14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 435

Боз як тоҷики кушташуда дар Украинро дар зодгоҳаш ба хок сипурданд

0

Рӯзи 28-уми апрел ҷасади Маҳмадалӣ Абдуллоев, сарбози 22-солаи тоҷике, ки дар сафи нерӯҳои Русия дар Украина меҷангид, дар Тоҷикистон ба хок сипурда шуд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоии марбут ба марҳум

Тавре Радиои Озодӣ хабар дод, Абдуллоев ба таври қарордодӣ дар артиши Русия хидмат мекард ва охири моҳи март дар шаҳри Изюми вилояти Харков кушта шуд, вале ҷасади ӯро дирӯз ба зодгоҳаш ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон интиқол дода, онҷо дафн карданд.

Пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар охири моҳи феврал то имрӯз ҷасадаи чандин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи нерӯҳои Русия меҷангиданд, ба Тоҷикистон интиқол дода ё дар Русия дафн шудаанд.

Рӯзи 23-уми апрел низ ҷасади сарбози 24-солаи тоҷик, Абубарк Нозимовро, ки зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд, дар шаҳри Барнаули Русия ба хок сипурданд. Наздиконаш ба Озодӣ гуфтанд, ки ӯ рӯзи 12-уми апрел дар шаҳри Харови Украина кушта шуда буд.

Шумори дақиқи кушташудагон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Украина маълум нест. Рӯзи 29-уми апрел як манбаъ бо шарти фош нашудани номаш ба Azda tv гуфт, айни замон ҷасади 15 шаҳрванди тоҷикро, ки дар Украина кушта шудаанд, ба шаҳри Самараи Русия овардаанд, шояд ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд, маълум нест.

Ҳамзамон як манбаи дигар аз Русия гуфт, ки тоҷикони зиёде дар ин ҷанг кушта шудаанд, ки омори дақиқи онҳоро касе намедонад. “Оморҳое, ки мо ҳаррӯз мешунавем, тоҷикони кушташуда дар Украина хеле зиёданд. Танҳо аз як хонавода ду бародар кушта шудаанд. Онҳо аз ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон буданд.”, афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи манобеи мо, аз сабабе, ки хабари марги кушташудагон дер ба хонаводаҳояшон расонида мешавад, аксари онҳоро наметавонанд ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд. Наздиконашон маҷбур мешаванд дар худи Русия онҳоро дафн кунанд.

Амрико пулҳои “олигархҳо”-и русро ба Киев месупорад

0

Амрико қасд дорад дороиҳои “олигархҳо”-и русро, ки дар оғози лашкаркашии Русия ба Украина дар кишвараш боздошта буд, барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ ба Киев бисупорад.

Кохи сафед рӯзи панҷшанбе пешниҳод кард, ки бо ҳадафи ҷуброни хасороте, ки Русия ба Украина ворид кардааст, истифода аз дороиҳои боздошташудаи сарватмандони наздик ба Путин, ки ҳоло дар дасти Амрико қарор доранд, ба Киев таҳвил дода шавад.

Давлати Ҷо Байден мегӯяд, интиқоли дороиҳои “дуздсолорон” ба Киев хасоротеро, ки Русия ба Украина ворид кардааст, ҷуброн мекунад.

Аммо маълум нест, ин пешниҳод пазируфта хоҳад шуд ва ё не, аммо аз ин пеш ҳам чунин сару садоҳе дар расонаҳо ба нашр мерасид, ки Амрико қасди истифода аз дороиҳои сарватмандони наздик ба Путинро ба нафъи Украина дорад.

Бо баҳонаи ҳамкорӣ наздики ним миллион долларро гирифту ғайб зад

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боз шудани парвандае хабар дод, ки гумонбар бо роҳи фиреб аз худ кардани наздики ним миллион доллар муттаҳам мешавад.

Тавре дар хабари вазорат омада, ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо иддаои як сокини 45-солаи пойтахт дар бораи бо роҳи фиреб рабуда шудани 406 ҳазор доллари амрикоияш аз ҷониби як сокини 57-солаи шаҳри Хуҷанд ва як сокини 38-солаи шаҳри Душанбе парванда боз када, таҳқиқро оғоз кардааст.

Гуфта мешавад, “15-уми феврали соли 2021, марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ва марди 57-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои равнақ додани тиҷорати сӯзишворӣ аз ӯ 406 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.”

