11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 539

Мусодираи қариб 100 кг маводи мухаддир дар гузаргоҳи “Сариосиё”

0
Акс аз сомонаи customs.uz

25-уми августи соли равон кормандони гумруки Ӯзбекистон дар марз бо Тоҷикистон наздики 100 кг маводди мухаддирро аз як мошини боркаш мусодира кардаанд.

Маъмурони гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нуқтаи марзии “Сариосиё”, ки бо Тоҷикистон ҳамарз аст, аз як мошини боркаши навъи “Merсedes-Benz” наздики 100 кг маводди мухаддири навъҳои ҳероин ва ҳашиш пайдо ва мусодира карданд. Дар ин бора Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин миқдори бузурги маводди мухаддир аз мошини боркаше, ки ба шаҳрванди “кишвари ҳамсоя” тааллуқ дошт, пайдо шудааст. Аммо аз қочоқгар ном бурда нашудааст ва инчунин шаҳрванди кадом кишвари ҳамсоя будани онро низ мақомоти Ӯзбекистон зикр накарданд.

Кумитаи гумруки Ӯзбекистон мегӯяд, ин мошини боркашро соати 03:30 субҳи 25 август дар гузаргоҳи “Сариосиё” боздошт карданд.

Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки чанде пеш кормандони гумрукии сарҳадии “Сариосиё”-и Раёсати гумруки вилояти Сурхондарё як чунин кӯшиши интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддирро ошкор кардаанд.

Кумитаи гумруки Ӯзбекистон мегӯяд, ронанда дар аввал гуфта, ки дар мошин 20 тонна ришта дорад, аммо баъд аз тафтиш бо кумаки саги таълимдида муайян шуд, ки дар байни риштаҳо 93 бастаи пластикии маводди мухаддир ҷойгузорӣ шудааст.

“Ҳангоми кушодани бастаҳои ёфтшуда маълум шуд, ки дар 82 бастаи ранги сабз ва сурх маводи нашъадори навъи ҳероин ба миқдори 85 килою 505 грамм ва дар 11 бастаи дигар бо ранги зард маводи нашъадори навъи ҳашиш ба миқдори 11 кило 425 грам пайдо ва мусодира шуд.”- омадааст дар хабар.

▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 26.08.2021 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

🔴 Болои Иззат Амон 200 ҳазор сомонии дигар “бор” карданд

🔴 Шартҳои нави Русия барои муҳоҷирони тоҷик

🔴 Боздошти ду тоҷикистонӣ дар марзи Лаҳистон

Қодирӣ: “Нақши Тоҷикистон ҳамвора нақши муассир ва созгор дар умури Афғонистон аст”

0
Муҳаммад Наим Тоҳир Қодирӣ, сафири Афғонистон дар Лаҳистон

Бо мураккаб шудани вазъият дар Афғонистон рӯз то рӯз нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба хусус ҳамсояҳои Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон зиёдтар мешавад. Мардуми зиёде аз тарс ва таҳдидҳои эҳтимолӣ Афғонистонро тарк мекунанд. Ба хотири беҳтар ошно шудан бо ин раванд Аздо тв бо сафири Афғонистон дар Лаҳистон ҷаноби Муҳаммад Наим Тоҳир Қодирӣ суҳбате анҷом дода, ки фишурдаи он чунин аст:

Аздо тв:- Вазъият дар Афғонистон тағйир карда, сафоратҳо дастуроти худро аз Вазорати умури хориҷа мегиранд, оё ин вазорат ҳоло амал мекунад ё фаъолияташро қатъ кардааст?

