Хона блог саҳифа 447

Коҳиши содироти металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон

0

Ҳаҷми содироти филизоти қиматбаҳо дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 41,2% коҳиш ёфтааст.

Тибқи оморҳои расмӣ Тоҷикистон аз фурӯши металлҳои қиматбаҳо беш аз 40,6 миллион доллар ё баробар ба 58,8%-и ҳамин давраи соли гузашта маблағ ба даст овардааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли гузашта фурӯши металлҳои қиматбаҳо беш аз 69 миллион долларро ташкил додааст.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар 18 корхонаи истихроҷи тилло, ки қисме аз онҳо дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ мебошад, фаъолият мекунад ва тавлиди ин метал ҳамасола афзоиш меёбад. Аммо Вазорати саноат бо баҳонаи махфӣ будани маълумот дар бораи истихроҷи металҳои қиматбаҳо, дар бораи ҳаҷми воқеии истихроҷи тилло чизе намегӯяд.

Гуфта мешавад, соли гузашта фурӯши металҳои қиматбаҳо 41,7 дарсади ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил додааст. Металҳои қиматбаҳо ба маблағи беш аз 896,6 миллион доллар фурӯхта шуданд, ки нисбат ба соли 2020 30% зиёд аст.

Суду зиёни сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар

0

Солҳост мешунавем ва ҳам дар телевизионҳои давлатӣ мушоҳида мекунем, ки дар ҳар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо даҳҳо корхонаву иншооти хусусӣ бозкушоӣ мешавад ва садҳо ҷои кор таъмин мегардад.

Аммо пас аз рафтани Эмомалӣ Раҳмон он корхонаву иншоот барҳам мехӯрад. Зеро асли воқеа на он тавр аст, ки телевизионҳои давлатӣ дар гӯши мардум мехонанд. Ва шояд худи масъулон ҳам хуб медонанд, ки ба театри мазҳакавии онҳо касе бовар надорад, вале вазифадоранд, ки ин ҳама дурӯғро ба мардум бигӯянд.

Дар асл як президент вазифадор аст, ки ба ҳар шаҳру ноҳияи кишвар сафари корӣ анҷом бидиҳад ва аз аҳволи раъият аз наздик ошно шавад. Аз рафти корҳо хабардор шаваду бифаҳмад, ки дастуроташ то куҷо анҷом меёбанд.

Аммо хурду калон дар Тоҷикистон медонад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар на барои рафъи мушкилоти мардум аст, балки мушкилсоз ва дардисарсоз ҳастанд. Тақрибан як моҳ пеш аз сафараш ба шаҳру ноҳия мардум дар азоби алим гирифтор мешаванд. Аз пулҷамъкунӣ дар маҳаллаву ҷамоатҳо шуруъ шуда то танзими сару либоси талабаҳову коргарони корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ҳама гирифтор мешаванд. Хулоса, то омадану рафтани ӯ ҳама дар азобанд.  

Ҳатто вақте ба замини кишоварзие рафтанӣ шавад, мақомоти ноҳия, аз раис то амнияту прокурораш соҳиби он боғ ва ё замини кишоварзиро бор мебанданд. Шабу рӯз ӯро ғорат мекунанд. Бечора деҳқон маҷбур аст то рафтани Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз аввал шиками беандозаи расиу милиса ва амнияту прокурорро сер кунад ва бар иловаи ин, барои омадани Эмомалӣ худаш қолинҳои қимматбаҳо бо ранги махсус харида, ҳосили ними заминашро даррав карда, дар зери пой Эмомалӣ партояд, то пойпӯшиҳояш чанг нагиранд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Агар мо масрафи як боғдор ва ё хоҷагии деҳқонидорро ҳисоб кунем, шояд бечора дар умраш он қадар масраф накарда бошад, ки то омадани Эмомалӣ масраф мекунад.

