Хона блог саҳифа 415

Талаби 10,5 соли зиндон ба Далери Имомалӣ ва оғози мурофиаи Пирмуҳаммадзода

0

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи дуввум аз додрас ба рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик Далери Имомалӣ 10,5 соли зиндон талаб кардааст.

Далери Имомалӣ

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки мурофиаи ин рӯзноманигор рӯзи 12-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, он ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст ва дар мурофиаи оянда Далер сухани охиринашро ироа мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, додситон аз додрас барои ин рӯзноманигор 10,5 соли зиндон талаб кард ва дар мурофиаи оянда баъд аз шунидани сухани охирини Далер додрас барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад.  

То ҳол маълум нест, Далери Имомалӣ ба талаби додситон чӣ вокуниш кардааст. Пайвандонаш низ бо расонаҳо суҳбат намекунанд.

Гуфта мешавад, нахустин баррасии додгоҳии ин рӯзноманигор рӯзи 7-уми октябр баргузор шуда буд. Парвандаи Далери Имомалӣ аз сӯи Даврон Назарзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад.

Мақомот блогер ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Далери Имомалиро рӯзи 15-уми июн боздошт ва баъдан ӯро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ (Гурӯҳи-24) муттаҳам кард. Худи Далер дар бозпурсиҳо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонуниро қабул карда, вале ҳамкориро бо созмонҳои мамнуъ напазируфтааст. Ҳамзамон Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳама гуна ҳамкорӣ бо Далери Имомалиро рад карда буд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз, 13-уми октябр мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори дигари боздоштшуда, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе бе ҳузри пайвандон шуруъ шуд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Вакили мудофеъ дар бораи оғози мурофиа моро огоҳ карда буд. Шиносномаҳоро гирифта омадем, вале иҷозат надоданд, ки ба дарун дароем”.

Ёдовар мешавем, ки мақомот дар рӯзи иди Қурбон, 9-уми июли соли ҷорӣ рӯзноманигор ва блогери шинохта Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро боздошт карда, баъдан ӯро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Ба ӯ аз 3 то 5 сол зиндон таҳдид мекунад. Наздиконаш мегӯянд, ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар пайи боздошту фишор болои рӯзноманигорон сурат гирифта буд. Созмонҳои ҳуқуқи башар раҳои рӯзноманигорони зиндониро талаб карда буданд, аммо мақомот мисли ҳамеша ба ин талаби созмонҳо эътибор надоданд.

Билети яктарфа ба фазо ё найрангҳои навин

0

Як зани 65-солаи ҷопонӣ барои баргарданоидани маъшуқаш аз фазо ба ӯ 30 ҳазор доллари амрикоӣ фиристод, вале баъдан маълум шуд, ки фиреб хӯрдааст.

Ба гузориши расонаҳои ҷопонӣ, ин зани 65-сола бо маъшуқаш дар шабакаи иҷтимоии Instagram аз моҳи июн шинос шуда, мард худро рус муаррифӣ кардааст. Ӯ иддао карда, ки фазонавард аст ва ҳоло дар истгоҳи фазоии баналмилалии (ISS) қарор дорад.

Онҳо бо ҳам чанд моҳе гуфтугӯҳои ошиқона доштаанд, билохира мард аз зан талаб карда, ки барои баргаштан ба замин пули билет надорад ва ба ӯ 30 ҳазор доллар маблағ лозим аст, то битавонад ба замин баргардад ва бо ӯ издивоҷ кунад.

Зан ба ӯ маблағи талаб намудаашро мефристад, вале мард боз маблағ талаб мекунад. Зан аз дархостҳои зиёди мард шубҳа карда, пай мебарад, ки дар доми қаллобе афтодаат ва ба пулис муроҷиат мекунад. Ҳоло пулиси Ҷопон ин марди номаълумро ҷустуҷӯ дорад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи ривоҷи маъмул фазонаврдон дар даст телефони ҳамроҳ намегиранд ва вақти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишастан ҳам надоранд. Ва инчунин истгоҳҳои баналмилалии фазоӣ ба монанди фурӯдгоҳҳои ҳавопаймоӣ нест, ки шахс барои як тараф билет бихарад.

Гуфта мешавад, ширкатҳои фазонавардӣ барои расондани як нафар ба истгоҳи байналмилалӣ беш аз 50 миллион доллари амрикоӣ масраф мекунанд, ки рафту баргашти фазонавардро дар бар мегирад.

