30.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 480

Тоҷикистон Толибонро дигар нерӯҳои носолим намедонад?

0

Бо пешравии нерӯҳои Ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон нисбати ин ҳаркат тағйир карда, онро носолим намедонад.

Хабаргузории расмии кишвар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар”, ки таблиғгари асосии мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад, дар робита ба мавзеъи худ нисбат ба ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон, ки дар гузашта онро ифротиву тундгаро ва ҷаҳолатпараст муаррифӣ мекард, тағйири мавзеъ кардааст.

Ин хабаргузорӣ дар охирин матлаби худ зери унвони “Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ Толибонро ба таслим шудан даъват кард”, шеваи муносибат бо ин ҳаракатро нармтар кард ва бидуни барчаспгузорӣ аз қабили ифротӣ, тундгаро, ҷаҳолатпараст ва ғайра ба ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон иктифо кард. Барои мисол:

“ДУШАНБЕ, 29.06.2021/АМИТ «ХОВАР». Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ҳаракти «Толибон»-ро  ба таслим шудан даъват кард: «Агар хоҳед, ки зинда бимонед, таслим шавед!». Ин муроҷиати вай ба толибон имрӯз дар сафҳаи фейсбукиаш интишор ёфтааст”.

Бо ин, ки дар зершарҳи ин матлаб Толибон ҳаркати мамнуъ дар Тоҷкистон ишора шудааст, аммо лаҳҷаи гуфтори ин хабаргазорӣ нисбат ба ин ҳаркат куллан тағйир карда аст.

АМИТ “ХОВАР” то соли 2019 мудом ин ҳаркатро бо тундгаро, даҳшатафкан, ифротӣ ва ҷаҳолатпараст ёд мекард. Аммо аз соли 2019 лаҳҷаи мақомоти тоҷик дар муносибат бо онҳо тағйир карда, танҳо “бо мамнуъ дар Тоҷикситон” иктифо карда аст.

“ДУШАНБЕ, 29.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ нафар ҷангии ҳаракати тундгарои «Толибон» (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар натиҷаи ҳамлаи тайёраҳои бесарнишини амрикоӣ дар шарқи Афғонистон нобуд гардиданд,- хабар медиҳад агентии «Khaama Press» бо истинод ба изҳороти ҳарбиёни афғон.”

“ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби Афғонистон бар асари зарбаҳои нерӯҳои ҳавоии ИМА на кам аз 63 нафар ҷангиёни ҳаракати ифротии «Толибон» /мамнӯъ дар Тоҷикистон/ маҳв гардиданд. Дар ин бора агентии «Пажвок» бо истинод ба полис хабар дод.”

Ҳамзамон президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар гузашта Ҳаракати Толибонро дар суханронӣ ва мавқеъгириҳои худ пайваста ҳамчун ҳаракат ва ё гурӯҳи даҳшатафкан, иртиҷоӣ, террорист, ифротӣ, ҷаҳолатпараст ва ғайра ном мебурд, аммо бо қудрат гирифтани Толибон дар Афғонистон лаҳҷаи ӯ ҳам куллан тағйир кардааст.

Торнамои расмии президенти Тоҷикистон, ки мавқе ва сухнарониҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон нашр мекунад, ҳаммонанди АМИТ “ХОВАР” дар муносибат бо Ҳаракати Толибон тағйири мавзеъ кардааст.

Сомонаи президент Эмомалӣ Раҳмон дар охирин матлаби худ ин ҳаркатро бидуни кадом ишорае ба мамнуъ будан зикр кардааст. Дар он гуфта мешавад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот ҷонибдорӣ менамояд. Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи Ҳукумати Афғонистон ва Ҳаракати Толибон ҳамаҷониба истиқбол мекунад.”

Поёни даври чорякниҳоии Чемпионати Евро-2020 оид ба футбол

0

Рӯзҳои 6-7 июли соли 2021 бозиҳои даври нимфиналии Чемпионати Евро-2020 дар майдони Уэмбли Лондон баргузор мегарданд.

