Хона блог саҳифа 413

Раҳмон дар Душанбе клуби “Крокус фитнес”-ро ифтитоҳ кард

0

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, имрӯз 17-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе клуби “Крокус фитнес”-ро ифтитоҳ бахшид.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Гуфта мешавад, “Крокус фитнес” дар масоҳати 7500 метри мураббаъ сохта шуда, дар як вақт метавонад то 2500 нафар дар он ба варзишҳои гуногун машғул бошанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ““Крокус фитнес” дорои се ҳавзи замонавии шиноварӣ буда, ҳавзи калони он имконият дорад, ки варзишгарони касбиро низ ба машғулият фаро гирад.”

“Дар дохили Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” толори барҳавову замонавии варзишӣ барои машғулшавӣ ба тамринҳои омехта бунёд гардида, дар ин ҷо варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим метавонанд ба намудҳои варзиши бокс, муҳорибаи омехта, гӯштин, гимнастика машғул шаванд. Ин қисмати иншоот бо тамоми дастгоҳ ва шароити зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои кӯдакон дар дохили он клуби алоҳида фаъолият менамояд.”, омадааст дар хабар.

Аммо ин фитнес-клуб аз ҷониби кӣ сохта шудааст ва соҳиби аслии он кӣ аст, чизе гуфта намешавад. Вале ба назари бархе коршиносон, соҳибони аслии “Крокус фитнес” русҳо буда, онҳо бо миёнаравии Рустами Эмомалӣ тавонистаанд ин тиҷорати бузургро дар Душанбе бикушоянд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Таҳқиқоти Azda tv нишон дод, ки соҳиби аслии “Крокус групп” Араз Искендер оглы Агаларов, яке аз тоҷирони миллардери руси озаритабор ва яке аз нафарони наздик ба Путин буда, 25 сол боз дар Русия ба тиҷоратҳои бузург машғул аст ва чунин фитнес-клубҳоро месозад.

Акс аз манобеи озод

Мухолифони Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, Президент дар ҳоле ду рӯз қабл ба Путин аз он шикоят дошт, ки чаро ӯро кӯчак мешуморад ва ба ӯ эҳтиром намегузоранд, вале имрӯз ҳамчун президенти як кишвар рафта фитнес-клуберо мекушояд, ки ҳатто дар ифтитоҳи он на соҳиби аслии “Крокус групп” ва на муовинашу на дигар масъулони расмиаш ширкат доранд, вале Эмомалӣ Раҳмон рафта онро ифтитоҳ мекунад.

Ба гуфтаи мунтақидони Раҳмон, ӯ дӯст медорад ҳатто дар кушодани як мағозаи кӯчак ва ҳатто ҳамомҳо ширкат кунад, дар ҳоле, ки ифтитоҳи мағозаву фитнесу дигар иншооти кӯчак кори як тоҷир ва ё сардори як ниҳоди варзишии масъулони поёнии як ноҳия ё идора аст.

Ҷонибек Чоршанбиев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

0

Ҷонибек Чоршанбиев, фаъоли зодаи Бадахшон ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯро барои адои ҷазо ба маҳбаси низомаш сахти шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.

Анора Саркорова рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки мурофиаи додгоҳии Ҷонибек пушти дарҳои баста сурат гирифта, ҳатто вакили дифоъ надоштааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Чоршанбиев дар зери шиканҷаи сахт гуноҳро бар дӯш гирифтааст. То ҳол маълум нест, ки ин фаъоли зодаи Бадахшон ба кадом моддаи КҶ гунаҳкор шудааст. Аммо замони истирдодаш аз Русия ба Тоҷикистон гуфта мешуд, ки нисбати Ҷонибек бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парванда боз шудааст.

Ин фаъоли 37-соларо мақомоти интизомии Русия рӯзи 9 июни соли 2022 бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт карда, ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд.

Гуфта мешавад, истирдоди ӯ ба таври иҷборӣ сурат гирифта, ба наздикону пайвандонаш хабар надодаанд.  

