28.4 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 472

Таҳдиди Литва ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ

0

Вазири корҳои хориҷии Литва аз муҳоҷирон даъват кард, ки дар омадан ба Аврупо роҳҳои қонуниро биҷӯянд, дар ғайри он муҷирим шинохта шуда, ба кишварҳои худ бозпас фиристода мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Литва Габриелиус Ландсбергис аз шаҳрвандони Африқо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ даъват кард, ки аз хидмати миёнаравҳои шубҳаноке, ки ғайриқонунӣ мардумро ба Аврупо интиқол медиҳанд, истифода набаранд ва аз роҳҳои қонунии вуруд ба қаламрави Аврупоро ҷустуҷӯ кунанд. Ӯ имрӯз 19-июл ин даъваташро бо забони арабӣ дар сафҳаи

Сурат: delfi.lv Ҳангоми боздошти муҳоҷирон, ки аз Беларус ба Литва омадаанд

Мақомоти Литва аз вуруди садҳо нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ тайи ин чанд моҳи ахир дар марзҳои шарқии Иттҳоди Аврупо бо Беларус хабар медиҳад.

Аз аввали сол дар марзи Литва ва Беларус 2096 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шуданд, ки ин нисбат ба тамоми соли гузашта 25,9 маротиба зиёд аст.

Охири моҳи май президенти Беларус, Александр Лукашенко таҳдид кард, ки назоратро бар болои қочоқ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар робита ба фишори Арвупо ба Минск (пас аз ҳодисаи ҳавопаймои “Ryanair”) суст мекунад. “Мо назоратро бар болои қочоқ ва муҳоҷирон қатъ кардем, акнун шумо худатон онҳоро боздоред”, гуфта буд Лукашенко.

Лукашенко таҳдид кард: “Мо дар натиҷаи таҳримоти Ғарб барои ин на пул дорем ва на нерӯ. Ва шумо хуб мефаҳмед, ҳеҷ кас намедонад, ки дар Литва ва дар марз чӣ ҳодисаҳо рух медиҳанд, ин танҳо як далел аст.”

Шӯрои уламо: Идгардак накунед!

0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зимни нашри як муроҷиатнома аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки аз идгардаки кӯдакон ва калонсолон пешгирӣ карда шавад. Ин ниҳоди исломии кишвар сабаби пешгирӣ кардан аз идгардакро ба мавҷи дюми каронавирус рабт додааст.

“Одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд. Аз хона ба хона, аз маҳалла ба маҳалла рафта, рўзи дароз дар назди дари мардум бо дасти дароз оворагардӣ мекунанд. Бояд донист, ки аз сабаби хона ба хона гаштани хурдсолон, дар рӯзи ид хатари сироятёбӣ ва сирояткунонии дигарон ба маротиб меафзояд”, омадааст дар муроҷиатномаи ин шӯро.

Маркази исломии Тоҷикистон ғайриқонунӣ иродаи худро болои мардум таҳмил карда, итоат аз муроҷиатномаашро шарт медонад: “Аз ин рӯ, тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кӯдакон худдорӣ намоянд”.

Инчунин Шӯрои уламо тавсия медиҳад, ки мардум ҳама ба масҷидҳои марказӣ ҳозир нашуда, намози идро дар масҷидҳои назди хонаашон адо намоянд. Дар муроҷиатнома барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ таъкиди зиёд шудааст.

Шӯро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳолати риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ “эҳтимолияти он вуҷуд дорад, ки масҷидҳое, ки дар онҳо қоидаҳои беҳдошт риоя намегарданд, муваққатан баста шаванд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки худамон сабабгори баста шудани масҷидҳо ва аз ибодати дастаҷамъӣ дур мондани мардум нагардем”.

Баъзе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин муроҷиатномаи Шӯрои уламо вокуниш нишон дода, мегӯянд, модом идгардак сабаби интишори вирус шавад, пас чаро пеши роҳи “маршировкаҳо” ба монанди идгардак гирифта намешавад? Дар онҷо низ садҳо ва ҳатто ҳазорҳо донишҷӯ ҳамарӯза гирди ҳам ҷамъ мешаванд ва эҳтимоли интишори ин вирус хеле болост.

