Хона блог саҳифа 398

Мулоқоти Зубайдзода бо муовини Башшор Асад

0

Сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт барои бозпас гардонидани шаҳрвандони кишварамон бо муовини Президенти Сурия мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ, имрӯз, 16-уми ноябри соли 2022, Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт бо генерал Алӣ Мамлук, муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия дар Димишқ мулоқот кард.

Ба қавли манбаъ, сафири Тоҷикистон ҳангоми мулоқоти бо муовини Президенти Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар дар бораи “масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар” гуфтугӯ карданд.

Зубайдулло Забайдзода, ки чор рӯз боз дар Димишқ ба сар мебарад, дар мулоқот бо генерал Алӣ Мамлук низ масъалаи “баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан”-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт тайи 4 рӯзи ахир ҳангоми мулоқотҳояш бо мақомоти олирутбаи Сурия, аз он ҷумла мулоқот бо вазири корҳои дохилӣ, ва дидор бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия “дар бораи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан” суҳбат карда буд.

Дар урдугоҳҳо ва зиндонҳои Сурия садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар замони тасаллути ДИИШ ба Ироқу Сурия дар сафи нерӯҳои он ҳузур доштанд, баъд аз шикасти ин созмони террористӣ мисли дигарон хеле аз онҳо низ боздошт ва зиндонӣ шудаанд, акунун, ки вазиъият фарқ мекунад, Тоҷикистон низ мехоҳад шаҳрвандонашро аз Сурия ба Ватан баргардонад.

Суқути ду мушак дар хоки Лаҳистон бар асари ҳамлаи Русия ба Украина

0

Асри рӯзи 15-уми ноябр ду мушак ба қаламрави Лаҳистон исобат кард, ки гуфта мешавад, Русия онҳоро партоб кардааст. Аммо худи Кремлин онро рад кард.

Гуфта мешавад, дар пайи суқути ин мушакҳо ду нафар кушта шудааст.
Шӯрои амнияти миллии Лаҳистон шоми рӯзи 15-уми ноябр ҷаласаи изтирорӣ ташкил кард.

Анджей Дуда, раисҷумҳури Лаҳистон мегӯяд, “ҳоло дар бораи ин ки ин ду мушак аз куҷо ба хоки мо исобат кардааст, маълумоти дақиқе дар даст надорем ва таҳқиқот идома дорад”.

Коршиносон мегӯянд, чун Лаҳистон узви НАТО аст, исобати мушакҳои Русия ба қаламрави узви ин паймони ҳарбӣ мушкилоти ҷиддиеро дар пай хоҳад дошт. Аммо худи Русия мегӯяд, ҳеч гуна ҳамлае ба нуқтаҳои наздимарзии Украина бо Лаҳистон анҷом надодааст ва ин иттиҳом ба хотири ташдиди авзои ҳарбӣ сохта шудааст.

Амрико субҳи имрӯз эълон кард, натиҷаҳои аввалияи таҳқиқот нишон медиҳад, мушакҳое, ки дар хоки Лаҳистон суқут кардаанд, аз ҷониби Русия партоб нашуда, балки нерӯҳои украинӣ барои радди мушакҳои Русия онҳоро партоб кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи сешанбе, 15-уми ноябр Русия аксари шаҳрҳо ва зерсохторҳои Украинаро ба таври густарда мавриди бомборони шадид қарор дод.

Гилояи мавлавӣ Абдулҳамид аз афзоиши “табъиз” дар Эрон

0

Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ мегӯяд, дар муддати 44 соли баъд аз инқилоб дар Эрон ҳатто як нафар аз аҳли суннат ба унвони устондор таъйин нашудааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон, 13-уми ноябри соли 2022 ба рӯзи якшанбеи гузашта рост меояд, мавлавӣ Абдулҳамид дар мулоқот бо намояндаи Алии Хоманӣ, раҳбари Эрон ҳодисаҳои хунини маъруф ба ҷумъаҳои хунини Зоҳидон ва Хошро “натиҷаҳои табъизҳои мавҷуд дар ҳаққи ҷомеаи аҳли суннат” донистааст.