Тоҳир Қодирӣ:- На, бибинед, Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ва сафоратҳо ҳама фаъол ҳастанд, мо феълан ҳама масруфи корҳои гуманитирӣ ё башардустона ҳастем, шумо ҳатман хабар доред, ки баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла кишвари Поланд, ки мову шумо дар он зиндагӣ мекунем, ба унвони як амали башардӯстона касоне, ки ҳамроҳашон дар Афғонистон кор кардаанд, онҳоро доранд интиқол медиҳанд ба инҷо, ва ин яке аз авлавиятҳои кории мо, кумак кардан ба ин пружа ҳаст, ба хотире, ки ин пружаи башардӯстона ҳаст. Касоне, ки дар ин ҷараёни маъмурияти бистсолаашон кор карданд, заҳмат кашиданд, ҳоло ин кишварҳо қадри ҳамун фаъолиятҳоро донитса ва онҳоро интиқол медиҳанд, ки моҳам масруфи ҳамоҳангӣ бо ҳамин пружа ҳастем.

Аздо тв:- Сафорати Афғонистон дар Лаҳистон аз кӣ намояндагӣ мекунад ва то кадом вақт корашро идома хоҳад дод?

Тоҳир Қодирӣ:- Сафорати мо аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон намояндагӣ мекунад, феълан шумо хабар доред, ки вазъият дар Афғонистон тағйир карда, вале гуфтугӯҳо, музокира ҷараён дорад ва қарор аст, ки ба зудӣ натиҷаи ин гуфтугӯҳо мушаххас шавад ва умедвории мо ин аст, ки як ҳукумати ҳамашумул, ки дар он тамоми мардуми Афғонистон худро дар оинааш бибинанд ва намояндагӣ букунанд, ташкил шавад.

Аздо тв:- Бар асоси гузориши расонаҳо Толибон тасмим гирифтааст, ки барои идораи давлат як шӯрои 12 нафарӣ ташкил кунанд, дар сӯрати таъсиси ин шӯрои раҳбарикунанда оё шумо аз авомири онҳо итоъат хоҳед кард?

Тоҳир Қодирӣ:- Бибиненд, дар ин марҳала хидмати шумо арз кардам, ки вазъияти мо номаълум аст, кори мо ва авлавияти мо тамаркуз болои корҳои башардустонву кумак ба мардуми Афғонистон дар ин марҳалаи бисёр ҳассос аст. Биноан, коре ки мо феълан дорем анҷом медиҳем, тамаркуз болои масоили эвакуейшан (интиқол) ва расидиагӣ ба мушкилоти мардуми азизи мост, ки аз ин марҳала бигзаранд. Масоли сиёсиро ҳамамон мунтазир бимонем, дунё ҳам дорад тамошо мекунад, ва умедвории ҳамаи мо ин аст, ки як ҳукумати ҳамашумул, ки дар он тамоми мардуми Афғонистон худро бибинанд ва дар он ҳуқуқи тамоми мардуми Афғонистон муроъот шавад, ташкил шавад.

Аздо тв:- Ҷаноби сафирвазиятиф еълии Афғонистонро чи гуна баҳо медиҳед. Умедвориҳои шумо чӣ ҳаст?

Тоҳир Қодирӣ: – Вазияти феълии Афғонистон мутаъассифона хуб нест, як теъдод мардум нигарон ҳастанд, як теъдодаш ҳаросон ҳастанд, як теъдод ба фурӯдгоҳи Кобул ҳуҷум оварда ва мехоҳанд берун шаванд. Мо дар 20 соли гузашта бо кумаки дунё дар Афғонистон ба дастовардаҳои зиёде даст пайдо кардем, аз ҷумла ҳуқуқи башар, озодиҳои маданӣ, озодии баён, ҳуқуқи зан дар Афғонистон ва ҳуқуқи омӯзишу парвариш, биноан  дастовардҳо муштарак аст, ки мо ба кишварҳои дунё ва бо ҳамсояҳои худ даст пайдо кардем. Ҳифзи ин дастовардҳо баъд аз 20 сол барои Афғонистон ва барои дунё бисёр аҳмият дорад. Мо борҳо инро гуфтем, бузургҳои мо инро гуфтанд, ки Афғонистони ноамн ба нафъи дунё нест. Афғонистони ноамн таҳдид аст ба дунё. Биноан умедвории мо ҳамин аст, ки ин дастовардҳо ҳифз шаванд, ҳуқуқи зан, ки феълан дар соли 2021 масъалаи мутафовитест, ки шумо вақте муқоиса мекунед бо соли 2001 ё пеш аз он. Занҳои Афғонистон ба дастовардҳои бисёр зиёде даст пайдо карданд. Дар пеш аз соли 2001 тақрибан ҳеҷ кудаке, духтар наметавонист ба макотиб биравад, вале ахиран тақрибан беш аз 10 милиюн кӯдак, ки нисфи аз инҳо духтар ҳастанд, ба макотиб мераванд. Биноан ин дастовардҳои муштаркест, ки Афғонистон бо кумаки дунё ба инҳо даст пайдо карда ва умедвории мардуми Афғонситонам ин ҳаст, ки ин дастовардҳо ҳифз шаванд, ҳама мардуми Афғонистон дар фазои сулҳ, самимият, бародарӣ ва баробарӣ зиндагӣ бикунанд.

