16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 546

Мулоқоти Ардуғон бо раҳбари Толибон

0

Раҷаб Тайиб Ардуғон, президенти Туркия эълон кард, ки ба хотири оштӣ додани афғонҳо эҳтимол дар оянда бо раҳбари Толибон мулоқот кунад.

Президенти Туркия гуфтааст, айни замон сохторҳои дахлдори кишвараш корҳои лозим, аз ҷумла гуфтугӯ бо ҳаракати Толибонро идома медиҳанд ва эҳтимол дорад дар оянда бо раҳбари Толибон (мулло Ҳиббатуллоҳ Охундзода) мулоқот кунад.

Ардуғон нагуфт, ки бо раҳбари Толибон кай ва дар куҷо мулоқот хоҳад кард. Аммо афзуд, шоми чоршанбе бо Толибон дар Қатар дар бораи роҳҳо ва василаҳои расидан ба сулҳро баррасӣ кардаанд. Вазъият дар Афғонистон ба марҳилаи хатарноке расидааст, бояд ба эътидол дароварда шавад.

Нерӯҳои Туркия дар доираи барномаи НАТО ва хурӯҷи низомиёни Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон дар ҳоли ҳозир таъмини амнияти фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул ва ҳимоят аз сохторҳои онро бар уҳда доранд, аммо пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО Толибон аз боқӣ мондани нерӯҳои Туркия розӣ нест.

Пештар Толибон эълон карда буд, ки дар сурати хориҷ нашудани нерӯҳои Туркия ҳамроҳи дигар низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон эҳтимоли ҷанг ва ҳамла ба нерӯҳои Туркия дар фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул вуҷуд дорад.

Толибон бо забт кардани вилояти Ғазнӣ теъдоди вилоятҳои ба тасарруфи худ даровардаро дар зарфи панҷ рӯзи гузашта ба 10 адад расонида, ҳамалоти худро аз самти Шимол ва Шимолу Шарқ ба тарафи Кобул, пойтахти Афғонистон густариш медиҳанд.

Афғонистон 34 вилоят дорад ва бо кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Покистон ҳамсарҳад мебошад. Дар ҳоли ҳозир ба иддаъои Толибон наздик ба 85 дар сади манотиқи марзии Афғонистон дар тасарруфи нерӯҳои Толибон қарор доранд.

Суқути Бағлону Бадахшони Афғонистон ба дасти Толибон

0

Толибон зарфи се рӯзи гузашта 9 вилояти Афғонистонро зери тасарруфи худ дароварданд.

Шабакаи Алҷазира дар истинод ба сухангӯи Толибон иттилоъ дода, ки шаби гузашта шаҳракаи Файзобод, маркази вилояти Бадахшон бидуни даргирӣ суқут кардааст. Ҳамзамон Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон низ дар ин шаб зери тасарруфи Толибон даромад.

Пеш аз ин Толибон шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахор, шаҳри Қундӯз, маркази вилояти Кундӯз, шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷонро низ аз дасти нерӯҳои ҳукумати Афғонистон гирифта буданд. Толибон ҳамзамон вилоятҳои Сари пул, Самангон ва Нимрӯзро низ дар қабзаи худ доранд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон айни замон ҷанг дар атрофи Мазори шариф, маркази вилояти Балх байни нерӯҳои Толибон ва Ҳукумати Афғонистон идома дорад.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон аз Кобул ба Мазори шариф сафар кард, то бо Атомуҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон ва дигар раҳбарони ҷиҳодӣ дар ин минтақа барои бозпасгирии вилоятҳои шимолӣ аз дасти Толибон маслиҳат кунанд.

Афғонистон 34 вилоят дорад ва айни замон нерӯҳои Толибон аксари вулусволиҳо(ноҳияҳо)-и ин вилоятҳо бо шумули марзҳои ин кишвар бо ҳамсояҳои Афғонистонро зери тасарруфи худ доранд.

Истирдоди ҳашт нафар аз Русия ба Тоҷикистон

0

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷиноятҳои гуногун муттаҳам шуда, дар пайгард қарор додштанд, дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Хабаргузории ТАСС дар истинод ба Прокуратураи генералии Русия иттлоъ дода, ки “мақомоти Русия ҳашт шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон барои таъқиби ҷиноятӣ супориданд”, – омадаст дар хабар.

Гуфта мешавад, яке аз боздоштшудаҳо бо номи Насратшо Ҷонмирзоев ба он айбдор мешавад, ки моҳи июли соли 1996 дар шаҳри Хоруғ мошини кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо пулемёт тирборон кардааст. Дар натиҷа, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии шаҳр, корманди милисаи ҳамин шӯъба, коршиноси судӣ -тиббӣ ва як сокини маҳаллӣ кушта шуданд.

