14.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 436

Коҳиш чашмраси содироти филизоти қиматбаҳо дар Тоҷикистон

0

Ҳаҷми содироти филизоти қиматбаҳо дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 88% коҳиш ёфтааст.

Тибқи омори расмӣ, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 даромад аз фурӯши филизоти қиматбаҳо беш аз 85 миллион долларро ташкил додааст. Ин дар щолест, ки дар се моҳи аввали соли гузашта ҳаҷми филизоти қиматбаҳо ҳудуди 709 миллион долларро ташкил дода буд.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, дар кишвар 18 корхонаи истихроҷи тилло фаъолият доранд ва истеҳсоли ин навъи металл сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Аммо омори дақиқ дар ин бора дода нашудааст.

Гуфта мешавад, соли гузашта ба маблағи 896,6 миллион доллар филизоти қиматбаҳо фурӯхта шуда, он 41,7 дарсади ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил додааст. Ин нишондод нисбат ба соли 2020 30% зиёд аст.

Русия интиқоли газ ба Лаҳистону Булғористонро қатъ кард

0

Ширкати Газпроми Русия интиқоли газ ба Лаҳистону Булғористонро қатъ кард ва Варашава Маскавро ба нақзи қарордод муттаҳам мекунад.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилои расонаҳои лаҳистонӣ, имрӯз, 27-уми апрели соли 2022 ширкати Газпроми Русия ба хотири на пардохтани пули газ бо рубли русӣ интиқоли гази табиӣ ба Лаҳистонро қатъ кардааст.

Ҳамзамон хабаргузории Тасс мегӯяд, ки ширкати Газпроми Русия интиқоли газ ба Лаҳистону Булғористонро ба хотири напардохтани баҳои газ бо рубли русӣ қатъ қардааст.

Ширкати нафту гази Лаҳистон маъруф ба “PGNiG” мегӯяд, ин имкон вуҷуд дошт, ки ин ширкат то соли 2023 аз истифодаи гази Русия даст бикашад, аммо ширкати Газпроми Русия пешдастӣ карду интиқоли газ ба Лаҳистонро аз тариқи лулаи интиқоли Ямал шурӯъ аз имрӯз, 27-уми апрели соли 2022 қатъ кард.

Хонум Анна Москва, вазири боду ҳаво ва муҳити зисти Лаҳистон дар вокуниш ба ин хабар дар саҳфаи Твиттериаш иттилоъ дода, ки “Лаҳистон захираҳои газ ва манбаъҳои таъмини лозимро дорад, ки амнияти моро ҳифз кунанд. Мо солҳост, ки амалан аз (гази) Русия мустақил ҳастем. Анборҳои мо 76% пур аст ва хонаҳои лаҳистонӣ бо камбуди газ мувоҷиҳ нахоҳанд шуд.

Аммо хабаргузории давлатии Русия Тасс дар истинод ба манобеи худ дар Бруксел гуфтааст, “Иттиҳодияи Аврупо дар як режими муваққатӣ харидории гази Русияро тавассути давлатҳое, ки омодаанд бо рубл пардохт кунанд, афзоиш хоҳад дод, то қатъи интиқоли газ ба Лаҳистон ва Булғористонро ба таври қобили мулоҳиза ҷуброн намояд.

23-уми марти соли ҷорӣ Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз ин пас “тамоми кишварҳои ғайри дӯст барои Русия” пули газро бо рубли русӣ пардохт кунанд ва ин амри худро 31-уми март бо як имзо қонунӣ кард.

Баъд аз имзои қарори Путин ширкати Газпроми Русия ба шарикони тиҷоратии худ дар кишварҳои аврупоӣ номае фиристода аз онҳо хоста буд, ки аз ин пас пули газро бояд бо рубли русӣ пардохт кунанд. Лаҳистон ва Олмон аз кишварҳое буданд, ки пофишорӣ мекарданд, ки тибқи қарордодҳои аз қабл имзошуда, пули газро бо доллару евро пардохт мекунанд.