Аздо тв:- Ахиран Толибон дар Ҳирот эълон карданд, раводиде, ки ба шаҳрвандони эронӣ аз намояндагиҳои ҳукумати пешин содир шудаст, эътибор надоранд ва атбоъи эронӣ бояд раводиди худро аз марз аз Толибон дар сарҳад бигиранд. Оё чунин хабаре ба шумо низ расидааст?

Тоҳир Қодирӣ:- Чун ин дар соҳаи кории ман нест, дар ин маврид наметавонам суҳбат бикунам. Соҳаи кории ман Поланд ҳаст ва ман масъулияти ҳамиҷоро дорам…

Аздо тв:- Суоли ахир, интизороти шумо аз кишварҳои ҳамсоя, бахусус мардуми Тоҷикистон, ки қазияи Афғонистон барояшон аҳмият дорад, чӣ ҳаст?

Тоҳир Қодирӣ:- Хуб, қабл аз ин, ки ман ба ин маврид бипардозам, аввал ташаккур мекунам аз тамоми кишварҳои дунё, ки дар 20 соли гузашта дар канори Афғонистон истод шуданд, аз ҷумла кишвари бародар ва ҳамзабони мо Тоҷикистон. Ва баъд аз 20 сол мо имрӯз дар як марҳалаи боз ҳассос қарор гирифтем. Аз ҷумла кишварҳое, ки кумкҳои башардӯстона анҷом медиҳанд ва худаш намоде аз инсоният ҳастанд. Ман имрӯз як номае сарбоз ба кишвари Поланд навиштам ва шумо метавнед аз руи сафҳаи сафорат бигирендаш. Дар он нома ташаккур кардам, ки масалан дар як вазъияте, ки кишвари мо бисёр ояндаи номалум дорад, кишварҳои дунё ва аз ҷумла Поланд дасти кумак ба мардуми мо дароз карда, ки и бисёр аҳмият дорад. Масалаи дуввум кишварҳои мантақа барои Афғонистон ҳамеша боиси ааҳмият буда, Афғонистони амн мантақаи амн ҳаст. Мо ҳамеша гуфтем, ки Афғонистон чаҳорроҳи иқтисоди минтақа ҳаст. Дар сурате, ки Афғонистон амн бошад иқтисоди минтақа шукуфову равнақ пайдо мекунад. Ба ҳамин манзур кишвари азизу дӯст ва бародар Тоҷикистон, аз ҳамсояҳову ҳамзабонову бародарои бисёр хуби мо ҳастанд, ки дар тӯли торих равобити ду кишвар бисёр ҳасана буда, ки мардумонаш равобити бародарона доштанд. Равобити наздике мо доштем ва ҳамеша ба кишвари Тоҷикистон ба унвони як кишвари дӯст, ҳамзабон ҳамфарҳанг нигоҳ кардем ва нақши Тоҷкистон ҳамвора нақши муассир ва созгор дар умури Афғонистон буда ва умедворе ин аст, ки баъд аз ин ҳам  ҳамин равобити дӯстона ва ба ҳамин шакле ки ҳаст ва беҳтар аз ин ҳам мустаҳкамтар идома пайдо бикунад.

Барои чунин як суҳбати самимона ташаккур мекунем.