ВКД бар асоси маълумоти пешниҳод намудаи шаҳрванди 45-солаи пойтахт нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Аммо аз боздошти гумонбаршудагон чизе гуфта намешавад.

“Истиқлол” пас аз панҷ бохт ғалаба ба даст овард

0

“Истиқлол” пас аз панҷ бохт дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 аввалин ғалабаи худро ба даст овард.

27-уми апрели соли ҷорӣ “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи “А” бар дастаи “Шарҷа”-и АМА бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ голҳои Эрик Бокум ва Владислав Касминин ба “Истиқлол” пирӯзӣ оварданд.

Аммо ин ғалаба чизеро иваз намекунад ва “Истиқлол”-и Душанбе ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 роҳ наёфт.

Дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 аз гурӯҳи “А” дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ар-Райян” (Қатар) бозӣ мекунанд.

Аз дигар гурӯҳҳо ба даври 1/8 ниҳоӣ “Аш-Шабоб” (Арабистони Саудӣ), “Фулод” (Эрон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (АМА), “Ал-Дуҳайл” (Қатар), “Ал-Файсалӣ” (Арабистони Саудӣ) ва “Насаф” (Ӯзбекистон) роҳ ёфтанд.

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон аз вазифааш барканор шуд

0

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз мақомаш барканор шуд. Дар ин бора котиби матбуотии президенти Узбекистон Шерзод Асадов ба расонаҳо хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Абдулазиз Комилов, ки дар вазифаи вазири корҳои хориҷӣ кор мекард, муовини котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар мавриди сиёсати хориҷӣ ва амният таъйин шуд.

Дар навбати худ Бобур Усмонов, ки муовини котиби Шӯрои амният буд, муовини директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ таъйин гардид.

Баъзе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Комиловро ба хотири изҳороташ дар бораи мавқеи Узбекистон нисбати вазъи Украина аз мақомаш барканор кардаанд.

Ӯ чанде пеш баъд аз ҳамлаҳои Русия ба Украина гуфта буд, ки ”Узбекистон истиқлолият, ҳокимият ва тамомияти арзии Украинаро ба расмият мешиносад”.

Собиқ Вазири корҳои хориҷии Узбекистон дар робита ба ду минтақаи истиқлолталаби Украина таъкид карда гуфта буд: “Мо Донетск ва Луганскро ҷумҳуриҳои алоҳида эътироф намекунем.”

Инчунин ӯ хабар дода буд, ки Тошканд дар ин шароити вазнин Украинаро дастгирӣ мекунад ва кумакҳои башардӯстонаи худро ба Украина идома медиҳад.

Аммо баъд аз ин гуфтаҳояш, ки рӯзи 17-уми март садо дода буданд, Комилов аз титри расонаҳо дур шуд ва вақтҳои охир дар маҷлису чорабиниҳои гуногун Узбекистонро муовини нахуствазир Сардор Умурзаков намояндагӣ мекард.

Инчунин дар бораи бемор шудани Абдулазиз Комилови 74-сола ва барои гирифтани дармон ба хориҷ аз Узбекистон рафтанаш хабарҳое нашр шуда буданд.

Илон Маск ширкати “Coca-Cola”-ро ҳам хариданист

0

Илон Маск, сарватмандтарин марди дунё эълон кардааст, ки ширкати “Coca-Cola”-ро ҳам мехарад.

Имрӯз, 28-уми ноябри соли 2022 Илон Маск, молики ширкати Тесла ва пулдортарин марди дунё дар ҳисоби Твиттераш эълон кард, ки “ин навбат “Coca-Cola”-ро мехарам, то какаинро ба он баргардонам”.

Илон Маск дар бораи ҷузъиёти қарордоди хариди ширкати “Coca-Cola” чизе нагуфтааст, аммо ин хабар ба вокунишҳои зиёди корбарон дар Твиттер рӯбарӯ шудааст.

Аммо баъзе расонаҳо дар робита ба ин эълони Илон Маск гуфтаанд, сармояи умумии ширкати “Coca-Cola” дар дунё зиёда аз 285 миллиард доллар арзиш дорад ва барои ӯ гарон тамом мешавад.

Пеш аз ин Илон Маск ширкати Твиттер, шабакаи маъруфи иҷтимои дунёро, ки зиёда аз 300 миллион муштарӣ, аз он ҷумла раҳбарони кишварҳо ва ширкатҳову созмонҳои бонуфузи дунёро бо ҳам муттаҳид кардааст, бо маблағи 44 миллиард доллар мехарад.

