18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 419

Изҳороти ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон

0

Ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон бо интишори як изҳороти расмӣ аз журналистони мушту лагадхӯрда ҳимоят намуда, вале номҳои рӯзноманигор ва блогери боздоштшударо зикр накарданд.

Ҳушом Ғулям, блогери тоҷик, ки зиёда аз ду ҳафте пеш тавассути мақомот боздошт шудааст

Имрӯз, 6-уми июни соли 2022 ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон бо шумули рӯзномаи расмии Парлумон ва ҳафтаномаи ҳизби ҳоким таъқибу фишор ва зӯроварӣ нисбати журналистонро маҳкум карданд.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки:                                                                       “1. Фишору таҳдид ва таъқибу лату кӯби журналистон дар Тоҷикистон бас карда шавад;                                                                 2. Мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қонунгузории кишварро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя кунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд;                                                                3. Омилони нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон, аз ҷумла Муллораҷаб Юсуфзода ва Далери Имомалӣ пайдо ва мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;                4. Қазияҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон аз сӯйи мақомоти зидахл мӯшикофона таҳқиқ ва омилони ин аъмол мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Дар ҷамъи ин ниҳодҳое, ки дар шаҳри Душанбе зери ин изҳорот ҳамовозӣ кардаанд, 10 созмони журналистӣ ва ҳафтаномаҳои чопи Душанбе имзо гузоштаанд. Аммо аз созмонҳои рӯзноманигории маҳаллӣ ва расонаҳои минтақавӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳеч ному нишоне дида намешавад.

Рӯзноманигорон Муллораҷаб Юсуфӣ ва Анушерон Орипов

Инчунин дар бораи боздошти журналист Улфатхоним Мамадшоева ва блогер Ҳушом Ғулям, ки ҳар ду зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд ва пас аз ҳодисаҳои хунини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ боздошт шудаанд, ҳеч ишорае ҳам дар матни ин изҳорот дида намешавад.

Созмонҳо ва идораи расонаҳое, ки ба сурати муштарак ин изҳоротро содир кардаанд, номи онҳо ба шакли зайл оварда шудааст :

1. Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон;

2. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон;

3. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон;

4. Созмони ҷамъиятии “Хома”;

5. Созмони ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”;

6. Медиа Алянси Тоҷикистон;

7. Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”;

8. Рӯзномаи “Садои мардум”;

9. Ҳафтаномаи “СССР”;

10. Ҳафтаномаи “Минбари халқ”.

Ҷолиб он ки дар ҷамъи ин изҳорот рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон ҳам ҳамроҳ шуда, хушунат алайҳи рӯзноманигоронро маҳкум кардааст. Аммо Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ин рӯзнома аз онҳо намоядагӣ мекунад, то ҳол расман н ҳодисаҳои Бадахшонро маҳкум кардаанду на боздошти фаъолон ва рузноманигорону блогерони бадахшониро.

Рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Имомалӣ

Гуфта мешавад, ду рӯз пеш рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Имомалӣ барои панҷ соат боздошт шуд ва иддао кард, ки дар замони боздошт чанд шаппотӣ ва муште ҳам як корманди мақомот ба сару рӯяш задааст.

Аммо то ҳол Далери Имомалӣ, ки мавриди латукӯб қарор гирифтааст, номи шиканҷагаронро дар расонаҳо зикр накардааст. Бо ин вуҷуд, ин ҳодиса вокуниши корбарон ва созмонҳои журналистиро ба вуҷуд овардааст.

Инчунин Саидҷаъфар Исмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон ҳам бо интишори номае аз Рустами Эмомалӣ хостааст, ки ба қазия дахолат кунад, вале он ҳам дар бораи боздошти фаъолони бадахшонӣ, рӯзноманигорон ва блогерони ВМКБ чизе нагуфтааст.

