бо нуфуси 10-миллионааш дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми 3-умро касб кард. Тибқи оморҳои ахир, дар байни кишварҳои ОМ Узбекистон дар ҷои аввал қарор дошта, аҳолияш беш аз 34 миллион аҳолӣ, Қазоқистон беш аз 19 миллион ва Қирғизистону Туркманистон беш аз 6 миллион нуфусшуморӣ шудаанд.

Футбол: Манучеҳр Сафаров ба “Локомотив”-и Ӯзбекистон рафт

0

Манучеҳр Сафар, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, ки дар дастаи “Персеролис”-и Эрон бозӣ мекард, ба дастаи “Локомотив”-и Ӯзбекистон рафт.

Бинои ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи Тоиҷикистон, “ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров фаъолияти худро дар бошгоҳи футболи “Локомотив”-и Тошканд, ки дар Суперлигаи Ӯзбекистон баромад мекунад, идома медиҳад.”

Манучеҳр Сафаров дар моҳи декабри соли гузашта ба ҳайати дастаи “Персеполис”-и Эрон пайваста бозӣ мекард, ахиран ба “Локомотив”-и Ӯзбекистон гузашта, машғулиятҳои худро дар Тошканд идома медиҳад.

Манучеҳр Сафаров дар корномаи худ бозӣ дар бошгоҳҳои “Барқчӣ”, “Хуҷанд”, “Локомотив-Помир”, ва “Истиқлол” ҳам дорад. Ӯ соли 2019 ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҷалб шуд ва то кунун дар ҳайати тими миллӣ дар 18 бозӣ иштирок кардааст.

Русия бо муҳоҷирони мусалмон ҳамкориро зичтар карданист

0

Вазорати корҳои хориҷаи Русия хабар дод, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризм бо муҳоҷирони кории мусалмон аз кишварҳои ИДМ ҳамкорӣ кардан мехоҳад.

Бино ба таъкиди намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Мусиенко, дар Русия муҳоҷирони кории мусалмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз зиёданд ва бояд бо онҳо ҳамкориро зичтар кард.

Рӯзи чаҳоршанбе 20 июл муовини раисии шуъбаи кор бо кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Мусиенко дар мизи гирди бахшида ба “нақши дин дар ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризм” изҳор дошт, ки фаъолият дар мавзуи динро бо муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Русия пурзӯр кардан зарур аст.

“Теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолият мекунанд. Бинобар ин, зарур аст, ки сатҳи муносибат бо онҳо баланд бардошта шавад, зеро аксар вақт онҳо ба шароити ин ҷо мутобиқ намешаванд”, – гуфт ӯ.

Мусиенко афзуд, ки вақтҳои охир ба қайд гирифта шудааст, ки ҷиноятҳои содиршаванда аз ҷониби муҳоҷирон афзоиш ёфтааст. “Ин, албатта, ба муносибатҳои хуби мо бо ин кишварҳо, ки хуссусияти стратегӣ ва шарикӣ дорад, таъсири манфӣ мегузорад”, – таъкид кард намояндаи ВКХ.

Ба гуфтаи ин мақомдор, Русия муҳоҷиронеро, ки барои кор ба Русия меоянд, ҳаматарафа хуб истиқбол мекунад. “Дар баробари ин, мо бояд фикр кунем, ки чӣ гуна ин ҷамъияти чандмиллионнафараи мусалмононро фаро гирем, зеро аксар вақт онҳо аз назари рӯҳониёни кишвари мо дур мемонад”, – мегӯяд Мусиенко.

Афзоиши фишори мақомот болои модари журналист Анора Саркорова

0

Мақомоти интизомии Тоҷикистон фишор алайҳи модари бемори журналист Анора Саркороваро афзоиш додаанд.

Имрӯз, 22-юми июли соли 2022, хонум Анора Саркорова бо нашри як матлаб дар саҳфаи фейсбукиаш гуфт, дар зарфи як ҳафтаи ахир се маротиба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо баҳонаи гуногун ба назди модараш рафта, ӯро бозпурсӣ кардаанд.