Хоҳиш мекунам!

Суҳбаторо: Муҳаммадшарифи Абдуллоҳ

Болои Иззат Амон 200 ҳазор сомонии дигар “бор” карданд

0

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ду даъвогари ҷадид алайҳи Иззат Амон пайдо шуда, барои бозпас гирифтани пулҳояшон ҳар ду дар зиндон бо ӯ рӯ ба рӯ мулоқот кардаанд.

Саидбурҳон Шарифов, адвокати Иззат Амон, собиқ раҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав, ки айни замон дар маҳбас қарор додард, ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Иззат Амон эътироф кард, ки воқеан аз ин афрод қарздор аст. Парвандаи ӯ ҷамъбаст шуда, рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешвад.”

Бино ба иттилои манбаъ, Муҳаммадюусуф Холов, писари Иззат Амон гуфтааст: “Даъвогарон гуфтаанд, падарам гуё барои ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо дар як қазия ҳамчун вакили мудофеъ ҳаққи хидмат гирифта, аммо барнагардондааст.”

Ба гуфатаи пайвандони Иззат Амон, қарзи ӯ дар назди даъвогарон аз марзи як миллион сомонӣ гузаштааст, аммо пеш аз ин Додситони кулл эълом карда буд, ки Иззат Амон аз даъвогарон 630 рубли русӣ ва як ҳазор доллари амрикоӣ қарздор аст. Бо ин вуҷуд наздикону пайвандони Иззат Амон умедворанд, ки ӯ тибқи қонуни афв озод хоҳад шуд.

Иззат Амон, раҳбари Маркази Тоҷикон дар Маскав 25-уми марти соли ҷорӣ аз Русия ғайб зад, вале баъдтар мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин ҳомии ҳуқуқро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Дар Тоҷикистон аз пеш бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда буд ва ҳангоми фурӯд дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Боздошти Иззат Амон дар Тоҷикистон мавҷе аз вокунишҳои муҳоҷирон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард ва аксари мардум хостори озодии ӯ шуданд, вале мақомот эълон кардаанд, ки боздошти Иззат Амон дар асоси шикояти шаҳрвандон бо иттиҳоими қаллобӣ сурат гирифтааст.

Боздошти ду тоҷикистонӣ дар марзи Лаҳистон

0

Марзбонони Лаҳистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мехостанд сарҳадро ғайриқонунӣ убур кунанд, дар марзи Лаҳистону Беларус боздошт кардаанд.

Сурат: Хадамоти марзбонӣ

25-уми август, Хадамоти марзбонии Лаҳистон дар саҳифаи твиттериаш хабар дод, ки боздоштшудаҳо бидуни ҳуҷҷат буда, мехостанд аз роҳҳои ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, вориди хоки Лаҳистон шаванд, вале аз ҷониби марзбонон дастгир шудаанд.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Лаҳистон дар аввали моҳи ҷорӣ низ гузориш шуда буд. Он замон ‌‌Хадамоти марзбонии Лаҳистон иттилоъ дода буд, ки 1-уми август дар марзи Лаҳистону Беларус дар минтақаи Августов 17 шаҳрванди хориҷӣ: 12 шаҳрванди Афғонистон ва 5 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд.  Бо қарори суд ҳамаи боздоштшудаҳо (4 зан, 13 мард, аз ҷумла 2 ноболиғ) дар марказҳои муҳофизати хориҷиён ҷойгир карда шуданд.

‌‌Инчунин гузориш шуда буд, ки дар оғози моҳи апрел 4 сокини Тоҷикистон ва рӯзи 3-уми майи соли ҷорӣ низ дар минтақаи Августов 5 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Қӯшунҳои сарҳадии Лаҳистон аз аввали моҳи августи соли ҷорӣ, 3000 ҳолати ғайриқонунӣ убур кардани марзи Белорусу Лаҳистон сабт шудааст.

