16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 547

Нишасти навбатии гурӯҳи кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон

0

Бино ба иттилои

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

Аммо маълум нест, ки тарафҳо ба чӣ хулоса расиданд ва сари кадом нуқтаҳои баҳсии марз тавофуқ ҳосил карданд, Вазорати хориҷа инро шарҳ надодааст.

Танҳо ҳамин гуфта мешавад, ки тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир кунанд ва вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Пас аз даргириҳои хунини ахири моҳи апрели соли ҷорӣ, ҳайати гурӯҳи кории топографӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муайян ва аломатгузории нуқтаҳои номушаххаси марзи ду кишвар ташкил карда шуд.

Пеш аз оғози даргириҳо ва баъд аз он ҳам бештари гуфту шунидҳои ҷонибҳо паси дарҳои баста мегузарад ва ё ҷузъиёти он ба расонаҳо шарҳ дода намешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 980 км марзи муштарак доранд, ки аз он 520 километраш муайян ва аломатгузорӣ шуда ва боқӣ 460 километри дигараш аломатгузорӣ нашудааст. Ва солҳост, ки дар ин нуқтаҳои муайян ва аломатгузоринашуда муноқишаҳо рух медиҳад.

Кумакҳои Шведсия ва Олмон ба Тоҷикистон

0

Шведсия дар дораи ташаббусҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт –COVAX барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории куруно ба Тоҷикистон беш аз 128 ҳазор воя воксини навъи “AstraZeneca” кумак кард.

Дар ин бора бахши Тоҷикистонии  Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (UNICEF) дар сафҳаи Фейсбукиаш хабар дод.

Ба навиштаи “UNICEF-Tajikistan“, дирӯз, 9-уми август, кумакҳои Ҳукумати Шветсия  дар ҳаҷми 128 ҳазору 640 воя воксини зидди бемори COVID-19  дар Душанбе ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тақдим шуд.

Ин кумакҳо ба вазорати тандурустӣ имкон медиҳад, ки теъдоди зиёдтари сокинони кишварро эм кунад ва аз паҳншавии ин беморӣ ба қадри имкон пешгирӣ намояд.

Ҳамзамон ба навиштаи “DW“, кишваи Олмон эълом кардааст, ки дар доираи барномаҳои мусоидат ба кишварҳои дар ҳолати рушд ба Тоҷикистон 100 ҳазор 800 воксини навъи “AstraZeneca” кумак мекунад.

Тоҷикистон то кунун дар чор марҳила кумакҳои башардӯстонаро дар ҳаҷми наздик ба аз ду миллиону 200 ҳазор воксин аз кишвраҳои Ҳиндустон, Озарбойҷон, Чин, Амрико ва инак аз Шведсия ворид кардааст.

Маскав: Задухурди тоҷикон бо чеченҳо

0

Дар натиҷаи задухурди гурӯҳӣ ва мусаллаҳонаи муҳоҷирони тоҷик бо қафқозиҳо дар Маскав дасти кам се нафар аз чеченитаборҳо захмӣ шудааст.

Манобеи Аздо тв аз Маскав хабар медиҳанд, ки ҳодисаи хунин шаби ҷумъаи 6-уми август сурат гирифтааст. Ба гуфтаи шоҳидон, мақомот пас аз ин муноқиша ба маҳалли ҳодиса расида, афродеро ки аз ин макон боздошт намуданд, бо ҳукми суд онҳо ихроҷ ва вуруди ишонро ба Русия то 40 сол манъ карданд.

Ба қавли расонаҳои русӣ, пеш аз ин ҳодиса як задухурди дигаре ҳам дар ҳамин рӯз ва дар ҳамин минтақа байни муҳоҷирони кишварҳои пасошӯравӣ низ рух дода буд, ки иштирокчиёни онро байни 40 то 60 нафар арзёбӣ мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, иштирокчиёни ин задухӯрдҳо зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чеченистони Русия буданд, ки муноқишаи онҳо бо тирпаронӣ анҷом ёфт.