Маркази исломии Тоҷикистон пеш аз ин бо содир кардани қароре аз мардуми кишвар хоста буд, ки намози Идро дар масҷидҳои ҷомеъ ва масҷидҳои ҷомеъи марказӣ бихонанд ва ин масоҷид ҳам дар навбати худ барои баргузор кардани намоз ҳар яки онҳо дар ҳаҷми 600 сомонӣ ба Маркази исломӣ “долия”-ашонро супоранд.

Даругзашти Сафарбек Солеҳов

0

19-уми июл Сафарбек Солеҳов, кинорежиcсёри шинохтаи кишвар бар асари бемории коронавирус дар синни 62-солагӣ даргузашт.

Сафарбек Солеҳов чанд рӯзи ахир дар бемористоне дар шаҳри Душанбе зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт.

Вай соли 1980 факултаи Филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли 1993 давраи тахассусии сенариянависӣ ва режессериро дар Маскав ба итмом расонид.

Сафарбек Солеҳов беш аз 20 филми ҳуҷҷатиро дар корномаи худ сабт карда, ки дар ҷашнвораҳои машҳури дунё ба мисли Теҳрон, Алма-Ато, Рим, Берлин, Нанте, Париж, Маскав, Санкт Петербург, Истамбул, Деҳлӣ ва ғайра Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст.

Ҷанозаи марҳум асри имрӯз дар манзили падариашон дар деҳаи Тезгари пойони шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

“Токио-2020”: 10 варзишгари тоҷик озими Ҷопон шуд

0

Ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки иборат аз 10 варзишгар мебошад, имрӯз 19-уми июл ба Токио, бо масири “Душанбе-Истанбул-Токио” парвоз карданд.

Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар саҳфаи фейсбукии худ хабар дод.  Дар расмҳои нашрнамудаи Кумита дида мешавад, ки Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавононон ва варзиш низ ҳангоми гусели варзишгарони тоҷик иштирок доштааст.

Дар Бозиҳои олимпии “Токио-2020” Тоҷикистонро 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд: Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов ҷудокорон), Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Илдар Аҳмадиев (навъи варзиши сабук) Анастасия Тюрина ва Олимҷон Эшонов (шиноварӣ).

Қаблан варзишгар Гулсумбӣ Шарифова ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токиоро ба даст оварда буд, аммо ба иллати ҷароҳат бардоштан ӯ натавонист ба Токио бо дигар варзишгарон парвоз кунад.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ 23-юми июл баргузор мегардад. Парчами давлатии Тоҷикистонро ҷудокор Темур Раҳимов мебардорад.

Ҳунарнамоии варзишгарони Тоҷикистон дар “Токио-2020” 24-уми июл оғоз мешавад. Дар ин рӯз боксчиён Шаббос Неъматуллоев ва Сиёвуш Зуҳуров ба ринг мебароянд ва Баҳодур Усмонов рӯзи 27-уми июл баромад мекунад.

26-уми июл ҷудокор Сомон Маҳмадбеков ба рӯи гилеми куштӣ мебарояд. 27-уми июл Акмал Муродов ва рӯзи дигар Комроншоҳи Устопириён ба мубориза мепайванданд. Темур Раҳимов 30-юми июл ҳунарнамоӣ мекунад.

Шиноварон Олимҷон Эшонов ва Анастасия Тюрина рӯзи 30-юм ва варзишгар Илдар Аҳмадиев рӯзи 31 июл аз давидан ба масофаи 100 метр баромад мекунанд.

Барои 7 варзишгари тоҷик “Токио-2020” аввалин Бозиҳои олимпӣ дар карераашон аст. Комроншоҳи Устопириён, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Эшонов иштирокчиёни Олимпиадаи “Рио-де-Жанейро-2016” мебошанд.

32-юм Бозиҳои олимпӣ бояд аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мегардид, вале бо сабаби авҷ гирифтани бесории сироятии COVID-19 дар нимаи аввали соли гузашта, бозиҳо як сол ба таъхир афтод.