Мавлавӣ Абдулҳамид дар ин дидор гуфтааст, “мо муътақидем омори болои куштаҳо ва захмиҳои ин ҳодиса натиҷаи табъизест, ки дар нерӯҳои мусаллаҳ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир аз аҳли суннат дар нерӯҳои аслӣ ва кадрии низомӣ ва интизомӣ ҳузур надоранд, магар хеле андак, дар ҳоле, ки дар режими собиқ аҳли суннат дар нерӯҳои мусаллаҳ ҳузур доштанд.”

Имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон афзуда, вақте бо масъулон дар мавриди бакоргирии аҳли суннат дар нерӯҳои мусаллаҳ суҳбат мекунем, аз нерӯҳои басиҷӣ гузориш медиҳанд, вақте дархости интисоби мудирони кулли устонҳои суннинишин матраҳ мешавад, фармондорон ва масъулони шаҳристонҳои ҳошияи кишварро ёдоварӣ мекунанд, дар ҳоле, ки бузургтарин мушкил, табъиз дар марокизи устонҳо ва маркази кишвар аст.

Хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон таъкид карда, ки “то кунун баъд аз инқилоб ҳатто як аҳли суннат ба унвони устондор таъйин нашудааст ва дар мудириятҳои маркази кишвар низ аҳли суннат ҳузур надоранд. Дар Шӯрои таъмини устони Сиистону Балучистон ҳатто як нафар аз аҳли суннат ҳузур надорад, дар ҳоле, ки ин минтақа суннинишин аст…”

Гуфта мешавад, муносибатҳои мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ бо раҳбари Эрон замоне сардтар шуд, ки моҳе пеш баъд аз адои намози ҷумъа дар масҷиди Маккӣ, ки зери идораи ӯст, ба самти мардум тирборон шуд ва дар натиҷа зиёда аз 85 нафар кушта ва наздик ба 300 нафар захмӣ шуд.

Исмоилзиҳӣ ин ҳодисаро ба шиддат маҳкум кард ва мақомоти Эронро муқассир донист ва аз онҳо хост тамоми омилони ин ҳодисаи хунинро боздошт ва муҷозот кунанд. Аммо дар ибтидо касе ба гуфтаи ӯ накард, чанд рӯз баъдтар ангушти иттиҳомро сӯи Алии Хоманаӣ раҳбари Эронро бурд ва гуфт, вай ҳам аз омилони пасипардагии ин ҳодисаи хунин мебошад.

Баъд аз расонаӣ шудани ин хабар мақомот ва расонаҳои наздик ба ҳукумати Эрон алайҳи Мавлавӣ Абдулҳамид мавзеъ гирифта, як ҷанги сардеро дар расонаҳо ва минбарҳои масоҷид ба роҳ андохтанд ва ҳатто кор то ҷое кашида шуд, ки тарҳи террори ӯро ҳам дар бархе маҳфилҳои расонаӣ матраҳ карда буданд.

Вақте мардуми балуч диданд, ки тарҳи боздошт ва ё террори раҳбари сунниҳои Эрон дар бархе расонаҳо ба таври ошкор матраҳ мешавад, сарони қабилаҳои устони Сиистону Балучистон дар Эрон ва наздикону пайвандон ва шогиродону муридони ӯ дар Покистону Афғонистон барои ҳимоят аз мавлавӣ Абдулҳамид рафта бо вай байъат карданд. Коре, ки дар сад соли ахир бори аввал дар Эрон таҷриба шуд.

Ин амр дар ҳол мақомот ва бахусус раҳбари Эрон, ки беш аз 30 сол аст ин кишварро раҳбарӣ мекунад, нигарон кард ва аз баландпарвозиҳои худ дар ин масъала кӯтоҳ омада, ҳайатаҳоеро паси ҳам барои ором кардани вазъият дар ин устон ба мулоқоти мавлавӣ Абдулҳамид фиристонд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар Душанбе

0

Ҷаласи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ин нишаст таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор шуд.

