24.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 561

Вазири тандурустӣ сафарҳои дохилии Раҳмонро омили пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 донист

0

Имрӯз 12 феврал Вазорати тандурустии Тоҷикистон нишасти хабарӣ дошт. Вазири ин ниҳод, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ ба чанд нуктаи муҳиме ишора кард, ки бештар ба бемории ҳамагири COVID-19 ва ваксиназанӣ марбут буд.

Вазир дар бораи интишори ин беморӣ тарсу ҳароси мардумро сабаби асосӣ номид ва гуфт, ки яке аз омилҳои кам паҳн шудани вирус дар Тоҷикистон ин сафарҳои Президент ба шаҳру навоҳии кишвар буд, ки мардумро даъват мекард то дар бораи ин беморӣ тарсу ҳаросро дар худ роҳ надиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар авҷи бемории ҳамагир аз ҷониби коршиносон мавриди интиқод қарор гирифта, дар бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ нисбати ин беморӣ ва аҳолии кишвар айбдораш мекарданд.

Абдуллозода ҳамчунин ба омори гирифторони COVID-19 ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, то ҳоло дар Тоҷикистон 13 308 нафар ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 90 нафар даргузашт ва 13 218 нафр ё худ 99,3 шифо ёфта ба хонаҳои худ баргаштанд.

Аммо омори расмии ҳукуматро ҷомеа ва коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ бо шубҳа менигаранд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ибтидои паҳншавии ин беморӣ дар Тоҷикистон вебгоҳеро барои рӯйхати фавтидагон аз ин беморӣ роҳандозӣ карда буданд, ки то қатъи фаъолияти ин вебгоҳ наздики 500 нафар фавтигаон аз ин беморӣ сабт шуда буд.

Инчунин вазир дар ин нишаст гуфт, ки табобати бемории коронавирус сад дар сад ройгон аз ҷониби давлат тақдим шуда буд. Аммо борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо нашр мешуд, ки муолиҷаи ин беморӣ ройгон нест. Ҳатто аксари худи беморон, ки аз ин беморӣ шифо ёфта буданд, менавиштанд, ки муолиҷа ройгон нест ва ҳар бемор вобаста ба дараҷаи беморияш маблағ сарф мекунад. Корбарон аз ҳама камтарин маблағро 1200 сомонӣ ва бештар аз он мегуфтанд.

Аммо дар мавриди ин ки кай ваксиназанӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад, вазир таърихи мушаххасеро зикр накард, танҳо гуфт, ки тибқи барномаи “COVAX” давоми соли ҷорӣ 732 воя бояд ба кишвар ворид гардад.

Инчунин дар мавриди омори бемориҳои саратонӣ аз вазир суол шуд, ки ӯ дар посух гуфт, ҳоло дар кишвар 17245 гирифторони бемориҳои саратонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Сабабҳои ингуна бемориҳоро ба дарозумрии аҳолӣ рабт дод. Ва омили дигари гирифтор шудан ба саратонро сари вақт муолиҷа накардан гуфт.

Вазир ҳарчанд талош мекард ба суолҳо кӯтоҳ посух гӯяд, вале суолҳо хеле зиёд буд. Ӯ ба чанд суоли муҳим посух нагуфт. Аз ҷумла дар мавриди санадҳои ташхиси духтари ноболиғи 12-солае, ки аз ҷониби наздиконаш таҷовуз шуда буд ва додгоҳи Ҳисор муттаҳамро аз толори додгоҳ раҳо кард, посух надод.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Красноярск

0

Кормандони полиси шаҳри Красноярск беш аз 3,5 кг ҳероинро мусодира кардаанд ва ду узви гурӯҳе, ки ба паҳн кардани маводи мухаддир машғул буданд, боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ки пас аз муайян кардани шахсияти гумонбаршудаҳо, ду мард сокини Красноярск ва зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд ва дар манзиле дар маркази шаҳр дастгир шудаанд, ки онро иҷора мегирифтаанд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар қаламрави Красноярск хабар дод.

