8.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 524

Ютуб муҳтавои зидди воксинро пок мекунад

0

Шабакаи Ютуб дар як баёнияи ахири худ эълом кард, ки аз ин ба баъд ҳаргуна муҳтавои зидди воксинро масдуд мекунад.

Масъулони Ютуб сабаби масдуд кардани муҳтавои зидди воксинро ба хотири интишори “иттилооти нодуруст” дар ин платформа арзёбӣ кардаанд.

Дар баёнияе, ки Ютуб рӯзи чаҳоршанбе 29-уми сентябр нашр кард, омада, ки ин ширкат “муҳтавоҳоеро, ки ба унвони мисол иддао мекунанд тазриқи воксини зидди COVID-19 ба бенасл кардан оварда мерасонад ва ё тазриқи воксинҳои таркибӣ, аз ҷумла “MMR” бар зидди бемории сурхча ба бемории “Аутизм” мунҷар мешавад, пок мекунад.

Гуфта мешавад, ин иқдом дар ростои талоши ширкатҳои технологӣ барои пешгирӣ аз интишори иттилооти нодуруст сурат мегирад.

ИМА нерӯҳои низомиашро дар ҳудуди “Пойгоҳи 201” Русия ҷойгир карданист

0

Амрико бо пешниҳоди Русия мехоҳад нерӯҳои зидди террористии худро дар Тоҷикистон мустақар кунад.

Бахши форсии ВВС бо истинод ба нашрияи “Politico”-и ИМА гузориш додааст: “Амрико дар ҳоли музокира бо кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон аст, то нерӯҳои зидди террористии худро дар пойгоҳи низомӣ дар яке аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ё Қирғизистон қарор диҳад, то битавонанд дар сурати лузум ба ҳамалоти зидди террористӣ дар Афғонистон омода шаванд.”

Бар асоси ин гузориш, “Амрико бо ҷиддият дар ҳоли баррасии пешниҳоди Русия барои истифода аз пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Осиёи Миёна аст.”

Амрико пеш аз ин ҳам борҳо талош карда буд, то бахше аз нерӯҳои худро дар Тоҷикистон мустақар кунад, аммо дар ниҳоят кишварҳои дигареро ба Қирғизистон интихоб карда буд.

Тоҷикистон ягона кишваре дар минтақа ҳаст, ки расман Толибонро дар Афғонистон эътироф накардааст ва пофишорӣ дорад, то дар ин ҳамсоякишвар ҳукумати ҳамашумул сари қудрат наояд, Аморати исломии Афғонистон бо раҳбарии Толибонро ба расмият намешиносад, ба ин хотир ба назар мерасад, Амрикор ин дафъа тасмим гирифтааст, ки болои интихоби Тоҷикистон барои ҷойгузин кардани нерӯҳояш тамаркузи бештаре дошта бошад.

Тоҷикистон ба муҳалти 49 сол пойгоҳи низомии Русияро дар қаламрави кишвар ҷой додааст, аммо акнун суол пайдо мешавад, ки агар Русия қисме аз нерӯҳои зидди террористии Амрикоро дар ҳудуди пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон роҳ бидиҳад, дар иваз аз Амрико чӣ қадар пул талаб мекунад?

Омодагии Тоҷикистон ба таҳдидҳои Толибон

0

Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 30-уми сентябр, зимни сафари кориаш ба ВМКБ дар  шаҳри Хорӯғ дар гузашти низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон иштирок кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш дар торихи 27-уми сентябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомии Қушунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Дарвоз ширкат карда буд. Ин дувумин иштироки Раҳмон дар гузашти низомӣ зимни сафраи корӣ ба ноҳияҳои ВМКБ аст.

Дар суханронияш Эомалӣ Раҳмон соли 2021-умро соли бобарор номида, нерӯҳои низомӣ ва амниятиро сипари боэътимоди Ватан номид ва кори онҳоро барои безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ назаррас арзёбӣ кард.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар санҷиши омодагӣ ба дараҷаи омодабошии ҷангии пурра 230 ҳазор нафар аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ аз бо муваффақият аз қайд гузашт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамазмон аз шароити бисёр мураккабу печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гуногун, дар наздикии сарҳадҳои Тоҷиикикстн хабар додааст.