Ба барномаи Бозиҳои олимпии “Токио-2020” 33 намуди варзиш ворид гардидааст ва беш аз 11 000 варзишгари 205 давлати ҷаҳон барои ба даст овардани 339 маҷмӯи медалҳо мубориза мекунанд.

COVID-19: Гирифтор шудани 47 нафар

0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 18-уми июл хабар дод, ки давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 47 ҳолати нави гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 32 нафар шифо ёфтааст. Дар ин васат як ҳолати вафот низ сабт шудааст.

Тибқи омори нашр шуда, дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 14125 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то дирӯз 13717 нафар (97,1%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари ин беморӣ 111 нафар фавтидааст.

Дар омори як рӯзи пеши Вазорати тандурустии кишвар, яъне 17-уми июл ягон ҳолати вафот аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар ҳамин ҳол сомонаи “Равзан” аз вафоти ду нафар, яке писари шоири шинохтаи тоҷик, Гулназар Келдӣ ва дигарӣ духтари забоншиноси маъруф, профессор Баҳриддин Камолиддинов хабар дод, ки наздиконашон дар шабакаи иҷтимоӣ худи ҳамон рӯз нашр карданд.

Бо ин вуҷуд, мадум дар Тоҷикистон ба омори расмии ҳукумат камтар бовар доранд, зеро теъдоди гирифторон ва фавтидагонро фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба маротиб зиёдтар аз омори расмӣ арзёбӣ мекунанд.

Вазири мардумӣ дар бозор

0

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дирӯз якшанбе дар саҳифаи фейсбукияш аксе нашр кард, ки бо рӯймол ва либосҳои оддии тоҷикона дар дохили бозор байни анбуҳи одамон дида мешавад. Ӯ аксашро бо навиштаи “Рӯзи бозор – дар Бозор…БОЗ ОР АЗ БОЗОР!!!” шарҳ додааст.

Баъзе кобарон ин рафтори вазирро интиқод намуда, мегӯянд, ки ҳангоми интишори коронавирус вазир худ қоидаҳои бехатарро риоя намекунад. Аммо аз тарафи дигар амали ӯро аксари корбарон таҳсин намуда ӯро “Вазири мардумӣ”, “Вазири хоксор”, “Гурдофарди замон”, “Ангела Меркели тоҷик” ва бо лақабҳои дигар васф кардаанд.

Facebook
Рӯзи бозор – дар Бозор…БОЗ ОР АЗ БОЗОР!!!

Аз ин нигоҳ, ки одатан вазирони тоҷик кам бо мардуми оддӣ во мехӯранд ва беъзеҳояш ҳатто ҳозир ба қабули шаҳрвандон нестанд, чунин оддӣ гаштани як вазир дар байни мардум ҷолиб ба назар мерасад. Чун хеле кам шудааст, ки вазири тоҷике дар байни мардум бидуни дабдабаву расмиёте қадам бизанад.

Дар зери акси вазири меҳнат рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода менависад: “Дар мо схемаи “мансабдор+дастнорас+бо касе дӯстӣ накардан+ба ягон тӯю маъракаҳо нарафтан+ба бозор ё мағозачаҳои майда по нагузоштан ва умуман по нагузоштан дар замин” пазируфта аст. Аз ин берунашро худи бузургон дар мансаб тавҳин ба худ мешуморанд”.

Инчунин баъзе шарҳнависон зимни таҳсингӯии кори вазири меҳнати Тоҷикистонро аз дигар кишварҳои пешрафта мисол оварда, аз марудмӣ набудани вазирони тоҷик интиқод мекунанд. Аз ҷумла Шанти Ибронова низ қайд мекунад, ки “дар давлатҳои абарқудрат мансабдорҳо бемалол ба кӯча, бозор ва мағоза худашон пиёда мераванд ва дар дохили мардуманд. Ин фақат дар мост, бояд онҳоро халқ набинад, гӯё халқи оддии мо мешиносанд мансабдорҳоро. Халқи оддӣ муаллими фарзандшро ба зӯр мешиносанд”.