Шартҳои нави Русия барои муҳоҷирони тоҷик

0

Русия барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар шурути наверо роҳандозӣ карда, ки аз 1 сентябри соли равон дар ҳукми иҷро медарояд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо нашри матлабе эълом кард, шаҳрвандоне, ки ба Русия сафар мекунанд, бояд пеш аз сафар ҳуҷҷат дар намуди “QR-code” дошта бошанд, зеро Русия бидуни ин код шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш роҳ намедиҳад.

Дар баёнияи вазорат гуфта мешавад, ки ин қарор аз ҷониби ҳукумати Русия аз 20-уми июли соли 2021 таҳти рақами №1998 гирифта шудааст ва бояд аз аввали моҳи сентябр амалӣ шавад.

Тавре вазорат мегӯяд, аз ин ба баъд гирифтор набудани шахс ба вируси COVID-19 тариқи расмзи “QR-code” – нишондиҳандаи электронии натиҷаи ташхиси бемории коронавирус санҷида мешавад. Ин барнома дар телефонҳои дастӣ насб гардида, ҳангоми вуруд ба Русия ба марзбонон нишон дода мешавад.

Қаблан мусофироне, ки ба Русия сафар мекарданд, ташхис дар бораи гирифтор набудан ба вируси COVID-19-ро пеш аз 72  соат аз сафар аз озмоишгоҳҳо дастрас мекарданд ва ҳангоми вуруд онро нишон медоданд.

Бино ба тавзеҳи Вазорати тандурустии кишвар тартиби дурусти пайдо намудани ин ҳуҷҷат ин аст, ки нафаре мехоҳад сафар кунад, нахуст  дар телефони мобилии худ аз интернет-мағозаҳо барномаи наверо бо номи “Путешествую без COVID-19” насб намуда, маълумоти лозимаро ворид мекунад.

Дар ин барнома пас ворид кардани маълумот ба мусофир нишон дода мешавад, ки барои гирифтани код ба куҷо муроҷиат кунад ва пас аз гузаштани ташхис, мусофир тамоми маълумоти лозимиро дар шакли рамзи  “QR-code” ба барномаи дар телефон насбшуда ворид мекунад.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, хоҳишмандон метавонанд ин кодро дар шаҳри Душанбе аз озмоишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, махсусан аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ин хадамот дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд ва Озмоишгоҳи миллии референсӣ (воқеъ дар Қараболо) дастрас намоянд.

Тахриби хонаҳои мардум дар Шоҳмансур

0
Акс аз навори тахрибкорӣ

Тахриби хонаҳо дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки рӯзи якшанбе бо ҳузури муовини раиси ноҳия Тоҳир Қаюмов оғоз шуд, имрӯз аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ин хонаҳои тахрибшуда ва ё вайроншаванда, ки дар маҳаллаи Шодии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир ҳастанд, қарор аст, дар ҷои онҳо ширкати сохтмонии “Асрор-С” чанд бинои баландошиёна бисозад.

Дар наворҳои нашр шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷои ҳодиса дида мешавад, ки ҷамъе аз масъулони ширкати сохтмонии “Асрор-С” бо ҳузури муовини раиси ноҳия Тоҳир Қаюмов ба эътирози сокинон гӯш надода, ба ронандаи трактор фармон медиҳанд, ки девори хонаеро ба замин ҳамвор кунад.

Сокинони ин маҳалла эътироз карда мегӯянд, ки бо чӣ далел дар рӯзи равшан хонаи як шаҳрвандро, ки дар дохили занону кӯдакон зиндагӣ доранд, вайрон мекунанд? Аммо касе ба ин суол ва эътирози онҳо эътибор намедиҳад. Ба ин хотир байни муовини раис ва сокинон ҷанҷолҳои лафзӣ оғоз мешавад.

Аздо тв барои фаҳмидани асли қазия ба ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур тамос гирифт. Аз дастгоҳи ҳукумати ноҳия гуфтанд, масъул худи муовини раис Тоҳир Қаюмов аст. Аммо ҳангоми тамос Тоҳир Қаюмов на ба телефони идорааш ва на телефони дастияш ҷавоб надод.