Аз як истирдодшудаи дигар Икромҷон Боронов номбурда мешавад, ки ба фурӯш ва қочоқи маводи мухаддир ба Русия дар соли 2009 айбдор мешавад.

Инчунин мақомоти Русия “Фирӯз Сафаров, (бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир), Акмал Юнусов, (бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми калон) ва Идрис Назаровро (бо иттиҳоми латукӯби ноболиғ ва авбошӣ) дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод карданд”,- менависад ТАСС.

Прокуратураи генералии Русия зимни шарҳи парвандаи ҳар як истирдодшуда мегӯяд, тафтишот нишон дода, ки яке аз муттаҳамон бо номи Мирзоалӣ Давлатов, моҳи ноябри соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо шариконаш ғайриқонунӣ ба хонаи як сокини ин ноҳия ворид шуда, 78700 сомонӣ моликияти ӯро дуздидааст.

Аммо Даврон Бердиев ба он муттаҳам мешавад, ки дар моҳи феврали соли 2020 ҳамчун сардори гурӯҳи муҳофизон ва таъминоти қисми низомӣ дар вилояти Суғдро ҳангоми кор бидуни иҷоза маҳалли корро тарк кардааст. Ва Эмомалӣ Салимов бошад пас аз таътили кӯтоҳ ба қисми низомӣ барнагаштааст.

Аммо то ҳол назари шахсӣ ва наздикони истирдодшудаҳо маълум нест.

Солҳои ахир хабарҳои боздошт ва истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба кишвар бисёр расонаӣ мешавад.

Кумаки Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон

0

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия ба як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик барои пардохти музди корӣ кумак кардааст.

Намояндагии ин вазорат дар сафҳаи фейсбукии худ иттилоъ дода, ки 28-уми июли соли 2021 як гурӯҳ муҳоҷирони кории тоҷик иборат аз 24 нафар барои пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфамо дар Русия ба намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ариза пешниҳод намуданд.

Тибқи маълумот онҳо дар як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав кор мекарданд ва наметавонистанд маоши худро, ки 6,2 миллион рубли русӣ аст, аз корфармояшон бигиранд.

Бино ба маълумоти намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия аз 3 то 9 августи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ аз 6 миллиону 200 ҳазору 230 рубли русӣ муодили 93 ҳазору 48 сомонӣ зиёда аз 3 миллион рубли он ба муҳоҷирон баргардонида шуд.

Гуфтанист, намояндагӣ муайян карда, ки муҳоҷирон дар ин ширкати сохтмонӣ ба сурати корбайъ, вале бидуни шартномаи меҳнатӣ корро қабул карда, ҳаққи кори онҳо баъд аз анҷоми сохтмони иншоот пардохт карда мешавад. Вобаста ба ин масъулони намояндагӣ ба муҳоҷирони корӣ тавсия додаанд, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ ҳатман бо корфармо шартномаи корӣ ба имзо расонанд ва нусхаи онро дар худ нигоҳ доранд, то минбаъд бо чунин мушкилиҳо гирифтор нашаванд.

Инчунин намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират менависад, ки вобаста ба пардохти маблағи боқимондаи муҳоҷирон масъулин бо корфармо суҳбат карда, то охири ҳафтаи оянда маблағ пурра пардохт карда мешавад.

Месси ба ПСЖ рафт

0

Лионел Месси ҳамлагари собиқи “Барселона”, расман футболбози “Пари Сен-Жермен” (ПСЖ) шуд. Маоши дусолаи вай дар ин клуб 70 миллион евроро ташкил медиҳад.

ПСЖ” дар бораи гузариши Месси ба ин клуб рӯзи 10-уми август эълон кард.

Қарордоди Месси бо дастаи ПСЖ ба муддати 2 сол бо имкони тамдид ба як мавсими дигар бо маоши 35 миллион евро дар як сол баста шудааст. Дар клуби нав ҳамлагари аргентинӣ таҳти рақами 30 баромад мекунад.

Рафтани Месси аз Барселона сару садоҳои зиёдеро дар расонаҳо ва олами футбол ба бор овардааст. Раёсати Барселона дар рафтани Месси қоидаҳои молиявии чемпионати Испания ва Президенти Ла Лига Хавер Тебасро муттаҳам мекунад.

Аммо худи Тебас дар суҳбат бо расонаҳо ба рафтани Месси “Барселона”-ро айбдор кард ва бо киноя гуфт, ки “ Бе Месси ва бе 270 миллион евро мондан – нақшаи олӣ аст”.

Яъне бо рафтани Месси, Барселона 270 миллион евро даромади худро аз даст хоҳад дод. Аммо ба клуби “ПСЖ” даромади зиёд меоварад.