Тӯли тақрибан ду ҳафта хонаводаи Чоршанбиев ӯро дар ниҳодҳои интизомии Душанбе ҷустанд ва билохира маълум кардаанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Гулистони шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешудааст.

Ҷонибек Чоршанбиев, яке аз нафароне буд, ки дар сабти нахустин паёми видеоии зодагони Бадахшони муқими Русия ба мақомоти Тоҷикистон ширкат кардааст.

Ҳафт медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии самбо

0

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо байни ҷавонон, ки рӯзҳои 14-16-уми октябр дар пойтахти Арманистон, шаҳри Ереван баргузор шуд, паҳлавонони тоҷик ҳафт медал ба даст оварданд.

Варзишгарони наврас ва ҷавони тоҷик, дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки аз 14-16-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардид, ҳафт медал ба даст оварданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон Тоҷикистонро 17 варзишгар намояндагӣ карда, сазовори як медали тилло, ду нуқра ва чаҳор биринҷӣ гаштанд.

Дар мусобиқа миёни ҷавонон, Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни +98кг сазовори медали тилло, Субҳиддин Халилзода (-71 кг) медали нуқра, Мусаниф Миробов (-58 кг) ва Анис Субадоров (-64 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Абдуллои Ориф миёни наврасони 16-18-сола медали нуқра, Муҳаммадамин Лоиқов ва Аминҷони Абдулфаёз миёни писарони 14-16-сола соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон 500 варзишгар беш аз 20 кишвар ширкат карда, барои 55 маҷмуи медалҳо қувваозмоӣ намуданд.

Мошини ду дипломати ҳиндӣ дар Тоҷикистон тасодуф кард

0

Мошини ду дипломати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҳангоми сафар ба шаҳри Хоруғ ба тасодуф дучор шудааст. Вале аз захмӣ ё кушта шудани дипломатҳо маълумот нест.

Акс аз “Parviz tv”

Ба гузориши “Parviz tv”, ки бештар наворҳои нодирро аз ҷойҳои ҳодиса нашр мекунад, хабар дода, ки имрӯз 17-уми октябр як мошини дипломатии кормандони сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Хоруғ тасодуф кардааст.

Аммо ин канал аз захмӣ шудан ва ё вафот кардани дипломатҳои ҳиндустонӣ чизе нагуфтааст.

Ва инчунин ҳеч расонаи расмии Тоҷикистон низ дар ин боар маълумоти дақиқ надодаанд.

Аминзода: Бародари ман тереррист не, муҳоҷир буд

0

Ҳодисаи хунини тамрингоҳи Белгороди Русия, ки дар он ду шаҳарванди Тоҷкиистон ба қатли дасти кам 29 нафар аз сабозону афсарон айбдор мешаванд, паҳлӯҳои дигар касб мекунад.

Эҳсон Аминзода, акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Бино ба иттилои

Мақомоти Русия ин ҳодисаи хунини тамрингоҳи Белгородро ҳамчун як ҳодисаи “терорристӣ” баҳо доданд, вале иллатҳои аслии онро нагуфтанд. Баъдтар сомонаи Астра ба нақл аз яке аз шоҳидони ҳоидса, ки маҷруҳ шудааст, навишт, ки тавҳин ба зоти Худо ва “тарсӯ хондани Аллоҳ” боиси ин ҳодисаи хунин шудааст.

Аммо Валентина Чупик, яке аз ҳомиёни ҳукуқи муҳоҷирон дар Русия дар шарҳи ин ҳодиса гуфтааст, ки “онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд… онҳоро маҷбур карданд, ки қардоди хидамати ҳарбиро бо “хоҳиши худашон” имзо кунанд. Онҳо аз аввал мехостанд аз он ҷо фирор кунанд. Мана бо ана ҳамин хел як таҷрибаи номуваффақ рӯбарӯ шуданд.“

Ҳарчанд ин гуфтаҳои Чупикро наметавон пурра тасдиқ кард, вале субҳи имрӯз “Паём.нет” ҳам бо нашри як матлаб гуфта буд, ки Вазорати корҳои дохилии Русия бар асоси як амри вазири ин ниҳоди қудратии Русия қасд дорад, то якуми ноябри соли ҷорӣ на камтар аз 75 ҳазор нафар аз муҳоҷирони кории кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро, ки бар асоси “Патент” кор мекунанд, ба ҷанг дар Украина ҷалб кунад.