Пештар чанде аз муҳоҷирони тоҷик ба Аздо тв наворҳое фиристода буданд, ки дар назди метрои Теплий Стани шаҳри Маскав полис даҳҳо муҳоҷиронро боздошт ва савори Автобусҳо карда бо худ мебурданд.

Ҳамсуҳбатони мо мегуфтанд, дар миёни муҳоҷирон бештар шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҳастанд. “Қариб 10-12 рӯз мешавад, ки дар назди бозор ва метрои Теплий Стан нерӯҳои ОМОН бо 6 – 7 автобус омада муҳоҷиронро савор карда бо худ мебаранд ва то соати 22:00 шаб ҳамин кор идома меёбад.”

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-август дар шаҳри Одинсово ва Митишии назди Маскав ду задухӯрди оммавӣ сурат гирифт, ки дар онҳо аз 40 то 60 нафар аз муҳоҷирон иштирок карданд.

Баргузории ду рейди бузург алайҳи муҳоҷирон дар Маскав

0

14-уми август дар Маскав барои тафтиши муҳоҷирон ду рейди бузург аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии бехатрии ҳаракат дар роҳ ва Горди миллии ин кишвар оғоз мешавад.

Ин тафтишот дар Маскав ва вилоятҳои пойтахт дар якҷоягӣ бо афсарони полис, Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Гвардияи Русия барои тафтишоти муҳоҷирон гузаронида мешавад. Дар ин бора “Pravda.ru” 8-уми июл хабар дод.

Тафтишот аз ду бахш рейди таксиронҳо (Рейд Таксист) ва рейди муҳоҷирон (Рейд Мигрант) иборат буда, рейдҳо аз 14-уми август оғоз меёбад. Гуфта мешавад, муҳоҷирони корие, ки дар бахши хизматрасонии таксиҳои Маскав кор мекунанд, бояд дар системаи “КИС” ва “ART” (системаи иттилоотии корпоративӣ ва назорати таксӣ) сабти ном дошта бошанд.

Дар ин рейд аз технологияҳои “Smart City” истифода мешаванд. Вазифаи асосии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва татбиқи ҷазои ҳуқуқӣ ба ронандагоне мебошад, ки дар системаи “ART” сабти ном нашудаанд.

Дар робита ба бахши дуввуми санҷиш рейди муҳоҷирон (Рейд Мигрант) мақомоти Русия ният доранд, аз ҷойҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ дидан карда ҷойҳои истиқоматии онҳоро тафтиш кунанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки назорати шадид барои риояи тартибот аз тарафи Гвардияи миллии Русия амалӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои баргузории чунин рейдҳо ва назорати шадид болои муҳоҷирон ин ҳодисаҳои охир дар ҷанубу шарқии пойтахт мебошад, ки он боиси боздоштҳои сершумор шуда, даҳҳо нафар муҳоҷирон аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз тарафи мақомот дастгир ва аз Русия ихроҷ шудаанд.

Эҳтимоли шуюъи навъи навини коронавирус

0

Энтони Фаучи, донишманди вирусшиноси амрикоӣ ва мушовири Кохи Сафед аз эҳтимоли шуюъи сатҳи хатарноктари вируси короно ҳушдор додааст. Ба қавли ӯ, ин вирус аз навъи “Делта” ҳам хатарноктар аст.

Бино ба гузориши “DW”, ин вирусшиноси амрикоӣ гуфта, ки дар сурати гирифтории ҳолатҳои зиёд ба короно замина барои ҷаҳиши вируси хатарноктар аз ин навъҳои корона ҳамвор мешавад.

Энтони Фаучи дар пасманзари мавҷи тозаи корона дар Амрико ва кам гаштани воксингирии шаҳрвандони ин кишвар, инчунин дар иртибот ба густирши бемориҳои уфунӣ эълом карда, ки хатари шуюъи сатҳи нави вируси корона хеле ҷиддӣ аст.