“Мо фаъол гардидани ҳаракатҳои гуногуни экстремистиву террористӣ ва дар маҷмӯъ ноором будани вазъият дар кишвари бо мо ҳамсоя андешаронӣ мекунем”

Ин гуфтаҳои Рамҳон дар ҳоле садо медиҳад, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон пештар дар саҳфаи Твиттериаш навишт, ки Толибон “гурӯҳи вижаашро” ба  минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз ҷумла ба Тахор, Қундӯз ва шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон дар Афғонистон фиристода аст.

Қаблан мулло Абдулғанӣ Бародар ва мулло Абдуссалом Ҳанафӣ  дар шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира ба Тоҷикистон ишора кард, гуфта буданд, ки  дар умури Афғонистон мудохила мекунад.

Дар ҳоли ҳозир тамоми ҳамсояҳои Тоҷикистон ва шарикони роҳбурдии он ба мисли Русия, Чин, Эрон ва шарикони бо эътимоди Тоҷикистон ба мисли Покистон ҳам расман бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳамкориро оғоз кардаанд, аммо дар ин васат Тоҷикистон танҳо кишварест, ки то ҳол бар мавзеи худ пофишорӣ дорад ва таъкид мекунад, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул ташкил карда шавад, сипас онро ба расмият мешиносад.

Фаврӣ: Дар зиндон ба Сайфуллозода ҳамла карданд!

0

Дирӯз, 29 сентябр зиндонии сиёсӣ ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар зиндон мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бино ба иттилои манбаи Аздо тв, шоми дирӯз Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода бар асари як ҳамла аз ноҳияи сараш зарба хӯрда, пирамарди 70-сола дар беморхонаи зиндон бистарӣ шудааст.

Ҳамлагар бо чойник ба сари Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода зада, пешонии номбурда хуншор шуда, айни ҳол дар “Санчаст”-и зиндон бистарӣ мебошад.

Пайвандонаш мегӯянд, пеш аз ин ҳамла низ вай бемор буда, дар “Санчаст” нигаҳдорӣ мешуд ва як ҳафта мешавад, ӯ ҳеч тамосе барқарор накардааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ сардабири ҳафтаномаи Наҷоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз таҳлилгарони шинохтаи кишвар айни замон дар бинои зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иттиҳоми сохтаи мақомот 6 сол пеш боздошт ва барои 16 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Хабар такмил мешавад…

Сенаторони Амрико: Толибон ва Покистон таҳрим шаванд!

0

Беш аз 20 сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ хостори таҳрим боло Толибон ва кишвари Покистон шудаанд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Ҷумҳур”, 22 сенатор аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико ба Маҷлиси Сано дар Конгресси ин кишвар тарҳеро пешниҳод кардаанд, ки тибқи он бояд алайҳи Толибон ва ҳукумати Покистон таҳрим ҷорӣ карда шавад.

Тибқи талаби сенаторони ҷумҳурихоҳ, бояд ҳукумати ҷадиди Афғонистон ба расмият шинохта нашавад. Инчунин бар асоси ин лоиҳа аз Вазорати хориҷаи Амрико хоста шуда, ки Толибонро ба унвони як созмони террористӣ расман бишносад.

Ин тарҳи 22 сенатор бо номи “Қонуни пешгирӣ аз шиносоии ҳукуматҳои террористӣ” ба Конгресс пешниҳод шуд. Инчунин дар ин тарҳ хоста шуда, ки ба кишварҳое, ки ба Толибон кумак мекунанд низ таҳрим ҷорӣ шавад. Дар ин тарҳ ба вузуҳ хостаанд, ки ба хотири ҳимоят аз Толибон кишвари Покистон таҳримоти шадиди иқтисодӣ гузошта шавад.

Наҷло Будан раиси Ҳукумати Тунис шуд

0

Қайс Саид, президенти Тунис Наҷло Будан, бонуи 63-соларо муваззаф кард, ки ҳукумати ҷадидро дар ин кишвар ташкил кунад.

