20.8 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 487

Чин бо маблағи беш аз 203 млн доллар барои Тоҷикистон роҳ месозад

0

Чин ба Тоҷикистон барои сохтмон ва бозсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ то минтақаи Рӯшон дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма 203,9 миллион доллар ҷудо мекунад.

Тавре Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар гуфт, маблағҳо дар асоси грант пешниҳод карда мешаванд.

Ба гузориши “Авесто”, дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, ки дирӯз, 16 июн дар Душанбе баргузор шуд, қайд гардид, ки Тоҷикистон воридоти таҷҳизот барои сохтмони ин қисмати роҳро аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад.

Гуфта мешавад, роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Қулма роҳи мошингарди байналмилалии аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст, аммо айни замон бисёре аз қитъаҳои он харобу мошингузар нестанд.

Ҳамчунин қайд гардида, ки “дар давраи истиқлолият тамоми шоҳроҳҳо аз Душанбе ба минтақаҳо аз нав сохта шуданд, ба истиснои роҳи асосии Бадахшон – аз Калъаи-Хумб ба Хоруғ ва минбаъд то марз бо Чин”.

Бино ба таҳлили коршиносони масоили иқтисодӣ, ин роҳ аз сабаби он, ки молҳои асосиро аз Чин ба Тоҷикистон ворид мекунад, хеле муҳим аст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки таҷдиди ин роҳи мошингард аз Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон 92 километрро ташкил дода, бо масрафи 230 миллион доллар бунёд мегардад.

Боздошти як зодаи Тоҷикистон ба гумони таблиғи терроризм

0

Як зодаи Тоҷикистон, ки барои таблиғоти терроризм боздошт шуда буд, ба гуноҳи худ эътироф карда аст.

Маркази хадамоти матбуотии департаменти ФСБ дар Хакасия иттилоъ дод, ки ин зодаи Тоҷикистон ба гумони таблиғ ба фаолияти террористӣ боздошт шуда аст.

Тибқи иттилои тафтишот, боздоштшуда ба таблиғи дигар муҳоҷирони хориҷӣ машғул буда ва ташкилоти байналмилалии террористии “Катибаи Тавҳид вал Ҷиход” (дар қаламрави Русия мамнуъшуда)-ро ба роҳ монда аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин фард дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳеро таъсис дода ва тавониста аст, ки 5 ҳазор муштарӣ пайдо кунад.

Ин шахс дар давоми тафтишот дар иртибот бо аломатҳои ҷиноят мутобиқи қисми 2-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (Даъватҳои оммавӣ ба фаолиятҳои террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва таблиҳи терроризм) ду моҳ ҳабс карда шуд.

ФСБ инчунин хабар медиҳад, ки боздоштшуда эътироф кардааст, ки ҳангоми кофтукоби хонаи ӯ матнҳои таблиғотии фаолиятҳои террористӣ, алоқаи электронӣ ва васоили электронӣ ёфт шуда аст.

Агар масъулини кишвар вуҷуди мавҷи нави COVID-19-ро тасдиқ кунанд чӣ мешавад?

0

Хабаргузории “Азия-Плюс” дар пасманзари хабарҳои нашршуда дар мавриди шуруи мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон аз беморхонаи “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе гузорише нашр намудааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, масъулони беморхона вуҷуди бемории COVID-19-ро тасдиқ ва ё рад намекунанд, аммо наздикони беморон мегӯянд, беморони онҳо дар шӯъбаҳои эҳё ва шӯъбаи бемориҳои сироятӣ рӯзҳост бистариянд, пизишкон бемории онҳоро илтиҳоби шуш мегӯянд.

“Дар назди шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва шуъбаи эҳёи Маркази тиббии шаҳрии №1 мардуми зиёде ҷамъ омада, интизори шифоёбии наздиконашон ҳастанд. Чанд нафар зимни суҳбат бо мо тасдиқ карданд, ки наздиконашон дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва эҳёи беморхона бо бемориҳои монанд ба коронавирус дар ин беморхона бистарӣ ҳастанд. Духтурон ба онҳо гуфтанд, ки ҷои нигаронӣ нест, ҳамаи наздикони онҳо бемориҳои илтиҳоби шуш, пневмания ва ё бемориҳои дигари мавсимии шуш доранд”, омадааст дар гузориш.