Бино ба иттилои “Ховар” ҷонибҳо дар мулоқот протоколи дахлдореро ба имзо расонда, ба мувофиқа расидаанд, ки ҷаласаи навбатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.

Аз тафсилоти ин вохӯрӣ ба ҷуз ин ки “Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт” чизи дигаре гуфта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва то кунун бештар аз 500 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Аксар муноқишаҳои марзӣ дар минтақаҳои номуайяншуда сурат мегиранд, ки то кунун боиси марги даҳҳо нафар аз ду тараф гашта ва харобиҳои бешуморе ба ҷо гузоштааст.

Теъдоди сокинони замин аз марзи 8 миллиард нафар гузашт

0

Теъдоди сокинони кураи замин аз марзи 8 миллаирд нафар гузашт ва ин афзоиши аҳолӣ бархе кишварҳоро хушҳол ва баъзеи дигарро нигарон кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Countrymeters.info, ки ба шумориши аҳолии ҷаҳон ва масоили вобаста ба демография машғул аст, имрӯз, 15-уми ноябри соли 2022 хабар дод, ки теъдоди сокинони замин аз марзи 8 миллаирд нафар убур кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар радабандии 5-гона кишварҳое, ки теъдоди аҳолии онҳо аз ҳама зиёдтар аст, нахуст Чин бо доштани 1,457,957,514 аҳолӣ, ки 18,15% сокинони заминро ташкил медиҳад, қарор дорад. Сипас Ҳиндустон бо 1,423,488,840 дорои 17,72% аҳолӣ, дар мақоми сеюм Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 4,20% аҳолӣ ва ҷои чорум Индонезия 3,51% ва дар охир Покистон ҷойгир аст, ки бо доштани зиёда аз 232,2 миллион нафар 2,89% аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, бар асоси ин омор дар ҳоли ҳозир нархи рӯзонаи марг дар дунё ҳудуди 100 ҳазор нафар, вале теъдоди навзодҳо дар дунё беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  

СММ: Русия бояд ба Украина ҷуброн бипардозад

0

Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) бо қабули қатъномае аз Русия хост ҷуброни хасоротҳои воридкардааш ба Украинаро бипардозад.

Маҷмаи умуми СММ рӯзи 14-уми ноябр қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Русия вазифадор мешавад, барои нақзи қонунҳои байналмилалӣ дар ҳамла ба Украина ҷуброни хасорати воридкардаашро пардохт кунад.

Дар қабули ин қатънома аз 193 кишвари узв, 94 кишвар ба ҷонибдорӣ, 73 кишвар бетарф ва 14 кишвари дигар мухолифи он раъйи доданд. Ва дар ниҳоят бо 94 раъйи ҷонибдор қатънома қабул гардид.

Дар ин қатънома бар зарурати таъсиси “механизми байналмилалии ҷуброни хисорот, талафот ё осебе”, ки аз “амалҳои ғайриқонунӣ”-и Русия алайҳи Украина ба вуҷуд омадааст, таъкид мешавад.

Пеш аз қабули қаиънома сафири Украина дар СММ Сергей Кислитса гуфт, ки “Русия тамоми талоши худро барои нобуд кардани Украина дар ин ҳамлаҳо кардааст“. Вай аз бомборонҳои густардаи як моҳи ахири Русия ба шаҳрҳои Украина ёдовар шуда, афзуд, ки ин кишвар “роҳҳо, пулҳо, корхонаҳо ва нисфи шабкаҳои барқӣ, обанборҳои тавлиди барқро нобуд сохтааст.” Ӯ таъкид кард, ки “вақти он расидааст, ки Русия дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамалаҳои бедалел ва ҷиноятҳои кардааш ба ҷавобгарӣ кашида шавад“.

Ҳамзамон сафири Русия дар СММ Василий Небензя қабули ин қатъномаро ғайриқонунӣ хонда, аз кишварҳои узви ин ниҳоди байналмилалӣ хост, мухолифи он раъй диҳанд.