Мушовири Кохи Сафед эм шудани аҳолиро ягона роҳи муассир дар баробари ин бемории ҳамагир медонад. Энтони пешбинӣ мекунад, ки навъи ҷадид метавонад аз дигар навъҳои ин вирус ба маротиб хатарноктар бошад ва эҳтимол воксинҳои мавҷуда низ дар баробари он корсоз набошанд.

Ба қавли донишмандон суръати навъи “Делта”-и COVID-19 аз вируси маъмулии он 50 дарсад бештар буда, ба таври миёна 6-9 нафарро олуда мекунад. Ва дар сурати хуруҷи  навъи ҷадид, суръати паҳншавии он аз “Делта” ҳам бештар хоҳад буд.

Гуфта мешавад айни замон 4 навъи вируси “SARS-Cov-2” бо номҳои “Beta” (аввалин бор 18 декабри соли 2020 дар Ҷануби Африқо сабт шудааст), “Alpha” (аввалин бор 18 декабри соли 2021 дар Бритониё сабт шудааст), “Gamma” (аллаин бор 11 январи соли 2021 дар Бразиля сабт гардид) ва “Delta” (бори нахуст 4 апрели соли 2021 дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд) вуҷуд дорад, ки ҳар кадом аз ҳамдигар ба навъе фарқ мекунанд.

Аскар Акаев узр пурсиду ба Маскав баргашт (ВИДЕО)

0

Ба иттилои АКИпресс, 8-ум август Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон ҳамроҳи писараш Илимом ба Маскав баргаршт.

Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев, ки санаи дуюми август баъди 15 соли табъид ба Бишкек баргашта буд, пас аз бозпурсӣ аз ҷониби мақомоти амниятии ин кишвар дар робита ба парвандаи кони тилои “КУМТОР”, аз мардумаш узр пурсиду дубора ба Маскав баргашт.

Аскар Акаев бо нашри як навор мегӯяд, дар давоми рӯзҳое, ки дар Бишкек ҳузур дошт, рӯзона дар робита ба парвандаи кони ҚУМТОР ва чанд парвандаи дигар мавриди бозпурсӣ қарор дошт. Вай эътироф мекунад, ки ӯ дар ин парвандаҳо ба иштибоҳҳои бузурге дар замони раҳбариаш роҳ додааст.

Дар иттилоияи КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешуд: Тафтишот ба амали ҳамаи шахсони муттаҳаме, ки дар амалисозии лоиҳаи маъруф ба кони “КУМТОР” дар замони раҳбарии Аскар Акаев даст доштанд, баҳои ҳуқуқӣ додааст. КДАМ барои барқарор кардани адолати таърихӣ дар робита ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Аскар Акаев ва ворид кардани ӯ ба қаламрави ин кишвар фаолона талош мекард.”

Пеш аз ин Аздотв хабар дода буд, ки Аскар Акаев бо даъвати президенти феълии Қирғизистон барои аёдати модараш ба Бишкек сафар кард, вале дар пойтахт аз ҷониби мақомоти амниятии ин кишвар боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифт.

Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон, ки аз соли 1991 то 2005 раҳбарии ин кишварро ба уҳда дошт, баъд аз канор рафтан аз қудрат кишварашро тарк карда, дар давлатҳои Русия ва Беларус ба корҳои илмӣ ва тадрис машғул буд.

Ҳамлаи Толибон ба Панҷшер

0

Нерӯҳои Толибон ҳамлаҳои худро густариш дода, дар натиҷа маркази вилояти Тахор ва маркази вилояти Ҷузҷон пурра ба дасти онҳо суқут кардааст.

Рӯзи гузашта ин ҳаракат дар вилояти Тахори Афғонистон бо нерӯҳои давлатӣ даргир шуданд ва пас аз чанд соати муқовимат нерӯҳои давлатӣ ақибнишинӣ карданд ва шаҳри Толиқон – маркази вилояти Тахор ба дасти Толибон суқут кард.

Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, ки садҳо тан аз нерӯҳои давлатӣ бо Толибон муқовимат карда натавонистанд ва ба сӯи ноҳияҳои Фархор ва Варсаҷ ақибнишинӣ карданд.