Дар ин марҳила дастаҳои Италия-Испания ва Дания-Англия барои роҳ ёфтани ба даври ниҳоӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Пеш аз ин, рӯзи 2-юми июли моҳи равон ду бозии даври 1/4 ниҳоии Евро-2020 баргузор гардид, дар натиҷа ду даста ба даври 1/2 ниҳоии мусобиқа баромада, ҷуфти якуми нимфиналиро ташкил доданд.

Дар бозии аввали рӯз тими миллии Швейтсария бо тими миллии Испания вохӯрд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Газпром Арена” -и Санкт-Петербург баргузор шуд. Вақти асосӣ ва изофии бозӣ бо ҳисоби 1: 1 хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналтӣ испаниҳо моҳиртар баромаданд, ки бозӣ ба фоидаи онҳо – 3: 1 анҷомид.

Дар бозии дуюм дастаҳои мунтахаби Белгия ва Италия ба ҳам вохӯрданд. Бозӣ дар варзишгоҳи Аллианз Аренаи Мюнхени Олмон баргузор шуд ва бо пирӯзии итолиёвиҳо бо ҳисоби 2: 1 хотима ёфт. Ҳама голҳо дар нимаи аввали бозӣ зада шуданд. Барои Италия голҳоро Барелла ва Инсине заданд, голи ягонаи Белгияро Лукаку зад.

Рӯзи 3-юми июл ду бозии дигари 1/4 финалии Чемпионати Евро – 2020 баргузор гардид, ки дар натиҷа ду даста ба марҳилаи 1/2 ниҳоии мусобиқа баромада, ҷуфти дуввуми нимфиналиро ташкил доданд.

Дар яке аз бозиҳо дастаи мунтахаби Дания тими миллии Чехияро мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи олимпии Боку (Озарбойҷон) баргузор шуд ва бо ҳисоби 2: 1 хотима ёфт.

Дар бозии дуюм дастаи мунтахаби Англия бар тими миллии Украина ғалаба кард (4: 0). Ин бозӣ дар варзишгоҳи Олимпикои Рим (Италия) баргузор шуд.

Ҳамин тариқ, ҳарду ҷуфти нимфиналии Евро-2020 муайян шуданд:

Италия – Испания;

Дания – Англия.

Чемпионати Евро – 2020 оид ба футбол бояд соли гузашта баргузор мегардид, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус он ба як соли баъд гузошта шуд. Бозии аввали Чемпионати Евро – 2020 рӯзи 11-уми июни соли 2021 байни дастаҳои мунтахаби Туркия ва Италия баргузор гардид.

Нигаронии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз вазъи марз бо Афғонистон

0

Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон бо интишори як баёния эълом кард, ки беш аз ҳазор сарбозу афсари Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд.

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, тайи рӯзҳои ахир, ин сарбозон дар набард бо нерӯҳои Ҳаракати Толибон тоб навоварда ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар давоми ду моҳи ахир ин бори сеюм аст, ки сарбозони давлатии Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ меоранд. КДАМ ин бор шуомри сарбозони паноҳанда ба Тоҷикистонро беш аз 1000 нафар мегӯяд.

Акс аз “Ховар”

Дар изҳороти манбаъ зикр гардида, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо “Толибон”, 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии “Шоҳон”-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Нерӯҳои марзбонии кишвар вазъро дар марз ногувор арзёбӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Нерӯҳои марзбонии кишвар бори аввал 22 июн аз убури 134 ва бори дуюм 27 июн аз убури 17 сарбози нерӯҳои давлатии Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон хабар дода буд.

Бояд гуфт, ки давоми чанд рӯзи ахир байни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон даргириҳои шадид сурат гирифт, ки дар натиҷа Ҳаракати Толибон беш аз 100 навоҳии ин кишавар, аз ҷумла ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистонро тасарруф карданд.