Хабаргузорӣ натиҷаи мусбати ташхиси COVID-1-и яке аз корбаронро, ки 7 июн аз ташхис гузаштааст, нашр кард. Дар он дида мешавад, озмоишгоҳи хусусии “Диамед” дар ташхисаш вуҷуди ин бемориро тасдиқ кардааст.

Зикр мешавад, ки чанд нафар ба “Азия плюс” натиҷаи мусбати ташхиси назиконашонро равон карда, гуфтанд, ки чанде аз дӯстону наздикони онҳо ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Пештар як манбаъ дар озмоишгоҳи хусусии “Диамед” гуфта буд, ки “8 июн танҳо дар Душанбе коронавирус ҳангоми санҷиши тақрибан 100 нафар ошкор карда шуд”. Вале Вазорати тандурустии кишвар вуҷуди ин бемориро мисли соли гузашта бо қотеъият рад мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони бахши беҳдошти давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 14 июн кишварҳои дар “рӯйхати сабз”-бударо бознигарӣ карда, аз он чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро, ки қаблан дар ин рӯйхат буд, берун карданд.

“Рӯйхати сабз” номгӯи кишварҳоест, ки ҳукумати Абузабӣ аз нигоҳи вазъи бехатарии паҳншавии бемории COVID-19 ба он ворид мекунад. Ва мусофироне, ки аз ин кишварҳои барои саёҳат ба Дубай ё Абузабӣ сафар мекунанд, онҳоро 14 рӯз қарнтина (худинзиво) намекунанд.

Бо вуҷуди ин ҳама Ҳукумати Тоҷикистон вуҷуди авҷ гирифтани бемории ҳамагирро рад мекунанд. Маълум нест, ки Ҳукумат чаро вуҷуди онро рад мекунад.

Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар зиндон ҷарроҳӣ карданд

0

Ҳикматулло Сайфуллозодаро дирӯз 16 июн дар зиндони шаҳри Ваҳдат ҷарроии қалб карданд. Пизишкони СИҶҶТ гуфтанд, ки амали ҷарроҳӣ се соат тӯл кашид ва бо муваффақият анҷом ёфт. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, пизишкон ба наздикони Сайфуллозода гуфтаанд, ки аз қалби ӯ як ғадуди зиёдатиро берун кардаанд. Як масъули зиндони шаҳри Ваҳдат рӯзи 16-уми июн бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта, ки ҷарроҳии қалби Сайфуллозодаро Сафархон Латифов, сардухтури беморхонаи Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар Ваҳдат анҷом додааст.

Чандест пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯянд, ки ӯ дар зиндон ранҷур аст ва барои табобаташ малағе надоранд. Пештар Фароғат Сангинова, ҳамсари ин узви зиндонии ҲНИТ ба Озодӣ гуфта буд, ки вазъи саломатияш бад шуда дар беморхонаи зиндон бистарӣ шудааст. Инро пизишкони зиндон низ тасдиқ карда буданд.

Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70-сола, зиндонии сиёсӣ, рӯзноманигор ва собиқ узви Раёсати Олии ҲНИТ дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомоти кишвар боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти кишвар он сол 14 узви аршади ҳизбро бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), ки Ҳукумат онро “кудато” нимида буд, баъзеро барои солҳои тулонӣ ва баъзеи дигарро ба ҳукми абад равонаи зиндон кард.

Раҳбарияти ҲНИТ иттиҳомоти ироа намудаи мақомотро нисбати ҳизб рад намуда, зиндонӣ намудани аъзоён ва террористӣ хондани ҲНИТ-ро сирф сиёсӣ медонанд.

Дар гузашта пайвандони чанде аз маҳбусон бо ирсоли номае ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон “сабук” ва аз 50-сола боло шуда буданд. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин даъватҳо гуфтанд, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.

Кор дар сохтмонҳои Русия ба шарти ваксина задан

0

Муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин дар мусоҳибае бо шабакаи телевизиони “Русия 24” баён дошт, ки ширкатҳои сохтмонии Русия изҳори омодагӣ намудаанд, ки ба муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, барои гирифтани ваксина имкон фароҳам месозанд.