Ширин Амонзода 3-юми ноябри соли 2020 вазри меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин масаб Гулрӯ Ҷабборзодаро иваз кард. Ширин Амонзода аз зумраи нодиртарин мансабдорони баланпояи кишвар аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буда, дар хеле мавридҳо дидгоҳҳои худро бо дигарон шарик месозад.

Толибон: Агар зарур шавад бо нерӯҳои Туркия ҳам меҷангем

0

Толибон аз Туркия хостааст, ки барои ором ва обод кардани Афғонистон ин кишварро бо мутахассисон ва муҳандисони риштаҳои гуногунаш кумак кунад, на бо ҳузури низомии сарбозонаш дар Кобул.

18-уми июл сухангӯи дафтари сиёсии Ҳаракати Толибон дар Қатар, доктор Муҳаммад Наим Вардак дар гуфтугӯ бо шабакаи арабизабони “Ал-арабӣ 21” эъом кард, агар нерӯҳои Туркия хоки Афғонистонро тарк накунанд, Толибон бо онҳо низ меҷанганд.

Доктор Наим мегӯяд, мо бо давлати Туркия дар дину мазҳаб ва эътиқод яке ҳастем, “вале мутаассифона мавқеъгирии ахири ин кишвар моро нигарон кардааст, чун Туркия мехоҳад нерӯҳояшро дар хоки Афғонистон боқӣ бимонад, ин хилофи принсипҳои истиқлоли ватани мо аст.”

Сухангӯи ин ҳаракат вуҷуди туркҳо дар Афғонистонро бо маслиҳати Амрико медонанд. “Мутаассифона боқӣ мондани нерӯҳои туркӣ дар кишвари мо бо маслиҳати Амрико анҷом шудааст.”

Наим меафзояд, “дар давоми 20 соли гузашта мардум бо мо буданд ва барои ба даст овардани истиқлоли комил ва рондани амрикоиҳо (аз кишвар) дар ҷангҳоямон аз мо пуштибонӣ мекарданд”.

Ба таъкиди ӯ, Туркия узви НАТО аст ва мебоист бо хурӯҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон он низ хориҷ шавад. “Боқӣ мондани нерӯҳои туркӣ дар Афғонистон барои алоқаҳои минбаъдаи ду кишвар хуб нест ва мо ба ҷониби Туркия гуфтанием, ки барои ҳифзи муносибатҳо нерӯҳояшро аз кишвари мо берун кунад”.

Толибон аз Туркия хостааст, “ватани мо беш аз 20 сол мешавад, ки даргири ҷангу нооромиҳост ва вайрону валангор шудааст, ба кумакҳои инсонӣ ва исломӣ ниёз дорад, аз кишвари Туркия ва дар раъси он аз Эрдуғон мехоҳем, ки барои обод сохтани ватанамон ба мо муҳандисонро бифиристад, на сарбозонро”.

Туркия ҳамчун узви НАТО нерӯҳояш ҳамроҳ бо нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон ҳузур дошт ва ҳимояти фурудгоҳи Кобул бар души 500 сарбози ин кишвар буд. Аммо баъд аз хурӯҷи НАТО ва нерӯҳои Амрико нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон барои ҳимоят аз фурудгоҳи Кобул боқӣ монданд.

Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пештар гуфта буд, “агар қарор бошад, ки Туркия аз Афғонистон хориҷ нашавад, пас барои мо пуштибонии луҷистӣ, молӣ ва дипломатии Амрико муҳим аст”.

Ҳукумат: Мо аз ҲНИТ метарсем, на аз Толибон!

0

15-уми июл Ҳукумати Тоҷикистон матлаберо аз рӯзномаи “ИмрӯзНюс”, зери унвони “Толибони афғонистонӣ хатар надоранд, душмани миллат наҳзатиҳоянд” дар аксари расонаҳои расмии худ нашр кард.

Бознашри ин матлаб, аз ҷумла дар сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояту ноҳияҳо, сомонаҳои донишгоҳҳо ва ҳафтаномаву рӯзномаҳо анҷом шуд. Бознашри ин матлаб аз тағйири мавқеи расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи  ҳаракати Толибон дарак медиҳад.

