Раҳбари дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба “таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишуда” алайҳи Тоҷикистон муттаҳам карда, ба ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви ИДМ гуфтааст, ки “дар натиҷаи он беш аз панҷоҳ нафар кушта шуда, тақрибан дусад нафар мардуми осоишта ярадор шуданд.”
Бо вуҷуди он ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон омори дақиқеро дар бораи талафоти ҷонӣ ва молӣ ва аз ҳар ду ҷониб ба мардум ироа накардаанд, вале пеш аз ин бархе расонаҳо, аз ҷумла Azda tv ва Радиои Озодӣ феҳристҳоеро дар бораи афроди кушташуда тартиб дода буданд, ки ахиран сомонаи Радиои Озодӣ низ номи 80 нафарро зикр карда буд.
Гуфта мешавад, бо гузашти наздик ба як моҳ аз муноқишаҳои хунини манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно ҳеч яке аз тарафҳо эътироф накардааст, ки барои оғози ин ҳамлаҳо ва шиддат бахшидан ба низоъҳои мусаллаҳона аз пеш нақша кашида, омодагӣ дидааст, балки ҳамеша ҳар ду ҷониб аз минбарҳои мухталиф якдигарро бо оғози ҷанг муттаҳам мекунанд.
Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гирди ҳам ҷамъ омада дар бораи барномаҳои худ гуфтугӯ карданд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз 14-уми октябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давалати Мустақил дар шаҳри Остона иштирок ва суханронӣ кард.
Ба қавли манбаъ, “дар ҷараёни мулоқот дар ҳайати маҳдуд сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ суханронӣ намуданд.”
Дар ин ҷаласа Президенти Тоҷикистон низ суханронӣ кард, влае тавре котиботи Эмомалӣ Раҳмон хабар медиҳанд, вай дар маърузаи худ ҳеч пешниҳоди ҷадиде ироа накардааст, фақат ба чанд пешниҳоди кӯҳанаи худ, ки дар чанд нишаст ва низ ҳангоми мулоқот бо сарони баъзе кишварҳо ва раҳбарони созмонҳо дар хусуси ҳифозат аз пиряхҳо, таъмини оби ошомиданӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор карда буд, иктифо кардааст.
Гуфта мешавад, дар кори ин ҷаласа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қирғизистон Садир Ҷабборов иштирок карданд.
Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон пас ҳодисаҳои хунини Рӯшон ва Хоруғ ва муноқишаҳои мусаллоҳонаи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон нисбат ба Саймумин Ятимов хеле зиёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҳодисаҳои хунини моҳи ноябри соли 2021 дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ, ки он ҷо нақшаи қатли оми мардум ба хок хӯрда, танавониста буд бо раҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон бо оғози як маърака ҳама афроди норозӣ аз худашро аз байн бибарад, муддате ба Саймумин Ятимов “пушт” карда буд.
Он замон дар баробари қатли Гулбидин Зиёбеков, ки аз сабабҳои асосии шуълавар кардани фитнаи навбатӣ дар ин вилоят дониста мешуд, қатли марҳум Мамадбоқир Мамадбоқиров ва ёрони бовафояш низ дар сархати ҳадафҳои шуму нопок қарор дошатанд, локин бо вуҷуд кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз эътирозгарону сокинони осоишта, он замон талошҳои мақомот бо раҳбарии Саймумин Ятимов дар ин масъала ноком монда буданд.
Ин амр боис шуд, ки мардум дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз он аз ин рафторҳои ноҷавонмардона ва ғайриқонунии мақомоти қудратӣ дар қиболи мардуми бесилоҳ ба дод омаданд ва фарёди онҳо аз Душанбе то Маскав, аз Лаҳистон то Олмону Фаронса ва аз Ландан то Вашингтон ҳам ба гӯши ҷаҳониён расонида шуд ва ҳама бо як овоз омилони ин фитна ва қотилони мардум ва дар раъси онҳо раҳбарони мақомоти қудратиро маҳкум мекарданд.