Нашри аввалин маҷмӯаи шеърии фарзанди Зафари Суфӣ ба забони фаронсавӣ

0

Шоири тоҷик ва муассиси расонаи “Озодагон”, Зафари Суфӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз аввалин китоби маҷмуаи шеърии фарзандаш Некфар, ки ба забони фаронсавӣ ба табъ расид, хабар дод.

Шеърҳои Некфар ба забони фаронсавӣ аввалин эҷодиёти як шоири ҷавони тоҷики зодаи Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 18 сол умр ба ин забон ба ҳисоб меравад.

Матни комилро дар зер мутолиа кунед:

Акс аз саҳифаи Зафари Суфӣ

БЕҲТАРИН ХАБАР

Шукри Худо, китоби шеърҳои Некфар ба зевари чоп расид!Ин нахустин маҷмуаи шеърҳои як тоҷик ба забони фаронсавист. Албатта ҳамзабонони мо аз Эрон буданду ҳастанд, ки ба забони Бодлер, Аполлонер, Луи Арогон ва даҳҳо шоири беназири Фаронса, машқи шеър кардаву осорашон ба нашр расидааст. Аммо Некфар аввалин тоҷик аз Варорӯд аст, ки ба фаронсавӣ менависад ва дар синни 18 нахустин дафтари шеърҳояш ба ин забони зебо нашр шуд. Баргардони унвони китоб аз фаронсавӣ ба форсӣ шояд «Порае аз кӯҳ», «Бурида аз кӯҳ» ё «Ҷудоуфтода аз кӯҳ» мешавад. Мутмаинам дӯстон дарк карданд, ки мавзӯъи навиштаҳои Некфар дар ин китоб баёнгари чист, яъне аз хотирот, бардоштҳо, ностолживу пазмониҳои навҷавонест, ки ба иҷбор аз макони дӯстдоштааш, аз диёри домани кӯҳҳои сарбафалак ҷудо уфтода. Танҳо тақсире, ки ӯ дорад, фарзанди шахсест, ки натавониста хирсро Хизр бихонад ва қотилу дуздеро мадҳ бикунад, ҳамроҳи тудаҳои чоплус бошад ва ҳатто дар баробари расман «душман» эълон шудан ҳам талош карда ҳарфи дурӯғ нагӯяд…Шояд баъдҳо боз дар ин мавзуъ матлабе бинвисам. Ҳоло хеле хушҳолам ва ҷӯши эҳсосам намегузорад бештар аз ин чизе рӯи сафҳа бикорам…Дар зимн, хоҳишмандон метавонанд аз тариқи мо ва ё муроҷиат ба нишонии интишорот нусхаи китобро дастрас кунанд.Қаламат сабз ва умрат дарозу сарат баланд бошад Некфар.

Убайдулло Раҷабов даргузашт

0

Имрӯз 1 июл бозигари машҳури театр ва синамои Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохта, Убайдулло Раҷабов дар умри 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук корбарони зиёде хабар доданд. Сабаби марги ин ҳунарманди шинохта гирифторӣ ба бемории “COVID-19” гуфта мешавад. Ҷаноза соати 16:30 ба вақти Душанбе баргузор шуд. Ва ӯро дар Лучоб ба хок супурданд.

Ҳайати эҷодии “Аздо тв” даргузашти ин чеҳраи шинохтаи синамои Тоҷикистонро зойиъаи бузурги миллати тоҷик дониста, барои наздикон ва ҳамкорону ҳампешагонаш таслият мегӯяд.

Тоҷикистон мардуми Афғонистонро дар мубориза алайҳи тероризм пуштибонӣ хоҳад кард

0

Имруз 30-июн Мирраҳмон Раҳмони раиси Вулуси Ҷирга (Шурои миллӣ)-и Афғонистон, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада аст бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нооромиҳои дар Афғонистон идомадошта, шиддат гирифтани вазъи сиёсӣ ва низоми дар ин кишвар, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷахонӣ шуда аст ишора намуда ҳамкориҳои амалии ду кишварро дар соҳаи амният зарур донист.