Пулис мегӯяд, гумонбаршудаҳо ҳероинро ба тариқи тамос мефурӯхтанд. Ҳангоми кофтукоб дар манзили гумонбаршудаҳо полис як маводи рангаш зард, тарозуи электронӣ, телефонҳои зиёди мобилиро пайдо намуда мусодира карда аст.

Ба навиштаи торнамои хабаргузории ТАСС муойина нишон дода, ки маводи рангаш зард, ки аз аъзои ин гурӯҳи созмонёфтаи этникӣ мусодира шуда буд ҳероин бо вазни беш аз 3,5 кг буда аст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши он дар бозори сиёҳ метавонад аз 10 миллион рубл зиёд бошад.

Хадамоти матбуотии пулиси Красноярск мегӯд, ки нақшҳо дар байни гурӯҳ тақсим карда шудаанд. Яке аз онҳо як миқдори доруро дар ҷойҳои баҷоӣ ҷойгир мекунад ва шарики ӯ масъули ҳамоҳангкунӣ буда аст, ки аз тариқи телефон шахсони даркориро ба он ҷойҳо роҳнамоӣ мекарда аст. Ҳарду аъзои гурӯҳ боздошт шудаанд.

Бо дархости пешакӣ онҳо ба ҳабс гирифта шуда аз рӯи моддаи Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (“Кӯшиши фурӯши маводи мухаддир бо ҳаҷми махсусан калон”) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Бояд гуфт, ки ВАО дар Русия дар ҳолати хориҷӣ будани гумонбаршудаҳо дар кадом қонуншикание, ҳатман ба вобастагии этникии гумонбарҳо таъкид мекунад.

Чаро бонкҳои Тоҷикистон аз мардум 90 млн $ қарздоранд? Пулҳои мардум куҷо шуданд?

0

Бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон, ки аз ин бонкҳо дутояш дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, соли 5-ум аст, ки наметавонанд пулҳои муштариёни собиқи худро пурра пардохт кунанд.

Бино ба иттилои “Asia-Plus” қарзи умумии ин бонкҳо назди саҳҳомон айни замон бештар аз 1 млрд сомонӣ (ҳудуди 90 млн доллар) аст.

Рӯзи 10 феврал раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин бонкҳо натавонистаанд амволи худро дар ин ҳаҷм фурӯшанд, то ҳамаи пули амонатгузоронро пурра пардохт кунанд.

Холиқзода дар бораи қарзи бонкҳо назди амонатгузорон гуфт, ки то ин дам қарзи пардохтнашудаи “Агроинвестбонк” ҳудуди 662 млн сомонӣ, “Тоҷиксодиротбонк” – 344 млн сомонӣ, “Тоҷпромбонк” – 50 млн сомонӣ ва “Фононбонк” – 5 млн сомониро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи ду бонки охир аз ҷониби БМТ дар моҳи феврали соли 2017 лағв карда шуданд ва дар тӯли чор соли охир Тоҷпромбонк тавонист беш аз 70% ва “Фононбонк” беш аз 90% маблағҳоро ба муштариёни собиқи худ баргардонад.

Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк, ки ҳукумат барои пешгирӣ аз муфлисшавии онҳо кумаки молиявӣ намуда буд, тавонистанд 50% ва 70% қарзҳои худро баргардонданд.

Ёдовар мешавем, ки дар охири соли 2016 ҳукумат бо маблағи умумии беш аз 3,3 миллиард сомонӣ ба ин бонкҳо кумаки молӣ расонда буд.

Дар ҳамин ҳол, Хазинаи байнулмилалии асъор аз рӯйи натиҷаи қариб ҳамаи сафарҳояш ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”- ро барҳам диҳанд.

Охирон бор чунин тавсия аз ҷониби ХБА моҳи сентябри соли 2020 садо дода буд. Аммо масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, ки бонкҳои мазкур бояд фаъолият кунанд, то ки кам-кам  пулҳои мардумро баргардонанд.

Мавҷгирҳоро аз рӯи бомҳо бардоред! Фармони раиси шаҳр аст

0

Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз сокинони чанд хона дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ хостаанд, ки тамоми мавҷгирҳои моҳвораии худро аз боми хонаҳо бигиранд. Дар ин бора Asia-Plus хабар дод.

Бино ба иттилои “Asia-Plus” мавҷгирҳои моҳвораӣ танҳо аз боми хонаҳое, ки дар атрофи боғи нав ва дар атрофи маҷмааи “Истиқлолият ва озодӣ” қарор доранд, гирифта мешаванд.

Дар ин бора дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтаанд, ки ин қарор ба дигар ноҳияҳо ва биноҳои шаҳри Душанбе дахл надорад, танҳо ба биноҳои рақами 6 то 17/7 кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ рабт дорад.

Масъулини ҳукумати ноҳияи И.Сомонӣ гуфтаанд, як ҳафта мешавад ба сокинон гуфтаем, ки мавҷгирҳои моҳвораӣ худро аз болои бом бардоранд ва таъкид кардаанд, ки ин амри раиси шаҳр аст ва бояд иҷро шавад.

Ҳамчунин масъулини ҳукумат гуфтанд, агар сокинон мавҷгирҳои моҳвораиро аз боми хона шахсан нагиранд, пас намояндагони ҳукумат худашон ин корро анҷом медиҳанд.

Ин амали ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст. Мардум ба ин назаранд, ки ҳеҷ кас ҳақ надоранд онҳоро ба ин амал маҷбур кунад.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов низ бар ин назар аст, ки соҳибони манзилҳо ҳақ доранд боми хонаҳоро, аз ҷумла барои насби маҳвораҳо истифода баранд ва мақомот ҳақ надоранд ин кори онҳоро маҳдуд кунад. Ҳатто агар сокинон бо талаби шаҳрдорӣ розӣ бошанд ҳам, шаҳрдорӣ вазифадор аст, ки ба сокинон ҷуброни пулӣ пардохт кунад ва дастрасии олтернотивиро ба телевизион фароҳам оранд.

Русия аз Тоҷикистон 20 ҳазор коргар мехоҳад

0

Русия аз ҷониби Тоҷикистон хостааст то 20 ҳазор шаҳрвандонашро ҳамчун муҳоҷири корӣ ба ин кишвар бифиристад. 1.5 ҳазор нафар аз ин муҳоҷиронро ҳукумати Маскав интизор аст.

Одатан ҳукумати Маскав муҳоҷирони тоҷикро дар корҳои рубу чин ва барфтозакунӣ кор мефармояд. “РИА Новости” аз қавли муовини муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ навишта, ки “То имрӯз мо аз Русия дархости интиқоли 20 ҳазор муҳоҷирро тариқи истихдоми созмонӣ пайдо кардем”.

Аз ин шумори муҳоҷирон 10 ҳазори онҳо барои вилояти Краснодарск лозим буда ва дар соҳаи сохтмон бо кор таъмин карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки дархост аз Русия ба қувваи корӣ гуногун аст: “аз коргар дар соҳаи сохтмон то бофандагону мутахассисони технологияи хӯрокворӣ”.

Нодирӣ ҳамчунин қайд кардааст, ки дархост барои коргар аз худи корфармоён ба Вазорат ва Агентии кор дар хориҷа ворид мегарданд.

“Асосан кордиҳандагоне муроҷиат мекунанд, ки бо муҳоҷирони мо то замони пандемия кор мекарданд”.

Торнамои “Спутник” ношири ин хабар навишта, ки дар охирҳои моҳи январ нахустин гӯруҳи 171 нафарии муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия сафар карданд. Ҳамаи онҳоро пас аз гузаштан аз карантин дар сохтмонҳои Иркутск ба кор таъмин мешаванд.

Димитрий Песков сухангӯи Кремлин пештар изҳор дошта буд, ки ҳукумати кишвараш имконияти кушодани марзҳоро барои муҳоҷирони корӣ баррасӣ дорад.

Бар паи бастани марзҳо бар асари пандемияи ба вуҷудомада адади муҳоҷирон дар Русия ба наздики ду маротиба кам шуда аст, ки ҳоло ҳукумати ин кишвар аз норасоии коргарон дар соҳаҳое, ки худи русягиҳо камтар кор кардан мехоҳанд шикоят дорад.

Дар соли 2019, 19,5 миллион хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қайди ниҳодҳои муҳоҷират сабт шуда буданд. Аммо Соли гузашта, мувофиқи маълумоти ВКД Русия ҳамагӣ 9,8 млн муҳоҷир сабт шуда аст.

Коҳиши ададро ба пандемия ва баста будани марзҳо рабт медиҳанд. Песков мегӯяд ҷалби қувваи корӣ на танҳо дар соҳаи кишоварзӣ балки, барои соҳаи сохтмон низ аҳамият дорад.

Натиҷаи коршиносони СҶБ дар таҳқиқи COVID-19 дар Вуҳон

0

Гурӯҳи коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки аз 28 январи соли ҷорӣ барои таҳқиқи маншаъи вируси корона ба Вуҳони Чин сафар карда буданд, дирӯз 10 феврал кори озмоишии худро ба анҷом расонданд.

Давоми ду ҳафта таҳқиқу озмоиш ба чунин хулоса расиданд: “намедонем корона аз куҷо омадааст, аммо медонем аз куҷо наомадааст”.

Бино ба гузориши ВВС-и форсӣ коршиносон дар нишасти матбуотие ба рӯзноманигорон гуфтанд, “Натавонистем ҳеч ҳайвонеро ба унвони ҳомили ин беморӣ шиносоӣ кунем ва ин вирус дар ҳеч навъи ҳайвонот дар Чин ба таври густарда шоеъ набудааст”.

Баъзе бар ин назаранд, ки маншаъи вируси корона як озмоишгоҳе дар Вуҳон аст, ки пештар болои гунаҳои ин вирус таҳқиқ мекардааст. Аммо коршиносони Созмони ҷаҳонии беҳдошт баъд аз таҳқиқи худ ин фарзияро рад карданд.

Гурӯҳи коршиносони СҶБ мегӯянд, эҳтимол дорад ин вирус тариқи маҳсулоти хӯрокворие, ки аз хориҷи Чин ба ин кишвар ворид мешавад, дар Вуҳон пайдо шуда бошад. Ҳамон назарияст, ки чандест худи ҳукумати Чин онро таблиғ дорад.

Ин боис шудааст, ки баъзеҳо мустақил будани ин ҳайати коршиносони СҶБ-ро зери суол бибаранд.

Амрико мегӯяд, агарчи мо дубора ба ин созмон пайвастем, вале дар барномарезӣ ва таҳқиқи ин барнома неқше надоштем. Эҳтимол меравад хулосаи таҳқиқи ин ҳайатро аксари давлатҳо напазиранд.

Хариду фурӯш ва доштани кадом навъи китобҳо дар Тоҷикистон мамнӯъ аст?

0

Дирӯз 10-уми феврал нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин нишасти матбуотӣ масъулини Кумитаи дин таъкид доштанд, ки нашри китобҳое, ки равияҳои экстремистиву террористӣ доранд дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст.

“Масалан ташкилоти террористии ДОИШ як силсила китобҳои тарғиботӣ дорад, ки бо истифдаи оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ мехоҳад амалҳои худро дуруст нишон диҳад, яъне ҷиҳод, шаҳид шудан ва  кушатани мусалмонон ҳақ аст. Чунин маводҳои тарғиботӣ аз ҷониби аксари ташкилотҳои террористӣ ба назар мерасад”, – қайд карданд масъулини Кумитаи дин.  

Ҳамчунин Кумитаи дин ба суоли рӯзноманигорон, ки маводҳои ифротӣ гуфта, чиро дар назар доранд, гуфт, ки ба маводҳои ифротӣ, даъватҳои оммавӣ барои барҳам додани сохти конститутсионӣ, фаъолияти экстреместӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси гузаронидани ташхиси диншиносӣ муайян мешавад, дохил мешаванд.

Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, маводҳое, ки дар Тоҷикистон нисбати онҳо хулосаи манфӣ дода шудааст, бештарашон дар шабакаҳои интернетӣ нашр шудаанд.

Ин ниҳод зикр кард, ки маводҳои дорои афкори сиёсиро аз ташхис намегузаронанд, танҳо маводҳои Ҳизбут-таҳрир, ДОИШ, Ҷабҳат-ан-нусра, Ансоруллоҳ, равияҳо ва ташкилотҳое, ки бо қарори суди олӣ фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шудааст, таҳлил менамоянд.

Ҳамзамон Кумитаи дин гуфт, ки ба маводҳои шахсоне, ки ба гуфтаи онҳо мақсадҳои ғаразнок доранд ва ба воситаи паҳн кардани фикру андешаҳои худаш бо истифодаи ояту ҳадисҳо фатвоҳои дуруғин ё фатвоҳое, ки хилофи мазҳаби Ҳанафӣ ҳаст медиҳанд, хулосаи манфӣ дода мешавад.

Нуктаҳои аҷибу ғарибе, ки дар нишастҳои матбуотӣ аз масъулон садо дод

0

Аз 1-уми феврали соли равон дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ, ки тибқи анъана ҳар шаш моҳ баргузор мешавад, шуруъ шуд. Чунин нишастҳо барои рӯзноманигорон, аз ҷумла васоити ахбори оммаи мустақил, ягона фурсати мустақиман ба саволҳои худ посух гирифтан аст.

Дар нишастҳо масъулини вазорату идораҳо, инчунин муовинони онҳо ва сардорони раёсатҳо ширкат мекунанд. То кунун дасти кам се вазири тоҷик чунин нишастҳоро доир карданд.

Инчунин раиси Суди олӣ ва Додситони кул дар чунин нишатсҳое доир ба қазияҳои ҳуқуқии пурсарусадо изҳорот додаанд.

Бо вуҷуди он ки масъулон дар Тоҷикистон аксар вақт изҳоротҳои расмӣ мехонанд ва бо рӯзноманигорон кам суолу ҷавоб мекунанд. Аммо дар ин нишастҳо дар изҳороти онҳо нуктаҳое буданд, ки ҷалби сокинон ва вокуниниши фаъолону корбарони шабакаҳои иҷимоиро дар бар дошт.

Аз нишастҳои матбуотии хабарсоз, ин суханронии Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон буд, ки зиндони шудани бобои Донаи 80-соларо қонунӣ хонд ва аз ҳукми додгоҳ пуштибонӣ намуд.

Инчунин Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои Бек Сабур дар рӯйхати сиёҳанд ва аз мардум хост бо ӯ ҳамкорӣ накунанд. Суҳбатҳои ин масъулони тоҷик пурбаҳс буданд.

Ба гуфтаи коршиносон, чунин изҳорот баёнгари дур будани масъулон аз воқеияти ҳол аст. Аз ҷумлаи сӯҳбатҳое, ки баёнгари дур будани масъулон аз воқеият буд, ин суҳбати вазири кишоварзӣ дар бораи доштани захираи дусолаи сокинон аст.

Ва ҳамчунин яке аз сӯҳбатҳои ҷолиби дигар суханронии вазири маориф, Маҳмадюсуф Имомзода буд, ки гуфт, “зиёд будани донишгоҳҳо хуб, аст чун талабот ба онҳо вуҷуд дорад ва агар хатмкунандагонаш ҳам бекор монанд, Тоҷикистон мардуми босавод хоҳад дошт”.

Фаъолон ба гуфтаҳои вазири маориф розӣ шуда наметавонанд ва корбарони зиёд онро ба баҳс кашида мегӯянд, “донише, ки донишгоҳҳои Тоҷикистон медиҳанд, ба дарди касеву корхонае намехӯрад.”

Ҳамчунин корбаре дар сомонаи Радиои Озодӣ навишта, ки “Талабот дурӯғ аст, ҳама кӯшиш мекунанд барои ба артиши камбағалон нарафтан, писарони худро ба донишгоҳҳо ворид кунанд. Тамоми соҳа, ҳам маориф ва ҳам Артиш, ислоҳот мехоҳад. Бо ин шакли идораи колхозӣ кишвар ба сохти амириву феодалӣ баргаштааст.”

Ҳамин тариқ вазири пешини маориф Нуриддин Саид, ки ҳоло ба курсии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя мезанад аз дигарон қафо намонд ва гуфт, он иддаое, ки дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон танқид вуҷуд надорад, бепоя аст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион, шабакаҳо гузоришҳои танқидиро нашр мекунанду камбудиҳоро фош мекунанд. Аммо нагуфт аз кӣ танқид мекунанду камбудиҳои киро фош мекунанд.

Бояд гуфт, ки замони раҳбарии Нурддини Саид дар Кумитаи телевизион ва радио ба қавли масъулони ин ниҳод филмҳои “Мустанад” дар бораи мухолифон ва мунаққидону рӯзноманигорони мусатқил сари ҳар чанд вақт ба нашр мерасанд. Аз ҷумлаи чунин филмҳои мустанад филми ба ном “Хиенат” буд.

Дар бораи ин филм сомонаи “Ахбор” навишт, ки дар он бидуни овардани ҳеч далели собит ва беҳунарона роҳбарони мухолифон, мунтақидони ҳукумат ва журналистони мустақилро ба хиёнат айбдор мекунанд.

Аммо дар ҳамин ҳол, Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки танқид шояд ба андозае, ки баъзеҳо мехоҳанд нест, вале ҳаракат мекунанд, то он бештар бошад.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион ва радио, дар сохтори барномаҳои телевизион тағйироти ҷадид ворид хоҳад шуд, аз ҷумла дар назар аст, ки барномаҳои таҳқиқотии рӯзноманигорӣ низ таҳия ва нашр гарданд.

Баъди сафари Расулзода ба Маскав, парвозҳо байни Русия ва Тоҷикистон барқарор мешаванд?

0

Ҳукумати Русия тасмим гирифта, ки як ҳайати коршиносони “Роспотребнадзор”-ро ба Тоҷикистон фиристад то мутахассисони ин ниҳод вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистонро бисанҷанд.

Ин иқдом дар пайи дархости Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон барои оғозои парвозҳо сурат гирифтааст. Дар ин бора расонаи русии “Спутник” аз қавли котиботи Ҳукумати Русия хабар медиҳад.

Бо вуҷуди оне, ки раисҷумуҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш гуфт, дар Тоҷкистон дигар “Covid-19” вуҷуд надорад, аммо на ҳама ба ин гуфтаҳои ӯ бовар доранд.

Ҳамин тавр пештар ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия эълом дошт, ки парвозҳои мунтазам бо чаҳор кишварро аз сар мегирад ва дар байни ин кишварҳо Қазоқистон ҳам дохил аст. Аммо бо Тоҷикистон дар ин робита аз этиҳтиёт кор мегиранд, гарчанде, ки мақомот иддао доранд, ки вирус дар Тоҷикистон нест.

Ба навиштаи “Спутник”, созиш дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, ноиби раиси ҳукумати Русия ҳосил шудааст.

Сурат: government.ru

Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳншавии коронавирусро баҳогузорӣ хоҳад намуд.

“Ҷонибҳо созиш карданд, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва накӯаҳволии инсон аз Тоҷикистон боздид карда, вазъи эпидемиологиро баҳогузорӣ кунанд. Ин ҳайат дар пайи омӯзиш ба Ситоди пешгирии вуруду паҳншавии коронавирус дар Русия гузориш хоҳад дод”.

Бояд гуфт, ки равобити ҳавоии миёни Тоҷикистону Русия ба далели авҷи бемории коронавирус баста шуд ва ҳоло шаҳрвандон танҳо тариқи парвозҳои чартерӣ сафар намуда, аз гаронии нархи чипта изҳори нигаронӣ мекунанд. Баста шудани марзҳо боис шуда, ки наздики як милион сокинони Тоҷикистон кору даромади худро аз даст бидиҳанд.

Бо иддаои Эмомалӣ Рамҳон, он нафароне, ки натавонистанд ба Русия сафар кунанд, ба кор таъмин шудаанд, аммо хонаводаҳоеро, ки даромадашон аз муҳоҷират вобаста буд, бекорӣ нигарон кардааст.

Дар зимн Алексей Оверчук ба Қоҳир Расулзода кори замимаи телефонии “Сайёҳат бе COVID-19″ – ро нишон дода, пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон ба ин барнома пайваст шавад.

Сокинони “эътирозгар”-и ноҳияи Хуросонро зиндонӣ ва ҷарима карданд

0

Даҳ сокини ноҳияи Хуросон, ки пас аз вайрон шудани хонаҳояшон дар пайи сели баҳори гузашта бо нишони эътироз роҳи Бохтар – Душанберо баста буданд, аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ҳабсу ҷарима шудаанд.

Аз ин тариқ сокинон мехостанд таваҷҷӯҳи масъулонро ба мушкилоти худ ҷалб кунанд. Аммо дар паи ин тазоҳурот қисме аз сокинонро мақомоти интизомӣ боздошт намуд.

Дар ҳоле, ки ҳукми боздоштшудаҳо рӯзи 26-уми ноябри соли 2020 эълон шуда буд, аммо тафсилоташ дертар, рӯзи 9-уми феврали имсол ошкор шуд.

Тафсилоти ин қазияро Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон шарҳ дода гуфтааст, ки панҷ сокини ноҳияи Хуросон бо гуноҳи “авбошии гуруҳӣ” ба 1,5-солии зиндон маҳкум ва панҷ нафари дигар, ҳар кадом ба ҳаҷми 5800 сомонӣ ҷарима шуданд, ки се нафари онҳо занон мебошанд.

Аммо назари сокинони маҳкумшуда ва ё наздикону вакилони мудофеашон то ҳол дастрас нест.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомот мардуми ин минтақаро аз суҳбат бо расонаҳо ҳушдор дода буд ва сокинон аз сӯхан гуфтан дар ин бора худдорӣ меварзанд. Ва рӯшан нест, даҳ сокини ноҳияи Хуросон таҳти чӣ шароите бозпурсӣ шуда, дар мурофиаи додгоҳӣ чӣ гуфтаанд.

Тибқи иттиолои Радиои Озодӣ пас аз гузашти як рӯзи эътирози сокинон мақомот ваъда дода буданд, ки барояшон замину хӯрокворӣ медиҳанд, вале ҳамзамон ҳушдор доданд, нисбат ба саркардагони амали эътирозӣ, ки онҳоро “шахсони иғвоангез” номиданд, чора меандешанд.

Рӯзи 29-уми майи соли гузашта Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори “Азия-Плюс”-ро ҳангоми наворгирӣ аз ҳоли сокинон дар ин ноҳия аз тарафи шахсони номаълум лату кӯб карда буданд.

Дар аввал ВКД худи хабарнигорро дар ин қазия гунаҳкор дониста, гуфта буд, ки хабарнигори “Азия Плюс” дахлнопазирии манзили сокинони Хуросонро поймол карда, дар вуҷуди сокинони аз офати табии зарардида, ҳисси норозигиро ба давлату ҳукумат бедор карданӣ шуд”. Аммо ин иддао дар додгоҳ исбот нашуд.

Дертар чанд сокини ноҳияи Хуросон барои ҳамла ба хабарнигори “Азия Плюс” бо андозаи даҳ ҳадди ақалли маош (580) сомонӣ муодили 55 доллар ҷарима шуданд.

Эътирози сокинон дар рӯзи 17-уми майи соли гузашта пас аз се рӯзи беаҳамиятии масъулон ба мушкилоти онҳо, ки дар пайи сел бе хонаву дар монда будаднд, сурат гирифт. Эътирозгарон роҳи Бохтар-Душанберо бастанд.

Бархе аз мардуми ҷамъомада мегуфтанд, ки мехоҳанд, мақомоти ноҳия ҳарчи зуд ба сарнавишташон таваҷҷӯҳ карда, барои таъмири хонаҳояшон ёрӣ расонанд. Аммо бар пояи хабарҳои расида, нерӯҳои пулис таҷаммӯи сокинони зарардида аз селро бо истифода аз қувва пароканда кард ва қисмеро боз дошт.

Маврид ба зикраст, ки шоми 14-уми майи соли 2020 дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Хуросон ду нафар ба ҳалокат расида, манзили чанде аз сокинон зарар дид.