Ӯ кишварҳои ғарбиро ба он муттаҳам кард, ки хостаҳои худро алайҳи Русия бо ҳар роҳе мехоҳанд қонунӣ кунанд. Вай дар идомаи суҳбаташ ҳушдор дод, ки тасвиби қатънома “танҳо метавонад ташаннуҷ ва бесуботиро дар тамоми ҷаҳон афзоиш диҳад“. Ӯ ҷонибдорони ин қатъномаро ба даст доштан дар мусодираи ғайриқонунии дороиҳои Русия, ки мунҷамид шудаанд, муттаҳам кард.

Ёдовар мешавем, ки аз шуруи ҳамлаи Русия ба Украина, 24-уми феврали соли ҷорӣ ин бори панум аст, ки Маҷмаи умумии СММ алйҳи Русия қатънома қабул мекунад.

HRW аз ИА хост дар нишасти Самарқанд аз Бадахшон ҳам бигӯянд

0

Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро баргузор мешавад.

Қарор аст рӯзҳои 17-18-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шавад.

Гуфта мешавад, Ҷозеп Боррел, Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ бо ҳамтоёни худ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар шаҳри Самарқанд мулоқот мекунад.

Дар ҳамин ҳол Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) бо нашри номаи боз аз раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки дар рафти ин нишаст, масъалаи ҳуқуқи башар, таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва шиканҷаи эътирозгарон, рӯзноманигорон ва блогерони боздоштшударо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба миён гузорад.

Инчунин дар ин нома таъкид шудааст, ки “Агар Иттиҳоди Аврупо мехоҳад дар Осиёи Марказӣ шарикони босуботе дошта бошад, бояд аз ҳукуматҳо талаб кунад, ки аз истифодаи зӯроварии аз ҳад зиёд худдорӣ кунанд ва масъулиятро барои қонуншиканиҳои ҷиддӣ таъмин намоянд.”

Гуфта мешавад, дар моҳи октябри соли ҷорӣ низ ҳангоми мулоқоти сарони кишарҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо чор созмони ҳомии ҳуқуқи башар бо ирсоли номае аз Президенти Иттиҳоди Аврупо хоста буданд, ки ба ин масоилро ба миён гузорад, аммо бо вуҷуди матраҳ шудани ин масоил ҳамоно вазиъият зиёд фарқ намекунад, балки дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар аз гузашта дида, бадтар арзёбӣ мешавад.

Ҳалокати ронанда дар роҳи Душанбе-Чаноқ ва шикояти IRS

0

Дар ин чанд рӯзи ахир, бар асари боришоти барф дар роҳи Душанбе – Чаноқ чанд мошин тасодуф кард ва чанде аз баландии кӯҳ ба чуқурӣ сарозер шуданд. Мардум ширкати (IRS)-ро гунаҳкор медонанд, аммо ширкат аз ронандагон шикоят дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10-уми ноябри соли ҷорӣ як мошини тамғаи “MUSSO”, ки аз Душанбе ба Панҷакент мерафт, аз баландӣ ба умқи 300 метр сарозер шуда, дар натиҷа ронанда ба ҳалокат расид.

Инчунин дар ин миён дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз лаҳзаи сарозер шудани як мошини боркаш нашр шуд, ки гуфта мешуд, он ба сабаби номусоид будани боду ҳаво ва мушкилоти роҳ ба ин фалокат дучор шуд.

Бархе ронандагоне, ки аз ин роҳ истифода мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ садамаҳо ва роҳбандиҳои роҳи Душанбе – Чаноқро ба бемасъулиятии масъулони ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS), (ширкате, ки масъулияти нигоҳубини ин роҳро бар уҳда дорад) рабт дода, мегӯянд, ки маҳз бемасъулиятии ин ширкат сабаб шуда, ки роҳ сари вақт аз барфу тарма тоза карда намешавад ва дар натиҷа дар нуқтаҳои тангу хатарноки ин роҳи кӯҳӣ ҳодисаҳои нохуш рух медиҳад.