Сафари Раҳмон ба Қазоқистон

0

Президенти Тоҷикистон барои ширкат дар се нашасти минтақавӣ, ки бо ҳузури сарони кишварҳо ва намоядаҳои воломақоми ин давлатҳо сурат мегирад, ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рафт.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, шоми 12-уми октиябри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайъати баландпояи Тоҷикистон озими пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона шуд.

Ба қавли манбаъ, “Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия” ба ин кишвар сафар кардааст.

Гуфта мешавад, имрӯзу фардо дар ҳошияи ин нишастҳо бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайъати ҳамроҳаш мулоқотҳои алоҳидае бо бархе намояднаҳои воломақоми кишварҳои узви ин созмонҳои минтақавӣ низ баргузор мешавад.

“Барқи тоҷик” эътироф кард, ки “лимит” ҷорӣ шудааст

0

Ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома эътироф кардааст, ки айни замон дар хеле аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба мардум маҳдуд шудааст.

Имрӯз, 13-уми октябри соли 2022 Ширкати “Барқи тоҷик“ бо нашри як муроҷиатнома мегӯяд: “Аз рӯйи ҳисоби мутахассисони соҳа соли ҷорӣ низ норасоии мавсимии нерӯи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгӯӣ карда шудааст.“

Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, “маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар фасли зимистон ба 150 – 200 метри мукааб баробар мешавад. Бинобар ин, барои истеҳсоли барқ дар мавсими зимистон асосан оби дар обанбор захирашуда истифода мегардад.”

“Барқи тоҷик” таъкид мекунад: “Бо дарназардошти пешгӯӣ шудани норасоии мавсимии неруи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст.”

Ин дар ҳолест, ки хеле аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода буданд, ки масъулини ширкати “Барқи тоҷик” қатъи нерӯи барқро дар хеле аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз он ҷумла дар шаҳри Душанбе аз аввали тирамоҳ, яъне аз моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад, маҳдудиятҳо дар раванди тақсими нерӯи барқ ба мардум, ба хусус дар фаслҳои тирамоҳу замистон ва аввали баҳор дар давоми беш аз ду даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон ба яке аз мушкилҳои асосии кишвар табдил шудааст, даҳҳо роҳ, аз он ҷумла насби панелҳои офтобӣ, таъсиси шабакаҳои хурди барқӣ-обӣ, бодӣ ва ғайра барои рафъи ин мушкил вуҷуд дорад, вале Ҳукумат ва мақомоти кишвар намехоҳанд, ки онро сари вақт бартараф кунанд.  

СММ ба хоки Русия ҳамроҳ кардани заминҳои Украинаро маҳкум кард

0

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) рӯзи чоршанбе, 12 октябр бо тасвиби қатъномае ба хоки Русия ҳамроҳ кардани заминҳои Украинаро ба расмият нашинохт ва онро маҳкум кард.

Дар нишасти рӯзи гузаштаи СММ ба Қатъномаи ба расмият нашинохтан ва маҳкумияти ҳамроҳ кардани заминҳои Украина ба хоки Русия, 143 кишвар раъйи мусбат, 5 кишвар раъйи зид ва 35 кишвари дигар бетарфиро интихоб карданд.

Кишварҳое ба монанди Ҳиндустон, Покистон, Чин бо шумули баъзе кишварҳои африқоӣ ва аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон ва ғайра мавқеи бетарафиро интихоб кардаанд.

Худи Русия ва чор кишвари дигар: Белорусия, Кареяи Шимолӣ, Сурия ва Некарагуа ба ин Қатънома раъйи мухолиф доданд.

Маҷмаи умуми СММ бо тасвиби ин Қатънома иқдомоти ахири Русияро тибқи қавонини баналмилалӣ ғайримашруъ хондааз ҳама кишварҳо ва созмонҳои баналмилалӣ хост, ки заминҳои ишғол шудаии Украинаро ҳамчун хоки Русия ба расмият нашиносанд.

Инчунин ин ниҳоди бузурги байналмилалӣ аз Русия хост, ки фарвран ва бидуни қайду шарт тасмимҳои худро дар мавриди минтақаҳои Украина бекор кунад.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ин бори чаҳорум аст, ки Маҷмаи умумии СММ алайҳи қарорҳои Русия қатънома қабул намуда, амалкардҳояшро маҳукм мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Русия охири моҳи сентябр бо гузарондани ҳамапурсӣ расман чаҳор минтақаи Украина: Запороже, Херсон, Луганск ва Донетскро ба хоки худ ҳамроҳ кард.

Гуфта мешавад, ин иқдоми Русия баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дуввум бузургтарин ҳамроҳкунии ғайриқонунии хоки як кишвар ба кишвари дигар ба ҳисоб меравад, ки он вокунишҳои шадиди Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто баъзе муттаҳидони Маскавро дар пай дошт.