Гуфта мешавад, масрафи солонаи гази табиӣ дар Лаҳистон ҳудуди 20 миллаирд кубометрро ташкил медиҳад, ки наздик ба 50 дарсади онро гази Русия ташкил медод ва бақияро аз кишварҳои Қатару Амрико ва Суид ва дигар манбаъҳо таъмин менамояд.

Ба гуфтаи Bloomberg, қатъи интиқоли гази Русия ба кишварҳои Лаҳистону Булғористон тамоми ширкатҳои таъминкунандаи газ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро, ки вобастагии гази Русияро доранд, нигарон кардааст ва дар ҳоли ҳозир онҳоро дар дуроҳаи интихоби иҷрои таҳримҳо алайҳи Русия ва ё талаби Владимир Путин барои пардохти пули газ бо рубли русӣ қарор гирифтаанд.

Иди рамазон дар Тоҷикистон 2-уми май эълон шуд

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 2-уми майи соли ҷориро рӯзи Иди Рамазамон эълон карда гуфт, ки намози Ид дар масҷидҳои кишвар соати 06:00 субҳ хонда мешавад.

Имрӯз, 27-уми апрели соли 2022 Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо раҳбарии Саидмукаррам Абдуқодирзода ҷаласаи навбатии худро барои муайян кардани рӯзи Иди саиди Фитр баргузор кард.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон гуфт, “мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи душанбеи 2-юми май рост меояд.”

Дар ин ҷаласа “пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи душанбе 2-юми майи соли 2022 таҷлил карда шавад.
  2. Вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6-00 дақиқа муайян карда шавад.
  3. Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки барои расонидани кӯмаки моддӣ ба мӯҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.”

Тоҷикистон ягона кишвари исломии нест, ки ҳанӯз қабл аз дидани моҳи нав 2-уми майи соли ҷориро Иди саиди Рамазон эълон карда бошад, балки хеле аз кишварҳои исломӣ низ рамазони имсолро 30 рӯзи пурра гуфта, 2-уми майро рӯзи аввали Иди саиди Фитр эълон кардаанд. Мусалмонони кишварҳои аврупоӣ низ Иди Фитрро душанбеи 2-уми май таҷлил мекунанд.

Гуфтанист, рӯзаи моҳи мубораки Рамазон яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом буда, мусалмонон пас аз анҷоми ин фаризаи илоҳӣ ҳамасола рӯзҳои аввали моҳи шавволро ҳамчун Иди саиди Рамазон таҷлил мекунанд.

ВМКБ: 2 сокини Хоруғ ба 22 солу 6 моҳ маҳкум шуд

0

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду сокини шаҳри Хоруғ пас аз 14 рӯзи боздошт ба 22 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Коллаж аз РКД 

Имрӯз, 27-уми апрели соли 2022 Раёсати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод, ки дирӯз, 26-уми апрели соли ҷорӣ “Суд Хуршедшо Султоншоеви 38-соларо ба муддати 18 сол ва Шодиҷон Фармонбекови 31-соларо ба муддати 4 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард.”

Ба гуфтаи Раёсати корҳои дохилӣ, Суд Хуршедшо Султоншоевро бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳое, ки дар “моддаҳои 237 қисми 3 (Авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ), 328 қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330 қисми 1 (Таҳқири намояндаи ҳокимият), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 200 қисми 3 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор), 111 қисми 2 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр шудаанд, ба муҳлати 18 сол ба зиндон маҳкум кардааст.

Инчунин Суд  Шодиҷон Фармонбековро “барои содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 111 қисми 2 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) ва 328 қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда” ба муҳлати 4 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дар хабари Вазорати корҳои дохилӣ назари маҳкумшудаҳо ва ё адвокати онҳо вуҷуд надорад ва талошҳои АЗДО ТВ ҳам барои ба даст овардани назари маҳкумшудаҳо ва ё адвокату пайвандони онҳо то кунун бенатиҷа будааст ва дар сурати дастрасӣ ба иттилооти ҷадид, онро нашр хоҳем кард.