Аммо субҳи имрӯз, 15-уми ноябр масъулони ширкати (IRS) бо нашри паёме дар Фейсбук иттиҳоми бемасъулиятиро рад карда, баракс, ронандагонро гунаҳкор донист. Ин ширкат бо шикоят аз ронандагон мегӯяд, худи ӯ “масъулиятшинос аст, аммо бетафовутиву худхоҳии баъзе ронандагон то андозае ба фаъолияти он монеа эҷод мекунанд.” Масъулони ширкат иддао доранд, ки сабаби танбашавӣ дар ин роҳ ба роҳи муқобил баромадани баъзе ронандагон ва итоат накардани роҳнамоиҳои масъулони (IRS) ва нозирони БДА мебошад.

Ширкат меафзояд, бо ин ки роҳ пулакӣ аст, маънои онро надорад, ки 24 соат боз бошад. Ва бастани роҳ яке аз тасмимҳои ширкат барои таъмини бехатарӣ дар он гуфта мешавад.

Ронандагоне, ки солҳост тариқи ин роҳ ба Душанбе ва Хуҷанд рафтуомад мекунанд, ҳар сол бо фарорасии фасли сармо аз бемасъулиятӣ ва фаъолияти хуб накардани масъулони ширкати (IRS) шикоят мекунанд.

Ронандагон мегӯянд, бо вуҷуде, ки ширкат аз ҳар мошини маблағҳои зиёд мегирад, вале барои сарозер нашудани мошинҳо, ба хусус мошинҳои боркаш дар гардишҳои танг монеаҳое намесозад, ки ҷону моли ронандагон бехатар бимонад.

Ёдовар мешавем, ки ширкати (IRS) соли 2010 масъулияти ин роҳро бар уҳда гирифта онро пулакӣ кард. Гуфта мешавад, ширкати мазкур ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дошта, соли 2009 дар минтақаи оффшори ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё аз сӯи шаҳрванди Тоҷикистон номнавис шудааст.

Тоҷикон дар Русия ҳам “облава” мешаванд?

0

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия фармонере имзо кард, ки ба афроди дорои шаҳрвандии хориҷӣ иҷозаи хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Русияро медиҳад. Ин фармони Путин дар

Ба ин фармон афроде шомил мешаванд, ки шаҳрвандӣ ё иқомаи як кишвар ё дорои санаде ҳастанд, ки ҳаққи иқомаи доимиро дар қаламрави кишвари дигар тайъид мекунад.

Ҳамин тариқ, тибқи ин фармон афроди дорои шаҳрвандии хориҷӣ ба хидмати ҳарбӣ дар Русия аз рӯи даъват ва тибқи шартнома ҷалб мешаванд.

Аммо бо шаҳрвандони хориҷие, ки маҳкум шудаанд, нисбаташон ҷазо пешбинӣ шудааст ё дар ҳолати тафтишот қарор доранд, шартнома баста намешавад.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ин фармони Путин бештар дар баробари муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ татбиқ карда мешавад ва дар оянда ба эҳтимоли зиёд муҳоҷиронро аз хонаву кӯчаҳо ва ҳатто аз ҷойи корашон “облава” карда ба артиши Русия ҷалб мекунанд.

Гуфта мешавад, акнун ҷавонони тоҷике, ки барои кор ба Русия рафтаанд ё аз “облава” шудан аз Тоҷикистон ба ин кишвар гурехтаанд боз бо “облава” рӯ ба рӯ мешаванд.

Пештар низ хабарҳое нашр шуда буд, ки ҷавонони тоҷикро дар кӯчаҳо боздошт намуда, иҷборан барои хидмат дар артиши Русия ва иштирок дар ҷанги Украина бурдаанд.

Чанде пеш дар тамрингоҳи Белгороди Русия ҳодисаи хунине рӯх дод, ки дар он ду шаҳрванди Тоҷикиистон ба қатли дасти кам 29 нафар аз сарбозону афсарон айбдор шуданд. Гуфта мешуд, ки онҳо бо хоҳиши худ ба артиш рафтаанд. Аммо наздикону пайвандонашон ин фарзияи эълоннамудаи мақомоти русро рад карда, гуфта буданд, ки ба он бовар надоранд.