Журналист ва фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева

Аз тарафи дигар корбарони маснуб ба “фабрикаи ҷавоб”, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон идора мешавад, бо нашри баъзе матолиб ва наворҳо ба маҳкум кардани худи ҷабрдида Далери Имомалӣ пардохта, алайҳи ӯ ва касоне, ки аз ин қазия ҳимоят мекунанд, сангар гирифтаанд.

Гуфта мешавад, аксари ин созмонҳо, расонаҳо ва корбароне, ки ба қазияи Далери Имомалӣ вокуниш кардаанд, дар ҳодисаҳои 3 ҳафтаи ахир дар ВМКБ ва қатли оми эътирозгарон, боздошти рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоев ва блогер Ҳушом Ғулям дар даҳон об гирифта буданд, ба назар мерасад, акнун ба хотири дур задани афкори омма аз ин ҷиноятҳои мудҳиши мақомот дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон садояшон баромадааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Оё муовини Дабири кулли СММ қазияи Бадахшонро бо Раҳмон дар миён мегузорад?

0

Қарор аст ҳафтаи оянда Амина Муҳаммад, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боздид кунад.

Дар сафараш муовини Дабири кулли СММ бо раҳбарони баландмақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дидор хоҳад кард. Ва дар Тоҷикистон бо иҳтемоли зиёд бо Эмомалӣ Раҳмон низ дидоре хоҳад дошт. Ҳадаф аз ин сафар огоҳӣ аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақа гуфта мешавад.

Сафари  ин намояндаи баландпояи СММ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз вазъи бади ҳуқуқи инсон, аз ҷумла куштори ғайринизомиён аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ дар Бадахшон, боздошти ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон, озодии баён ва ғайра ба таври ҷиддӣ нигаронӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол Созмони байналмилалии ҳуқуқи башар “Human Rights Watch” аз муовини Дабири кулли СММ хоста, ки аз мақомоти Тоҷикистон таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва хушунати нерӯҳои амниятӣ дар баробари мардуми оддиро, ки боиси марги беш аз 40 нафар аз мардуми осоишта гардид, талаб кунад.

Ҳамчунин ин созмон аз хонум Амина Муҳаммад хостааст, ки бо мақомот қазияи озодии бечуну чарои хонум Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи мадании тоҷикро, ки дар нимаи моҳи май бо иттиҳоми ташвиқи эътирозҳои Бадахшон боздошт шуда буд, дар миён бигузорад.

Созмони “HRW” аз ин намояндаи СММ хоста, ки барои беҳтар огоҳ шудан аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо бо намояндагони мустақилӣ мардумӣ низ вохӯриҳои ҷудогонае дошта бошад.

Тавҳин ба Паёмбари Худо(с) дар Ҳинд хашми мардумро ба вуҷуд овард

0

Сухангӯи расмии ҳизби ҳоким дар Ҳиндустон ба Паёмбари Худо тавҳин карду хашми мусалмонон дар кишварҳои арабиро ба вуҷуд овард.

Аз манбаъҳои боз

Аҳмад Халилӣ, муфтии давлати Уммон низ бо маҳкум кардани ин ҳодиса гуфтааст “ҳимоят кардан аз Паёмабри Худо(с) баъд аз вафоташон баробар ба ҳимоят намудан дар замони зинда буданашон аст” ва ба ҳамин хотир аз тамоми мусалмонон хостааст, ки ба ҳимоят аз Паёмбари Худо (с) қад алам кунанд.

Тавҳини Паёмабри Худо Муҳаммад (с) натанҳо ба вокуниши корбарони оддӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст, балки хеле аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрону Покистон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Яман, Кувайт ва Мисрро ҳам ба ҳамроҳ доштааст.

Ин кишварҳои исломӣ дар баробари маҳкум кардани ҳамагуна тавҳинҳо ба соҳати тамоми паёмбарони Худо, аз вокуниши расмии ҳизби ҳоким дар Ҳиндустон, ки Навин Кумар Ҷиндал, сухангӯи худро аз ин симат барканор ва узвиятро онро то поёни таҳқиқот боздоштааст, истиқбол кардаанд.