Дар чанд рӯзи охир шумораи обуначиён дар шабакаҳои иҷтимоии “ПСЖ” афзоиш ёфтааст. Саҳфаи Инстаграмии ин клуб, ки то рӯзи 1-уми август 19.8 миллион обуначӣ дошт, дар ҳоли ҳозир обуначиёни саҳфаи “ПСЖ” ба 43 миллион расид.

Бо гузаштани ҳамлагари аргентинӣ ба “ПСЖ”, газетаи фаронсавии L’Equipe дар муқоваи шумораи нав тасвири Лионел Мессиро ҷойгир кард. Ҳандболбози фаронсавӣ Клеопатра Дарле дар Твиттераш навишт, ки футболбоз Лионел Месси дар муқоваи L’Équipe ҷой дода шудааст, дар ҳоле ки тими миллии занонаи ҳандбол дар Олимпиадаи тобистонаи Токио медали тиллоии таърихиро ба даст овардааст.

Месси тарбиядидаи клуби “Барселона” аст. Вай дар ҳайати асосии даста аз соли 2004 баромад мекард. Якҷоя бо “Барселона” ӯ 35 ҷом ба даст овардааст. Ҳамлагари аргентинӣ шаш маротиба соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шудааст. Дар мавсими гузашта ӯ дар 35 бозии чемпионати Испания иштирок намуда, дар он 30 гол ва 9 партофти головар анҷом додааст.

Қарордоди Месси бо Барселона моҳи июли соли ҷорӣ ба анҷом расид. Барселона бинобар қоидаҳои молиявии чемпионати Испания натавонист бо Месси шартномаи нав бандад ва рӯзи 5-уми август, рафтани ҳамлагари худро эълон кард.

Воксингирии донишҷӯён ҳатмӣ шуд

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон воксингирии тамоми донишҷӯёнро ҳатмӣ эълон кард.

11-уми август, Муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҷаноби Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм дар суҳбат бо Аздо тв гуфт, ба хотири ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ аз панҳшавии коронавирус воксингирии тамоми донишҷӯён ҳатмӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, “касоне, ки дар “маршировкаҳо” ширкат менамоянд ва дар ҷойҳои пуриздиҳом тамрин мекунанд, ҳама бояд воксин гиранд ва инчунин донишҷӯёне, ки аз моҳи сентябр ба донишгоҳҳо рафта дар дарсҳо иштирок мекунанд бояд воксин бигиранд.”

Муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон афзуд, вуруди донишҷӯён ба донишгоҳҳо бо нишон додани гувоҳиномаи тандурустӣ сурат хоҳад гирифт.

Муҳаммаддовуд Саломиён дар робита ба илзомӣ будани воксингирии волидону сарпарастони муҳассилини мактабҳои миёна, ки фарзандонашон ба мактаб мераванд, посухи мушаххасе надод, вале гуфт, барои ҳифзи саломатӣ бояд ҳамаамон якҷоя талош кунем.

Ин дар ҳолест, ки 9-уми август дарсҳо дар мактабҳо барои синфҳои ибтидоӣ оғоз шуд. Манобеи Аздо тв аз навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, дар бархе маҳаллаҳо муаллимон пеш аз шурӯи дарсҳо хона ба хона гашта мардумро маҷбур доранд, ки падару модарон воксин гиранд ва баъдан фарзандҳояшонро ба мактаб бифиристанд.

Хабари иҷборӣ шудани воксингирии волидони мактабхонҳо дар

Пурра маблағгузорӣ нашудани сохторҳои ҳукумат

0

Дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ бахшҳои давлатӣ дар Тоҷикистон пурра маблағгузорӣ нашудаанд.

Ба ғайр аз бахши сӯзишворию энергетикӣ, то аввали моҳи июли соли ҷорӣ ягон бахши давлатӣ 100% маблағгузорӣ нашудааст. Танҳо бахши сӯзишворию энергетикӣ аз ҳисоби маблағи умумии дар буҷет пешбинишуда 100,8% маблағгузорӣ карда шуд.

Дар ин давра барои рушди бахши сӯзишворию энергетикӣ 1 миллиарду 946,3 миллион сомонӣ (171,9 миллион доллар) ҷудо шуда, қисми зиёди ин маблағ ба сохтмони НБО Роғун равона шудааст.

Фоизи бештари маблағгузорӣ дар бахшҳои дигар ба нақлиёт ва алоқа (82,1%) ва  суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (75,8%) рост меояд. Дигар соҳаҳо ба ҳисоби миёна 62% -и маблағи дар буҷет пешбинишударо гирифтаанд.

Бино бар иттилои Avesta.tj қисми даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 6,5% барзиёд иҷро шуда, зиёда аз 13,2 млрд ташкил додааст.

Маҷидов соҳиби медали нуқра шуд

0

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни калонсолон медали нуқра ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 7-8 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия баргузор шуд.