Раҳмонов ба Рустам чӣ мерос мегузорад?

0

Эмомалӣ Раҳмон муддати 30 сол аст, ки дар Тоҷикистон зимоми қудратро мустаҳкам дар даст гирифтааст. Имсол ӯ 70-сола шуд. Дар ин синну сол аксари сиёсатмадорон ҳар қадар боғайрат ҳам бошанд, хаста мешаванд ва ба истироҳат мераванд.

Бо назардошти он ки вақтҳои охир зуд-зуд дар реҷаи кории худ таваққуф мекунад, зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон низ каме хаста шудааст.

Бинобар ин, ахиран дар Тоҷикистон сарусадоҳо дар мавриди интиқоли қудрат зиёд шудааст. Кӣ ҷойнишини Раҳмон мешавад, аллакай барои ҳама маълум аст.

Дар ин барнома мо тасмим гирифтем, ки ҳукуматдории сӣ соли ахири Эмомалӣ Раҳмонро хулоса намоем. Мо дар бораи комёбиҳои ӯ сӯҳбат намекунем. Бигузор дастгоҳҳои таблиғотии давлатӣ дар бораи онҳо сӯҳбат кунанд. Мо дар бораи он сӯҳбат хоҳем кард, ки раисиҷумҳури солхӯрда барои мардуми Тоҷикистон чӣ мушкилоте ба мерос хоҳад гузошт.

Ҷойнишини белаёқату ношоиста.

Аввалин ва шояд муҳимтарин суоле, ки ба зеҳни ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон меояд, ин аст, ки оё писари эркаи як диктатори солхӯрда метавонад аз уҳдаи идораи кишвар барояд? Ӯ то кадом дараҷа дар ин масъала лаёқат дорад? Ҳама дар Тоҷикистон мефаҳманд, ки ҳеҷ интихоботе ҷой нахоҳад дошт ва қудрат ба шакли подшоҳӣ интиқол хоҳад ёфт.

Дар ҳақиқат тарси мардуми тоҷик беасос нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки Рустами Эмомалӣ дар куҷо ва ба чӣ шакле таҳсил кардааст, кӣ ва бо кадом роҳ ӯро ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ пешбарӣ кардааст ва дар паси муваффақиятҳои бардурӯғи ӯ дар ободонии пойтахт, ҳоло шаҳрдори пойтахт аст, кӣ истодааст. Ҳама медонанд, ки ин ҳама натиҷаи амалиёти қаблан тарҳрезишудаи падараш бо номи «ҷойнишин» мебошад. Аммо агар шахсе, ки дар ҷамъият ҳатто ду ҷумла сухан гуфта наметавонад, аз уҳдаи идораи як давлат чӣ гуна мебарояд?

Ҳама медонанд, ки ӯ ягон донишгоҳи Тоҷикистонро хатм накардааст, ҳеҷ вақт донишҷӯи Академияи хоҷагии халқ ва хидмати давлатии Русия набудааст, кӯшиши дохил кардани ӯ ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба нокомӣ дучор шудааст, дар Амрико ба омӯзиши забони англисӣ муваффақ нашудааст ва ӯ ҳеҷ гоҳ Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро хатм накардааст. Дарки ин масъала мардуми Тоҷикистонро ба даҳшат меафканад.

Гурӯҳҳои бузурги хешовандони Эмомали Раҳмон

Масъалаи дигаре, ки ҳамаро нигарон кардааст, ин аст, ки гурӯҳҳои бузургу қудратманди хешовандони Эмомалӣ Раҳмон пас аз рафтани ӯ чӣ гуна рафтор хоҳанд кард? Ҳанӯз дар замони ҳукуматдории Раҳмон хешовандони ӯ, ки соҳиби имкониятҳои молии бузурге ҳастанд ва дар сохторҳои давлатӣ одамҳои худро доранд, ба гурӯҳҳо тақсим шуданду барои идораи минтақаҳои кишвар ва ба даст даровардани сарватҳои табиии Тоҷикистон байни худ муборизаи беамоне мебаранд. Айни ҳол Эмомалӣ Раҳмон байни онҳо нақши як довареро мебозад. Аммо вақте Рустами Эмомалӣ, ки дар асл сардори яке аз гурӯҳҳои рақобаткунанда мебошад, ҷойнишини ӯ гардад, чӣ мешавад?