Аз сӯи дигар, вақте раҳбарони мақомоти қудратии Тоҷикистон ва дар раъси онҳо Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода, ки ҳар ду аз саркардаҳои асосии ин ҷараёни фитна дар Тоҷикистон дониста мешуданд, хашму ғазаби мардумро дида, муддате хомӯш, вале барои фитнаҳои навбатӣ дар моҳи январу феврали соли ҷорӣ нақшаҳои дигареро тарҳрезӣ мекарданд, ин дафъа ҳам мардум огоҳ шуда, дубора аз ҷояшон хестанд ва садо баланд карданд.
Дар найрангу фитнаҳои замистонаи оғози соли 2022 низ тири онҳо пурра ба ҳадаф нарасид. Ба ин хотир дар назди сарфармондеҳи худ Эмомалӣ Раҳмон ба навъе сархам ва ва чун синнашон ҳам ба ҷое расидаву расман ду давра муҳлати раҳбариашон низ ба поён расида аст, барои ҷойгузин кардани онҳо бо афроде дигар хеле аз атрофиён раиси ҷумҳур бо як садо ба онҳо баҳои “ноуҳдабароӣ” доданд. Эмомалӣ Раҳмон низ то ҷое бовар карда буд.
Аммо ахири баҳор ва аввали тобистони имсол вазъият фарқ кард ва шамол ҳам ба самти онҳо вазид, биноан, ҳам раиси КДАМ ва ҳам вазири корҳои дохилӣ фурсатро ғанимат дониста аз нав дар пайи тарҳрезии нақшаҳои шум ва хунин дар ВМКБ шуданд.
Ин омилони фитна аз як тараф хеле аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахусус бадахшониро саркӯб, боздошт ва равонаи зидон карданд, аз тарафи дигар ба раванди боздоштҳои ғайриқонунӣ ва рабудни фаъолони ҷомеаи маданӣ аз Русия ва Қазоқистон ҳам ҷиддӣ вориди кор шуданд.
Аммо ин дафъа “нағз” шудани муносибати Эмомалӣ Раҳмон бо Саймумин Ятимов ва наздик шудани раиси КДАМ бо раиси ҷумҳур омили дигаре ҳам дорад. Ин омил ТАРС ном дорад. Тарс аз кудето! Кудето дар дохили оила ва он ҳам ба нафъи Озода Раҳмон, на Рустами Эмомалӣ, ки Президенти Тоҷикистон солҳо интизори ба тахт нишастни писарашро дорад.
Дар дохили оилаи Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаи ҳукумрон ҳам барои ҷойгузин кардани мақоми риёсти ҷумҳурӣ байни фарзандҳо, домодҳо, қудоҳо ва додарарусони Президенти Тоҷикистон ҳамоно пурра тавофуқи назар ҳосил нашудааст. Он ҷо дасти кам мардум ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд, қисме ҷонибдори Рустами Эмомалӣ ва қисми дигар аз тарафдорони ашадии ба қудрат расидани хонум Озода Раҳмон дониста мешаванд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки таъмини амнияти ин хонаводаро аз таъмини амнияти марзҳо ва шаҳрвандони кишварамон авлотар медонад, бо Рустами Эмомалӣ муносибати хубе надорад. Вай низ аз наздикон ва “вафодорон”-и хонум Озода Раҳмон дониста мешавад.
Ҳамзамон, пас аз барканор кардани шавҳари Озода Раҳмон, ҷаноби Ҷамолиддин Нурализода (Нуралиев) аз симати худ дар Бонки миллӣ зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ин фикр фурӯ рафтааст, ки агар ҳар навъ табаддулоти эҳтимолӣ дар дохили оила ва ё ҳукумат сурат бигирад, бо роҳбарӣ ва ё бо машаварати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат мегирад, ба ин хотир ӯро дар сафарҳои ахир бо худ ба ҳар куҷое рафт, мебарад, то аз макру найранҳои ӯ пешгирӣ кунад.
Эҳтимол, ба ҳамин хотир дар хеле аз аксу наворҳо дида мешавад, ки раиси КДАМ ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар чанд сафар ҳузур дорад, вале бо дарки ин масъала Саймумин Ятимов аз пушт истода ба баъзе рафторҳои Эмомалӣ Раҳмон заҳрханд мекунад ва гоҳе дигар аслан таваҷҷуҳе ҳам зоҳир намекунад, ки дар куҷо ҳасту дар ҷамъи чӣ касоне вуҷуд дорад.