Гуфта мешавад, Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар мусобиқа дар вазни то 90 кг рақобат мекунад, дар нахустин қувваозмоияш зодаи Тоҷикистон Ёқубҷон Назировро, ки Русияро намояндагӣ мекунад, шикаст дод.

Дар чорякфинал Маҷидов нисбат ба Эмил Қурбонови рус қавитар баромада, дар нимфинал бар варзишгари дигари Русия Адам Утиев ғалаба намуд.

Дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҷаҳонгир Маҷидов аз намояндаи Русия Мирзо Шикориев, ки зодаи Тоҷикистон аст шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ду паҳлавони дигари тоҷик – Алиҷон Сафаралиев ва Амирҷони Насимҷон ҷойҳои 7 -умро соҳиб шуданд. Дар маҷмӯъ, дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург 197 варзишгар (130 мард ва 67 зан) аз 14 кишвар ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 8 гуштигир – Давлаталӣ Назаралиев, Алиҷон Сафаралиев, Маҳмудҷон Раҳимов, Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев, Ҷаҳонгир Маҷидов, Амирҷони Насимҷон ва Абубакри Акобир намояндагӣ карданд.

Ихроҷи 12 иштирокчии задухӯрдҳои Маскав

0

Русия 12 нафар аз иштирокчиёни задухӯрди оммавии ахир дар Митиши Маскавро депорт кард.

Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав дар бораи ихроҷи 12 муҳоҷири корӣ аз Русия, ки дар задухӯрди густурда ва тирандозӣ ширкат доштанд, ҳукм содир кард. Дар ин бора Суди шаҳри Митиши ба ТАСС хабар дод.

“Бо қарори суди Митишии вилояти Маскав Каримов Х., Дундиев Д., Кранов Э., Дундиев М., Юсупов Д., Самандари М., Ҳоҷимуродов Ю., Ядгоров С., Раҳмонов А., Қурбонов М., Ятимов Ш. ва Қурбонов К. тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ вайрон кардани низоми будубош дар Федератсияи Русия) гунаҳкор дониста шуданд. Ба Онҳо ба маблағи 6 ҳазор рубл ҷаримаи маъмурӣ ва ихроҷ аз Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст. Онҳо пас аз ҳодиса боздошт шудаанд” – омдааст дар қарори Суди Митиши.

Гуфта мешавад, Суди шаҳри Митиши тасдиқ кард, ки 12 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шахсони дар боло зикршуда тафтиш кардаанд. Аммо дар бораи натиҷа ва ҷузъиёти он чизе гуфта намешавад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 6-август як гурӯҳ муҳоҷирон бо теъдоди 40-60 нафар дар кучаи Пограничнии шаҳри Митишии Маскав бо ҳам занозанӣ карданд, ки дар натиҷа он ба тирпаронӣ анҷомид. Ба қавли шоҳидони ин ҳодисаи хунин 3 тан аз зодагони Чеченистон захмӣ шудаанд.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, қисми зиёди иштирокчиёни муноқиша муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯбекистон ва Чеченистони Русия будаанд.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки Вазорати корҳои дохили Русия алайҳи иштирокчиёни ин ҳодиса аз рӯи моддаи 213 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад.

Таъмини пойгоҳи 201 бо силоҳҳои нав

0

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маъруф ба “201” дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон бо силоҳҳои нав таъмин карда шуд.

Ин силлоҳо иборатанд аз системаҳои мушакии зиддиҳавоии “Верба”, автоматҳои навъи “Калашников”, АК-12, снайперҳои навин ва дигар силлоҳҳои оташфишони сохти муосир.

ИНТЕРФАКС бо такя ба Маркази матбуоти Округи ҳарбӣ хабар дод, ки “Пойгоҳи низомии 201-ум охирин мудели милтиқҳои АК-12, Калашников, таппончаҳои “Яригин” ба ҷои таппончаҳои “Макаров”, снайперҳои калибрии калонҳаҷми АСВК-М, мушакҳои дурпарвоз ва “Верба”-ро дарёфт карданд”.

“Ҳамаи ин силоҳҳоро ҷузъу томҳои Русия ҳангоми машқҳои муштарак бо Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дар пасманзари нооромии вазъи Афғонистон сурат гирифтаанд, истифода кардаанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки пас аз нооромиҳо дар Афғонистон ва зери тасарруфи Толибон даромадани минтақаҳои марзии ин кишвар, кишварҳио ҳамсоя, бахусус Тоҷикистону Узбекистон нерӯҳои амниятии худро дар марзҳо бо Афғонистон тақвият бахшиданд.

Дар пасманзари ин нооромиҳо Тоҷикстону Узбекистон ва Русия машқҳои низомии муштаракро аз 5 то 10-уми моҳи ҷорӣ дар “Ҳарбмайдон”-наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон доир карданд.