Марат Хуснулин афзуд, назди худ вазифа гузоштем, то ҳамаи муҳоҷирони кориро, ки ба Русия меоянд, бо ваксина таъмин намоем. Ширкатҳои сохтмонӣ низ худашон омодаанд воксинагириро ташкил ва баргузору маблағашро пардохт намоянд.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия худи коргароне, ки масалан аз Белорус, Узбекистон ва Тоҷикистон меоянд низ ба он манфиатдоранд, ки дар инҷо кор карда маош гиранд. Шарти мо воксина гирифтан аст ва умедворем, ки онҳо ин шарти моро мепазиранд, илова кард муовини сарвазир.

Пештар муовини дигари сарвазири Русия Татьяна Голикова хабар дода буд, ки масалаи воксинагирии муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни хориҷиро ҳукумати Русия дар ояндаи наздик ҳаллу фасл мекунад.

Аввали моҳи май раисҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошта буд, ки дар бисёре аз соҳаҳои иқтисодии ин кишвар норасоии нерӯи корӣ ба назар мерасад ва ҳукумат аз тамоми имконоташ истифода менамояд то муҳоҷирони корӣ ба инчо омада худро роҳат ҳис кунанд.

Як рӯз пеш 15 июн Владимир Путин дар мавриди танзими ҳуқуқи хориҷиён дар давраи пандемияи Covid-19 фармонеро ба имзо расонд, ки бар асоси он муҳлати ҳузури муваққатии муҳоҷирон дар Русия бидуни таҳрим то 30 сентябри соли 2021 тамдид гардид.

Тибқи матни ин фармон агар хориҷиён ба қонуншиканӣ даст назада бошанд, онҳо то 30 сентябр ихроҷ карда намешаванд.

Раиси Шӯрои нозирони Фонди хоҷагии манзилӣ ва комуналӣ Сергей Степашин изҳор дошта, ки ҳудуди 300 ҳазор нафар муҳоҷирон ба наздикӣ ба сохтмонҳои Русия омада метавонанд.

Сабукиҳо ва имтиёзи бештар ба муҳоҷирон дар фармони нави Путин

0

Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия фармони раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мавриди муҳоҷирони меҳнатиро шарҳ дод.

Хабаргузории “Спутник” ба нақл аз президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов навишта, ки бар асоси фармони ҷадид имтиёзҳои бештар барои шаҳрвандони кишварҳое, ки омаду рафт бо онҳо барқарор шуда аст то 90 рӯз пас аз оғози омаду рафт тамдид шуда аст.

Ба гуфтаи Коженов пас аз 90 рӯз аз оғози омаду рафт ин фармон дигар кор намекунад.

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Русия 1 апрел оғоз шуда буданд ва аз ин бармеояд, ки ҳамаи имтиёзҳои қаблӣ то охири моҳи июн тамдид гардидаанд, яъне ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки то 15 марти соли 2020 қонунӣ буданд то охири моҳи июн амал хоҳанд кард.

Дар мавриди онҳое, ки солҳо ҳузурашон дар Русия ғайриқонунӣ будааст, дар фармони ҷадиди Путин имкон дода шуда, ки бидуни ихроҷи манъи вуруд будубоши худро қонунӣ кунанд.

Коженов тавзеҳ дод, ки то 30 сентябр мақомот ҳаққи ихроҷ ва манъи вуруд ба Русияро надоранд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, муҳоҷироне, ки солҳо ҳузурашонро қонунӣ накардаанд, беш аз се моҳ вакт дар ихтиёр доранд, ки ба мақомоти муҳоҷират муроҷиат кунанд ва бо пардохти ҷарима ҳузурашонро қонунӣ намоянд депорт таҳдид намекунад, таъкид намуд президенти Федератсияи муҳочирони Русия

Коженов ҳамчунин гуфт, онҳое, ки дар варақаи муҳоҷираташон ҳадафи кор нишон дода нашудааст, то охири соли 2021 метавонанд барои патент муроҷиат кунанд.

Ин фармони ҷадиди Путин дар ҳоле мунташир шуд, ки тибқи иттилои расонаҳои русӣ, дар се ҳафтаи ахир дар кучаҳои назди марказҳои муҳоҷират пур аз муҳоҷиронест, ки шабро дар болои алафзорҳо рӯз мекунанд.