Истеҳсоли равған дар Суғд аз 100% ҳам бештар шуд, аммо нарх гаронтар

0

Дар вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли равғани растанӣ нисбат ба соли гузашта наздики 112 дарсад бештар шудааст, вале ҳоло нархи он дар бозорҳо аз солҳои пешин ба маротиб гаронттар аст.

Акс аз Интернет

Дар ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисоди вилояти Суғд, ки рӯзи 11-уми октябр гузаронида шуд, гузориш доданд, ки “истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 9 моҳи соли 2022 ба миқдори 3135,2 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 111,8 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад.”

Ҳамзамаон дар ҷаласаи вилоятӣ, ки раиси он Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат доштааст, гуфта шуда, ки истеҳсоли нон ва маҳсулотӣ нонӣ низ бештар гардида “ба миқдори 32401,1 тонна… бо суръати афзоиш 110,8 фоиз таъмин гардидааст”.

Дар ин ҷаласа инчунин истеҳсоли дигар маҳсулот низ нисбат ба соли гузашта аз 100 дарсад бештар гузориш шуд.

Дар ҳоле мақомоти вилояти Суғд аз истеҳсол ва афзоиши беш аз 100 дарсадии равғану маҳсулоти нонӣ хабар медиҳанд, ки нархи ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар, ба хусус дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд имсол ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Ғурбатӣ зери фишор ба “гуноҳ” иқрор шудааст

0

Рӯзноманигори зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ду ҳафта пеш аз эълони ҳукм “зери фишор” ва “бо ваъдаи озодӣ” дар наворе иқрори гуноҳ кардааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш аз боздоштгоҳи муваққатии Душанбе, менависад, ки “Маъмурони умури дохилӣ Абдуллоҳ Ғурбатиро зери фишор ва бо ваъдаи инки озод хоҳанд кард, дар назди дурбин ба суҳбат маҷбур намуданд ва гуфтанд, суҳбаташ дар телевизиони давлатӣ пахш хоҳад шуд”.

То ҳол Вазорати корҳои дохилаи кишвар ин қазияро шарҳ надодааст.

Дар ҳамин ҳол пайвандони ин рӯзноманигори ҷавон низ ин хабарро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда, гуфтаанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба онҳо низ хабар додааст, ки маҷбуран дар назди дурбини видео “суҳбатҳои зиёд кард” ва агар он нашр шавад, ба ягон суханаш бовар накунанд.

Гуфта мешавад, навори сабткардаи кормандони ВКД то ҳол дар ҷое нашр нашудаааст ва маълум нест, дар мурофиаи додгоҳӣ истифода шудааст ё не.

Мурофиаи ахири рӯзноманигори ҷавон Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳафтаи пеш дар боздоштгоҳ пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури пайвандонаш сурат гирифта буд. Додгоҳ ӯро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Пайвандонаш аз ин ҳукм розӣ нестанд ва вакили дифои ин рӯзноманигор низ гуфта буд, ки аз болои ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад. Созмонҳои байналмилалӣ раҳоии ӯро талаба карданд.

Ин бори аввал нест, ки хабари зери фишору шиканҷа эътироф кардани “гуноҳ” аз ҷониби боздоштшудаҳо дар расонаҳо нашр мешавад. Аз ҷумла, ҳафтаи пеш пайвандони рӯзноманигори дигари боздоштшуда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфта буданд, ки ӯ зери фишору шиканҷа ба гуноҳ “эътироф” карда, вале тавассути вакили мудофеаш расондааст, ки гуноҳ надорад.

Инчунин дар гузашта даҳҳо навори шахсони боздоштшуда нашр шуда буд, ки мегуфтанд, “гунаҳкоранд” ва “шиканҷа нашудаанд”.

Дар боздоштгоҳҳову зиндонҳои Тоҷикистон кормандони мақомот барои гирифтани “эътироф” аз шиканҷаву фишор истифода мебаранд, ки ин нигаронии пайвандони боздоштшудаҳоро ба бор овардааст. Бо вуҷуди шикояти пайвандон ба сохторҳои дахлдор, расонаӣ кардани он ва талаби созмонҳои байналмилалӣ барои решакан кардани шиканҷа, то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Дар бештари мавридҳо баъд аз расонаӣ кардан ва шикояти пайвандони боздоштшудаҳо, фишор болояшон бештар мешавад.