Як дарди дигар ин аст, ки ҳоло дар байни расиону шаҳру ноҳияҳо барои пешвози Эмомалӣ бо картошкаву пиёз пирамида сохтан мусобиқа оғоз шудааст. Солҳои пештар агар дар ҳавои сарди зимистони кӯдакони 3-4-соларо бо либосҳои тунук баровардан ба пешвози ӯ “модда” шуда буд, ҳоло бо меваву сабзавот қуллаҳо ва ё ҳар намуд расм кашидан “модда” шудааст.

Ин ҳама маҳсулоти деҳқонӣ аз куҷо ҷамъоварӣ мешавад? Оё ҳамаи он аз ҷайби раиси ноҳия ва ё дигар мақомдорон аст? На, ҳатто бовар дорам, ки раиси як ноҳия аз ҷайбаш як сомонӣ ҳам масраф намекунд. Баракс, дар чунин корҳо онҳо фоида ҳам мебинанд. Ин маҳсулот аз ҷайби чор соҳибкори бечора ва ё корафтодае аст, ки ба чунин гургон муҳтоҷ шуддаанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Аз ин сафарҳо мардуми оддӣ ба ҷуз зарару зиён дигар чизе намебинанд. Чун дар омадани Эмомалӣ мақомот онҳоро барои масрафи бештар маҷбур мекунанд, аммо вақте бечора деҳқон тӯй ё маъракае карданӣ шаваду ду дег ош монад, ҳамонҳое, ки барои омадани пешвояшон маҷбурӣ аз ӯ пул меситониданд, дегҳои ошашро бо худ мебаранд ва бар замми он ҷаримааш ҳам мекунанд.  

Мардуми оддӣ наметавонад дардашро ба Эмомалӣ расонад, аз мушкилоташ бигӯяд. Агар дақиқтар бингарем, дар асл ин худи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки намехоҳад садои мардуми мазлумро бишнавад. Чун ин мушкилотро фақат худи ӯст, ки болои мардум бор кардааст. Ӯ агар воқеан бо мардумаш аз наздик вохӯрдан хоҳад ва дарди онҳоро шунидан хоҳад, ҳеч монеае вуҷуд надорад. Мо гумон мекунем фақат ин амният ва мақомот гунаҳгоранд, ки мардумро роҳ намедиҳанд ба назди президенташон рафта аз мушкилоти ҷойдошта нақл кунанд. На, ин тавр нест. Худи Эмомалӣ аз шунидани мушкилот ва андешаҳои тозаву бедор ба андозаи марг метарсад.

Бинобар ин, агар чунин сафарҳои театрӣ ҳар моҳ, ҳаррӯз ҳам сурат бигирад, ҳеч мушкили мардумро рафъ намекунад. Агар мекард, бо ин қадар корхонаҳоро боз кардану ҳазорҳо ҷои кор таъмин кардан, то ин дам ҳадди ақал сафи муҳоҷирони кории моро кам мекард. Чононе медонем, вақтҳои охир аҳолии Тоҷикистон хонахез ба Русия сафар мекунанд. Ҳатто мардум падару модари пири худро ба муҳоҷират мебаранд, то як луқма нони беғам ёфта якҷо бихӯранд.

Муҳммадалии Юсуф

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Оғози сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

0

Имрӯз, 9-уми августи соли 2022 Президент, Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент хабар дод.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин сафар иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи иншооту корхонаҳо, боздид аз ҷараёни корҳои кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захира кардани онҳо мебошад. Инчунин қарор аст Раҳмон бо сокинони ҳар минтақа вохӯрӣ низ анҷом диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон сафари худро аз шаҳри Бустон оғоз карда, чанд иншооту корхонаҳои хусусиро дар ин шаҳр ифтитоҳ карда, пас аз он ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар кард. Дар ин ноҳия Раисҷумҳур ба боғи себу бодом ва ангурзорҳо сар зада, низ аз чанд хоҷагиҳои деҳқонии дигар боздид кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо деҳқонон Раисҷумҳур аҳамиятнокии боғдорӣ ва кишоварзӣ дар кишварро ба деҳқонон ёдрас кардааст.

Аммо ба назари коршиносони мустақил сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва иштироки ӯ дар бозкушоии корхонаву фурӯшгоҳҳо бештар хислати худнамоӣ дошта, одатан пас аз рафтани ӯ он корхона ва ё фурӯшгоҳ барҳам мехӯрад.

Ба гуфтаи таҳлилгарони мустақил, ҳатто онҳое ҳам, ки дар вохӯриҳо бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат мекунанд, мақомоти амниятӣ моҳҳо бо ӯ кор кардаанд ва як килима ҳам аз рӯи варақ берун сухан намегӯяд. Аз ин рӯ, маҳол аст Эмомалӣ аз мушкилоти воқеии мардум огоҳ шаваду баҳри рафъи онҳо талош кунад.

Ҷутсуҷӯи гумонбар дар қатли бераҳмонаи як сокини Варзоб

0

Мақомоти интизомии кишвар як сокини 22-солаи шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи як сокини ноҳияи Варзоб ҷустуҷӯ доранд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми августи соли ҷорӣ тахминан соати 15 дар ҳудуди маҳаллаи Гранзаводи ноҳияи Фирдавсӣ, миёни сокини 22-солаи Душанбе ва сокини 49-солаи Варзоб муноқиша рух дода, ҷавони 22-сола 16 маротиба бо корд ба бадани марди 49-сола задааст. Дар натиҷа марди 49-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВКД танҳо аз идомаи тафтишот хабар дода, вале нагуфтааст, ки қотили эҳтимолӣ боздошт шудааст ё на.

Ному насаби гумонбар ва ҷабрдида дастраси расонаҳо нест.

Интиқоли бародари Алим Шерзамонов аз Хоруғ ба Душанбе

0

Мақомоти интизомии кишвар Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистонро, ки чанд рӯзи пеш ба 18 соли маҳкум шуда буд, аз Хоруғ ба Душанбе интиқол доданд.

Як манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш ба Azda tv гуфт, шаби 7-ум ба 8-уми августи соли ҷорӣ Муслим Шерзамоновро ҳамроҳи 21 маҳбуси дигар аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ ба Душанбе интиқол доданд.

Гуфта мешавад, интиқоли маҳбусон аз Хоруғ ба дигар манотиқи кишвар шабона сурат мегирад.

Ба гуфтаи манбаъ, наздикони боздоштшудаҳо дар Хоруғ гуфтаанд, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ аз сабаби зиёд боздошт кардани одамон вазъ хеле тоқатфарсост ва ҳама мехоҳанд, ки ҳарчи зудтар парвандаи боздоштшудаҳо баррасӣ шуда, ҳукми сафед кардан ва ё зиндонӣ шуданашон эълон шавад ва онҳоро ба дигар ҷой интиқол бидиҳанд.

Давоми чанд ҳафтаи ахир даҳҳо фаъоли маданӣ аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошт гардиданд ва баррасии парвандаи баъзе аз онҳо як ҳафта ҳам тӯл накашида, барои солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти кишвар Муслим Шерзамоновро 12-уми июни соли ҷорӣ дар пайи як амалиёти махсус боздошт карда, 29-уми июл барои 18 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Мақомот Муслим Шерзамоновро дар ташкили ошӯбҳо дар Рӯшону Хоруғ муттаҳам кардаанд, вале худи Шерзамонов ин иттиҳомотро рад мекунад.

Аммо муовини раиси ПМТ Алим Шерзамонов дар суҳбат бо Azda tv боздошти бародараш Муслим Шерзамоновро “қасос гирифтан мақомот аз худи ӯ” номида буд. Чун мақомоти кишвар дар сарзадни даргириҳои Хоруғу Рӯшон Алим Шерзамоновро низ гунаҳкор эълон кардааст.

Афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон

0

Ба муълумоти расмӣ, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 130 адад мошинҳои барқӣ ворид шудааст.

Акс аз Интернет

Тавре хабаргузории “Авесто” бо такя ба маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, маблағи умумии воридоти мошинҳои барқӣ 3,4 миллион долларро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ, дар ин муддат (6 моҳи аввали соли ҷорӣ) ба маблағи беш аз 189,2 миллион доллари амрикоӣ бештар аз 21,3 ҳазор адад воситаҳои нақлиёт ба кишвар ворид карда шудааст.

Хадамоти гумруки кишвар мегӯяд, ҳаҷми воридоти ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 14,7 дарсад зиёд шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал мошинҳои барқӣ дар авоили соли ҷорӣ бо ибтикори ҳукумати шаҳр ва ширкати “Як такси” ба Душанбе оварда шуд.

Гуфта мешавад, мошинҳои барқӣ аз нигоҳи иқтисодӣ камхарҷ ва барои ҳифзи ҳавои шаҳр низ судманд мебошанд. Батареяҳои ингуна мошинҳо дар давоми 30 дақиқа барқ мегиранд ва то 300 километр кифоят мекунад.

Эълони оташбас байни Ҷиҳоди исломӣ ва Исроил дар Навори Ғазза

0

Аз соати 23:30-и рӯзи якшанбе ба вақти маҳаллӣ байни нерӯҳои исроилӣ ва шиби низомиёни Ҳаракати ҷиҳоди исломии Фаластин оташбас эълон шуд. Ва ҳоло аз оромии нисбӣ гузориш мешавад.

Акс аз “Анадолу”

Тибқи оморҳои расмӣ, дар натиҷаи ҳамлаи серӯзаи Исроил ба Навори Ғазза 44 фаластинӣ – бо шумули 15 кӯдак, 4 зан ва шахсони пиронсол кушта ва 360 нафари дигар захмӣ шудааст. Ҳамчунин даҳҳо хона ва муассисаву идораҳои ҷамъиятӣ ба хок яксон гардид.

Гуфта мешавад, раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден аз эълони оташбас ва талошҳои Мисру Қатар барои миёнҷигарӣ ва ором сохтани авзоъ дар Навори Ғазза изҳори сипос кард.

Асри рӯзи ҷумъа, 5-уми августи соли ҷорӣ Исроил бо дастгир кардани яке аз раҳбарони Ҳаракати ҷиҳоди исломӣ Бассом Саъдӣ ба “ҳамлаҳои пешгирона” ба мавзеъҳои ин ҳаракат ҳамла кард. Нерӯҳои исроилӣ инчунин ду раҳбари ин ҳаракатро куштанд. Ҳаркати ҷиҳоди исломӣ низ дар вокуниш ба ҳамлаҳои Исроил садҳо мушак ба хоки Исроил партоб кард.

Вокуниши Консулгарии Тоҷикистон ба изҳороти вакили рус

0

Консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирски Русия ба изҳороти тундлаҳни вакили Шӯрои вакилони шаҳри Новосибирск, Ростислав Антонов вокуниш кард.

Вакили Шӯрои вакилони шаҳри Новосибирск Ростислав Антонов диаспораи тоҷикони шаҳри Новосибирскро ба он муттаҳам карда, ки аз хонаводаи духтари 17-солаи кушташудаи рус аз ҷониби як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон узр напурсидааст.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин вакили рус бо нашри паёме гуфтааст, ки интихобкунандагони норизо ба ин шӯро муроҷиат кардаанд, то ба қазияи куштори духтари рус аз тарафи муҳоҷири тоҷик дахолат кунад.

“Мехоҳам бо ин муроҷиатномаи саркушода ба раиси диаспораи тоҷикон дар Новосибирск Минҳоҷиддин Каримов муроҷиат кунам, ки ин рӯзҳо вонамуд мекунад, ки ин ҳодиса ба ӯ дахле надорад. Шумо намехоҳед ба хонаводаи кушташуда аз ҷониби ҳамватани худ ҳадди ақал ба таври расонаӣ узр хоҳед (дар мавриди кумак ман ҳатто чизе намегӯям) ва байни ҳамватанони худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед ва ба онҳое, ки ҳоло қоидаҳои ҳамзистӣ дар ҷомеаи мутамаддинро намедонанд, фаҳмонед”, – изҳор дошт Ростислав Антонов.

Ҳамчунин Ростислав Антонов пешниҳод кард, ки диаспораи тоҷикон аз маблағгузорӣ маҳрум карда шавад.

“Ман фикр мекунам пас аз ин ҳодиса маблағгузории фаъолияти диаспораи мазкур дар шакли грант ва ёрии моддӣ аз буҷаа давлатӣ комилан қатъ карда шавад”, – навиштааст Ростислав Антонов дар саҳифаи расмии худ дар ВКонтакте.

Вале гуфта мешавад тасмими ниҳоиро бояд Шӯрои машваратӣ оид ба рушди этнофарҳангӣ ва муносибатҳои байни миллатҳои назди ҳукумати шаҳр қабул кунад.

Консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирск дар вокуниш ба ин изҳороти вакил гуфтааст, ки ҳамаи маълумоти мавҷударо ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон интиқол додааст.

“Бале, куштор аз ҷониби шаҳрванди мо содир шудааст. Консули генералии мо бо волидони ин ҷавон сӯҳбат кард. Мо бояд муайян кунем, ки ӯ дар қайди мақомоти дахлдор ҳаст ё не”, – гуфтааст корманди консулгарӣ Фирӯз Муродзода.

Тавре қаблан расонҳо хабар доданд, 26 июл дар Новосибирск муҳоҷири 27-солаи тоҷик Хушнуд Хамроев як духтари мактабхони 17-соларо куштааст. Хушнудро дар дигар шаҳр боздошт кардаанд ва ба қавли мақомоти Русия, ӯро ҳангоми фирор ба Тоҷикистон боздошт карданд. Дар пайи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 105 қисми 1 (куштор) оғоз карда шудааст.

Эълони ҳукми зиндони чанд тан аз зодагони Бадахшон

0

Мақомоти Тоҷикистон ҳукми зиндони чанд тан аз зодагони Бадахшонро, ки дар пайи ҳодисаҳои ахири ин вилоят аз ҷониби кормандони интизомии кишвар боздошт шуда буданд, эълон кард.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писари 33-солаи яке аз раҳбаронии мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Толиб Аёмбеков, рӯзи 5-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби додгоҳи вилоятӣ ба ҳукми абад маҳкум шудааст.

Додгоҳ ҳукми Ғуломалиро пушти дарҳои баста эълон карда, ӯро бо 5 моддаи Кодекси ҷиноиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “куштор” (қатли генерали КДАМ Абдулло Назаров дар соли 2012), “авбошӣ”, “нигоҳ доштани силоҳ” ва “муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо” гунаҳкор донистааст.

Кормандони КДАМ-и вилоят Ғуломалиро рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ ҳамроҳи бародари хурдиаш Ҳасаналӣ боздошт кардаанд.

Додгоҳи вилоятӣ баъди як ҳафтаи боздошт, Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-солара ба айбҳои “авбошӣ” ва “нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ғуломалӣ ва Ҳасаналӣ Абдураҳмоновҳо дар рафти мурофиаҳо иттиҳомоти нисбаташон эълоншударо рад карда, гуфтаанд, ки ин ҷиноятҳоро содир накардаанд.

Наздиконашон боздошт ва ҳукми додгоҳро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд ва онро ба идомаи саркӯбҳои мақомоти тоҷик алайҳи мардуми Бадахшон рабт додаанд.