Тибӣи навиштаи “Азия Плюс” раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки барои мубориза бо террористон ва гурӯҳҳоои муташаккили ҷиноӣ, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд бояд чораҳои таъсиргузортар андешида шаванд.

Дар ин дидор равандҳои дигари ҳамкории кишварҳо ба хусус равобити парлумонӣ дар бахши сиёсат, мудофиа, иқтисод, савдо, илм, маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон гуфт:

“Мо ҳамеша бо ибтикори сулҳу субот ва эҳёи иқтисоди ҷумҳурӣ ташаббус ва иқдомоти ҳукумат ва мардуми кишвари дӯстро, ки моро бо онҳо як забон ва фарҳанги муштарак баста аст, дастгирӣ хоҳем кард”.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятнок ва барои ҳарду кишвар муфид ба монанди энергетика, ташкили коридорҳои нави нақлиётӣ ва иҷрои барномаҳо муштарак табодули назар карданд.

Изҳори назари Содир Ҷабборов дар мавриди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон

0

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов баъд аз бозгашт ба ватанаш дар мавриди мулоқоти рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 29 июн дар Душанбе беш аз 6-соат тӯл кашид, изҳори назар кард.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки “Мо қадамҳои минбаъдаро барои ҳалли ҳама масъалаҳои марзӣ ва фаъолона идома додани кор дар самти тавсифи хатҳои сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ кардем”.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, Ҷабборов изҳор доштааст, ки Қирғизистон ба рушди муносибатҳои гуногунҷаба бо Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва дар сиёсати хориҷии худ ба ҳама созишномаҳои қаблан ҳосилшуда дар таҳкими шарикии мутақобилан судманд дар асоси дӯстӣ ва ҳамсоягии нек содиқ мемонад.

Содир Ҷаббаров гуфт, ки дар ҷараёни музокирот табодули назар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон сурат гирифт. Ғайр аз ин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Содир Ҷабборов барои ду рӯз, 28 ва 29 июн дар Тоҷикистон ҳузур дошт, аммо мулоқоти рӯ ба рӯи президентҳо ки беш аз 6 соат тӯл кашид, бе имзои кадом санаде ба охир расид.

Масъалаи асосии ин мулоқот баҳси мушкилоти марзӣ гуфта мешуд, аммо чунин ба назар мерасад, ки ҷонибҳо ба ҷуз суръат бахшидани кори комиссиюни байниҳукуматӣ дар мавриди таъйин ва аломатгузории хатти марзӣ дигар ба масъалаи мушаххасе тавофуқ ҳосил накарданд.

Расонаҳои тоҷикӣ аз он хабар доданд, ки дар охири нишаст ҷонибҳо танҳо иҳзороти муштарак дар 25 банд ба имзо расониданд.

Туркия парвозҳои ҳавоии худро бо 6- кишвар қатъ мекунад

0

Ба иллати паҳншавии навъҳои пешрафтаи коронавирус мақомоти Туркия парвозҳои ҳавоиро бо шаш кишвар манъ мекунад.

“Москва-24” аз қавли Вазорати умури дохилаи Туркия иттилоъ дод, ки парвозҳои ҳавоӣ бо Бангладеш, Бразилия, Непал, Ҳиндустон, Шри-Ланка ва Африқои Ҷанубӣ аз фардо 1-июл муваққатан катъ карда мешавад.

Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Туркия гардишгароне, ки ба Туркия омадаанд агар дар 14 рӯзи охир ба кишварҳои зикршуда сафар карда бошанд, бояд натиҷаи манфии озмоиши РСR-ро пешниҳод кунанд, ки ҳадди аксар 72 соат кқабл аз вуруд ба Туркия анҷом дода шуда аст, онгоҳ онҳо 14 рӯз дар қарантина нигоҳ дошта мешаванд.