Журналист Анора Саркорова афзуда, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо вуҷуди бемор будан ва таби баланд доштани модари бузургсолаш аз вай посухи суолҳои такрориеро ҷӯё шудаанд, ки рӯзи 27-уми июни соли ҷорӣ дар бинои Раёсати корҳои дохилӣ дар вақти бозпурсӣ аз ӯ суол карда буданд.

Вай таъкид мекунад, ки дар вақти ин бозпурсиҳо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ суроғаи фарзандони ноболиғу як бародари бемораш ва низ дар бораи падари фавтидааш, ки 17 сол пеш бар асари бемории саратон даргузаштааст, суолу ҷавоб кардаанд.

Гуфта мешавад, журналист хонум Анора Саркорова ҳамсари журналист Рустами Ҷонӣ аст, ки ҳар ду аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Пас аз ҳодисаҳои 25-уми ноябри соли 2021 дар Хоруғ инҳо ҳам нисбат ба поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон дар ВМКБ бетараф наистода, пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри матлабҳо рисолати касбӣ ва мавоқеи шаҳрвандии худро баён кардаанд. Шиддат гирифтани фишори мақомот ҳам алайҳи онҳо дар ҳамин давра бештар шудааст.

Тавофуқи чорҷониба барои содироти гандуми Украина

0

Қарор аст имрӯз дар бораи содироти гандуми ва дигар ғалладонаҳои Украина аз тариқи баҳри Сиёҳ тавофуқи чорҷонибае дар Туркия ба имзо бирасад.

Бино ба иттилои ББС, Туркия мегӯяд, тавофуқе бо Русия ҳосил шудааст, ки бар асоси он Украина метавонад содироти ғалларо тавассути баҳри Сиёҳ аз сар бигирад.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст имрӯз, 22-уми июли соли 2022 ин созишнома “дар Истамбул аз ҷониби Украина, Русия, Туркия ва Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) имзо шавад.”

Гуфта мешавад, Украина яке аз содиркунандагони умдаи ғалла дар ҷаҳон аст. Баъд аз оғози ҳамлаҳои Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин кишвар содироти ғалла халалдор ва нархи он гарон шуда, миллионҳо инсон дар ҷаҳонро нигарон кардааст.

Айни замон дар анборҳои шаҳри соҳилии Украина ҳудуди 20 миллион тонна ғалла, ки барои содирот нигаҳдорӣ мешаванд, банд мондаанд. Созмони Миллали Муттаҳид ҳам борҳо ҳушдор дода буд, ки қатъ шудани содироти ғалладонагиҳои Украина мардумони зиёдеро дар бархе кишварҳо нигарон карда, хавфи гуруснагиро ба бор овардааст.

Баррасии масоили амниятӣ байни Тоҷикистону Сурия

0

Сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт бо Муовини Президенти Сурия дар Димашқ мулоқот карда, дар барои бозгардонидани тоҷикистониҳо ба Ватан гуфтгӯ кардааст.

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 21-уми июли соли 2022 Зубайдулло Зубайдзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар давлати Кувайт бо Муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, Роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар генерал Алӣ Мамлук дар Димашқ мулоқот кардааст.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.”

Инчунин Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор Ҷаъфарӣ дидор карда, бо ӯ низ масъалаи базгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватанро ба миён гузоштааст.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҷангҳои дохилӣ ва зуҳури ДИИШ дар Сурия ва Ироқ хеле аз шаҳрвандони кишварҳои дунё, аз он ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони таъсиси “хилофати исломӣ” ба онҳо пайвастанд.

Дар байни тоҷикистониҳое, ки ба ин созмони террористӣ пайваста буданд, нафароне низ аз кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон, аз он ҷумла сарҳанги Вазорати корҳои дохилии Гулмурод Ҳалимов ҳам ҳузур дошт, ки ахиран ба симати Вазири дифои  ДИИШ таъин шуда буд.

Пас аз суқути давлати “хилофати исломӣ”-и ДИИШ даҳҳо нафар аз занону кӯдакони онҳо дар Сурияву Ироқ банд монданд ва мақомоти Тоҷикистон пеш аз ин ҳам бо кумаки дигар созмонҳо қисме аз онҳоро ба Ватан баргардонида буданд.