Ин кор ва рафторҳои Саймумин Ятимов ба суботу оромиши рӯҳии Эмомалӣ Раҳмон низ зарба мезананд ва дар нишасти ахираш бо Владимир Путин ва Содир Ҷабборов ҳам дида мешавад, ки аз доираи пртоколи расмӣ хориҷ шуда, бо симое пур аз қаҳру ғазаболуд бо ҳамтои русиаш салом мекунаду бо ҳамтои қирғизиаш не ва сипас Саймумин Ятимов аз пушт истода ба ҳоли ӯ ором-ором механдад…
Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо ҳамчунин хостори идомаи таъмини Украина бо силоҳ шуд.
Гуфта мешавад, пеш аз овоздиҳӣ, Президенти Украина Владимир Зеленский дар нишасти Шӯро онлайнӣ суханронӣ карда, хостори пуштибонӣ аз қатънома шуда буд.
Нуқтаҳои асосии қатънома инҳоянд:
. маҳкум кардани таҷовузи Федератсияи Русия ва эътирофи он ҳамчун ҷиноят тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ;
. тасдиқи соҳибихтиёрии Украина;
. суръат бахшидан ба таъсиси трибунали махсуси байналмилалӣ барои таъқиби афроде, ки алайҳи Украина ҷиноятҳои ҷангӣ содир мекунанд;
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 13-уми октябр дар ҳузури худи Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар Русия 2 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад.
Дирӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар ҳошияи Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё нишасти сеҷониба бо ҳузури президентҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ибтидои ин нишаст, Владимир Путин аз ҳамкориҳои зичи Русия ва Тоҷикистону Қирғизистон ёдовра шуда онҳоро шарикони муҳими стратегии худ хонд. Ва дар идома ёдовар шуд, ки ҳудуди 1 миллион аз шаҳрвандони Қирғизистон дар кишвараш ба таҳсилу кору зиндагӣ машғуланд ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон бошад, 2 миллион дар онҷо кору зиндагӣ доранд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла худи Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд ҳамеша омори расмиро аз мардум пинҳон кунанд ва шумори муҳоҷиронро камтар нишон диҳанд. Мақомот борҳо таъкид мекунад, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 1 миллион ҳам камтар ва шумори онҳоро байни 400 то 900 ҳазор нишон медиҳанд.
Аммо тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, айни ҳол беш аз 2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қувваи корӣ ва мағзҳои илмии кишвар маҳсуб мешаванд дар хориҷ аз Тоҷикистон, ба хусус дар Русия қарор доранд.
Президенти Русия қасд дорад, ки имрӯз сарони Тоҷикистону Қирғизистонро дар шаҳри Остонаи Қазоқистон даъват карда, байни онҳо миёнаравӣ кунад.
Имрӯз, 13-уми окятбри соли 2022, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳо дар Остона иштирок мекунад.
Ҳамзамон бархе расонаҳои русӣ хабар додаанд, ки Владимир Путин, Президенти Русия қасд дорад, ки дар ҳошияи ин нишастҳои имрӯза бо Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон дар алоҳидагӣ дар бораи низоъҳои манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон бо онҳо суҳбат кунад.
Ба қавли мушовири Путин, Русия вазъият дар ҳудудҳои ҳампаймонони худ, ба хусус дар кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистонро зери назорат дорад ва намехоҳад, ки дигарон аз он ба нафъи худ суд бибаранд. Ба ин хотир Президенти Русия мехоҳад сарони Душанбе ва Бишкекро бо ҳам оштӣ диҳад.
Бо расонаӣ шудани ин хабар аксар корбарони тоҷикистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин пешниҳоди оштӣ додан байни раиси ҷумҳурҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути Президенти Русия хуб истиқбол кардаанд ва амалан таъкид карда гуфтаанд, ки мушкили асосӣ дар сар задани низоъҳои манотиқи наздимарзӣ ин ду нафар: Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов мебошанд.