Бузургмеҳр Ёров ҳамчун адвокати зери хатар эътироф шуд

0

Ба гузориши “Аздо тв” ва ба нақл аз (

Сурат: camerepenali.it

Дар баёнияи ин созмон омада, ки “дифоъ аз ҳуқуқҳои бунёдии адвокатҳо барои анҷоми фаъолияти касбияшон ҳақи онҳо мебошад, аммо на ҳамеша вакилон аз чунин ҳуқуқҳое бархӯрдоранд. Мушоҳида мешавад, ки дар бисёр мавридҳо ҳамкорони мо (адвокатҳо) ба хотири анҷоми фаъолияти касбияшон мавриди таъқибу фишор қарор мегиранд, гоҳо зиндонӣ ва ҳато кушта мешаванд”.

Ҳамчунин қайд гардида, ки адвокатҳои зери хатар қарордошта аксаран мунзавӣ ва фаромӯш мешаванд. Идомаи ҳимоятҳои модӣ ва маънавӣ аз вакилони зери хатар қарордошта чи аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чи аз ҷониби ҳамкоронашон боиси тақвияти руҳияи онҳо гашта ва ба идомаи муборизаи онҳо кумак хоҳад кард.

Анҷумани адвокатҳои ҷиноии Итолиё тасмим гирифт, тарҳи наверо бо номи “Адвокатҳои зери хатар қарордошта” роҳандозӣ кунад. Ин тарҳ аз ҷониби Федерико Чапеллети, Никола Канестрини, Эзио Мензионе ва Ҷорҷиё Чигала мудирият хоҳад шуд.

Ҳадаф аз ин тарҳ ҳимоят аз адвокатҳоест, ки ҷонашон зери хатар қарор дорад. Ин созмон тасмим дорад дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои ҳомии ҳуқиқ адвокатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳуқуқи аз дастрафтаи адвокатҳо ҳимоят кунад, омадааст дар ин баёния.

Бузургмеҳр Ёров танҳо вакили зиндонӣ аз Тоҷикистон ва минтақа мебошад, ки номаш дар листи вакилони зери хатари Анҷумани вакилони ҷиноии Итолиё ворид гаштааст.

Ҳукумати Абузабӣ Тоҷикистонро аз “Рӯйхати сабз” берун кард

0

Мақомоти Абузабӣ Тоҷикистонро аз “Рӯйхати сабз” берун кардааст. Масъулони бахши беҳдошти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 14 июн давлатҳои дар “рӯйхати сабз”-бударо бознигарӣ карда, аз он чанд давлат, аз ҷумла Тоҷикистонро, ки қаблан дар ин рӯйхат буд, берун карданд.

Бори охир сомонаи “Ал-Баён”-и наздик ба ҳукумати ИМА аз таҷдид ва бознигарии ин рӯйхат 24 май хабар дода буд, ки дар он  номи Тоҷикистон вуҷуд дошт, аммо баъд аз гузашти 3 ҳафта номи Тоҷикистонро аз ин рӯйхат берун карданд.

“Рӯйхати сабз” номгӯи кишварҳоест, ки ҳукумати Абузабӣ аз онҳо дар мавриди кам паҳн гаштани бемории корона ба он ворид мекунад. Ва мусофироне, ки аз ин кишварҳои барои саёҳат ба Дубай ё Абузабӣ сафар мекунанд, онҳоро 14 рӯз қарнтина (худинзиво) намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи ахир расонаҳои тоҷикӣ аз мавҷи дигарбораи бемории ҳамагир дар Тоҷикистон хабар дода буданд, аммо Вазорати тандурустии кишвар вуҷуди онро мисли бори аввал қотеъона рад кард.

Тавофуқоти нав дар гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон

0

Бино ба гузориши “Азия-Плюс” имрӯз 16 июн раисони вилоятҳои Суғду Бодканд дар чорроҳаи ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара гуфтушунид доир намуданд.

Дар ин мулоқот сари масъалаҳои муҳиме, ба монанди тақсими оби полезӣ дар Маркази обтақсимкунии “Головной” ва “Хоҷабақирғон”, сохтмони иншоот дар минтақаҳои баҳсии марзӣ, боздошти сокинону ҷорвои онҳо баҳсу баррасӣ сурат гирифта, ҷонибҳо дар ин масоил ба тавофуқ расиданд.