Дар матлаби мазкур таъкид мешавад, ки Толибон ва забткориҳои онҳо мушкили давлату миллати мо нест ва ҳукумати феълии Афғонистон бо роҳи музокироти дуҷониба мушкилоти худро бо ин ҳаракат ҳаллу фасл хоҳад кард.

Ҳамчунин қайд гардида, ки “Ҳаракати Толибон, ки ҳадафи гирифтани қудрати сиёсиро дар кишвари худ дунбол мекунад, ба Тоҷикистон хатаре надорад. Ҷангиёни ин ташкилот дар тамоми давраи мавҷудияти худ ягон амали душманонае зидди мардумони кишвари мо анҷом надодаанд”.

Аммо ин суханҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки борҳо ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои узви СПАД, ба хусус Русия дар мавриди таҳдиди хатари Толибон ба Тоҷикистон кумак хостааст.

Эмомалӣ Раҳмон то як ҳафта қабл ҳангоми суҳбат бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар мавриди он, ки: “Ҳаракати Толибон мушкили дохилии ҳукумати Афғонистон аст” чизе намегуфт, балки ҳангоми суҳбатҳо ин ҳаракат “мушкилсоз ва таҳдид ба кишварҳои Осиёи Миёна” қаламдод мешуд. Ҳамчунин эъзоми 20 ҳазор сарбози эҳтиётӣ ба марзи Тоҷикистону Афғонистон низ далели он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ин гурӯҳ эҳсоси хатар мекунад.

Ҳамзамон Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи 14-уми июл дар Душанбе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай интиқод намуда, гуфт, ки вақтҳои ахир аксари кишварҳои дӯст дар баробари пешгирии фаъолиятҳои ғайриқонунии Толибон мисли пеш фаъол нестанд. Ангушти ишораи вазири корҳои хориҷаи Афғонистон ба тағйири мавқеъ кардани баъзе ҳукуматҳо, аз ҷумла Эрону Русия ва Тоҷикистон дар баробари Толибон равона шуда буд.

Ин матлаб вокуниши таҳлилгарони дохилии Тоҷикистон-ро низ дар пай дошт ва ин фарзияи ҳукуматро, ки Толибон ба кишвар таҳдид намекунанд, хелеҳо рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, чи дар сурати ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва чи идома ёфтани ҷанг дар ин кишвар ҳамеша Тоҷикистонро хатари ноамниҳо таҳдид мекунад.

Муаллифи матлаб Субҳиддин Зиёев, ходими  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) худро муаррафӣ кардааст, мехоҳад бо панҷ далел исбот кунад, хатари Наҳзати исломӣ аз ҳаракати Толибон зиёдтар аст. Ваҷҳҳои овардаи муаллиф ба таври зайл хулоса мешаванд:

  • 8 кишвари Созмони ҳамкории Шанхай ҲНИТ-ро созмони террористӣ шинохтаанд;
  • ҲНИТ ба Аврупо паноҳ бурдааст ва ҳамеша аз ҳукумат интиқод мекунад;
  • ҲНИТ режими Тоҷикистонро ба беаҳамиятӣ дар баробари коронавирус айбдор мекунад;
  • ҲНИТ дар низоъҳои марзӣ аз Қирғизистон ҷонибдорӣ карда;
  • ҲНИТ дар хориҷа фаъолиятҳои зиддиҳукуматӣ анҷом медиҳад.

Биноан, ҲНИТ: “ҳазорон маротиба хатарноктар аз ташкилотҳои дигари террористӣ аст”, ва бо ин далоил аз Толибон хавфноктар будани ҲНИТ-ро иброз медорад.

Матлабе, ки дар расонаҳои кишвар бознашр шуд, бештар аз хатари дохилӣ, яъне ҲНИТ нақл мекунад. Дар ин матлаб таъкид мешавад: “Наҳзатиҳо то ҳанӯз аз террору қатли одамон ва ба кор бурдани усули зӯроварӣ даст накашидаанд”.

Аммо Бобоҷон Қайюмов, сухангӯи ҲНИТ дар ин бора назари дигар дорад. Вай мегӯяд, ин гурӯҳе, ки имрӯз хатари Наҳзати исломиро бештар аз Толибон медонанд, худашон то дирӯз Толибонро ҳаракати террористӣ ва эсктримистӣ дониста, фаъолияти онро мамнӯъ ва бо ҷурми ҷонибдорӣ аз ин ҳаракат даҳҳо ҷавонро зиндонӣ кардаанд.