Гуфта мешавад, Хуршедшо Султоншоев ва Шодиҷон Фармонбеков ду ҳафта пеш, 12-уми апрели соли ҷорӣ тавассути мақомоти қудратии Тоҷикистон боздошт шуда буданд ва ба гуфтаи бархе коршиносон баррасии ин ду парванда ва бо содир намудани ҳукмҳои сангин дар ин муддати кӯтоҳ дар нисбати онҳо адолати судиро зери суол бурдааст.

Туркия ба Тоҷикистон паҳподҳои “Байрақдар” фурӯхт

0

Туркия ба Тоҷикистон аз паҳподҳои ҷангии “Байрақдар”-аш фурӯхтааст. Аммо маълум нест Тоҷикистон чанд маҷмуаи онро харидорӣ кардааст. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ хабар медиҳанд.

Ба гузориши вебгоҳи “Кактус медиа“-и Қирғиситон, Туркия паҳподҳои ҷангияшро ба Тоҷикистон фурӯхтааст. Дар бораи ҳақиқат доштани ин хабар Мирлан Самыйкожо, вакили парлумони Қирғиситон аз Ҷонибек Кулубаев (Жээнбек Кулубаев), сарпарасти Вазорати умури хориҷаи ин кишвар пурсида, дар посух Кулубаев гуфта, ки:

“Мо низ чунин малумот дарёфт кардем, ниҳодҳои мо дар ҳоли баррасии ин хабар ҳастанд ва ҳамчунин ба сафирамон дар Анқара дастур додем ин қазияро пайгирӣ кунанд”.

Кулубаев меафзояд, ки мо қаблан аз Туркия хоҳиш кардем, ки ба хотири он ки масоили ҳалнашудаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғистон боқӣ мондааст, аз фурӯши ин паҳподҳо ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд, аммо дар посух тарафи Туркия гуфта, ки “ин тиҷорат аст”.

Ҳангоми сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Туркия ва гумонҳои фурӯши паҳподҳои ҷангии он ба Тоҷикстон Azda tv аз коршиносҳои умури низомии Осиёи Марказӣ пурсид, ки оё имкон фурӯши паҳподҳои туркӣ ба Тоҷикистон вуҷуд дорад? Дар посух яке аз коршиносон, ки нахост номаш фош шавад, гуфт:

“Туркия чанде пеш ба ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳоди фурӯши паҳподҳояшро дода буд, бар асоси ин пешниҳод Қирғизистон ду маҷмуа ё 6 паҳподи ҷангӣ харидорӣ кард, Қазоқистон бошад соли 2023 паҳподҳои насли нави туркиро дарёфт хоҳад кард ва ба эҳтимоли зиёд Туркия ба Тоҷикистон низ паҳподҳои Байрақдарашро мефурӯшад”.

Аммо бо вуҷуди расонаӣ шудани хабари фурӯши паҳподҳои туркӣ ба Тоҷикистон, Вазорати дифои кишвар то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст. Тибқи риволи қарордодҳои низомӣ то замони таҳвили техникаҳои ҷангӣ аз эълони он худдорӣ мекунанд. Эҳтимол меравад, ки Тоҷикистон зарфи 4 то 6 моҳи оянда аввалин паҳподҳои ҷангиро аз Туркия дарёфт кунад.

Ҳамзамон корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷик аз ин хабар истиқболи гарм карданд, бисёриҳо бар ин назаранд, ки марзбонони қирғиз дигар ба нуқтаҳои марзии Тоҷикистон ҳамла намекунанд ва умеди беҳтар шудани авзоъ дар марзро карданд.

Ёдовар мешавем, ки Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 22-уми апрели соли ҷорӣ барои бастани қарордодҳои хариди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Тукрия рафта буд.