Ҳамзамон Толибон пас аз суқути Толиқон бо нашри хабаре эълом карданд, “тамоми кормандони давлатӣ, фаъолони бахшҳои мухталиф, хабарнигорон ва дигар қишрҳо дар вилояти Тахор метавонанд ором зиндагӣ кунанд ва ба ҳеч касе ҳеч гуна таҳдид мутаваҷҷеҳ нест.”

Хабаргузории “tolonews” менависад, ки айни замон дар ноҳияи Деҳдодии вилояти Балх байни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ низ набарди сахт идома дорад.

Ба қавли Мустафо Содот, раиси ноҳияи мазкур то ҳол аз қурбониёни ҷанг маълмуот дар даст надорад ва агар нерӯҳои давлатӣ аз сӯи нерӯҳои ҳавоии кумак нашаванд, хатти дифоии онҳо низ шикаста мешавад ва ноҳия ба дасти Толибон суқут мекунад.

Ҳамзамон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, дар сафҳаи Тветтриаш хабар додааст, ки шоми дирӯз дар натиҷаи як ҳамлаи онҳо ба Бозорак, маркази вилояти Панҷшер чанд нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Дирӯз низ гузоришҳо расид, ки дар баробари шаҳри Толиқон инчунин шаҳри Қундуз ва Сарипул ба дасти ин гурӯҳ афтод. Ба гузориши ВВС ба ҷуз фурудгоҳи шаҳри Қундуз боқӣ ҳама шаҳр ба тасарруфи Толибон даромадааст ва парчами ин ҳаракат дар маркази шаҳр афрохта шудааст.

Ҳамчунин рӯзи гузашта ин гурӯҳ низ ба шаҳри Шибирғони маркази вилояти Ҷузҷон ҳамла карда меҳмонхонаи Маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари ҳизби “Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон”-ро тасарруф карданд.

Маршал Дӯстум, ки тайи чанд ҳафтаи охир дар Туркия муолиҷа мешуд, ба Кобул баргашт, то дар бораи таҳаввулоти Афғонистон бо президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ мулоқот ва мавзӯъро баррасӣ кунад.

Пешниҳоди ҷорӣ кардани виза барои муҳоҷирони ОМ

0

Дар Думаи давлатӣ пешниҳод шуда, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ карда шавад.

Ҷорӣ кардани низоми раводид ба кишварҳои Осиёи Марказиро вакили Думаи давлатӣ ва раҳбари “Русияи боадолат” Сергей Миронов пешниҳод кардааст. Дар ин бора 9-август “

Сергей Миронов, вакили Думаи давлатии Русия. Сурат: Фйесбук

Бинобар зиёд шудани ҷангҳои муҳоҷирон дар минтақаҳои Русия ин вакили парлумон пешниҳод карда, ки бояд талаботҳо барои онҳое, ки аз Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон вориди Русия мешаванд, пурзӯр карда шавад.

“Барои ба тартиб даровардани талаботҳо дар дохили кишвар, онро бояд аз сарҳад оғоз кард ва ҷорӣ намудани низоми раводид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин қадами боэътимодтарин аст. Ман борҳо ин тарҳро пешниҳод карда будам, аммо имрӯз вақти он расидааст,” пешниҳод кард Миронов ба Думаи давлатии Русия.

Пештар низ аз ҷониби, вакили дигари Думаи давлатӣ Алексей Журавлев пешниҳод шуда буд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ Кодекси алоҳидаи ҷиноӣ ҷорӣ карда шавад ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ маҳдуд карда шавад.

Абдуқаҳҳори Давлат-рамзи мардонагӣ ва фидокорӣ

0

5-уми август яке аз чеҳраҳои ҷавон ва пуркори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Абдуқаҳҳори Давлат 46-сола шуд. Ӯ 5-уми августи соли 1975 дар ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ (Собиқ Колхозобод) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Абдуқаҳҳори Давлат дар айни расидан ба синни камолот ҳамроҳ бо даҳҳо ҷавони донишманду миллатдӯст дар санаи 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон дастгир ва майи соли 2016 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муддати 28 сол равонаи зиндон шуд. Вай инак  6-умин ҷашни зодрӯзашро паси милаҳои зиндони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон гузаронид.