Гуфта мешавад, Навин Кумар Ҷиндал, яке аз масъулони расонаӣ ва хонум Навпур Шорма, сухнагӯи Ҳизби “Баҳарато Ҷоната” бо раҳбарии Нарендра Модӣ, Нахуствазири Ҳиндустон, ки аввалӣ издивоҷи Паёмбари Худо бо ҳазрати Оишаро мавриди тамасхур қарор дода буд, ва дувумӣ ба Паёмари ислом (с) тавҳин карда буданд, бо вокунишҳои тунде рӯбарӯ шуданд.

Навин Кумар пас аз он ки тавассути корбарони ҳиндӣ ва дигар кишварҳои исломӣ зери фишор қарор гирифт, суоли таҳқириомезашро ҳазф карда, мегӯяд, “ба муқаддасоти мо тавҳин накунанд, мо ҳам нафратпароканӣ намекунем“, аммо хоҳиш мекунад, ки суроғаи ҷои зисти ӯ ва оилаашро ошкор накунанд, зеро ӯ ва хонаводааш паёмҳои фаровони таҳдидомез гирифтаанд.  

Ду ҷавони 18-сола дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд

0

Бар асари бархурди мошини сабукрав бо автобус дар шаҳри Душанбе 2 нафар ба ҳалокат расида, 9 мусофири автобус ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 5-уми июни соли ҷорӣ ронандаи 18-солаи мошини “Toyota Camry” ҳангоми ҳаракат дар болои пули “Путовский” идораи мошинро аз даст дода, ба автобуси мусофирбарии шаҳрӣ бархӯрдааст. Бар асари он ронанда ва мусофири ӯ як ҷавони 18-сола, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 9 мусофири автобус ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

То ҳол номи ҷавононе, ки дар ин садама ба ҳалокат расидаанд эълом нашудааст.

Дабири кулли САҲА ба Тоҷикистон рафт

0

Дабири кулли САҲА пас аз дидор бо мақомоти баландпояи кишвар дар Душанбе бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мулоқот мекунад.

Акс аз манбаъҳои боз

Тибқи иттилои расмӣ, хонум Ҳелга Мария Шмид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои иштирок дар Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва мулоқот бо мақомоти олии кишвар ба Тоҷикистон рафтааст.

Дар ин сафар ӯ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва сарҳанг Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мулоқот мекунад.

Шмид дар Душанбе бо ноиби раиси порлумон Дилрабо Мансурӣ, ки ҳамзамон раҳбари эътилофи занони порлумон дар Тоҷикистон аст, дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар барномаи сафари кории хонум Шмид ба Тоҷикистон расман гуфта нашудааст, ки оё ин мақоми баландпояи САҲА дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро низ ба баррасӣ хоҳанд гирифт ё на, вале таъкид шудааст, ки парвандаи Афғонистон яке аз мавзуъҳои меҳварии ин дидору мулоқотҳои вай мебошад.

ВКХ ҳодисаи охири марзро “амали иғвоангезона”-и ҷониби Қирғизистон хонд

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳодисаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро “амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистон” хонда, онро маҳкум кардааст.

Дар изҳороти ВКХ гуфта мешавад, ки 3-юми июни соли ҷорӣ задухӯрди мусаллаҳона баъди убури ҳадафмандонаи марзбонони қирғиз ба қаламрави таҳти назорати марзбонони тоҷик оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ сарҳадбонони қирғиз ҳушдори марзбони тоҷикро барои тарки ҳудуди Тоҷикистон нодида гирифта, ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Тоҷикистон оташ кушодаанд.  Гуфта мешавад, ки вазъият пас аз ҷалби қувва ва техникаи иловагӣ аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон мураккаб гардидааст.  

Инчунин ВКХ-и Тоҷикистон мегӯяд, ки “дар натиҷаи оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик аз яроқи оташфишон, ҳарбиёни қирғиз аслиҳаи маҷмӯӣ ва миномётҳоро аз ҷумла ба самти мавзеъҳои аҳолинишини Тоҷикистон истифода бурданд”.

Бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон гуфту шунид доир шуда, соати 13:15 бо вақти маҳаллӣ оташбас сурат гирифтааст.

Дар охири изҳораташ Вазорати корҳои хориҷӣ ҳодисаи ахири марзиро амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистон хонда, онро маҳкум намудааст ва аз ҷониби Қирғистон даъват кардааст, ки барои пешгирии чунин муноқишаҳо ҳамаи мувофиқаҳои бадастомадаро қатъиян риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки 3-юми июни соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ сурат гирифта буд. Омори дақиқи захмиён дастраси расонаҳо нест. Расонаҳои қирғизӣ аз захмӣ шудани ду тан аз сарҳадбононашон хабар дода буданд.  

Тоҷикистону Қирғизистон дар сар задани задухӯрди мусаллаҳонаи ахир дар марз якдигарро муттаҳам мекунанд.

Боздошти корманди ҳарбӣ бо иттиҳоми қаллобӣ

0

Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав Нарзуллоев Сайёдҷонро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт кард.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Нарзуллоев Сайёдҷон Боймуродович ҳангоми фаъолиятӣ корӣ аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш зикр нашудааст, барои омода карда додани шаҳодатномаи ҳарбии “корношоямӣ” 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, аз ин миқдор 5 ҳазор сомонияшро гирифтааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нарзуллоев С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2000 сомонии дигар дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.”, омадааст дар хабар.

Агентии зидди фасод нисбати Нарзуллоев Сайёдҷон бо моддаи 247 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Имзои Эъломияи “дӯстии абадӣ” байни Тоҷикистону Узбекистон

0

Зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон байни раҳбарони ду кишвари ҳамсоя чандин созишномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг ба имзо расид.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Узбекистон

Аз ҷумла Хадамоти матбуоти Президенти Узбекистон хабар дод, ки байни Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “Эъломияи таҳкими дӯстии абадӣ” ба имзо расид.

Шавкат Мирзиёев дар суҳбат бо хабарнигорон аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба васф намуда, иброз дошт, ки “мо Эъломияи таърихиро дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттиҳоди абадӣ ба имзо расонидем”.

Дар суҳбатҳои раисҷумҳурони ду кишвар масъалаи пешрафти ҳамкоирҳи шаш соли ахир Узбекистон ва Тоҷикистон ва даст ёфтан ба пешрафтҳои назаррас садо дод.

Гуфта мешавад, раҳбарони Узбакистон ва Тоҷикистон зимни мулоқоти худ ҳамчунин доир ба масъалаҳои амнияту суботи минтақа низ гуфтугӯ карда, бар аҳамияти вижаи вохӯриҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин замина таъкид карданд.

Тирпаронии навбатӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

0

Рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирандозӣ сурат гирифт.

Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, дар мавзеи “Пули Офтобрӯй” миёни марзбонони тоҷику қирғиз тирпарронӣ рух додааст.

Як манбаъ аз ҷамоати Ворух ба “Азия-Плюс” хабар додааст, ки задухӯрд баъди убури марзбонони қирғиз ба қаламрави таҳти назорати марзбонони тоҷик оғоз шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ сарҳадбонони тоҷик дар аввал ба онҳо ҳушдор додааанд, ки ҳудуди Тоҷикистонро тарк кунанд, вале онҳо ин талабро нодида гирифтандаанд.

Пас аз ин дар байни марзбонон баҳси лафзӣ ба вуқӯъ пайваста, баъдан тирпарронӣ оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаи Azda tv аз ҷамоати Ворух бидуни зикри номаш ҳодасаро чунин шарҳ дод:

“Субҳи имрӯз дар нуқтаи марзии ҷониби Тоҷикистон барқ хомӯш шуда буд ва марзбонон барқсозро даъват карда буданд, ҳангоми дар болои симчӯб будани устои барқ қирғизҳо бо “снайпер” аз масофаи дур ӯро заданд ва сипас он марзбони тоҷикро, ки дар наздаш меистод дар гарданаш тир заданд, ки каме баъдтар ба ҳалокат расидааст. Аммо устои барқ ҳоло зинда аст дар беморхонаи Ворух, агар ӯро ба бемористони марказии шаҳри Исфара бурда натавонанд, эҳтимол аз байн меравад.”