Вазарати дифои Туркия ҳам хабар дода буд, ки “дар мулоқотҳои вазири дифои миллӣ Ҳулусӣ Акар ва вазири дифои Тоҷикистон генерал Шералӣ Мирзо масоили вобаста ба мудофиа, амният ва ҳамкорӣ дар бораи саноати дифоии дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ шуд.”

Эъзоми “Лашкари 88” Эрон ба марзи Афғонистон

0

Бархе расонаҳои Эрону Афғонистон бо нашри чанд навори видеоӣ гуфтаанд, ки “Лашкари 88-и зиреҳӣ”-и Эрон дар марзи Афғонистон сафороӣ кардааст.

Акс аз ББС

Инчунин рӯзномаи “Интихоб” дар истинод ба Саид Хатибзода, Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфта буд, ки марзбонони эронӣ масъулият доранд, ки аз ҳар гуна тараддуди ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ кунанд ва афзуда буд, “умедворем хештандории мо дар марзи Афғонистон боиси сӯи бардошти тарафи муқобил нашуда бошад.”

Пеш аз ин бархе расонаҳои Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки қарор аст Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирати Толибон дар раъси як ҳайъат ба Эрон сафар кунад, то дар мавриди чолишҳои марбути паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва танишҳои ба вуҷудомада дар яке аз минтақаҳои марзӣ бо мақомоти эронӣ гуфтугӯ кунад.

Ахбори марбут ба наворҳо дар бораи шиддат гирифтани эҳтимоли афзоиши таҳдиди хатарҳо ва “ягонҳои зиреҳӣ(-и Эрон) дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи марз барои муқобила бо Толибон” дар ҳоле расонаӣ мешаванд, ки хабаргузории донишҷӯёни Эрон “ISNA” гуфтааст, “бархе аз ин филмҳо марбут ба артиши Эрон набуд.”  

Гуфта мешавад, марзи Дуғорун, минтақае, ки дар моҳҳои ахир борҳо мавриди танишҳои марзбонони Толибон бо марзбонони Эрон шуда, дар 228 километрии ҷанубу шарқи Машҳади Эрон ҷойгир буда, ба қавли хабаргузории расмии Эрон “ИРНА, пас аз танишҳои ахир фаъолияташро аз сар гирифта, рӯзона аз 4 то 4,5 ҳазор нафар ва ҳудуди 500 мошинҳои гаронвазни борбар ҳам байни ду кишвар тараддуд мекунанд.

3,5 ҳазор тоҷик имсол ба ҳаҷ мераванд

0

Арабистони Саудӣ дар соли ҷорӣ барои адои маросими Ҳаҷ ба Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор квота ҷудо кардааст.

Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ теъдоди квотаҳоро барои адои маросими ҳаҷ дар соли 2022 эълон кард, ки тибқи он 3562 шаҳрванди Тоҷикистон имкони адои маросими Ҳаҷро доранд.

Ба фарқ аз солҳои қабл имсол баъзе маҳдудиятҳо, аз ҷумла маҳдудияти синну сол ҷорӣ карда шуда, афроди аз 65-сола боло барои адои маросими ҳаҷ наметавонанд ба Арабистони Саудӣ раванд.

Инчунин ба зойирини хориҷӣ лозим аст, ки натиҷаи манфии тест ба COVID-19-ро, ки на пештар аз 72 соат то сафар гирифта шудааст, пешниҳод намоянд.

Дар соли 2016 Тоҷикистон низ маҳдудидияти сину сол ҷорӣ карда буд, ки шаҳрвандони аз 40-сола пойин ба квотаҳои додаи Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ дохил карда намешуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 дар робита ба пандемияи коронавирус Арабистони Саудӣ ҳаҷ барои зойирини берун аз қаламрави кишварашро бекор карда, инчунин шумораи онҳоро то 1 ҳазор нафар кам карда буд. Дар соли гузашта он то 60 ҳазор боло бурда шуд, вале зойирини кишварҳои хориҷӣ ҳаққи адои маросими ҳаҷро надоштанд.