Ӯро ҳамкоронаш марде ростқавл, пухтакор, донишманд ва яке аз раҳбарони ҷавоне мешинохтанд, ки ба қавли раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ натанҳо сазовори раҳбари ин ҳизб аст, балки лаёқати президентии Тоҷикистонро низ дорад.

Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд: Абдуқаҳори Давлат аз ҷавонтарин сардабирони ҳафтавори “Наҷот” ва баъдан масъули равобити байналмилалии ҲНИТ буд. Ба хотитири он ки ӯ фикру андеша ва назари хосси худро дошт, бо боварии комил раҳбарияти ҲНИТ ин масъулиятҳои хело муҳимро ба ӯ вогузор карда буданд. Ӯ як дипломати сатҳи олӣ натанҳо дар ҳизб, балки дар миқёси ҷумҳурӣ буд. Вай тавониста буд дар як муддати кӯтоҳ бо доштани равобити ҳасана корҳоеро анҷом диҳад, ки байни ҲНИТ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон равобити хубе барқарор шавад.

Муҳаммадсаид Ризоӣ узви Раёсати олии ҲНИТ дар бораи Абдуқаҳҳори Давлат афзуд, ӯ дар тасмимгрӣ шуҷоъ буд ва аз нигоҳи илмӣ мустақил ва дидгоҳҳои хосси худро дошт. Донандаи хуби забони арабӣ буд, чанд матлабҳои Устод Нуриро ба арабӣ ва чанд китоби арабиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ӯ як рӯзноманигори касбӣ ва соҳибандеша буд. Мутассифона ҷавонмардӣ ва софдилии ӯ ва бовараш ба қонун сабаб шуд, ки ба доми ғаддорони замон биафтад.

Азимҷони Ваҳоб, узви Раёсати олӣ ва собиқ раиси Дастгоҳи ҲНИТ, ки Абдуқаҳҳор дар вақтҳои сахтӣ беҳтар шинохтааст, ӯро ин тавр васф мекунад: Вақтҳои охир вақте фишорҳо болои ҳизб зиёд шуд, баъзе бародарҳо воқеан дар фикри он буданд, ки ба хотири ҳифзи ҷонашон аз кишвар хориҷ шаванд. Вале Абдуқаҳори Давлат мегуфт, ки ман аз он касоне ҳастам, ки аз кишвар берун нахоҳам рафт ва суол ҳам гузошт, ки ба хотири чӣ мо аз кишвар хориҷ шавем? Оё мо ягон ҷиноят кардем? Ё қонуншиканӣ кардем? Мо то ҳоло ҳеч фаъолияти ғайриқонунӣ надоштем ва дар чорчӯби қонунҳои Тоҷикистон фаъолият кардем.

Ба назари Азимҷони Ваҳҳоб, Абдуқаҳори Давлат чун медонист, ки ҲНИТ дар чорчӯби қонун фаъолият кардааст, ба ин далел аз кишвар хориҷ шудани аъзоёни ҳизбро қабул надошт.. Вай мегуфт:  “Мо агар зиндонӣ ҳам шавем, ба обрӯву ҳайсият ва ҷойгоҳи мо зарба нахоҳад зад, чун ки мо ба хотири мубориза, ба хотири ҳамроҳи миллат будан, ба хотири хидмат ба мардум ба зиндон меравем, на ба хотири кадом ҷинояте.”

ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Давлатов Абдукахор Абдукаримович 5 августи соли 1975 деҳаи Панҷсолаи дуюми ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Румӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Таҳсилот:

Абдуқаҳҳори Давлат дар солҳои 1982-1992 мактаби миёнаи рақами 7-и зодгоҳашро хатм карда, сипас дар солҳои 1992-1993 таҳсилоти худро дар Техникуми савдои шаҳри Душанбе идома медиҳад.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ бо хонавода ва садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Афғонистон ҳиҷрат карда, сипас барои таҳсил ба Покистон сафар кардааст. Солҳои 1994-1997 дар шаҳри Пешовари Покистон Донишкадаи омодасозии омӯзгорон ба номи Имом Абуҳанифа (р)-ро бо забони арабӣ хатм кардааст.