Муовини раиси ноиҳияи Шоҳмансур, Тоҳир Қаюмов. Акс аз навори видеоӣ.

Биноан, Аздо тв аз сокинони маҳаллаи Шодӣ асли қазияро ҷӯё шуд. Яке аз сокинони ин маҳалла, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо мо гуфт, кор аз онҷо шуруъ шуд, ки “аввалҳои моҳи октябри соли 2020 масъулони ширкати сохтмонии “Асрор – С” ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур бо 10 сокини маҳаллаи Шодӣ, ки мехоҳанд дар ҷои хонаҳои онҳо бино истиқоматӣ бунёд кунанд, маҷлис гузаронданд.

Он замон масъулон гуфтанд, ки агар як метри мураббаъи хонаҳоятон дар инҷо $500 арзиш дошта бошад, мо ба шумо $600 медиҳем ва агар хонаҳоятон 100 метри мураббаъ бошанд, мо ба шумо 120 метри мураббаъ медиҳем. Ва агар бо ҳамин маблағ дар Дубай ва ё Маскав хона харидан хоҳед, дар он ҷойҳо низ ба шумо бо ҳамин маблағ хона мехарем”.

Ба гуфтаи манбаъ, масъулини ширкати сохтмонӣ ва ҳукумат бо ин ваъдаҳои зиёд розигии мардумро гирифтанд. Аммо бо гузашти зиёда аз 10 моҳ аз он ваъдаҳо хабаре нест. Кори сохтмончиён ҳам дар маҳалли сохтмон хеле суст ҷараён дорад, ба ин хотир мардум ба ваъдаҳои онҳо шубҳа карданд.

Инчунин дар ҳоли ҳозир ширкати “Асрор-С” аз ваъдаи пул додан низ даст кашида, гуфтааст, ки танҳо ба сокинон дар бинои сохташаванда хона медиҳад. Он ҳам на ба он ҳаҷме, ки қаблан ваъда карда буд, барои мисол агар хонаи яке аз сокинон 100 метри мураббаъ бошад, ба вай 120 метри мураббаъ медиҳанд, аз ин рӯ, мардум акнун аз хонаҳояшон хестан намехоҳанд.

Яке аз ин сокинон мегӯяд, “бар иловаи надодани маблағ, хонаи мо, ки беш аз 200 метри мураббаъ аст ва се оила зиндагӣ мекунем, масъулони ширкат гуфтаанд, мо ба шумо 170 метри мураббаъ медиҳем, яъне камтар аз оне ки пештар даъво мекарданд.”

Ширкати сохтмонии “Асрор-С” то кунун дар ин бора вокуниш нишон надода аст, тамосҳои мо низ бе натиҷа буд. Ин ширкат соли 2014 дар бозори сохтмонӣ кишвар ворид шуда, ин бори аввал аст, ки номи он расонаӣ шуда, ба эътирози густурдаи сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад.

PS:Ҳангоми омода шудани ин матлаб аз ҷониби сокинон гузориш шуд, ки қарор аст имрӯз, 25-уми август соати 16:00 намояндагони ширкат ҳамроҳ бо намояндагони ноҳияи Шоҳмансур ва афроди низомӣ ба маҳаллаи Шодӣ рафта тахриби тамоми он 10 хонаеро, ки қаблан бо моликони онҳо мувофиқа шуда буд, оғоз кунанд. Дар сурати пайдо шудани хабарҳои нав дар ин хусус мо ба ин мавзӯъ бар мегардем…

Шарти Раҳмон барои эътирофи Толибон

0

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо Маҳмуд Шоҳ Муҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷаи Покистон таъкид кард, ки тоҷикони Афғонистон 46 дарсад аз сокинони ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд дар ҳукумати оянда ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Сомонаи президент, ки машруҳи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуд Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷаи Покистонро нашр кардааст, менависад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.”

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.”