Пеш аз пандемия ҳамасола ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои адои фаризаи ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекарданд.

Қодиров маҳбусони мухолифашро ба ҷанги Украина мефиристад

0

Ба гузориши Хадамоти истихборотии Украина, мақомоти Чеченистон зиндониён, ба хусус маҳкумшудагони мухолифи ҳукуматашро ба минтқаи ҷанг дар Украина мефиристад.

Тавре расонаи РБК аз қавли Хадамоти истихбороти Вазорати дифои Украина хабар медиҳад, дар Чеченистон маълумоти маҳбусони мухолифи ҳукуматро, ки дар зиндонҳои маҳаллӣ адои ҷазо мекунанд ҷамъоварӣ доранд ва ба хотири “ислоҳи онҳо” ва идомаи адои ҷазо ба минтақаи ҷанг мебаранд.

“Дар мукотибаи маъмурони Хадамоти амнияти федеролӣ дар Чеченистон (ФСБ) талаби пешниҳоди маълумоти шахсии маҳкумшудагон, аз ҷумла ному насаб, суроғаи хона, рақами телефон, почтаи электронӣ вуҷуд дорад.” – хабар медиҳад Хадамоти истихборотии Украина.

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистонро яке аз нафарони наздик ба Путин медонанд. Ва аз шуруи лашкаркашии Русия ба хоки Украина 24-уми феврал то кунун талош дорад дар майдони ҷанг бар зидди Украина фаъол бошад.

Толибон ба духтарон иҷоза доданд, ки таҳсил кунанд

0

Толибон бо гузашти 8 моҳ аз дубора сари қудрат омадан шуруъ аз моҳи майи соли ҷорӣ ба духтарони болои синфи шаш иҷоза медиҳанд, ки ба мактабу донишгоҳҳо рафта дарс бихонанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ҳукумати сарпараст бо раҳбарии Толибон дар Афғонистон бо судури як қарор гуфтааст, ки духтарон метавонанд шуруъ аз 5-уми майи соли 2022 ба мактабу донишгоҳҳо рафта дарс бихонанд.

Тибқи ин қарори Толибон пас аз ин духтарони болои синфи шаш, ки то кунун аз рафтан ба мактабу донишгоҳҳо маҳрум буданд, метавонанд дар рӯзҳои шанбе, душанбе ва чошанбе ба мактабу донишгоҳҳо рафта таҳсил кунанд ва дарсҳои писарон ҳам дар рӯзҳои якшанбеву сешанбе ва панҷшанбеи рӯзҳои ҳафта ба роҳ монда мешавад.

Пеш аз ин ба рӯзи 5-уми апрели соли ҷорӣ бархе фаъолони ҷомеаи маданӣ, аз он ҷумла падару модари Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи Нобел бо роҳандозии як иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Толибон интиқод карда гуфта буданд, ки 200 (ду сад) рӯз аст, ки духтарон дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум ҳастанд, аммо духтарони хеле аз раҳбарони Толибон дар Қатару Аморот ва Покистон таҳсили илм мекунанд.

Инчунин раҳбарони кишварҳои мухталифи дунё борҳо аз Толибон интиқод карда, гуфта буданд, ки бояд шароити дарс хондан барои духтаронро фароҳам созанд ва нагузоранд, ки онҳо аз таҳсил маҳрум бимонанд.

Ҳамзамон Дафтари Намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон ҳам маҳрумияти духтарон аз таҳсилро “такондиҳанда” хонда гуфта буд: “дар дунё танҳо як режим аст, ки духтаронро аз таҳсил маҳрум мекунад.”

Раҳбарони Афғонистон ва фоъолони ҷомеаи мадании он низ аз замони сари қудрат омадани Толибон, ки ба истилоҳи худашон “ба сабиби узри шаръӣ” рафтани духтарон ба мактабу донишгоҳҳоро манъ карда буданд, ҳамеша мавриди интиқод қарор дода буданд.