Абдуқаҳҳори Давлат пас аз баргашт ба Тоҷикистон дар соли 1998 дар бахши ғоибонаи Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд ва соли 2004 ин факултаро ба анҷом расонид.

Ҳамзамон тайи солҳои 2005-2009 дар факултаи Иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳсил кард.

ФАЪОЛИЯТ:

  • 1996-1997 муҳаррири масъули маҷаллаи «Ҷайҳун» (бо забони арабӣ).
  • 1998-2000 ёвари директори Хабаргузории илмию таҳлилии «Мизон».
  • 2001-2002 сармутахассиси Маркази матбуоти Вазорати саноати ҶТ.
  • 2003-2004 ёвари директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи «Тоҷиктекстил».
  • Аз соли 2004 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот»-и ҲНИТ ва аз соли 2008 раиси шӯъбаи табъу нашри ҲНИТ.
    ҲАМЗАМОН:
  • 1999-2000 котиби Дастгоҳи иҷроияи ҲНИТ.
  • 2001-2004 муовини раиси шӯъбаи кадр ва омӯзиши сиёсии ҲНИТ.
  • Аз соли 2007 то замони боздошт дар соли 16-09-2015 директори Маркази иттилоотиву таҳлилии «Пресс-панорама» бар уҳда дошт.

Абдуқаҳҳори Давлат дар баробари хуб донистани забони модариаш донанда ва мутарҷими хуби забонҳои арабӣ, русӣ ва англисӣ низ ҳаст. Вай оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад.

11 ҳазор сомонӣ нархи озодӣ барои “салафӣ”-ҳо

0

Мақомоти адлияи Тоҷикистон дар арафаи қабули “афви тиллоӣ” аз наздикону хонаводаҳои зиндониён аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ ришва талаб мекунанд.

Насим Давлатов, муҳоҷири кории тоҷик дар тамос бо “Аздо тв” гуфт, як ҳамкораш, ки дар Русия якҷоя кор мекунанд бародарашро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” барои 7 сол равонаи зиндон кардаанд, ва ҳоло шомили афви навбатӣ шудааст, вале “маъмурони зиндон хонаводаи онҳоро маҷбур кардаанд, ки 11 ҳазор сомон биёранд баъд бародарашро озод мекунанд”.

Ба қавли манбаъ, вай ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, 4 солро дар зиндон гузаронидааст ва акнун шомили афв шудааст, вале мақомот маблағи зиёд талаб доранд.

“Ин бечора ҷавон аст, аз дирӯз боз аз чандин нафар қарз карда ба хонаашон фиристод, то бародарашро аз зиндон раҳо кунанд”, – мегӯяд манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки ришваситонии мақомоти корҳои дохила ва маъмурони зиндонҳои кишвар борҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфта буд, дар арафаи афвҳо мақомот парвандаҳои зиёдеро боз мекунанд. Ба назари Раҳбари ПМТ мақомот аз чунин корашон ду фоида ба даст меоранд: яке ин ки дар омор нишон бидиҳанд, ки мақомот фаъолият мекунад ва давоми як сол ҷиноятҳои зиёдеро ошкор карда тавонист, фоидаи дуюм ин аст, ки аз нафарони боздоштшуда маблағҳои зиёдеро дар ҳама марҳила меситонанд, ки ин ба нафъи мақомот аст.

Қонуни афв дар Тоҷикистон ҳар чанд сол як маротиба дар афараи баъзе ҷашну маросимҳои миллӣ ва давлатӣ қабул мешавад, ва дар натиҷа ҳазорҳо маҳбус озод ва ё муддати зиндонашон кам карда мешавад. Имсол низ ба муносибати 30-солагии Ҷашни истиқлол афви маҳбусон дар назар аст.