Ба иборати дигар, хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар ин маврид изҳори назар кардаанд, таъкид мекунанд, ки ҳар вақте ин ду нафар, яъне президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳам сулҳу оштӣ кунанд, ба сурати худкор (автоматӣ) мушкилоти марзӣ низ ҳаллу фасл хоҳанд шуд.
Аммо иддае дигар дар байни ин корбарон вуҷуд дорад, ки мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба аҳдшиканиҳои ҷониби Қирғизистон, ки дар 10 соли ахир бо вуҷуди иваз шудани раҳбарони он кишвар, борҳо пртоколҳои яктарафа поймол ва ҷангу хунрезиҳо аз сар гирифта шудаанд, набояд ба онҳо бовар кард. Сулҳ хуб аст, оштӣ кунем, вале барои ҷанг ҳам омода бошем.
Гуфта мешавад, сабаб ва иллатҳои аслии аксари муноқишаҳои манотиқи наздимарзӣ дар кишварҳои пасоистеъморӣ, ба монанди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 100 сол пеш бо дасти русҳо Аморати Бухоро барҳам дода шуд ва ба ҷои он кишварҳои навпайдое ба монанди Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистону Туркманистон ба вуҷуд омад, маншаъ мегиранд.
Аксари муаррихони мунсиф ҳам бар ин бованд, ки барҳам додани Аморати Бухоро бо дасти истмеъморгарони рус ва “табартақсим” кардани ҳудудҳои он ба чанд кишвар аз як сӯ ва аз сӯи дигар ҳамеша тарс додани мардуми минтақа аз якдигар ва тарғибу ташвиқи баъзе худхоҳон дар ду сӯи марзҳо боиси ба вуҷуд омадани ихтилофот ва сар задани низоъҳо мегардад.
Ва аммо, дар асл байни мардуми оддӣ чи дар Тоҷикистон бошад ва чи дар Қирғизистон равобити фарҳангиву иқтисодӣ ва муҳмитар аз он равобити хешутаборӣ даҳсолаҳо ин ҷониб ҳукмфармост ва мардум ҳам хоҳони суҳлу субот дар минтақа мебошанд.
Ба гузориши баъзе расонаҳо, паҳподҳои эроние, ки Русия рӯзҳои 10 ва 11-уми октябр Украинаро бомборон кард, дар Тоҷикистон сохта ва ба Русия таҳвил дода мешаванд.
Рӯзноманигори турк Babusselam Okutan дар Твиттер менависад, паҳподҳои эронӣ, ки Русия дар Украина истифода мекунад, дар як корхонаи махсус дар Тоҷикистон тавлид мешаванд.
Ин рӯзноманигор мегӯяд, корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон бо имзои як созишномаи расмии Эрону Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Инчунин ба иддаои ӯ, ин корхона бо пули Чин ва амалан таҳти назорати он сохта шудааст. Ва ҳама аҷзо ва ашои зарурии ин паҳподҳо аз Чин ва Аврупо дастарс карда мешаванд.
Ин дар ҳоелст, ки мақомоти Эрону Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ аз ифтитоҳи як корхонаи тавлиди паҳподҳои эронӣ бо номи “Абобил-2” дар Душанбе хабар дода буданд.
Даҳҳо нафар аз сарону раҳбарони кишрҳои осиёӣ ҳамроҳ бо ҳайъатҳои баландпояи кишварҳои худ дар ҳамоиши “Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё” ширкат карданд.
Имрӯз, 13-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо ҳузури беш аз 50 тан аз раҳбарони воломақоми кишварҳои узви созмони “Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё”, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гирди ҳам омаданд.
Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ дар ин нишасти минтақавӣ дар асл гапҳои гузашта ва баъзе пешниҳодҳои обшустаи худро дар либоси ҷумлаҳои нав баён карда, “аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии норасоии оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим”, аз он ҷумла “соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ёдовар шуд.
Гуфта мешавад, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамчун созмони минтақавӣ соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз 27 давлати ҷаҳонро ҳамчун аъзо, 8 кишвар ва 5 созмони минтақавию байналмилалиро ба ҳайси нозир муттаҳид намудааст.