Росту дурӯғҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара

0

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон сафари кории худро

Акс аз АМИТ “Ховар”

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои 2014-2022 дасти кам 5 маротиба барои дидору мулоқот ва ё гузоштани санги бинои наву ифтитоҳи коргоҳҳои он ба мақарри ҶСП “Ҷунтай-Хатлон Син Силу Текстил”, воқеъ дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара сафар кардааст, аммо як таҳқиқи сарироҳӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар сафар ҳангоми пешниҳоди маълумот ӯро фиреб кардаанд ва ҳатто нақшаи генералии онро, ки дар ибтидо барои ҷалби ризоият пешниҳод шуда буд, дигар кардаанд.

Акнун сулои матраҳ ин аст, ки “ширкати “Ҷунтай-Хатлон Син Силу Текстил” , ки 6000 гектар заминро бо кумаки Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз мардум ва шаҳрвандони кишварамон “ғасб” кардааст, ки дар масоҳати 4124 гектар замини дигар ба ҷои кишти пахта чӣ кишт кардааст?

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои АЗДО тв

Русия 287 намояндаи парлумони Бритониёро таҳрим кард

0

Вазорати корҳои хориҷаи Русия 27-уми апрел эълом кард, ки дар иқдоми мушобеҳе алайҳи 287 намояндаи парлумони Бритониёи Кабир таҳрим ҷорӣ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, ин иқдом дар посух ба қарори Ҳукумати Бритониё аз 11-уми марти соли чорӣ гирифта шудааст. Дар ин қарор Ҳукумати Бритониё 386 вакили Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Русияро ба феҳристи таҳримҳо ҷорӣ карда буд.

Маскав мегӯяд, 287 намояндаи парлумони Бритонё дигар ҳаққи вуруд ба хоки Русияро надоранд. Ба иддаои ВКХ Русия ин намояндагон биритониёӣ ба далели “иштирок ва саҳм доштан дар таритиби абзори таҳримҳо бар зидди Русия” шомили феҳристи таҳримҳо шудаанд.

Ҳамчунин Маскав вакилони парлумони Бритониёро ба “таҳқири беасос ва саҳм доштан дар афзоиши русҳаросӣ дар Бритониё” муттаҳам кард.

Бар асари ин таҳримҳо дороиҳои намояндагони прлумони Бритониё дар Русия боздошта мешавад ва дигар иҷозати сафар ба ин кишварро надоранд.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои шадиде алайҳи Маскав ҷорӣ карданд ва ҳудуди 400 дипломаташ аз аврупо барун карда шуд.

Чаро С.Ятимов дар маҷлисҳои ахири Ҳукумат ҳузур надорад?

0

Дар давоми чор моҳи ахир ҳузури камранги раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маҷлисҳои Ҳукумат суолҳоеро ба миён овардааст.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.04.2022

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷистон, 26-уми апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Дар ин маҷлиси Ҳукумати зиёда аз даҳ қарору хулосаҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ворид кардани тағйиру ба иловаҳо бо баъзе қонунҳои амалкунанда ва тағйири номҷойҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон бо интиқод аз аъзои ҳукуматаш гуфт, ки “шаҳрвандоне, ки тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” муассисаҳои олӣ ва илмии давлатҳои хориҷиро хатм кардаанд” ба ҷои кор таъмин кунанд.

Ҷолиб он ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи вазъи саломатӣ, корношоямӣ ё сафарҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳеч хабару гузорише нашр накардаанд, аммо дар ин маҷлиси Ҳукумат Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ҳузур надошт.

Гуфта мешавад, аз 25-уми ноябри соли 2021, ки ба замони қатли Гулбиддин Зиёбеков дар ноҳияи Роштқалъа ва оғози бесуботиҳои ахир дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ин бори чандум аст, ки раиси КДАМ дар расми ҷаласаҳои Ҳукумат ҳозир намешавад ва ё ин ки агар ҳам ҳузур дошта бошад, ба мисли пеш аз вай намоиш дода намешавад.

Пеш аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо иттилое пайдо шуда буд, ки гӯё Эмомалӣ Раҳмон раиси КДАМ Саймумин Ятимовро ба хотири ноуҳдабароияш дар ҳалли масоили марзӣ ва барқарор кардани суботу оромӣ дар муҳлати аз пеш муайяншуда дар ВМКБ аз вазифа барканор кардааст. Аммо то ҳол расман барканории ӯ аз мансабаш тасдиқ нашудааст.