Боздошти як нафар бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми беш аз 3 млн сомонӣ

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо роҳи қаллобӣ дар азхудкунии беш аз 3 миллион сомонӣ гумонбар мешавад.

Акс аз Интернет

Гумонбаршаванда сокини шаҳри Душанбе буда, ба гуфтаи мақомот, худравҳои гаронарзиши ду сокини пойтахтро бо роҳи фиреб аз онҳо гирифта, маблағи онҳоро, ки наздики 300 ҳазор доллари амрикоӣ (беш аз 3 миллион сомонӣ) мебошад, барнагардонидааст.  

Дар тафсилоти хабар гуфта мешавад, як сокини 26-солаи шаҳри Душанбе – аз ӯ ном бурда нашудааст – 28-уми марти соли 2022 аз як сокини пойтахт “автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”-ро ба маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки автомашинаро фурӯхта маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо автомашинаро фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.”

Инчунин ин сокини 26-солаи пойтахт боз як нафари дигарро низ ба доми худ андохта, “12-уми майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ даромада, аз ӯ 270 ҳазор доллари амрикоӣ ва ду адад автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” ва тамғаи “Мерседес Бенс” гирифта, забонхат додааст, ки то рӯзи 15 июли соли 2022 маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад. Аммо то ҳол барнагардонидааст.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зарари умумии расонидашуда 297 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Гумонбаршаванда боздошт шуда, тафтишоти пешакӣ вобаста ба ин ҳодиса идома дорад.

Мулоқоти “сард”-и сарони Тоҷикистону Қирғизистон

0

Дар рафти мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи боз шудани марзҳои муштараки байни ду кишвар баҳс нашуд.

Бар пояи гузоришҳое, ки

Ҳамзон дар аксар аксу наворҳое, ки аз ин мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон нашр шудааст, ҳар чанд ба зоҳир дар чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷабборов “заҳрханде” дида мешавад, вале ба назар мерасад, забони ҳоли онҳо мегӯяд, ки ҳамоно решаҳои беэътимодӣ байни онҳо нахушкидааст ва ба ҳамин хотир бо чеҳраҳои гирифта ба мулоқоти сарди якдигар рафтаанд.

Гуфта мешавад, тайи як соли охир марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон борҳо шоҳиди нооромиҳо ва сар задани низоъҳои мусаллаҳона буданд ва дар натиҷа даҳҳо нафар аз ду тараф кушта ва захмӣ шуданд. Дар ин даргириҳо сокинони осоишта ва молу мулки онҳо аз ҳама зиёдтар зиён диданд.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв

2333 донишҷӯ баъди хатми донишгоҳҳо “ихтиёрӣ” ба артиш рафтааст

0

Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки имсол 2333 донишҷӯ баъд аз хатми донишгоҳҳои кишвар “ихтиёрӣ” ба сафи артиш рафтааст.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбутии ниҳоди зертобеаш дар шаҳри Душанбе гуфт, “аслан, имсол, бисёр нафароне буданд, ки аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мо худашон муроҷиат карданд, муроҷиат аз ҷониби худи хатмкунандагон буд, мо онҳоро ба инобат гирифтем, омӯхтем, инҳо ихтиёран ба сафи артиш рафтанд.”

Ба гуфтаи Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, тибқи маълумоти охир 2333 нафар хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ба сафи артиш рафтаанд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунад, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвар ба сафи сохторҳои қудратии кишварҳое асосан касоне ҷалб карда мешаванд, ки дар сафи артиш хидмат карда бошанд ва “бештари онҳое, ки ба сафи артиш рафтаанд, риштаи ҳуқуқро хатм кардаанд.”

Гуфта мешавад, ин иддаои Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи “ихтиёрӣ” ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рафтани донишҷӯён дар ҳоле садо медиҳад, ки “облава” асосан дар мавсими даъвати баҳорӣ дар моҳи апрел ва дар давраи тирамоҳӣ дар моҳи ноябр сурат мегирад ва тибқи гузоришҳои нашршуда аксари донишҷӯён ҳам дар ҳамин ду моҳ бо роҳи зӯрӣ ба сафи артиш сафарбар карда шудаанд, на ихтиёрӣ.