Аммо дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки марзбонони тоҷик ба қаламрави Қирғизистон ворид шуда, сӯи марзбонони қирғиз оташ кушодаанд.

Ба иттилои ҷониби қирғиз, марзбонони КДАМ-и Қирғизистон ҳангоми адои хидмат дар мавзеи Булоқ-Боши ноҳияи Бодканд марзбонони КДАМ-и Тоҷикистонро дидаанд, ки ғайриқонунӣ хатти шартии сарҳадро убур карда, ба қаламрави Қирғизистон ворид шудаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао дорад, ки марзбонони тоҷик талаби марзбонони қирғиз дар бораи тарки қаламрави ин кишварро нодида гирифта, ба сӯи низомиёни қирғиз тир кушодаанд. Дар байни нерӯҳои марзбонии ду кишвар задухӯрд ба вуқӯъ пайваст ва гӯё ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни он аз миномёт истифода кардааст.

Инчунин Хадамоти марзбонии КДАМ-и Қирғизистон хабар додааст, ки Тоҷикистон техникаи вазнини низомии худро ба наздикии марз интиқол дода, то соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ тирпарронӣ идома доштааст.

Аммо манбаи Azda tv гуфт, то ҳол ҷониби Тоҷикистон ҳечгуна таҳаррукоти низомӣ нишон надодааст, ҳатто як тир ҳам накушодаанд. Ва ҳеч техникаи ҷангӣ ба марз оварда нашудааст. “Ҳатто ба сарбозони мо, ки дар хатти марз қарор доранд ва сӯяшон ҳамла шудааст, то ҳол фармони тиркушодан надодаанд, аммо ғирғизҳо ҳамеша дар ҳолати ҳуҷум қарор доранд ва андактарин ҳаракате аз ҷониби Тоҷикистон мушоҳида кунанд, тир мекушоянд.”, мегӯяд манбъ.

То нашри ин хабар мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора вокунише накардаанд.

Бо пайдо шудани маълумоти бештар хабар такмил мешавад.

ВКД сабаби сӯхтори бозори “Фаровон”-ро эълон кард

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 2-уми июн бо нашри иттилоияе сабаби сар задани сӯхтор дар Бозори “Фаровон-Қурғонтеппа”-и шаҳри Бохтарро “расиши кӯтоҳи ноҳилҳо”-и барқ гуфт.

Акс аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Ба иттилои ВКД дар хомӯш кардани оташсӯзии бузурги ин бозор 148 ҳайати корманди Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон бо 28 адад мошини оташнишонӣ дар давоми тақрибан 4 соат тавонистанд, ки оташро ба пуррагӣ хомӯш кунанд.

Гуфта мешавад, оташ ба масоҳати 1200 метри мураббаъ паҳн шуда, мағозаҳову растаҳо ва соябонҳои бозорро нобуд кардааст.

ВКД сабаби сар задани оташсӯзӣ дар бозори маркази вилоятро “дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори мазкур” унвон кардааст.

Аммо хисороти ба вуҷудомада то ҳол дақиқ ҳисоб нашудааст, ВКД мегӯяд, ҳоло таҳқиқи пурраи сӯхтори мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 1 ба 2-уми июни соли 2022 дар бозори марказии шаҳри Бохтар, ки ба бозори “Фаровон” маъруф аст, сӯхтор ба амал омад. Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, дар ин сӯхтор дасти кам то 12 нафар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, пас аз таъсиси бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дар ин шаҳр ин бори чандум аст, ки дар бозори мазкур сӯхтор ба амал меояд ва тоҷирон хистороти молии зиёде мебинанд.