Гуфта мешавад, пеш аз ин ҳам Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия ин парвандаро пайгирӣ мекунад ва сипас асли қазияро шарҳ медиҳад.

Сарбоз: Фикр мекунам ибораи “Аллоҳ заиф аст”, ба онҳо сахт таъсир кард

0

Яке аз иштироккунадагони ҳодисаи тирпарронии тамрингоҳи Белгород мегӯяд, ибораи “Аллоҳ заиф аст”, ба мусалмонони тоҷик сахт таъсир кард ва он сабаб шуд, ки фармондеҳи рус ва дигар сарбозонро бикушанд.

Акс аз “РИА Новости”

Расонаи русии ASTRA ҷузъиёти ҳамлаи мусаллаҳона дар тамирингоҳи низомиёни рус дар вилояти Белгороди Русияро аз забони як сарбози захмишуда нақл кардааст.

Тарҷумаи тоҷикии нақли ҳодиса дар поён оварда мешавад:

“Подполковник Лапин гуфт, ки Аллоҳ заиф аст. Пас аз якуним соат ӯро парронданд”.

Ба хабарнигорони ASTRA муяссар шуд, ки бо як низомие сӯҳбат кунад, ки бо иддаои ӯ, ҳангоми тирпарронӣ дар майдони машқӣ дар деҳаи Солоти вилояти Белгород захмӣ шудааст ва ҳодисаро бо чашми худ дидааст. Айни ҳол низомиён дар бемористони шаҳри Валуйки қарор доранд. ASTRA номи ин низомиро ба хотири бехатарии ӯ нашр намекунад.
МУҲИМ: Замони нашри матлаб, мо натавонистем шахсияти гӯянда ё дигар ишироккунандагони ин қиссаро мустақилона тафтиш кунем.

“Ҳамааш аз он оғоз шуд, ки баъзе аз сарбозони мусалмони мо – як доғистонӣ, як озарбойҷонӣ ва як адигеӣ – гуфтанд, ки “ин ҷанги мо нест”. Онҳо талош карданд гузориш нависанд, ки дигар хизмат кардан намехоҳанд. Подполковник Андрей Лапин вакте инро аз фармондеҳи рота фаҳмид, ҳамаро ҷамъ карда, гуфт, ки “ин ҷанги мукаддас аст”.

Ҳодиса субҳҳангом дар майдони тамрин, ки дар он сарбозон саф мебанданду гимн мехонанд, рух дод. Ҷанҷол сар шуд, ҳама ба тела-тела шурӯъ карданд, аз ҷумла чанд нафар аз ротаи ман дар ҷанҷол иштирок карданд.
Тоҷикон дар ҷавоб ба Лапин гуфтанд, ки ҷанги мукаддас ҷанги мусалмонон бо кофирон аст. Лапин гуфт: “Ин тавр бошад, Аллоҳ тарсу аст, агар ба шумо иҷозат надиҳад, ки барои кишваре, ки барояш савганд хӯрдед, ҷанг кунед”.

Шахсан ман фикр мекунам, ки бештар ин ибораи “Аллоҳ заиф аст” сахт расид. Ин ибора бисёре аз онҳое, ки дар майдони машқ истода буданд, ба ҳайрат (шок) овард. Зеро дар байни афсарони мо мусалмонон ҳастанд — ҳам бошқирдҳо ва ҳам тоторҳо.