Пештар намояндаи Созмони ҷахонии тандурустӣ дар Русия Мелита Буйнович гуфта буд, ки вазъи штамми коронавируси “Delta Plus” ташвишовар аст ва он суръат мегирад. Ба гуфтаи вай эмкунониӣ ва режими ниқоби тиббиро бояд риоят кард то иммунитети умумӣ ба вуҷуд ояд вагарна “куфлро пешгирӣ кардан мумкин нест”.

Тавре ки “Москва-24” хабар дода аст, дар Инглистон ҳолатҳои тасдиқшудаи ташхиси коронавируси “Lambada” ба қайд гирифта шудаанд. Вазорати тандурустии Инглистон тавсия дода аст, ки ба нишонаҳои ба мисли табларза, сулфаи доимӣ, гум шудан ё тағйирёбии ҳисси бӯёӣ ва мазза диққат дихед. Ба андешаи табибон дар ҳоли ҳозир мушкилоти ҷиддитар аз ин навъ ё коҳиш ёфтани самаранокии воксинаҳои мавҷуд алайҳи он вуҷуд надорад.

Мардум барои гирифтани воксин мераванд, вале воксин нест

0

Сокинони вилояти Суғд аз он шикоят доранд, ки ду рӯз боз ба назди дармонгоҳҳои вилоят барои гирифтани воксин мераванд, вале масъулони дармонгоҳҳо ба онҳо мегӯянд, ки воксин тамом шудааст.

Ба гуфтаи масъулон воксини зидди коронавирус дар вилоят тамом шудааст ва онҳо мунтазиранд, ки кай вояҳои нав аз марказ мерасад.

Бино ба навиштаи “Азия-Плюс” Маркази иммунопрофилактика низ таъйид карда, ки захираи воксинҳо дар вилоят тамом шудааст.

Таҷаммӯи мардум дар назди дармонгоҳҳо ва соатҳо навбатпоӣ барои гирифтани воксини зидди коронавирус дар ҳоле суръат гирифтааст, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мариди пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар кишвар расман 21 июн аз мавҷи дигарбораи ин беморӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, дар вилояти Суғд танҳо воксини “Астразенека” ба шаҳрвандон тазриқ мешуд.

“Директори Филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд, Ҷаннатой Набиева субҳи 30-уми июн ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар амборҳои ин муассиса воксинаи “Астразенека” барои эмгузаронӣ боқӣ намондааст. Ӯ гуфт, рӯзе пеш танҳо 600 воя воксина боқӣ монда буд, ки ба эҳтимоли зиёд субҳи имрӯз тамом шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал зиёда аз 32 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека” ворид шуда буд ва кормандони соҳаи тандурустӣ, гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва шахсони аз 60- сола боло тазриқ шуданд”, омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ба Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи COVAX 192 ҳазор воя воксини “Астразенека” ва 300 ҳазор воя воксини “КоронаВак”-и чинӣ ворид шудааст. Тибқи иттилои ахири Вазорати тандурустии кишвар наздик ба 300 ҳазор шаҳрванд воксин гирифтаанд.

Кумаки бебозгашти навбатии Бонки ҷахонӣ ба Тоҷикистон

0

Маркази матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Бонки ҷахонӣ барои амалисозии як қатор лоиҳаҳо ба Тоҷикистон кумаки молии бебозгашт мекунад.

Маблағҳо дар доираи тавофуқномаҳои имзошуда оид ба муосирсозии омори миллӣ, такмили идоракунии молияи давлатӣ, электриконидани деҳаҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷудо карда мешаванд.

Санадҳоро Файзиддин Каҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Ян Питер Олтерс, намояндаи доимии Боки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Ба нақл аз “Спутник”, дар маҷмӯъ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 35 миллион доллар кумаки ройгон мекунад.

Аз ҷумла 10 миллион доллар ҷиҳати бозсозии системаи омори миллӣ ва электронидании нуқтаҳои аҳолинишин, 9 миллион доллар барои амалисозии барномаи мутобиқсозии тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал ва 6 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи идоракунии молияи давлатӣ.

Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир 21 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумӣ 1,1 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад.