18.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 548

“Мошный бизнес” дар зиндони нав

0

Даҳҳо нафар дар зиндони нав бо сабабҳои риъоя нашудани қоидаҳои гигиенӣ, обҳои ифлос, хӯрокҳои номуносиб ва аз меъёр зиёд ғунҷондани маҳбусон дар ҳуҷраҳо масмум шудаанд.

Ба гуфтаи ҷамъе аз пайндони зиндониён ҳуҷраҳои маҳбусони интиқолёфта ба зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат аз камобӣ, оббозӣ накардан ва надоштани либосҳои алоҳида барои иваз кардан тамоми фазои ҳуҷраҳои маҳбасро бадбӯй кардааст.

Сурат: аз дастовезҳои мардум барои зиндониён

Тибқи иттилои манобеи Аздо тв, дар зарфи беш аз ду ҳафтае, ки маҳбусон ба зиндони нав интиқол ёфтаанд, аз оддитарин шароити будубош дар зиндон маҳрум ҳастанд. Онҳо на оби тозаи ошомиданӣ доранд ва не хӯроки маъмулие, ки ишкамашонро сер кунанд.

Як манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, зиндониён пас аз ду ҳафтаи кӯчонида шудан ба зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат бо хонаҳояшон тамос гирифта аз танқисии оби ошомиданӣ шикоят карданд.

Ба гуфтаи ӯ, шароити зиндони нав бадтар аз шароити зиндони куҳна будааст. Ва онҷо онҳо на об доранду на хӯроки хуб.

“Мо пештар ҳар ду ҳафта пас ба маҳбусамон либосҳои тоза мебурдем ва либосҳои чиркини ӯро оварда мешустем ва боз бурда медодем, аммо ҳоло ду ҳафта мешавад, ки онҳо дар тан як либос доранд. Маҳбусон ҳатто оби тоза барои нӯшидан надоранд, куҷо расад об барои либосшӯӣ”, – афзуд манбаи “Аздо тв”.

Ҳамзамон беш аз 10 манбаъ ба Аздо тв гуфтанд, ки аз зиндони нав (рақами 3/1 маъруф ба “кирпичний”) дар шаҳри Ваҳдат ба онҳо тамос гирифта хоҳиш кардаанд, ки барояшон оби ошомиданӣ, косаву қошуқ ва плитаҳои сенсорӣ биоранд.

Аммо вақте наздикону пайвандони зиндониён дастовез (дачка)-ҳои худро ба назди зиндонбонҳо мебаранд, зиндонбонҳо дар ивази интиқоли ҳар дастовез аз мардум аз 20 то 50-60 сомонӣ пул меситонанд.  

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, зиндонии сиёсӣ ба Аздо тв гуфт: Бузургмеҳр Ёров аз пайвандонамон хоста, ки барояш коса, қошуқ, табақ ва лавозимоти гигиенӣ биёранд.

Инчунин Шуҳрати Раҳматулло, фарзанди зиндонии сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб дар суҳбат ба Аздо тв гуфт, пайвандонамон аз субҳи имрӯз то ҳол дар назди зиндон ҳастанд, то дастовезҳои худро ба падарам бирасонанд. Аммо азбаски навбат зиёд аст ва дар ин васат афроди бенавбат ҳам ворид мешавад, мо маҷбурем, ки то бегоҳ интизор бошем, зеро падарам гуфтанд, ки оби ошомиданӣ надоранд, мо 10 лирт об овардем, навбати мо 145-ум нафар сабт шудааст, интизор мешавем, то об ва ашёи дигарро ба ӯ бирасонем.  

Ҳамзамон ҳамсари яке аз зиндониён дар суҳбат ба мо гуфт, шавҳараш дар ин зиндон аст ва тайи ду ҳафтаи ахир бо як либос нигаҳдорӣ мешавад ва аз сабаби он, ки дар як ҳуҷра аз меъёр зиёд нигаҳдорӣ мешаванд ва тармими ҳамомҳояшон нотамом аст, натавонистааст то ҳол оббозӣ кунад. Инчунин хамираи дандон, собун ва ашёи гигиении шахсӣ низ талаб кард.

Ба қавли манбаъ, оне, ки пештар мақомот гуфта буданд, дар як ҳуҷра 10-нафарӣ ҷойгир мекунанд, дурӯғ будааст. Ҳоло дар ҳуҷраҳо аз 20 то 120 нафарро ҷой кардаанд.

Мақомот пеш аз интиқоли маҳбусон ба зиндони нави шаҳри Ваҳдат гуфта буданд, ки онҷо тибқи стандартҳои байналмиллалӣ сохта шуда, аз ҳама нигоҳ аз зиндонҳои Тоҷикистон беҳтару шароити хубтар дорад. Аммо шикояти маҳбусон аз беобӣ, 120-нафарӣ дар ҳар ҳуҷра, дар шароити сахт нигаҳдории онҳо акси гуфтаҳои мақомотро бозгӯ мекунад.

Тамосҳои ба такрори Аздо тв ба Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бенатиҷа боқӣ монд.

Русия: Изи ангуштсупории муҳоҷирон ҳамтӣ мешавад

0

Дар декбари соли ҷорӣ барои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва онҳое, ки барои беш аз 90 рӯз ба Русия сафар мекунанд, супоридани изи ангушт ва имтиҳон аз забони русӣ ва таърихи Русия ҳатмӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои ТАСС , “29-уми декабри соли 2021 қонуни федералӣ эътибор пайдо мекунад, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷие, ки барои ҷустуҷӯи кор ба Федератсияи Русия омадаанд ва инчунин ҳамаи дигар категорияҳои хориҷиёне, ки барои беш аз 90 рӯз ба Русия сафар мекунанд, супоридани изи ангушт ҳатмӣ мешавад.”

9-уми июли соли ҷорӣ лоиҳаи ин қонун аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Русия таҳия ва пешниҳод шуда буд ва он аз 29 декабр эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Тибқи муқаррароти мавҷуда назорат аз болои ин қонуни федералӣ пурзӯр карда мешавад ва муҳоҷирон аз забони русӣ ва таърихи Русия имтиҳон месупоранд.

Илова бар ин, барои ҳар як шаҳрванди хориҷӣ як ҳуҷҷати махсуси электронӣ ҷорӣ карда мешавад, ки он дорои маълумотномаи электронӣ барои иттилоот пешбинӣ шуда, барои шиносоии сад дар сади муҳоҷирон мусоидат мекунад.

Қаблан Русия аз норасоии нерӯи корӣ хабар дода, муовини сарвазир Марат Хуснуллин гуфта буд, ки тақрибан 5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ бояд то соли 2024 ба сохтмонҳои Русия ҷалб карда шаванд.

Месси Барселонаро тарк кард

0

5-уми август, Барселона эълон кард, ки Мессии 34-сола бинобар монеаҳои молиявӣ ва сохторӣ маҷбур аст, клубро тарк кунад.

Қарордоди Месси бо Барселона моҳи июли соли ҷорӣ ба поён расид. Дар саҳфаҳои расмии ин даста омадааст, ки бо вуҷуди алоқамандии зиёди тарафҳо, ки Месси дар Барселона(Барса) бимонад, ба далели “монеаҳои молӣ ва сохторӣ”-и марбут ба меъёрҳои лигаи футболи Испания, мондани Месси дар Барса ғайриимкон аст.

Тамдид нашудани қарордоди Месси ба коҳиши даромади “Барселона” рабт дорад. Ба навиштаи “Sports.ru”, Барса дар мавсими гузашта 671 миллион евро танҳо барои маоши футболбозон масраф кардааст ва бояд ин маблағ то ба 383 миллион евро коҳиш дода шавад.

Бо ба охир расидани қарордод, Месси розӣ шуда буд, ки дар клуби каталонӣ бо маоши кам боқӣ бимонад, аммо ӯ мемонд ё не, аз он вобаста буд, ки “Барселона” метавонад дигар бозигаронро фурӯшад ( ин ҳадди ақал як қисми монеаҳои молиявие мебошад, ки дар хабари расмӣ зикр шудааст).

Месси соли гузашта пеш аз ба охир расидани қарордодаш кӯшиш карда буд, ки Барселонаро тарк кунад, аммо дар ниҳоят тасмим гирифт, ки дар он бимонад.

Ситораи футбол бозии худро дар куҷо идома медиҳад то ҳол маълум нест. Қисме аз сомонаҳои варзишӣ мегӯянд, ки Месси метавонад ба дастаи “Манчестер Сити” -и Англия ба назди Пеп Гвардиола, ки солҳои 2008-2012 сармураббии “Барселона” буд, гузарад. Ҳамчунин қисме аз расонаҳо менависанд, ки Лео ба ПСЖ назди ҳамдастаи собиқи худ Неймар меравад.

То ҳол ягон бозигари Барса ба рафтани Месси вокуниш нишон надодааст. Ба навиштаи евроспорт танҳо ду вариант вуҷуд дорад: ё бозигарони Барселона аз ҳолати шок набаромада, бовар надоранд, ки ин ҳодиса рух додааст, ё назарияи мухлисон аст, ки Барселона бо ин амалаш мехоҳад болои президенти Ла Лига Хавер Тебас фишор орад ва Месси ҳеҷ куҷо намеравад.

Месси дар Барселона солона беш аз 90 миллион евро маош мегирифт. Маҷаллаи “Forbes” соли гузашта Леоро дар сархати феҳристи гаронарзиштарин футболбозони ҷаҳон қарор дода буд.

Лео Месси дар синни 13 -солагӣ ба Барселона омада буд. Вай аз соли 2004, яъне аз 17 солагӣ дар дастаи асосии Барселона бозӣ мекунад. Дар ҳайати каталониҳо, Месси даҳ маротиба чемпионати Испания, чор маротиба Лигаи чемпионҳо, 6 маротиба “туби тиллоӣ”, 6 маротибаи дигар “кафши тиллоӣ” ва чандин ҷоизаҳои дигарро ба даст оварда,дар тӯли ин 17 мавсим танҳо аз дастаи Барселона ба дарвозаи рақибон 672 гол задааст.

Юсуф Раҳмон: Мухолифин ба нишастҳои САҲА роҳ дода нашаванд

0

Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар суҳбат бо АЗДО ТВ нашр ва бозтоби ахбори марбут ба сафарҳои прокурори генералии кишвар дар Иттиҳодияи Аврупоро “манфиатдор” хонд.

5-уми август, Муовини раҳбари ПМТ дар робита ба ин ки, чаро ҷониби мақомоти кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сафар ва мулоқотҳои Юсуф Раҳмонро камтар пӯшиш медиҳанду тарафи Тоҷикистон зиёдтар, гуфт, ҷониби Тоҷикистон манфиатдор аст, ки сафарҳо ва мулоқотҳои додситони кулли кишварро ба таъхир ҳам бошад, нашр ва бозтоб кунад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни сафарҳояш ба Аврупо аз намояндагони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) хост, ки “шахсони ҷиноятпеша”-ро дар чорабиниҳои худ роҳ надиҳанд.

Пеш аз ин Ҳукумати Тоҷикистон барои иштироки намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва “Гурӯҳи 24” дар нишастҳои солонаи САҲА дар Варшаваи Лаҳистон борҳо аз ин созмон норозигӣ карда буд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон прокурори генералии кишвар дар сафари худ ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо чанде аз масъулони баландпояи ИА мулоқот анҷом дода, масъалаи боздошт ва таслими шахсони дар пайгард қарордошта, роҳ надодани “шахсони ҷиноятпеша” дар чорабиниҳои САҲА ва ғайраро баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои манбаъ, 2-уми август Юсуф Раҳмон ба кишвари Австрия сафар дошт ва бо директори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур хонум Купчина Елена Николаевна дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Маркази матбуоти прокуратураи генералии кишвар хабарҳои сафари додситонии куллро як ё ду рӯз баъд аз вақташ нашр мекунад.

Дар ҳамин ҳол бархе мухолифин бар ин назаранд, мақомот хавфи онро доранд, ки агар замон ва макони сафарҳои додситони кул дар ИА аз қабл эълон шавад, ба эҳтимоли зиёд мухолифон он ҷо таҷаммуъ хоҳанд кард ва зидди ҳукумат шиорпартоӣ мекунанд.

Суқути чархбол дар Ванҷ

0

Дар натиҷаи садамаи чархболи тамғаи МИ-8 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, 1 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба иттилои Asia-plus, 4-уми августи соли ҷорӣ ин чархбол дар ҳайати 5 нафар барои наҷоти сайёҳони рус рафта буд.

Дар хабар омадааст, ки чархболи тамғаи МИ-8 тахминан соатҳои 12:10-и рӯзи 4 август аз хатсайри ҳавоӣ нопадид гашта, дар деҳаи Пои Мазори ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ-и ВМКБ, ҳангоми фурудоӣ дар пиряхи Хирсон, дараи Абдулқаҳор ба садама дучор шудааст.

Хабари суқути чархболи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, қисми амалии машқҳои муштараки неруҳои мусаллаҳи Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон имрӯз оғоз шуд. Дар ин тамринҳо 2,5 ҳазор низомиёни се кишвар иштирок мекунанд.

Баргузории маросими таҳлифи президенти Эрон

0

5-уми август, Тоҷикистонро дар маросими таҳлиф(савгандёдкунӣ)-и президенти ҷадиди Эрон раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода намояндагӣ мекунад.

Маҳмадтоир Зокирзода як рӯз пеш аз маросими савгандёдкунӣ бо раиси ҷумҳури навини Эрон Иброҳим Раисӣ дар Теҳрон мулоқот кард ва дар корҳои ӯ барору бурдуборӣ таманно намуд.

Маросими таҳлифи президенти Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузури 115 намояндаи воломақом аз 73 кишвари дунё баргузор мегардад. Қарор аст дар ин маросим 10 нафар аз сарони кишварҳо, 20 нафар раиси парлумон, 11 вазири хориҷа, 11 нафар аз раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ва ғайра ширкат кунанд.

Иброҳим Раисӣ 8-умин президенти Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки дар 13-ҳумин даври интихоботи президентӣ дар ин кишвар барандаи интихобот эълом шуд.

Оғози даври сеюми воксинагирӣ дар Фаронса

0

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки зоҳиран барои пиронсолон ва нафарони осебпазир вояи сеюми ваксина аз коронавирус лозим мешавад. Макрон дар ин бора дар Инстаграми худ хабар дод.

Президенти Фаронса мегӯяд, ки “мо метавонем гузаронидани вояи сеюми ваксинаро аз аввали тирамоҳ шурӯъ кунем”.

Қаблан ҳукумати Фаронса гуфта буд, ки мавҷи чоруми пандемия тамоми кишварро фаро гирифтааст. Тибқи маълумоти охир, дар Фаронса 6 миллиону 26 115 нафар ба коронавирус сироят ёфта, 111 ҳазору 695 бемор фавтидаанд.

Макрон инчунин тавсеаи рӯйхати ҷойҳоеро эълон кард, ки танҳо бо пешниҳоди “шиносномаи саломатӣ”(ҳуҷҷате, ки воксин гирифтани шахсро бар зидди коронавирус тасдиқ мекунад) ворид шудан мумкин аст. Илова бар ин, раҳбари Фаронса ҳушдор дод, ки бархе аз категорияҳои шаҳрвандон бечунучаро эм хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбеи гузашта дар саросари Фаронса, беш аз 200,000 нафар дар тазоҳурот алайҳи нақшаҳои ҳукумат барои тавсеаи эътибори шиносномаҳои саломатӣ (COVID-паспортҳо) ширкат карданд.

Сарфи назар аз эътирозҳои қаблӣ, шаби 26-уми июл парлумони Фаронса қонунеро тасвиб кард, ки муаррифии “шиносномаи саломатӣ” -ро дар тарабхонаҳо ва сафарҳои дохилӣ дар саросари кишвар талаб мекунад ва инчунин ҳамаи кормандони тибро ба ваксинзанӣ водор мекунад.

Эммануэл Макрон дар ҳоле аз вояи сеюми ваксина мегӯяд, ки раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи чоршанбеи 4-уми август даъват кард, ки ҳадди ақал то охири моҳи сентябр задани ваксинаҳои иловагиро бар зидди COVID-19 қатъ кунанд.

Бо вуҷуди авҷ гирифтани мавҷи ҷадид дар Тоҷикистон мақомот табибонро ба масҷидҳо мефиристанд, то баъди намози ҷумъа мардумро маҷбурӣ ваксина бизананд. Ҳолатҳое ҳам дар кишварамон сабт шудааст, ки табибон дар ба дари хонаҳои мардум гашта, аз шаҳрвандон илтимос мекунанд, то ваксина бигиранд.

Бино бар иттилои Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон, то кунун бештар аз ним миллион нафар ваксина гирифтаанд. Тибқи оморҳои расмӣ аз моҳи апрели соли 2020 то 2-юми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бештар аз 15 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 121 нафар аз ин беморӣ фавтиаанд. Омори расмие, ки бисёриҳо ба он шубҳа доранд.

Ҳамла ба хонаи вазири дифоъ

0

Шаби сешанбе ба чоршанбе ба хонаи вазири дифои Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ҳамла сурат гирифт, ки дар натиҷа 8 кушта бо шумули як нигаҳбони вазири дифоъ ва 20 нафар захмӣ шуд.

Вазорати дохилаи Афғонистон дар изҳороташ гуфт, ҳамлаи мазкур рӯзи сешанбе соати 8-и шаб ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Шерпури маҳаллаи даҳуми амниятии шаҳри Кобул рух дод. Тибқи иттилои Вазорати дохила дар назди хонаи вазири дифоъ нахуст мошини бобмгузоришуда бо миқдори зиёди маводи тарканда метаркад, сипас чаҳор муҳоҷим бо нигаҳбонон даргир мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми таркиш оқои Муҳаммадӣ ва хонаводааш дар хона ҳузур надоштанд. Ҳамчунин дар ҳамсоягии оқои Муҳаммадӣ низ хонаи чанд вакили парлумони Афғонистон осебҳои зиёд дидаанд.

Тибқи манобеи маҳаллӣ, пас аз таркиш нерӯҳои амниятӣ ба макони ҳодиса расиданд ва даргирӣ байни муҳоҷимон ва нерӯҳои амниятӣ то аз по даровардани муҳоҷимон ба муддати 5 соат тӯл кашидааст.

Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифта ва гуфтаанд, ки ин оғози ҳамлаҳо ба шаҳри Кобул ва шахсиятҳои калидии Афғонистон аст. Толибон гуфтаанд, ки дар хонаи вазири дифоъ ҷаласае бо ҳузури Аҳамади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд мегузашт, ки онро ҳадаф қарор дода буданд. Вале манобеъ мегӯянд, дар хона касе набудааст.

Ин таркиши мудҳиш дар минтақаи сабзи амниятии Кобул суолҳоеро дар зеҳни мардум халқ карда, ки ҳамла дар ин минтақа чӣ гуна сурат гирифтааст?

Раҳимзода аз боздошти аъзои ПМТ хабар доду Кабирӣ рад кард

0

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, дар шашмоҳи аввали соли ҷорӣ ду сӯиқасди бо амали террористӣ ва як амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби ҲНИТ ва ДОИШ амалӣ шудаанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллӣ (ПМТ) ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ин иддаои вазирро рад карда гуфт: ин як таблиғоти ҳукумат ва сӯиистифодаи мақомот аст, мо дар дохили кишвар ҳеч барнома ва аъзое на аз ПМТ ва на ҲНИТ надорем.

Инчунин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 4-август зимни нишати хабарии ниҳодаш гуфт, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 526 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян ва ошеор карда шудааст.

Тибқи гуфтаи вазир танҳо давоми шаш моҳ 3301 нафар барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта дар пайгарди расмӣ қарор дода шудааст.

Ҳафиззода Шодӣ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ як сӯиқасд ба амали террористӣ дар ноҳия Ваҳдат, як сӯиқасд ба амали террористӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва як амали террористӣ дар шаҳри Исфара пешгирӣ карда шудааст.

Бино ба маълумоти сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳамаи ин амалҳо аз ҷониби аъзои ҲНИТ ва ДОИШ иҷро шудаанд. Аммо дақиқ гуфта нашуд, ки кадоме аз ин ҷиноятҳоро аъзои ҲНИТ ва кадомеро ДОИШ амалӣ кардан мехост.

Инчунин вазири корҳои дохилаи кишвар зимни суханронияш дар ҳузури хабарнигорон аз боздошт шудани 143 нафар бо гумони террористӣ хабар дод.

“Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар

“Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар

“Салафия” – 45 нафар

“Гурӯҳи 24” – 13 нафар

ҲНИТ – 6 нафар

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” – 2 нафар

“Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар

“Ал-Қоида” – 3 нафар

“Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар

Ҳаракати исломии Узбекистон – 18 нафар

Паймони миллии Тоҷикистон – 14 нафар.

Бори аввал аст, ки аз боздошти аъзои ПМТ дар нишасти матбуотӣ хабар дода мешавад. Аммо то кунун хабаре дар бораи дастгир шудани аъзои ПМТ дар расонаҳо нашр нагардида буд. Вазорат ҳам ному насаби онҳоро нагуфт.

Дар ҳамин ҳол раҳбари ПМТ, Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо “Аздо тв” дастгир шудани аъзоёни худро рад кард. Ӯ ин изҳороти вазорати дохиларо таблиғоти ҳукумат донист ва афзуд, ки дар дохили кишвар ҳеч барнома ва аъзое надоранд.

“Мақомоти кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ҷомеаро дар ҳолати тарсу фишор нигаҳ бидоранд ва натанҳо ҳизбу созмонҳои марбут ба мо, балки бисёре аз ҳизбу созмонҳои дигаре, ки дар рӯйхати созмонҳои мамнуъ ворид шудаанд, пайваста аз номи онҳо шаҳрвандонро парванда боз мекунанду зиндонӣ мекунанд ва суиистифода аз ин рӯйхатҳо мешавад.”, – гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Ӯ дар идома афзуд, ки ҳамеша дар арафаи афвҳо мақомот ин гуна парвандаҳоро зиёд боз мекунанд. Ба назари Раҳбари ПМТ мақомот аз чунин корашон ду фоида ба даст меоранд: яке ин ки дар омор нишон бидиҳанд, ки мақомот фаъолият мекунад ва давоми як сол ҷиноятҳои зиёдеро ошкор карда тавонист, фоидаи дуюм ин аст, ки аз нафарони боздоштшуда маблағҳои зиёдеро дар ҳама марҳила меситонанд, ки ин ба нафъи мақомот аст.

Дар умум созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро борҳо ба он муттаҳам каданд, ки бо баҳонаи терроризм ва экстремизм нафарони зиёди бегуноҳеро боздошт ва равонаи зиндон мекунад, ки дар асл баъзе аз онҳо нисбати он гурӯҳ ва ё ҳаракат ҳатто маълумоти ибтидоӣ ҳам надоранд. На номи он гурӯҳҳоро медонанд ва на аз барномаҳои онҳо хабар доранд.

Литва муҳоҷирони ғайриқонуниро бозпас мефиристад

0

Бо қарори Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Литва тамоми муҳоҷирони ғайриқонунӣ бозпас фиристода мешаванд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Литва хабар медиҳад.

Агне Билотайте сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи давлатии Литва ба ҳама муассисаҳое, ки ҳифзи сарҳади ин кишварро таъмин мекунанд, дастур дода, ки бояд барои муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Литва тамоми чораҳои заруриро андешанд ва барои вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Литва шароит фароҳам наоранд.

Билотайте мегӯяд, сарҳади Литва бояд бо ҳама воситаҳои қонунӣ аз ҳама гуна убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ муҳофизат карда шавад. Инчунин афзуд, Хадамоти марзбононии давлатӣ вазифадор ҳаст, ки дар чунин ҳолатҳо аз чораҳои тактикӣ истифода барад.

“Шахсоне, ки қасдан ва дидаву дониста ғайриқонунӣ сарҳади давлатиро дар ҷойҳои мамнӯъ қасди убур мекунанд, бояд ҷинояткор дониста шаванд”, – мегӯяд Агне Билотайте.

“Дар Литва раванди пешниҳоди дархости паноҳандагӣ мавҷуд ҳаст, ки онро метавон тавассути убури қонунии сарҳад ва риояи талаботи байналмилалӣ ба даст овард”, таъкид шудааст дар қарор.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Литва, Габриелиус Ландсбергис низ аз муҳоҷирон даъват карда буд, ки дар омадан ба Аврупо роҳҳои қонуниро биҷӯянд, дар ғайри он муҷирим шинохта шуда, бозпас фиристода мешаванд.

Инчунин вазир сабаби зиёд шудани шумораи муҳоҷирони ғайриқонуниро, ки дар ин кишвар ба як буҳрон печидааст, Беларусро гунаҳкор ҳисобида президент Лукашенкоро ба қоҷоқи ғайриқонунӣ муттаҳам донист.

Охири моҳи май президенти Беларус, Александр Лукашенко таҳдид кард, ки назоратро бар болои қочоқ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар робита ба фишори Арвупо ба Минск (пас аз ҳодисаи ҳавопаймои “Ryanair”) суст мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Литва, аз аввали соли ҷорӣ 3832 муҳоҷир ғайриқонунӣ аз марзи Беларус ба хоки Литва ворид шудаанд, ки назар ба соли 2020 якчанд маротиба зиёдтар аст.

Мақомоти Литва ҷалби муҳоҷирони ғайриқонуниро усули ҷанги гибридӣ аз сӯи Беларус ба Иттиҳоди Аврупо номид.

Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии Литва, ки Хадамоти марзбонӣ тобеи он аст, дирӯз 3 – август ҳудуди 180 муҳоҷирро, ки аксари онҳо шаҳрвандони Ироқ ҳастанд, ба сарҳади Беларус бозпас гардонида шуданд.