Ба таъкиди ӯ, “ҳар ҳаракате, ки фаъол бошад ва дар муқобили ин ҳукумат изҳори назар кунад, камбудиҳои онро ошкор намояд, барои ин ҳукумат хатарноктар аз ҳар гурӯҳи дигар аст…”

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳаркати Толибонро узви созмонҳои террористӣ дониста, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кардааст.

28,2 млн евро мукофотпулии мунтахаби Италия

0

Мукофотпулие, ки футболбозони тими миллии Италия барои пирӯзӣ дар чемпионати Евро-2020 мегиранд, маълум шуд. Ҳар футболбоз тибқи маълумоти “спорт-экспресс” 250 ҳазор евро ба даст меорад.

Агар итолиёвиҳо дар финал аз Англия шикаст мехӯрданд, ҳар кадоме 200 ҳазор евро мегирифт. Тими миллии Италия агар аз даври ниманиҳоӣ ба финал намебаромад, мукофотпулӣ барои ҳар як нафар 150 ҳазор евро ва агар аз чорякфинал ба даври дигар намебаромад 80 ҳазор евроро ташкил медод.

Дар ин мусобиқа, тими миллии Италия аз УЕФА 28,25 миллион евро мукофотпулӣ ба даст овард. Мукофотпулӣ аз ҳамин маблағ ба футболбозон дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки финали қаҳрамонии Евро-2020 рӯзи 11-уми июл байни тимҳои миллии Анлия ва Италия дар майдони Лондон баргузор гардид. Англия дар дақиқаи дуюми бозӣ гол зад, аммо бартариро нигоҳ дошта натавонист ва дар нимаи дуввуми бозӣ Италия ҳисобро баробар кард. Дар вақти изофӣ ҳисоб иваз нашуд ва Италия дар зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиби Евро-2020 эълон шуд.

Тими милли Италия бори дуввум дар таърихи худ ғолиби ин мусобиқа гардид. Итолиёвиҳо қаблан соли 1968 дар финал тими миллии Югославияро мағлуб намуда, қаҳрамони Аврупо гардида буданд.

Маскав: Афзоиши теъдоди боздоштшудаҳо

0

15-уми июл дар Маскав теъдоди боздоштшудаҳои задухӯрди гурӯҳии муҳоҷирон ба 45 нафар афзоиш ёфт.

Додгоҳи Кузминскии Маскав рӯзи панҷшанбе 15 июл боз се иштирокчии занозании оммавиро дар назди метрои Кузминки барои 15 шабонарӯз боздошт кард. Шумораи умумии боздоштшудагон ба 45 нафар расид. Дар ин бора котиби матбуотии суд Кристина Каленова хабар дод.

“Додгоҳ рӯзи 13 ва 14 июл 42 нафарро барои 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард ва имрӯз протокол дар нисбати се шаҳрванди дигар баррасӣ шуд. Бинобар ин шумораи умумии онҳо ба 45 нафар расид,”- гуфт Каленова дар сӯҳбат ба РИА Новости.

Қаблан гузориш шуда буд, ки боздоштшудагонро додгоҳ тибқи моддаи 20.2-и қисми 6.1 (Иштирок дар ҷамъомадҳои беиҷозат, ки ба фаъолияти объектҳо ва ба таъминоти ҳаёт халал мерасонанд”) -и Кодекси маъмурии Федератсияи Русия гунаҳкор шинохтааст.

Тибқи қарори додгоҳ бархе иштирокчиёни задухӯрд аз Русия ихроҷ карда, баъзеи дигарро бо ҷаримаи маъмурӣ ва манъи вуруд ба ин кишвар таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 13-уми июл 200 нафар аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар назди метрои Кузминкии Маскав бо ҳам занозанӣ кардаанд, ки аксари онҳоро дар ВАО шаҳрвандони кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва зодагони Тоҷикистон гузориш додаанд.