Рушди иқтисод. Дар Суғд давоми 9 моҳ 290 ҳазор ҷуфт кафш истеҳсол шуд

0

Корхонаҳои кафшбарорӣ дар вилояти Суғд аз аввали соли ҷорӣ 290,6 ҳазор ҷуфт кафш барои шаҳрвандон истеҳсол карданд. Дар ин бора дар ҷаласаи навбатии вилоят гузориш доданд.

Акс аз Интернет

Ба гузориши расонаҳои давлатӣ, 11-октябри соли 2022 дар вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ гузаронида шуд.

Дар ин ҷаласа махсус гузориш дода шуд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ “дар вилоят 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд.”

Гуфта мешавад, корхонаҳои кафшбарории вилоят тавонистанд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ наздик ба 300 ҳазор ҷуфт кафш истеҳсол кунанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,2 дарсад бештар будааст.

Пазироии сардеҳқони Тоҷикистон аз ҳамтои белорусиаш дар Душанбе

0

Шоми дирӯз, сардеҳқони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҳавзаи деҳқонҳо ба тахти раёсти ҷумҳурӣ расидааст, тайи як маросими хосса аз меҳмони олиқадри худ сардеҳқони Беларус пазироӣ кард.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Дар ин маросим, ки аксу наворҳои он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ётфтаад, бо супориши сардеҳқони Тоҷикистон номи ин пазироии вежаро “Шоми дӯстӣ” ниҳоданд.

Шукӯҳи “Шоми дӯстӣ”-е, ки дар Бустонсарои ҳукуматӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, пазироии Эмомалӣ Раҳмон аз Александр Лукашенко камтар аз пазироии Владимир Путин, ки ду моҳ пеш дар ҳамон ҷо гузашт, набуд.

Сарфу харҷҳои ин маросими якшаба, ки дар Бустонсарои ҳукуматӣ ба муносибати сафари раисҷумҳури Баларус баргузор шуд, ба садҳо ҳазор сомонӣ баробар аст.

Аммо бо ин вуҷуд, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ин чорабинии пуршукӯҳ як “зиёфати ғайрирасмӣ” буд ва барои баргузории он “яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои бӯстонсаро” интихоб гардида буд.

Ҳамзамон ба қавли котиботи Эмомалӣ Раҳмон дар канори ин “зиёфти ғайрирасмӣ” намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон низ баргузор гардид. Ва “дар роҳравҳои алоҳидаи он ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.”

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Инчунин Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон бо даҳони пур мегӯяд: “Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳози таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд.”

Аммо ҷолиб он ки қаламкашони атрофи Эмомалӣ Раҳмон меҳмони ӯро ба навъе таҳқир карда, онро аз ҷамъи инсонҳо хориҷ намуда гуфтааст, ки “меҳмони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату маззаи ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд.”

Дар аксу наворҳо ва таъкидҳои расонаҳои ҳукуматӣ ҳам дида мешавад, ки дар ин намоишгоҳҳо, ки ба муносибати “Шоми дӯстӣ” баргузор шуд, анвоъи меҳава ва маҳсулоти полезӣ ва ақсоми таъомҳо ба даҳҳо адад мерасанд ва дар воқеъ агар сардеҳқони Баларус тавре Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳамаи онҳо таваҷҷуҳ карда, “таъмашонро озмуда” бошанд, ин чиз ҳайратовар аст.

Ба иборати дигар, як одами солим ҳар чанд фил борин азимҷусса ҳам бошад, имкон надорад, ки дар як “Шоми дӯстӣ” ин қадар зиёд бихӯраду биошомад.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv

Имзои 10 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус

0

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва ҳамтоёни Беларусии онҳо дар ҳузури сарони ҳар ду давлат 9 санади нави ҳамкорӣ байни кишварҳоро имзо карданд.

Асри дирӯз, 11-уми октябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи як маросими вежа аз Президенти Баларус дар шаҳри Душанбе истиқбол кард.

Президенти Балерус Александ Лукашенко, ки дар раъси як ҳайъати баландмақоми кишвараш ба Тоҷикистон сафар кардааст, бо истиқболи гарми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯбарӯ шуд.

Дар рафти мулоқот ва сипас музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Баларус 1 Нақшаи чорабиниҳо, 6 созишнома, 1 Низомнома, 1 Барномаи “Харитаи роҳ”, ва 1 Шартнома ба имзо расид.

Гуфта мешавад, дар ҷамъи ин 10 санади нави ҳамкорӣ, ки дар ҳузури сарони Тоҷикистон ва Баларус ба имзо расиданд, амалан ҳеч гуна ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкориҳое, ки тарафҳоро маҷбур кунад, ки уҳдадориҳои худро иҷро кунанд, вуҷуд надорад.