26.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 554

Сокинон иддао доранд, ки раиси ҷамоат ва коркунони он ғайриқонунӣ замин мефурӯшанд

0

Дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара сокинон аз заминфурӯшии раиси ин ҷамоат ва дигар мақомдорон шикоят доранд.

Чанд сокини ҷамоати мазкур бо ирсоли аксу наворҳо ба “Аздо тв” гуфтанд, ки раисони собиқи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, Аҳмадов Обид ва Мусоев Субҳон ва раиси кунунии ин ҷамоат Аҳмадов Сарвар ва муовини ӯ Ҷумъаев Баҳодур чандин биноҳои давлатӣ, ки махсуси ин ҷамоат будаанд ва заминҳои дигарро ғайриқонунӣ фурӯхтаанд.

Ин сокинон мепурсанд, ки чаро то кунун аз ҷониби Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон пеши роҳи инҳо гирифта ва ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Бино ба гуфтаи манобеи “Аздо тв”, Аҳмадов Обид, собиқ раиси ҷамоати Сурх (аз соли 1995 то 2000) китобхонаи ҷамоатро фурӯхтааст ва то ба ҳол ин ҷамоат китобхона надорад.

Сокинони ҷамоати мазкур ба собиқ раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ариза навишта аз набуди мактаб шикоят карда, талаб намуда буданд, ки ба онҳо заминеро барои сохтани мактаб бидаҳанд.

Тибқи аризаи сокинон дар ин ҷамоат наздики 2500 донишомӯз будааст, ки дар ду мактаб таҳсил мекардаанд, дар ҳар синф аз 35 то 40 нафарро ҷой мекардаанд, ки ин ба талаботи таълим рост намеояд.

Сокинон дар аризаи худ навиштаанд, “Мактаби №29-и деҳа, ки барои 1200 нафар пешбинӣ шудааст, 1700 донишомӯз дорад ва мактаби №56-и ин ҷамоат, ки барои 500 нафар ҷой дорад, алҳол 713 нафар таҳсил доранд. Аз сабаби зиёд будани дошиомӯзон ҳуҷраҳои фаннӣ ва ошхонаҳо ба синфхона табдил дода шудаанд. Мувофиқи реҷаи омӯзиши азхудкунӣ бояд дар як синф то 25 нафар таҳсил кунад, вале аз сабаби камбуди ҷой дар мактабҳои мазкур дар як синф 35-40 нафар таҳсил доранд, ки ин ҷавобгӯйи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи маориф ва илми ҶТ” нест”.

Ба даъвои манобеи “Аздо тв” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтани мактаб дар деҳаи “Ҳазорчашмаи” ҷамоати Сурх замин ҷудо шуда буд, вале баъдтар онро раиси ҷамоат ғайриқонунӣ ба дигарон фурӯхтааст.

Сокинон ҳамчунин аз бедодгарии муовини раиси ин ҷамоат Ҷумъаев Баҳодур шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати “Аздо тв” Ҷумъаевро Саломзода Сиҷоуддин, собиқ раиси шаҳри Исфара соли 2018 бо сабаби дар ҳолати мастӣ ба маҷлиси шаҳрӣ ворид шуданаш аз кор озод кард, аммо баъд аз рафтани раиси шаҳри Исфара аз мансаб боз бо додани пора муовини раиси ҷамот таъйин шуд.

Ин сокин мегӯяд, на раиси феълии ҷамоат Аҳмадов Сарвар ва на муовинаш Ҷумъаев Баҳодур ҷое таҳсил накардаанд ва маълумоти олӣ надоранд. Аҳмадов Сарвар дар давоми чанд соли корияш ҳамчун раиси ҷамоати деҳоти Сурх, чандин маконҳо, аз ҷумла Кулуби деҳа ва замине, ки барои мактаб аз тарафи Ҳукумати шаҳри Исфара ҷудо шуда буд ва боз чанд замину масҷиду ғайраро фурӯхтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Аҳмадов Сарвар баъд аз фурӯхтани як биное, ки меҳмонхонаи масҷид будааст ва дар он дегу табақ ва дигар ашёи марбут ба масҷиди деҳа нигаҳдорӣ мешудааст, соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии зидди фасоди вилояти Суғд боздошт мешавад, аммо чанде пас бо додани 10 ҳазор $ пора раҳо шуда боз ба кори худ баргаштааст.

Яке аз шикоятҳои дигари сокинони ин ҷамоат ин аст, ки Аҳмадов Ҳасан, амаки раиси ҷамоати деҳоти Сурх, Аҳмадов Сарвар барои муроҷиаткунандагон як варақчаи маълумотнома ва ҳар санадеро аз 7 то 10 сомонӣ мефурӯшад.

Барои бақайдгирии ақди никоҳ аз 500 то 1000 сомонӣ ва барои шаҳодатномаи таваллуд аз 200 то 400 сомонӣ аз сокинон мегирад. Ба гуфтаи манбаъ, дар аксар ҳуҷҷтҳо қасдан як ҳарфро ба ивази ҳарфи дигар ё таърихи рӯзро хато менависад ва вақте корафтодагон дуюмбора муроҷиат мекунанд, боз ҳамон маблағро талаб мекунад.

Хабарнигори “Аздо тв” ба ҷамоат деҳоти Сурх тамос гирифт, вале касе ба тамос посух надод. Тасдиқи ин маълумот то ҳол аз ҷониби раиси ҷамоат ва ё дигар масъулин дастрас нашудааст, дар ҳолати вокуниш ва ё дастрас шудани шикояти ҷониби дигар “Аздо тв” онро нашр хоҳад кард.

Кумаки навбатии 105 млн доллари БОР ба Тоҷикистон

0

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 105 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт медиҳад. Дар ин бора имрӯз 3-юми март Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар парлумон гуфт.

Гуфта мешавад, ин маблағ барои “рушди соҳаи энержӣ” ва “коҳиши талафоти нерӯи барқ” равона мешавад.

Ҳамчунин вазир қайд кард, ки аз ин ҳисоб хариду насби 398 ҳазор ҳисобкунакҳои муосир пешбинӣ шудааст. Аз ин гранти ҷудо намудаи Бонки Осиёии Рушд 70 миллион доллари он барои коҳиши талафоти барқ ва рушди низоми биллингӣ ва боқимонда ба бахшҳои дигари арсаи энержӣ харҷ мешавад.

Ин грант ба Ҳукумати ҶТ дар ҳоле ҷудо шуда истодааст, ки шаҳрвандони ин кишвар ба мушкилии норасоии барқ рӯбарӯ ҳастанд ва дар бештари манотиқи кишвар расман лимит ҷорӣ шудаст.

Шурӯъ аз моҳи июли соли 2018 чархаи аввалини нерӯгоҳи “Роғун” сохта ва ба истифода дода шуд. Он замон худи Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки дигар лимити барқ ба охир расидааст ва мардум бебарқиро ба хотираҳо хоҳанд супурд.

Аммо сокинони кишвар мегӯянд, имсол бебарқӣ аз солҳои пешин ҳам бадтар шудааст. Дар баъзе манотиқи кишвар дар як шабонарӯз чор то панҷ соат барқ доранду тамом.

Дар Тоҷикистон лаҷоми Фейсбук кашида мешавад?

0

Шуруъ аз 2 марти соли ҷорӣ шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон ҳамчун ширкати андозсупоранда дар Кумитаи андоз сабт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, аз ин ба баъд шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба Ҳукумати Тоҷикистон андоз месупорад. Тоҷикистон қарори дар ҷузъи андозсупорандагон ворид намудани хизматрасониҳои электронӣ дар қаламрави кишварро охири соли 2020 қабул намуд. Ва аз “Facebook”, “Google” талаб намуд, ки андоз бисупоранд. Акнун тибқи ин қарори нав ширкатҳои хизматрасонии электронӣ муваззафанд худро дар Кумитаи андоз сабтином кунанд ва андоз супоранд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки “мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 17 декабри соли 2020, № 1744, шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд”.

Ба иттилои Кумита 2 марти соли 2021 ширкати “Facebook” худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анчом дода мешаванд, ба қайд гирифт.

Чанд вақти ахир масъалаи андоз супоридани шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистн доғ шуд. Айнан, замоне, ки сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур, қудои раисҷумҳур ин масъаларо бардошт. Он замон ин мақомдори давлатӣ, хусусан аз ҷониби корбарони Фейсбук интиқоди зиёд мешуд.

Ҳукумат ба далели ин ки ин хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Гугл дар баъзе давлатҳо аз даромадашон андоз месупоранд, мехоҳад, дар қаламравӣ Тоҷикистон низ андоз супоранд, вале ин иқдом аз ҷониби корбарон ва коршиносон мавриди интиқод қарор гирифт.

Додгоҳи Санкт-Петербург як ҷавони тоҷикро ба иттиҳоми терроризм зиндонӣ кард

0

Додгоҳи Санкт-Петербург нафареро, ки ба ҷалби террористон машғул буд равонаи зиндон кард. Дар ин бора “ТАСС” хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин сомона Додгоҳи Санкт-Петербург Исфандиёр Акрамовро бо иттиҳоми фиристодани ду нафар ба Сурия ва пайвастан ба созмони байналмилалии террористии “Давлати Исломӣ” гунаҳкор дониста, ба муҳлати 5.6 сол равонаи зиндон намуд.

Ҳамчунин дар як нишасти матбуотӣ аз идораи ФСБ дар шаҳр ва вилояти Ленинград гуфтанд, ки Исфандиёр Акрамов ҷазоро дар колонияи низоми умумӣ сипарӣ хоҳад кард.

Тавре, ки дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, Акрамов дар қаламрави Санкт-Петербург ду шаҳрванди Тоҷикистонро моил кард, ки ба Сурия раванд ва дар ҷангҳо ширкат варзанд. Исфандиёр барои кумак ба терроризм гунаҳгор дониста шуд.

Бино ба маълумотҳо Исфандиёр Акрамов зимистони соли гузашта аз ҷониби кормандони оперативии хадамоти махсус дар якҷоягӣ бо кормандони сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград боздошт шуда буд.

Ҳангоми боздошт ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд ва ба ҳабсаш дар додгоҳ эътироз накард. Кумитаи тафтишот қайд кард, ки ҳангоми кофтукоб аз ӯ 16 тир мусодира шудааст. Аммо адвокати ӯ Константин Тарасенко дар суҳбат бо “Коммерсант” аз қавли падари Акрамов гуфта буд, ки қаблан ҳангоми тозакунӣ ӯ дар ҳуҷраи писараш ҳеҷ тире наёфтааст.

Бародари Акрамов ҳамчун  ҷонибдори созмони террористӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Тибқи иттилои расонаҳо Акрамов солҳои 2006-2008 дар сафи нерӯҳои десантӣ дар Тула хидмати ҳарбӣ кардааст, пас аз он ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекард, аммо ҳангоми боздошт ӯ дар ҳеҷ куҷо кор намекардааст.

Парвозҳои доимӣ байни Душанбею Кобул ва Алмато барқарор шуд

0

Мақомоти Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон 2-юми март хабар доданд, ки Тоҷикистон парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Қазоқистону Афғонистон барқарор кардааст.

Тибқи иттилои ироа кардаи “Радиои Озодӣ” аз ин ниҳоди ҳавонавардии кишвар ин парвозҳо аз Душанбе ба Кобулу Алмато дар ҳафтае як маротиба дар назар гирфта шудаа аст.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, дар як ҷаласа дар Душанбе гуфтааст, “беҳбуди вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар” ба ин кор сабаб шуд. Дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои “Сомон Эйр”-у “Эйр Остона”, “Кам Эйр” ва “Белавиа” ҳузур доштаанд.

“муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар барои барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда пайдарпай парвозҳои байналмилалӣ барқарор карда мешаванд.”

Ҳамзхамон мақомот хабар додаанд, ки бештар кардани парвозҳои чартериро дар хатсайри Душанбе – Минск – Душанбе баррасӣ доранд.

Тоҷикистон аз моҳи марти соли гузашта дар пайи густариши бемории ҳамагир парвзҳо бо кишварҳои дигарро  қатъ кард.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳои мунтазамро ба роҳ мондааст. Аммо ончи бахши аъзами сокинон мунтазиранд, аз сар гирифтани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия аст.

Икром Субҳонзода, раҳбари ниҳоди ҳавонавардӣ дар Тоҷикистон пештар дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш гуфта буд,

“Чанде пеш дар Русия оид ба барқарор намудани парвозҳои мунтазам гуфтушунид доштем. Тоҷикистон ба барқарор кардани парвозҳои мунтазама аз 1 июн омода аст. Ин масъала ба вазъи эпидемиологӣ вобаста мебошад. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ дигар ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусу фавт аз он ба қайд гирифта намешавад. Ҷониби Русия ин масъаларо меомӯзад ва ҳалли масъала ба онҳо вобаста аст”.

Бо вуҷуди он ки Русия парвозҳои мунтазамро бо Қазоқистону Қирғизистон барқарор карда аст, аммо барои барқарор намудани парвозҳо бо Тоҷикистон шитоб намекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулон дар Тоҷикистон ва ҳатто расиҷмуҳур таъкид дорад, ки кишвар холӣ аз вируси корона аст, аммо Русия гуфта, чунин тасмимеро танҳо пас аз арзёбии вазъи эпидемиологӣ, марбут ба COVID-19 дар Тоҷикистон мегирад.

Дар пайи дархости сарвазир Қоҳир Расулзода дар сафари ахираш ба Маскав барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам масъулони рус гуфтанд, онҳо дар ибтидо гурӯҳеро аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон мефиристанд. Танҳо пас аз ин дар масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мунтазам фикр хоҳанд кард. Аммо ҳанӯз ҳам маълум нест, ин гурӯҳ кай ба Тоҷикистон меояд.

Ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои кору зиндагӣ аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд, вале имсол бо сабаби баста будани марзҳо қисми зиёди онҳо дар кишвар бекору даромад мондаанд.

Пашиниян ба муътаризон гуфт, омодааст интихоботи пеш аз мӯҳлат доир кунад

0

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 1-уми март дар миёни муътаризони тарафдораш розӣ шуд, ки барои поён додан ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар, интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор кунад.

Рӯзи 1-уми март Ереван пойтахти Ҷумуҳурии Арманистон якбора шоҳиди се роҳпаймоӣ шуд. Яке аз роҳпаймоиҳои шоми якуми март тарафдорони худи Пашинян буданд ва роҳпаймоии онҳо шабона идома ёфт ва шахсан аз ҷаноби Пашинян идора мешуд.

Пойгоҳи хабарии “Коммерсант” менависад, ки дар ин рӯз, сардори ҳукумати Арманистон ба мухолифон ҳамлаи ҷавобӣ нишон дод ва нишон дод, ки ӯ метавонад дар қудрат бошад ва ҳамзамон бар зидди мухолифон муборизаи комилан инқилобӣ барад.

Ба навиштаи “Коммерсант” Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 1 март дар муқовимати хиёбонӣ бо оппозисиюн пирӯз шуд. Никол Пашинян муваффақ аст, ки дар сиёсат кори ғайриимконро ба анҷом расонад. Ҳам қудратро дар ихтиёр дорад ва ҳам дар ҳолати зарурӣ фавран ба нақши инқилобчӣ бармегардад.

Рӯзи 1 март бо даъвати ӯ даҳҳо ҳазор ҷонибдоронаш майдони марказии пойтахти ҷумҳуриро пур карданд. Гирдиҳамоии тарафдорони сарвазир дар ҳоле сурат гириф, ки дар ин рӯз аз ҷониби мухолифони ҳукумати Пешинян дар назди парлумон гирдиҳамоҳӣ идома мекард.

Ин гирдиҳамоиҳоро мухолифони муттаҳидшудаи ҳукумати Пашинян ба номи “Ҳаракат барои наҷоти Ватан” роҳандозӣ карданд ва дар он ҳазорҳо нафар тарафдорони ба истеъфо равон кардани сарвазир иштирок доштанд. Аммо расонаҳо навиштанд, ки ҷонибдорони Пашиня бештар буданд ва барои Никол Пашинян муҳим буд, ки нишон бидиҳад, аз пуштибонии мардум ҳануз ҳам бархӯрдор аст.

Пашинян дар миёни тарафдоронаш барои хатогиҳои содиркардааш узр пурсид. Ва гуфт “дар тӯли даҳ моҳи гузашта аз сӯи ҳукумати ӯ иштибоҳҳое сар зада ва мехоҳад аз ҳама арманиҳои Арманистон, Артсах (номи армании Қарабоғи Кӯҳӣ – “б”) ва диаспора узр пурсад. Ӯ гуфт, маро барои хатогиҳоям бубахшед! Ба ёди онҳое, ки дар ҷанги Қарабоғи ахир кушта шудаанд, ӯ аз ҳамагон хоҳиш кард, ки чароғҳои телефони мобилии худро фурӯзон кунанд.

Дар ҳамин ҳол ӯ афродеро, ки ба гуфтаи ӯ ҳадафашон заъиф кардани демократия аст, маҳкум кард. Пашиниян гуфт, рақибони қадимиаш мекӯшанд ҳукумати ӯро заъиф созанд ва афзуд, “фақат мардум метавонанд тасмим бигиранд, ки кадом фард ё ҳизбе дар қудрат боқӣ бимонад”.

Пашинян барои шеваи раҳбарии ҷанги ахир дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва имзои оташбас бо Озарбойҷон, аз сӯи мухолифонаш зери фишор қарор гирифт. Нерӯҳои арманӣ дар ин ҷанг шикаст хӯрданд ва маҷбур шуданд бахшҳое аз минтақаҳои таҳти назорати худ дар Қарабоғи Кӯҳиро ба Озарбойҷон баргардонанд.

Буҳрони сиёсӣ дар Арманистон тайи чанд ҳафтаи ахир идома мекунад. Пашиниён дар байни тарафдоронаш ҳамчунин таъкид кард, ки “агар мухолифони парлумонӣ бо баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат мувофиқат кунанд, мо низ мувофиқат хоҳем кард. Бигузоред, ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ биравем ва бубинем, ки аксарияти мардум воқеан тарафдори истеъфои чӣ касе ҳастанд”.

Пашинян низомиёне, ки истеъфои сарвазирро талаб мекарданд ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ айбдор кард. Ӯ ба муътаризони тарафдораш гуфт, ки дар паси талаби низомиён, сарвари собиқи Арманистон Серж Саркисян меистад. Пашинян таъкид кард, ки Серж Саркисян аз нуфузи худ ба генералҳо аз Ситоди Генералӣ истифода бурда, истеъфои маро талаб кард.

Барои ин, вай сардори Ситоди Генералӣ Оник Гаспарянро “хиёнаткор” номид ва ӯро дар иҷрои фармони Серж Саркисян айбдор кард. Никол Пашинян генералҳои дигарро, ки изҳоротро имзо кардаанд, даъват кард, ки аз ин кор даст бикашанд ва ба хидмат баргарданд, ва гуфт, ки бо онҳо чизе рух нахоҳад дод.

Кӣ мушкилоти муҳоҷиронро дар Русия бештар мекунад, худиҳо ё бегона?

0

Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия дар вилояти Свердловск кор мекарданд, ҳангоми бозгашт ба ватан ба мушкилот рӯбарӯ шудаанд. Ин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба хабаргузории русии “Вечерние ведомости” аз ҳамватанони худ шикоят кардаанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон агар шахсони вобаста ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург набошанд, мушкиле барои бозгашт ба ватан вуҷуд надорад.

Ба иддаои ин муҳоҷирон кормандони Консулгарии Тоҷикистон аз онҳо барои парвозҳои махсус, ки бе ин ҳам нархи баланд доранд, талаб доранд, ки пули зиёдтар супоранд ва бояд аз пизишки мушаххас аз ташхиси “COVID-19” гузаранд.

Тибқи баъзе маълумотҳо муҳоҷирон аз Беҳрӯз Холиқов – намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Округи федералии Урал шикоят кардаанд. Ба гуфтаи онҳое, ки ба хабаргузории “Вечерние ведомости” муроҷиат кардаанд, Холиқов бо намояндагони ташкилоти тиббӣ, ки озмоиши COVID-19 мегузаронанд, муносибати дӯстона дорад.

Ёдовар мешавем, ки бе шаҳодатнома дар бораи надоштани коронавирус, шаҳрвандон ба рӯйхатҳои бозгашт ба Тоҷикистон дохил карда намешаванд. Барои дохил шудан ба рӯйхатҳо бояд санҷиш ба духтури мушаххас супорида шавад. Ин духтурони махсус ба ҷойи 1400 рубл аз нафароне, ки муроҷиат мекунанд 2000 рубл мегиранд.

Ин муҳоҷирон вақте барои харидани чиптаҳо ба кассаи ҳавопаймоии “Азия-Транс 24”, ки ба зодаи Тоҷикистон Манучеҳр Розиков тааллуқ дошта, бо Холиқов робита дорад, муроҷиат мекунанд, мефаҳманд, ки озмоишҳои дар лабараторияҳои арзонтар гирифтаашон ба кор намеомадааст.

Инчунин гуфта мешавад, ки чиптаҳои ҳавопаймо барои парвозҳо ба Душанбе танҳо тавассути ширкати Розиқов фурӯхта мешавад. Дар ҳоле, ки нархи воқеии билети ҳавопаймо 39 ҳазор рубл аст, дар идораи Розиқов аз муҳоҷирон тақрибан 44 ҳазор рубл талаб мекунанд.

Бо дарназардошти он ки ягон интихоби дигари баргаштан ба ватан вуҷуд надорад, муҳоҷирон маҷбуранд бо нархномаи баландкардаи ширкати Розиқов розӣ шуда, аз хешовандон ва дӯстонашон қарз гиранд.

Ҳамчунин муҳоҷирон аз он гуфтаанд, ки алайҳи Холиқов ва шахсони наздик ба ӯ ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург шикоятҳо ворид шудаанд, аммо аз ҷониби худи Консулгарӣ то ҳол вокунише нашудааст.

Раиси созмони ҷамъиятии минтақавии диаспораи тоҷикон “Дидор” Мастбегим Ошурбекова дар сӯҳбат бо хабарнигори “veved.ru” гуфт, ки набояд ҳеҷ мушкиле дар парвозҳо вуҷуд дошта бошад. Ошурбекова мегӯяд, ки ҳадди ақал дар таҷрибаи ӯ чунин мушиклоте вуҷуд надошт. Ба гуфтаи ӯ дар консулгарӣ ҳам ҷой доштани чунин мушкилотро рад кардаанд.

Фарух Мирзоев, раиси “Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои миллию фарҳангӣ”-и вилояти Свердловск, мушкилотро қисман тасдиқ намуда қайд кард, ки қаблан аз боло будани нархи чиптаҳо шикоятҳо зиёд буданд, аммо ҳоло фурӯши чиптаҳо шаффофтар шудааст.

Тибқи ҳисобҳои тахминии Мирзоев, агар паҳншавии бемории ҳамагир авҷ нагирад, марзҳо охири моҳи март – аввали апрел кушода мешаванд. Дар баробари ин шумори зиёди муҳоҷироне ҳастанд, ки намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд. Аз Тоҷикистон 80-90 ҳазор муҳоҷир омодаанд танҳо ба Екатеринбург парвоз кунанд.

Тоҷикистон аз аввали сол 3,3 млн доллар кумак дарёфт кардааст

0

Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон ба маблағи тақрибан 3,3 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст. Дар ин бора “Tajweek” бо истинод ба маълумоти Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ғайр аз кумакҳои пулӣ боз кумакҳои дигар бо вазни умумии 387,3 тонна аз ҷониби 26 кишвари ҷаҳон расонида шудааст.

Дар байни кишварҳои кумаккунанда, ҳиссаи бештари кумакҳои башардӯстона ба Чин рост меояд, ки он – 38,4% мебошад. Русия – 20,0%, Ҳиндустон – 13,3%, Ҳолланд – 5,7%, Британияи Кабир – 5,1%, Шветсия – 2,5%, Олмон ва Дания ба ҳар як – 2,1%, рост меояд. Инчунин Малайзия – 1,8%, Фаронса – 1,7%, Лаҳистон ва Иёлоти Муттаҳида – 1,4%, Норвегия ва Сингапур – 1,0% ва дигарон низ кумакҳои худро ба Тоҷикистон расондаанд.

Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 21 миллион доллар кумаки башардӯстона расонд, ки ин 37,3% ҳаҷми умумии чунин кумакҳоро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, шумораи умумии донорҳои дарозмуддат дар Тоҷикистон 62 кишвар мебошанд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ, соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 56 миллион доллар кумаки башардӯстона расонида шудааст, ки вазни умумии онҳо қариб 23 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Чин давоми даҳ соли охир шарики бузурги тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон гаштааст ва дар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар мақоми аввал меистад, инчунин ин кишвар ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзноки зиёде додааст.

Аз аввали моҳи октябри соли гузашта ягона нуқтаи гумрукӣ дар марзи ду кишвар, ки дар ағбаи Кулма воқеъ аст баста боқӣ мемонад, ки ин ба ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар таъсир мерасонад. Айни замон молҳои чинӣ ба Тоҷикистон тавассути кишварҳои сеюм бо роҳи транзитӣ интиқол дода мешаванд.

Мамадбоқиров дар бемористон бистарӣ шудааст. Бо чӣ иллате?

0

Мамадбоқир Мамадбоқиров дар беморхона бистарӣ шудааст. Дар ин бора “Озодӣ” хабар дод.

Бино ба иттилои ин расона Мамадбоқирро, ки яке аз саркардаҳои гурӯҳҳои пурнуфузи ғайрирасмӣ дар ВМКБ ба шумор меравад, рӯзи 22-юми феврал вақте саломатияш бад мешавад бо мошини ёрии таъҷилӣ ба Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ мебаранд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ заҳролуд шудааст, аммо духтурон беморияшро “синусит ва сирояти вирус” гуфтаанд.

Духтари Мамадбоқир, Баригул Мамадбоқирова, ки дар риштаи тибби Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мехонад, мегӯяд, ки дар падараш нишонаҳои заҳролудшавиро мушоҳида кард, вале гуфтаҳояшро пурра тасдиқ карда наметавонад.

Ҳамчунин Баригул дар идома гуфтааст, ки “Сараш ба дард даромад ва табларзааш гирифт. Дастонаш ба шиддат меларзиданд ва табаш то 41 дараҷа боло рафт. Ӯ ба мо нигоҳ мекард, вале ба назар мерасид, зеҳнашро аз даст додааст ва намешиносад. Вақте мошини ёрии таъҷилӣ омад, намедонист, духтурон аз ӯ чӣ мепурсанд”.

Ба гуфтаи духтари Мамадбоқир падараш моҳи ноябри соли гузашта, бино бар синусит ҷарроҳӣ шуд, вале ҳеч гоҳ чунин нишонаҳоро надоштааст.

Аммо як манбаъ аз Маркази тиббии Оқохон ба расонаҳо заҳролудшавии Мамадбоқирро рад намуда гуфтааст, ки “бадшавии вазъи саломатӣ бар асари кадом як сирояти вирус ва синусит рух додааст”.

Ҳамчунин ин манбаъ қайд намудааст, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас мешавад.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз “лидерҳои ғайрирасмӣ” дар Хоруғ, сарҳанги бознишастаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Бори охир номи ӯ дар соли 2018 вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон саркардаҳои ғайрирасмии Бадахшонро интиқод намуд расонаӣ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва чанд тани дигар, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро борҳо аз шумули саркардаҳои “гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноӣ” ном бурдаанд.

Раҳмон аз омодагии Чин барои тақдими ваксинаи ройгон изҳори сипос кард

0

Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дирӯз 1-уми март гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон аз муваффақиятҳои Чин дар ростои рафъи камбизоатӣ ёдовар шуда ба ин муваффақият Си Ҷинпинро табрик намуд. Дар ин гуфтугӯ масъалаҳои мубрами стратегии ду кишвар баррасӣ шудааст.

“Дар ин зимн,  масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисод ва тиҷорати рақамӣ, нақлиёт ва соҳаи кишоварзӣ, инчунин қадамҳои минбаъдаи муштарак дар ин самт ва бо мақсади коҳиш додани шиддати таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, баррасӣ шуданд”.

Раҳмон аз раисҷумҳури Чин бобати кумакҳояш ба Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо эпидемияи коронавирус ва инчунин аз омадагии ин кишвар барои ройгон додани ваксинаи зиддивирусии истеҳсоли Чин изҳори миннатдорӣ намудааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин гуфтугӯ низ дар масоили фарҳангӣ ва амниятӣ суҳбат намудаанд.

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо бори дигар тасмими худро оид ба пешбурди минбаъдаи муштараки рушди тамоми самтҳои муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимоди тарафайн, таъйид карданд.