Акс аз Алҷазира

Бино ба иттилои шабакаи Алҷазира, Қайс Саид, раиси ҷумҳури Тунис бону Наҷло Будан Ҳарам Рамазонро ба унвони нахусвазир ва раҳбари ҳукумат муаррифӣ карда, вайро муваззаф кардааст, ки дар зудтарин фурсат ҳукумати ҷадиди ин кишварро ташкил кунад.

Саид гуфтааст, ки интихоби бону Наҷло Рамазон, донишманди улуми геологӣ, масъули иҷрои Барномаи Бонки ҷаҳонӣ дар Вазорати таълими олӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ ба унвони нахуствазир эҳтиром ва шараф барои зани тунисӣ аст, ки бори аввал дар торихи кишвар раиси ҳукумат таъйин мешавад.

Шоми рӯзи якшанбеи 25-уми июл Президенти Тунис, Қайс Саъид чанд қарореро қабул намуда буд, ки аз ҷониби сисёсатмадорони кишвараш, ба хусус ҳизби Наҳзати Тунис “инқилоб бар Қонуни асосӣ” ном гирифт.

Саид ҳамчунин қарори барканории сарвазири ин кишвар, Ҳишом Машишӣ, бекор кардани парлумон ва инчунин бекор намудани дахолатнопазирии аъзои парлумонро қабул карда буд.

Раисҷумҳури ин кишвар гуфта буд, ин қарорҳоро дар пай гирдиҳамоиҳои мардум, ки ҳукуматро дар идора ва пешгирии вируси ҳамагир гунаҳкор медонистанду ба кӯчаҳо рехта, истеъфои ҳукуматро талаб карда буданд, гирифтааст.

Бароқароркунони ҶИА-ро хоин номиданд

0

Кунгураи миллӣ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз барқароркунандаҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон эълони безорӣ карданд.

Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Алӣ Майсам Назарӣ, зимни сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Afganistan International бароъати ҷабҳаро аз Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон, ки тоза аз барқарории давлати пешин бо раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ хабар дода буд, эълом кардааст.

Ба нақли сомонаи Паём, ин масъули равобити хориҷии ҷабҳа изҳор дошта, ки эъломияи нашршудаи гурӯҳе бо раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ, ки худро ҳукумати қонунии Афғонистон номидаанд, баёнгари мавқеъи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нест, ва ба гуфтаи ӯ, Ҷабҳаи муқовимат ба зудӣ эъломияи худро нашр ва мавқеъи ҷабҳаро расман эълон хоҳад кард.

Дар зимн Латифи Пидром, раҳабари Кунгураи миллии Афғонистон муаллифони ин эъломияи барқарории ҶИА-ро хоин номида, аз он эълони бароъат карда аст.

Ба гуфтаи Пидром, “ин эъломия марбут ба чанд унсури фосид ва хоини режими фашистии Ғанӣ буд, ки бешармона ҳанӯз ҳам иддаои машруъият доранд ва ҳеҷ гуноҳу ҷинояте арақи шарму нанг бар пешонии таслимиашон ҷорӣ намекунад.

Раҳбари Кунгураи миллии Афғонистон таъкид мекунад: “Ин гурӯҳи касиф ҳанӯз дар фикри онанд, ки режими шикастхӯрдаи Ғанӣ ва тими гуноҳкори ӯ ва бозмондагони гандидаашро дар олами хаёл ҳам ки шудааст, дар зеҳни мардум ҳуқна (клизма) кунанд”.

Гуфта мешавад, дирӯз, 28-уми сентябр ҷамъе аз шахсиятҳои саршинос дар ҳукумати қаблии президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо судури эъломияе аз барқарории давлати пешин, Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон хабар доданд.

Ин Эъломия, ки ҳоло нусхаҳояш ба форсӣ, англисӣ ва баргардони он бо хатти сирилик дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, аз 18 банд иборат буда, срапарасти ҷумҳурии исломӣ муовини аввали раёсатиҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ муаррифӣ шудааст.

Орди гарон боз ҳам гаронтар шуд

0

Орд-хӯроки асосӣ дар Тоҷикистон боз ҳам гарон шуд. Тибқи маълумоте, ки корбарони шабакаи Фейсбук нашр карданд, як халта орди навъи якум дар бозорҳои кишвар аз 245 то 330 сомонӣ гарон шудааст.