Пеш аз ин Паймони Миллии Тоҷикистон, ки як эътилофи мухолифин дар хориҷи кишвар аст, бо нашри як баёни аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, Ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ки барои таъмини манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишварамон, инчунин, барои расидан ба як тавозуни сиёсии муносиб дар кишвари ҳамсоя, ки битавонад манфиатҳо ва ҳуқуқи ҳамаи миллатҳо ва қавмиятҳои Афғонистонро таъмин намояд, як силсила иқдомҳои ҷиддиро амалӣ намояд. Аз ҷумла:

– Бо ҳадафи мусоидат ба як сулҳи пойдор дар кишвари ҳамсоя, ба таври ошкор ба Тоҷикистон даъват кардан ва пазироӣ аз шахсиятҳои сиёсӣ ва роҳбарони мардумии Афғонистон, ки имрӯзҳо маҷбур ба ҳиҷрат шудаанд ва дар кишварҳои гуногун ба сар мебаранд. Ба хусус аз шахсиятҳое, ки дар ростои ормонҳои миллии мо ва мардуми Афғонистон пайкор мекунанд;

– Бозидани нақши ҷиддитар ва боҷуръаттар дар ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ дар сатҳи минтақа;

– Иқдомҳои мушаххас ва ройзаниҳо бо кившарҳои минтақа ва нерӯҳои зирабти Афғонистон барои кумак ҷиҳати расидан ба як ҳалли сиёсии муносиб, ки манфиатҳои милли мо низ таъмин гардад.

Инчунин Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буд, ки “дари сафоратхонаҳои давлатҳоеро, ки ин низоми бешарафи инсониро дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд, бибандад. Давлатҳои Покистон, Арабистони Саудӣ ва Қатар ба ин гурӯҳи золим ёриҳои бевоситаи пуливу молӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ медиҳанд. Ҳамчунин ба ҳукуматҳое, ки ин низоми терористиро эътироф мекунанд, эътироз баён карда шавад.”

Толибон Покистонро хонаи дуввуми худ медонанд ва Исломобод, яке аз пуштибонони асосии ин ҳаракат дониста мешавад ва гуфта мешавад дар тасмимгириҳои Толибон дар ташкили ҳукумати ояндаи Афғонистон метавонад нақши арзандае бозӣ кунад.

▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 25.08.2021 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

🔴 Шарти Раҳмон барои эътирофи Толибон

🔴 Толибон аз мо виза бигиред

🔴 Чин ба Тоҷикистон боз воксин медиҳад

🔴 Муовини раиси ноҳия хонаҳои мардумро хароб мекунад?

Толибон аз мо виза бигиред

0
Акс аз Интернет

Толибон эълон кардааст, ки шаҳрвандони Эрон визаи Афғонистонро аз марз аз Толибон бигиранд, на аз сафорат, аммо сафорати Афғонистон дар Лаҳистон мегӯяд, “тибқи маъмул ба корҳои худ идома медиҳад.”

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон Тоҳир Қодирӣ дар суҳбат бо АЗДО ТВ гуфт, “Мо кори худро тибқи маъмул бидуни ҳич вақфае дорем идома медиеҳем. Мо коре ба ин ки,  кӣ чи эъломия медиҳад, надорем, кори мо тибқи маъмул феълан идома дорад.”

Сафири Афғонистон дар Лаҳистон гуфт, “таъкиди мо феълан рӯи корҳои башардӯстона аст, то ин ки вазъияти ояндаи Афғонистон мушаххас шавад, дар он сурат ман фикр кунам ки ҳама чиз мушаххас мешавад.”

Пеш аз ин сомонаи “Садои Олмон” гузориш дода буд, ки Толибон дар Ҳирот гуфтанд, раводидҳое, ки дар намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар Эрон дода шудаанд, эътибор надоранд ва эрониҳое, ки барои вуруд ба Афғонистон роҳӣ мешаванд, бояд аз Толибон аз марз раводид бигиранд.

15-уми августи соли 2021 собиқ президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор намуда, ҳукуматаш суқут кард ва Толибон Кобул, пойтахти Афғонистонро бидуни ҷанг ба тасарруфи худ даровард ва бо гузашти 10 рӯз ҳанӯз шакли ҳукуматдории худро эълом накардааст.