Дар ҳоли ҳозир худи Толиб Аёмбеков, ду бародар ва се писараш дар боздошт қарор доранд.

Гуфта мешавад, Хайримамад Дӯстмамадов, сокини маҳаллаи “Хлебзавод”-и Хоруғ низ дар баробари писари Толиб Аёмбеков, Ғуломалӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ӯ ба кадом моддаҳои КҶТ айбдор шудааст, то ҳол маълум нест.

Додгоҳ сокини маҳаллаи “Бизмич”, Аслан Гулобовро низ иштирокдори қатли генерал Абдулло Назаров дар соли 2012 эътироф карда, барои якумра равонаи зиндон намудааст.  

Pamir Daily News ҳамчунин хабар дод, ки як сокини дигари маҳаллаи “Хлебзавод”, Собир Акбаршоев бар асоси қисми дуюми моддаи 307 барои “ташкили созмони ифротӣ” ба 10 соли зиндон маҳум шуда ва сокини дигари маҳаллаи “Бизмич” Азим Гулобов ба 18 соли зиндон маҳкум гардидааст. Додгоҳ Азим Гулобовро ба узвият дар созмони ҷиноӣ ва қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир гунаҳкор донистааст. Худи Азим Гулобов дар додгоҳ ин иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо рад кардааст.

Азим Гулобов бародари хурдии Ниёзшо Гулобов, ки рӯзи 12 июн дар чорчӯби амалиёти зидди лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дастгир шуда буд, мебошад.

Толиб Аёмбеков, Холбаш Холбашев ва Ниёзшо Гулобов

Инчунин рӯзи 3-юми августи соли ҷорӣ, дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе мурофиаи парвандаи пурсарусадои генерал Холбаш Холбашев ва ҳудуди 70 нафари дигаре, ки дар “парвандаи Рӯшон” мегузаранд, оғоз ёфт. Мақомот Холбаш Холбашевро ба 11 моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ гумонбар медонад.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин ҳукмҳои тӯлонии эълоншудаи додгоҳҳоро алайҳи зодагони Бадахшон расман шарҳ надодааст.

Пештар аз ин, мақомоти Тоҷикистон Муслим Шерзамонов, халифа Музаффар Давлатмиров, Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва чанд тани дигар аз зодагони ВМКБ-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда буданд.

Қатли 11 нафар бо шумули кӯдакон дар ҳамалаи Исроил ба Навори Ғазза

0

Ба гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира”, Исроил асри рӯзи ҷумъа, 5-уми август ҳамлаи низомии худро ба Навори Ғазза оғоз кард, ки дар натиҷа 11 нафар бо шумлули кӯдакон кушта ва беш аз 80 нафар захмӣ шуд.

Мақомоти Исроил хабар дод, ки дар ҳамла ба Ғазза яке аз раҳбарони Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос), Тайсир Ал-Ҷаъбариро куштанд. Ҳамос ҳам кушта шудани ӯро тасдиқ кард.

Артиши Исроил хабар дод, ки бар зидди Навори Ғазза амалиёти низомиашро бо номи “Субҳи содиқ” оғоз карда, чандин нуқтаҳои будубоши раҳбарони ҳаракати “Ҳамос”-ро ҳадаф қарор дод.

Аммо хабарнигорони шабакаи “Ал-Ҷазира” аз макони ҳодиса иттилоъ доданд, ки артиши Исроил чандин хона ва нуқтаҳои аҳолинишинро ҳадаф қарор додааст ва кушташудаҳо ҳам аз мардуми оддиянд.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Абусалима, мудири беморхонаи марказии Навори Ғазза ба расонаҳо гуфт, ки сафи захмиҳо лаҳза ба лаҳза бештар мешавад, “вале мо ҷиддан аз нарасидани лавозимоти тиббӣ ранҷ мекашем. Тарси онро дорем, ки барқ низ қатъ хоҳад шуд, он вақт мушкилотамон дучанд мешавад”.

Хабар такмил меёбад