Сокинони кишвар аз он нигаронӣ доранд, ки дар шароити бади иқтисодӣ ва набуди даромад боз ҳам гарон шудани орд, ки аз ҳама хӯроки асосӣ дар дастархони тоҷик ба ҳисоб меравад, вазъи иқтисодӣ ва маъишии мардумро харобтар кардааст.

Тибқи маълумоти расмӣ орди навъи якум дар бозорҳои Душанбе аз 240 то 255 сомонӣ гуфта мешавад, аммо корбарон дар Фейсбук нархи онро нигоҳ ба нархи бозорҳои пойтахт аз 250 то 285 сомонӣ арзёбӣ кардаанд.

Корбаре бо номи

Бино ба гуфтаи сокинон то ду ҳафтаи пеш як халта орд аз ҳама гарон то 220-230 нарх дошт, аммо якбора гарон шудани он ҳамаро нигарон кард.

Сабаби гарон шудани ордро тоҷирон ба гарон шудани он дар Қазоқистон рабт медиҳанд. Бархеи дигар бар ин назаранд, ки бо сабаби гарон шудани нархи сӯзишворӣ интиқоли орд аз хориҷ ва сипас тақисими он ба минтақаҳо низ гаронтар шуда, бо афзоиши қимати сӯзишворӣ ба эҳтимоли зиёд нархи орд ва дигар маҳсулот низ дар ҳафтаҳои наздик боз ҳам гаронтар мешавад.

Талаби 9 соли зиндон ба Иззат Амон

0

Додситон ба Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, 9 соли зиндонро бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” талаб кардааст.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки мурофиаи Иззат Амонро рӯзи 22-юми сентябр ба поён расонда, парвандаашро “бастанд”.

Ҳамчунин наздикон ва пайвандонаш ба расонаҳо гуфта буданд, ки бо ҳамаи даъво ба зидди Иззат Амон розӣ нестанд, вале ба хотири раҳоии ӯ пулро пурра супурданд. Қарзи Иззат Амон назди даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар расида буд.

Як манбаъ аз Додгоҳи пойтахт  29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби додситон Абдулмуъмин Кабирзода ду рӯз пеш садо дод ва пас аз он додрас ба хонаи машваратӣ рафт.

Ин манбаъ меафзояд: “Барои шомил шудани гумонбар ба қонуни афв ин марҳила ҳатман бояд тай шавад. Додситонии кул парвандаро баррасӣ карда, ҷазо хост. Додгоҳ ҳукмро содир карда, сипас, қонуни афвро татбиқ хоҳад намуд”.

Қонуни нави афв рӯзи даҳуми сентябри имсол ба иҷро даромад. Моддаи “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ), ки бар асоси он алайҳи Иззат Амон парванда боз шуда буд, ба қонуни афв шомил мешавад.

Иззат Амон, раҳбари Маркази Тоҷикон дар Маскав 25-уми марти соли ҷорӣ аз Русия ғайб зад, вале баъдтар мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин ҳомии ҳуқуқро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Дар Тоҷикистон аз пеш бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда буд ва пас аз фурӯд омадан дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Боздошти Иззат Амон дар Тоҷикистон мавҷе аз вокунишҳои муҳоҷирон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард ва аксари мардум хостори озодии ӯ шуданд, вале мақомот эълон кардаанд, ки боздошти Иззат Амон дар асоси шикояти шаҳрвандон бо иттиҳоими қаллобӣ сурат гирифтааст.

Русия муҳлати ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро тамдид карданист

0

Расис Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Федератсияи Русия, Валерий Фадеев ба рӯзномаи “

Сурат: Твиттер

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Маскав ба муҳоҷирон хотиррасон карда буд, ки 30-уми сентябр имтиёзҳое, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда хотима меёбад. Дар ин паём, ки рӯзи 27-уми сентябр ба нашр расидааст гуфта мешавад, хориҷиёни муқими Русия бояд то моҳи октябр мақоми будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд.

“Онҳое, ки то 15-уми марти соли 2020 омадаанд ва барои то 16-уми июни соли 2021 дар кишвар будубошашон асосҳои қонунӣ надорад, метавонанд бо навиштани ариза ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд, то худро дар асоси қонуни муҳоҷират ба қайд гиранд.”