Набудани як сохтори давлатии фаъол

Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Эмомалӣ Раҳмон шохаи ҳокимияти худро бар зарари ду шохаи дигар – ҳокимияти судӣ ва қонунгузор тақвият дод. Имрӯз ин шохаҳои ҳокимият дар кишвар амалан вуҷуд надоранд. Низоми давлатӣ пурра дар асоси идораи дастӣ фаъолият мекунад. Дастгоҳи давлатӣ, ки ҳамаи онро идора мекунад, ниҳоят фасодзада ва белаёқат аст.

Ҳокимияти иҷроияи кишвар комилан ба иродаи Президент ва оилаи ӯ тобеъ буда, амалан барои манфиатҳои моливу иқтисодии хешовандони Эмомалӣ Раҳмон хидмат мекунад.

Иқтисоди заиф ва аз тарафи хешовандони Президент монополияшуда

Ҳукумати ношоиста, белаёқат ва фасодзада наметавонад иқтисоди хубе бунёд кунад. Аслан дар Тоҷикистон иқтисоде вуҷуд надорад. Дар кишвар танҳо ширкатҳои монополие вуҷуд доранд, ки ба хешовандони Президент тааллуқ доранд ва аз ҳисоби муомилоти молӣ, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, воридоти маҳсулот, бо роҳи ҳавоӣ мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, фурӯши ашёи хоми табиӣ, истихроҷи тилло ва хидматрасониҳои телекоммуникатсионӣ даромад доранд.

Як далели оддӣ дар ин бора ин аст, ки Тоҷикистон худро ҳатто бо ғизои истеъмол мекардааш, таъмин карда наметавонад. Тавре ожонсии радабандии амрикоии Стандарт Энд Пурс (Standard & Poor’s) гузориш медиҳад, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Зиёда аз сеяки воридоти кишвар ба орд, равғани растанӣ ва шакар рост меояд.

Аммо дар баробари ин, Эмомали Рахмон бо овози баланд назди мардум мегӯяд, ки ҳукумати ӯ ҳадафи стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқавориро иҷро кардааст.

Сатҳи баланди бекорӣ

Аз сабаби набудани иқтисодиёти фаъол дар кишвар мушкилии бузурги бекорӣ ба миён омадааст. Қисми бузурги қувваи кории кишвар дар ҷустуҷӯи кор ба Русия ва Қазоқистон ҳиҷрат мекунанд. Тибқи гузоришҳои мухталиф, шумораи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди се миллион нафарро ташкил медиҳад.

«Фирори мағзҳо» ва таназзули низоми маориф

Мушкилии дигаре, ки фоҷиабортарин дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, босуръат кам шудани мутахассисон аст. Мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб ва маориф ба таври оммавӣ кишварро тарк мекунанд. Аз ин сабаб дар кишвар норасоии кадрӣ мушоҳида мешавад ва соҳаҳои мазкур ба таназзул дучор мешаванд. Дар асоси маълумоти расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз ду ҳазор мутахассисони соҳаи тиб кишварро барои ҳамеша тарк кардаанд. Ҳамзамон Созмони Миллали Муттаҳид аз сатҳи ниҳоят пасти таълим дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.

Масъалаҳои ҳалнашудаи сарҳадӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойнишини худ мушкилиҳои ҳалнашудаи сарҳадиро мерос хоҳад гузошт. Дар ду соли охир ин мушкилӣ боиси ду муноқишаи хунин бо Қирғизистон шудааст, ки боиси марги даҳҳо низомӣ ва сокинони ҳарду кишвар шуд. Раванд чунин аст, ки ҳар як муноқишаи навбатӣ шадидтар, бузургҳаҷмтар ва ҳалли он мушкилтар шуда истодааст.