Аммо ахиран, Муҳаммадтақӣ Усмонӣ, муовини Дорулъулуми Карочии Покистон бо ирсоли номае ба раҳбари Толибон Мулло Ҳибаттуллоҳ Охундзода таҳсили духтаронро як амри шаръӣ ва яке аз заруратҳои замони муосир дониста, аз вай хоста буд, ки “ба хотири пешгирӣ аз таблиғоти манфӣ алайҳи Аморати исломӣ дар дунё” тибқи талаботи шаръӣ лозим аст, ки духтарон ба мактабу мадрасаҳо ҷалб карда шаванд.

Вай дар ин номааш бо пешниҳоди ду роҳ гуфта буд, ки метавон осон мушкили набуди ҷои алоҳида барои дарсхонии духтаронро бартараф кард:

а) писарон дар як баст ва духтарон дар басти дигар дар як бино метавонанд алоҳида дарс бихонанд.

б) дар ҳолати дуюм, метавон синфхонаҳои як биноро ду тақсим карда, дар як бахши он писарон ва дар қисми дуюм духтарон дарс бихонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати маорифи Афғонистон тасмим гирифтааст, ки 4 ҳазор мадрасаи диниеро дар сартосари Афғонистон таъсис диҳад ва ба гуфтаи Толибон ин мардарасаҳо, ки дар онҳо муҳассилин забономӯзӣ, риёзӣ ва ба таълимоти динӣ ҷалб карда мешавад, метавонанд, ниёзҳои мазҳабии Афғонистонро бартараф кунанд.

Толибон аз замони дубора сари қудрат омаданашон дар 15-уми августи соли 2021 бо иддаои он ки замону макони муносибе барои таҳсили духтарон дар Афғонистон вуҷуд надорад, таҳсили духтаронро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо манъ кардаанд.

Илон Маск Твиттерро мехарад

0

Илон Маск пешниҳод кардааст, ки шабакаи иҷтимоии Твиттерро бо қимати 44 миллиард доллари ИМА мехарад, ҳайъати мудирон ба пешниҳоди ӯ розӣ шудаанд.

Акс аз ББС

Ба гузориши ББС, дирӯз, 25-уми апрели соли 2022 Илон Маск бо пешниҳоди 44 миллиард доллари ИМА ризоияти моликони ширкати Твиттерро ба даст овард, то тамоми саҳмияҳои ин ширкатро ба ӯ фурӯшанд.

Пеш аз ин вай дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ бо қимати 2,89 миллиард доллари ИМА 9,2% саҳмияҳои ширкати Твиттерро харида, пас аз чанд рӯз пешниҳод карда буд, ки қасди хариди кулли саҳмияҳои онро дорад.

Инчунин 14-уми апрели соли 2022 Илон Маск бо нишон додани як ҳуҷҷати танзимкунанда пешниҳод карда буд, ки омодааст бо қимати 41 миллиарду 390 миллион доллар ширкати Twitter (TWTR.N)-ро бихарад.

Он замон нархи пешниҳодии Илон Маск 54,20 доллар барои як саҳмияро дар муқоиса бо нархи пешниҳодии Твиттер дар 1-уми апрели соли ҷорӣ ташкил мекард.

Илон Маск ба моликони Твиттер пешниҳод карда буд, ки ин ширкатро ба ӯ фурӯшанд, ва гуфта буд, ин шабакаи иҷтимоӣ дорои потенсиали бузурги истифоданашудаест, ки ӯ метавонад онро дарк ва бозёбӣ кунад.

Гуфта мешавад, ширкати Твиттер яке аз шабакаи иҷтимоии маъруфи дунёст, ки пас аз Фейсбук дар мақоми дувум қарор дошта, ба ҳисоби миёна рӯзона дар дунё бештар аз 300 миллион корбар ё муштарӣ дорад.