Пас аз саф кашидани сарбозон, русҳо ва мусалмонон ҷанҷолро идома доданд. Пас аз он ҳама пароканда шуданд, гӯё ором шуданд. Пас аз якуним соат, тақрибан вақти нисфирӯзӣ, ҳамаи моро ба майдони тирпарронӣ фиристоданд. Се нафар тоҷикон, ки дар хидмати шартномавӣ буданд, автоматҳои худро, ки тирҳои ҷангӣ доштанд, гардонида, фармондеҳи мо подполковник Лапинро парронданд. Ӯ ҷобаҷо мурд. Пас бетартибона оташ кушоданро оғоз карданд. Дар майдони машқӣ ҳам сарбозони шартномавӣ ва ҳам басиҷшудаҳо буданд. Танҳо кушташудагоне, ки ман дидам, 29 нафар буданд. 30-юмаш подполковник Лапин буд. Ин адад ба ҷуз ду тоҷике, ки ҳамроҳи онҳо кушта шуданд. Онҳоро ҳам ҳисоб кунем, 32 нафар мешавад.

Дақиқ намедонам, ки чанд нафар захмӣ шуданд, баъзеҳоро бо чархбол ба Белгород бурданд, баъзеҳо ҳоло бо ман дар Валуйки ҳастанд.
Ду-се дақиқа пеш аз оғози тирпарронӣ ба мо, яъне мусалмонон гуфтанд, ки канор равем. Дар хотир дорам, ки номи тирандозон: Бекзод — сержанти калон, дигаре Ануше ва сеюмӣ сержанти хурд Ами аст. Насабашонро дар ёд надорам. Сержанти хурд Ами гурехт. Прапоршик Семёнов ду нафар тирандозро кушт. Семёнов он лаҳза дар утоқе буд, ки дар он қуттиҳои тир нигоҳ дошта мешаванд ва аз он ҷо ба мо тақсим мекунанд. Вай таппончаи ҷангӣ дошт, дар лаҳзаи тирпарронӣ ҳузур надошт. Вақте шунид, ки чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, берун баромадад ва ҳарду тоҷикро парронд.

Тири ӯ ба китфи Ами расид, вале ба ӯ муяссар шуд, ки фирор кунад. Вай симхорро бо тир зад, ки дар он чо девор аст. Он ҳатто девор нест, балки як сими қаҷшуда аст, ҳамин ҷоест, ки баъзе сарбозон ҳангоми набудани имконияти баромадан аз дарвоза ба шаҳр мерафтанд. Дар он ҷо як хоктӯдае хаст, яъне аз болояш гузаштааст. Ба мо гуфтанд, ки то ҳол фирорӣ аст, дастгир нашудааст.
Махсусан он тоҷикон (ки оташ кушоданд – қайди ҳайати таҳририя) – диндори шадид буданд. Онҳо пайваста ҷанҷол мекарданд, ки онҳоро намегузоранд дар вақташ намоз хонанд, барои намозхонӣ утоқе ҷудо намекунанд”, – гуфт он ҷавон.”

Дар ҳамин ҳол имрӯз, 17-уми октябр ASTRA номи ин шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, аз яке Раҳмонов Меҳроб ва аз дигаре Аминзод Тоҷиддин ном бурдааст. Дар бораи будубош ва аз кадом минтақаи Тоҷикистон буданашон ҳанӯз маълумоте нест.

Ҳамчунин мақомоти тоҷик низ расман дар бораи ин ҳодиса ва шаҳрвандони кушташудааш изҳороте нашр накардааст.

27 кушта ва захмӣ бар асари як ҳамла ба тамрингоҳи низомиёни рус

0

Бар асари як ҳамлаи мусаллаҳона дар тамирингоҳи низомиёни рус дар вилояти Белгороди Русия дасти кам 11 нафар кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Акс аз Интернет

Бино ба иттилои Вазорати дифои Русия шоми 15-октябри соли ҷорӣ ду сарбоз ҳангоми тамринҳои низомӣ ба сӯи ҳамяроқони худ тир кушода 11 нафарро кушта ва чанд нафари дигарро захмӣ карданд ва сипас худи онҳо аз тарафи дигар сарбозон кушта шуданд.

Мақомоти рус ангезаи аслии ин ҳуҷуми мусаллаҳонаро шарҳ надодаанд, аммо ин ду нафари муҳоҷимро шаҳрвандони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта, онҳоро “террорист” хонанд.