Дар оянда муноқишаи нав метавонад комилан аз зери назорат берун шавад ва боис шавад, ки Тоҷикистон на танҳо адади сершумори шаҳрвандон ва низомиён, балки заминҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳимро аз даст диҳад.
Дар пасманзари таҳдидҳои беруна, Эмомалӣ Раҳмон натавонист як артиши қавӣ ва боэътимоде созад. Ҳимояи кишвар амалан ба маҳорати ҷангиёни собиқи Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ва Фронти халқӣ, ки маҳорати ҷангӣ ва таҷрибаи амалӣ доранд, вобаста аст.Артиши имрӯзаи Тоҷикистон ба таври кофӣ муҷаҳҳаз нест, аслиҳаи замонавӣ надорад, комилан фасодзада аст ва дар муноқишаҳои ахир бо Қирғизистон натавонистааст дар муқобили паҳподҳои туркӣ, аз тарафи артиши Қирғизистон истифода шуд, коре карда бошад.

Қарзи давлатӣ

Хатари дигари муҳиме, ки на танҳо ба соҳибихтиёрӣ, балки ба давлатдории Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин қарзи бузурги давлатии кишвар аст. Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 3 миллиарду 700 миллион доллар буда, ба 46 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Ҳамзамон 60 дарсади қарзи давлатии Тоҷикистон, ё қариб 2 миллиард доллар ба Чин рост меояд. Дар робита бо ин, аксари коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки Пекин метавонад бар ивази қарз заминҳои кишварро талаб кунад.

Поймолшавии ҳуқуқи инсон

Яке аз мушкилоти умдаи мавҷуда дар Тоҷикистон ин поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон аст. Тоҷикистон бо сардории Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 7-8 соли ахир дар шохиси радабандии созмонҳои ҳуқуқӣ аз ҳама зинаҳои поёнтарро касб мекунад. Солона даҳҳо озодандешу диндоронро бо баҳонаи “мубориза бо терроризм” ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад. Аҳолии Тоҷикистон соли 2022 аз ҳама давраи сахттарини поймолшавии ҳуқуқи инсонро дар таърихи ин кишвар таҷриба карданд. Худи ҳамин сол бо баҳонаҳои мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро даҳҳо нафар дар Бадахшон кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошту зиндонӣ шуданд. Ҳатто онҳое, ки берун аз Тоҷикистон қарор доштанд ва каму беш қатли оми Эмомалӣ Раҳмонро дар Бадахшон интиқод карданд, даҳҳо нафарашон аз Русия дуздида шуда ба Тоҷикистон оварда шуданд ва ба солҳои тӯлонӣ пушти панҷараи зиндон рафтанд. Рӯзноманигороне, ки аз камбудиҳои ҳукумат бо ҷуръатона мегуфтанд, ҳама зиндонӣ шуданд. Аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ борҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон раҳоии бечуну чарои онҳоро дархост карданд, вале хостаи худи Раҳмон болотар аз ҳама меистад, ки ба ин хостаҳо посухе надоданд.

Акнун дар ҳоле, ки аҳолии Тоҷикистон ба шиддат аз Раҳмонов ва хонаводааш нафрат пайдо кардаанд, оё Рустам метавонад ин нафратро аз дили сокинон бартараф кунад ва ё ӯ низ дар зулму истибдод пайравӣ падараш мешавад?

Хулоса

Тавре мебинед, дар сурати интиқоли қудрат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойнишини ояндааш мушкилоти зиёдеро ба мерос хоҳад гузошт. Бархе аз ин мушкилиҳоро раисҷумҳури феълӣ ҳал накардааст, бархе дигарро худаш ба миён овардааст. Аммо ҳоло суол инҷост, ки оё Рустами Эмомалӣ чолишҳоеро, ки кишвар дар оянда дучор хоҳад шуд, дарк мекунад ва барои ҳалли онҳо талош хоҳад кард? Оё ӯ лаёқати инро дорад?