Сухангӯи раиси вилояти Суғд, Музаффар Юнусов дар мавриди ин мулоқот ба “Азия-Плюс” чунин гуфт:

“Фароҳам овардани шароити осоиштаи сокинонии марзии ду кишвар аз масъалаҳои асосӣ буд. Дар ҳалли мушкилоти оби полезӣ дар “Головной” ва “Хоҷабақирғон” мувофиқа ҳосил шуд, ки об аз руйи низоми мувофиқа шуда аз ҷониби Қирғизистон риоя ва ҷорӣ мешавад. Мувофиқа ҳосил шуд, ки дар минтақаҳои баҳсӣ ҳама гуна сохтмонҳо бе мувофиқаи ҷонибҳо иҷозат дода намешавад. Муаммоҳои боздошту нигоҳдоштани шаҳрвандон, гузаштани чорвои сокинон ба марз, ки давоми ду ҳафта ба миён омад аз ин баъд дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ, саривақт дар сатҳи ноҳиявӣ баррасӣ шуда ҳаллу фасл шавад.”

Дар натиҷаи баҳсҳои ахир сохтани бино ва ё иншооти дигаре дар нуқтаҳои баҳсӣ аз ҷониби ҳайати музокиракунандаи ду кишвар боздошта шудааст. Сокинони марзии ду кишвар то анҷоми ҳалли мушкилот набояд дар чунин нуқтаҳо чизе бисозанд.

Чанде пеш ҷониби Қирғизистон иддао кард, ки марзбонони тоҷик то як километр дарунтар дар қаламрави Қирғизистон нуқтаи постбонӣ гузоштанд. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, ин нуқта марзи Тоҷикистон аст. Баъд аз гуфтушунидҳо натиҷа ин шуд, ки дар нуқтаҳои доғ то аломатгузорӣ шудан ду тараф аз ҳама иқдомот даст кашанд.

Вакили дифоъ барои иқтибос аз шеър ба 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон шуд

0

Ҳомии ҳуқуқро ба хотири иқтибос овардан аз як шеъре бо номи “Падаре гуфт ба писар” дар саҳифаи фейсбукаш маҳкум ба зиндон карданд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 14 июн ҳуқуқшиноси ҷавон, Ризоев Абдулмаҷидро бо иттиҳоми даъват ба ифротгароӣ муттаҳам намуда, барои 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард. Дар ин бора сомонаи “Бомдод” аз қавли вакили дифои Ризоев, Дилафрӯз Самадова хабар дод.

Самадова дар саҳифаи фейсбукаш навишта, ки додгоҳ Ризоевро бо моддаи 307, иловаи 2, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ бо истифода аз матбуот ё шабакаи Интернет) гунаҳкор донистааст.

Аммо худи Ризоев ва вакили дифоаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нестад ва гуфтаанд, ки ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд. “Ягон ҳуқуқдон набояд барои иҷрои вазифаи касбиаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад, ягон нафар набояд барои озодии баён ба ҷавобгарӣ кашида шавад”, менависад Самадова.

Ҳуқуқдони маҳкумшуда, Ризоев зиндонӣ шуданашро тарҳрезишуда арзёбӣ кард ва гуфта, ки дар ин кор ширкати ҶДММ “Пӯлод Плаза” даст дорад.

“Онҳо ду рӯз пеш аз боздоштам бо ман мулоқот карда, таҳдид карда буданд, ки агар ман шикоятамро нагирам, маро ба зиндон меандозанд”, – гуфт дар рафти мурофиау Ризоев. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки “ман ҳеҷ гоҳ ифротгаро набудаму нестам, ман ҳуқуқдонам. Аз ман барои як шеъри “Падаре гуфт бо писар”, ки ман дар саҳифаам гузоштам, ифротгаро сохтанд. Ин шеъри машҳур аст ва онро ҳама – шоирон, ҳунарпешаҳо қироат мекунанд, он дар Ютуб ҳам нашр шудааст.”

Зиндонӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири “лайк” мондану ибрози андеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал нест. Як манбаъ аз вилояти Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ки дар вақти дар Русия буданаш боре ба амри маъруфи Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассник” “класс” мондааст.

Мақомот ӯро даъват намуда, таҳдидаш кардаанд, ки агар 50 ҳазор сомонӣ наорад 5 сол зиндонӣ мешавад. Вале ӯ мегӯяд, бо миёнаравҳо тавонист бо 10 ҳазор сомонӣ худро халос карда ба Русия равад.