Аммо баъзе расонаҳо ба нақал аз манобеашон ин ду нафарро шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд. Ҳамзамон дар баъзе каналҳои телеграмӣ аз муҳоҷимон шаҳрвнадони Узбекистон ном бурдаанд.

Ба иттилои манобеи гуногун, дар ин тамрингоҳ дар вилояти Белгород, ки бо Украина ҳаммарз аст, мақомоти низомии Русия сарбозонро пас аз эълони басиҷи нерӯҳо ба онҷо бурда тамрини низомӣ медодаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаи русии “Astra” иттилоъ дод, ки як хабарнигораш рӯзи 16-уми октябр тавониста бо яке аз захмишудгон ҳамсуҳбат шавад ва қазияро ба тафсил нақл кардааст. Ба гуфтаи ин сарбози захмишуда, нафарони ҳамлагар шаҳрвандони Тоҷикистон буда, даргирӣ ба сабаби баҳсҳои динӣ сар задааст.

БЕЧОРАНОЛӢ Ё САНЪАТКОРИИ ”ПЕШВО”

0

Рӯзи 14 октябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон дар нишасти сарони ДММ ва инчунин дар нахустин нишасти сарони кишварҳои минтақа, самити “Осиёи Марказӣ + Русия” иштирок ва баромад намуд.

Акс аз “РИА Новости”

Суханронии Раҳмонуфи ҳамеша чашм ба маърӯза омода ва Раҳмонуфи аз фаҳмаш сӯҳбаткунанда аз замин то осмон фарқ мекард ва ҳамин буд, ки таваҷҷӯҳи нафарони зиёдеро ба худ ҷалб намуд.

Гуфтаҳои пурэҳсосоти Раҳмонуф мазмунан аз ин иборат буд: “Мӯҳтарам Путин! Ба кишварҳои минтақа мисли замони шӯравӣ, чун майдамиллатҳо муносибат накунед. Магар мо ягон қоидаро вайрон кардем? Мо магар бегонаем? Полигонҳои Шуморо чуноне лозим аст, нигоҳ медорем, ғайр аз Русия макони мерафтагӣ надорем ва Шуморо эҳтиром мекунем ва мехоҳем, ки моро ҳам эҳтиром кунед ва дар иқтисодиёти мо маблағ сарф кунед ва барои гузаронидани форумҳои иқтисодӣ ба мамлакати мо раисонро нафиристед ҳам, вазирҳоятонро равон мекардед”.

Бисёриҳо суханронии Раҳмонуфро коҳиши обрӯи Путин ва баъзеҳо ҷасорати Раҳмонуф маънидод кардаанд, ки аз ҳақиқат хело дур менамояд. Коҳиши таъсири Путин дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳамагон маълум, локин дар мавриди “ҷасорати” Раҳмонуф  баъзе иқтибосҳо меорем, то масала равшан гардад. Путин дар таърихи 21.01.2022 ҳангоми нишасти Ҷаласаи Шӯрои Амният, раиси Хадамоти иктишофии хориҷӣ (СВР) Наришкинро маҷбур кард, то забонаш лол гардад.

Яъне, агар Путин суханҳои Раҳмонуфро ҷиддӣ мегирифт, табиати ҷавобгӯияш ранги дигар мегирифт ва дар сурате, ки ба як вазири қудратиаш чунин муомила мекунад, ба Эмомали Шарипович, ки мадюни гузаштаву имрӯзааш ҳаст, чӣ балоеро басараш меовард. Локин ба талабҳои Раҳмонуф мисли хостаҳои қаблиаш муомила намуда, баъди нишаст суханҳои вайро тасдиқ ҳам кард. “Ман мехостам аз он чи ки Эмомалӣ Шарипович гуфт, шурӯъ кунам. Бале, дар ҳақиқат, ман фикр мекунам, ки ӯ дар умум ҳақ аст”.

Аз ин бармеояд, ки дар чунин ҷаласаҳо ба “талбандагии” Раҳмонуф одат кардаанд. “Пешво” чунон сӯҳбат кард, ки гӯё мудири мактаби ноҳияи дурдасте аз вазири маориф хоҳиш мекунад, ки чаро барои мактаббачагони ман китобу дафтар равон намекунед?! Ман чӣ гуноҳ кардам?! Лутфан, гап занед ислоҳ мекунам. Ҷеннифер Муртазашвилӣ, пажӯҳишгари Бунёди Карнегӣ дар твиттер навиштааст: “Ман ин суханрониро ҳамчун як дархост барои кӯмак ва вобастагии бештар мебинам, на даъват ба мустақиллият”.

Ҳақ ба ҷониби Раиси ПМТ- Муҳиддин Кабирӣ аст, ки зимни мусоҳибае доир ба муносибати Раҳмонуф ва Путин чунин гуфта буд: “Раҳбари мухолифини тоҷик муносибати Раҳмону Лукашенко бо Путинро ҳам ба амалкардаи раисони колхоз ташбеҳ кард: “иттифоқан, муносибати онҳо бо ҷаноби Путин ҳам мисли муносибати раисони колхоз бо обком (раиси ҳукумати иҷроияи вилоятӣ дар замони шӯравӣ) аст: Раҳмон ба ӯ тарбузу харбуз тӯҳфа меорад, Лукашенко трактор. Дар навбати худ Путин онҳоро бо кадом як ордену медалҳо қадрдонӣ мекунад”.

Агар баромади омодашудаи Раҳмонуфро дар нишасти “Осиёи Марказӣ + Русия” аз назар гузаронем, равшан мегардад, ки вай дар нишастҳои расмӣ ғайр аз масалаҳои дӯстдоштааш, ки доим дар ҳар ҷаласаҳои дохилу хориҷ матраҳ менамояд: “экстризми диннӣ” , “об шудани пиряхҳо” ва “Афғонистони ҳамсоя” ба дигар масалаҳо ҳаққи дахолат карданро надорад ва гуфтаҳои пурэҳсосу “ҷасурона”-аш дар назди Путин нишонаи оҷизиаш буда, дар доираи  “Хоҷа” ва “шарикони стратегӣ”- аш борҳо такрор мегардидааст.

“Дар минтақаи мо авҷи вобаста ба фаъолияти гурӯҳҳои террористиву  экстримистӣ коҳиш намеёбад, мафкураи радикализми динӣ паҳн шудааст” ё “Мо ба даъватҳои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон шарикем ва мо таъмини кишвари ҳамсояро бо нерӯи барқ басо зарурӣ медонем ва ягон рӯз ҳам қатъ накардем” (иқтибос аз суханронии Раҳмонуф дар нишасти Осиёи Марказӣ + Россия).

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” пас аз ду ҳафта шикояти сокинон тасдиқ карданд, ки дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Чуноне маълум шуд, масалаҳое, ки ба буҷаи “оила” рабт дорад, аз тарафи “пешво” моҳирона истифода мегардид ва барои касби сармоя ба шаҳрвандони худ лимитро ҷорӣ намуда, ба ҳамсоякишвар қуваи барқро” ягон рӯз қатъ” накарда, мефурӯшад. Ин аст табиат ва” ҷасорат”-и “Пешво”.

Дар таърихи 13 октябр, дар шаҳри Остонаи пойтахти Қазоқистон бо ибтикори Русия, мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Тоҷикистону Русияву Қирғизистон – Э.Раҳмон, В.Путин ва С.Ҷабборов – баргузор гардид. Локин шурӯъи ин мулоқот бисёр сард буд ва ҳам хабарҳои нашршуда дар расонаҳои давлатии ҳар ду кишвар баъди мулоқот баёнгари он аст, ки ҳеҷ тавофуқи ҷиддие дар ин вохӯрӣ ба даст наомадаст.

Нисбати “қаҳрамони”- и Раҳмонуф дар баробари Ҷабборов ва салом накарданаш гуфтанием, ки ин ҳам як намоишкорӣ ва саҳнабозии навбатии   “Пешво” ба ҳисоб меравад. Чунки аз ғуломтабиат интизор шудани ҷасорат ин худфиребии маҳз аст.

Ҳамватани гиромӣ! Аз ёдатон наравад, ки Раҳмонуф дар сӣ соли ҳукуматаш ягон маротиба барои ҳифз ва иззату шарафи шаҳрванди Тоҷикистон ба намояндаи сафорате нотаи эътирозӣ равон накардаст. Локин баъд аз он ки сухангӯи Вазорати хориҷии Қирғиситон ба ордени гирифтаи Раҳмонуф аз тарафи Путин тааҷубашро баён намуда, барои кадом амалҳлояш соҳиби орден шудани ӯро зери суол гузошт, ҳамон лаҳза ба Сафири кишвари ҳамсоя нотаи эътирозӣ супорида шуд. Гузашта аз ин, салом накарданаш ҳам бо Ҷабборов ба хусумати шахсиаш вобаста аст, на барои кушташудагони назди сарҳадӣ.

Бинобар ин, ҳамватаноми гиромӣ, ба “рекламасозон”-и “Пешво” бовар накунед. Мову шумо ӯро дар ин муддати ҳукумати тӯлониаш ба хубӣ шинохтаем. Агар миллати азизи мо камтарин қиматро дар нази Раҳмонуф медошт, дар наздиктарин ҳуҷуми хунини сарҳадӣ, ки қариб сад шаҳрванди кишвар кушта шуда буд, ҳадди аққал, мисли як давлати дурдаст таъзия баён мекард. “Пешво” аз Путин эҳтиром пурсида, хоҳиш мекунад “маро ҳеҷ набошад, мисли як сарвазири афариқоӣ бишиносед ва қадр намоед”, локин фаромӯш кардаст, ки қадру қимати сарвари ҳар давлат аз хизмати вай дар баробари сокинони кишвараш маншаъ мегирад. Ба гуфтаи шайх Саъдии Шерозӣ:

Ту к- аз меҳанти дигарон беғамӣ ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ”

Салмон Саидзода

Ҷудоӣ, ҳақталабӣ ё меҳрубонӣ. Раҳмон аз Путин чӣ мехоҳад?

0

Рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои минтақа “Осиёи Марказӣ+Русия” зимни суханронияш аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин хост, сиёсаташро нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйир диҳад.

Раҳмон дар хитоб ба Путин гуфт, маҳз беэътиноӣ ба миллатҳои хурд сабаб шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошад. Ва аз ӯ хост сиёсатҳои имрӯзаи Русия нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд мисли сиёсатҳои замони шӯравӣ бошад. Ва бояд ба миллатҳои кӯчак эҳтиром гузошта шавад.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар охири суҳбаташ ба суханони Путин, ки як рӯз пеш дар нишасти сеҷонибаи кишварҳои Русия, Тоҷикистону Қирғизистон гуфта буд, ки то 2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, эътироз карда, гуфт, он 2 миллион ҳама барои кор намераванд. Ӯ гуфт, аз ин миқдор танҳо 600 ҳазораш муҳоҷири корӣ аст ва боқӣ ба таҳсилу табобат ва дигар корҳо машғуланд. Раҳмон афзуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онҷо кор мекунанд, заҳмат мекашанд, ки пул кор кунанд.

Навори суханронии пурҳаяҷони Эмомалӣ Раҳмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишори вазеъ ёфт. Танҳо дар шабаки ютуби расонаи “AKIpress news” дар камтар аз 15 соат бештар аз 3 миллион (3 миллону 190 ҳазор) тамошобин ва бештар аз 26 ҳазор шарҳу 93 ҳазор “лайк” доштааст.

Инчунин ин суханоронӣ дар сархати аксари расонаҳои русӣ ва ғарбӣ қарор гирифта, коршиносони зиёде онро таҳлил кардаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ низ ба сухаонронии Эмомалӣ Раҳмон вокунишҳои гуногун сурат гирифта, ҷонибдоронаш аз ҷасорату бебокии ӯ мегӯянд, вале мухолифон онро суханони гиламандӣ ва ғуломандешона баҳо додаанд. Чун, ба гуфти онҳо, Раҳмон ошкоро аз русҳо талаб дорад, ки манфиатҳои моро чи ба назар мегиред ва чи не, фақат моро эҳтиром кунед кофӣ аст.

Ҳамзамон коршиносон низ ба ин суханронӣ гуногун баҳо медиҳанд, бархе бар ин назаранд, ки ин тарзи суханронӣ аз қабл ҳамоҳангшуда ва ба хотири намоиш додан ба Ғарб аст, ки кишварҳои зери султаи Русия бо Путин ошкоро ҳарфи дили худро мегӯянд.

Вале бархе дигар мегӯянд, зоҳиран дар суҳбати паси пардагии рӯзи 13-уми октябр, ки байни Путину Раҳмону Ҷаббаров гузашт, гуфтугузорҳое дар мавриди мушкилоти марзӣ сурат гирифта, ки ба нафъи ҷониби Қирғизистон тамом шудааст ва Раҳмон аз ин ки Русия ҷониби Қирғизистонро гирифтааст, ба хашм омадааст.

Гурӯҳи сеюм бар ин боваранд, ки дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҳамлаҳои Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои бузурги Ғарб болои он ва ба сабаби ин таҳримҳо дар инзивои ҷаҳонӣ қарор гирифтани Путинро воқеӣ қабул карда, эҳтимол мехоҳад худро кам кам ба домани Ғарб андозад.

Фарзияи ахирро метавонад масъалаи сар задани ихтилофот дар дохили ҳукумати Русия тақвият бахшад. Чун вақтҳои ахир вуҷуди ихтилофоти зиёд дар дохили ҳукумати Русия ба гӯшҳо мерасад ва шояд ин овозаҳо Раҳмонро бар ин бовар расонда, ки умри ҳукуматдории Путин чандон зиёд намондааст.

Аз сӯи дигар, одатан барои Эмомалӣ Раҳмон суханронии берун аз протокол душвор аст, вале дар ин суханронӣ бепротокол суҳбат кардану инчунин хомӯшии Путин ва то охир гӯш андохтан ба суханони ӯ фарзияи якумро бештар тақвият медиҳад. Зеро дида мешавад, ки пас аз ҳамлаҳои Русия ба Украина кишварҳои ғарбӣ талош доранд ҷои пои Русияро тангтар кунанд, ба хусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Аммо ба ҳар сурат, ин суханронии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Русия чӣ паёмадҳое дорад, вақт онро бармало хоҳад кард, вале он метавонад як гӯшзаде бошад ба қудратҳои дигари ҷаҳонӣ барои тағйири сиёсатҳояшон дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Муҳаммадалии Юсуф

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Варзишгарони тоҷик аз Узбекистон бе медал ба Ватан бармегарданд

0

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки аз 5-ум то 13-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, ҳеч мадалеро соҳиб нашуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, миёни паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг натиҷаи беҳтарин нишон дода, мақоми панҷумро касб кардааст.

Темур дар қувваозмоии аввал бар намояндаи Словакия Мариус Физел пирӯз шуда, дар даврҳои баъдӣ намояндаиҳои Фаронса Ҷозеф Терес ​​ва Кореяи Ҷанубӣ Минчонг Кимро шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври ниманиҳоӣ Темур Раҳимов аз варзишгари Ҷопон Татсуру Саито ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум аз Гурам Тушишвили гурҷӣ шикаст хӯрда, сазовори ҷойи 5-ум гашт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Беҳрӯз Хоҷазода, Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Абубакри Акобир низ намояндагӣ карданд, аммо ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд дар маҷмуъ 571 варзишгар (310 мард ва 261 зан) аз 82 кишвар ширкат карданд.

Дар радабандии кишварҳо, ҷои аввал Ҷопон, ҷои дуюм Бразилия ва ҷойи сеюм сазовори намояндагони Узбекистон гардид.

Тоҷикистон бо як ҷойи 5-ум дар зинаи 28-ум қарор гирифт ва бинобар ин, мутаассифона, касе аз варзишгарон соҳиби медал нашуд.